Савоҳои тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик қисми 1 (10)
- Таърих чист?
А) Калимаи арабӣ буда, саргузаштро меомӯзад;
В) Калимаи форсӣ буда, қиссаҳои гузаштаро меомӯзад;
С) Калимаи арабӣ буда, гузашта, саргузашт, ҳодиса, моҷаро, ҳикоя, қиссаҳоро меомӯзад;
D) Калимаи тоҷикӣ буда, таърихи заминро меомӯзад;
Е) Калимаи лотинӣ буда, таърихи оламро меомӯзад;
2. Ҷанбаҳои таърих кадомҳоянд?
А) Таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;
В) Таърихи давлат, халқ, муборизаҳои сиёсӣ;
С) Ҷанбаҳои илмӣ, фарҳангӣ дорад;
D) Таърихи маориф, табиат, дин, санъат;
Е) Таърихи табиат, замин, сулолаҳо;
3. Дар илми таърих аҳди қадими сангро чӣ гуна номгузорӣ кардаанд?
А) Мезолит;
В) Палеолит;
С) Неолит;
D) Энеолит;
Е) Биринҷӣ;
- Бозёфтҳои Тешиктошу Қайрокум, Ҳисору Данғара, Оби Гарму Қаробура ба кадом давраи асри санг тааллуқ доранд?
А) Мезолит;
В) Палеолити миёна;
С) Энеолит;
D) Неолит;
Е) Қайроқсанг;
5. Ёдгории намоёни асри биринҷии Тоҷикистони кунуниро муайян кунед?
А) Арақчини Варзоб;
В) Оқтангии Шаҳристон;
С) Саразми Панҷакент;
D) Сафолитеппаи водии Сурхон;
Е) Бешкенти водии Вахш;
- Давлатҳои аввалини асотирии аҷдодони тоҷиконро муайян кунед?
А) Каёниён, Порт;
В) Пешдодиён, Ашкониён;
С) Арянэм Вэйча, Хоразми бузург;
D) Пешдодиён, Каёниён;
Е) Суғди қадим, Фарғона (Даван);
- Ватани аслии ориёиҳоро муайян кунед?
А) Ҳамвории Эрон (ориёно) ва Осиёи Марказӣ;
В) Ҳудуди «Тоҷикистони таърихӣ» ва Эрон;
С) Осиёи Миёна, Қазоқистон, ҷанубу шарқии Аврупо, ҷанубу ғарбии Сибиру Урал ва соҳили дарёи Волга;
D) Кавказу Эрон, Афғонистону шимоли Ҳиндустон;
Е) Узбекистону Туркманистон, соҳили дарёи Волга;
- Кадоме аз ёдгориҳои зерини аҳди Ҳаоманишниҳо ҳоло дар Осорхонаи Англия нигаҳдорӣ мешавад?
А) Ёдгориҳои Афросиёби Самарканд;
В) Ёдгориҳои «Хазинаи Амуҳдарё»;
С) Аслиаҳои аз Парфия дастрасшуда;
D) Ёдгории «Куҳи Бесутун»;
Е) Ёдгории «Каъбаи Зардушт»;
9. Ба ҳайати Тахористони қадима кадом минтақаҳои имрузаи Осиёи Марказӣ дохил мешуданд?
А) Шимоли Афғонистон, ВАБК, вилояти Хатлон, вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон;
В) Афғонистон, ҷанубии Туркманистон, шарқии Эрон;
С) Тоҷикистони ҷанубӣ, ВАБК, вилояти Кашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон;
D) Афғонистон, шарқии Эрон, шимоли Ҳиндустон;
Е) Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон, шимолии Афғонистон;
- Дар асрҳои IV-VI мелоди чиниҳо аз мардуми Осиёи Миёна кадом навҳои истесолҳотро омӯхтаанд?
А) Шиша истесолкунӣ, дорусозӣ, кишти юнучқа;
В) Чорводорӣ, шоликорӣ, маъдангудозӣ;
С) Асппарварӣ, боғдорӣ, дорусозӣ;
D) Тангасозӣ, патакорӣ;
Е) Бофандагӣ, ресандагӣ, яроксозӣ;
11. «Авасто» китоби динии кадом мазҳаб мебошад?
А) Буддоӣ;
В) Насронӣ;
С) Зардуштия;
D) Монеӣ;
Е) Ислом;
12. Сабаб ва пайдо шудани санъати расмкаширо муайян кунед?
А) Тасвири зебоӣ, дар асри биринҷӣ;
В) Ба хотири шикор, дар асри санг;
С) Тасвири санаи чанг, дар асри мезолит;
D) Тасвири оташ, дар аҳди неолит;
Е) Муайян кардани ҷои зист, дар замони қадим;
13. Шуғли асосии ориёиҳои қадим кадомоянд?
А) Зироаткорӣ ва ҳунармандӣ;
В) Кишоварзӣ ва кулолгарӣ;
С) Кишоварзӣ ва чорводорӣ;
D) Чорводорӣ ва шаҳрсозӣ;
Е) Боғдорӣ ва бофандагӣ;
- Макони қадимтарини одамонро дар ҳудуди Тоҷикистон муайян кунед?
А) Мавзеи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Шаҳристон;
В) Мавзеи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг;
С) Мавзеи Аҷинатеппаи водии Вахш;
D) Харобаи Кӯҳнақалъа ноҳияи Ҷ.Румӣ;
Е) Харобаи Саксанохурии ноҳияи Фархор;
15. Аз воситаҳои нақлиёти муосир кадомашон дар аҳди қадим ихтироъ гардидааст?
А) Киштӣ, қаиқ, асп;
В) Тайёра, шутур, қатора;
С) Ароба, қаиқ;
D) Ароба, шутур, қатора;
Е) Кабӯтар, тайёра, асп;
- Кадоме аз металҳои зеринро инсонҳои аввалин аз худ намуда, барои зиндагиашон истифода кардаанд?
А) Мис;
В) Биринҷӣ;
С) Оҳан;
D) Нуқра;
Е) Қурғошим;
17. Харобаҳои Афросиёби қадим аз ҳудуди кадом шаҳри қадимаи Осиёи Миёна бозёфт шудааст?
А) Даван (Фарғона);
В) Чоч (Тошканд);
С) Кеш (Шаҳрисабз);
D) Мароқанд (Самарқанд);
Е) Курушкада (Истаравшан);
Ёдгории таърихии Саразм дар куҷо воқеъ гардида, ба кадом давра таалуқ дорад?
А) Дар қарибии Панҷакент, ҳазораи III-II п.аз.м.;
В) Дар Қашқадарё, асрҳои XVI-Х п.м.;
С) Дар Балхи қадим, асрҳои IX-VII п.м.;
D) Дар Хуҷанд, асрҳои V-III п.м.;
Е) Дар Бохтар, асрҳои IX-VIII п.м;
19. Ориёӣ чӣ маъно дорад?
А) Халқияти қадими Осиёи Миёна мебошад;
В) Пок, наҷиб, озода буда, аҷдодони қадими тоҷиконро меноманд;
С) Асилзода, диндор, қадимӣ буда, гузаштагони эрониёнро гӯянд;
D) Хоксор, ростгӯ маънӣ дошта, сокинони шимолии Ҳиндустонро гӯянд;
Е) Ҳақгӯ, ростқавл, ҷавонмард буда, сокинони қадимаи Афғонистонро номанд;
20. Кадоме аз ёдгориҳои зерин ба давлати Порт (Парфия) мансуб аст?
А) Шаҳри Нусай (Нисои ҳозира);
В) Тахти сангин дар Қубодиён;
С) Катибаи Рабутаки Афғонистон;
D) Нақши Рустам дар Эрон;
Е) Шаҳри Бобул дар Ироқ;
21. Тибқи маводҳои бостоншиносӣ ш. Душанбе аз кадом давра ё аср вуҷуд дорад?
А) Аз замони ҳукмронии Ҳахоманишӣ;
В) Аз асрҳои IV-III п.м.;
С) Аз давраи Қушониён;
D) Аз асрҳои IV-VI мелодӣ;
Е) Аз давраи Халифати Араб;
22. Ёдгории қадимаи Саксанохур дар куҷо ҷойгир аст?
А) Дар ноҳияи Қумсангир;
В) Дар ноҳияи Фархор;
С) Дар шимоли Афғонистон;
D) Дар водии Сурхондарё;
Е) Дар минтақаи Бадахшон;
23. Дар аҳди Қушониён дар водии Ҳисор шаҳре мавҷуд буд ва он кадом аст?
А) Работак;
В) Ҳамоварон (дар ҳудуди Шаҳринав);
С) Шумон (дар водии Ҳисор);
D) Аҳорун (дар наздикии Душанбе);
Е) Варахша;
24. Номи қадимаи шаҳри Қурғонтеппаро муайян кунед?
А) Ҳамоварон;
В) Леваканд;
С) Работак;
D) Варахша;
Е) Аҳорун;
25. Бойгонии Деваштиҷ кай ва аз куҷо кашф шудааст?
А) Соли 1930, аз ноҳияи Панҷакет;
В) Соли 1940, аз кӯҳи Муғи Истаравшан;
С) Соли 1932, аз қалъаи Муғи ноҳияи Айнӣ;
D) Соли 1935 аз Фалғар;
Е) Соли 1936 аз Афросиёби Самарқанд;
26. Одамони замони палеолити поён чӣ гуна шакл доштанд?
А) Шакли неандертал;
В) Шакли питекантроп ва синантроп;
С) Шакли одамони имрӯзаро;
D) Шаклу намуди одамони замони палеолити поён, ки то ҳол муайян нашудааст;
Е) Шакли неандертал ва синантроп;
27. Дар хоҷагии неандерталҳо мавқеи асосиро кадом машғулият ишғол мекард?
А) Шикорчигӣ;
В) Кишоварзӣ;
С) Моҳидорӣ;
D) Чорводорӣ;
Е) Зироатчигӣ;
- Кадом олотҳои меҳнат, ки дар давраи ҷомеаи ибтидоӣ инсон ихтироъ кардааст, то имрӯз истифода мешавад?
А) Корд, сӯзан, зоғнӯл, табар, омоч;
В) Омоч, кетман, бел ва теша;
С) Теша, хаскаш, ароба, арра ва бел;
D) Арра, бел, искана, дос ва калтак;
Е) Аз асбобҳои ихтирошуда то ба мо нарасидааст;
- Маркази давлати Элом, ки ба қатори аввалин давлатҳои ориёӣ дохил мешавад кадом шаҳр ба шумор меравад?
А) Шаҳри Экбатон (Ҳамадон);
В) Шаҳри Шуш (Суза);
С) Шаҳри Нусай (Нисо);
D) Шаҳри Пурушанура (Пешовар);
Е) Шаҳри Ланшӣ;
- Кадом давлатро «Давлати ҳазоршаҳр» меноманд?
А) Юнони қадим;
В) Бохтар;
С) Ашкониён;
D) Кушониён;
Е) Ҳайтолиён;
- Дар натиҷаи ковтуковҳои бостоншиносӣ аз бойгонии Деваштиҷ чӣ қадар ҳуҷҷатҳо ва ашёҳои моддӣ ёфт шуданд?
А) 74 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ, 1-то бо забони арабӣ ва 400 ашёҳо ёфт шуданд;
В) 120 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ, 210-то бо забони арабӣ ва 210 ашёҳо ёфт шуданд;
С) 26 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ ва 500 ашёҳо ёфт шуданд;
D) 110 ҳуҷҷат ва 740 ашёҳо ёфт шуданд;
Е) 400 ҳуҷҷат ва 190 ашёҳо ёфт шуданд;
32. Марҳилаҳои таърихии ҷомеаи ибтидоиро номбар кунед?
А) Рамагӣ, модаршоҳӣ, падаршоҳӣ, обшинаи қишлоқӣ;
В) Тӯдагӣ, авлодӣ, ҳамсоягӣ;
С) Аҳди санг, баринҷ;
D) Палеолим, мезолит, неолит;
Е) Энеолит, биринҷ;
- Мафҳуми «Авасто» -ро шарҳ диҳед?
А) Аз калимаҳои форсии миёна «асос», «ниёиш», «дастур», «гузориш» бармеояд;
В) Аз калимаҳои паҳлавии «занд», «Хурд-авасто», «Худо» баромадааст;
С) Аз калимаи форсии «дониш», «таълимот» баромадааст;
D) Аз калимаи бохтарии «амоса», «ясно», «дуоҳо» бармеояд;
Е) Аз калимаи арабии «яштҳо», «ясно», «асос» баромадааст;
34. Таълимоти Зардушт нахустин маротиба дар куҷо пайдо шудааст?
А) Дар Хоразми Бузург;
В) Дар Суғди қадим;
С) Дар шоҳигарии Бохтар;
D) Дар Марви қадим;
Е) Дар Ҳиндустони Шимолӣ;
- Тибқи дини Зардуштия Худои офтоб чӣ ном дошт?
А) Ршану;
В) Аҳурамаздо;
С) Митра;D) Ардвисур;
Е) Бахром;
36. Барои кадом амал зардуштиёнро 500 қамчин мезаданд?
А) Барои ҷасади одамро гур кардан;
В) Барои роҳзани кардан;
С) Барои оташро хомӯш намудан;
D) Барои иҷро накардани намоз;
Е) Барои ифлос кардани об;
37. «Авасто» китоби динии кадом мазҳаб мебошад?
А) Буддоӣ;
В) Насронӣ;
С) Зардуштия;
D) Монеӣ;
Е) Ислом;
38. Таърихи сохти ҷомеаи ибтидоӣ аз р сарчашмаҳои асосӣ омӯхта мешавад?
А) Сарчашмаҳои хаттӣ;
В) Эҷодиёти даҳонии халқ;
С) Лингвистӣ;
D) Археологӣ;
Е) Мардумшиносӣ;
- Маънии «Занд-Авасто»-ро муайян кунед?
А) Қисми иловагии «Авасто»;
В) Занд-тафсири «Авасто» бо забони паҳлавӣ;
С) Қисми хурди «Авасто»-и давраи ашконӣ;
D) Занд арабӣ буда, маънояш иловаҳо мебошад;
Е) «Авасто»-и нахустро гӯянд;
- Кадоме аз ин пайғамбаронро соҳибкитоб меҳисобанд?
А) Зардушти Спитамон;
В) Муҳаммад (С);
С) Исои Масеҳ;
D) Иброҳими Халилулоҳ;
Е) Монӣ;
- Се давраи археологии сохти ҷомеаи ибтидоиро бо тартиб номбар кунед?
А) Асри санг, биринҷӣ, оҳан;
В) Биринҷӣ, оҳан, санг;
С) Оҳан, биринҷӣ, санг;
D) Оҳан, санг, биринҷӣ;
Е) Биринҷӣ, санг, оҳан;
42. Худои Зардушт кӣ буд?
А) Аҳриман;
В) Аҳура -Маздо;
С) Зардушт;
D) Аноҳита (Ноҳид);
Е) Зевс;
43. Солҳои мавҷудиёти давлати Ҳахоманиширо муайян кунед?
А) Солҳои 559 – 336 п. м.;
В) Солҳои 550 – 331 п. м.;
С) Солҳои 551 – 334 п. м.;
D) Солҳои 312 – 356 п. м.;
Е) Солҳои 224 – 651 мелодӣ;
44. Муҳорибаи қабилаҳои массагетӣ ва лашкари Куруш кадом солҳо ба амал омадааст?
А) Солҳои 530 – 527 п. м.;
В) Солҳои 530 – 529 п. м.;
С) Солҳои 329 – 327 п. м.;
D) Солҳои 336 – 331 п. м.;
Е) Солҳои 522 – 485 п. м.;
45. Кадоме аз шаҳрҳои кунунии Тоҷикистонро Куруши Кабир асос гузоштааст?
А) Панҷакент;
В) Истаравшан;
С) Исфара;
D) Ваҳдат;
Е) Қурғонтеппа;
46. Шуриши Фрада кай ва дар куҷо ба амал омадааст?
А) Соли 529, дар Ҳирот;
В) Соли 522, дар Марғиён;
С) Соли 520, дар Нисо;
D) Соли 518, дар Мароқанд;
Е) Соли 512, дар Курушкада;
47. Шоҳи охирини Ҳахоманишиҳо аз ҷониби кадоме аз ин шахсиятҳо кушта шуд?
А) Аз ҷониби Искандар;
В) Аз тарафи Файлақуси II;
С) Аз тарафи Бесс;
D) Аз тарафи Спитамен;
Е) Аз тарафи Оксиарт;
- Ном ва солҳои ҳукмронии охирин шоҳи Ҳахоманиширо муайян кунед?
А) Дорои П, солҳои 423-404 т.м.;
В) Ардашери Ш, солҳои 358-338 т.м.;
С) Дориюши Ш, солҳои 336-330 т.м.;
D) Арсес, солҳои 338-336 т.м.;
Е) Ардашери 1, солҳои 464-424 т.м.;
49. Катибаи машҳури Дорои Кабир чӣ ном дорад ва бо кадом хату забон иншо шудааст?
А) «Устувонаи Куруш», бо хати мехӣ ва бо забони «эламӣ»;
В) «Катибаи Бесутун», бо хати мехӣ ва бо забонҳои эломӣ, форсӣ миёна, аккадӣ (бобулӣ);
С) «Ёддоштҳои Дорои I» бо хати оромӣ ва бо забони бохтарӣ;
D) «Панднома», бо хати тахорӣ ва бо забони суғдӣ;
Е) «Ёдгории Зарирон», бо хати паҳлавӣ ва бо забони форсии нав;
50. Як таланти давраи Ҳахоманиши чӣ миқдор арзиш дошт?
А) Аз 26 кг тилло ё 40 кг нуқра;
В) Аз 25 кг тилло ё 33-34 кг нуқра;
С) Аз 30 кг нуқра ё 35 кг биринҷӣ;
D) Аз 50 кг мис ё 27 кг биринҷӣ;
Е) Аз 15 кг тилло ё 20 кг биринҷӣ;
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё