Бадриддин Ҳилолӣ - Ҷифотулошиқин
«Сифотулошиқин»
БАЁНИ СУХАН ВА ДАРАҶОТИ ОН
Сухан сардафтари девони ишқ аст,
Сухан ганҷинаи султони ишқ аст.
Зи дил файзе, ки ҷӯӣ, ҷуз баён нест,
Забони теғ чун теғи забон нест.
Сухан зоҳир кунад сӯзи ниҳонро,
Зи шамъи дил барафрӯзад ҷаҳонро.
Сухан сарчашмаи дарёи ишқ аст,
Сухан сармояи савдои ишқ аст
Ки гар бар сафҳаи олам набудӣ,
Нишон аз оламу одам набудӣ.
Ки ҳоли рафтаву оянда гуфтӣ,
Ки чандин маънии поянда гуфтӣ...
Ки мутрибро нишотангез кардӣ,
Ҳазор оташ ба як дам тез кардӣ.
Сухан ваҳӣ аст, мо арши баринем
Сухан сеҳр аст, мо сеҳрофаринем.
Чӣ ҷои сеҳру эъҷози Масеҳ аст,
Ҳаёти мо зи гуфтори фасеҳ аст.
Ба як дам оламеро зинда созем
Ва аз он пас то абад поянда созем.
Касе худ бесухан чун зинда монад,
Дар иқлими бақо поянда монад?
Хусусан ман, ки ҷони ман ҳамин аст,
Ҳаёти ҷовидони ман ҳамин аст.
Зи дурри назм бошад гуфтугӯям,
Зи баҳри шеър бошад обрӯям.
Ҳамон беҳтар, ки бо ин дурфишонӣ
Шавам ғаввоси дарёи маонӣ.
Бурун орам аз ин баҳри гиромӣ
Дуре чун гавҳари баҳри Низомӣ,
Ки аз гардаш хирад беҳуш гардад,
Зи сар то пой хирад (ҳам) гӯш гардад1.
Биёроям ба хилватхонаи фикр
Арӯси назмро чун шоҳиди бикр.
БОБИ ЧАҲОРУМ
ДАР СИФАТИ СИДҚ ВА НАТОИҶИ ОН
Биё, эй субҳи давлатро талабгор, Чу субҳи аҳли давлат сидқ пеш ор. Ба роҳи рост рав, то метавон рафт, Ки мебояд ба хоки остон рафт. Марав каҷ ин ҳадиси рост бишнав, Ки бар як ҷониб афтодаст каҷрав. Каҷонро раҳ набошад дар миёна, Ки тири рост ояд бар нишона. Беҳ аст аз зулфи каҷ он қомати рост, Бале, ҳар кас ба қадди рост бар пост. Ҳамеша росткорон растагоранд, Ки ғайр аз рост, коре надоранд.
Ғаввос — касе, ки аз таги дарё дурру гавҳар ҷустуҷӯ мекунад.
Маонӣ — маъниҳо.
Натоиҷ — натиҷаҳо.
Растагор — халосшаванда, наҷотёбанда
Ҳикоят
Саҳаргоҳон, ки абри навбаҳорон Ба ишрат хайма зад бар кӯҳсорон, Бисоти кӯҳ шуд аз лола худ ранг, Баромад лаъли сероб аз дили санг. Ба ишрат хост наргис пеши лола, Пиёла дошт бар рӯи пиёла. Ба ҳам шоху самар тасбеҳхон шуд, Бар ӯ мурғи саҳар асрордон шуд. Ҷавонон рӯй дар саҳро ниҳоданд, Чу гул бар сабзаи тар по ниҳоданд, Чу наргис ҷоми заррин баргирифтанд Шароби лаълро дар зар гирифтанд. Дар он фархунда рӯзи оламафрӯз Ба гашти сабзаи гулгашти наврӯз Бутон ҷамъею муштоқон гурӯҳе Гузар карданд бар болои кӯҳе. Чӣ кӯҳе? Бар шукӯҳи арш поя, Ки бар боми саҳар афканда соя. Уқобаш бо ҳумои меҳр ҳампар, Палангаш бо наҳанги чарх ҳамсар. Маҳи нав, к-аз паси моҳ, намуда, Паси он кӯҳ чун коҳе намуда. Фалак як пашша дар пиромани ӯ, Ки гирд омад зи гирди домани ӯ. Ба ҳам гуфтанд маъшуқон, ки ушшоқ Шуданд аз ишқи мо машҳури офоқ. Валекин сидқи эшон нест маълум, Бувад бе сидқ кори ҷумла мардум. Тариқи озмунро соз карданд, Сафи ушшоқро овоз карданд. Сафо мебоду аз туркони содиқ, Ки қавлу феълашон омад мувофиқ. Шавад дил дар ҳузури дустон ҷамъ1, Ҳузури ҷамъ бошад партави шамъ. Забон то омада аз савсани тар, Намояд аз каҷ, шамшеру ханҷар. Чу дам зад субҳи козиб аз гувоҳ,. Кашид аз даъвии худ рӯсиёҳ,. Хитоб омад ба муштоқони ошиқ. Ки бо мо ҳар кӣ дар ишқ аст содиқ,
Фархунда — муборак, нек.
Пироман — пеш, назд.
Маъдум — несту нобуд.
Озмун — озмоиш, санҷиш.
Субҳи козиб— субҳи бардурӯғ, пеш аз вақт як лаҳза сафед шудани рӯз, ки пас аз он боз ҳаво торик мешавад.
Баъд аз субҳи козиб субҳи содиқ меояд, ки субҳи хақиқист.
Аз ин кӯҳ афканад худро ба поён,
Ки сидқи хешро созад намоён1,
Таҷалӣ кард субҳи содиқ аз Тур,
Ба як дам сохт оламро пур аз нур.
Бале, аз сидқ беҳтар нест коре,
Агар дам мезад, аз сидқ боре.
Ҳамон дам содиқон бар пой ҷастанд,
Ҳамон ҷо козибон* аз по нишастанд.
Муайян шуд, ки содиқ кист он ҷо,
Рафиқи номувофиқ кист он ҷо.
Ба ҳурмат содиқонро пеш хонданд,
Шарики қалбро аз пеш ронданд.
Ба як бор аз назар андохтандаш,
В-аз он кӯҳу камар андохтандаш,
Мувофиқ чарх бар чархи барин зад,
Мунофиқ хештанро бар замин зад..
Вафо гар з-он ки дар олам набошад,
Чӣ бошад, гар ҷафое ҳам набошад!
Нашояд ҳар замон ёре гирифтан,
Зи ёрон ҳар дам озоре гирифтан.
Гуле, к-ӯ ҳар замон бошад ба ҷое,
Намеояд аз ӯ бӯи вафое.
Ба мутриб мӯҳтасибро з-он бувад чанг,
Ки ҳар дам дар мақоме дорад оҳанг,
Яке, к-ӯ рӯзу шаб як ҷо муқим аст,
Зи ёрони вафодори қадим аст.
Касе, к-аз дӯст, берун ниҳад пай,
Дар оини вафо саг беҳтар аз вай.
Ба ёре чун вафодор, намудӣ,
Вафо варзидию дурӣ намудӣ,(?)
Зи кӯи ӯ қадам натвон кашидан
Ба роҳи ӯ ба сар бояд давидан...
БАЁНИ СИФАТИ ВАФО ВА ПОСИ УҲУД
Ҷафокоро, вафодорӣ биёмӯз,
Зи ёрон шеваи ёрӣ биёмӯз
Ба ҳар кас рӯзи неъмат аҳд бастӣ,
Фаромӯшаш макун дар тангдастӣ.
Чу нон бардоштӣ, хонро маяндоз,
Намак хӯрдӣ, намакдонро маяндоз.
Набояд рӯзи аввал аҳд бастан,
Пас аз бастан намебояд шикастан.
Зи мо сарриштаи аҳд аст зинҳор,
Ки ин сарриштаро аз даст магзор.
Тариқе хуштар аз аҳду вафо нест,
Вале афсӯс, к-он дар аҳди мо нест.
Таҷаллӣ кардан — ҷилвагар шудан, намоён гардидан.
Тур — номи кӯҳест дар Миср.
Козиб—дурӯғгӯй, бевафо, акси содиқ.
Қалб— сохта, носара.
Мунофиқ — дурӯя.
Уҳуд —ҷамъи аҳд, аҳду паймонҳо;
поиа уҳуд—риоя ва иҷрои аҳду паймон.
Неъмат — сериву пурӣ, фаровонӣ, тӯҳфа.
Тангдастӣ — қашшоқӣ.
Хон — дастархон.
Аҳд — замон, вақт.
БОБИ ПАНҶУМ
ДАР СИФАТИ АХЛОҚИ КАРИМА ВА МАҲОСИНИ ӮСТ
Ҷавоно, чанд бадхӯӣ тавон кард,
Зи хӯи бад ҷафоҷӯӣ тавон кард?
Тавоноӣ тариқи деву дад ҳаст,
Ба он рӯи накӯ ин хӯи бад ҳаст..
Накӯхӯ аз дари раҳмат дарояд,
Чу гул ҳар ҷо ки бошад, хуштар ояд.
Чу субҳ аз сидқ хандон бошу хуррам,
Ки оламро барафрӯзӣ ба як дам,
Турушрӯ дар паси зону нишинад,
Хуш аст ин, то касе рӯяш набинад.
Ҳама кас чашми худ бар гул ниҳода,
Ки хандон аст бо рӯи кушода.
Чу ғунча буд бари рухсор баста,
Дарунаш чун бурун зангор баста.
Муҳтасаб— назоратчии динӣ, ки иҷро шудани қоидахои мусулмониро назорат мекард.
Пай — пой.
Карима — нек, мақбул,
Маҳосин—ҳусну некӣ ва зебоиҳо.
Дад — ҳайвони дарранда.
Карам* бе хулқ ҷуз сарфи дирам* нест,
Дирам аз дасти бадхӯён карам нест.
Агар сангиндиле бар хоксорон
Гуҳар пошад, бувад он сангборон.
Гулистони ҷамолу гулшани рӯй
Бувад беобу ранг аз гармии хуй
Надорад шоҳиди гул ғайр аз ин айб,
Ки дорад сӯзане аз хор дар ҷайб.
Чӣ суд аз шакл, агар хӯе надорӣ,
Чӣ ҳосил ранг, агар бӯе надорӣ!
ҲИКОЯТИ МУНОСИБИ МИСҚОЛ
Ду сарви лоларух буданд ҳамзод,
Ки аз модар ба шакли он ду кам зод.
Чунон буданд дар хубӣ ягона,
Ки гуфтӣ нест фарқе дар миёна.
Агар ин як малак*, он як парӣ буд,
Агар он Зӯҳра*, ин як Муштарӣ* буд,
Ба сурат гар накӯдастур буданд,
Вале дар сират* аз ҳам дур буданд.
Яке бар хотири ҳар хаста роҳат,
Яке аз ҷавр бар дилҳо ҷароҳат.
Яке бар синаҳо марҳам ниҳодӣ,
Яке сад доғи дил барҳам ниҳодӣ.
Бути дилҷӯйро аз ҳусни сират
Ба ҷон мехостанд аҳли басират*.
Қадам ҳар гаҳ ниҳодӣ бар сари кӯй,
Зи бисёрӣ* нағунҷидӣ сари мӯй.
Нигори тундхӯ ҳар ҷо нишастӣ,
Зи дасти хӯи бад танҳо нишастӣ.
Шунидам, гуфт рӯзе аз хиҷолат,
Ки: „Ё раб, ин чӣ ҳол аст, ин ҳолат?
Ки дар ҳусну ҷамоли мо шаке нест,
Туро сад ошиқу моро яке нест?"
Чу ин ҳарф он ҳарифи тундхӯ гуфт,
Накӯхӯ дар ҷавоби он накӯ гуфт:
„Чӣ суд аз ҳусн, чун эҳсон* надорӣ?
Ту ин дорӣ, валекин он надорӣ!.(2)
БОБИ ШАШУМ
МАЗАММАТИ* ҲИССУ ЛИОМАТ' ВА ШАРҲИ ФУТУВВАТУ* КАРОМАТ*
Биё, эй хуфта* доим бар сари ганҷ,
Ба зар печида ҳамчун аждари ганҷ.
Куҷоӣ, эй ҳариси* моли олам,
Магар воқиф наӣ аз ҳоли олам?
Зару сими ҷаҳонро ҷамъ созӣ,
Ба ин сарришта худро шамъ созӣ.
Чӣ ҳосил з-он, ки абри навбаҳорӣ,
Чу ҳаргиз қатрае бар мо наборӣ.
Чӣ ҳосил з-он, ки моҳу офтобӣ,
Чу ҳаргиз заррае бар мо натобӣ.
Дирамдоре, ки ӯ соҳибкарам нест,
Агар сад ганҷ дорад, мӯҳтарам нест.
Ба пои он дарахт ором гиранд,
Ки халқ аз меваи ӯ ком гиранд.
Саховат мӯҷиби қадри баланд аст,
Саховатпеша доим арҷманд* аст.
Сахо* қадрест, олӣ пояи ӯ,
Ҳазор осудагӣ дар сояи ӯ.
Карам — саховат, олиҳимматӣ, лутфу меҳрубонӣ.
Дирам — пул.
Малак — фаришта.
Зӯҳра — Ноҳид, ситораи субҳ
Муштарӣ — номи ситорае, Юпитер.
Сират — ботини одам, симои ботинӣ, хулқу мизоҷ.
Басират — биноӣ, бориксанҷӣ; аҳли басират—лотшиаа-дон, одамшиносон.
Зи бисёрӣ — аз бисёрии одам.
Эҳсон — рафтору гуфтори хуб, лутфу карам. Мазаммат — сарзаниш, таъна.
Лиомат — нокасӣ, бахилӣ, хасисӣ, пастҳимматӣ, мумсикӣ, чашмгушнагӣ.
Футувват — ҷавонмардӣ, олиҳимматӣ, сахигӣ.
Каромат — карампешагӣ, саховат, лутфу меҳрубонӣ,
Хуфта — хобида.
Ҳарас — ҳирснок, пурҳирс.
Арҷманд — арзманд, арзанда.
Сахо — сахигӣ, олиҳимматӣ.
Зи дарёи карам абре, ки хезад,
Зи борон гавҳари хушоб резад...(1)
Карам ҳарчанд дар олам азиз аст,
Камоли иззати ӯ аз ду чиз аст:
Яке, пеш аз таваққӯъ* ком додан*,
Дуюм, бар хештан миннат ниҳодан.
Фақеҳи* шаҳр агар дар бухл* монад,
Касе дар зиндагӣ номаш надонад.
Ва гар кофир ба эҳсон даст гирад,
Чу Ҳотам* номи ӯ ҳаргиз намирад.
Макун дар луқма додан ҳеҷ тақсир*,
Ки бадгӯӣ туро гардад гулӯгир.
Чу пеши луқмаҷӯён нон шикастӣ.
Даҳонашро фурӯ бастию хастӣ.
Дирамҳое, ки резад хоҷа бар ҳам,
Бар ӯ доғест, бар дарвеш—марҳам.
Чаро ин доғро бар ҳам ниҳад кас,
Ҳамон беҳтар, к-аз ӯ марҳам ниҳад кас.
Дирам бикшо, ки дар бозори мақсуд
Забони мол- бошад мардро суд.
Гар ин савдо кунӣ, судат расонад,
В-аз ин мақсад ба мақсудат расонад...
БОБИ ҲАФТУМ
ДАР БАЁНИ ШУҶОАТ ВА ДАЛЕРӢ
Биё, эй бедили аз кор монда1,
Зи бим* андар паси девор монда.
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.
Таваққӯъ — чашмдошт, интизорӣ.
Ком додан — муроди касеро баровардан, ҳоҷати касеро раво кардан.
Фақеҳ — қонундон, донандаи қонунҳои шариат.
Бухл — бахилӣ.
Ҳотам — номи касе, ки дар саховат ва некӯкорӣ машҳур гардидааст.
Тақсир — қусур, камӣ, камбудӣ.
Бим — тарсу ҳарос.
Диле, к-аз ҳайбати оҳе биларзад,
Бари соҳибдилон* коҳе наярзад.
Чи хуш гӯянд мардони ҷигардор,
Ки пое пеш неҳ, дасте бурун ор.
К-аз ин даст аз ҳама кас пеш бошӣ,
Ба ин по аз ҳама кас беш бошӣ.
Раҳи саҳрои расвоӣ гурез аст,
Калиди мамлакат шамшери тез аст.
Ба як дам оламеро фатҳ кардан*
Беҳ аз нанги ҳама олам ба гардан,
Сари душман равон аз тан ҷудо кун,
Вагарна рав, сари худро фидо кун.
Агар сад сол зери санг бошӣ,
Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ.
Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,
Ту гӯӣ ҷоҳиле девонагӣ кард?
Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,1
Беҳ аз сад оқили беғайрат аст ин.
Мапурс аз дил, ки ҷони тарснок аст,2
Ҳам аз бими худаш бими ҳалок аст.
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ.
Ҳикоят
Ҷавоне саврқадде, гулъузоре,
Чи ҷои сарву гул, хуррамбаҳоре,
Рухаш аз орази гул об бурда,
Хаташ аз ҷаъди* сунбул тоб бурда,
Узораш* чун гули сероб хуррам,
Ниҳон дар ғунчааш дурҳо чу шабнам,
Ду рух гулгуну рӯ ҳар як чароғе,
Дилу ҷонро зи рӯяш пора доғе,
Чу гулбарги баҳорӣ покдомон
Ба ҷамъе сӯи саҳро шуд хиромон.
Соҳибдил — нотарс, далер; бари соҳибдал—дар назди одами далер
Фатҳ кардан — кушодан, ба даст овардан.
Ҷаъд-тоби мӯй ва зулф, занҷира ва шиканҳои муӣ.
Узор — рӯй, рухсора.
Аҷаб шамъи ҷигарсӯзе, ки он ҷамъ
Ба сӯзи ишқ буданд зинда чун шамъ.
Ҳикоят ҳар яке бо ёр кардӣ,
Камоли ишқи худ изҳор кардӣ.
Яке гуфто: „Сари ман гӯи* худ соз,
Ки сар дарбозаму гардам сарафроз".
Яке гуфто: „Ишорат кун ба ҷонам,
Ки дар пои сагонат дур фишонам".
Дар ин буданд, к-аз ҷо ҷаст шере,
Чу шери чарх дар куштан далере.
Чу оташ дар наистон тез гашта,
Ба сони шӯъла оташрез гашта.
Ба ранги қаҳрабо худро намуда,
Вале чун коҳ мардумро рабуда.
Думаш дар пушт ҳамчун аждари кӯҳ,
Ки кардаст аз камар азми сари кӯҳ.
Равон чун зӯр бар сарпанҷа карда,
Кафаш гови заминро* ранҷа карда.
Дар он соат, ки шер аз ҷой барҷаст,
Ҷавоне ҳамла зад, бар пой барҷаст.
Дигарҳо як ба як бар пой ҷастанд,
Вале баҳри гурез аз ҷой ҷастанд.
Чу шамшери шуҷоатро алам кард,
Ба як теғ устухонашро қалам кард.
Чунон осон ҷудо кард аз миёнаш,
Ки пиндорӣ ҷудо буд устухонаш.
Зи ғайрат он ҷавон ҳам теғ бардошт,
В-аз он мардум якеро зинда нагзошт.
Рухаш чун гул, дилаш чун ғунча бишкуфт,
Ба бозӣ мухлиси* ҷонбозро гуфт,
Ки: „Чун аҳди ту аҳди устуворест,
Фидоят сохтам ҳар чо, ки ёрест"...(2)
ДАР БАЁНИ УЛУВВИ* ҲИММАТ
Биё, эй сустҳиммат, ин чӣ сустист?
Тариқи раҳравон гармию чустист.
Ҳарифон боли ҳиммат боз карданд,
Бар авҷи нӯҳ фалак парвоз карданд.
Ту аз сустӣ ба сад хорӣ фитодӣ,
Ба рӯи худ дари зорӣ кушодӣ.
Зи ҳиммат сарваронро бол доданд,
Саодатмандию иқбол доданд...(1)
Зи ҳиммат бар сари шерон равад мӯр*,
Зи ҳиммат нӯш* гардад неши занбӯр.
Зи ҳиммат Зӯҳра бар гардун баромад,
Зи ҳиммат қатра дар Ҷайҳун* баромад.
Ту ҳам як қатраи обӣ зи оғоз,
Дар охир зарраи хоке шавӣ боз.
Расид ин зарра дар хуршеди воло*,
Гузашт он қатра аз луълӯи лоло*.
Чу зарра маҳв шав дар нури хуршед,
Чу қатра ғутта хӯр дар баҳри ҷовид...(1)
Дар аввал дона зери гил даромад,
Чу ҳиммат дошт, охир бар* саромад.
Зи ҳиммат қаҳраборо ҷазбае* ҳаст,
Ки каҳро мекашад бе ҷунбиши даст.
Гӯй — ҳаппак, тӯпи бозии гӯю чавгон, ки бо чавгон (чуби саркаҷ) онро зада мегиранд.
Гови замин — гове, ки гӯё дар зери замин аст. Аз рӯи афсона замин дар шохи гове истодааст ва гов дар болои моҳие қарор гирифтааст. Шоир гуфтан мехоҳад: чанголи шер чунон тез буд, ки аз замин гузашта, ба пушти гови зери замин расидааст ва онро озурда кардааст.
Мухлис — ихлосманд, дӯст.
Улуве — баландӣ; улувви ҳиммат—баландии ҳиммаг.
Мӯр — мӯрча.
Нуш — асал.
Чайҳун — дарёи Аму.
Воло — баланд, олй.
Лӯълӯи лоло — марвориди тоза ва соф.
Бар — бор, махсул, мева.
Ҷазба-—қувваи ҷозиба, кашиш
ҲИКОЯТИ ҲИММАТИ ФАРҲОД
Сухандонони ин ширин ҳикоят
Чунин карданд аз Ширин ривоят,
Ки рӯзе дар такаллум* пеши Фарҳод
Лаби Ширин ба шаккар ханда букшод,
Ки: „Ман ширину Ширин аст номам,
Зи шири ноб ширин аст комам.
Такаллум — гуфтугӯ, сухангуй.
Лабамро ҳаст шир аз шаҳд* хуштар,
Ки бо ҳам хуштар ояд ширу шаккар.
Чу тифлон* баски завқи шир дорам,
Зи тифлӣ то ба акнун ширхорам.
Мазоқи шир бо табъам сириштанд,
Аз он номи маро Ширин навиштанд.
Маро акнун ҳазорон гӯсфанд аст,
Дар ин кӯҳе, ки чун гардун* баланд аст.
Аз ин ҷо то ба он ҷо раҳ ду фарсанг*,
Чунон ҷӯе бибояд кандан аз санг,
Ки ҳар кас ҳар гаҳ он ҷо шир дӯшад,
Лаби ширинам ин ҷо сер нӯшад".
Чу бишнид ин сухан Фарҳод, барҷаст,
Ба соии кӯҳ дар хидмат камар баст.
Чу бар кӯҳ озмудӣ теша бар санг,
Замин ларзон шудӣ фарсанг-фарсанг.
Зи захми тешааш санге, ки ҷастӣ,
Малакро* бар фалак* шаҳпар* шикастӣ,
Чунон оташ фӯрӯ ҷастӣ зи теша,
Ки аз кӯҳ оташе афшондӣ беша.
Ҳамоно з-оташи ин кӯҳи андӯҳ
Саросар сангу оташ буд он кӯҳ.
Забони теша чун оташ фишондӣ,
Ба ҳасрат бо забони хеш рондӣ,
Ки: „Ман чун теша оташ карда манзил,
Вале ӯро забон сӯзад, маро дил,
Ҳар он оташ, ки ӯро бар забон аст,
Маро бо кӯҳ дар дил беш аз он аст.
Диламро худ чунин бояд забоне
Ки сӯзишро кунад равшан равоне".1
Сабук санги гарон меканду мерафт,
Миёни кӯҳ ҷон меканду мерафт.
Чунон ҷӯе ба рӯи санг пардохт,
Ки дар рӯи замин мушкил тавон сохт.
Дар он чун қатраи шире расидӣ,
Равон то манзили Ширин давидӣ.
Мураттаб сохт он ҷо ҳавзи дигар,
Шуда он ҷӯи шир аз ҳавзи кавсар*.
Чу Ширин дид санъатҳои Фарҳод,
Забон бикшоду гуфто: „Офарин бод*
Чӣ ҷои ҳавзи шир аст ин, ки кандӣ,
Ба ширинӣ аҷаб тарҳе фигандӣ".
Ситоиш* кард, баҳри музди кораш
Зи гӯш овард берун гӯшвораш,
Ки яъне: „Ҳастам аз ҷон ҳалқадаргӯш,
Зи гӯшам ҳалқаро бистону бифурӯш".
Бигуфт: „Эй ҳалқаи ҳикмат ба гӯшам,
Ба сад ҷон гар харандаш, кайфӯрӯшам?
Маро ин ҳалқа шуд тавқи* иродат,
Шудам сарҳалқаи* аҳли саодат".
Аз он з-аҳли саодат гашт Фарҳод,
Ки ҳиммат баст, ҷӯи шир бикшод,
Зи ҳиммат санги хоро гар накандӣ,
Назар бар лаъли Ширин кай фигандӣ?
Ба ҳиммат кӯҳро аз пеш бардошт,
Аҷаб санге зи роҳи хеш бардошт...
БОБИ ҲАШТУМ
БАЁНИ БАДИИ ЗОЛИМ ВА НЕКӮИИ ЭҲСОНУ АДЛ
Ситамгоро, ба эҳсон хӯ накардӣ,
Ҳама бад кардию некӯ накардӣ.
Ҷафокорӣ макун, аз мӯҳсинин* бош,
Чунон то чанд бошӣ, инчунин бош.
Чу бинӣ тирабахтеро сияҳрӯз,
Шабашро ҳамчу қурси* маҳ барафрӯз!
Шаҳд — асал. Тифл — кӯдак. Гардун— осмон.
Фарсанг — андозаи роҳ аст, ки тахминаи ҳашт километр мебошад.
Малак — фаришта.
Фалак — осмон.
Шаҳпар — болу пар, қанат.
Ҳ,авзи кавсар — ҳавзи афсонавиест, ки гуё дар ҷаннат аст.
Сатоиш — таърифу тавсиф.
Таёқ — ҳалқаи гардан, чамбаре, ки ба гардан овехта шавад; таёқи иродат—рамзи ироданокӣ, нишонаи фармонбардорӣ.
Сарҳалқа — болонишин, сардор, сарвар.
Мӯҳсинин — мӯҳсинҳо, некӯкорон, соҳибони лутфу карам.
Қурс — лунда, давра.
Ба об аз ташнагӣ бинмо наҷоташ,
Ки бошад оби ту оби ҳаёташ,
Ба сармо чун шавад аз хеш навмед,
Бипӯшӣ хилъати* гарме чу хуршед.
Ба гармо чун наёбад дояи худ,
Дилаш осуда кун дар сояи худ.
Ба инсон боз гардад сайри эҳсон,
Ки эҳсонро нашояд ғайри инсон.
Гул аз лутфе, ки дорад навбаҳорон,
Кунад ҷо бар сари насринъузорон,
Хасу хоре, ки оташ барфурӯзад,
Чу хезад шӯъла, аввал худ бисӯзад.
Мазан раҳ, то бурун аз раҳ наяфтӣ,
Макан чаҳ, то даруни чаҳ наяфтӣ.
Сагеро гар биёзорӣ ба бедод,*
Зи дурат бинаду ояд ба фарёд.
В-ар аз эҳсон намоӣ тарки озор,
Барад доманкашонат ҷониби ёр.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё