Васфи занону модарон дар ашъори М.Турсунзода
Мавзӯи занону модарон дар эҷодиёти М.Турсунзода ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расидааст. Силсилаи Модарномаи Турсунзода дар маҷмӯаи «Посбони оташ» гирд омадааст. Тасвири мукаммалу муфассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост меояд. Аксари шеърҳои Модарнома, аз ҷумла «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор, зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд», «Зан посбони оташ аст», «Чашми ман», солҳои 60-70 таълиф гардидаанд. Дар шеъри «Дили модар» хислати модари тоҷик, ки ба серфарзандӣ майл дораду ҳангоми тӯйи арӯсии фарзанд беихтиёр ашки шодӣ мерезад, табиӣ ва самимӣ ба қалам омадааст, ба дараҷае ки хонанда ҳолати рӯҳӣ ва туғёни қалбии модарро ҳангоми келинфурорӣ хеле хуб эҳсос мекунад. Барои модар аз даст додани фарзанди калонаш дар ҷанг фоҷиаи ҷонкоҳ буд. Вале онро ба хотири тарбияи фарзанди хурдӣ паси сар менамояд:
Намурдам, зистам, Фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам, Дуо чун модарон кардам.
Таркиби ашки шодӣ, ба келин бахшидани марҷон ва дуои модарона боиси ифодаи мушаххаси образи модари тоҷик гардидаанд. Умуман, тасвири расму русуми аҷдодӣ дар Модарномаи Турсунзода чӣ қадаре, ки хусусияти миллии модари тоҷикро ифода намояд, ки бо ҳамон андоза ба тасвир моҳияти умумиинсонӣ ато мекунад. Ин аст, ки таманнои модари тоҷик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин рӯзҳоро аз сар гузаронида, аз ҷигаргӯшаҳои баркамолаш абадӣ ҷудо гардида буд, ормони кулли модарони дунё мебошад:
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
Ҳастии модар дар шеъри «Дасти модар» боз ҳам мушаххастар ба тасвир омадааст ва воситаи асосии тасвир дар ин шеър дасти модар мебошад:
Ба ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро.
Дар ин шеър дасти модар рамзи қувваи беҳамтои зан аст, ки он на фақат тифлро ба воя мерасонад, инчунин дар ободии дунё ва бахти тамоми сокинони сайёраи мо саҳм мегирад. Дар байтҳои боқимонда фаъолияти созандагии модар дар дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба қалам омадааст. Боғ оростан, қасрҳову кӯшкҳо андохтан, гул бӯ кардан ва шонаро ба кокулу мӯ кардан ҷузъҳоеанд, ки фаъолияти модарро умумият дода, ӯро ба дараҷаи типи бадеӣ расондаанд. Шеър дар маҷмӯъ ҳикмати машҳури Наполеон – «Модар ба як дасташ гаҳвора, бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад»-ро ба хотир меорад. Бояд гуфт, ки аксари шеърҳои Модарнома ба ду баҳри маъмули арӯси тоҷикӣ -ҳазаҷ ва рамал гардидаанд. Махсусан баҳри рамал, ки аз баҳри дӯстоштаи М.Турсунзода ба шумор меравад, тартиб ва оҳангнокии қисми кулли шеърҳои Модарномаро таъмин намудааст. Шеъри «Дасти модар» бо чунин байт оғоз меёбад:
Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ.
Ё худ дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» мавқеи модар дар зиндагӣ ҳунармандона ва ҷолиб ба тасвир омадааст. Мундариҷаи шеър аз аввал то охир ба воситаи ифодаҳои шартӣ фароҳам омадааст:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» ҳар байт як паҳлӯи шахсияти модарро табиӣ ва дилпазир ошкор сохтааст. Шири модар хусусияти табобатӣ низ дорад. Бинобар ин, модарон рӯй ва чашму гӯши тифлро ҳар сари чанд вақт бо шири худ мешӯянд. Шоир аз ин одати табии модарон нозукбинона маънӣ бардоштааст, ки он ба хонанда лаззати эстетикӣ мебахшад:
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.
Умуман, силсилаи шеърҳои Модарнома як паҳлӯи муҳими лирикаи Турсунзодаро ифода намуда, гувоҳи ҳунари волои шоир мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё