Шоҳнома - Фоҷиаи Маздак
Дар замони подшоҳии Қубод дар Эрон аз байни халқ Маздак ном марди доно ва суханваре падид омад, шоҳ ӯро вазири худ кард.
Боре хушксолӣ рӯй дод, зимистони камбарф омад, баҳору тобистон дар ҳаво тиккаи абре пайдо набуд, қатра бороне наборид; тухми ҷаву гандум майса шуду хушкид, ғӯраи меваҳо пажмуриду рехт; дар дашту саҳро алаф норасида зард гашт.
Қаҳтии беамон ба ҷони мардум дарафтид. Марду занҳои гурусна, кӯдакони беҳол ба умеди пораи ноне ба дари боёну тавонгарон мерафтанд, вале нокому хушклаб бармегаштанд: тавонгарон на як лаби нон ва на як дон ба муфт намедоданд, агарчи дар анбору чағораҳошон ғаллаи порсолаю перорсола доштанд. Дар қаҳтсоли нон шафқат, хайру эҳсон ҳам қаҳт шуда буд.
Издиҳоми халқи гурусна гирди қасри шоҳ печида «нон! Нон!» гӯён фарёд мекашид.
Маздаки вазир баромада нигоҳ кард, ба ҳоли мардум раҳмаш омад, аз оҳу нолаи гуруснаҳо дилреш гашт. Гуфт:
— Ман аз аҳволи шумо ба шоҳ огоҳӣ медиҳам, шоҳ ҳоҷати шуморо раво мекунад.
Пас рафт, назди шоҳ даромада гуфт:
— Эй шоҳи парҳезгор, иҷозат бидеҳ, аз ту як сухан пурсам.
— Бипурс, маро шод кун,— бо меҳрубонӣ иҷозаташ дод шоҳ Қубод, зеро вазири донои худро дӯст медошт ва ҳурмат мекард. Маздак гуфт:
— Агар якеро мор заҳр занад, каси дигар ба позаҳр тарёк дошта бошаду надиҳад ва моргазида бимирад, сазои чунин кас чист?
— Сазояш куштан аст, зеро хуни моргазида ба гардани ӯст,— ҷавоб дод подшоҳ.
Маздак бархоста назди халқ баромад ва гуфт:
— Доди шуморо ба шоҳ расонидам, бароятон аз вай кӯмак хостам; то бомдод сабр кунед, он гоҳ ман ба шумо хоҳам гуфт тадбир чист.
Мардумон пароканда шуданд ва дар бомдод боз дар майдони пеши қаср ҷамъ омаданд.
Маздак аз равзани хонааш издиҳоми халқро дида боз назди шоҳ шитофт ва ба ӯ чунин гуфт:
— Эй шоҳи пирӯзбахт, дишаб ба ту сухан гуфтам, ту посух додӣ ва дари баста ба рӯям кушодӣ, акнун агар иҷозат диҳӣ, боз як сухан аз ту мепурсам.
— Бипурс,— гуфт шоҳ,— гуфтори ту маро судманд аст.
— Эй номвар шаҳриёр,— гуфт Маздак,— яке марди порсо бо сабабе баста шаваду бехӯрок монад ва он кас, ки нон дошт, ба ӯ надиҳаду бандӣ аз гуруснагӣ бимирад, сазои чунин кас чист?
— Чунин кас бояд ба қасоси ҷони бандӣ кушта шавад, ки бечора бо гуноҳи ӯ мурдааст,— ҷавоб дод Қубод.
Маздак ин ҷавоби шоҳро шунида замин бӯсиду берун рафт, ба пеши халқ баромада гуфт:
— Биравед, ҳар ҷо, ки ғаллаи пинҳон ёфтед, бигиреду байни худатон тақсим кунед, агар соҳибаш баҳои ғалларо талаб кунаду шумо додан тавонед, бидиҳед.
Халқи гурусна дар шаҳр пароканда шуда ба кофтукови ғаллаи пинҳон кардаи боёну тавонгарон даромад.
Бо ин равиш Маздак тамоми ғаллаи боёнро ба тороҷ дод.
Халқ анборҳои худи шоҳро ҳам ба зӯрӣ кушода, тамоми ғаллаи ӯро мусодира кард.
Анбордорони шоҳ толони галларо ба Қубод хабар доданд. Бо фармони ӯ Маздакро фавран ба наздаш ҳозир карданд.
— Чаро ту ғаллаи подшоҳиро ба тороҷ додӣ? — бо ғазаб пурсид шоҳ.
Маздак гуфт:
— Эй шаҳриёр, ман ба ту аз моргазидаю тарёкдор сухан гуфтам, ту посухам додӣ, ки агар моргазида бо гуноҳи оне, ки тарёк дошт ва надод, бимирад, хунаш ба гардани тарёкдор аст. Аз бандии гурусна ва соҳиби нон сухан гуфтам, фармудӣ, ки кушандаи бандӣ ҳамон нондори хасис аст. Охир, «позаҳри» гуруснагӣ нон асту бас. Оё ба марги ҳазорон мардум, ки аз гуруснагӣ мурданду мемиранд, гунаҳкор ғалладорон нестанд? Агар ту додгар бошӣ, эй шаҳриёр, чаро ғалларо дар анборҳо пинҳон нигоҳ медорӣ? Чаро тавонгарон аз ҷаву гандуми худ донае ба халқи гурусна мурувват намекунанд? Онҳо аз он тавонгари хасисе, ки ба бандии гурусна нон надоду сабабгори мурдани ӯ шуд, ё аз он тарёкдоре, ки моргазидаро дидаю дониста ба чанги марг супурд, чӣ фарқ доранд?
Қубод аз ин гуфтори лоҷавоби Маздак мот шуд, ба танг омаду дар андеша фурӯ рафт.
Маздак ба майдон, ба пеши халқ баромад. Марду зан, пиру ҷавон ҳама ба вай шукру сипос мегуфтанд, офарин мехонданд. Маздак ба онҳо чунин хитобат кард:
— Эй мардумон, бидонед, ки тавонгару тиҳидаст, дорою нодор бо ҳам баробаранд. Тавонгар тор аст ва тиҳидаст пуд; набояд касе аз касе зиёдтар молу чиз дошта бошад. Афзунии моли тавонгар ба вай ҳаром аст. Хона, зан, мол ҳама бахшиданианд. Дини пок ин аст ва ман бо ин дин ҳамаро бо ҳам баробар мекунам, баландию пастиро ҳамвор месозам. Ҳар кас ғайри ин дин бошад, нафрати Худо бар он дев бод!
Тавонгарон бар Маздак шӯрида, аз шоҳ бастану куштани ӯро талаб карданд. Камбағалон, бечораю бенавоён ба ҳимояти Маздак бархостанд. Аз онҳо худ ба худ лашкари фаровоне гирд омад.
Маздак бо он лашкар дар саросари мамлакат гашта, ғалла ва дигар чизу моли боён, савдогарон, судхӯронро мусодира ва дар байни камбағалон, беваю бечорагон тақсим мекард.
Оммаи халқи меҳнаткаши бенаво ба «дини нав» мегаравид.
Бар ӯ шуд ҳар он кас ки дарвеш буд,
Ва гар нонаш аз кӯшиши хеш буд.
«Дини маздакӣ» чунон қувват гирифт ва даъвати Маздаки суханвар чунон пурфасоҳату оташин буд, ки ҳатто шоҳ Қубод ҳам он динро пазируфт (аммо чунон ки баъд маълум шуд, пазируфтани, ӯ маздакиро риёкорона будааст). Вай Маздакро ҳамоно дар вазирӣ нигоҳ медошт.
Фирдавсӣ аз рӯи ахбори қадим ривоят мекунад, ки Маздак дину оини нави худро ба шоҳ чунин тавзеҳ мекардааст: «Одамизодро панҷ чиз аз роҳи рост бароварда ба каҷию гумроҳӣ мебарад: рашк, хашм, кина, ниёз ва оз. Ин панҷ чиз панҷ дев мебошанд ва ҳамеша дар қасди онанд, ки одамиро ба худ таслиму тобеъ гардонанд; онҳо ин қасди худро ба воситаи хоста ва зан ба амал меоваранд. Чора он аст, ки одамиён ин ҳар дуро дар миён ниҳанд, яъне молу чиз азони ҳама ва зан ҳам азони ҳама бояд бошанд».
Писари Қубод — шоҳзода Кисро мухолифи дини Маздак буд.
Рӯзе Маздак дар ҳузури шоҳ дасти шоҳзодаро гирифта гуфт:
— Кисро бар дини мо нест, гумроҳ аст. Аз ин бояд дастхат гирифта шавад, ки ба роҳи дину оини мо хоҳад рафт.
Қубод аз Кисро пурсид:
— Ту чӣ мегӯӣ?
Кисро дасташро бо тундӣ аз дасти Маздак ҷудо карда гуфт:
— Эй шоҳ, аз дини Маздак каҷию костӣ падид меояд. Мӯҳлат бидеҳ, ман дертар инро исбот хоҳам кард ва он гоҳ ба ту равшан хоҳад шуд роҳи рост кадом аст.
— Чӣ қадар мӯҳлат мехоҳӣ? — пурсид Маздак.
— Панҷ моҳ,— ҷавоб дод Кисро.— Дар сари моҳи шашум он чӣ бояд гуфт, ба шоҳ мегӯям.
Шоҳ ин мӯҳлатро ба ӯ дод; қарор гузоштанд, ки пас аз панҷ моҳ ба сари ин гуфтугӯ бозгарданд.
Шоҳзода ба ҳар сӯи мамлакат кас фиристода, доноёнро ба пойтахт талабид.
Аз шаҳрҳо доноён, мӯбадон ба даргоҳи вай омада анҷуман сохтанд. Дар байнашон аз ҳар гуна бешу кам сухан рафт; қарор гузоштанд, ки агар шоҳ иҷозат диҳад, дар ҳузури ӯ бо Маздак мубоҳиса кунанд; бигузор ин «пайғамбари навбаромада» ростии дини худ ва норостии дини Зардуштро исбот кунад. Вай исбот карда наметавонад, он гоҳ вой бар ҳоли ӯ!
Кисро назди шоҳ рафта ӯро аз қарордоди анҷумани доноён огоҳ кард ва гуфт:
— Акнун фаро расид он рӯз, ки ман бояд дини беҳинро ихтиёр кунам. Агар ростию беҳӣ бо Маздак бошад, ман аз Зардушт ва «Занд»-ӯ «Авесто» мегардаму дини ӯро бо ҷону дил мепазирам ва ӯро дар ҷаҳон ягона роҳнамо мегирам, аммо агар ростию беҳӣ бо ӯ набошад, ту ҳам аз дину оини ӯ мегардӣ ва ӯро бо пайравонаш ба дасти ман месупорӣ.
Қубод қабул кард; ба ин шарт аз бузургон чандеро гувоҳ гирифтанд.
Бомдоди рӯзи дигар доноён ва Маздакро ба дарбор даъват карданд. Дар боргоҳи Қубод маҷлиси мубоҳиса баргузор шуд. Яке аз мӯбадон сухан оғоз кард:
Чунин гуфт мӯбад ба пеши гурӯҳ
Ба Маздак ки: «Эй марди донишпижӯҳ!
Яке дини нав сохтӣ дар ҷаҳон,
Ниҳодӣ зану хоста дар миён.
Чӣ донад писар, ки аш кӣ бошад падар?
Падар ҳамчунон чун шиносад писар?
Чу мардум баробар бувад дар ҷаҳон,
Набошанд пайдо кеҳон аз меҳон,
Кӣ бошад, ки ҷӯяд дари кеҳтарӣ?
Чӣ гуна тавон сохтан меҳтарӣ?
Кӣ бошад марову туро коргар,
Чу мардум ҷудо монад аз беҳ батар?
Касе ки ӯ мурад, ҷою чизаш кирост,
Чу шуд коргар банда бо шоҳ рост?
Ҷаҳон з-ин сухан пок вайрон шавад!
Ҳама кадхудоянду муздур кист?
Ҳама ганҷ доранд — ранҷур кист?
Зи диноварон ин сухан кас нагуфт!
Ту девонагӣ дорӣ андар нуҳуфт!
Ҳаме мардумонро ба дӯзах барӣ!
Ҳаме кори бадро ба бад нашмарӣ!
Қубод ин гуфтори мӯбадро шунида, якбора бар Маздак барошуфт ва бо ғазаб ба ӯ хитобу итоб кард. Он гоҳ анҷуман пурғалоғула гашт, мӯбадони зардуштӣ фарёд кашиданд, ки: «Маздак аз даргоҳи шоҳ дур бод!», «Ӯ дини Яздонро табоҳ мекунад!», «Сараш ба дор беҳ!».
Ба ҳамин равиш мубоҳиса ба мурофиа табдил ёфт: Маздакро гунаҳкор мекарданд, вале худи ӯро сухан гуфтан намемонданд.
Шоҳ ба Кисро фармуд:
— Бигир ӯро! Пайравонашро ҳам бигир! Бо онҳо ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун!
Кисро Маздакро ба зиндон фиристода, худ бо сипоҳиёну ғуломонаш ба такопӯи гирифтану бастани пайравони вай афтод.
Шоҳзода боғи калоне дошт, ки бо девори баланд иҳота шуда буд, ӯ пешакӣ дар он боғ чуқуриҳои бисёре кобонда монда буд, чуқуриҳо ним қади одам буданд. Бо фармони Кисро бандиҳоро ба он боғ оварда ҳамаашонро як-як зинда дар чуқуриҳо сар ба зеру по ба забар гӯронданд.
Он гоҳ Кисро фармуд, Маздакро аз зиндон ба наздаш оварданд. Шоҳзода бо ғуруру тантанаи тамасхуромез ба ӯ гуфт:
— Ба боғ бирав, ҳосили тухмеро, ки кишта будӣ, бубин! Дарахтонро тамошо кун, ки монандашонро на касе дида ва на аз пешиниён шунидааст.
Донишманди асир ба боғ даромада, ҳазорон пои одамии аз хок барафроштаро диду дар даҳшат афтод, фарёди ҷигархароше бароварду ғалтид, аз ҳуш рафт.
Яке дор фармуд Кисро баланд
Фурӯ ҳишт аз дор печон каманд,
Нагунбахтро зинда бар дор кард,
Сари марди бедин нагунсор кард,
Кисро ба овехтани Маздак қонеъ нашуда, боз ба ҷасади беҷони вай аз камон тирҳо парронд...
Аз нигоранда (Сотим Улуғзода):
Асли номи ин шоҳаншоҳи ояндаи Эрон Хусрави Анӯширвон (Нӯширвон) буд, арабҳо Хусравро Кисро гуфтанд. Қатли оми маздакиён дар соли 528 ё 529 милодӣ воқеъ гардид. Фирдавсӣ агарчи Маздакро бедин мехонад ва «Ту гар боҳушӣ, роҳи Маздак магир» мегӯяд, вале аз оҳангу тарзи баёни шоир маълум шуда меистад, ки ӯ ба Маздаку ҷунбиши вай назари нек дорад, чунончи ӯ пешвои ҷунбишро «Сухангӯю бодонишу рою ком», «Гаронмоя мардеву донишфурӯш» меномад («донишфурӯш» ба маънии паҳнкунандаи дониш аст: ба гумон, Маздак пеш аз вазирии худ устод-муаллими мактаб ё ки «мударрис» будааст). Ӯро бедин хондану «боҳушон»-ро аз рафтан ба роҳи ӯ манъ кардани шоир барои худро аз тӯҳмати «маздакигӣ» эмин гардонидан аст, зеро агар вай ин тавр намекард, худашро монанди Маздак ба дор мекашиданд. Маздакиҳо ё дигар ҷараёнҳои иҷтимоии дар либоси мазҳаб зуҳуркунанда, ки таълими Маздак дар онҳо таъсире дошт, дар замони Фирдавсӣ ҳам вуҷуд доштанд; дарбориҳо, феодалҳо, арбоби дини расмӣ ононро сахт таъқиб ва саркӯбӣ менамуданд. Хуррамдинон, ки дар асрҳои миёна баробарии мардумон ба дороӣ ва умумияти молу мулкро таблиғ мекарданд, пайравони Хуррам — зани Маздак буданд, ки пас аз кушта шудани шавҳараш кори ӯро давом доданӣ шуд. Аммо ба Маздак нисбат додани таълими «дар миён ниҳодани зан», яъне инкори никоҳу оила бешубҳа тӯҳмат, тӯҳмати душманони ӯ буд. Таърих бо дасти душманони ӯ навишта мешуд: дар номаи бостонии мансур — таърихи шоҳони Эрон, ки Фирдавсӣ онро ба риштаи назм кашид, тӯҳмат дар ҳаққи Маздак сабт шуда буд, ва шоир наметавонист маолу мавзӯи ривоятҳои он номаро тағир диҳад, вай онҳоро дар достони худ «холисона» ба назм нақл кард. Дар таблиғоти маздакиёни баъдина (дар асрҳои миёна) ва дар хуррамдинҳо ҳеҷ як фикри «дар миён ниҳодани зан» нест. Бояд гуфт, ки мо мисоли тӯҳмати дар боло зикрёфтаро аз тарафи кӯҳнапарастҳо, мутаасибон, душманони ҳар як роҳу равиши нави пешқадам дар замони худамон (шӯравӣ) ҳам дидем, вақте ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна колхозсозӣ сар шуд, боёну рӯҳониён бо истифода аз ақибмондагию нодонии оммаи деҳқонони асрҳо дар зулму истисмору ҷаҳолат зиста ба онҳо талқин мекарданд, ки колхоз занонро ҳам «умумӣ» мегардонад. Онон бо чунин тӯҳматҳои чиркин деҳқононро аз ташкили хоҷагиҳои коллективӣ боздоштанӣ, аз колхоз тарсонданӣ мешуданд.
ПАЗИРУФТАНИ ҚУБОД ДИНИ МАЗДАК
Биёмад яке мард Маздак ба ном,
Сухангӯю бодонишу рою ком.
Гаронмоя мардеву донишфурӯш,
Қубоди диловар бад-ӯ дод гӯш.
Ба назди шаҳаншоҳ дастур гашт,
Нигаҳдори он ганҷу ганҷур гашт.
Зи хушкӣ хӯриш танг шуд дар ҷаҳон,
Миёни меҳону миёни кеҳон.
Зи рӯи ҳаво абр шуд нопадид.
Ба Эрон касе барфу борон надид.
Меҳони ҷаҳон бар дари Кайқубод,
Ҳаме ҳар кас аз обу нон кард ёд.
Бад-эшон чунин гуфт Маздак, ки «шоҳ
Намояд шуморо ба уммед роҳ».
Давон худ биёмад бари шаҳриёр,
Чунин гуфт, к-«эй шоҳи парҳезгор
Ман акнун сухан пурсам аз ту яке,
Гар эдун, ки посух диҳӣ андаке».
Қубоди сароянда гуфташ: «Бигӯй,
Ба ман тоза кун аз сухан обрӯй».
Бад-ӯ гуфт: «Он кас, ки мораш газид,
Ҳаме аз танаш ҷон бихоҳад парид.
Яке дигареро бувад пойзаҳр,
Газида наёбад зи тарёк баҳр.
Сазои чунин мард гӯй, ки чист,
Ки тарёк дорад дирам санг нест?»
Чунин дод посух варо шаҳриёр,
Ки «хунист ин марди тарёкдор.
Ба хуни газида бибояд-ш кушт,
Ба даргоҳ чун хасмаш орад ба мушт».
Чу бишнид бархост аз пеши шоҳ,
Биёмад ба наздики фарёдхоҳ.
Бад-эшон чунин гуфт, к-«аз шаҳриёр,
Сухан кардам аз ҳар даре хостор.
Бибошед то бомдоди пагоҳ,
Намоям шуморо сӯи дод роҳ».
Бирафтанду шабгир боз омаданд,
Сухан дар дилу пургудоз омаданд.
Чу Маздак зи дур ин гавонро бидид,
Зи даргаҳ суи шоҳи Эрон давид.
Чунин гуфт, к-«эй шоҳи пирӯзгар,
Сухангӯю бедору бозӯру фар,
Сухан гуфтаму посухаш додиям,
Ба посух дари баста букшодиям.
Гар эдун, ки дастур бошад, кунун
Бигӯям сухан пешат, эй раҳнамун».
Бад-ӯ гуфт: «Баргӯю лабро мабанд,
Ки гуфтор бошад маро судманд».
Чунин гуфт, к-«эй номвар шаҳриёр,
Касеро ба банде бубанд устувор.
Ба бечорагӣ ҷон ба ноне супурд,
Хӯриш боз гиранд аз ӯ то бимурд.
Мукофоти он кас, ки нон дошт ӯ,
Мар ин бастаро хор бугзошт ӯ.
Чи бошад, бигӯяд маро подшо,
Гар ин мард доно буду порсо?
Чунин дод посух, ки мискин танаш,
Ки «нокарда хун аст дар гарданаш»
Чу бишнид Маздак, замин бӯса дод,
Хиромон биёмад зи пеши Қубод.
Ба даргоҳи ӯ шуд ба анбӯҳ гуфт,
Ки ҷое, ки гандум бувад дар нуҳуфт,
Шаведу ҳама баҳра з-ӯ баргиред,
Баҳо гар бигиранд деҳ биспаред.
Ба тороҷ дод он ки будаш ба шаҳр,
Бад-он то якояк биёбанд баҳр.
Давиданд ҳар кас, ки буд гурсуна,
Ба тороҷ доданд гандум ҳама.
Чи анбори шаҳрӣ, ки они Қубод,
Ба як дона гандум набуданд шод.
Чу диданд, рафтанд корогаҳон,
Ба наздики бедор шоҳи ҷаҳон.
Ки «Тороҷ карданд анбори шоҳ,
Ба Маздак ҳаме боз гардад гуноҳ».
Қубод он сухангӯйро пеш хонд,
Зи тороҷи анбор чанде биронд,
Чунин дод посух: «Анӯша бадӣ,
Хирадро ба гуфтор тӯша бадӣ!
Сухан ҳар чӣ бишнидам аз шаҳриёр,
Бигуфтам ба эрониён хор-хор.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфтам «аз мору заҳр,
Ва аз он кас, ки тарёк дорад ба шаҳр.
Бад-ин банда посух чунин дод шоҳ,
Зи тарёкдору зи тарёкхоҳ,
Ки «гар моркушта бимирад ба заҳр,
Наёбад аз он мард тарёк баҳр.
Агар хуни ин марди тарёкдор
Бирезад касе, нест бо ӯ шумор.
Чу шуд гурсуна, нон бувад пойзаҳр,
Ба серӣ нахоҳад зи тарёк баҳр.
Агар додгар бошӣ, эй шаҳриёр,
Дар анбор гандум наёяд ба кор.
Шикам гурсуна чанд мардум бимурд,
Ки анбор осуда ҷонаш бибурд».
Зи гуфтори ӯ тангдил шуд Қубод,
Бишуд тез мағзаш зи гуфтори дод.
Ва аз он пас бипурсиду посух шунид,
Дилу ҷони ӯ пур зи гуфтор дид.
Зи чизе, ки гуфтанд пайғамбарон,
Ҳамон додгар мӯбадону сарон,
Зи гуфтори Маздак ҳаме кажж гашт,
Суханҳо зи андоза андар гузашт.
Бар ӯ анҷуман шуд фаровон сипоҳ,
Басе кас ба бероҳӣ омад зи роҳ.
Ҳаме гуфт ҳар ки ӯ тавонгар бувад,
Тиҳидаст бо ӯ баробар бувад.
Набояд, ки бошад касе барфузуд,
Тавонгар бувад тору дарвеш пуд.
Ҷаҳон рост бояд, ки бошад ба чиз,
Фузунӣ ҳаром асту нохуб низ.
Зану хонаву чиз бахшиданист,
Тиҳидаст кас бо тавонгар якест.
Ман инро кунам рост бо дини пок,
Шавад виж пайдо баланд аз мағок.
Ҳар он кас, ки ӯ ҷуз бар ин дин бувад,
Аз Эзад бар он роҳ нафрин бувад.
Ҳаме гашт дарвеш бо ӯ яке,
Агар пир буданд, агар кӯдаке.
Аз ин бистудӣ чиз, додӣ бад-он,
Фурӯ монданд андар он бихрадон.
Чу бишнид дар дини ӯ шуд Қубод,
Зи гетӣ ба гуфтори ӯ буд шод.
Варо ром биншонд бар дасти рост,
Надонист лашкар, ки мӯбад куҷост.
Бари ӯ шуд он кас, ки дарзеш буд,
Ва агар нонаш аз кӯшиши хеш буд.
Ба гирди ҷаҳон тоза шуд дини ӯй,
Наёраст ҷустан касе кини ӯй.
Тавонгар ҳаме сар зи некӣ бигошт,
Супурдӣ ба дарвеш чизе, ки дошт.
ОВЕХТАНИ КИСРО МАЗДАКРО ВА КУШТАН ӮРО
Чунон буд, ки як рӯз Маздак пагоҳ
Зи хона биёмад ба наздики шоҳ,
Чунин гуфт, к-«аз динпарастони мо,
Ҳам аз покдил зердастони мо,
Фаровон зи гетӣ сарон бар даранд,
Фуруд оварамшон агар бугзаранд».
Зи Маздак шунид ин суханҳо Қубод,
Ба солор фармуд то бор дод.
Чунин гуфт Маздак ба пурмоя шоҳ,
Ки «ин ҷой тангасту чандон сипоҳ.
Ҳамоно нагунҷанд дар пеши шоҳ,
Ба ҳомун хиромад кунадшон нигоҳ».
Бифармуд то тахт берун баранд,
Зи айвони шоҳӣ ба ҳомун баранд.
Ба дашт омад аз маздакӣ се ҳазор,
Бирафтанд шодон бари шаҳриёр.
Чунин гуфт Маздак ба шоҳи замин,
Ки «эй бартар аз донишу офарин.
Чунон дон, ки Кисро на бар дини мост,
Зи дин сар кашидан варо кай равост?
Яке дасхатташ бибояд ситад,
Ки сар боз гардонад аз роҳи бад.
Куҷо рашку кин асту хашму ниёз,
Ба панҷум, ки гардад бар ӯ чира оз.
Ту гар чира бошӣ бар ин панҷ дев,
Падид оядат роҳи кайҳонхидев.
Аз ин панҷ моро зану хостаст,
Ки дини беҳӣ дар ҷаҳон костаст.
Зану хоста бояд андар миён,
Чу дини беҳиро нахоҳӣ зиён.
Бад-ин ду бувад рашку озу ниёз,
Ки бо хашму кин андар ояд ба роз.
Ҳаме дев печад сари бихрадон,
Бибояд ниҳод ин ду андар миён.
Чу ин гуфта буд, дасти Кисро гирифт,
Бад-ӯ монда буд шоҳи Эрон шигифт.
Аз ӯ номвар даст бистуд ба хашм,
Ба тундӣ зи Маздак битобид чашм.
Ба Маздак чунин гуфт хандон Қубод,
Ки «аз кини Кисро чӣ дорӣ ба ёд?»
Чунин гуфт Маздак, ки «ӯ роҳи рост
Ниҳонӣ надорад, на бар дини мост».
Ҳамон гаҳ зи Кисро бипурсид шоҳ,
Ки «аз дини беҳ бугзарӣ, нест роҳ».
Бад-ӯ гуфт Кисро: «Чу ёбам замон,
Бигӯям, ки кажж аст яксар гумон,
Чу пайдо шавад кажживу костӣ,
Дурафшон шавад пеши ту ростӣ».
Бад-á гуфт Маздак: «Замон чанд рáз
Ҳаме хоҳӣ аз шоҳи гетифурӯз?»
Варо гуфт Кисро: «Замон панҷ моҳ,
Шашумро ҳама боз гӯям ба шоҳ».
Бад-ин барниҳоданду гаштанд боз,
Ба айвон шуд он шоҳи гарданфароз.
Фиристод Кисро ба ҳар ҷой кас,
Ки донандае диду фарёдрас.
Кас омад суи хурраи Ардашер,
Ки ояд ба даргоҳи Ҳурмузи пир.
Ва аз Истахр Меҳродари порсӣ
Биёмад ба даргоҳ бо ёрасӣ.
Нишастанд донишпижӯҳон ба ҳам,
Сухан рафт ҳар гуна бар бешу кам.
Ба Кисро супурданд яксар сухан,
Хирадманд донандагони куҳан.
Чу бишнид, Кисро ба назди Қубод
Биёмад, зи Маздак ҳаме кард ёд.
Ки акнун фароз омад он рӯзгор,
Ки дини беҳиро кунам хостор.
Гар эдун, ки ӯро бувад ростӣ,
Шавад дини Зардушт, дар костӣ.
Пазирам ман ин пок дини варо,
Зи ҷон баргузинам гузини варо.
Чу роҳи Фаредун шавад нодуруст,
Набояд ба гетӣ ҳаме Занду Уст.
Сухан гуфтани Маздак ояд ба ҷой,
Набояд ба гетӣ ҷуз ӯ раҳнамой.
Ва ар эдун, ки ӯ кажжӣ гӯяд ҳаме,
Раҳи Покяздон наҷӯяд ҳаме,
Ту безор гард аз раҳу дини ӯй,
Бинеҳ дур нохуррам оини ӯй.
Ба ман деҳ ваю он ки дар дини ӯст,
Мабодо якеро аз ин мағзу пӯст.
Гуво кард Размеҳру Харродро,
Фароҳину Бандую Беҳзодро.
Ва аз он ҷойгаҳ шуд ба айвони хеш.
Нигаҳ кард он рост паймони хеш.
Чу шабгир хуршед, бинмуд тоҷ,
Замин шуд ба кирдори дарёи оҷ,
Ҳаме ронд фарзанди шоҳи ҷаҳон,
Сухангӯй бо мӯбадону меҳон.
Баробар ба айвони шоҳ омаданд,
Сухангӯву ҷӯяндароҳ омаданд.
Дилорой мӯбад сӯи Кайқубод
Биёмад, суханро дар андар кушод.
Чунин гуфт мӯбад ба пеши гурӯҳ,
Ба Маздак, ки «эй марди донишпижӯҳ,
Яке дини нав сохтӣ дар ҷаҳон,
Ниҳодӣ зану хоста дар миён.
Чӣ донад писар, ки аш кӣ бошад падар,
Падар ҳамчунин чун шиносад писар?
Чу мардум баробар бувад дар ҷаҳон,
Набошанд пайдо кеҳону меҳон.
Кӣ бошад, ки ҷӯяд дари кеҳтарӣ,
Чӣ гуна тавон сохтан меҳтарӣ?
Ки бошад марову туро коргар,
Чу мардум ҷудо монад аз беҳ батар?
Касе, ки ӯ мурад ҷою чизаш кирост,
Чи шуд шоҳ бо коргар ҳар ду рост?
Ҷаҳон з-ин сухан пок вайрон шавад,
Набояд, ки ин бад ба Эрон шавад,
Ҳама кадхудоянду муздур кист,
Ҳама ганҷдоранд, ганҷур кист?
Зи диноварон ин сухан кас нагуфт,
Ту девонагӣ доштӣ дар нуҳуфт,
Ҳаме мардумонро ба дӯзах барӣ,
Ҳаме кори бадро ба бад нашмарӣ».
Чу бишнид гуфтори мубад Қубод,
Барошуфту андар сухан дод дод.
Гаронмоя Кисро варо ёр гашт,
Дили марди бедин пурозор гашт.
Пуровоз гашт анҷуман сарбасар,
Ки «Маздак мабодо бари тоҷвар!
Ҳаме дорад ӯ дини Яздон табоҳ
Мабодо бад-ин номвар боргоҳ.
Аз он дин ҷаҳондор безор гашт,
Зи карда сараш пур зи тимор гашт.
Ба Кисро супурдаш ҳамон гоҳ шоҳ,
Або ҳар кӣ ӯ дошт он дину роҳ.
Бар он роҳ буд номвар се ҳазор,
Ба фарзанд гуфт он замон шаҳриёр,
Ки «бо ин сухан ҳар чӣ хоҳӣ бикун,
Ва аз ин пас зи Маздак магардон сухун.
Ба даргоҳи Кисро яке боғ буд,
Ки девори ӯ бартар аз роғ буд.
Ҳаме гирд бар гирди он канда кард,
Мар ин мардумонро пароканда кард.
Бикуштандашон ҳам ба сони дарахт,
Забар пою сар зер оганда сахт.
Ба Маздак чунин гуфт Кисро, ки «рав,
Ба наздики боғи гаронмоя шав.
Ки тухме, ки киштӣ бад-ин рӯзгор,
Туро дод, эй ноҳушивор бор.
Дарахтон бубинӣ, ки он кас надид,
На аз кордонони пешин шунид».
Бишуд Маздаку боғ букшод дар,
Ки бинад магар бар чаман борвар.
Ҳамон гаҳ, ки дид аз танаш рафт ҳуш,
Баромад баногоҳ аз ӯ як хурӯш.
Яке дор фармуд Кисро баланд,
Фурӯ ҳишта аз дор печон каманд.
Нагунбахтро зинда бар дор кард,
Сари марди бедин нагунсор кард,
Ва аз он пас бикушташ ба борони тир,
Ту гар боҳушӣ роҳи Маздак магир!
Бузургон шуданд эмин аз хоста,
Зану зодаву ганҷи ороста,
Ҳаме буд бо шарм чанде Қубод,
Зи нафрини Маздак ҳаме кард ёд.
Ба дарвеш бахшид бисёр чиз,
Бар оташкада хилъат афканд низ.
Зи Кисро чунон шод шуд шаҳриёр,
Ки шоҳаш ҳаме гавҳар овард бор.
Ки аз он пас ҳама рой бо ӯ задӣ,
Сухан ҳар чи гуфтӣ, падар бишнадӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё