Мафҳуми барномаи компютерӣ
Мафҳуми барномаи компютерӣ. Барномаи компютерӣ ин маҷмӯи фармонҳои ба компютер ба намуди матнӣ додашаванда мебошад. Барномаҳои компютерӣ ба сатҳи баланд ва паст тақсим мешаванд. Дар барномаҳои компютерии сатҳи паст дар ҳар як сатри барнома яктогӣ фармон ҷойгир карда мешавад, дар сатҳи баландаш бошад дар ҳар сатр якчанд фармонҳо ҷой дода мешавад. Барои тартиб додани барномаҳои компютерии сатҳи паст аз муҳити барноманависии Ассемблер ва барои барномаҳои сатҳи баланд аз муҳитҳои манд, ки онҳо барои истифодаи КФ заруранд.
Таъминоти барномавии компютерҳои ҳозиразамон аз садҳо ҳазор барномаҳои гуногун иборат аст. Таъминоти барномавиVisualBasic, Delphi, С++ ва ғайра истифода мебаранд. Таъминоти барномавии КФ. Намудҳои барномаҳои компютерӣ. Таъминоти барномавии КФ гуфта, маҷмӯи барномаҳоеро менои КФ-ро аз рӯи таъминоташон ба 4 гурӯҳҳои асосии зерин ҷудо кардан мумкин аст: Барномаҳои системавӣ; Барномаҳои утилитӣ; Системаҳои барномасозӣ; Барномаҳои амалӣ; Барномаҳои системавӣ ин гурӯҳи барномаҳои системаҳои амалиётӣ (оператсионӣ) мебошад. Системаҳои амалиётӣ (СА) имконият медиҳанд, ки компютер ба кор тайёр карда шавад, интерфейси байни истифодабаранда ва компютер таъмин шавад, бо интерфейси байни барномаҳо ва таҷҳизотҳои КФ ва байни барномаҳои гуногун истифода мешавад. Системаҳои амалиётии маъмултарин MS DOS, MS Windows, OS/2, Linux, Android ва ғайра мебошанд. Барномаҳои утилитӣ барои васеъ намудани имконияти СА-ҳо истифода мешавад. Ба монанди антивирусҳо, архиваторҳо, драйверҳо, барномаҳои хизматрасонии диски сахт, муҳаррики компакт-дискҳо ва ғайра.
Яке аз барномаҳои ёрирасон ин – барномаи антивирусӣ мебошад, ки он барномаю ҳуҷҷатҳоро аз вирусҳои компютерӣ ҳифз менамояд. Вазифаи асосии чунин барномаҳо – ин дар ҳолати муносиб нигоҳ доштани устуворӣ ва коршоямии система мебошад. Онҳо имконият медиҳанд, ки нуқсонҳои системаи файлӣ ва таҷҳизотӣ муносиб гардонида шавад, инчунин баъзе амалиётҳои муқаррарӣ, ки бо омоданамоии компютер алоқаманд мебошад ба таври автоматӣ иҷро шаванд. Барномаҳои ёрирасон на танҳо барои системаҳои оператсионии Windows, балки барои дилҳоҳ системаҳои амалиётӣ пешбинӣ шудааст.
Барномаи антивирусӣ барномаи махсус буда, вирусҳои компютериро ёфта, намудашонро муайян намуда, диску файлҳои сироятёфтаро табобат менамояд. Вируси компютерӣ ин барномаи махсуси компютерии зараррасон мебошад, ки барои халалдор кардани кори истифодабаранда тайёр шудааст. Системаҳои барномасозӣ ё ин ки муҳити барномасозӣ барои коркарди барномаҳои нав бо забони барномасозии мушаххас пешбинӣ шудааст. Барномаҳои амалӣ ин барномаҳои гуногуни истифодабарандагон мебошад. Ба монанди дастаи барномаҳои офисӣ, барномаҳои касбӣ, бозиҳои компютерӣ ва ғайра. Инчунин барои ҳалли масъалаҳои характери амалӣ доштаи соҳаҳои илм, техника, тиб, хоҷагии қишлоқ, саноат ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Ба онҳо синфи калони барномаҳо – барномаҳоеро, барои автоматикунонии корҳои лоиҳавии гуногун мансуб кардан мумкин аст. Намудҳои дигари барномаҳо ин барномаҳои дар раванди таълим истифодашаванда мебошанд, ки барои идоракунии раванди таълим ё худомӯзӣ кор фармуда мешаванд. Драйвер – барномае, ки байни қисми компютер ва системаи амалиётӣ ё байни барномаи амалӣ ва системаи амалиётӣ миёнарав мебошад. Драйверҳо имкониятҳои системаи амалиётиро зиёд менамояд. Онҳо корҳоеро ба субот мерасонанд, ки системаи амалиётӣ онҳоро бевосита иҷро карда наметавонад. Драйверҳо барои ба системаи компютерӣ ҳамроҳ намудани таҷҳизоти нав ё ба таври ғайристандартӣ истифода бурдани таҷҳизоти мавҷуда хизмат мерасонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё