Зеҳн

Савоҳои тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик қисми 2 (10)

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Як таланти давраи Ҳахоманиши чӣ миқдор арзиш дошт?

А) Аз 26 кг тилло ё 40 кг нуқра;
В) Аз 25 кг тилло ё 33-34 кг нуқра;
С) Аз 30 кг нуқра ё 35 кг биринҷӣ;
D) Аз 50 кг мис ё 27 кг биринҷӣ;

Е) Аз 15 кг тилло ё 20 кг биринҷӣ;
Дар муҳорибаи қаҳрамононаи Куркат (Курушкада) чӣ қадар аҳолии маҳаллӣ иштирок намуд?

А) 18 ҳазор нафар;
В) 21 ҳазор нафар;
С) 30 ҳазор нафар;
D) 10 ҳазор нафар;
Е) 5 ҳазор нафар;

Муҳорибаи Гавгамела кай ва байни кадом давлатҳо баргузор шудааст?

А) Соли 334 п.а.м. байни Селевкиҳо ва Порт;
В) Соли 331 п.а.м. байни Ҳахоманишиҳо ва Мақдунӣ;

С) Соли 329 п.а.м байни Мақдунӣ ва Гиркания;
D) Соли 312 байни Селевкиён ва Бобул;

Е) Соли 336 байни Мақдуниҳо ва Ҳахоманишиҳо;
Шаҳр-қароргоҳи охирини Искандар дар Осиёи Миёна чӣ ном дошт?

А) Искандариёи Канорӣ (Эсхатта);
В) Искандариёи Мароға;

С) Искандариёи Бохтар;
D) Искандариёи Марв;

Е) Искандариёи Суғд;
Спитамен кист?

А) Шуришгар, сарлашкар, суғдӣ;
В) Ҳоким, сатрап, ошӯбгар, портӣ;
С) Ҳунарманд, шӯришгар, форс;

D) Косиб, ошӯбгар, бохтарӣ;
Е) Сатрап, пешвои лашкар, хоразмӣ;
Ҳангоми лашкаркашиҳои Искандар кадоме аз шаҳрҳои Осиёи Миёна

муқобилияти сахт нишон дода, ӯро захмӣ кардаанд?

А) Мароқанд;
В) Курушкада (Куркад);
С) Бохтар;
D) Гиркания;
Е) Афросиёб;

Давраҳои асри сангро бо тартиб номбар кунед?

А) Мезолит, палеолит, неолит;
В) Неолит, палеолит, мезолти;
С) Палеолит, мезолит, неолит;
D) Палеолит, неолит, мезолит;

Е) Мезолит, неолит, палеолит;
Суғду Бохтар ба ҳайати кадом давлатҳои пас аз искандарӣ дохил мешуданд?

А) Эллада;
В) Миср;
С) Селевкиён;
D) Кушониён;
Е) Юнону Мақдунӣ;
Духтари Спитамен кист ва бо Селевкиён чӣ гуна қаробат дошт?

А) Зарина буда, ҳамсари Антиохи Селевкӣ мебошад;
В) Апама ном дошта, ҳамсари сарлашкари Селевкӣ буд;

С) Таҳмурас буда, бо Антиохи III наздикӣ дошт;
D) Манижа буда, духтарандари Селевк буд;
Е) Духтар надошт;

Асосгузор ва соли ташкилшавии давлати Кушониёнро муайян кунед?

А) Канишка, соли 140 п. м.;
В) Васишка, солхои 165 – 140 п. м.;
С) Кадфизи II, соли 120 п. м;

D) Кадфизи I, солхои 140 – 128 п. м;
Е) Ҳувишка, солхои 206 – 165 п.м.;
Сохти давлати Кушониҳоро муайян кунед?

А) Феодалӣ;
В) Ғуломдорӣ;
С) Сармоядорӣ;
D) Ҷамоавӣ-қабилавӣ;
Е) Сотсиалистӣ;
Ислоҳоти Кадфизи II ба кадом соҳа тааллуқ дорад?

А) Сиёсат (идоракунӣ);
В) Иқтисодиёт (молиявӣ);
С) Иҷтимоиёт (андоз);
D) Фарҳанг (дин);
Е) Маданият (забон);

Баъди барҳамхурии давлати Кушониён кадоме аз ин давлатҳо таъсис ёфтанд?

А) Хиёниҳо, сосониҳо, тоҳириён;
В) Кидориён, хиёниҳо, ҳайтолиён;
С) Ҳайтолиён, саффориён;
D) Тоҳириён, хиёниҳо;
Е) Саффориён, Ҳайтолиён;

Бо омадани йӯҷиҳо ба Осиёи Миёна кадом давлатҳои нав таъсис ёфтанд?

А) Селевкиҳо, Порт;
В) Кушониён, Даван, Кангюй;
С) Бохтар, Порт, Даван;
D) Кангюй, Кушониён, Порт;

Е) Даван, Кангюй, Селевкиҳо;
Касби асосии одамони давраи асри биринҷро номбар кунед?

А) Ҳунармандӣ ва деҳқонӣ;
В) Тиҷорат ва косибӣ;
С) Чорводорӣ ва деҳқонӣ;
D) Деҳқонӣ ва косибӣ;
Е) Чорводорӣ ва шикорчигӣ;

Солҳои мавҷудияти давлати Сосониёнро муайян кунед?

А) Солҳои 221 – 659 п. м.;
В) Солҳои 226 – 751 мелодӣ;
С) Солҳои 224 – 651 мелодӣ;
D) Солҳои 227 – 653 мелодӣ;

Е) Солҳои 220 – 249 мелодӣ;
Мақсади асосии ҳаракати Маздакро муайян кунед?

А) Баробарии иҷтимоии аҳли ҷомеаро талаб мекард;
В) Барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ кӯшиш мекард;

С) Талаби тақсими моликият доштанд;
D) Талаби замин доштанд;

Е) Талаби паст кардани андозҳо доштанд

Империяи Сосониён аз тарафи кадом давлат пароканда карда шуд?

А) Аз ҷониби давлати Кушониён;
В) Аз тарафи Хилофати Араб;
С) Аз тарафи Ҳайтолиён;
D) Аз тарафи давлати Селевкиён;
Е) Аз тарафи давлати Тоҳириён;

Кадоме аз шоҳони Сосонӣ давлати Кушониёни Бузургро аз байн бурд?

А) Шопури 1 (242-272);
В) Шопури П (309-379);
С) Ҳурмузи П (301-309);
D) Баромшо (276-293);

Е) Ардашери Бобак (224-242);
Дар кадом ҷанг Фирузи Сосонӣ бо ҳафт писараш қатл карда шуд?

А) Бо Ҳайтолиён;
В) Бо Кушониён;
С) Бо Румиёи;
D) Дар ҷанги байни худи;
Е) Бо Кидориён;

Санаи ба вуҷуд омадани ҳаракати Маздакро нишон диҳед?

А) Солҳои 488-529;
В) Солҳои 531-579;
С) Солҳои 496-499;
D) Солҳои 632-651;

Е) Солҳои 484-488;

Кадом шоҳаншоҳи Сосонӣ бо номи Анӯшервони Одил машҳур аст ва кадом солҳо ҳукмронӣ кардааст?

А) Хусрави 1 (531-579);
В) Хусрави 11 (579-620);
С) Ардашери 1 (224-241);
D) Қубодшоҳ (488-501);

Е) Баҳроми Гур (501-520);
Марказҳои давлати Ҳайтолиёнро муайян кунед?

А) Аввал шаҳри Балх, баъдан Пешовар;
В) Кобул, баъдан Балх;
С) Марв, баъдан Пешовару Лоҳур;
D) Ҳирот, баъдан Тайсафун;

Е) Қундуз, сипас Балх ва баъдтар Бомиён;
Охирин намояндаи Ашкониёнро муайян кунед?

А) Митридот;
В) Артабони III;
С) Артабони V;
D) Фарҳоди I;
Е) Аршак;
Неҳзати Абӯмуслим кай ва муқобили кадом давлат рух додаст?

А) Солҳои 720 – 722, муқобили Хилофати Араб;
В) Солҳои 776 – 780, муқобили Ҳайтолиён;

С) Солҳои 747 – 750, муқобили Хилофати Араб;
D) Солҳои 806 – 810, муқобили Тоҳириён;

Е) Солҳои 750 – 755, муқобили арабҳо;
Томирис кӣ буд?

А) Шоираи аҳди қадим;
В)Асосгузори давлати Кӯшон;
С) Маликаи қабилаи массагетҳо;
D)Ҳамсари Спитамен;

Е)Қаҳрамони афсонавии «Шоҳнома»;
Мафҳуми «Ғозиён» чӣ маънӣ дорад?

А) Деҳқонон, заминдорон;
В) Дастаҳои мусаллаҳи худмуҳофизатӣ, муборизони роҳи дин;

С) Рӯҳониён, аҳли тақво;
D) Ҳарбиён, лашкари доимӣ;

Е) Сипоҳиёни дарборӣ;
Солҳои 673-675 кадоме аз сарлашкарони араб ба Мовароуннаҳр лашкар кашидааст?

А) Убайдулло ибни Зиё;
В) Саид ибни Усмон;
С) Салм ибни Зиё;
D) Кутайба ибни Муслим;

Е) Асад ибни Абдуллоҳ;

Солҳои 709-712 кадом шаҳрҳои Мовароуннаҳр аз чониби Қутайба ибни Муслим забт карда шудаанд?

А) Балху Ҳирот;
В) Бухорову Самарқанд;
С) Кешу Насаф;
D) Самарқанду Хуҷанд;

Е) Фарғонаву Бухоро;
Кай ва кадом минтақаҳои Мовароуннаҳр аз тарафи Асад ибни Абдуллоҳи араб ишғол шудаанд?

А) Тахористону Хатлон, солҳои 728-737;
В) Бухорову Хуҷанд, солҳои 709-713;

С) Самарқанду Фарғона, солҳои 712-715;
D) Чочу Истаравшан, солҳои 714-715;

Е) Пайканду Насаф, солҳои 706-709;
Ҷизия чӣ гуна андоз мебошад?

А) Аз буддоиён гирифта мешуд;
В) Аз мардуми ғайри мусулмон гирифта мешуд;
С) Аз қарздорон гирифта мешуд;
D) Андоз аз замин мебошад;

Е) Андози мусулмонон мебошад;
Қуръон чӣ маъно дорад?

А) «Ростӣ»;
В) «Дастур»;
С) «Роҳнамо»;
D) «Авос»;
Е) «Хондан»;
Шоҳи Суғд дар замони ҳуҷуми арабҳо кӣ буд?

А) Деваштиҷ;
В) Курсул;
С) Тархун;
D) Туғшода;
Е) Алутар;
Шерак чӣ гунна корнамоӣ нишон додааст?

А)Курушро ба қатл расонидааст;
В)Бо қувваи ҳарбии худ забткориҳои Ҳахоманишиҳоро боз доштааст;

С)Гӯшу бинии худро бурида, форсҳоро фиреб додааст;
D)Сари Курушро бурида, ба машки пур аз хун партофтааст;

Е)Ба муқобили Дорои 1 якчанд сӯиқасд ташкил кардааст;
Шуриши Сумбоди Муғ кай ва дар куҷо рӯх додааст?

А) 755 дар Рай;
В) 748 дар Марв;
С) 758 дар Бухоро;
D) 761 дар Суғд;
Е) 759 дар Балх;

Пайравони Муқаннаъ худро бо кадоме аз ин номҳо машҳур карда буданд?

А) «Озодагон»;
В) «Ғозиён»;
С) «Калтакдорони сафед»;
D) «Сафедҷомагон»;
Е) «Хуррамиён»;
Мафҳуми «Сомон» аз куҷо баромадааст?

А) Аз номи шахс;
В) Аз номи деҳа;
С) Аз номи шаҳр;
D) Аз номи касб;
Е) Аз номи сулола;
Мақомоти иҷроияи давлати Сомониён чӣ ном дошт?

А) Идораҳои ҳарбӣ-гражданӣ, девонҳо;
В) Дарбор, шӯрои дарбор;
С) Сарҳоҷиб, сарвазир;
D) Амид-ул-мулк, қозӣ;
Е) Надим, вакил;

Муаллифи «Таърихи Бухоро» - ро муайян кунед?

А) Абӯалии Балъамӣ;
В) Утбӣ;
С) Абӯбакри Наршахӣ;
D) Абӯрайҳони Берунӣ;
Е) Абӯнасри Фаробӣ;

Ҳукмронии кадом давлат тараққиёти муносибатҳои ғуломдориро дар Осиёи Миёна тезонид?

А)Ҳахоманишиҳо;
В)Юнону Бохтар;
С)Искандари Мақдунӣ;
D)Селевкиён;
Е)Кӯшониён;
Ихтирои уд ба кадом шоири классикамон нисбат дода мешавад?

А) Абулкосим Фирдавсӣ;
В) Абуали ибни Сино;
С) Абӯҳафзи Суғди;
D) Зилзили Рези;
Е) Абуабдулло Рӯдакӣ;

Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» бо забони форсӣ-тоҷикӣ кай ва аз тарафи кӣ сурат гирифт?

А) Соли 954, Абулфазли Балъамӣ;
В) Соли 941, Абулқосими Фирдавсӣ;
С) Соли 963, Абуали Балъамӣ;
D) Соли 914, Дақиқӣ;
Е) Соли 821, Тоҳир ибни Ҳусайн;

Насри II Сомонӣ барои кадом гуноҳаш кушта шуд?

А) Андозро паст кард;
В) Пайрави ҳаракати Қарматия буд;
С) Бегуноҳ кушта шуд;
D) Истисмори деҳқононро зиёд кард;

Е) Ба аҳли дарбор хиёнат кард;
Кадом намуди заминҳоро вақфӣ меҳисобиданд?

А) Замини феодалон, рӯҳониён;
В) Замини султонҳо, амирон;
С) Замини масҷид, мазор, мадрасаҳо;
D) Замини ҳарбиён, сипоҳсолорон;

Е) Замини деҳқонон;
Солҳои мавҷудиёти сулолаи Тоҳириёнро бо пойтахташ муайян кунед?

А) Солҳои 820 – 850, Балх;
В) Солҳои 826 – 865, Ҳирот;
С) Солҳои 822 – 873, Нишопур;
D) Солҳои 873 – 900, Самарқанд;

Е) Солҳои 900 – 999, Бухоро;
Хонадони Бармакиён аз кадом шаҳр мебошанд?

А) Аз шаҳри Балх;
В) Аз шаҳри Бухоро;
С) Аз шаҳри Кеш;
D) Аз шаҳри Самарқанд;
Е) Аз шаҳри Ҳирот;

Кадом сулолаи ашрофзодагони тоҷик ба мансаби баланд –вазири дарбори Хилофати Аббосиён мерасад?

А) Тоҳириён;
В) Сосониён;
С) Пешдодиён;
D) Бармакиён;
Е) Ғурриён;
Асосгузори давлати Қарохониҳо кист ва он кадом сол ба вуҷуд омадааст?

А) Абдулкарими Сотуқи Буғрохон, солҳои 80-уми асри Х;
В) Ҳасани Буғрохон, соли 998;

С) Сулаймони Буғрохон, солҳои 70-уми асри IX;
D) Насри I Қарохонӣ, солхои 90-уми асри Х;

Е) Арслонхони Қарохонӣ, солҳои 1102 – 1141;

Муҳорибаи «Дандонакон» кай ва байни кадом сулолаҳо ба амал омад?
А) Соли 1041, байни Ғазнавиҳо ва Қарахониён;

В) Соли 1040, байни Салҷукиён ва Ғазнавиён;
С) Соли 1089, байни Салҷукиён ва Қарохониён;

D) Соли 999, байни Насри I Қарохонӣ ва Абдумалики II Сомонӣ;
Е) Соли 992, байни Буғрохони Қарохонӣ ва Сомониён;

Муҳорибаи «Катвон» кай ба амал омадааст ва бо кадом натиҷа анҷом ёфтааст?

А) Соли 1006, ҳасаниҳо ба Кошғару Ҳафруд соҳиб шуданд;

В) Соли 1141, Қарохониҳо ба ду кисм: Қарохониёни Шарқӣ; (Ҳасаниён) ва Қарохониёни Ғарбӣ (Алиҳо) тақсим шуданд;

С) Соли 1206, Муҳаммад Хоразмшоҳ Самарқандро соҳиб шуд;
D) Соли 1089, Қарохониён аз тахт маҳрум шуданд;

Е) Соли 1068, Тамғохон ба Фарғона соҳиб шуд;
Аввалин ҳокими Ғурро муайян кунед?

А) Шинасб ибни Ҳурнак;
В) Муҳаммади Сурӣ;
С) Аловуддини Ҷаҳонсӯз;
D) Иззауддини Ғурӣ;
Е) Шахобуддин Муҳаммади Ғурӣ;

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2