Зеҳн

Бадриддин Ҳилолӣ - Мероси адабӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 18 дақиқа хондан

Мероси адабии Ҳилолӣ

Бадриддин Ҳилолӣ, асосан, дар байни хосу ом ҳамчун шоири ғазалсаро машҳур гардидааст. Дар ин бора худи адиб чунин мегӯяд: Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст, Шукри борӣ, ки назми ман ғазал аст. Он, ки назми ғазал тавонад гуфт, Маснавиро чу дур тавонад суфт! Аз ин рӯ, қисмати зиёди девони Ҳилолиро, ки соли 1521 бевосита худаш тартиб додааст, ғазал ташкил медиҳад. Девони ӯ қариб аз 360 ғазал, 32 рубоӣ, 8 қитъа, чистони «Шамъу фонус» ва дигар жанрҳои хурди лирикӣ иборат аст, ки миқдори он ба 2700 байт мерасад. Мавзӯи қитъа ва рубоиёти шоир мухталиф буда, дар онҳо ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии адиб инъикос ёфтаанд. Масалан, дар рубоии зер Ҳилолӣ таъкид мекунад, ки дар ин рӯзгор инсони беғам вуҷуд надорад. Таҷрибаи ҳаёт, рӯзгори одамони ҷамъият адибро ба чунин хулоса овардааст. Ҳилолӣ дид ва мушоҳида намуд, ки истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ хору забунанд. Шиками сер ва тани пӯшидаро ҳаргиз намедиданд.

Илова бар ин, адиб гӯшзад мекунад, ки ашхоси табақаи боло ҳам ба дарду ғаме гирифторанд. Дар ҳақиқат, сухани Ҳилолӣ аз воқеияти зиндагии ин-сонҳои ҷомеа манша гирифтааст: Дар олами бевафо касе хуррам нест, Шодию нишот дар банӣ одам нест. Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест, Ё одам нест, ё аз ин олам нест. Дар қитъаоти шоир нуқсонҳои ҷомеа фош гардида, шикоят аз зулм, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайра баланд садо медиҳанд. Қаҳрамони лирикӣ, яъне худи шоир намояндаи халқи ҷабрдида ва азобу кулфаткашида аст. Аз ин рӯ, шикояту эътироз, дарду алами ӯ аз номи фақирону мазлумон аст: Оҳ аз ин рӯзгори баргашта, Ки зи ман лаҳза-лаҳза баргардад! Гар фалакро ба коми худ хоҳам, Ӯ ба коми каси дигар гардад. Табиист, ки хунрезиҳо, зулму истисмори табақаи боло сабаби қашшоқии омма мегардид. Аҳвол бад буд, боз бадтар мешуд.

Барои ҳамин дар анҷоми қитъа шоир аз он шукр мекунад, ки дар оянда аҳвол аз ин ҳам бадтар нашавад: Лек бо ин хушам, ки толеи ман, Натавонад ки аз ин батар гардад. Ҳилолӣ дар солҳои охири ҳаёташ се достон эҷод кардааст, ки ин сабаб дорад. Боре дар як анҷумани шоирон сухан аз Ҳилолӣ рафт. Аксарияти устодони сухан шеъри ӯро таъриф карданд ва дар эҷоди жанрҳои хурди лирикӣ, махсусан, ғазалсароӣ бебадал будани шоирро ёдовар шуданд. Дар байни онҳо адибе буд, ки танҳо маснавӣ ё достон мегуфт. Ҳамин шахс Ҳилолиро мазаммат намуда мегӯяд, ки ӯ фақат ғазал мегӯяд. Дар достон гуфтан дасткӯтоҳ аст. Зеро, ба ақидаи ӯ, маснавӣ эҷод кардан кори душвор аст. Пас аз ин Ҳилолӣ ба навиштани достон шурӯъ мекунад. Дар ин бора Ҳилолӣ чунин мегӯяд: Буд шахсе ба маснавӣ машҳур, Дар фунуни сухан ба худ мағрур.

Гуфт:

«Оре, агарчи бебадал аст,
Шеваи шеъри ӯ ҳамин ғазал аст,
Нест ӯро зи маснавӣ хабаре,
Дар раҳи мо зи пайравӣ асаре»
Бетааммул аз он миён ҷастам,
Ба тааммул миёни худ бастам.
Бозуи фикрро қавӣ кардам,
Рӯй дар фикри маснавӣ кардам.
Ҳилолӣ дар қисмати охири достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар бораи се маснавияш чунин мегӯяд: Аввал сухане, ки гуфт аз ин пеш. Афсонаи Шоҳ буду Дарвеш. Зебо гуҳаре зи баъди он суфт, Назме зи сифоти ошиқон гуфт. Гуфт аз пайи он китоби мавзун, Афсонаи ҷонгудози Маҷнун. «Шоҳу Дарвеш».

Маснавӣ аз 1444 байт ва 28 боб иборат аст. Се боби аввал чун анъана ба худою расул, ситоиши онҳо бахшида шудаанд. Боби 4-ум дар таърифи сухан ва боби 5-ум дар сабаби назми китобанд. Пас аз ин мавзӯи асосии асар шурӯъ мегардад. Мавзӯи асосии «Шоҳу Дарвеш» ирфонӣ буда, сухан аз ишқу муҳаббати шоҳ бо дарвеше меравад. Аз ҷиҳати идея маснавӣ қимати баланд надорад. Ҳанӯз ҳамзамононаш, аз ҷумла Бобур Мирзо маснавиро танқид карда, қайд карда буд, ки ишқу муҳаббат бояд дар байни марду зан шавад на мард бо мард (Шоҳ ва Гадо). Аммо бояд гуфт, ки маснавӣ аз лиҳози зебоӣ, содагӣ, равонӣ, истифодаи таъбир, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, умуман, санъати суханварӣ хеле хуб иншо шудааст. Шоир баъзан дар руҷӯъҳои лирикиаш сифлагон, муддаиён, золимонро, ки ба халқ ҷабру ситам мекунанд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Барои намуна ба порчаи зер диққат кунед: Шаҳро сангдил рақибе буд, Ки зи инсоф бенасибе буд...

Баҳри озори халқ дар мушташ Шакли каждум гирифта ангушташ. Ҳар кӣ сарпанҷае чунин дорад, Мушти каждум дар остин дорад. Бо вучуди ҳама ситезаю қаҳр, Мири бозор буду шаҳнаи шаҳр. «Сифотулошиқин». Маснавӣ аз 1200 байт иборат буда, дар мавзӯи панду ахлоқ суруда шудааст. Асарҳои ахлоқии Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Саъдии Шерозӣ ба адиб илҳом бахшидаанд. Ба ҳамин маънӣ Ҳилолӣ ишорат карда мегӯяд: Навиштам номае дар некномӣ, Ки Хусрав офарин карду Низомӣ. Калиди «Махзануласрор» бо ӯст. Фурӯғи «Матлауланвор» бо ӯст, «Гулистон»-ест дар вай «Бӯстон»-ҳо, Дар авроқаш ҳазорон достонҳо. Маснавии Ҳилолӣ мисли асарҳои Низомию Амир Хусрав сюжети ягона надорад. Асар аз 20 боб иборат аст. Ҳар боб мустақил буда, ба мавзӯи алоҳидае бахшида шудааст. Мавзӯи умумии асар таърифу тавсифи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, шоир дар баробари ситоиши хислатҳои нек рафтори бади одамонро накӯҳиш мекунад.

Як ҷиҳати муҳими маснавӣ боз дар он аст, ки Ҳилолӣ мувофиқи мазмуни боб ҳикояҳои тамсилӣ ва ахлоқӣ меорад ва ба ин восита фикрҳои худро қувват медиҳад. Махсусан, бобҳое, ки доир ба масъалаҳои сидқу вафо, саховату ҷавонмардӣ, сабр, қаноат, одоб, ҳаё, адолатхоҳӣ, ҳимматбаландӣ бахшида шудаанд, қимату арзиши баланд доранд ва имрӯз ҳам аҳамияти тарбиявии худро гум накардаанд. Масалан, шоир дар боби II таъкид мекунад, ки инсон бояд ростқавл, поквиҷдон ва ростгӯ бошад. Суханеро, ки ба забон меорад, бояд онро дар амал иҷро кунад. Яъне қавлу амалаш як бошад: Ҳамеша росткорон растагоранд, Ки ғайр аз ростӣ коре надоранд. Сафо меборад аз мардони содиқ, Ки қавлу феълашон омад мувофиқ. Боби IV, ки «Дар хулқи хуш» ном дорад, ба муқобили одобу ахлоқи пасти ҷавонони рӯзгори шоир равона карда шудааст. Шоир ҷавононеро, ки намуди зебо, сару либоси пурдабдаба доранд, вале одобу ахлоқашон ношоиста ва разилона аст, сахт мазаммат мекунад. Барои инсон, ба ақидаи шоир, зебоии ботинӣ муҳим аст.

Агар ӯ бадхӯ, мутакаббир ва дилозор бошад, караму саховаташ суде надорад: Ҷавоно, чанд бадхӯӣ тавон кард, Зи хӯи бад ҷафоҷӯӣ тавон кард? Ту инсонӣ, тариқи деву дад чист? Ба он рӯи накӯ ин хӯи бад чист? Накӯхӯ аз дари роҳат дарояд, Чу гул ҳар ҷо ки бошад, хуш барояд. Карам бар халқ ҷуз сарфи дирам нест, Дирам аз дасти бадхӯён карам нест. Чӣ суд аз шакл, агар хӯе надорӣ, Чӣ ҳосил ранг, агар бӯе надорӣ. Ҳилолӣ дар боби IV дар бораи далерӣ, фидокорӣ, ватандӯстӣ панду андарзҳои судбахше дорад. Ӯ ҷавононро даъват менамояд, ки дар роҳи саодати халқ, ободию ягонагии мамлакат ҳамеша тайёр бошанд.

Ба душманони Ватан зарбаҳои ҷонкоҳе задан ва қаҳрамонию фидокорӣ нишон додан вазифаи муқаддаси ҳар як ватандӯст аст: Биё, эй бедили аз кор монда, Зи бим андар паси девор монда. Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст, Агар рӯбоҳ далер афтод, шер аст. Раҳи саҳрои расвоӣ гурез аст, Калиди мамлакат шамшери тез аст. Сари душман, равон аз тан ҷудо кун, Вагарна рав сари худро фидо кун. Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ, Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ! Суханони боло ба замони Ҳилолӣ вобастагии қавӣ до-ранд.

Дар рӯзгори адиб Мовароуннаҳру Хуросон саҳнаи ҷангҳои шадид, кушторҳои зиёд гардиданд. Муҳаммад Шайбонӣ ва ворисони ӯ, шоҳи Эрон Исмоили Сафавӣ Хуросонро ба хун оғӯшта намуда, беҳтарин фарзандони содиқи ватанро ба қатл расониданд. Худи вай ҳам аз дасти Убайдуллохон кушта шуд. Бинобар ин, шоир оқибати фоҷиавии ин тохтутозҳоро ҳис карда, ба воситаи сухан ҳамватанонашро ба далерию қаҳрамонӣ, ба ҳимояи ватан даъват намудааст. Махсусан, байти зер шоҳиди фикри болост. Сари душман равон аз тан ҷудо кун, Вагарна рав сари худро фидо кун! Достони охирини Ҳилолӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» аст, ки шоир онро дар пайравии достонҳои ҳамноми Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ иншо намудааст. Дар бораи достони мазкур дар поёнтар алоҳида таваққуф хоҳем намуд.

Мавзӯъ ва мундариҷаи идеявии ғазалиёти шоир

Ғазал дар асрҳои XV-XVI яке аз жанрҳои маъмултарини адабиёти бадеӣ ба шумор мерафт. Аксарияти адибони ин давр ғазал эҷод карданд. Саромадони ин жанр Ҷомӣ, Биноӣ ва Ҳилолӣ буданд. Бадриддин Ҳилолӣ дар сурудани ғазал, асосан, пайрави Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавист: Ҳилолӣ аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ, Ки сӯзи Хусравасту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ. Ғазалҳои шоир бо салосат, равонию содагӣ ва хушоҳангӣ аз дигар адибони ҳамзамонаш фарқ мекунанд. Аз ҷиҳати мазмун ва сохти композитсионӣ нисбат ба давраҳои гузашта дар байни онҳо фарқе дида намешавад. Аксарияти ғазалҳои шоир аз 6-7 байт иборатанд.

Махсусан, матлаъ ва мақтаи ғазалҳои адиб бо камоли маҳорат иншо шудаанд. Ҳилолӣ ҳанӯз дар 15-солагиаш ғазали «Аз по фиканд»-ро эҷод кардааст. Ин ғазал дар байни аҳли қалам шӯҳрат ёфт. Алишер Навоӣ барои ҳамин ғазал Ҳилолиро дар тазкираи худ «Маҷолисуннафоис» таъриф намуда, боварӣ дорад, ки навқалам-Ҳилолӣ ояндаи дурахшон дорад. Инак он ғазал: Чунон аз по фиканд имрӯзам он рафтору қомат ҳам, Ки фардо барнахезам, балки фардои қиёмат ҳам. Рақибонро аз он лаб оби Хизр асту дами Исо, Маро пайваста оҳи ҳасрату ашки надомат ҳам. Агар ман мурдам аз санги маломат бар сари кӯяш, Сагони кӯи ӯро зинда мехоҳам, саломат ҳам.

Саломат бош, эй носеҳ, маломат кун Ҳилолиро, Ки дар роҳи саломат ҳастаму кӯи маломат ҳам. Мавзӯи ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ гуногун буда, ба масъалаҳои ҳаёту зиндагии инсон, ғаму андӯҳ, орзую омоли вай бахшида шудаанд. Дар бештари ғазалҳояш шоир ишқи пок, муҳаббату садоқати инсонро сурудааст. Ба ҳамин маънӣ шоир ишорат карда, дар ғазали зер худашро подшоҳи майдони ишқ мегӯяд: Кори ман аз ҷумлаи олам ҳамин ишқ асту бас, Оламе дорам, ки дар олам надорад ҳеҷ кас. Подшоҳи аҳли дардам бар сари майдони ишқ, Ман миёни фитнаю хайли бало аз пешу пас! Маҳбубаи шоир олиҳаи зебоест. Ӯро ситоиш мекунад. Бе ӯ зиндагӣ кайфиятеву лаззате надорад. Шоир дар тавсифи ҳусну малоҳати ёраш гӯё оҷизӣ мекашад. Адиб таъкид менамояд, ки ҷон аз ҳама чиз бароям азизтар аст, вале ту аз он ҳам хуштарӣ ва барои ман умри ҷовидон ҳастӣ. Метавонӣ ба ман ҳар гуна ҷабру ситам, номеҳрубонӣ намоӣ, вале ман аз ин кору рафтори ту озурдаю маҳзун намегардам; туро меҳрубон мегӯям, дар васфат достон эҷод мекунам: Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро, Хоҳам аз ҷон хуштаре бошад, ки он гӯям туро. Ман чӣ гӯям, ки он чунон бошад, ки ҳадди ҳусни туст, Ҳам ту худ фармо, ки чунӣ, то чунон гӯям туро.

Ҷони ман, бо он ки хос аз баҳри рафтан омадӣ, Соате биншин, ки умри ҷовидон гӯям туро. То рақибонро набинам хушдил аз ғамҳои хеш, Аз ту бинам ҷабру бо худ меҳрубон гӯям туро! Баски мехоҳам, ки бошам бо ту дар гуфтушунид, Як сухан гар бишнавам, сад достон гӯям туро. Хуштар аз меҳр аст ҳар ҷавре, ки бо ман мекунӣ, Моҳи ман хуш нест, гар номеҳрубон гӯям туро. Ҳилолӣ дар ғазали «Ошиқи зори кистӣ?» худашро ба нодонӣ зада, маҳбубаашро шоирона тавсиф мекунад. Ӯ ҳангоми тавсифаш аз санъати таҷоҳули ориф моҳирона истифода кардааст, яъне худро ба нодонӣ зада, сифатҳои баркамоли маъшуқаро ёдовар мешавад, ки ин тарзи адо хусусияти хоси ин санъат аст. Шоир олиҳаашро ба тозабаҳор, моҳи нав, шоҳи ҳусн, сарви чаман монанд карда, ӯро аз онҳо болотар мегузорад ва таъкид мекунад, ки бо ин ҳама зебоию раъноӣ аз они кӣ бошӣ? Эй зи баҳор тозатар, тозабаҳори кистӣ?

Ваҳ чӣ нигори турфаӣ, турфанигори кистӣ? Ҳаст рухи ту моҳи нав, кавкаби туст шоҳи ҳусн, Моҳи кадом кишварӣ, шоҳи диёри кистӣ? Лолаву сарви ин чаман мунфаиланд пеши ту, Сарви кадом гулшанӣ, лолаузори кистӣ? Ғазалҳои ишқии шоирро бо як шӯру ҳаяҷон хонда, кас ба хубӣ эҳсос мекунад, ки ишқи шоир реалӣ, заминӣ, воқеӣ аст. Яъне духтари мавзунқомат, дилкашу моҳталъатест, ки дар назди қаҳрамони лирикӣ буда, зиндагии ӯро зеботар мегардонад. Аммо баъзан ёр истиғно, бевафоӣ мекунад, шоир аз ин ғамгину озурда мегардад, ба ҷустуҷӯи ёр мебарояд: Рӯзи наврӯз асту сарви гулъузори ман куҷост? Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанду ёри ман куҷост? Гашта мардум ҳар яке имрӯз сайди чобуке, Чобуки сайдафкани мардумшикори ман куҷост? Нест як соат қарор ин ҷони нооромро, Ё раб, он ороми ҷони беқарори ман куҷост? Вале боз шоир шукр мекунад, зеро ӯ ошиқ асту гаму дарди ишқ дорад: Дармони мо маҷӯй, Ҳилолӣ, ки дарди ишқ, Хос аз барои ҷону тани дардноки мост. Бояд гуфт, ки шоир дар ин қабил ғазалҳо танҳо маъшуқа, дилдодаашро васф накардааст. Илова бар ин адиб зан-модарро, ки ӯ ҳам зебо ҳасту зиндагиро файзбахш, нишотангез мегардонад, ситоиш намудааст. Чизи зебо, сухани зебо, шахси зебо ва махсусан, зану духтари зебо ба кас илҳом мебахшад, ҳаётро пуртароват ва пурнишот мегардонад. Тавре ки равшан аст, шоир зан дошт ва соҳиби фарзанд ҳам буд. Умрашон ба ҷое расида, вале муҳаббати байнашон пойдор мисли чашмаҳо софу беолоиш мондааст. Зеро муҳаббати ҳақиқӣ ҷовидонист. Ба ин восита шоир гӯшзад мекунад, ки инсон ба қадри зебоӣ бояд бирасад. Онро монанди гавҳараки чашм азиз нигоҳ дорад. Дар ғазали «Магар ҷонӣ?» шоир зебоиҳои инсон – занро бо як ҳиссиёти баланди шоирона тасвир мекунад: Саҳаргоҳон, ки чун хуршед аз манзил бурун оӣ, Ба рухсори ҷаҳонафруз оламро биороӣ. Ба раъноӣ беҳ аз сарвӣ, ба зебоӣ фузун аз гул, Таолаллаҳ, чӣ лутф аст ин ба зебоию раъноӣ. Маро гӯӣ, ки ҷон бигзору фармой, ки дил хун кун, Ба ҷону дил мутеам, ҳар чӣ гӯи, ҳар чӣ фармоӣ. Магар ҷонӣ, ки ҳар ҷо омадӣ, ногаҳ бурун рафтӣ? Магар умрӣ, ки ҳар ҷо меравӣ, дигар намеоӣ? Чй хуш бошад, ки аввал бар ман афтад гӯшаи чашмат, Саҳар чун наргиси зебо зи хоби ноз бикшоӣ. Ғайр аз ин дар ғазалиёти Ҳилолӣ мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ахлоқву тарбиявӣ низ ба чашм мерасанд. Шоир дар як ғазалаш ишорат кардааст, ки ҷомеаи онрӯза «олами харобобод» аст ва хуб мешавад, ки касе пайдо шавад ва он асоси зулму ситамро барканда, ҷамъияте барпо кунад, ки дар он адлу инсоф бошад. Яъне ӯ тарафдори шоҳи одилу халқпарвар аст: Хушо касе, ки дар ин олами харобобод, Асоси зулм фиканду бинои дод ниҳод! Тавонгаре, ки дари хайр бар фақирон баст, Даре зи олами боло бар рӯи он накушод. Касе, ки ёфт бар аҳволи зердастон даст, Ба зулм агар наситонад, худош хайр диҳод. Дар ин шеър, махсусан, дар байти охир, фикри нек-андешонаи адиб нисбат ба бечорагон, зердастон хеле баланд садо медиҳад. Илова бар ин, шоир аҳли ҷамъиятро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ба якдигар дар ҳар маврид мададгору рӯҳбардор будан даъват менамояд. Зеро дар он рӯзгор ҳурмату эҳтироми якдигар кам гардида буд. Шоир ин вазъиятро дуруст мушоҳида карда, дӯстии байни одамонро орзу кардааст: Бархез, то ниҳем сари худро ба пои дӯст, Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст. Ҳошо, ки ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман, Дидан наметавон дигареро ба ҷои дӯст. Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад, ҷои миннат аст, Зеро ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафои дӯст. Барои ҳамин шоир ба хулосае меояд, ки бе ёру дӯсти ҳақиқӣ зиндагӣ кардан, ҳаёти хушбахтона гузаронидан муҳол аст. Ҳаёт бе ёру дӯсти ғамхор кайфияте, мақсаде надорад: Бе ёр ба олам натавон буд. Ҳилолӣ, Олам ба чӣ кор ояд, агар ёр набошад. Умуман, Ҳилолӣ дар ғазалиёташ андешаю афкори умум, яъне одамони табақаҳои поёнии ҷамъияти онрӯзаро инъикос намудааст. Дарди дил, ғаму андӯҳи шоир дарди дармондагон аст.

Баъзе хусусиятҳои бадеии ғазалиёти Ҳилолӣ.

Пеш аз ҳама ғазалиёти Ҳилолӣ бо содагию равонӣ ва нафосату салосату назокати худ фарқ мекунад. Кор фармудани санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ, истифодаи таъбир, зар-булмасалу мақолҳои халқӣ ғазалҳои ӯро пурмӯҳтаво, ҷозибадор ва таъсирнок гардондаанд. Намунаҳои дар боло овардашуда чи аз ҷиҳати сабку услуби баён ва чи аз ҷиҳати мазмуну ғоя дар пояи баланд меистанд. Шоир дар ғазалиёташ, махсусан, аз санъати талмеҳ, таҷнис, муболига, ташбеҳ, киноя, истиора, тавсиф бо камоли устодӣ истифода бурдааст. Барои мисол порчаи зерро гирем: Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед! Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед! Нест андӯҳи маро бо дарди Маҷнун нисбате, Мешавам девона, гар нисбат ба Маҷнунам кунед. Лолагун шуд хирқаи садчокам аз хуноби ашк, Шарҳи ин сурат ба шӯхӣ ҷомагулгунам кунед. Шаҳсавори ман ба саҳро рафтаву ман мондаам, Аз он гуноҳ аз шаҳр мехоҳам, ки берунам кунед. Ҳилолӣ дар байти поён калимаи фардоро се бор такрор карда бошад ҳам, басо бамавқеъанд. Санъати такрор байтро пуробуранг, дилкашу пурҷозиба ва мазмуну шаклро ҳамоҳанг гардондааст: Ҳар шабе гӯям, ки фардо тарки ин савдо кунам, Боз чун фардо шавад, имрӯзро фардо кунам. Санъати тазоду муқобала ба ғазалиёти шоир таровати махсус бахшидаанд. Дар байти зер дар мисраи дуюм санъати тазод хеле хуб қаламдод шудааст. Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам, Ҳарчанд кунӣ зинда. дигар бор бимирам. Дар байти зер шоир аз санъати ташбеҳ («чу парӣ», «мани девона») ва тазод («дида надида») устокорона истифода бурдааст: Эй ҳамчу парӣ аз мани девона рамида, Сад бор маро дидаву гӯё, ки надида. Ҳилолӣ ғазали «Ба чашм»-ро дар пайравии ғазали Камоли Хуҷандӣ эҷод кардааст. Аз муқоисаи ин ду ғазал равшан мегардад, ки Ҳилолӣ ба ғазали Камол ҷавоби муносиб гуфтааст. Дар мавзӯъ, вазн, қофия ва радиф дар байни онҳо ҳамоҳангӣ ба хубӣ мушоҳида мешавад. Ғазали Ҳилолӣ собит менамояд, ки ӯ аз ӯҳдаи ҷавоб гуфтан ба хубӣ баромада тавонистааст. Асоси ғазалро санъатҳои саволу ҷавоб ва таҷнис ташкил медиҳанд. Ибораи «Ба чашм» ба ду маъно омадааст. Аввалан, ба маънои қабул ва, дуюм, ба маънои аслиаш.

Камол: Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пӯшон назар».

Гуфтам: «Ба чашм!» «В-он гаҳе дуздида бар мо менигар».

Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт:
«Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар»,

Гуфтам: «Ба чашм!» Ҳилолӣ:
Ёр гуфт:

«Аз мо макун қатъи назар».

Гуфтам:«Ба чашм!»

Гуфт: «Қатъан ҳам мабин сӯи дигар».

Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт:

«Агар бо мо сухан дорӣ ба чашми дил бигӯ,
То нагардад гӯши мардумро хабар».

Гуфтам:«Ба чашм!»

Ҳилолӣ зарбулмасал ва мақолҳоро, ки имрӯз ҳам дар байни халқ маъмуланд, гоҳ айнан ва гоҳе мазмунан истифода бурдааст. Масалан, имрӯз ҳам дар байни халқ зарбулмасалу мақолҳои «Кори имрӯзаро ба фардо на-гузор», «Ҷӯянда – ёбанда», «Дасти ману домони ту», «То дам аст, ғам аст» ва ғайра машҳуранд. Зарбулмасалу мақолҳои халкиро Ҳилолӣ ба ин тарз истифода бурдааст: Рӯзи васл аст ҳам имрӯз, фидои ту шавам! Кори имрӯз нашояд, ки ба фардо афтад.

Касон гӯянд: «Ҳар ҷӯяндае ёбандае бошад».
Туро меҷӯяму ҳаргиз намеёбам, чӣ ҳол аст ин!?

Дар ин дунё касе бе ғам набошад,
Агар бошад, банӣ одам набошад.

Домани худро бикаш имрӯз аз дасти рақиб,
Варна чун фардо шавад, дасти ману домони ту.

Дар ғазалиёти шоир табиати зебо бо тамоми рангорангию ҳашаматаш пеши назар чилвагар мешавад. Махсусан, баҳори нозанин, шукуфтани гулҳо, нағмасароии парандагон дар дашту ҳомун, боғу бӯстонҳо чунон тасвир шудаанд, ки ба кас ҳаловат ва завқи эстетикӣ мебахшанд. Чунин ғазалҳо ба инсон рӯҳи тоза, мадори беандоза бахшида, онҳоро ба муҳаббату меҳнати садоқатмандона ҳидоят мекунанд. Тасвири табиат ҳам ба кору зиндагии одамон, муҳаббати поку беолоиши инсон пайванди ногусастанӣ дорад.

Онҳо бо ҳам омезиш ёфтаанд, якдигарро тақвият медиҳанд. Масалан, дар ғазали «Ту бошию ман» ин матлаб хеле зебо ифода ёфтааст. Қахрамони лирикӣ орзу дорад, ки дар замин, дар чаман, дар назди гулу ёсуман, дар Рум ё Чин, хулоса дар куҷое, ки бошад, бо ҳам бошем, аз дидору ҷамоли якдигар бенасиб нагардем: Хуш он, ки дар ҳама рӯи замин ту бошию ман. Ба ҷуз ману ту набошад, ҳамин ту бошию ман. Баҳор мерасад, оё бувад, ки дар чамане, Нишаста пои гулу ёсуман ту бошию ман. Махон ба ҷилвагаҳи нози худ рақибонро! Ҳамин бас аст, ки эй нозанин, ту бошию ман. Хуш аст ҳамсафарӣ бо ту, хоса он вакте Ки гар ба Рум равам ё ба Чин, ту бошию ман. Баҳор омаду гашт ин ҳавас зи шавқ маро. Ки бар канори гулу ёсуман ту бошию ман.

Пас аз марги шоир шӯҳрати ғазалҳои намакину рангинаш ба ҳар диёр паҳн мешаванд, зеро хусусияти хушоҳангию мавзунияти онҳо бисёр баланданд. Ин аст, ки дар ҳар як мафҳил, базму сур аз забони ҳофизони хушхон ғазалҳои шоир садои фораму дилкаш дода, ба дилҳо дармон мебахшанд. Ва аксарияти ғазалҳои Ҳилолӣ ба асари класикии мусиқии тоҷик «Шашмақом» дохил шудаанд ва имрӯз ҳам дар иҷрои ҳофизони шашмақомхон садо медиҳанд. Ҳофизони халқӣ дар маъракаю базмҳо ашъори пурнафосати Ҳилолиро бо лаҳну оҳанги халқӣ замзама мекунанд. Ҳамаи ин халқияти эҷодиёти Бадриддин Ҳилолиро пурра собит менамоянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2