Зеҳн

Санаҳои муҳими таърихӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Соли 1753- ба сари қудрат омадани оли Манғития.
Солҳои 1753-1758- ҳукумронии Муҳаммадраҳимхон.
Солҳои 1758-1785- ҳукумронии Дониёлбӣ.
Солҳои 1785- 1800- ҳукумронии амир Шоҳмурод.
Солҳои 1800- 1826- ҳукумронии амир Ҳайдар.
Солҳои 1821-1825- шӯриши Хитойқипчоқҳо.
Солҳои 1826- 1860- ҳукумронии амир Насрулло.
Соли 1837 – ислоҳоти амир Насрулло оиди лашкар.
Солҳои 1800- 1810- ҳукумронии Олимхони қӯқандӣ.
Солҳои 1810-1822- ҳукумронии Умархони қӯқандӣ.
Солҳои 1822- 1842- ҳукумронии Муҳаммадалии қӯқандӣ.
Солҳои 1841-1845- аз тарафи Бухоро истило шудани Ӯротеппа.
Соли 1847- бунёди қалъаи Раим (Аралск).
Солҳои 1860-1885- ҳукумронии амир Музаффар.
Солҳои 1864- 1865- оғози забткориҳои лашкари рус дар Осиёи Миёна.
Соли 1867- ташкил шудани ҳукумронии генерал-губернаторӣ дар кишвари Туркистон.
Соли 1868- муҳорибаи Зирабулоқ ва шикасти аморати Бухоро.
Соли 1870- ташкилёбии «Экспедитсияи Искандаркӯл».
Соли 1873- имзо шудани шартномаи байни Россия ва хонигарии Қӯқанд.
Солҳои 1885- 1910- ҳукумронии амир Абдулаҳад
Соли 1885- шӯриши ангиштканони конҳои Киштуту Заврон.
Солҳои 1885- 1887- шӯриши Восеъ.
Солҳои 1827- 1897- ҳаёти Аҳмади Дониш.
Соли 1857- сафари якуми Дониш ба Россия.
Солҳои 1869- 1870- сафари дувуми Дониш ба Россия.
Солҳои 1873-1874- сафари савуми Дониш ба Россия.
Солҳои 1828- 1894- ҳаёти Раҳматуллоҳи Возеҳ.
Солҳои 1823- 1874- ҳаёти Абдулқодирхӯҷа Савдо.
Солҳои 1857- 1893- ҳаёти Шамсиддини Шоҳин.
Солҳои 1858- 1909- ҳаёти Зокирҷон Фурқат.
Солҳои 1850- 1903- ҳаёти Муҳаммадаминхӯҷа Муқимӣ.
Солҳои 1876- 1902- ҳаёти Ҳайрати Бухороӣ.
Солҳои 1878- 1954- ҳаёти Садриддин Айнӣ.
Солҳои 1898- 1929- ҳаёти Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ.
Соли 1895- ташкил шудани ҷамъияти кишоварзӣ дар Туркистон.
Соли 1895 – тақсимоти марзии Бадахшон.
Соли 1905 – ташкил шудани «Ҷамъияти Туркистонии ангиштсанг» дар волости Киштут.
Солҳои 1905- 1907- инқилоби якуми рус.
Солҳои 1910-1920- ҳукумронии амир Олимхон.
Солҳои 1914-1918- ҷанги якуми ҷаҳон.
Соли 1916- шӯриш дар Тоҷикистон.
Соли 1917- 27 феврал ғалабаи инқилоби февралӣ дар Россия.
Соли 1917- 7 апрел рӯзи эълон гаштани «Манифести амир».
Соли 1917- 25 октябр ғалабаи Инқилоби Октябр.
Соли 1917- 1 ноябр барпо шудани ҳукумати Шӯро дар Туркистон.
Соли 1917- 11 ноябр барпо шудани сохти нав дар Хуҷанд.
Соли 1918- 22 феврал сарнагун шудани «Мухторияти Қӯқанд».
Соли 1918 – 8- 9 июл «Дружинаи халқӣ-русӣ»-и Ӯротеппа сарнагун шуд.
Соли 1918 – 19 январ исёни аксулинқилобии Осипов дар Тошканд.
Соли 1918 – воқеаҳои И.Ф.Колесов дар моҳҳои февралу март рух дода буданд.
Соли 1918 – моҳи сентябр- ташкилёбии ҳизби Коммунисти Бухоро.
Соли 1918 – моҳи август барпошавии ҳукумати Шӯро дар Бадахшон.
Соли 1919 – 8 октябр Турккомиссия ба фаъолият сар кард.
Соли 1920- 16-18 август Съезди IV ҲК Бухоро баргузор шуд.
Соли 1920 – 28 август бекигарии Чорҷӯ сарнагун шуд.
Соли 1920 – 2 сентябр сарнагуншавии аморати Бухоро.
Соли 1920 – 6 октябр Бухоро ҷумҳурии Шӯравии халқӣ элон шуд.
Соли 1920 – 30 сентябр «Декрет дар бораи тақсимот ва истифодаи замин дар РХШБ» қабул гардид.

Соли 1920 – моҳи декабр шӯриши Усмон дар Ғарм.
Соли 1920 – моҳи декабр ташкилёбии «Экспедитсияи ҳарбии Ҳисор».
Соли 1921 – 15 феврал Деҳнав, 17 феврал Юрчӣ, Сариосиё, Сариҷӯ, 20 феврал Регар, Қаротоғ, Ҳисор, 21 феврал Душанбе ва атрофи он аз зулми амирӣ озод шуданд. Пас то 15 марти ҳамон сол Навбозор (Ваҳдат), Файзобод, Данғара, Қизилмазор, Фархор, Чубек, Кӯлоб аз қувваҳои охирини ҷамъияти кӯҳна тоза гаштанд.
Соли 1921 – 22 феврал ташкилёбии комитетҳои инқилобӣ дар Бухорои Шарқӣ.
Соли 1921 – моҳи август, оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ.
Соли 1921 – 22 сентябр муҳосираи қишлоқи Душанбе аз тарафи дастаҳои ғоратгари Иброҳимбек.
Соли 1921 – моҳи октябр ба Бухоро омадани Анвар.
Соли 1921 – моҳи март иттифоқи «Қӯшчӣ» (Ҷуфтгарон) ташкил шуд ва 2 декабр съезди якӯмаш созмон ёфт.
Соли 1922 – 4 август Анвар ба шаҳодат расид.
Соли 1922 – моҳи март дар Бухорои Шарқӣ Комиссияи диктаторӣ созмон ёфт.
Соли 1923 – аз моҳи август сар карда дар Бухорои Шарқӣ съездҳои вилоятию туманӣ баргузор шуданд.
Соли 1923 – 6 март дар Тошканд конференсияи якӯми иқтисодии ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро, Хева баргузор шуд.
Соли 1924 – 14 октябр Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 1924 – 26 ноябр Ҳукумати ҷумҳурии мухтори тоҷик дар шаҳри Тошканд созмон ёфт.
Соли 1925 – 2 январ вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба ҳайати Тоҷикистон дохил шуд.
Соли 1925 – моҳи октябр комитети инқилобии Тоҷикистон забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбакиро давлатӣ эълон кард.
Соли 1926 – аз 1 то 12 декабр Съезди якуми муассисони шӯроҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1927 – аз моҳи июн сар карда иттифоқи «Қошчӣ» дар Тоҷикистон, номи «Ҷуфтгарон»-ро гирифт.
Соли 1927 – 21 – 27 октябр конференсияи якуми ҳизби коммунисти вилоятии ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1928 – дар округи Хуҷанд заминҳои вақф барҳам хӯрданд.
Соли 1929 – 3- 10 феврал конференсияи дувуми вилоятии ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1929 – 21 – 28 апрел съезди дувуми Шӯроҳои Тоҷикистон шуда гузашт.
Соли 1929 – 9 май рӯзи сарнагуншавии Фузайл Махсум.
Соли 1929 – 16 октябр – Рӯзи ташкилёбии РСС Тоҷикистон.
Соли 1930 – 6 -15 июн Съезди якуми муассисони ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Солҳои 1930 – 1933 Ҳусейнов М. котиби якуми ҲК Тоҷикистон буд.
Соли 1931 – моҳи июн дастаҳои ғоратгари босмачиёни Иброҳимбек торумор гаштанд.
Соли 1931 – Институтҳои педагогӣ дар Душанбе ва кишоварзӣ дар Хуҷанд ташкил шуданд.
Соли 1932 – Институти педагогӣ дар шаҳри Хуҷанд ба қабули шогирдон сар кард.
Соли 1932 – коллективонидани хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон асосан ба охир расид.
Соли 1933 – заводи арматурии ба номи Орҷоникидзе дар Душанбе ба кор даромад.
Соли 1933 – 12 октябр навбати якуми канали обёрикунандаи водии Вахш ба истифода дода шуд.
Соли 1933 – моҳи август съезди якуми колхозчиёни зарбдори ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Соли 1934 – дар ҷумҳурӣ институти умумииттифоқии субтропикӣ кушода шуд.
Соли 1934 – 7 – 14 январ съезди дувуми ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Солҳои 1933 -1934 – Г.И.Бройдо котиби якуми ҲК Тоҷикистон буд.
Соли 1937 – 1 март Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуд.

Соли 1937 – аз 17 март то 27 август съезди севуми ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Солҳои 1934 – 1937 Умаралӣ Ашӯров вазифаи котиби якуми ҲК Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Соли 1938 – аз 7 то 14 июн съезди IV ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1930 – аз 22 то 27 феврал съезди V ҲК Тоҷикистон шуда гузашт.
Солҳои 1937- 1946 Д.З.Протопопов котиби якуми ҲК Тоҷикистон буд.
Соли 1939 – Институти тиббии Тоҷикистон ташкил шуд.
Соли 1940 – аз 13 то 17 март съезди VI ҲК Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 1941 – 22 июн Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд.
Соли 1941 – дар Тоҷикистон филиали АИ СССР таъсис ёфт.
Соли 1945 – 9 май Рӯзи ғалаба бар фашизм.
Соли 1948 – дар Сталинобод Университети давлатии Тоҷикистон кушода шуд.
Солҳои 1948-1954 – аввалин ректори Университети давлатии Тоҷикистон академик З.Ш.Раҷабов буд.
Соли 1948 – 20 -23 декабр съезди VII ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1951 – 14 апрел – рӯзи таъсиси АИ Ҷумҳурӣ.
Солҳои 1951 – 1954 -Садриддин Айнӣ нахустпрезиденти АИ Тоҷикистон буд.
Солҳои 1954 – 1964 – академик С.Умаров сарвари АИ ҷумҳурӣ буд.
Солҳои 1946 – 1956 Бобоҷон Ғафуров вазифаи котиби якуми ҲК Тоҷикистонро адо кард.
Соли 1952 – 19-22 сентябр съезди VIII ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1954 -18 -20 январ рӯзҳои кори съезди IX ҲК Тоҷикистон.
Соли 1956 – 26-29 январ съезди X ҲК Тоҷикистон шуда гузашт
Солҳои 1956 – 1961 Турсун Ӯлҷабоев котиби якуми ҲК Тоҷикистон буд.
Соли 1958 -14 -16 январ съезди XI ҲК Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1959 -14 январ съезди XII ғайринавбатии ҲК Тоҷикистон кушода шуд.
Солҳои 1959 – 1965 рафти иҷрои плани ҳафтсола.
Соли 1960 – 4 – 6 феврал рӯзҳои кории съезди XIII ҲК Тоҷикистон.
Соли 1961 – 12 апрел рӯзи парвози Ю.Гагарин ба коинот.
Солҳои 1961 -1982 Ҷаббор Расулов котиби якуми ҲК Тоҷикистон буд.
Соли 1961 – 21-23 сентябр барпошавии съезди XIV ҲК Тоҷикистон.
Соли 1963 – 25 -26 декабр съезди XV ҲК Тоҷикистон машварат намуд.
Соли 1966 – 2 – 3 март рӯзҳои кории съезди XVI ҲК Тоҷикистон.
Соли 1967 – М.Турсунзода ба унвони Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ ноил шуд.
Соли 1971 – 18 -19 феврал – рӯзҳои кори съезди XVII ҲК Тоҷикистон.
Соли 1972 – ба кор даромадани аввалин агрегатҳои ГЭС-и Норак.
Соли 1974 – таъсиси институтҳои санъату варзиш дар ҷумҳурӣ.
Соли 1978 – моҳи март конститутсияи Тоҷикистон бо иловаҳо қабул шуд.
Солҳои 1982 – 1985 Раҳмон Набиев роҳбарии ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Солҳои 1985- 1991 сарварии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба дӯши Қаҳҳор Маҳкамов вогузор буд.
Соли 1991 – 9 сентябр Тоҷикистон Ҷумҳурии мустақил эълон шуд.
Солҳои 1991 – 1992 – Раҳмон Набиев Президенти Тоҷикистон буд.
Соли 1992 – 16 ноябр таъсиси Ҳукумати нави Тоҷикистон дар Хуҷанд.
Солҳои 1992-1994 Э.Раҳмонов вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт.
Соли 1994 – 6 ноябр Э.Раҳмонов Президенти ҷумҳурӣ интихоб шуд.
Соли 1994- 6 ноябр Конститутсияи Тоҷикистони мустақил дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Соли 1999 – 6 ноябр Э.Раҳмонов ба муддати ҳафт сол бори дувум Президенти Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 1999 – аз 6 то 13 сентябр 1100 – солагии давлати Сомониён ҷашн гирифта шуд.
Соли 2001 – 9 сентябр ҷашни 10-солагии Тоҷикистони мустақил қайд гардид.
Соли 2002- 10 сентябр 2500- солагии шаҳри Истаравшан ҷашн гирифта шуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2