Зеҳн

Шеърҳо аз китоби Интизор-и Шаҳриёр

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 36 дақиқа хондан

ТОҶИКИСТОН, ВАТАНАМ

Ҳаст дар рӯйи замин гӯшаи зебо чу биҳишт,
Сифаташ кас натавонист ба як бор навишт.

Рӯдакӣ, Айниву Лоиқ ба сифоташ гуфтанд,
Шукр дорам, ки маро низ ҳамин хок сиришт.

Тоҷикистон, ту равонӣ ба танам, эй Ватанам,
Балки ҷониву ҷаҳонӣ Ватанам, эй Ватанам.
Кӯҳсорат ба фалак қомати худ боло кард,
Конҳои ту пур аз нуқраву тиллову зар аст.

Оби дарёи ту чун оби ҳаёт аст маро,
Водиҳоят ҳама сӯ ғарқаи бору самар аст.

Тоҷикистон ту равонӣ ба танам, эй Ватанам,
Балки ҷониву ҷаҳонӣ Ватанам, эй Ватанам.

Ман, ки фарзанди туям меҳри ту дар дил дорам,
Ҷони худ дар раҳи ободии ту биспорам.
Ҳастиям, буду набудам ба ту пайванд бувад,
Фахр дорам, ки чунин кишвари зебо дорам.

Тоҷикистон, ту равонӣ ба танам, эй Ватанам,
Балки ҷониву ҷаҳонӣ Ватанам, эй Ватанам.

ЛИВОИ СУЛҲ

Аё, эй ҳамватан, эй ҳамзамон андеша кун як дам,
Ба ёд овар гузашта рӯзҳои даҳшату пурғам.
Бародар теғ дар каф бо бародар ҷанг эълон кард,
Зи ҳар як хона меомад садои гиряву мотам.

Диёри пур зи файзи Тоҷикистон торикистон шуд,
Занону кӯдакон аз мулки бобоӣ гурезон шуд.
Ҳазорон хонаи обод яксон шуд ба коми ҷанг,
Чунин як миллати сарҷамъ беқурбу парешон шуд.

Ватан шуд бе ватандору сарон аз тахт рӯгардон,
Зи минбар нокасон бар гӯшҳо афсонаҳо гӯён.
Пасу паскӯчаҳо пур аз гадову аз ятимон шуд,
Барои пораи нон зор будандиву саргардон.

Чӣ рӯзоне паси сар кард он дам миллати гумроҳ,
Ба доми макру фанд уфтода монд андар миёни роҳ.
Яке рахти сафар мебаст сӯи кишвари мардум,
Дигарро бингарӣ хуни касон мерехт бепарво.

Барои миллати тоҷик Худоям кори шоён кард,
Пароканд абри тору шамси тобоне намоён кард.
Садо омад зи дуриҳо, ки ваҳдат ҷамъи миллат аст,
Ба дӯши худ гирифта нанг, Раҳмон сулҳ эълон кард.

Гузашта солҳову чашми тоҷик боз шуд аз нав,
Бародар бо бародар сулҳ кард, дамсоз шуд аз нав.
Диёри ҷангу даҳшат дидаам обод шуд аз нав,
Фирорӣ бар ватан омад, ҳаёт оғоз шуд аз нав.

Биё, акнун, ки мо ҳам номбардори Ватан бошем,
Ливои сулҳ дар каф, ҷоннисори ин чаман бошем.
Шавад то рӯз аз рӯз зиндагонӣ хубу рангинтар,
Садоқатманди меҳан, лоиқи ин анҷуман бошем.

НАВРӮЗАТ МУБОРАК!

Ба барги гул чакида шабнами тар,
Намуда боғи гулро бас муаттар.
Садои резаборони баҳорӣ,
Дили пири маро созад ҷавонтар.

Чу фасли файзбору пурнишотӣ,
Замини хобро аз нав суботӣ.
Ту қалби ошиқонро метапонӣ,
Баҳорам, фасли зебои ҳаётӣ.

Бари кӯҳу чаман бишкуфта гулҳо,
Либоси махмалин пӯшида саҳро.
Ба гӯш ояд садои рӯди кӯҳӣ,
Ватан дар чашми ман гаштӣ дилоро.

Диёрам, рӯзи фирӯзат муборак,
Ҳамин солу ҳамин рӯзат муборак.
Дар олам паҳн шуд овозаи ту,
Хуҷаста иди Наврӯзат муборак!

БАҲОР АСТ

Канори дашту кӯҳҳо сабзазор аст,
Шукуфта боғу саҳро лолазор аст.
Садои чаҳ-чаҳи мурғи хушилҳом,
Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.

Ба рӯи барги гулҳо ашки борон,
Фараҳафзо насими кӯҳсорон.
Табиат зинда шуд, бингар чӣ зебост,
Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.

Чаро имрӯз қалбам беқарор аст,
Маро ҳар лаҳза майли кӯи ёр аст.
Дилам чун мавҷи дарё мехурӯшад,
Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.

Найи чӯпонӣ орад савти дилсӯз,
Таҷаллӣ шуд ба мулкам иди Наврӯз.

Равон шуд сӯи саҳро марди деҳқон,
Гулистон шуд диёри мо, гулистон.

ҶОВИДОН БОШӢ

Муаллим, гарму сарди зиндагониро ҳамедонӣ,
Ҳазорон толиби дониш ба роҳи рост мехонӣ.
Ба уммеде, ки шогирдон аз илмат баҳра бардоранд,
Шабу рӯзона заҳмат мекашӣ, аз хоб мемонӣ.

Бигардад боғбон мамнун чу нахлаш дар самар ояд,
Ту ҳам аз завқ меболӣ, чу шогирд боҳунар ояд.
Надорӣ роҳату ором, умре дар азоб астӣ,
Ки як фарзанди меҳан шуҳратафкан, номвар ояд.

Аё устод, хоҳонам, ки фахри ин замон бошӣ,
Зи дарду ранҷҳои зиндагонӣ дар амон бошӣ.
Чу меҳри кӯдакони халқро бинмудӣ дар дил ҷой,
Ба номи неки худ дар қалбҳо то ҷовидон бошӣ.

МОДАР

Дарду аламат бори гарон, модарҷон,
Дар ботини ту чӣ ғам ниҳон, модарҷон.
Бар сабру таҳаммули ту кас ҳайрон аст,
Баҳри дили ту чӣ бекарон, модарҷон.

Бо амри Худо аз ту ҳаёт оғоз аст,
Дар шири сафедат қудрати эъҷоз аст.
Ҳар хандаи кӯдакат туро рӯҳ орад,
Бо аллаи ту хоб чӣ хоби ноз аст.

Модар ба ҷаҳон нест маро чун ту анис,
Номи ту муқаддас аст бар аҳли тамиз.
Ҳар кӣ нарасад ба қадри ту гумроҳ аст,
Бар хурду калон, халқи ҷаҳонӣ ту азиз.

МОДАР, МАРО БУБАХШ!

Бубахшо, модаро, гар метавонӣ,
Хатои ман туро орад гаронӣ.
Худам ҳам дар азобам, вой бар ман,
Намудам ҳайф даврони ҷавонӣ.

Падар дуру бародар нотавон аст,
Ғамам бар дӯши ту бори гарон аст.
Куҷо ёбӣ ҳисоби кори фарзанд,
Асирам, мӯҳлати ман бекарон аст.

Ба роҳам ҳамсари ман интизор аст,
Ҷигарбандам Муҳаммад беқарор аст.
Чӣ созам қисматам, гар талх бошад,
Фақат ғусса насиб аз рӯзгор аст.

Ба ғайри модарам дигар надидам,
Касе, ки фикри ман дорад ҳамин дам.
Падар бошад паси кори замона,
Манам танҳо, ба танҳоӣ асирам.

Падар хуб аст, модар беҳтарин аст,
Ба фарзандаш вафодору қарин аст.
Ба худ гирад ғаму сӯзи ҷигарбанд,
Ба дарди қалби ман ӯ ҳамнишин аст.

МОДАРИ ҶОНАМ КУҶОСТ?

Осмонам абрпӯшу барфу боронам куҷост,
Сина моломоли дард аст, ашки чашмонам куҷост.
Даст кӯтоҳ аст, гирам аз гиребони фалак,
Бурд аз ман ғамгусорам, модари ҷонам куҷост.

Ман ҳама розу ниёзам бо ту, модар, доштам,
Пеши Яздон шукрҳои бешуморе доштам.
Гар зи мулкам дур мондам, гарчӣ зиндонӣ шудам,
То ту будӣ ғам набудам, ғамгусоре доштам.

Тарк кардӣ ин ҷаҳонро, бар кӣ созам нолаам,
Ман зи дунё мондаам, озурдаву бечораам.
Бо кӣ гӯям рози дилро, баски танҳо мондаам,
Нест чун ту марҳаме баҳри дили садпораам.

Модари ҷон, ҳар нафас, ҳар рӯз ёдат мекунам,
Ман зи қисмат ноламу худро маломат мекунам.
Чун нагаштам лоиқи бар роҳи охир бурданат,
Ёди симои базебат то қиёмат мекунам.

ПАДАРҶОН

Ба роҳат дида медӯзам, падарҷон,
Чу шамъи хира месӯзам, падарҷон.
Надорам тоқати ҳаҷри туро ман,
Сияҳ шуд шому ҳам рӯзам, падарҷон.

Дилам хун гаштаву лаб во надорам,
Ғамам дар қалби худ ҷо мегузорам.
Падарҷон, пеши ман қадрат баланд аст,
Раҳи бозомадатро интизорам.

Ба рӯям мечакад борони найсон,
Маро ашкам зи мардум ҳаст пинҳон.
Худоё, во шавад дарҳои маҳбас,
Туро оғӯш гирам ман, падарҷон.

Дамодам ёди рӯят мекунам ман,
Хаёлан саҷда сӯят мекунам ман.
Падарҷон, пеши ман қадрат баланд аст,
Сарамро хоки кӯят мекунам ман.

ХОКИ МАЗОРАТ

Дамида сабза бар рӯи мазорат,
Ба наздат омадам баҳри зиёрат.
Хамӯш астӣ, падар, дунё пареш аст,
Дилам дар ҳасрати ту реш-реш аст.

Падар, донӣ чӣ қадрат дӯст дорам,
Зи ту воло каси дигар надорам.
Ту будӣ раҳнамоям, вой бар ман,
Дигар танҳояму бе кӯю ёрам.

Аз ин хоке, ки дар зераш ту хобӣ,
Гирифтам як кафе бо сӯзу оҳе.
Ба бар мегирамаш то зинда бошам,
Ба абрӯям ниҳам шому пагоҳӣ.

Бихоб ором, рӯҳат шод бошад,
Зи ғамҳо рӯҳи ту озод бошад.
Худоям гӯри ту пурнур созад,
Ба пеши ҳавзи Кавсар ҷоят бошад.

ҚИСМАТАМ

Қисмати ман, гарчӣ талх астӣ, наменолам зи ту,
Он чӣ ман дидам ба дунё, он ҳама аз дасти ту.
Гар шикастандам ҳазорон бор пайвастӣ маро,
Пас чаро беҳуда нолам аз шикасту басти ту!

Гар ба кӯи бекасӣ уфтода гаштам хоки роҳ,
Ё ба арши осмон рафтам шудам фархундашоҳ.
Аз ватан берун шудам, гаштам ҳақиру дарбадар,
Он ҳама буду набуд аз қисматам омад ба сар.

Ҳар замоне дошт бо худ қаҳрамониҳои худ,
Маст буданд аблаҳон аз сагдаҳониҳои худ.
Ҷумла дороёну шоҳон дидаам дар зери хок,
Боз қисмат, мондаем мову гарониҳои худ.

Шукр гӯям, ки дар ин дунё ҳамоно зиндаам,
Фарқ акнун неку бадҳоро, аминам, кардаам.
Гарчӣ ҳар соат маро таҳқиру дашном мекунанд,
Бар ту, қисмат, такя карда, ғам фурӯ ман бурдаам.

ХУШО ДАМЕ

Эй хуш он дам, ки ту бошию ману бодаи ноб,
Андак-андак зи лабат нӯшаму гаҳ-гаҳ зи шароб.
Чу хуморам шиканад вақти саҳар, эй дилбар,
Худ нафаҳмам, ки будам масти ту ё ки зи шароб.

Ба висолат чу расам нарм кашам дар оғӯш,
Мисраи шеъри дилам бар ту бихонам, кун гӯш.
Захми ин сина шифо мегирад аз хандаи ту,
Ҳарчӣ гӯӣ ту бигӯ, мешунавам ман хомӯш.

Як нафас бо ту нишастан ҳама дунёст маро,
Хандаи лаъли ту дилҷӯю дилорост маро.
Бин, ки як ғамзадаам, аз ғами ту мемирам,
Нафаси гарми ту ҷонбахшу гуворост маро.

Ман, ки ҳастам ба раҳи меҳру вафо содиқи ту,
Ба ҳама васфу таманнои дилам лоиқӣ ту.
Ёд орам чу ҷамолат биравад сабр зи даст,
Дари дил во куну бингар, ки манам ошиқи ту.

БО ЁДИ ТУ

Аё нав рафта аз оғӯши гармам, пас нигар як дам,
Ба ёд овар нигоҳи пур зи имдоду нами ашкам.
Магӯ бигзаштӣ аз баҳрам, магӯ валло, ки мемирам,
Умедам, орзуям дида бар роҳи ту биншастам.

Бубин фарёд дорад қалби реши ман барои ту,
Расида бар фалак оҳам, наомад ҳам садои ту.
Ба уммеди висолат рӯзу шабҳоям паси сар шуд,
Даме наншаста меҳмонам, зи рафтан лаб кушоӣ ту.

Магар ин шуд сазои ман, ки будам меҳрубони ту,
Як умре дар вафоят устувору роздони ту.
Аз ин захме, ки бинҳодӣ ба қалбам беҳтар аст он ки
Канад тори ҳаётам ҳамчу тори гесӯвони ту.

ҲАДЯИ ХУДО

Ба раҳи пасту баланд, лаб-лби ҷар омадаӣ,
Дар танат бӯи Ватан, шаҳри дигар омадаӣ.
Бигузаштӣ ту зи баҳри ҳамагӣ хешу табор,
Чӣ хушо пеши мани хок ба сар омадаӣ!

Кардаӣ ранҷа қадам, то дили ман боз кунӣ,
Зи ғаму дарди ҷудоӣ сухан оғоз кунӣ.
Бо ҳамон дидаи пурашк ба сӯям нигарӣ,
Ту ба як меҳри дилангез, ба ман роз кунӣ.

Ҳадяи неки Худо омаданат ҷониби ман,
Ҷуз ту кас нест, шавад ошиқу ҳам толиби ман.
Ончӣ мондаст шарар дар тани ман хотири туст,
В-ар набошӣ, нашавад ҳеҷ касе соҳиби ман.

Пас биё бо қадамат хотири ман шод шавад,
Дари умед, ки буд баста зи нав боз шавад.
Шаҳриёри ту бувад ташнаи дидор, эй гул,
Ҳама ашъори дилам баҳри ту эҷод шавад.

ГУЛИСТОН КУН

Дареғо, сарф шуд умрам ба раҳпоӣ,
Чаро қаҳрӣ зи ман, сӯям намеоӣ.
Хато бигзашт агар аз ман, бубахшоям,
Набигзорам, ки мирам кунҷи танҳоӣ.

Биё бо ман бимон, то ҳаст дунёям,
Биё, ай беҳтарин уммеди фардоям.
Туро то зинда ҳастам интизорам ман,
Биё ай монда дар қалбам ҳавасҳоям.

Биёву хонаи торам чароғон кун,
Зи меҳри гарми худ қалбам хурӯшон кун.
Хазон гашта баҳорам дар фироқи ту,
Хазонамро ба дидорат гулистон кун.

МОҲРӮ

Моҳрӯ, лабрез кун ҷоми мани дилбурдаро,
Шод бинмо бо висолат ин дили пажмурдаро.
Чун ба соғар бингарам бинам рухи зебои ту,
Маст гардон бо ҷамолат ошиқи озурдаро.

Ман надидам рӯи олам ёқути зеботаре,
Дар замирам ҷой кардам гавҳари рахшандаро.
Ганҷи дунёро кунад хоки раҳи ту, Шаҳриёр,
Ғайри ту дигар намеёбам гули арзандаро.

Моҳи чордаҳро бимонад орази зебои ту,
Пас намо аз пушти абр он чеҳраи ҷононаро.
Дар ду олам ман надидам чун ту зебо, эй санам,
Чашми шаҳлои ту афсун кард дили девонаро.

Гар ту ҳастӣ марҳами ҷон, пас намо раҳме ба ман,
Кам бидеҳ озор, ҷонам, ин дили бишкастаро.
Ончунон дар васфи ту шеъру сухан иншо кунам,
То шиносад халқи олам шоири дилхастаро.

СИТАМ ДОРАМ

Ба ёдам мерасад даври ҷавонӣ,
Фазои беғубору шодмонӣ.
Шабу рӯз орзуи дидани ёр,
Намедодам баҳои зиндагонӣ.

Куҷо ман будаму ғам дар куҷо буд,
Муҳайё неъмати дунё маро буд.
Ба айшу нӯши дунё банд будам,
Маро базму тараб беинтиҳо буд.

Кунун бигзашт айёми ҷавонӣ,
Гузашт он хуррамиву айшронӣ.
Дигар рӯзу шабам якранг бошад,
Ба дӯшам банд бори зиндагонӣ.

Бас аст охир, надорам тоқати ғам,
Насиби ман чаро ин сӯзу мотам?
Ҳама умеду омолам фано шуд,
Намонда ҷуз ситам дар рӯи олам.

ЁДИ ТУ ДОРАМ

Замони боҳамиҳо ёд дорам,
Бирафтӣ аз барам, ёди ту дорам.
Накардӣ хотири он ишқи покам,
Хаёлат дар сарам, ёди ту дорам.

Умедамро ба бод додӣ чӣ созам,
Ба сад уммед ман ёди ту дорам.
Рабудӣ равшании қалби сардам,
Вале бо ҷону тан ёди ту дорам.

Ниҳодам сӯзаду хомӯш гирям,
Гули хандони ман, ёди ту дорам.
Зи кӯям кай гузар созӣ азизам,
Ба поят сарфикан ёди ту дорам.

Ҳамедонам зи баҳри ман гузаштӣ,
Валекин то абад ёди ту дорам.
Вафо аз бевафо ҷустам дареғо,
Чӣ некию чӣ бад, ёди ту дорам.

ГУРЕЗОНӢ

Ало ай додаи Оллоҳ, аз ёрат гурезонӣ,
Магар қалби ту сангин аст, ё худ номусалмонӣ.
Дилозорӣ набуда расми ошиқ, раҳм кун охир,
Чаро ин қадр, ҷонам, ашки чашмонам бирезонӣ.

Ба дасти туст хушбахтии ман, ай сарви дилозор,
Ҷамолатро намоён кун, маро камтар бидеҳ озор.
Садоят бишнавад мурғи дилам парвоз бинмояд,
Намеойӣ суроғам ё зи ман, ҷонам, шудӣ безор.

Ба роҳат дидаам чору макун қалбам ғамин дигар,
Намеёбӣ чу ман дилдода дар рӯйи замин дигар.
Ба як лабханди зебоят фидо созам ҳаётамро,
Канори мардуми нолоиқи беғам машин дигар.

МАВҶИГУЛ

Гули ман шоҳи гул, Мавҷигули ман,
Туӣ танҳо, туӣ меҳри дили ман.
Ту ишқи аввалину охири ман,
Гули зебо, гули раъно, гули ман.

Ту гул нейӣ, ту худ шоҳи гулонӣ,
Ниҳоли гул ба боғи ошиқонӣ.

Зи барги атргул нозуктар астӣ,
Валекин сангдил, номеҳрубонӣ.

Зи ман ту мегурезӣ, эй гули нор,
Шукуфтастӣ, харидори ту бисёр.
Намо раҳме, сари роҳат бигирам,
Чу ман дигар намеёбӣ вафодор.

ҲАФТ АХТАР

Узр хоҳам ман падарҷон, аз туву ҳам аз Худо,
Ногаҳонӣ дард додам қалби пурмеҳри туро.

Чун Худо бахшанда аст, бахшо ту ҳам фарзанди худ,
Як дуои неки ту хоҳам, маро бошад раво.

Ҳафт фарзанд ахтаронат гирди ту рахшон буданд,
Осмонат софу қалби ту ҳаме ором буд.
Шоми тори ноумедӣ кулбаат торик кард,
Нек фарзандат ба банд уфтоду аз ту дур шуд.

На, наменолам, падар, аз норавоии замон,
Аз ғами зиндону аз фанду фиреби нокасон.

Гирям аз он ғам, ки дардат додаам ман беҳисоб,
Қоматат хам шуд, падар, дар пеши хешу дӯстон.

Кист он, ки сарнавишташро дигаргун сохтаст,
Ё зи тақдири азал бигрехт, ҳар кӣ банда аст?
Мард он аст, ки аз хатои худ бигирад дарси нек,
Ман хато кардам, ҳамедонам Худо бахшанда аст.

Гарчӣ дурам аз ту, меҳрат дар дилу ҷони ман аст,
Қадри ту наздам бузургу ёди ту ёди ман аст.

Фахр дорам вориси бобои Мусо мешавам,
Қиблагоҳо, номи покат фахри авлоди ман аст.

БЕВАФОӢ ТУ

Дарди маро давоӣ ту,
Ишқи маро сазоӣ ту.
Оҳи дилам намешнавӣ,
Золиму бевафоӣ ту.

Дар талаби меҳри туям,
Сӯи дигар назар макун.

Ташнаи дидори туям,
Аз мани зор ҳазар макун.

Бе ту ҳаёт ҳаёт нест,
Умри маро нишот нест.
Ғарқаи ашки ҳасратам,
Ту нестӣ наҷот нест.

О ба барам, ки хастаям,
Дида ба раҳ нишастаям.

Ташнаи туст Шаҳриёр,
Тавбаи дил шикастаам.

ПИСАР

Маро дода Худо фарзанди некрӯ,
Зи ӯ дурам, натонам дидани ӯ.
Писар ҳастӣ, давоми умрам ҳастӣ,
Ба дил уммедҳо дорам ман аз ту.

Ҳаме чашмам ба роҳи интизорӣ,
Шабу рӯзам фақат бо беқарорӣ.

Писар, ту аз куҷо донӣ азобам,
Ки ҳоло кӯдакӣ, парво надорӣ.

Ба дастам суратат наззора дорам,
Рабудӣ аз дилам сабру қарорам.
Ба хобастӣ, ба хоби ноз ҳастӣ,
Ду дида бар ту, ман бедорӣ дорам.

Хабар омад, хати озодии ман,
Ба як дунё нагунҷад шодии ман.

Равам пеши ту, фарзанди азизам,
Дигар як лаҳза инҷо ман наистам.

СӮЗИ МАН АСТ

Ин сӯзи ман, сӯзи ман аст,
Олам пур аз сӯзи ман аст.
Дар ҳар қадам, дар ҳар нафас,
Ёдат ҷигарсӯзи ман аст.

Бошад Худо, пешам шавӣ,
Як дам дар оғӯшам шавӣ.

Дил метапад аз шодият,
Зеби бару дӯшам шавӣ.

БАҲОРАМ РАФТ

Тирамоҳ омад, баҳорам рафт, рафт,
Фасли сабзу беғуборам рафт, рафт.
Зард шуд ранги рухам мисли хазон,
Барги сабзи рӯзгорам рафт, рафт.

Навҷавоне бо қади боло будам,
Соҳиби молу зару коло будам.

Гарди пирӣ рехт бар мӯи сарам,
Орзуи бисёрам рафт, рафт.

Хам шуда қомат маро мисли камон,
Нест аз он навҷавон акнун нишон.
Рӯи ман ожанги пирӣ лона монд,
Хандаҳои беғуборам рафт, рафт.

Месароям ман кунун аз бандагӣ,
Нест дилгармӣ дигар дар зиндагӣ.

Хоб рафт аз чашму ку осудагӣ,
Меҳрубон бемордорам рафт, рафт.

ДИЛИ САДПОРААМ

Сӯзиши шамъе бимонад сӯзиши қалбам ниҳон,
Об гардад лаҳза-лаҳза андарунам ноаён.
Мефишорад синаамро дардҳои зиндагӣ,
Нобарориҳои умру ҳаҷри ёри меҳрубон.

Нестам танҳои дунё, гирди ман пуродам аст,
Офтобам нурфишону дар самоям ахтар аст.

Дурии ту нозанинам, ормони дидаам,
Мерабояд хоб аз чашму ҳаётам ахгар аст.

Надорам тоқати ғам, дурият бошад гарон,
Ашки чашмам тар намуда бистарамро ёри ҷон.
Сар ба болин гиряму дарди дилам пинҳон кунам,
То нагардад мотами ман ханда баҳри нокасон.

Нури ту танҳо кунад равшан даруни хонаам,
Косаи сабрам лаболаб гаштаву бечораам.

Раҳм бинмо як замон, андешаи ҷонам бикун,
Дар барам о, марҳаме шав бар дили садпораам.

НАФАҲМИДӢ ДИЛАМРО

Ба дил чун тухми меҳрат коштам ман,
Умед аз ҳосили ту доштам ман.
Ба бод додӣ ҳама шавқи диламро,
Ҳама ёде, ки бо худ доштам ман.

Нагаштам мубталои ҳусни волот,
Гирифтори ҳама абрӯи зебот.

Шудам мафтуни дунёи дили ту,
Асири донишу ақлу суханҳот.

Рабудӣ пас умеду орзуро,
Хато кардӣ, нафаҳмидӣ диламро.
Бикардӣ хоки роҳат ишқи покам,
Намудӣ хаставу навмеди дунё.

Зи ман бигзаштию… бошӣ саломат,
Надорам бар ту ман кину адоват.

Худоё, то ҷаҳон бошад, ту бошӣ,
Ки дорам дӯстат ман то қиёмат.

НОМА

Зи сӯзи дил нависам достоне,
Ки монад баъди ман аз ман нишоне.
Барои ёри дилсанге нависам,
Намояд дурияш манро гаронӣ.

Замину осмон ҳайрони ман ҳаст,
Қалам дар дасти ман гирёни ман ҳаст.

Чаро сӯзам зи баҳри он нигоре,
Ки майлаш сӯи ағёрони ман ҳаст.

Зи ман рафтию рӯзам гашт торик,
Ба гӯшат кай расад имдоди ошиқ.
Ҷаҳонро тарк гӯям аз ғами ту,
Намеёбӣ ба олам ишқи лоиқ.

ҶАҲОНГИРАМ ТУ БОШӢ

Ба ҳар дард одамиро ҳаст дармон,
Паси шоми сияҳ субҳе намоён.
Ба ҷӯе, ки замоне хушк гаштаст,
Расад рӯзе шавад обаш фаровон.

Фалак меозмояд гӯӣ манро,
Ки донам қадри ёру хешу пайванд.

Чаро нолам зи сахтиҳои тақдир,
Ки дорам гавҳари носуда фарзанд.

Якеро бахту тахте дода Яздон,
Яке заҳмат кашад аз субҳ то шом.
Маро дода Худо фарзанди зирак,
Сарам дар арш аз ин гуна инъом.

Бихоҳам то ҷаҳон бошад, ту бошӣ,
Давоми умру тақдирам ту бошӣ.

Дуо гӯям бароят то ки ҳастам,
Ҷаҳонгарду Ҷаҳонгирам ту бошӣ.

АХТАРИ МАН

Туро дар хоб дидам, духтари ман,
Калонак гаштаӣ, тоҷи сари ман.
Агарчанде надидам чанд вақтат,
Ҳамеша пеши рӯӣ, ахтари ман.

Туро монанди ҷонам дӯст дорам,
Ба дидорат, азизам, беқарорам.

Хабар омад, ки ту сӯям биёӣ,
Надонам чун шабам бар рӯз орам.

Пагоҳ наздам биёӣ, донаки ман,
Туро бинам, равад тобу таби ман.
Дар оғӯшат гирам Матлубабону,
Ҳамин бошад ягона матлаби ман.

ЧАРХИ ФАЛАК

Чу манро андар ин дунё касе нест,
Ба дарди қалби ман фарёдрас кист?
Чаро аз ҳаҷри ёре нола созам,
Ки ӯро заррае ғам дар дилаш нест.

Маро беш аз палосе қадр набвад,
Чу нав будам, ҳама хурсанд буданд.

Даме, ки кӯҳнаву фарсуда гаштам,
Маро аз хонашон берун намуданд.

Ҳамин дунё, ки манро ронда кардаст,
Зи ҷамъи ошно бегона кардаст.
Замоне буд ҳама пайванди ман буд,
Кунун бингар маро пасмонда кардаст.

Вале чархи фалак якҷо наистад,
Гаҳе боло равад гоҳ зер истад.

Чу ман ҳоло ба поёнаш расидам,
Расад рӯзе, ки ӯ боло фиристад.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Агарчӣ кунҷи зиндон ҷои мо шуд,
Агарчӣ интизорӣ бас гарон аст.
В-агар рӯзону моҳҳо мисли сол аст,
Гузаштӣ умр он сон буд, ҳамон аст.

Бирафта моҳҳо моҳи ту омад,
Бародар рӯзи мавлудат саромад.

Наӣ танҳо, ту ҳастӣ байни ёрон,
Махӯр ғам, идат инҷо рост омад.

Туро ёрон муборакбод гӯянд,
Бароят ҳазлу шӯхиҳо намоянд.
Набошӣ хастадил аз қисмати худ,
Чу ёрон бо ту даври ҳам биоянд.

Чилу панҷсола Мақсад навҷавонӣ,
Туро бодо мунаввар зиндагонӣ.

Дуо созем, озодӣ бароӣ,
Ҳаётат шоду хуррам менамоӣ.

ХАЗОНРЕЗ

Ман ин бегоҳ сайри боғ рафтам,
Зи гулзори хаёлат гул бичидам.
Даруни боғ дар гирди фавора,
Ду ҷуфтеро ба ҳам печида дидам.

Ба ёдам омад айёми ҷавонӣ,
Замони баччагиву беғамиҳо.

Ману ту аз Ҳисор аз чашм пинҳон,
Душанбе омадем сайру тамошо.

Хунук буд он ҳавои тирамоҳон,
Ба зери пойҳо бонги хазоне.
Ду кас оғӯши ҳам биншаста будем,
Ба мисли Маҷнуну Лайлии сонӣ.

Нашуд рози ману ту ҷовидонӣ,
Ҷудо шуд роҳи мо дар зиндагонӣ.

Зи тақдир буд ё аз дасти мардум,
Ҷавоби ин суол орад гаронӣ.

Ҳама ёд аст, ёди хушки холӣ,
Куҷо шуд ишқи даврони ҷавонӣ?
Хазонрез аст акнун пеши рӯям,
Хазони умри манро ту бимонӣ.

ҒАМ БИГЗАРАД

Ғам махӯр ҷонам, ки ғам ҳам бигзарад,
Рӯзҳои талх чун таб бигзарад.
Ҳеҷ дидӣ ту, ки шаб бо рӯз ҷуфт,
Навбати рӯз оядат, шаб бигзарад.

Офарида чун Худо мову туро,
Дон, ки бар мо ризқ ато фармудааст.

Бин, ки зери об моҳӣ зиндааст,
Пас туро ҳам бенасиб нанмудааст.

Фикри фарзандон ту кам кун дар дилат,
Ки нагардад рӯи бистар ёварат.
Ҷаҳд кун, ки фикри дунё кам кунӣ,
Ҳарчӣ ояд бар сари мо, бигзарад.

ЁДАТ БА ХАЙР, ҶИГАРБАНД

Гарон шуд бори тобутат ҷигарбанд,
Гаронӣ мекунад марги ту фарзанд.
Танам месӯзаду дил гашта пора,
Фалак манро ҷудо кард аз ту, дилбанд.

Кафангулгун шаҳид астӣ писарҷон,
Ба ёдат ашк резам, ашки сӯзон.

Туро шому саҳар бар ёд орам,
Кай аз ёдам равӣ дил гирад ором.

Бирафтӣ навниҳоли гулнакарда,
Мани сарсахтро навмед карда.
Кунун ёдат диламро мефишорад,
Зи чашмам ашк резад ҳалқа-ҳалқа.

ҶОНИ ПАДАР

Ба Худо шукр кунам, шоми сияҳ поён аст,
Фараҳи субҳ кунун дар баданам дармон аст.
Дилам аз шавқ ба рақс омадааст, иншоллоҳ,
Ҷигарам, духтарам имрӯз маро меҳмон аст.

Ту гули боғи манӣ, шамъи шабистони манӣ,
Моҳ бо ин ҳама нур аз рухи ту ҳайрон аст.

Чу ба лаҳни шакаринат сухан оғоз кунӣ,
Булбул аз шарм ба кунҷе зи назар пинҳон аст.

Гарчӣ аз ғам дили ман пора шуда, шукр кунам,
Хандаи беғаши ту қалби маро дармон аст.
Набувад ҳадя маро беҳ зи ту дар олам,
Ба раҳи омаданат ҷони падар қурбон аст.

ДИЛГИРАМ

Ман аз танҳоӣ дилгирам,
Бубин дар пой занҷирам.
Чаро раҳме надорӣ ту,
Биё наздам, ки мемирам.

Зи ман рафта хатоиҳо,
Бисӯзам аз ҷудоиҳо.

Ба ёдат кай расад ёрат,
Намоӣ меҳрубониҳо?

Мани зиндониро, ҷонам,
Канори туст армонам.
Фироқи ту, висоли ту,
Рабуда сабр аз ҷонам.

Дилам хун шуд зи танҳоӣ,
Суроғи ман намеоӣ.

Туӣ оромии қалбам,
Аниси кунҷи танҳоӣ.

ПУШАЙМОН МЕШАВӢ

Ғаму дарди ҷаҳонӣ гарчӣ зӯр аст,
Агарчӣ одамӣ бас носабур аст.
Надорад тоқати гармову сармо,
Вале номусу нанг ӯро зарур аст.

Агар мардӣ, манол аз бебарорӣ,
Зи худ нагзар ба вақти бурдборӣ.

Ту дасте гир, гар ҳастӣ забардаст,
Ки бо он меҳри Ҳақ бар даст орӣ.

Ба неъматҳои дунё шукр бигзор,
Наҷӯ бар дигарон асло ту озор.
Гузар аз нафс, меорад фалокат,
Раҳи дил рав, агарчӣ ҳаст душвор.

Ҳаёт-ин армуғон аз сӯи Оллоҳ,
Мусалмон тӯҳфаашро қадр бинмо.

Агар беҳуда умрат сарф кардӣ,
Пушаймон мешавӣ фарҷоми дунё.

ТӮҲФАИ НОЧИЗ

Ман ба ту ин байт инъом мекунам,
Созише бо сӯзи ҳиҷрон мекунам.
Тӯҳфаам ночиз, аммо қадр кун,
З-он, ки онро аз дилу ҷон мекунам.

Ту, азизам, буда дардамро даво,
Ман ба ту як умр бошам мубтало.

Мову ту ду чашми як рухсораем,
Дур не, аммо зи ҳамдигар ҷудо.

Ман зи Аллоҳ шукр дорам ҳар нафас,
Риштаи умрам Худо бо ту бубаст.
Аз ту ҳосил меваи дунё шудам,
Рӯзу шаб дар дил маро шукрона аст.

Гарчӣ дурам аз ту, ман ёри туам,
Кунҷи маҳбас зори дидори туам.

Нест ғайри ту маро дар дил ҳавас,
Ман асиру ошиқи зори туам.

СӮХТӢ МОДАР

Сад дареғо, модари ҷон, сӯхтӣ,
Дидаат бар роҳи фарзанд дӯхтӣ.
Амри тақдир буд ё рӯзгори талх,
Машъали ғам дар дилат афрӯхтӣ.

Аз бароям кардӣ умри худ хазон,
Пир гаштӣ то намудиям калон.

Вақти он омад, ки чинӣ ҳосилат,
Бин, ки дурам аз туву дардам гарон.

Ёд орам меҳрубониҳои ту,
Лафзи неку чеҳраи хандони ту.
Он қадар ман дӯст медорам туро,
Рӯзу шаб дорам ғами дидори ту.

Бо дуоят, модаро, сабзидаам,
Бар ғаму дардам, вале пояндаам.

Гарчӣ дар бандам зи, ту дурам кунун,
Бо умеди рӯзи дидан зиндаам.

МОҲПАРӢ

Суғдинигор Моҳпарӣ, дил мебарӣ, дил мебарӣ,
Ба як нигоҳи сарсарӣ, ҷонам аз ин тан мебарӣ?
Афсунгарӣ, ҷодугарӣ, ҳури самоӣ, ай парӣ,
Чашмам ба роҳат хира шуд, аз кӯи мо кай бигзарӣ?

Ёдам биёмад рӯи ту, ҷунбондани абрӯи ту,
В-он хандаи дилҷӯи ту, чун хониши кабки дарӣ.

Бо сад умеду орзу рӯи раҳат истодаам,
Як бор аз рӯи вафо хоҳам, ки сӯям бингарӣ.

То кай зи худ дурам кунӣ, хорам кунӣ, зорам кунӣ,
Андар вафоят содиқам, беҳуда озорам кунӣ.
Ман ташнаи ишқи туям, фарёди қалбам мешунав,
Эй кош ойӣ дар барам, як лаҳзае шодам кунӣ.

ПАРАСТАМ

Парастам ман туро, ҷонам, ниҳонӣ,
Надонӣ, сӯзи қалбамро надонӣ.
Висолатро зи Яздон назр хоҳам,
Ба наздам то абад хоҳам бимонӣ.

Гуноҳҳоям бибахшо, ҷони ширин,
Нахоҳам як замон бошӣ ту ғамгин.

Маро тақдири бад аз ту ҷудо кард,
Кунун бояд намоям сабру тамкин.

Фақат бо ту бигӯям рози дилро,
Надорам ғайри ту ман маҳфилоро.
Худо шоҳид, туро ман дӯст дорам,
Надорам ҷуз ту дилҷӯе ба дунё.

Туро ман мепарастам, то ки ҳастам,
Ба бӯи атри гесӯи ту мастам.

Ту зан ҳастӣ, вале дунётаконӣ,
Ман он мардам, ки муштоқи ту ҳастам.

ИШҚИ РАФТА

Надорам шиква аз ту, ишқи дурам,
Зи тақдирам ба пеши Ҳақ бинолам.
Худоям роҳи мо аз ҳам ҷудо кард,
Кунун дур аз ту саршори азобам.

Ғазал меофарам, инак, бароят,
Ба ёдам оварам он зулфу холат.

Ҳамон айёми неку боҳамиҳо,
Ки будам масту махмури ҷамолат.

Ба ёдам мерасад он шоми зебо,
Миёни об ба заврақ ҳарду танҳо.
Маро мехондӣ аз афсонаи ишқ,
Ҳамекардам зи бахти худ таманно.

Кунун ашк аст, ашк аз дида ҷорӣ,
Чӣ суд аз ин ҳама афғону зорӣ.

Ту донам пеши дигар ёр бошӣ,
Ба ёди худ маро дигар наорӣ.

Наям Ғолиб, дигар ман Шаҳриёрам,
Нависам шеър, ғам аз дил барорам.
Надорам чорае бинам туро ман,
Ба по завлона дар зиндони торам.

Бароям рӯи дунё буданат бас,
Чунин таннозу зебо буданат бас.

Гаҳе бар ёди ман бош, ишқи рафта,
Бароям чун таманно буданат бас.

ЭЙ МОҲЛИҚО

Эй Моҳлиқо, сарвқадам, доди Худоӣ,
Ман дар ғами ту сӯхтаам, ёр, куҷоӣ?
Бо сад ҳавасе меҳри ту бинмуда ба дил ҷо,
Ҷабри ту кашидам, ба суроғам набиёӣ.

То кай зи ғамат сӯзаму дил пора кунам ман,
Мемирам аз ин дард, бидонӣ ту давоӣ.

Гар лоиқи ишқи ту набошам мани мискин,
Пас шому саҳар аз чӣ ба хобам ту дароӣ.

Оҳи мани бечора ба афлок расидаст,
Нашнида садоям зи кадом раҳ гузароӣ.
Дил ташнаи васли ту шуда, моҳи шабафрӯз,
Кай пора шавад абр, ҷамолат бинамоӣ.

Донам, ки зи баҳри мани бечора гузаштӣ,
Аммо чӣ илоҷест, зи ёдам набароӣ.

Умрам, ки шуда сарфи таманнои висолат,
Як умри дигар раҳ нигарам, то ту биёӣ.

ЧӢ МЕХОҲӢ

Дило, гар ки забон дорӣ, бигӯ аз ман чӣ мехоҳӣ,
Тапиданҳот шуд озори ҷон, аз ман чӣ мехоҳӣ?
Ба доми дилбари номеҳрубон ночор афтодам,
Ту гаштӣ моили номеҳрубон, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Маро заҳри фироқи ёр кам-кам мекушад охир,
Аз ин ҷоне, ки меҳмон дар танам бошад, чӣ мехоҳӣ?

Ту умре майл дорӣ бар висоли дилбари зебо,
Валекин душманат зебосанам бошад, чӣ мехоҳӣ?

Ба ҳолам раҳм кун, аз хонаат берун ту камтар ой,
Набошад ҳамнишинат дилбарат, аз ман чӣ мехоҳӣ?
Ба тақдири илоҳӣ сабр бинмо дил, ки мемирам,
Бирафт ӯву намекӯбад дарат, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Дило ҳар дам азобам медиҳӣ, ман нотавон гаштам,
Ба бистар сар ниҳодам бехабар, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Зи ҷонам ман гузаштам, кай бароӣ ту зи баҳри ишқ?
Ба ту тан додам, эй дил, дигар аз ман чӣ мехоҳӣ?

БА ХОБАМ ОМАДӢ

Ту имшаб омадӣ бар хоби мастам,
Зи атри гесӯят аз ҷой ҷастам.
Рабудӣ хоб, аз ғам гиря кардам,
Зи ҷуфти худ ҷудо, бемор ҳастам.

Дамид субҳи саҳар бедор бошам,
Ҳанӯз дар ҳасрати дидор бошам.

Ту хуршеди саҳархез рӯй бинмой,
Ки дар зулмоти ғам бемор бошам.

Даме, ки бо туам, дунёст зебо,
Диламро пур кунад шодӣ саропо.
Маро ишқи ту ҷони тоза бахшад,
Чу ман ошиқ намеёбӣ ба дунё.

Биё бар кулбаи зорам гузар кун,
Ба ҳоли ошиқи шайдо назар кун.

Зи ҳаҷри ту дили бемор дорам,
Давояш кун, зи бегона ҳазар кун.

Биё, ишқат маро якумра бошад,
Чу ман ошиқ дар ин дунё набошад.
Тасаллои ғамам танҳо ту ҳастӣ,
Маро бе ту ҷаҳон рӯшан набошад.

ТАНҲО БИМИРАМ

Маро бигзор дар танҳоӣ мирам,
Ва ё умре сари танҳо нишинам.
Намеарзам ба дидори ту, ҷоно,
Намехоҳам азобатро бубинам.

Ҳаётатро хазон кардам, нигорам,
Ҷавоният абас рафтаст, донам.

Барои ман зи баҳри худ гузаштӣ,
Худам ҳам з-ин ғамон безори ҷонам.

На аз худ ман, зи тақдирам бинолам,
На ман ин сарнавишт эҷод кардам.
Паноҳат бар Худо гӯям, нигоро,
Ки ман ғамҳои худ бар гӯр бурдам.

КИСТ ОШИҚ?

Ошиқӣ як лаҳзаи шодиву дунёи ғам аст,
Кист ошиқ? -Мубталову дилшикаста одам аст.
Ноумедӣ, номуродӣ қисмати ошиқ бувад,
Ҳар нафас бо ғам қарину рӯзу шомаш мотам аст.

Дарди зӯре дарди ошиқ, ҷонгудозу бедаво,
Зиндагӣ бо ёди маъшуқ зикру афкори ман аст.

Кош бошӣ дар барам бар сӯзи ман гардӣ даво,
Ки ин ягона муддаои ин дили зори ман аст.

Ончунон талх аст дурии висолат нозанин,
Қалб хунин, дида пурнам, ёди ту ёди ман аст.
Гарчӣ месӯзам чу шамъе дар табу тобам мудом,
Бо ҳама ранҷу азоб ишқи ту имдоди ман аст.

ҶУДОӢ

Накардам пешат, ай ҷонам, хатоӣ,
Чаро бо ман нигорам, норавоӣ?
Маҷӯ озори қалби хастаи ман,
Натонам зист аз ту дар ҷудоӣ.

Ба мулки худ чу як бегона будам,
Асиру бекасу бечора будам.

Ту кардӣ зинда ҷони мурдаамро,
Вагарна ман дар ин дунё набудам.

Ба васфат шеърҳое сохтам ман,
Ба дил нақши рухатро бофтам ман,
Сари танҳо дар ин танҳои зиндон,
Хаёлат ҳамнишинам ёфтам ман.

Чаро аз ман гурезӣ, эй ситамгар,
Ба қалбам мезанӣ ҳар лаҳза ханҷар.

Наҷӯ, ҷоно, ту озори диламро,
Ки мемирам, нахоҳам зист дигар.

ФАРОМӮШАМ МАКУН

Ман ин бегоҳ танҳоям,
Фақат маҳтоб ҳамроҳам.
Ту ҳастӣ ғамбарорам, дӯст,
Бидонӣ маънии оҳам.

Фақат дар ёди ту бошам,
Накун, ҷӯра, фаромӯшам.

Зи дурият дилам сард аст,
Ғами ҳиҷрон-т бар дӯшам.

Биё наздам ба меҳмонӣ,
Ту гар қадри маро донӣ.
Фидоят мекунам ҷонам,
Магар инро намедонӣ?

Ману ту дӯстӣ дорем,
Бародарвор мемонем.

Агар дунё равад аз даст,
Ба пеши ҳамдигар монем.

ИШҚИ НИҲОНӢ

Ба ёдам мерасад ишқи ниҳонӣ,
Хаёлан меравам сӯи ҷавонӣ.
Даме, ки бори аввал бо ту будам,
Чу ман ошиқ набуд дар зиндагонӣ.

Гузашта рӯзу шабҳои ҷавонӣ,
Хазон шуд навбаҳори зиндагонӣ.

Зи ту мондаст дар дил захми сӯзон,
Туро монда писар аз ман нишонӣ.

Даме, ки дар хаёл ояд диёрам,
Туро бар ёди худ орам нигорам.
Нависам дарди дилро рӯи коғаз,
Ки ӯ бошад шарики сӯзу розам.

ЭЙ СИТАМГАР

Туро бо сад умеде ром кардам,
Диламро пеши ту ором кардам.
Набуд манро ба ҷуз ту ишқи дигар,
Ба меҳрат қалби худ чун ҷом кардам.

Паридӣ аз лаби бомам, кабӯтар,
Рабудӣ ақлу ҳушамро ту аз сар.

На бо зӯрӣ, на бо зорӣ, на бо зар,
Накардам ром қалбатро, ситамгар.

Бирафтӣ, дилрабоям, аз канорам,
Намудӣ пора қалби беқарорам.
Гирифторам, чаро хотир надорӣ,
Қарорам бурдаӣ, ман беқарорам.

Агар бошӣ канори ёри беҳтар,
Шавад рӯзам сиёҳу хок бар сар.

Набошад бе ту майли ман ба дунё,
Нахоҳам зист дар танҳоӣ дигар.

НОУМЕДАМ

Мусибат яккаву танҳо наояд,
Ҳамеша ҳамраҳе бо худ биёрад.
Кунун чандест бо ғам ҳамнишинам,
Маро ку ёваре ғамҳо барорад?

Наменолам зи сахтиҳои дунё,
Зи макру ҳиллаву найрангу ғавғо.

Маро тақдири бад ғамдор карда,
Диламро мефишорад фикри фардо.

Ба зиндонам, асир афтодаам ман,
Парешонам, зи дунё мондаам ман.
Ҳама имдоди ман пеши ту бошад,
Ғариби байни ғамҳо мондаам ман.

Сафедиҳо дамид дар тори мӯям,
Намонда умр бисёре чӣ гӯям?

Гузашт умрам ба нокомии дунё,
Дигар аз бахт дасти дил бишӯям.

Маро шарм аст аз ёру бародар,
Зи фарзандону аз хешони дигар.
Намехоҳам ба ғайби ман бигӯянд,
Аҷаб марде, надорад хонаву дар.

Мадад кун, ай Худо, аз ғам барорам,
Ба роҳи хештан роҳам бипайванд.

Намо манро ту соҳибхонаи худ,
Ки фардо тобутам аз он бароранд.

Хатоям авф кун,
Парвардигорам,
Ҳамеша пеши ту ман саҷда орам.
Ту бошӣ дар тани ман қуввату ҷон,
Ба номи ту ба сахтӣ тоб дорам.

ШЕЪРҲО ПИНҲОН ШУДАНД

Ин саҳар бар сар намеояд сухан,
Шеърҳо аз ман куҷо пинҳон шуданд?
Ҷои нав, ёрони нав, дунёи нав,
Лек ғамҳоям ҳамон истодаанд.

Ёдам омад гиряҳои ҳамсарам,
Пеши қозӣ бо сари хам буданам.

Ин сари хам шарми кирдорам набуд,
Назди ту ман сар фуруд овардаам.

Ту, азизам, баҳри ман ҳастӣ ҷаҳон,
Балки мехоҳам ту бошӣ ҷовидон.
Ҷабрҳое, ки расонидам ба ту Худ намехоҳам, ки орам бар забон.

Ҳукми манро хонд қозӣ: ҳашт сол,
Бесабаб дашном додӣ ту варо.

Қозии тақдири ман танҳо Худост,
Ҳукми ӯ танҳо раво бошад маро.

Муддате шуд ин, ки одат кардаам,
Ман наметарсам аз ин зиндону банд.
Тарси ман з-ояндаи тифлон бувад,
Дар миёни кӯча танҳо мондаанд.

Бо гуноҳи ман, фиреби нокасон
Зиндагоният хазон шуд, ҷони ман,

Боз доим аз пайи кори манӣ
Бори андӯҳат гарон шуд, ҷони ман.

Ғам махӯр, ин рӯзи ғамҳо бигзарад,
Сабру тоқат меваи шаҳд оварад.
Гар ба ҳаққи мо зи номардон расид,
Ҷабри онҳоро Худованд офарад.

ВАСЛИ ТУ

Пеши долон шиштаам, чашмам ба роҳ,
Ашки ғам рухсораам тар мекунад.
Оҳ, мушкил дурии ту, моҳи ман,
Дил ба ёдат гиряҳо сар мекунад.

Бо ту рангин аст дунёи дилам,
З-ин ҳаёт аз ту бичидам ҳосилам.

Нури ту бошад чароғи манзилам,
Меҳри ту ҷонам мунаввар мекунад.

Дур бошӣ аз ману дунёи ман,
Кист ин дам бишнавад овои ман.
Ҷони ман, ту ҳамраҳи фардои ман,
Ҳаҷри ту ҷонам чу ахгар мекунад.

Шаҳриёр аст ошиқи шайдои ту,
Бандаи нозу қади волои ту.

Рӯи олам аз ҳама зебоӣ ту,
Васли ту ҷонро муаттар мекунад.

ҶАВОНӢ РАФТ

Зи олам ман чӣ дидам ғайри ғам, чизе надидам ман,
Зи боғи зиндагонӣ меваи ширин начидам ман.
Ба номардони дунё некиву мардонагӣ кардам,
Вале теғе агар дидам, дареғ, аз пушт дидам ман.

Бикоридам зи меҳру аз муҳаббат дона дар дилҳо,
Ба вақти чидани ҳосил ниҳолам бесамар дидам.

Чӣ нолам з-ин ҳаёти рафта бо андӯҳу пурҳасрат,
Ки андар умри кӯтоҳам фақат хавфу хатар дидам.

На якбору дуборе рӯ ба рӯ афтодаам бо марг,
Раҳо гаштам зи марг, аммо басо заҳре чашидам ман.
Дареғо, дар суроғи рӯзи нек умрам хазон кардам,
Ҷавонӣ рафту даврони ҷавониро надидам ман.

ДАР СӮГВОРИИ ФАРЗАНД

Ай навдаи тар, шикастаӣ маҷбурӣ,
Ай шаҳбачаи шаҳид паноҳи гӯрӣ.
Оҳи падарат расид бар гӯши фалак,
Хоби ту абад, надонӣ дарди дурӣ.

Бигзашт падар, бародарам нест дигар,
Дар гӯшаи хок ҷо гирифта модар.

Шукрона намуда ғам фурӯ бурдам ман,
Ёрон, донед маро кушад доғи писар.

Шинам-шинаму рӯи туро ёд кунам,
Он хандаи дилҷӯи туро ёд кунам.
То ҳастаму чархи зиндагӣ гардон аст,
Имои ду абрӯи туро ёд кунам.

Бигзаштӣ туву навбати мо ҳам бирасад,
Бошад, ки яке дида ба дидор расад.

Ҳоло, ки дуо кунам қабулаш бинмо,
Ҷуз пораи оят ба ту чизе нарасад.

НАЗАРЕ КУН

Ба сӯи мо назаре кун,
Худо назар дорад,
Зи кӯи мо ту гузар кун, ки умр гузар дорад.
Дилам зи лонааш бурун шудааст, месӯзад,
Ҳавои ишқи туро нозанин ба сар дорад.

Ба аҳди дода содиқам, зи ман магир қасам,
Дилам фидоии туст, то даме шарар дорад.

Ҳама накҳат зи гесӯвони ту хоҳам бӯид,
Ки тарҳи рӯи нозукат зи гул хабар дорад.

Тарафи шаб ба кулбаам ту беибо бигзар,
Даме, ки чашми бадзабон хоби шаб дорад.
Паси ин парда бо ту то даме бигӯям роз,
Ки нахли ишқу умед дар дилат самар орад.

ЁРИ МАНӢ

Баҳори сабзу гулафшон ту дар хазони манӣ,
Ба Худованд қасам, ишқи ҷовидони манӣ.
Туву ғами ту ба хӯрдан адои умрам кард,
Давои дарди ману дарди беамони манӣ.

Чу нақши рӯи ту зебо наофарид Худо,
Вале чӣ суд на зеби ҳарамсарои манӣ.

Ба роҳи меҳру вафо содиқат манам, чӣ кунам,
Шикаста аҳду вафо, ёри бевафои манӣ.

Дар канорам бинишин, рози ниҳонам бишнав,
Ту фиреби назару дур аз канори манӣ.
Кай шавад дар барам оиву бигӯӣ бо меҳр,
Ашки ҳасрат марез,
Шаҳриёр, ки ту ёри манӣ.

ОРЗУЯТ МЕКУНАМ

Меҳрубонам, ҷони ҷонам, ёди рӯят мекунам,
Ҳар нафас, ҳар лаҳзае ман майли кӯят мекунам.
Нест бе ёди ту манро зиндагӣ дар ин ҷаҳон,
Бахти беандоза, ҳар дам орзуят мекунам.

МАРГ БЕҲТАР АЗ ДУРИСТ

Зи танҳоиву аз дурии ту беҳтар маро марг аст,
Ба дунёи дилам бингар, нигоро, торику сард аст.
Маро ҳар лаҳза бо ёди ту будан бас гарон бошад,
Биё наздам ҳамебинӣ - саропоям кунун дард аст.

МОДАР

Ба лабат ханда, ба дил доғ ниҳон, модарҷон,
Бори андуҳи ту бас бори гарон, модарҷон.

Сӯхтӣ дар ғами фарзанд, хамӯш гирёнӣ,
Ашк созад ғами ботинат аён, модарҷон.

Сӯзат аз дурии ман бошаду аммо чӣ кунам,
Ки замин сахту баланд аст самоям, модар.
Оразат пеши назар ояду дил пора шавад,
Эй дареғо, зи рухи пок ҷудоям, модар.

То накуном шавам, кардӣ ту Хушбахтам ном,
Аз азал аз паям овора бигаштӣ, модар.

Бин, ки Хушбахти ту бадбахти ҷаҳон шуд имрӯз,
Ҳоли ман дидаву бечора бигаштӣ, модар.

Бахш манро, ки ба пеши ту гуноҳам зӯр аст,
Бе дуои ту яке бахт надорам, модар.
Хотири шири сафедат, ки ҳаётам додаст,
Сари таъзим ба пеши ту гузорам, модар!

БИГЗОР МАРО

Бигзор маро зи дарду ғамҳо мирам,
Аз фанду фиреби зиндагӣ дилгирам.
Бигзар ту зи баҳри ман, малолам нашавад,
Ман марди асиру пой дар занҷирам.

Гирям на аз он ки дасткӯтоҳам ман,
Шабҳо ҳама шаб зи ғусса бедорам ман.

Ин дидаи бехобу сиришки ҳасрат,
Хорист, ба пеши ҷумлагон хорам ман.

Аз дасти фалак ҷафо кашидам бисёр,
Умрам ҳама рафт, сол монда башумор,
Ҳайҳот зи даҳр панд баҳрам нарасид,
Навмедӣ маро хаста намуд охири кор.

Дилхаста шудам зи фикри рӯзи фардо,
Гумроҳаму роҳи ростам нопайдо,

Гар даҳр гузашт аз баҳри ман, боке не,
Ман низ гузаштаам зи баҳри дунё.

ДУБАЙТИҲО

Дилам сард аст, бо ғам ҳамнишинам,
Ба кунҷи тор дар фикрат нишинам.
Надорад қалби пурдардам шарора,
Зи дасти ишқи ту гӯшашинам.

Ба гулзоре нишастам байни гулҳо,
Туро, эй гул, нигаҳ дорам саропо.

Намедонам, ки аз боғи куҷоӣ,
Маро шав чорасози ин муаммо.

Замин сахту само болост, ёрам,
Фироқатро дигар тоқат надорам.
Гузаштам ман зи баҳри зиндагонӣ,
Маҷӯ манро дар ин дунё, нигорам.

Маро кардӣ фиреб, ай ёри беғам,
Сари шаб ваъда додӣ, ойӣ пешам.

Гузашта шаб, намози бомдод аст
Ҳанӯзам ман раҳатро интизорам.

Ба чашмонат назар кардам, нигорам,
Бирафт аз даст қалби беқарорам.
Намесозам дигар сӯят назора,
Зи чашми одамон ман тарс дорам.
Гурезӣ то ба кай аз ман, ситамгар,
Ба қалбам мезанӣ ҳар лаҳза ханҷар.
Худат донӣ, ки бе ту дар азобам,
Куҷо пинҳон шудӣ носуфта гавҳар?

Ба баҳри беканоре ғарқ танҳо,

Наҷотам дасти ту,
Парвардигоро.

Ба киштии муродат ҷой бинмо,
Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавғо.

Туро, ишқи туро бо ҷон харидам,
Зи сӯзи ту суруде офаридам.
Намедонам, ки донӣ ё надонӣ,
Дар олам чун ту зебое надидам.

Фидоят мешавам, ёри ягона,
Намо камтар ба пеши ман баҳона.

Ман имшаб то саҳар бедор будам,
Намеоӣ чаро боре ба хона?

Ба чашмонат намудам ман назора,
Наметонам назар созам дубора.
Нигоҳи ту, адои ту дурӯғ аст,
Диламро бо дурӯғат кардӣ пора.

Нигорам, дилнишину дилрабоӣ,
Ба парвозӣ чу мурғони ҳавоӣ.

Агар оиву дар наздам нишинӣ,
Намоям ҷони худ баҳрат худоӣ.

Ба кӯят меравам ман баҳри дидор,
Худам донам намеёбам туро, ёр.
Сари роҳат нишинам субҳ то шом,
Намеоӣ, зи ман гаштӣ ту безор.

Ба боғат сайр кардам, гул бичидам,

Садои форами булбул шунидам.
Ба гӯшам гуфт булбул, ки дареғо,

Дар олам чун ту ошиқро надидам.

Рухат нозуктар аст аз барги гулҳо,
Ду чашми ҷодуят бурда дили мо.
Қадат чун навниҳоли боғи фирдавс,
Ба хушрӯии худ дорӣ таманно.

Дилам хун шуд зи ғам, ёри ситамгар,
Надорам тоқати ҷабри ту дигар.

Гурезам аз ҷафоят гар бидонӣ,
Равам сӯи нигори аз ту беҳтар.

Машав ғамгин ало ёри ҳамеша,
Дилам аз гиряҳоят ганда меша.
Даме, ки дурии ту ёдам ояд,
Замин аз зери поям канда меша.

РУБОИЁТ

Аз кӯчаи мо гузар макун, ғам дорам,
Беморам ман, фикри ту дар сар дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳ макун ҷониби ман,
Сӯзон ҷигару дидаи пурнам дорам.

Имрӯз зи субҳ пеши ман рӯи шумо,
Дар пеши назар мавҷ занад мӯи шумо.
Дарди дили ман як нафас ором шавад,
Гар бӯса занам аз лаби ширини шумо.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2