Зеҳн

Бадриддин Ҳилолӣ - Ҳикоятҳо

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Ҳикояти Маҷнун

Чу Маҷнун дур монд аз кӯи Лайлӣ,
Ба оҳу нола гуфто: Вои Лайлӣ!
Надонам бо ғами Лайло чӣ созам,
Ба чандин оҳу вовайло чӣ созам?
Зи кӯяш сад ғаму андӯҳ бурдам,
Ба зери меҳнати чун кӯҳ мурдам.
агар боди сабо ояд зи кӯяш,
Ки бозам зинда гардонад ба бӯяш.
Чӣ будӣ гар танамро ҷон набудӣ
Ва гар будӣ, ғами ҳиҷрон набуд?
Ғаму ҳаҷре, ки ман дидам, кӣ дидаст?
На кас дидасту на ҳаргиз шунидаст.
Ба меҳнатҳои гуногун тавон зист,
Вале бе рӯи Лайлӣ чун тавон зист?
Тани ман кошкӣ хошок будӣ,
Ки боди субҳхезам даррабудӣ,

Хилъат — либос.
Бедод — ноинсофӣ, ҷабру зулм.

Равон бурдию дар роҳаш фигандӣ,
Ба хорӣ дар гузаргоҳаш фигандӣ.
Гузаштӣ сӯи ман Лайлӣ хиромон,
Кашидӣ бар сарам аз ноз домон".
Чунин гуфту қадам зад бар биёбон,
Ба сӯи кӯҳу саҳро шуд шитобон.
Чу Маҷнун сӯи саҳро кард майле,
Саге дид аз сагони кӯи Лайлӣ.
Зи пирӣ дасти ӯ аз кор монда,
Зи по афтода, аз рафтор монда.
Намонда тобаш андар дасту дар пой,
Ба ин бедасту пой монда бар ҷой.
Ниҳода оҳувон по бар сари ӯ,
Лагадкӯби ғизолон пайкари ӯ.
Зи сар то по шуда зери магас гум,
Барои худ магасрон карда аз дум.
Забон молид бар захми тани хеш,
Даҳони захмаш аз захми забон реш.
Шуда чун устухон аз баҳри ноне,
Ба ғайр аз худ надида устухоне.
Дили Маҷнун зи ҳоли ӯ барошӯфт,
Ба сӯи ӯ назар мекарду мегуфт,
Ки: Эй ман дар вафо шармандаи ту,
Саги ёри манӣ, ман бандаи ту!

БАҚИЯИ ҲИКОЯТИ МАҶНУН ВА НАТИҶАИ ЭҲСОНИ Ӯ

Ғизолони ҷаҳон, эй шерзода,
Зи дастат рӯй дар саҳро ниҳода.
Палангон ҳам зи ҳиммат бо сад андӯҳ
Ҳисори санг манзил карда дар кӯҳ.
Намедонам чаро аз по фитодӣ,
Зи ҷои худ куҷо ин ҷо фитодӣ?
Чаро дастат чунин аз кор монда,
Чаро пои ту аз рафтор монда?

Ғизол — оҳу.
Пайкар — тан, ҷисм.
Бақия — боқимонда, охир,
Ҳисор — қалъа, девори атрофи шаҳр.

Куҷо рафт он ки буд аз панҷаи ту
Ғизолон, балки шерон ранҷаи ту.
[Куҷо] рафт он, ки ҳар сӯе давидӣ,
Ба саҳро ҳамчу оҳуе давидӣ.
Биёбон пур нафири* ғулғулат буд,
Палоси хаймаи Лайлӣ чулат буд.
Агар чашмам фитад рӯзе бар он чул,
Кунам онро зи хуни дида гул-гул,
Қади ман ҳалқа шуд, комам баровар»
Ба ман чун тавқ рӯзе сар даровар.
Паси зонуи ғам бо ҳалқа монам,
Ки сар аз пову по аз сар надонам.
Ниҳодӣ по ба кӯи дилбари ман,
Биёву пой неҳ акнун сари ман.
Чӣ будӣ, гар сарам пои ту будӣ?
Ки бар сар хок бар он кӯӣ судӣ.
Чу чашмаш бар вай афтодаст гоҳе,.
Гаҳе ҳам ҷониби ман кун нигоҳе.
Ки ин ғамдидаву вай ғам набинад,
Касе ӯро ба чашми кам набинад.
Чӣ доғ аст ин, к-аз ӯ дорӣ нишоне?
Чунин бошад нишони комронӣ.
Чӣ будӣ гар маро ин доғ будӣ?
Дилам з-он гул мисоли боғ будӣ.
Чу кард ин гуфтугӯ Маҷнуни ношод,
Ғизолеро гирифт аз доми сайёд.
Кабобаш кард аз рӯи мурувват,
Зи қути он кабобаш дод қувват.
Ба он қувват саг омад сӯи Лайлӣ,
Шуд охир посбони кӯи Лайлӣ.
Чу Маҷнун ҷониби Лайлӣ гузаштӣ,
Ба гирди кӯи ӯ чун Каъба гаштӣ.
Равон он саг зи домонаш кашидӣ,
Давон то пеши ҷононаш кашидӣ.
Чу Маҷнунро ба эҳсон буд майле,
Фитодаш дида бар дидори Лайлӣ...

Нафир — овоз. қут — хӯрок.

БОБИ НӮҲУМ
ДАР ТАВОЗӮЪ, КИ АЗ САР ГУЗАШТАН АСТ ВА САР ВА ХОКИ НИЁЗ АФГАНДАН

Биё, эй аз такаббур мастгашта,
Зи фикри сарбаландӣ пастгашта.

Тавозӯъ кун, ки ёбӣ арҷмандӣ,
Фурӯтан шав, ки бинӣ сарбаландӣ.
Такаббур сарбаландиро кунад паст,
Тавозӯъ зердастонро забардаст.
Гар аз роҳи тавозуъ хок бошӣ,
Чу гардӣ гард, бар афлок бошӣ.
Кашӣ гар аз такаббур сар бар афлок,
Нишинӣ ҳамчу оташ зуд бар хок.
Замин чун аз тавозӯъ хок гашта,
Ғубораш сурмаи афлок гашта.
Фалак гар аз тавозӯъ хам набудӣ,
Сарафрози ҳама олам набудӣ.
Чу одамро вуҷуд аз хок доданд,
Малоик дар суҷудаш сар ниҳоданд...
Ҳасуд аз ҷумла неъматҳои олам
Ҳамин дорад тавозӯъро мусаллам.
Касе дар шукри неъмат худ чӣ гӯяд,
Ки душман ҳам заволашро наҷӯяд.
Чу душман санг бардорад дами ҷанг,
Тавозӯъро ҳисоре созад аз санг.
Ба роҳи масканат ҳар кас, ки хок аст,
Зи санги ҳодисот ӯро чӣ бок аст?...

Тавозӯъ — хоксорӣ.
Фурӯтан — хоксор.
Афлок — фалакҳо; осмон.
Суҷуд — саҷда, сар ба замин гузоштан.
Мусаллам — таслим, таслимшуда, супурдашуда.
Завол — ҳалокат, нестӣ, маҳвият
Маскан — манзил, истиқоматгоҳ.
Ҳодисот — ҳодисаҳо, воқеаҳо.

БОБИ ДАҲУМ
ДАР ОДОБ, КИ 30ҲИРР0 БА АФЪОДИ ҲАСАНА ОРОСТАН АСТ ВА БОТИНРО БА АВСОФИ ҲАМИДА ПИРОСТАН.

Надонам, к-ин ҳама тарки адаб чист,
Ҳади худро намедонӣ, сабаб чист?
Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ дар миён ой.
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Фурӯғи* зоҳир аз ороиши ӯст,
Фароғи* ботин аз осоиши ӯст.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол* аст.
Ҳама корат ба қадри хеш бояд,
Зи қадри худ на кам, не беш бояд.
Ба ин мизон агар худро бисанҷӣ,
Наранҷанд аз туву худ ҳам наранҷӣ.
Чу биншинӣ, чунон бояд ки шояд,
Чу бархезӣ, чунон шояд ки бояд.
Чароғи дида шаб ҷое маяфрӯз,
Ки гардид тира, чун равшан шавад рӯз.
Сухан бо маҳрамон бояд чунон гуфт,
Ки бо ағёр дар маҷлис тавон гуфт.
Чаро сомеъ* ниҳад бар нуктае гӯш,
Ки бояд кардаш аз хотир фаромӯш?
Манеҳ бар ҳарфи* кас зинҳор ангушт,
Ки афтад чун қалам ангушт аз мушт.
Чаро ҷое қадам бояд ниҳодан,
Ки он ҷо бе маҳал бошад ситодан.
Адабро раҳбари кӯи талаб кун,
Вагарна нафси саркашро адаб кун.
Адаб дар анҷуман шамъи мунир* аст,
Далели покии мо-фи-з-замир* аст.
Ҳарифе, к-аз адаб дилкаш намояд,
Аз ӯ тарки адаб ҳам хуш наёяд...

Афъол — корҳо, рафторҳо.
Ҳасана — зебо, хуб.
Авсоф — сифатҳо, хислатҳо.
Ҳамида — хуб, маъқул, лоиқи таъриф.
Фурӯғ — равшанй; фурӯғи зоҳир —зебу зинати шакли зоҳи-рии инсон.
Фароғ — фароғат, роҳат, осоиш.
Эътидол — дурустӣ, солимӣ.
Сомеъ — шунаванда.
Ҳарф — сухан, гап; ба ҳарфа кас ангушт ниҳодан—ба сухани кас айб гузоштан, аз гапи касе айбҷӯӣ кардан, нуктагирӣ.

БОБИ ЁЗДАҲУМ
АЗ НОБОИСТА ИҶТИНОБ* НАМУДАН АСТ ВА АЗ БОИСТА ДАР ҲИҶОБ* БУДАН АСТ
Биё, эй ринди оламсӯзи бебок,
Ба исён пардаи исмат макун чок.
Сар аз шарми гунаҳ дар ҷайби худ кун,
Ҳаёро пардапӯши айби худ кун.
Касе, к-ӯ аз ҳаё хӯй* бар ҷабин рехт,
Ки оби рӯи худро бар замин рехт.
Саре, к-ӯ аз ҳаё дар пеш бошад,
Ба исмат* посбони хеш бошад.
Чу мардум шӯхчашмӣ пеша карданд,
Ҳаё пеш ор, то шарманда гарданд.
Зи шарми он, ки доим лаб бубандӣ,
Ба рӯи ҳар касе чун гул нахандӣ.
Нагаштӣ гар даҳони ғунча хандон,
Лабашро жола нагрифтӣ ба дандон.

Ҳарифи шӯхчашми масти бебок
Кунад пироҳани номусро чок.
Нигори шармноки шармгуфтор
Ба дилҷӯй кунад ҷонро гирифтор.
Азиз аст офтоби мавсими дай*,
Ки аз тундӣ ҳаё шуд монеи вай.
Сари худ аз ҳаё гар афганӣ пеш,
Биёбӣ оқибат гумкардаи хеш...
Мунир — партавафкан, равшанидиҳанда.
Мо-фи-з-замир — он чи дар дил аст.
Иҷтиноб намудан — дур шудан, ҳазар кардан.
Ҳиҷоб—парда, ниқоб.
Хӯй — обу арақ.
Исмат — покӣ, покдоманӣ, покии ахлоқ.
Дай — зимистон.
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
ДАР САБР, КИ КАЛИДИ ДАРИ ГАНҶИ СУРУР* АСТ ВА АНИСИ КУНҶИ ҲУЗУР АСТ.

Биё, эй кӯшиши бисёр карда,
Ба саъи хеш худро хор карда.
Кушоиш аз дари сабр аст, маштоб,
Қароре гиру сабре кун ба ин боб1.
Нишоти орзумандон зи сабр аст,
Гули боғи тараб хандон зи сабр аст.
Ба сабр аз корҳо берун равад банд,
Шавад най шаккару шаккар шавад қанд.
Ба сабр аз оби борон баҳр хезад,
Шавад абру дар ӯ сероб гардад.
Саодат бо шикебой
бувад ёр,
Зи бесабрӣ ба расвоӣ кунад кор.
Касе, к-аз мева аввал ком ҷӯяд,
Ҳарифи пухта ӯро хом гӯяд.
Сабуксар кай кунад андешаи нағз,
Бале, ҷавзи* сабукро кай бувад мағз...

Сурур — хурсандӣ, шодӣ.
Анис — мунису ҳамдам, ҳамдард; анаси кунҷи ҳузур—хушдами кунҷи осоиш.
Боб — бобат, хусус.
Шикебоӣ — сабр.
Ҷавз — чормағз

ҲИКОЯТИ ОШИҚЕ, КИ ТО ПОИ ТАҲАММУЛ* ДАР
ДОМАНИ САБР НАКАШИД, БА САРМАНЗИЛИ
МАҚСУД НАРАСИД

Якеро дил гирифтори яке буд,
Ки сабри ӯ ба ғоят андаке буд.
На дар роҳи талаб аз по нишастан,
На бо ороми дил як ҷо нишастан.
Чу соя дар гузаргоҳаш фитодӣ,
Сари худ бар сари роҳаш ниҳодӣ.
Чу гард афтону хезон дар ҳавояш,
Зи пай рафтию афтодӣ ба пояш.

Таҳаммул — сабр ва тоқат кардан.
Вале он беқарориҳо, ки кардӣ,
Зи дарди ишқ зориҳо, ки кардӣ,
Писанди хотири ёраш намешуд,
Ба ҷуз асбоби озораш намешуд.
Чу саг ҳарчанд дунболаш давидӣ,
Аз ӯ чун оҳуи ваҳшӣ рамидӣ.
Ниҳон гаштӣ ба ноз он бе тараҳҳум
Зи чашмаш, чун парӣ аз чашми мардум.
Чӣ созад ошиқн мискин, чӣ созад?
Ба сад ғам бо дили ғамгин чӣ созад?
Ба ғайр аз сабр ғамро чорае нест,
Вале он кори ҳар ғамхорае нест.
Ба уммеди ризои хотири ёр
Ба сабр афтод кораш охири кор.
Вале мехост боғи дилфурӯзе,
Ки таскин варзад он ҷо чанд рӯзе.
Ба ёди қоматаш дар сарв бинад,
Равад, осуда дар пояш нишинад.
Зи шавқи рӯи ӯ бинад рухи гул,
Ба бӯи ҷаъди ӯ дар ҷаъди сунбул,
Шаҳи он мамлакатро буд боғе,
Ки садри ҷаннат аз вай дошт доғе.
Гули ӯ аз гули раҳмат сиришта,
Сафи мурғони ӯ хели фаришта.
Дар ӯ як қатра борон гар чакидӣ,
Ҳамон дам аз гилаш сад гул дамид.
Ҳавои дилкашаш ороми ҷон буд,
Насимаш рӯҳбахш, обаш равон буд.
Дар ӯ боди саҳар афсун* дамида,
Ҳазорон боғи ваҳшӣ орамида,
Гулаш аз чеҳра кори шамъ карда,
Ба як ҷо обу оташ ҷамъ карда.
Сабо бар гул, ба қасди сайд булбул,
Фиганда ҳалқаи дом аз ҷаъди сунбул.
Ба рӯи наварӯсони баҳорӣ
Ба ҳавзаш об дар оинадорӣ.
Дар об аз рӯи гул оташ фитода,
Ба ҳам он обу оташ хуш фитода.
Афсун — дуохонӣ, куфусуф.
Чинораш панҷа аз хуршед бурда,
Суман дар ларза даст аз бед бурда.
Зи ҷунбиш сарви ӯ сарви равоне,
Ба рақс аз хуррамй раъно ҷавоне.
Аз ин маҷнунваши лайлишамоил
Ҳавое дар сар, аммо пой дар гил.
Санавбар гарчи бар раъно фитода,
Ба хидмат пеши гул бар по ситода.

Чинори сабзу сад гулдаста бо вай,
Навои булбулаш гулбонги „ё ҳай".
Бирафт он бедилу дар боғ биншаст,
Дили чун лола бо сад доғ биншаст.
Чу шуд як ҳафта он ошиқ нуҳуфта,
Хабар пурсид он моҳи дуҳафта
,
Ки: „Ё раб, ошиқи ғамгин куҷо шуд,
Куҷо сокин шуд, он мискин куҷо шуд?
Сараш бар хоки роҳи кист, ё раб,
Дилаш дар ҷилвагоҳи кист, ё раб?
Ба сад оҳу фиғон з-ин остон рафт,
Чаро гулбонги у з-ин бӯстон рафт?
Магар дасти қазо афкандаш аз пой,
Ки рафт аз ҷо ҳарифи пой бар ҷой?
Аҷал гуё раҳи фарёди ӯ баст,
Ки шаб ҳамсояро осоише ҳаст?"
Шуд охир з-ин сабаб чун ғунча дилтанг,
Сӯи он боғ кард ӯ низ оҳанг.
Ки чун наззораи бӯстон хуш ояд,1
Дилаш чун ғунчаи хандон кушояд.
Аз он ғофил, ки он бечора дар боғ
Аз ӯ чун лола дорад бар ҷигар доғ,
Чу ғунча пой дар доман кашида,
Сар андар ҷайби пироҳан кашида.
Ба тарфи боғ он сарви хиромон
Ба сони гул кашид аз ноз домон.
Асири хешро чун дар чаман дид,
Дилаш чун ғунча аз шодӣ бихандид.
Ба сӯяш кард майлею чй майле!

Ё ҳай — эй худо.
Моҳи дуҳафта—мохи пурра, киноя аз маҳбуба.

Фузун аз майли Маҷнун сӯи Лайлӣ!
Хурӯше аз дили эшон баромад,
Ки андӯҳи вафокешон* саромад*.
Дили маъшуқро ҳолат фузун шуд,
Чӣ гӯям, ҳолати ошиқ чун шуд1х
Касе донад, ки баъд аз рӯзгоре
Расад рӯзе ба ком аз васли ёре.
Баромад ногаҳон хуршед аз абр,
Ба ширинӣ расад аз талхии сабр.
Чӣ мушкилҳо, ки он аз сабр ҳал шуд!
Чӣ талхӣ, к-он ба ширинӣ бадал шуд...

БОБИ ШОНЗДАҲУМ
ДАР ФАВОИДИ* КАМ ХӮРДАН, КИ БА ВОСИТАИ ШӮРИШИ ИШҚ А3 ҚАҲТСОЛИ
ҲАҶР БОЗ РАСТАНД

Биё, эй чун магас дар гирди хонҳо,
Давон чун саг ба бӯи устухонҳо.
Ба хӯрдан то ба кай олуда будан,
Хушо кам хӯрдану осуда будан!
Ғизои кам шифоангез бошад,
Бале, асли даво парҳез бошад.
Зи шавқи хӯрдану завқи чашидан
Чаро бори шикам бояд кашидан.
Зани пурбор бошад марди пурхор*,
К-аз ӯ сад нохушӣ зояд ба як бор.
Ҳама умри ту дар хӯрдан саромад,
Туро чоҳи табиат сар баромад3.
Маяфган ҳар дам аз нафси ҳаваснок
Таоми покро дар чоҳи нопок.
Танӯри меъдаро пурдуд кардӣ,
Сафои дил ғуборолуд кардӣ.

Вафокеш — вафодор, вафомаслак. Саромад — тамом шуд. Фавоид — фоидаҳо. Пурхор — пурхӯр, баднафс.

Бухоромез шуд пиҳи* димоғат,
Аз он равшан намесӯзад чароғат,
Гар аз хӯрдан шавад қадри касон беш,
Пас, аз мардум сагон бошанд дар пеш...
Зи кам хӯрдан шафои ҷону тан бош,
Бад-ин қонун табиби хештан бош...
БОБИ ҲАФТДАҲУМ
ДАР КАМГӮӢ, КИ САБАБИ НАҶОТ ВА МӮҶИБИ РАФЪИ ДАРАҶОТ*

Биё, эй гуфтугӯ оғоз карда,
Дари ганҷи суханро боз карда,
Забон даркаш, ки дорад бас хатарҳо
Зи пайкони забонҳо мағзи сарҳо.
Сухан ҳарчанд саррофи* маонист,
Хамӯшӣ хозини* ганҷи ниҳонист.
Сухан кам гуфтану андеша кардан
Беҳ аз бисёргуӣ пеша кардан.
Сухан бишнав, к-аз ин маънӣ басе кӯш,
Шуда ҳамчун садаф бо у ҳамоғӯш.
Даҳон макшо, ки бе лабҳои хандон
Ҷудо афтода аз дурҳои дандон.
Басе беҳтар бувад нодони хомӯш
Зи доное, ки дар гуфтан занад ҷӯш.
Дили ин як зи гуфтан дар хурӯш аст,
Забони ӯ зи бад гуфтан хамӯш аст.
Забон аз булбул омад, гӯш аз гул,
Бубин айши гулу фарёди булбул!
Хамӯшӣ беҳтар аст аз ҳар чӣ гӯй,
Сухан кӯтоҳ шуд, дигар чӣ гӯй!...

Пиҳ — равған, чарбу.

Рафъи дараҷот — баландии мартаба, мартабаи олӣ.
Сарроф — касе, ки пулҳои сараро аз пулҳои пучак ҷудо мекунад; саррофа маонӣ—зоҳиркунандаи маъниҳо, ба мардум расонандаи мазмун.
Хозин — хазиначӣ, хазинабон.

БОБИ ҲАЖДАҲУМ
ДАР ҶАВОНӢ, КИ ҲАМ ДАВЛАТИ БЕДОР АСТУ ҲАМ НЕЪМАТИ ДИДОР

Ало, эй масти хоболуд, бархез,
Ба ғоят дер кардӣ, зуд бархез.
Чу кардӣ сарфи хоб айёми худро,
Магар дар хоб бини коми худро?
Зи бас худро ба хоб афгандаӣ ту,
Надонам мурдаӣ ё зиндаӣ ту.
Ба кунҷи хона хуфтӣ масту мағрур,
Чунин то чанд бошӣ зинда дар гӯр.
Чунон бояд тариқи зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ.
Ту худ дар зиндагӣ чун ях фасурдӣ,
Ба хоби ғафлат афтодию мурдӣ.
Хавоси хешро кардан муаттал*,
Ки ҳам кӯру карӣ, ҳам лангу ҳам шал,
Ҳама шаб то саҳаргаҳ масти хобӣ,
Ҳама рӯз аз маи ғафлат харобӣ.
Шаби умри ту гар дар хоб рафтаст,
Чаро рӯзат ба ин селоб рафтаст?
Аз ин хоби гарон бархезу бархез,
Зи сели бекарон* парҳезу парҳез...

ҲИКОЯТИ ОН МОҲИ ШАБГИР, КИ ХУФТАГОНРО ХОК БАР САР КАРД, ШАБ ХУФТАГ0НР0 БА ЛУТФИ ХУД ДАРОВАРД

Ҷавоне аз латофат ончунон буд,
Ки ҳуснаш фитнаи пиру ҷавон буд.
Гуландоме, ки бо рухсори гул-гул
Фиканда ғул-ғуле дар ҷони булбул.
Сиҳисарве, ки по ҳар ҷо ниҳода,
Ҷаҳоне сар ба ҷои по ниҳода.
Сулаймонвор халқе аз пасу пеш,
Гирифторонш аз мӯру малах беш.
Чу абри фитна он баҳри латофат.
Равон мерафту меборид офат.

Муаттал — холӣ аз манфиат, бефоида.
Бекарон — беканор.

Падар чун дид ошуби ҷаҳонаш,
Ба кунче сохт аз мардум ниҳонаш.
Ниқоб афканд он рӯи накӯро,
Чу гул дар парда пинҳон карда муро.
Буте, к-аз вай ҷаҳоне мубтало шуд,
Зи ҳусни худ гирифтори бало шуд...
Ниҳон буд он сиҳисарви гуландом
Чу маҳ дар манзиле ҳар рӯз то шом.
Валекин ҳар шаб он моҳи дилафрӯз
Бурун бурдӣ ба гашти шаб ғами рӯз.
Шабе аз шаб чу посе чанд бигзашт,
Маҳи шабгардро шуд азми шабгашт.
Фиғон аз ошиқони зор бархост,
Ки бо он давлати бедор бархост
Чу сӯи остони худ гузар кард,
Сари дармондагонро хоки дар кард,
Гуруҳе дид сар бар остона
Ба хоби айш фориғ аз замона.
Гурӯҳе дид хоб аз дида ронда,
Чу кавкаб чашми равшан боз монда.
Ба шаб нохуфтагони бахтбедор
Чу моҳи чордаҳ бинмуд дидор.
Фиканд он хуфтагонро хок бар сар,
Ки яъне мурда зери хок беҳтар.
Зиҳӣ ҳасрат, ки дар шабҳои маҳтоб
Зи рӯи дӯстон монеъ шавад хоб...

МУН0Ҷ0Т

Ҳилолӣ, ин чӣ дарёи маонист,
Ки мавҷи он зи баҳри осмонист?
Чӣ назми обдор аст ин, ки гуфтӣ?
Чӣ дурри шоҳвор аст ин, ки суфтӣ?
Ба ин мушкин нафас дилҳо рабудӣ,
Магар дар кулбаи аттор будӣ?
Зи ҳайрат ҳосидонро лаб бубастӣ,
Ҳавасро дар дили эшон шикастӣ.
Ҳадиси рӯҳбахш оғоз кардӣ,
Чу Исо даъвии эъҷоз кардӣ.
Забоне чун забони шоирӣ нест,
Фусуни шеър ғайр аз соҳирӣ нест.
Сухан дар қолиби завқи қавофӣ*
Барад занги малол аз табъи софӣ...
Чу бар коғаз ниҳад мушкин қаламро,
Зи шаб бар рӯи рӯз орад рақамро.
Ниҳад бар рӯи насрин ҷаъди сунбул,
Хати райҳон кашад бар сафҳаи гул.
Ба фикрат* чун паси зону нишинад,
Рухи мақсуд дар оина бинад,
Зи гармӣ оташ афтад дар димоғаш,
Ба нури ҷон барафрӯзад чароғаш...
Чӣ сирр аст ин, ки аз ушшоқ гуфтам?
Чӣ дурр аст ин, ки дар офоқ суфтам?

Ба васфи ошиқон дафтар кушодам,
„Сифотулошиқин" номаш ниҳодам.
Навиштам номае дар некномӣ,
Ки Хисрав* офарин карду Низомӣ.*
Калиди „Махзануласрор"* бо ӯст,
Фурӯғи яМатлаъуланвор"* бо ӯст.
„Гулистон"-ест* дар вай „Бӯстон"-ҳо,*
Дар авроқаш* ҳазорон достонҳо.
Чӣ ҷои „Бӯстон"? Боғи биҳишт аст,
Раёҳинаш* ҳама анбарсиришт аст,
Чӣ мегӯям, қалам бодо забоне,
Ки ҷуз даъвӣ намедонад баёне.
Васият мекунам халқи ҷаҳонро,
Ҷавонмардони пайдову ниҳонро,
Ки ин маҷмӯърб ҳар кас ки хонад,
Кунад бар ман дуое, то тавонад.
Дар ислоҳи хатои ман бикӯшад,
Вагарна домани афве бипӯшад.
Маро худ воҷиб омад узрхоҳӣ,
Ки дорад номаам рӯ дар сиёҳӣ.
Илоҳӣ, гар сияҳ шуд номаи ман,
Хато афтод хатту хомаи ман,
Хатои ман мабину дар ато кӯш,
Ато кун, парда бар рӯи хато пӯш.

Қавофӣ — қофияҳои шеър.
Фикрат — фикру мулоҳиза, тафаккур.
Хисрав — Хисрави Деҳлавӣ, шоири тоҷик-форс ва ҳинд.
Низомӣ — Низомии Ганҷавӣ, шоири Озарбойҷон.
„Махзануласрор" — номи яке аз достонҳои «Хамса»-и Ни-зомӣ.
„Матлаъуланвор» — номи яке аз достонҳои «Хамса»-и Хисрави Деҳлавӣ.
«Гулистон» ва „Бӯстон" — номи асарҳои Саъдӣ.
Авроқ — ҷамъи варақ, варақҳо, баргҳо.
Раёҳин — ҷамъи райҳон, райҳонҳо.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2