Зеҳн

Адаб осоиши аҳвол бошад

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Одамизод агар ки беадаб аст, одам нест,

Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.

Адаб бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзантарин пояи зиндагист. Он тоҷи бузургест, ки ҳамаро сазовору лоиқ нест. Шахси боадабро ҳамагон ҳамчун шахси оқилу фарзона пешвою баландҳиммат ва намунаи ибрати дигарон мешиносанд. Шахси боадаб дар ҳама ҷо соҳибиззат аст. Адаб аст, ки инсони бузургро аз пастинатон, нокасонро аз хирадмандон ва аблаҳонро аз фозилону донишмандон тафовут мебахшад. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшани мебахшад, ки касеро сазовор гардида, ҷомеаро солиму намунаи ибрат мегардонад.

Партави ҳусн аст, оре, илму ахлоқу адаб,

Беадаб, беилм, беқадр аст, ин набвад аҷаб.

Ҳақиқатан инсонро танҳо одоби бузург соҳибдавлат мегардонад, инсонро танҳо ахлоқ инсон созад. Касе, ки маҳрум аз эҳсоси ахлоқист, ба шумори инсон наояд. Ба қавли дигар:

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳарҷо ки хоҳӣ.

Инсони асил ҳамеша дар он мекӯшад, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Ӯро ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб, ибратомӯз ҳама эҳтиром намоянд. Инсонро дар ҳаёт дар ҳамаи лаҳзаҳо одоби накӯ, сухани ботамкин ва меҳрубонию латифиҳои нозук мебояд. Бахусус, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ аз бузургтарин хислатҳои наҷиби инсонианд. Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷгоҳ дар зиндагӣ дар намемонад. Адаб дар анҷуман шамъест фурӯзон, ки далели покизагии мост. Адаб дараҷаи баланди маърифатнокии касро нишон медиҳад. Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки атрофиёнро ва фарзандони худро дар рӯҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпараст ба камол бирасанд, то ояндаи ҷомеаи солим гарданд:

Тифлро аз кӯдаки омӯз адаб,

Ва аз камоли тарбият одам шавад.

Имрӯз, ки насли наврас аксарият дорои хулқу атвори накӯ нестанд, аз бузургтарин ҷавҳар – одоби накӯ натавонанд буд, ки нуқсони бузурги ҷомеаи солим ин аст. Ингуна касон дар тарбияи оилавӣ ба ростию росткорӣ ва ҳамдигарфаҳмию боадабӣ эҳтиёҷ доранд. Албатта, волидони онҳо пурра ба тарбияи дуруст гирифтани онҳо гунаҳгоранд. Танҳо муҳити оилавӣ ва мактаб тифлро адаб омӯзад. Волидони ғамхори фардои зиндагии фарзандони худанд, сар аввал мехоҳанд ва мекӯшанд, тифлро ба роҳи дурусти зиндагӣ ва одоби накӯву ояндаи дурахшон ҳидоят намоянд. Ҳамаи гуфтоҳои боло далели бузургбудани мартабаи шахси боадабанд. Вобаста ба ин мо инсонҳо бояд аз ин гавҳари дурахшону тобон, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад, бархурдор бошем, зеро тавре гуфтаанд:

Биё эй дӯст, то огаҳ зи ахлоқу адаб бошем,

Чу нуре равшанорои муҳит дар ҳар нафас бошем.

Ба тифлону бузургон дарси ибратро биомӯзем,

Ки фардо зиннати ҳар анҷуман, имдодрас бошем.

Хулоса, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарис, ки касро шӯҳрат ёр мегардонад. Адаб дури гаронест, ки дорандаи он сарватмандтарин каси олам аст. Ҳам нишоту ҳам хурамиву ҳам осоиштагиву ҳама бурду бохти ҳаёт насиби каси боадаб аст. Маҳз инсони боадабу бориё метавонад, обӯю эътибор ва шаъну шарафи миллату давлат ва қавму қабилаи худ бошад ва зиндагии худро бо осоиштагиву нишоту хуррамӣ бубарад, зеро гуфтаанд:

Адаб ороиши афъол бошад,

Адаб осоиши аҳвол бошад.
Шӯҳратёр аст инсони боадаб дар ҳама мавридҳо, зеро заковати бузургаш, хиради волояш роҳнамои имрӯзу фардову зиндагии бобарораш аст. Танҳо ахлоқи бузург ва хиради воло метавонад инсонро чун пирохани зебову ороста зеб диҳад ва қимату қудрати афзун бахшад:

Адаб пироҳани нодону доност,

Хуш он кас, ки онро биорост.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2