Сухан ганҷинаи бузургест.
Бо сухан мардум омадааст падид,
Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон.
Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё ҷизеро ҳалок созад. Сухан нушдоруеро мемонад, ки беморонро куввату мадор, ҳастию тавон ва нерую ҷон ва солимонро акту хуш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомуш аст.
Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро окилу окилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангуии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад. Сухандони бузург дар ягон давру замон дар намемонад. Сухани некӯяш роҳнамои ҳаёти осоиштааш мегардад. Паӣдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифоқро барпо созад ё метавонад иттифоқи бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб таҷассумгари сад роз аст ва гӯяндаӣ он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи окилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблаҳеро аз кори носазое дур гардонад. На ҳар сухангӯӣ метавонад дили хуфтаро бедор ва акли хастаро ҳушёр созад. Бузурге гуфта: «Эй инсон! Сухане гӯӣ, ки маъшуқаҳо Лайли шаванду ошиқон Маҷнун, ақлҳои хуфта бедор шаванду дилҳои мурда ҷондор. Сухане гӯӣ, ки таҷассумгари некӣ бошад. Одамонро якҷо кунад, на ҷудо, ба зиндагӣ фаро хонад, на ба марг. Сухане гӯӣ, ки болу пари Симург дошта бошаду макону замонҳоро тай кунад. Сухане гӯӣ, ки қудрати Илоҳӣ дошта бошаду хирадро дил ва дилро хирад созад. Ҷоно, агар ин ҳамаро натавонӣ, хомуш бош ва ҳарфе мазан.
Нашавад тутӣ сухангӯӣ, чу суханпардоз аст,
Пур бувад нукта басе, з-он ба яке пур роз аст.
Ҳама кушанд ба ибрози яке маънӣ,
Маънӣ овар ба сухан, вагарна ҳама барбод аст.
Каломи инсоният беҳтарин ва кимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дил ҷонро рӯйгардон созад. Донишманди Юнони кадим Эзоп дар бораи суду зиён ва манзалату бузургии забон фармуда: Чи чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем. Ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар катори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидааст, зеро забон огози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дурӯғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегӯяд, фасод меандозад, хилаву фиреб ба кор меборад. Чӣ гуна забонро хуб метавон гуфт. Ин гуфтаҳоро метавонем бо мисраҳои Румии бузургвор тақвият бидиҳем:
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рубахони мурдаро шерон кунад.
Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одам бунёд ва оламу даҳр вайрону валангор ва барбод метавон кард. Аз ин ру, ҳар як инсони комилро вазифаи мукаддас ин аст, забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона андеша ронад, то сазовори ҳамаи хубиҳои олам бигардонду соҳибобру.
Сухандони парварда пири куҳан.
Биандешад, он гаҳ бигуяд сухан.
Мазан бе тааммул ба гуфтор дам.
Наку гу, агар дер гӯӣ чӣ гам.
Хулоса, сухан огозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомуш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халк: «Як сухан 366 паҳлу дорад«, ҳар як суханро дар тарозуи акл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кушид, ки суханвари асил буд. Бояд каломи бообуранг гуфт. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд суханвар гардад кас, ки сухан гӯяд, на алфози аз нотавониҳо танида. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад, бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зуру тавон бахшид.
Ба забон ҳам касе наёзорӣ,
Ки забон захм мекунад кори.
Гар баруи касе занӣ сад мушт,
Беҳ, ки гуем як ҳадиси дурушт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё