Сайидои Насафӣ - Баҳориёт
Мазмун ва мундариҷаи идеявии «Баҳориёт»
«Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома» яке аз асарҳои мукаммали Сайидо буда, дар он беҳтарин ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии адиб ифода ёфтаанд. Асар аз ҷиҳати сохт тамсилист, зеро персонажҳои он ҳайвонотанд. Аз тарафи дигар, «Баҳориёт» аз рӯи мазмун асари мунозиравӣ мебошад. Дар он ҳайвоноти гуногун бо ҳам мунозира карда, аввал рақибашонро мазаммат карда, сониян худро ситоиш менамоянд. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик то Сайидо ҳамин зайл асарҳо кам набуданд. Мунозира ҳанӯз аз давраҳои қадим аз эҷодиёти халқ сарчашма мегирад. «Дарахти Ассурик», ки дар асри VI иншо шудааст, намунаи барҷаста аст. Пас дар адабиёти китобӣ дар эҷодиёти Асадии Тусӣ мунозира шакл пайдо мекунад. Асадӣ панҷ мунозира дорад. Беҳтарин намунаи он мунозираи «Арабу Аҷам» аст. Дар мунозираҳои Асадӣ баҳсу талош танҳо дар байни ду ашё ва ду шахс ба амал меояд. Баъзе мунозираҳои Асадии Тусӣ, ҳам тамсилианд, зеро персонажҳои онҳо чун Сайидо инсон набуда, балки ашёҳои дигар – Замин, Осмон, Тир, Камон, Шаб ва Рӯз ба ҳам мунозира мекунанд. Ба ҳамин маънӣ Сайидо ҳам анъанаҳои беҳтарини гузаштагонро давом ва инкишоф додааст. Тавре ки худи шоир мегӯяд, «Баҳориёт»-ро дар як муддати кӯтоҳ (ду-се рӯз) дар давраи ҳукмронии Абдулазизхон (1645-1680) соли 1091 ҳичрӣ, яъне 1680 мелодӣ ба анҷом мерасонад: Ин нусха, Сайидо, ба ду-се рӯз шуд тамом, Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон. Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд, Аз ҳичрати расул – шаҳи охируззамон. Достон аз 368 мисраъ иборат буда, дар шакли қасида (аабава)... Навишта шудааст. Асар аз муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима иборат аст. Дар оғоз шоир чун анъана худою расул ва чорёронро ситоиш намуда, пас ба асли мақсад мегузарад. Адиб таъкид менамояд, ки барои хастагии одамонро дур кардан, табъи онҳоро хуш гардонидан аз ҳаёти ваҳшиён (ҳайвонот) ҳикоят карданӣ аст. Сониян шоир айёми навбаҳор аз хонаи торик берун мешавад ва ба саҳро мебарояд ва мебинад, ки мушаке худро ситоиш менамояд: Мехоҳам аз вуҳуш замоне сухан кунам, Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон. Рӯзе мани ғариб дар айёми навбаҳор, Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон. Дидам нишаста бар дари сӯрох мушаке, Мекард худ ба худ сифати хешро баён. Гурбае даргузар буд, худтаърифкунии мушро шунида, ба назди ӯ меояд ва ӯро танқид намуда, худро ситоиш менамояд. Ба ҳамин тариқ, саг, гӯсфанд, гург, гов, уштур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу, паланг, фил, карк ва шер меоянд. Ҳар кадоми онҳо рақиби худро мазаммат намуда, бузургиву тавоноии хешро баён мекунанд. Шер ҳам сифатҳои карки азимҷуссаро сарзаниш намуда, худро аз ҳамаи ҳайвонот дар ақлу заковат ва дар бузургию нерӯмандӣ болотар мегузорад: Ҳаргиз шикори дигареро нахӯрдаам, Як рах ба хуни мурда наёлудаам даҳон. Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор, Берун зи қаҳтсол шавад аҳли он макон. Бо ҳар кӣ бингарам ҷигараш об мешавад, Аз мӯр камтаранд ба чашмам баҳодурон. Дар ин ҳангом аз он ҷо мӯрчае даргузар буд. Чун таърифи шерро мешунавад, ба ғазаб меояд ва ба назди ӯ омада, хитоб карда чунин мегӯяд: Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар, Омад ба шеру гуфт, ки:- «Эй Рустами замон! Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар? Вагарна чаро ҳақир шуморию нотавон? Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту, Доим пур аст хонаам аз шербаччагон. Тифлони ширмасти ман имрӯз шергир, Хешони нотавони монанд аз ту комрон! Шер аз суханони мӯрчаи хурдакак музтар мегардад, хомӯш мемонад. Умуман, ҳамаи 17 ҳайвон ҷавоби мӯрчаро шунида, ба бузургию тавоноиаш қоил мешаванд, дар назди мӯрча сари таъзим фуруд меоранд ва бо ҳам оштӣ мекунанд. Чунон ки қаблан ишорат рафт, Сайидо гӯё ин асарро барои он навиштааст, ки табъи мардумро хуш гардонад. Вале агар ба ғояи асар амиқтар назар кунем, масъала ранги дигар мегирад. Мақсади шоир тамоман чизи дигар аст. Ин усул, яъне ба таври рамзӣ ифода намудани фикр як лиқоест, ки шоир ақидаҳои иҷтимоиашро дар бораи гурӯҳҳои табақаҳои ҷамъиятӣ баён кардааст. Махсусан, дар ин асар ҳадафи Сайидо тасвири образҳои мӯрча ва шер аст. Шер подшоҳ, яъне синфи ҳукмрони ҷамъият аст. Дар симои мӯрча бошад, шоир қувваҳои истеҳсолкунанда, аҳли меҳнат, деҳқонон ва ҳунармандонро, ки бори ҷамъият ба дӯши онҳост, нишон додааст. Ин ду образ ба ҳам муқобил гузошта шудаанд. Халқи меҳнаткаш аз болои под-шоҳ ғолиб мебарояд. Адиб ба ин восита гуфтан мехоҳад: 1. Асоси давлат ва ҷамъият халқ аст. 2. Халқ қувваи бузургест. 3. Дигар ҳамаи гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла подшоҳон ҳам, дар назди халқ нотавонанд. 4. Шоир бузургӣ, тавонию иқтидори халқро дар ягонагӣ, ҳам-раъйӣ ва иттифоқии онҳо мебинад, ки ин, бешубҳа, ақидаи материалистии ӯст. Бесабаб нест, ки шоир аз номи мӯрча ба шер хитоб карда «Тифлони ширмасти ман имрӯз шергир», – мегӯяд. Албатта, ин ишораи шоир ба ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоии асри XVIII алоқаи зич доранд. Дар замони ҳукмронии Нодирмуҳаммад (1642-1645) ва Абдулазизхон (1645-1680) иртиҷоии дохилӣ қавӣ гардида, ба муқобили қувваҳои пешқадам амалиёти шадид сар шуд. Андозу истисмори оммаи меҳнаткашон ба авҷи аъло расид. Омма аз зулму тааддии ҳокимон ба ҷунбиш омад. Шӯришҳои аҳли деҳоти музофоти Буҳоро ва деҳаи Даҳбеди Самарқанд мисоли равшан шуда метавонанд. Аз ин ҷост, ки шоир мақсади худро дар образи мӯрча нишон додааст. Сайидо нисбат ба мӯрчагон хайрхоҳ аст. Охир худи адиб аз ҳамин табақа аст ва бисёр самимӣ ва бо камоли эҳтиром дар бораи онҳо ҳикоят мекунад. Дар охир Сайидо таъкид менамояд, ки ҳамаи ҳайвонҳо бо ҳам дӯст шуда, оштӣ карданд. Дар хақиқат ин идея орзуи адиб аст. Шоир бисёр мехост, ки дар ҷамъият ҷангу хунрезӣ, зулму истибдод набошад. Ҳамаи табақаҳои ҷамъиятӣ бо ҳам дӯсту меҳрубон бошанд, ба якдигар дар ҳолати парешонию дармондагӣ дасти ёрӣ дароз кунанд. «Баҳориёт» бо забони сода ва оммафаҳм иншо шудааст. Аз баёни шоир маълум мегардад, ки ӯ хусусият ва кору кирдори ҳайвонотро хеле хуб медонад. Ғайр аз ин, аз тасвири адиб ба кадом табака тааллуқ доштани ҳайвонро хонанда ба тезӣ пай мебарад. Чунончи мунозираи рӯбоҳ ва харгӯшро гирем. Ҳангоме ки харгӯш таърифи рӯбоҳро мешунавад, ба ғазаб омада ва хислатҳои бади вайро баён менамояд: Харгӯш сар ба хоби фароғат ниҳода буд, Бедор гашту гуфт ба рӯбоҳ он замон: «Як зарра ақлу ҳуш агар доштӣ ба сар, Ҳаргиз зи хона по наниҳодӣ бар остон. Шабҳо равӣ чу дузд ба сӯи маҳаллаҳо. Чашмони худ чароғ кунӣ баҳри мокиён. Бисёр зинда-зинда туро пӯст кардаанд. Афкандаанд мурдаи ту паҳлӯи сагон...» Пас аз ин харгӯш дар бораи сифатҳои неки худ нақл мекунад: Бар ҳар каси факир муяссар намешавам, Ҷон медиҳанд дар талабам мардуми калон! Моланд агар ба пайкари худ равғани маро. Бешакку шубҳа, дафъ кунад дарди устухон. Гоҳе агар ба одамиён ром мешавам. Пайваста умри хеш кунам сарфи он макон. Шоир дар образи рӯбоҳ одамони дузд, қаллобу фиребгари ҷамъиятро нишон додааст. Ин гуна ашхос ба ҷамъият суде намеоранд. Танҳо корашон дуздию риёкорист. Дар симои харгӯш гурӯҳи одамони нафърасон, хайрандеш ва накӯкор ҷамъбаст гардидаанд. Сайидо ҳангоми интихоби ҷуфтҳои ҳайвонот хусусиятҳои табиии онҳоро низ ба назар гирифтааст. Масалан, мушу гур-ба, сагу рубоҳ, палангу оҳу, гургу гӯсфанд ва гайра ба ҳам зиданд. Яке ҳамеша аз пайи озори дигар аст. Маҳёз ин тарзи гузориш асарро боз ҳам шавқовартар намудааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё