Зеҳн

Қобилияти хонандагон

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Қобилият гуфта, хусусияти фардӣ – психологии шахсро мефаҳманд, ки ба талаботи фаъолияти додашуда ҷавобгӯ буда, имконияти иҷрои бомуваффақияти онро таъмин менамоянд ва шарти ба осонӣ аз худ гаштани донишу маҳорат ва малакаҳо мебошанд.

Б.М. Теплов се аломати асосии зерини мафҳуми қобилиятро ҷудо мекунад: аввалан зери мафҳуми қобилият хусусиятҳои фардӣ – психологиеро мефаҳманд, ки якеро аз дигаре фарқ мекунонаад; дувум, қобилият гуфта на ҳамаи хусусиятҳои фардӣ – психологиро дар назар доранд, балки танҳо онҳоеро, ки ба иҷрои бомуваффақияти ягон фаъолият ё фаъолиятҳои зиёд марбутанд; саввум, мафҳуми қобилият ба он донишҳо, малака ва маҳоратҳое, ки алакай дар шахс вуҷуд доранд, дар айният нестанд, ҳарчанд боиси ба осонӣ аз худ гаштани онҳо мегардад.

Миёни қобилиятҳо ва донишу маҳорату малакаҳо муносибатҳои мураккаби алоқамандии байниҳамӣ вуҷуд доранд. Масалан, муаллим метавонад аз ҷавоби хонанда Аҳмад аз фани адабиёт қаноатманд набошад, вале хонандаи дигар Баҳромро барои ҳамин гуна ҷавоб ситоиш кунад. Барои чӣ? Чунки хонанда Аҳмад, ки ба адабиёт қобилият дорад, аз имкониятҳои худ пасттар ҷавоб дод, дар сурате, ки хонанда Баҳром дар соҳае ба дастовардҳои баланд ноил гашт, ки дар он қобилиятҳои назаррасе надорад. Одатан, баҳо дар мактаб на қобилиятҳоро, балки дараҷаи донишу маҳорат ва малакаҳоро чен мекунад.

Психологи машҳури рус А.В. Петровский оид ба қобилият чунин мегӯяд: «Дар бораи қобилият ҳарф зада истода, аз мафҳумҳои фалсафии «имконият» ва «воқеият» истифода кардан қулай аст. Монанди оне, ки дони ба заминафтида дар нисбати хӯшаи пухтарасидае, ки метавонад аз ин дон сабзад (агар сохтор, таркиб, намнокии замин ва боду ҳаво мусоид бошанд), танҳо имконият аст. Қобилияти инсон низ барои ба даст овардани донишу маҳорат ва малакаҳои муафян танҳо имконият ҳастанд.

Ин имкониятҳо дар натиҷаи меҳнати суботкорона ба воқеияттабдил меёбанд. Гуфтан мумкин аст, ки меҳнатдӯстӣ, майл ба меҳнат дар он соҳае, ки шахс қобилият дорад ба мазмун ва сохти қобилият дохил мешавад. Психологи рус Н.С. Лейтес, ки кӯдакони қобилияти баланди ақлидоштаро меомӯхт, қайд мекунад, ки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама меҳнатдӯстанд. Майли бузург ба меҳнати фикрӣ хусусияти муҳими эшон маҳсуб меёбад. Қобилиятҳо чун дигар хусусиятҳои шахс на танҳо дар фаъолият зоҳир мегардад, балки дар он ташаккул меёбад.

Иҷрои бомуваффақияти фаъолият якбора ба амал намеояд. Қобилият дар рафти ҳаёту фаъолият ташаккул ва тараққи меёбад. Дар процесси фаъолият системаи муҳими алоқаҳои шартӣ ба вуҷуд меоянд ва машқ додану мустаҳкам намудани онҳо шарти ташаккули қобилият мешаванд.

Қобилият дар ҳамон хел фаъолияте зоҳир мегардад ва тараққи меёбад, ки дар он мавриди истифода шудани он пайдо мешавад. Ҳар қадаре, ки фаъолият гуногунхел ва пурмазмун бошад, ҳамон қадар қобилият низ ба таври равшан тараққӣ ёфтан мегирад. Вазифаи муаллим аз он иборат аст, ки ба хонанда имконияти амал карданро диҳад ва барои устувор шудани шавқу ҳавасҳои пайдошуда мусоидат намояд.

Агар мавҷудияти кадом як қобилият ҳанӯз барои бомуваффақият иҷро намудани фаъолият нокифоя бошад, он гоҳ дар навбати худ сустии кадом як қобилият ҳоло ифодаи корношоямии одамро ба ин ё он фаъолият надорад. Агар дигар қобилиятҳо равшан ифода ёбанд ва одам имконияти бомуваффақият иҷро намудани фаъолиятро пайдо кунад, ин барои тараққиёти қобилиятҳои кафомонда шароитҳои мусоидро фароҳам меоварад. Онҳо чунон баробар мешаванд, ки осоре аз сустии аввала намемонад.

Вазифаи муаллим на танҳо аз он иборат аст, ки хусусиятҳои ҳарҷиҳатаи хонандагонро бодиққат ба ҳисоб гирифта, ҷиҳатҳои пурқимати шахсияти онҳоро муайян кунанд, боз дар он аст, ки хусусиятҳои номатлубро пешгири кунанд, тағйир диҳад ва аз нав тарбия намояд. Дар баъзе ҳолатҳо чунон метобад, ки «беқобилияти», яъне ноӯҳдабароии хонанда нисбат ба ягон фанни таълимӣ дар нокифоя будани дониш ва малакаҳо зоҳир мешавад ва инро на ҳама вақт ба осони ошкоро кардан мумкин аст. Баъзе хонандагон ҳангоми гузаштан ба иҷрои фаъолияти боз ҳам мураккабтар ҳоло бо тарзҳои нави иҷрои кор мусалаҳ нестанд, вале дар ибтидо тавассути тарзу усулҳои пеш азхудкардашуда ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мешаванд ва ба фазли ин муваққатан ӯҳдабаро метобанд. Аммо ҳангоми гузаштан ба давраи дигари омӯзиш, аз уҳдаи иҷрои супоришҳои таълимӣ намебароянд ва гӯё «беқобилиятӣ»-ро дар соҳиб шудани маҳоратҳо нишон медода бошанд. Сабаби асосии нобарории онҳо нокифоягии тараққиёти қобилиятҳо набуда, балки сари вақт ташаккул надодани маҳорати лозимӣ барои рафти ояндаи кори таълимӣ мебошад.

Аҳамияти ниҳоятдараҷаи муҳимро барои тараққиёти қобилиятҳо коршоямӣ ва меҳнатдустӣ доранд. Ба ин таҷрибаи кори мактаб далолат мекунад. Масалан, сабаби бадхонии хонандагони сустхонро танҳо дар сифатҳои ақлу хиради онҳо дидан хато аст. Ба ҳар яки онҳо масъалаҳои аз ҳама душвори барномаро фаҳмонидан мумкин аст. Нобарориҳоро бисёр вақт метавонем дар набудани майли онҳо ба меҳнат бинем. Хонандае, ки ҳангоми кор кардан ба ҷӯшухурӯш намеояд, саъю кӯшиш намекунад, дар ӯ қобилиятро инкишоф додан душвор аст.

Инчунин хонандагоне хастанд, ки новобаста аз тамбалиашон бомуваффақият дарс мехонанд. Чунин хонандаи сустхон бисёр вақт дар гирифта кор мекунад ва баъзан кай хондани ӯ пайхас бурда намешавад. Аҳамияти хусусияти меҳнатдӯстӣ дар ноил шудан ба чунин муваффақиятҳо хонанда калон аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хонандаи дар мактаб пешқадам, мутаасифона дар ҳаёт ба нобарориҳо дучор мешавад ва ин аз набудани одоби ҷиддии кор кардан рӯй медиҳад. Қобилияти хонанда тавассути ҳамин нишондиҳандаҳои ақлӣ ва қобилияти кори боз ҳам устувории ӯ пурратар тараққӣ меёбад ва боиси ба даст овардани натиҷаҳои назаррас мегардад. Нақши меҳнатдӯстӣ махсусан дар дараҷаҳои баланди қобилият бештар эҳсос мешавад. Барои он ки истеъдод тараққӣ ёбад, майли беинтиҳо ба меҳнат кардан зарур аст.

Раванди тарбияи қобилият аз ташаккули характери одам ҷудо намебошад. Аҳамияти марказиро дар харакери хислатҳое ташкил медиҳанд, ки муносибатро ба меҳнат, ба одамони дигар ва ба худаш ифода мекунанд. Ҳамаи ин гуногунии муносибатҳо ба ҳақиқат, ки ҷиҳатҳои нисбатан муҳими шахсро тавсиф медиҳанд, мувофиқи тадқиқотҳои психологи самаранокии процессҳои психикӣ ва маҳорат одамро муайян мекунанд ва онҳо бевосита дар тараққиёти қобилиятҳо таъсири амиқ мебахшанд. Маҳз зуҳуроти муносибати пурҷӯшухурӯш ва бозавқ ба кор – шарти муҳими таъсири ин фаъолият ба тараққиёти қобилият мебошад. Яъне дар баробари ҷалб кардани хонанда ба ин ё он намуди фаъолият, инчунин ӯро ба кор шавқманд намудан зарур аст. Хонандагони қобилияташон инкишофёфта супоришу барномаҳои махсусро талаб мекунанд ва дар мактаб ҷоннок намудани фаъолияти махфилҳои илмӣ, ташкили пурмазмуни корҳои беруназсинфӣ – шарти дигари тараққиёти қобилияти хонандагон ба шумор меравад. Хонандагоне, ки қобилияташон ба таври кофӣ зоҳир нашудаанд, ба тарбияи шавқу ҳавас ва бедор кардани майли онҳо ба корҳои мустақилона эҳтиёҷ доранд. Иҷрои шаклҳои гуногуни корҳои мустақилона дар мактаб ба ташаккули тафаккур ва хаёли эҷодии хонандагон мусоидат менамояд ва ин дар навбати худ, барои навовар ва ихтироъкор шудани онҳо дар оянда имкониятҳои васеъ медиҳад.
Хулоса, аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки қобилияти инсон ирсӣ набуда, натиҷаи таълиму тарбия ва таъсири муҳити иҳотакарда мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2