Сулҳи пойдори мо.
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақи шодиву барор оварад.
Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об,
Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.
Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чаиши модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
Сулҳ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад. Сулҳ чун офтоби рахшон, баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кӯшидаанд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси сар кардаанд. Натиҷаи ин заҳматҳои зиёди чунин мардонӣ баномусу нанги миллат имрӯз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Хушбахтем, озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гармталъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохт ва камию костиҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.
Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,
3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.
Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,
Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.
Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Вахдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.
Сулҳ ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.
Хулоса, сулҳ армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё