Бадриддин Ҳилолӣ
Шарҳи ҳоли шоир
Барои мардуми Ҳирот шаби ҷумъаи соли 1529 як умр шаби бехосият хоҳад монд. Дору гир, доду фарёд, гиряю лобаи кӯдакону занон хомӯшии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва сарбозони Убайдуллохон хонаҳои мардумонро талаю тороҷ мекарданд, одамони «гарданкаш», «ёғӣ» ё шиимазҳабонро ба зиндону қозихона мебурданд. Чор сарбози Убайдуллохон ба назди дарвозае омаданд. Тақ-тақ карданд. – Кист? – Кушо, мо одамони хон! Марде дарвозаро кушод. – Хонаи кист?! – яке аз одамони хон пурсид. – Бадриддин Ҳилолӣ. – Хабар кун, биёяд! – Ман. – Ҳа, ту?! Шиаи хар! – Даҳон нигоҳ доред. Одоб ҷавҳари инсон. Аввал пурсиш баъд кушиш! -Бас сафсата, рафтем ба маҳкамаи қозӣ. Дар ҳамон ҷо фаҳмид. Чокарон ба забон кушодани шоир имконият надода, ӯро гирифта кашон-кашон ба маҳкамаи қозӣ оварданд. Қозихона дар ин ними шаб хеле серодам буд. Пас аз интизорӣ Ҳилолиро ба назди қозикалон Шамсиддини Қаҳтонӣ дароварданд. Чор нафар дар рӯи кӯрпачаҳои махмалин нишаста, тасбеҳ мегардонданд. Ҳилолӣ шарту русуми инсонӣ ба ҷо оварда салом дод. Аммо салом беҷавоб монд. Қозикалон ба ҳуҷум гузашт: – Шумо, шоир Ҳилолӣ? Чунин бандаҳои осӣ ба худ лақабҳои осмонӣ ҷуста меёбанд. Садқаи ҳилоли Худои Мутаол шавед! – Ман гуноҳе надорам ва сабаби ба марҳамати Шумоён расиданамро намедонам. – Намедонӣ! Ҳамаашро нағз медонӣ. Ҳоло ба ёдат меорем. Аввалан, дар як шеърат хони покдину маъдалатгустар, ҳомии шариати ислом Убайдуллохонро танқиду мазаммат кардаӣ. Магар ин гуноҳ нест? Сониян, аз рӯи кору рафторат шиамазҳаб ҳастӣ. Ба шиа буданат ин ҳомиёни дину диёнат гувоҳ ҳастанд ва шиа буданатро тасдиқ мекунанд. Мавлоно Бақоии Ланг ва Мавлоно Гулчеҳр, ки дар назди қозикалон ҳузур доштанд, аз ҷой бархеста суханони Мавлоно Шамсиддинро тасдиқ карданд. -Баред! Пагоҳ дар бозори Чорсӯ амри моро амалӣ кунед! Хуршеди оламтоб кайҳо аз паси қуллаҳои кӯҳ баромада, саховатмандона нурпошӣ мекард. Вале офтоби зиндагии шоир Ҳилолӣ рӯ ба ғуруб оварда буд. Шоири номуродро ясавулон кашон-кашон ба сӯи бозори Чорсӯи Ҳирот мебурданд. Як гурӯҳ мардуми авом ба ҳоли шоир гиря мекарданд ва баъзе ҳасудон, нотавонбинон ва рақибони шоир ба сари Ҳилолӣ санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда буд. Қатраҳои хун ба рӯи гандумгунаш таровида, риши мошубиринҷии шоирро лолагун мекарданд. Ӯ бо сари баланд пеш мерафт. Аз байни ҳасудону нотавонбинон дӯстон, хешу ақрабояшро меҷусту медид, ки онҳо гирён буданд. Шоир бо ишорат бо онҳо хайру хуш менамуд ва байти зерро бо дарду алам мехонд: Ин қатраи хун чист бар рӯи ту, Ҳилолӣ, Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯи ту давида. Ниҳоят Ҳилолиро ба бозорҷой оварданд. Дар назди ӯ ҷаллод Сайфулло шамшер дар даст меистод. Қатлгоҳ баландтар буд. Шоир издиҳомро хуб медид. Чанд дақиқа хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Сонӣ ба шоир иҷозат доданд, ки чанд сухан гӯяд: – Хешу табор, дӯстон, бо Шумо худоҳофизӣ мекунам. Онҳо дар қасди ҷони ман буданд. Имрӯз ба мақсад ме-расанд. Гуноҳе надорам, ҳасудон, нотавононбинон, амири бехирад душмани ҷони ман шуданд. – Кушед шоири бадмазҳабро! Бас лақидан. Ба Сайфулло фармон дод шахси масъули Убайдуллохон. Сайфулло фармонро ба ҷо овард. Дар бораи марги фоҷиавии Ҳилолӣ муаллифи тазкираи «Нештари ишқ» Ҳусайнқулихони Азимободӣ чунин мегӯяд: Ҳилолӣ, ки мисли маҳи чордаҳ буд, Ба чархи балоғат намоён ба олам. Чӣ гӯям ба ҳубби Алӣ бехато ӯ, Шуда қатл, афсӯс, аз ҳукми ҳакам. Аз ҳодисаи сахт, ҷонкоҳ ҳай-ҳай, Зи маҳ то ба моҳӣ бияфтода мотам, Ба таърихаш аз ишқи кас чу пурсид, Аз ӯ нӯҳсаду сию шаш сол гуфтам. Тавре ки маълум гашт, соли қатли Ҳилолӣ 936 ҳиҷрист, ки ин ба соли 1529 мелодӣ рост меояд. Падару бобои Ҳилолӣ дар шаҳри Астаробод зиндагии хоксоронае доштанд. Ҳилолӣ дар ҳамин ҷо тахминан соли 1475 ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ибтидоияшро дар Астаробод гузаронида, пас ба маркази илму адаб шаҳри Ҳирот меояд. Дар ин ҷо дар як муддати кӯтоҳ илмҳои калом, мусиқӣ, таърих, нуҷум ва ғайраро ба хубӣ аз худ мекунад. Чунон ки ҳамзамононаш қайд кардаанд, Ҳилолӣ ҳанӯз аз хурдӣ хушзеҳн буда, истеъдоди бузурги сухандонӣ доштааст. Аз ин ҷост, ки дар синни 15-16-солагӣ овозаи шеъри ӯ баланд мешавад ва ба сӯҳбати Ҷомию Навоӣ барин бузургони илму адаби замонаш шарафёб мегардад. Муаллифи «Таърихи хулосатулахбор» Муҳаммад Хондамир дар ин бора чунин мегӯяд: «Мавлоно Ҳилолӣ дар назми ғазал бебадал аст. Лекин дар ин айём забон аз гуфтори ашъор фурӯ баста ва аксар авқотро ба таҳсили улум сарф мекунад». Ҳилолии ҷавон абёти адибони бузурги гузаштаро аз бар намуд. «Хамсаҳои» Низомию Амир Хусрав ва достонҳои Абдураҳмони Ҷомиро ба тамом аз ёд медонист. Зиндагии шоир фақирона мегузашт. Бо вуҷуди таклифҳои зиёд дарборро ихтиёр накард ва ба хизмати ягон ҳоким ва амир миён набаст. Хушомадгӯиро бад медид ва ба ҳасудону шоирони маддоҳ нафрат дошт. Аз ин ҷост, ки онҳо шоирро чашми дидан надоштанд. Баъзан шоир худашро танҳо, бе ёру ғамхор, бе дӯсту мададгор ғамгину ошуфта ҳис мекард ва ин эҳсосоти ғамангезашро ба воситаи сухан баён менамуд: На ёру на ғамхор, на кас маҳрами асрор, Ранҷурию маҳрумию ҳирмон ба кӣ гӯям?! Ошуфта шуд аз қиссаи ман хотири ҷамъе, Дигар чӣ кунам, ҳоли парешон ба кӣ гӯям? Гӯянд табибон, ки бигӯ дарди худ, аммо Дарде, ки гузаштаст зи дармон, ба кӣ гӯям? Даври тараб, афсӯс, ки бигзашт, Ҳилолӣ, Даври дигар омад, ғами даврон ба кӣ гӯям? Бадриддин Ҳилолӣ бештари ҳаёташро дар Ҳирот гузаронд. Оиладор шуда соҳиби фарзанд гардид. Доир ба ин масъала адиб дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба тарзи зайл ишорат кардааст: Эй дурри шарар зи баҳри кавнайн, Фарзанди азиз – қурратулайн1 Бишнав сухани маро, ки панд аст, Панди падар аст, судманд аст.
Қурратулайн – нури дида, фарзанд.
Ҳилолӣ хеле кам сафар кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ равшан мегардад, ки ӯ танҳо як маротиба ба Қандаҳор сафар карда, ба аҳли адаби он ҷой сӯҳбатҳо оростааст. Шоир марди сӯҳбаторо ва ҳозирҷавоб будааст. Чунон ки муаллифи «Акбарнома» Муборак Алломӣ дар асараш зикр кардааст, ҳокими Қандаҳор Мирзо Комрон базме ташкил мекунад. Дар он шоирон, олимон ва дигар аркони давлат иштирок доштанд. Ҳилолӣ ҳам ба базм ҳозир шуда, аз Мавлоно Наргисӣ болотар менишинад. Аз ин болонишинии Ҳилолӣ Мулло Наргисӣ меранҷад ва байти зерро навишта, ба дасти Ҳилолӣ медиҳад: «Нокасе гар аз касе боло нишинад бок нест, Аз он ки хас бар рӯи обу зери дарё гавхар аст». Ҳилолӣ фавран ҷавоб мегардонад: «Ҳар кӣ ӯро табъ бошад, ҷои ӯ болотар аст, Ҳар киро табъе набошад, ҷои ӯ зери дар аст». Мирзо Комрон воқиф шуда, гуфтанд: «Чӣ гуфтугӯ доред?» Мулло Наргисӣ арз кард: «Имрӯз мулло Ҳилолӣ ҷои худро надониста». Мирзо гуфтанд: – Эй мулло Ҳилолӣ, чаро надониста боло нишастӣ? Мулло Ҳилолӣ гуфт: – Ман дар ин ҷо тавзеҳҳо1 дорам. – Мирзо гуфтанд: -Бигӯ! Гуфт: – Номи ман Ҳилол аст, номи эшон Наргис. Ҳилол дар осмон аст ва наргис дар замин бирӯяд. Дигар, шоирон абрӯро ҳилол гӯянд ва чашмро наргис, абрӯ болои чашм аст... Аз ин сабаб боло нишастаам». Ҳамин тавр, шоир дар айёми ҷӯшу хурӯши эҷодӣ аз дасти шоҳони ҷоҳилу золим ҷони азизи хешро ба ҷонофарин супорид, ки мо дар боло ҳикоят кардем. Имрӯз қабри шоир дар шаҳри Ҳироти Ағгонистон баҷост, зиёратгоҳи аҳли хирад аст.
1 Тавзеҳҳо – сабаби чизе ё кореро шарҳ додан
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё