Саноии Ғазнавӣ
Зиндагинома
Яке аз симоҳои машҳури тасаввуфу ирфон, шоири ихтироъкору навовар ва асосгузори адабиёти сўфия Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ буда, дар таърихи шеъру адаби форс-тоҷик мақоми сазовору шоиста дорад. Оид ба ному насаби хеш худи ў навиштааст, ки: «ман, ки Маҷдуд ибни Одам Саноиям…» ва дар чанд ҷои дигар низ ба ин ҷиҳат ишораҳо дорад:
Шуароро ба лафзи мақсудам,
З-ин қабил ном гашт Маҷдудам.
Ё худ:
Маҷдуд шуду ёфт Сано назди ту бешак,
Аз ҷуди туву ҷоҳи ту Маҷдуд Саноӣ.
Ў дар ибтидо Ҳасан ном доштааст:
Ҳасан андар ҳасан андар ҳасанам,
Ту ҳасан, халқ ҳасан, банда Ҳасан.
Ё ин ки:
З-он ки некў кунад аз ҳамномӣ,
Хидмати Хоҷа Ҳасан банда Ҳасан.
ва ғайра.
Ҳаким Саноӣ соли 1079 дар шаҳри Ғазнин ба дунё омадааст, зеро худи ў ба зодгоҳаш ишораҳои зиёд дорад:
Гарчи мавлуд маро ба Ғазнин аст,
Нақши шеърам чу нақши Мочин аст.
Хоки Ғазнин чу ман назод ҳаким,
Оташе бодхору об надим.
ва ё дар қасидае мегўяд:
Шодмон бош аз ману аз худ, ки андар назму наср,
Н-аз Хуросон чун туе зодаст, н-аз Ғазнин чу ман.
Баромади иҷтимоии ҳаким Саноӣ ба тоифаи бузургон тааллуқ дорад ва дар ин бора низ худи ў ишораҳо менамояд:
Ман саногўи туам, зеро нажодам нест бад,
Худ накўгўи туро ҳаргиз набуда баднажод.
Ё ки:
Камозору беранҷу покизаарзам,
Ки пок аст алҳамдулиллаҳ нажодам.
Ё ин ки:
Гар бад кунанд бо мо, мо некўӣ кунем,
Зеро ки покнисбату озодазодаем.
Ин ишораи Саноӣ ба ориёӣ (озоданажод) будани ў низ ҳаст ва аз ин ҷост, ки ў аз орифон аввалин нафарест, ки аз калимаҳои паҳлавӣ Падари Саноӣ низ аз симоҳои машҳури илму фарҳанги замони хеш будааст, ки шоир бо ў фахр менамояд:
Падаре дорам аз нажоди киром,
Аз бузургӣ, ки ҳаст Одам ном.
Саноӣ чун аз хонадони баландпоя буд, аз илмҳои замонаи хеш ба хубӣ баҳравар мешавад ва дар ашъораш ишораҳои зиёде оид ба илмомўзию дониши серсоҳа доштани худ кардааст:
Ҳар чӣ донистам зи навъи улум,
Кардаам ҷумла халқро маълум.
Баъдтар Саноӣ ба шеъргўи оғоз кардааст ва оғози шеъргўии шоир ба аҳди Алоуддавла Султон Масъуди сеюм рост меояд. Ў оғози шоирии худро аз мадҳи шоҳони Ғазнавӣ шурўъ намудааст, вале дар девонаш мадҳияи шоҳону амирон чандон беш нест, зеро пас аз тағйири ҳол ашъори мадҳии худро шустааст.
Ҳаким Саноии Ғазнавӣ ҳанўз дар овони ҷавонӣ мусофират ихтиёр намуда, бештари шаҳрҳои Хуросон: Балху Сарахс, ҳироту Нишопур ва ғайраро сайр кардааст ва аз шаҳри Балх ба зиёрати Каъба мушарраф шудааст. Ў дар бозгашт боз ба Балх омада дар ҳамин макон ба маҷзубия (як ҷараёни тасаввуфӣ) мепайвандад. Дар маснавии «Ҳадиқа…» мегўяд:
Гарчи дар ғафлат андар ин сӣ сол,
Дафтари ман сиёҳ кард хаёл.
Ин суханҳо зи котиби чапу рост
Узри сесадҳазорсола бихост.
Дар ибтидо зиндагии шоири ҳаким хеле бошукўҳу босалобат будааст, вале ин ҳоли ў дер давом накардааст. Оид ба дарборро тарк намудани Саноӣ дар сарчашмаҳо ривоятҳои гуногун вуҷуд дорад. Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» меорад, ки: …Ба дари Гулханӣ расид, ки яке аз маҷзубон мегуфт:
- Пур кун қадаҳе, ки ба кўрии Маҳмудак бихўрам… Як қадаҳ бихўрду гуфт:
- Пур кун қадаҳе, ки ба кўрии Саноияки шоир.
Соқӣ гуфт:
- Саноӣ марде фозил…аст.
Маҷзуб гуфт:
- Агар вай латифтабъ будӣ, ба коре машғул будӣ, ки вайро ба кор омадӣ.
…Саноӣ чун онро шунид, ҳол бар вай мутағайир шуд ва ба танбеҳи он лойхор аз ғафлат ҳушёр шуд…»
Албатта, дар ин ҷо Саноӣ ба назди Султон Маҳмуд не, балки ба назди Баҳромшоҳи Ғазнавӣ шояд гуфта бошад, зеро Султон Маҳмуд то соли 1030 ҳукмронӣ кардааст.
Ў баъди тарки дарбор ба зиёрати Каъба рафта дар охир ба зодгоҳи хеш Ғазнин меояд ва дар ин ҷо яке аз ихлосмандонаш - Хоҷа Аҳмад ибни Масъуд ба Саноӣ хонае харида медиҳад ва ў ба корҳои эҷодӣ машғул мегардад.
Саноӣ пас аз он ки аз Ғазнин ба Хуросон рафта будааст, дар он ҷо дасти иродат дар домани тарбияти шайхулмашоих Абўюсуфи Ҳамадонӣ мезанад. Аз баъзе ишораҳои ў пайдост, ки Саноӣ ба синни пирӣ расида будааст:
Рўзгори ҳусуди бебокам
Аз дили шўху ҷони ғамнокам.
Кард пуштам камону ком чу тир,
Кард рўям чу қиру мўй чу шир.
Пой бар пой омад аз ғами шаст,
Лоҷарам даст мезанам бар даст.
Поёни умри Саноӣ дар Ғазнин гузашта, ба қавли Ар-Рифо (баъзан Ар-Риқо) соли 525 Ҳиҷрӣ ва ё дақиқан соли 535 Ҳиҷрӣ (1140 мелодӣ) олами фониро падруд гуфтааст.
Мероси адабӣ
Девони ҳаким Саноиро дар асл 30-ҳазор байт донистаанд, вале аз он феълан ба миқдори 13780 байт маҳфуз мондааст, ки он аз қасида 310 то, ғазал 405-то, қитъа 179-то, рубоӣ 537-то, таркиббанду тарҷеъбанд ва мусаммат-8 то ва ғ. иборат метошад.
Яке аз ихтироъҳои ҳаким Саноӣ таълифи маснавӣ ва хоса маснавиҳои орифона аст. Аз ў асарҳои зерин ба ёдгор аст: «Тариқат-ул-таҳқиқ», «Сайр-ул-ибод илал маъод», «Корномаи Балх», «Ақлнома», «Ишқнома», «Саноиобод», «Таҳримат-ул-қалам» ё «Таҷрибат-ул-алам» ва ғайра.
Бузургтарин маснавии Саноии Ғазнавӣ, ки шўҳрати ўро асосан, таъмин намудааст, «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат ва шариъат-ут-тариқат» мебошад.
Манам шайдои гуфтори Саноӣ,
Намоз орам ба атвори Саноӣ.
Кулоҳи чархи гардун печиши нав
Гирифт аз печи дастори Саноӣ.
Агар дидори дунё хуб хоҳӣ,
Бубин ҳар субҳ дидори Саноӣ.
Махон мурда Саноиро, ба ёдаш
Бихон ҳар лаҳза осори Саноӣ.
Ба ёрии ману ту ҳоҷаташ нест,
Худо буду Худо ёри Саноӣ.
Ғазали Лоиқ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё