Зеҳн

Шеърҳо аз китоби Дунёи хаёлот-и Шаҳриёр

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 52 дақиқа хондан

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, бо ҳавоят зиндаам,
Бо фурӯғи ҷонфизоят зиндаам.
Рӯдҳоят менавозанд сози ишқ,
Бо насими кӯҳҳоят зиндаам.

Эй Ватан, ин қадр барно гаштаӣ,

Пуршукӯҳу файзафшон гаштаӣ.

Шаҳрҳои тушуда аз нав ҷавон,

Бе муҳобо, зеби дунё гаштаӣ.

Боз мегирам ба дастам ман қалам,
Шеъри нав аз баҳри ту меофарам.
То ҷаҳон огаҳшавад аз ҳусни ту,
Васфи ту аз арш боло мебарам.

МАҲБАСНОМА

Садои қулфи дар аз нав баромад,
Ба наздам посбон бозам даромад.
Худоё, ин чи сон доми бало буд,
Ситам омад, раҳоиям наёмад.

Накардам ман гунаҳ, ёрон, накардам,

Агар кардам, ҳазорон тавба кардам.

Навишта сӯзи дил болои коғаз,

Ба даргоҳат, Худоё, навҳа кардам.

Агар чи маҳбасиям, одам астам,
Вале ҳайрон зи шарри олам астам.
Накардам фикри фарзандони дилбанд,
Фитода дар баловудар ғам астам.

Кунун бояд хомӯшӣ пеша кардан,

Илоҷи кори худ андеша кардан.

Худоё, аз бароям туроҳимӣ,

Намо роҳи сабурӣ пеша кардан.

Макун сархам ба пеши душманонам,
Намо раҳме ба ҳоли кӯдаконам.
Худоё, ҷуз ту ҳамрозе надорам,
Ки пешаш рози дил бикшода монам.

БИЁ, ЛАЙЛО

Зиҳаҷрат дил пурафғонам, биё, Лайлои ман, бозо,
Ба роҳат дида гирёнам, биё, Лайлои ман, бозо.
Шабу рӯзона месӯзам, ба роҳат дида медӯзам,
Ба шамъи хирае монам, биё, Лайлои ман, бозо.

Ба зиндонам, набитвонам биёям назди ту, ҷонам,

Ту озодӣ, азизи дил, биё, Лайлои ман, бозо.

Садои дилнавози ту, нигоҳи пур зи нози ту,

Даво бошад ба ҳар мушкил, биё, Лайлои ман, бозо.

Наоӣ гар ту мемирам, бубин дар пой занҷирам,
Асирам ман, асирам ман, биё, Лайлои ман, бозо.
Биё, то бо ту бошам ман, дилам гираддамеором,
Ҳавои тоза гирам ман, биё, Лайлои ман, бозо.

Биё, шинам ба паҳлӯят, бимонам сар ба зонуят,

Равам хобутуро бинам, биё, Лайлои ман, бозо.

Фироқат карда беморам, сукутат карда афгорам,

Гули васли ту кай чинам, биё, Лайлои ман, бозо.

ПАДАРҶОН

Ин саҳар вақти намозам зора кардам бар Худо,
То ки бошам, қиблагоҳам, ҳар нафас пеши шумо.
То бигардам дастёру меҳрубону ҳамнафас,
То ки бошад бар сарам дасти пур аз меҳру сахо.

Ёд кардам ман, падар, он рӯзҳои боҳамӣ,

Гирди дастархон нишаста сӯҳбати бомуддао.

Рафта хоб аз дидагонам бо ғаму садҳо алам,

Менависам номаи ҳиҷронам аз баҳри шумо.

Бо дилам наздик ҳастам бо Шумову бо Худо,
Гарчи қисмат дур кардам аз канори босафо.
Ё Худоё, кай шавад то боз пеши ҳам шавем,
Ман, ки ҳастам якписар, якэркатулфори шумо.

ПАРИЗОД

Гули хонадон туӣ, Хуршеди тобон туӣ,
Баҳри дадот ягона, Мӯнису дармон туӣ.

Падар туро меҳрубон,

Модар туро пуштибон.

Бобою бибиҷонат,

Баҳри ту афсонахон.

Асло ғама набинӣ,
Дасти кама набинӣ.
Ба сад дароӣ, ҷонам,
Чашми нама набинӣ.

Шаҳдушакар Паризод,

Зодрӯзат муборак бод.

Шамъи фурӯзон туӣ,

Ҳаргиз нурат кам мабод.

МАҲЛИҚО

Парии ту париву маҳлиқоӣ,
Чаро ки нисфи шаб дар хобам оӣ.
Ба даргоҳи Худоҷон нола дорам,
Ки рӯзе беибо пешам дароӣ.

Нигоро, шафқату раҳме надорӣ,

Чаро бар аҳди худ ноустуворӣ.

Фироқат карда ноҷӯрам, азизам,

Бисӯзам дар ғамат, парво надорӣ.

Тараҳҳум кун, ало зебо нигорам,
Биё, як дам ба бедорӣ канорам.
Ба як дидор ҳуснат кам намешад,
Қасоси зиндагӣ аз ту барорам.

ДӮСТИ ҶОНӢ

Намози шом шуд, дилгир ҳастам,
Бародар, аз забар дар зер ҳастам.
Садои дилнавозат ёдам омад,
Биё, аз дурият ҷонсер ҳастам.

Бародар, ой, дар оғӯш гирам,

Сухан кун то ҳама дар гӯш гирам.

Тамоми касс фаромӯшам шуда лек,

Ба ёди сӯҳбатат хомӯш гирям.

Агар, ки дӯстон бошанд нонӣ,
Ва ё бошанд ёрони забонӣ.
Барои мову ту дахле надорад,
Тамоми умр мебошем ҷонӣ.

УМЕДИ ДИДОР

Шамол омад шамоли Истаравшан,
Шунидам қиблагоҳ омад ба дидан.
Зиёрат омадӣ, манро надидӣ,
Ба пушти дар нишаста бо умедӣ.

Зиёрат омадӣ, гаштам гунаҳкор,

Ки ҳаққи ман бувад рафтан ба дидор.

Илоҷе нест, ман чора надорам,

Ки занҷирам канам, пешат бароям.

Маро бо ростӣ ту парваридӣ,
Азобе аз барои ман кашидӣ.
Ниҳоли киштаат чун бор овард,
Туро навмед кардухор овард.

Ба айби худ нагаштам ман гунаҳкор,

Нашояд, ки зи фарзандат кунӣ ор.

Чи кардам ман, ба роҳи рост кардам,

Раҳи динӣ ба худ ман боз кардам.

Нашав ту ноумед асло падарҷон,
Ки одам бо умед, навмед шайтон.
Худо хоҳад, бубинем якдигар боз,
Шаванд дарҳои маҳбасхонаҳо боз.

МОДАР

Модаро, бо ёди ту сар мекунам,
Аз ту дур афтода ин ҷо номаам.
Нест ғайри ту ба дунё одаме,
То хабар бошад зи сӯзунолаам.

Ҳам падар будӣ, маро ҳам модарам,

Ҳар даму ҳар гоҳ будӣ дар барам,

Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ,

Ҳам муаллим будиву ҳам ёварам.

Бо умеду орзуи беканор,
Кардӣ манро пеши мардум хонадор.
То ки бошам ман сутуни хонаат,
То ки донам беш қадри рӯзгор.

Рафт бар бод орзуят модарам,

Аз қазо омад балое бар сарам.

То шудам ман аз канори ту ҷудо,

Ҳуҷраи маҳбас гирифт андар барам.

Собирам, ту ном мондӣ, сабр кун,
Амри тақдир шуд ҳама, андеша кун.
Модаро, покам ба назди кирдугор,
Меравам наздат, таҳаммул пеша кун.

ПАНДИ РӮЗ

Аҷаб дунё пурасрор аст,
Ба гетӣ одамӣ хор аст.
Якеро бахтудавлат ёр,
Дигар мазлуму нодор аст.

Агар бошӣ ту сарватманд,

Ба ҳар ҷо ҳурматат созанд.

Надорӣ илм, шарте нест,

Туро хонанд донишманд.

Агар нодорию сарҳам,
Нагӯяндат туро одам.
Набошад қадрат аз саг беш,
Ки соҳиб дорад у ҳамдам.

На меҳре бар ако, додар,

На ҳурмат бар падар, модар.

Ба хонат аблаҳон меҳмон,

Азизонат ба пушти дар.

Дар ин дунё, ки меҳмонӣ,
Бисотат бар касон монӣ.
Накарди тоату некӣ,
Надорад суд пушаймонӣ.

ЁД ДОРӢ?

Ёд дорӣ, рӯзи занги охирин,
Паҳлуи ҳам роҳ мерафтем мо.
Ҳар ду бинишаста лаби дарёи шӯх,
Аз муҳаббат роз мегуфтем мо.

Дар лаби дарё нишаста рӯи санг,

Бӯсаи аввал зи ту бистондаме.

Сар ба зонуят ниҳода, ай парӣ,

Қиссаҳои ошиқият хондаме.

Аҳд кардӣ то абад бошӣ зи ман,
Оҳуи ман, кабки хушрафтори ман.
Рафтӣ аҳдатро шикастӣ, бевафо,
Ёри нав бигрифтӣ ағёри ман.

Оҳ, меояд садои ёр-ёр,

Ту арусиву шаҳи ту дигар аст.

Бахт мехоҳам туро дар зиндагӣ,

Гар чӣ бахти ту сияҳрӯзи ман аст.

БА РАИСЕ

Рафта раисӣ аз даст,
Афтода раис ба даст.
Корҳо ҳама расво шуд,
Раис ба маҳбас ҷо шуд.

Раис чӣ шуд ба шумо,

Фурӯхтед заминҳоро.

Пулаша кардед пинҳон,

Бало шумо раисҷон.

Акнун авфро мепоед,
Ба ҳар фикру савдоед.
Зиқ нашавед, авф куҳаст,
Лек раисӣ рафт аз даст.

Зиқ нашавед раисҷон,

Мебароед аз зиндон,

Чорвои ҷамъоварда

Мебароред ба майдон.

Раисиро партоед
Ба нафақа бароед,
Набераҳо гирифта,
Сайри кӯча бароед.

Ин суханҳо шӯхӣ аст,

Раисҷон, хафа нашав.

Лекин гапи маро гир:

Ба замин чақа нашав.

МЕМИРАМ

Нафасгирам, дилам пурғам,
Зи ҳаҷрат дидаам пурнам.
Ба ёдат зору беморам,
Наоӣ гар ту мемирам.

Висолат доруи дард аст,

Сукутат баҳри ман марг аст.

Даруни синаам сард аст,

Наоӣ гар ту мемирам.

Аҷаб маҳрӯ ву зебоӣ,
Даруни қалби ман ҷоӣ.
Ту барноӣ, дилороӣ,
Наоӣ гар ту мемирам.

Биё, ҷоно, туро бинам,

Ба паҳлуят даме шинам

Зи рухсори ту гул чинам,

Наоӣ гар ту мемирам.

ДУХТАРИ ДАДО

Зебо духтар, кӣ бошад,
Ҷонуҷигар кӣ бошад.
Хандонаку, дӯстрӯяк,
Ҷони падар кӣ бошад.

Хоҳам зуд шавӣ калон,

Ба боғча шавӣ равон.

Пеши дугонаҳоят,

Бошӣ ту шӯху хандон.

Касал нашав, духтарҷон,

Дадот шавад саргардон.

Модарат ҳам зиқшавад,

Гули хона - духтарҷон.

Фардо сайругашт барам,

Ба туман зоча харам.

Акнун вақти хоб шуда,

Хоб кун, ширин духтарам.

ЭЙ ДӮСТ

Эй ҷӯра, хабар надорӣ аз ҳоли ман,
Аз чист намепурсӣ зи аҳволи ман?
Гар дӯстиву қадри дӯстӣ медонӣ,
Бархезу биё, ба туст дидаи ман.

Шабҳо ҳама тораст у сафеди саҳар аст,

Аз дарди дилам ҷӯраи ман бехабар аст.

Ёки хабараш ҳаст у намесӯзад вай,

Дасташ банду ба фикри кори дигар аст.

То, ки ҳастам ҳар нафасат ёд кунам,
Аз дурии ту нолаву фарёд кунам.
Гар қисмати талх туро ҷудо кард зи ман,
Дар васфи ту достон эҷод кунам.

ИЛТИҶО

Чи кардам дар ҳаётам носазое,
Ки гаштам ман гирифтори балое.
Агар донам, ки тақдирам чунин буд,
Намерафтам зи ҷое то ба ҷое.

Намегуфтам дигар розам ба ҳар кас,

Агар донам, ки он кас душман аст.

Дареғо, ки забон бе устухон аст,

Ба ҳар як дӯст чандин душманон аст.

Ҳазорон мардро мебинам имрӯз,
Ки бо айби ду-се номард шиштаст.
Зи тақдир аст гӯянд ин ҳама ғам,
Ниҳоли қомати онон шикастаст.

Худовандо, Худованди кабирам,

Шабурӯз илтиҷоят мекунам ман.

Ки боре ин чунин номардҳо ҳам,

Дароянд маҳбас, гарданд маҳкам.

Биёянд хешҳошон баҳри дидан,
Ба пушти маҳбасу аммо набинанд.
Бифаҳманд ин чӣ сон талх аст зиндон,
Ба пеши халқ сарҳошон шавад хам.

ЯК НАСИҲАТ

Самар аз боғи кас фарзанд бошад,
Ниҳоли боғи мо ҳарранг бошад.
Чуноне ки ниҳолат парваридӣ,
Ҳамон ҳосил зи он боғат бичидӣ.

Агар фарзанд мехоҳӣ ҳунарвар,

Намо тарбияаш аз рӯзи аввал.

Ду се сол андар ин кор дер монӣ,

Ту як умре бимонӣ ормонӣ.

Чу фарзанд аст дар пирӣ мададгор,
Ба хурдӣ боядат бошӣ ту ҳушёр.
Ниҳоли тар ба ҳар сӯхам бигардад,
Нашояд, ки равад фарзанд раҳи бад.

Бикӯшу некфарзандат бимон ном,

Намо тарбияашро аз дилу ҷон.

Агар фардо шавад фарзанд арҷманд,

Ту ҳам дар байни халқ гардӣ баруманд.

Агар фарзанди ту гардад дилозор,
Қабеҳ гардад, бигардад мардумзор.
Туро хонанд лаънат ҳар замоне,
Равӣ аз ин ҷаҳон бе як нишоне.

ҶОНИ МАН

Сатрҳо аз ёд рафтанд,
Мисраҳо гашта хато.
Фикрҳо нимкора монда,
Мо ву ту гаштем ҷудо.

Ту атое аз Худоӣ,

Бар мани бехонумон.

Пас чаро аз ман ҷудоӣ,

Дилбари номеҳрубон?

Бевафо, раҳме надорӣ,
Ҳоли зори ман бубин.
Кабкосо мегурезӣ,
Ай нигори маҳҷабин.

Ист боре ман бубинам,

Қомати барнои ту.

Дарди ман ором ёбад,

Ҷони ман, яктои ту.

Бас кунун дигар надорам,
Тоқати ҷабруҷафо.
Раҳм кун бар ҳоли зорам,
Хез бар пешам биё.

ПАРИҶОН

Париҷонам, париҷонам, париҷон,
Бароят ҷон диҳам, манро маранҷон.
Қади сарви ту бошад зеби бӯстон,
Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Ту чун гул нозанину маҳҷабинӣ,

Намедонам, ки бо кӣ ҳамнишинӣ.

Зи лабҳои маҳинат бӯса гирам,

Ҳамехоҳам, ки паҳлӯям нишинӣ.

Париҷонам, париҷонам, париҷон,
Бароят ҷон диҳам, манро маранҷон.
Ту худ як гавҳари бас бебаҳоӣ,
Зи дастам дур, ахтар дар ҳавоӣ.

Чи сон ман орзуи васл созам

Ки дар чашмам, нигорам, ноаёнӣ.

Ту хуршедӣ, ту моҳӣ, эй париҷон,
Дуоят мекунам, манро маранҷон.
Давои дарди ҷонсӯзам ту ҳастӣ,
Биёву то абад дар назди ман мон.

Париҷонам, париҷонам, париҷон,
Бароят ҷон диҳам, манро маранҷон.
Қади сарви ту бошад зеби бӯстон,
Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

ДИЛОЗОР

Парешонам дар ин дунёи пурғам,
Ба дил дорам ҳазорон сӯзу мотам.
Ба доми ишқи ту дармондаам ман,
Набитвонам раҳо ёбам аз ин банд.

Гирифторам ту кардӣ, ай дилозор,

Зи дасти ту бидидам ҷабри бисёр.

Кунун рафтӣ, куҷо хомӯш гаштӣ,

Ба кӣ ҳамдарду ҳамоғӯш гаштӣ?

Ту назди дигаре донам, ки ҳастӣ,
Ҳамон аҳде, ки бо мо буд, шикастӣ.
Бикандӣ риштаи аҳду вафоро,
Дари умедро бар ман бубастӣ.

Надорад зиндагонӣ қадр бар ман,

Агар ту нестӣ, эй ёри беғам.

Биёву марҳаме бар ҷони ман шав,

Ки ин дил пора гашта, дида пурнам.

ОЗОДӢ

Хатои кардаамро бахш, ҷонам,
Ки тақдир аз азал карда нишонам.
Ба дунё одами беайб набвад,
Зи қисмат ин ҳама, ман хуб донам.

Паси яклуқма мегаштам пасу-пеш,

Ки гардад зиндагонӣ беҳ камубеш.

Намегуфтам, ки розиқҳаст Аллоҳ,

Худамро мешумурдам розиқи хеш.

Ба роҳи каҷ қадам нодида мондам,
Бихӯрдам пешпо, худро шинондам.
Сазои ман ҳаминучорае нест,
Зи фарзанду анисам дур мондам.

Нишаста гӯш месозам, ки боре,

Ки шояд бишнавам аз онҳо садое.

Вале ҳайҳот, ҷуз овози дарбон,

Намеояд садои ошное.

Қарорам рафту қувват надорам,
Ки занҷирам канам, пешат бароям.
Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам,
Дари озодӣ бикшо аз бароям.

БО ДИГАРЕ ДИДАМ

Дилам хун шуд аз ин дунё,
Аз ин шӯру аз ин савдо.
Худоё, ҷони ман бистон,
Ба наздат бар маро Яздон.

Каманди зулфи ту, ҷоно,

Ба дасти дигаре дидам.

Ниҳоли бахту умедам,

Ба боғи нокасе дидам.

Саропо ҳасрату дардам,
Ба қалбам ҷо шуда мотам.
Агар чи зинда мегардам,
Бидон, ки бе ту мемирам.

МУҲАММАДҶОН

Туро, эй дӯстрӯяк, ёд кардам,
Бароят ин сухан эҷод кардам.
Даме чашмам бипӯшам, пешам ойӣ,
Ту ҷонам мерасӣ бар ёд ҳар дам.

Бароям беҳтарини ганҷҳоӣ,

Муҳаммадҷони ман, ту бебаҳоӣ.

Бихоҳам, ҷони бобо, ғам набинӣ,

Ки ту ҳосил зи умри бебаҳоӣ.

Чунон хушрӯ ву зебоӣ, Муҳаммад,
Барои ман ту як тоӣ, Муҳаммад.
Ҳамеша некрӯ, зебо бимонӣ,
Ту дар ҷону дилам ҷоӣ, Муҳаммад.

Сад афсӯсо, зи наздам дур ҳастӣ,

Бидонам ин замон ранҷур ҳастӣ.

Худоё, пеши дилбандам расонам,

Ба ҳам орандаи маҳҷур ҳастӣ.

БО ЁДИ МАН БОШ

Сароям аз бароят ман сурудам,
Ки шояд лаҳзае аз дил равад ғам.
Надонистам чу қадри боҳамиҳо,
Чи суд дорад кунун, ин сӯзу мотам.

Ситам бар ман макун, эй бемуруват,

Чаро ин қадр ҳастӣ бе адолат.

Ба ҷуз ту мунису ёре надорам,

Агар дорам, бихон манро туномард.

Нигоро, аз ғамат бемор гаштам,
Зи дуриҳои ту афгор гаштам.
Насими дур орад бӯи мушкат,
Ба дидори рухат ман зор гаштам.

Ба ҳар ҷо бошӣ, ман ёди ту дорам,
Даруни сина фарёди ту дорам.
Ту ҳам бо ёди ман бош, эй азизам,
Туро ман бар Худоям месупорам.

ТУ БОШӢ

Назар кардам гулистону надидам,
Гуле зебо чу лабқанди ту бошад.
Тамоми рӯи оламро бигаштам,
Надидам кас, ки монанди ту бошад.

Намехоҳам кунам ёд аз ҷудоӣ,

Ҳамегардам ба кӯят чун гадое.

Шабамро дар фироқат рӯз кардам,

Ки ҳамроҳи саҳар пешам дароӣ.

Чу офтоби саҳаргоҳ нур пошӣ,
Ҳамеша андар оғӯшам ту бошӣ.
Зи лабҳои маҳинат бӯса гирам,
Азизам, то ҷаҳон бошад, ту бошӣ!

ДИДОР

Туро, эй модари ҷон, ёд кардам,
Ба номат ин сухан эҷод кардам.
Умеди ту будам дар зиндагонӣ,
Зи навмедӣ сухан бунёд кардам.

Худоё, сарҳаму тоқатпазирам,

Вале чун аз ҷудоиҳо нагирям.

Ки як фарзандаму дур аз диёрам,

Ба доми ҷабру зулмат ман асирам.

Зи шаб то рӯз андар маҳбаси тор,
Ба як фикрам - фақат бо фикри дидор.
Ба кунҷе аз рафиқонам нишаста,
Ба ёдат гиря дорам, гиряи зор.

Гуноҳам чист, модар, ман надонам,

Ту донӣ, ай Худои меҳрубонам.

Агар будан мусулмон, ин гуноҳаст,

Гуноҳи дигари худро надонам.

Чӣ дидам ман аз ин дунё, чӣ дидам,
Ба ҷуз нокомиву афсӯсу мотам.
Худовандам маро фарзанд ато кард,
Вале сол аст ман ӯро надидам.

Туро, модар, чи сахт аст бурдборӣ,

Зи ман вазнинтар ҳоле ту дорӣ.

Азобу ранҷҳо пират намудаст,

Шабурӯзона роҳам интизорӣ.

Умедат ман, ҳама дунё умед аст,
Худовандам ба мо сабр офаридаст.
Намо андак таҳаммул, модари ҷон,
Ки поёни шаби торам сафед аст.

НАМЕНАМОӢ

Эй духтари хуҷандӣ, балоӣ,
Ҳам дар дилу дидаам ту ҷоӣ.
Чанд рӯз, ки дар суроғат астам,
Пинҳон шудаӣ, намебароӣ.

Биё, як дам ба наздам, эй хуҷандӣ,

Магар чун ман асирупойбандӣ?

Ба ҷуз ту дилбари дигар надорам,

Бихоҳам аҳди худ бо ман бубандӣ.

Биё, то лаҳзае бо ту нишинам,
Зи гулзори рухат гулҳо бичинам.
Ту армони манӣ, ту ғамгорӣ,
Намехоҳам, ки дардатро бубинам.

Ҳамеша дар дилам ёди ту дорам,

Намонда тоқату сабру қарорам.

Биё, раҳме бикун бар ҳоли зорам,

Ба ҷуз ту дилбари дигар надорам.

Эй духтари хуҷандӣ балоӣ,
Андар дилу дидаам ту ҷоӣ.
Чанд рӯз, ки дар суроғат астам,
Пинҳон шудаӣ, наменамоӣ.

ПЕШАМ НИШИН

Ай парии осмони беҳтарини беҳтарам,
Ошиқат гаштам азизам, меҳри ту шуд ҳосилам,
Ай муроди зиндагониям, ба ҳолам раҳм кун,
Дил зи дастам дода, бо ёди ту гаштам ҳамқадам.

Ҳар шабе оӣ ба хобам, ҷони ман, то субҳидам,

Субҳ то шаб фикри дурии ту бошад дар дилам.

Дил ҳаме хоҳад, ки умре пеши ман бошӣ, вале

Даст кӯтоҳ аст у менолам кунун аз бори ғам.

Ман намедонам париӣ, ё ки ҳури осмон,
Як гули ноёфт ҳастӣ ту ба боғи ошиқон.
Васфи зебоии рӯят дар ҷаҳон овоза шуд,
Пас чи сон гардӣ насиби ман ту, хушрӯи замон.

Ҳар гаҳе абрӯву мижгони ту меояд ба ёд,

Дил бигардад пора-пора, рӯзи ман бошад хароб.

Раҳм кун бар ҳоли зорам, якнафас пешам нишин,

Пас намонад дар дили мискини ман ранҷу азоб.

ЗИНДАГӢ

Боз як рӯзе гузашт аз зиндагӣ,
Бо ҳазорон дарду ошуфтагӣ.
Сӯзи ҳиҷрон мефишорад синаам,
Дида гирён аст аз ин дармондагӣ.

Боз бо ёди ту гаштам хунҷигар,

Дил ҳамехоҳад равад берун ба дар.

Он чунон талх аст дурӣ, талхи заҳр,

Рӯзу шаб аз ҳаҷри ту хокам ба сар.

Рӯзи нав сар мешавад, ғавғои нав,
Бо ғаму андӯҳу бо савдои нав.
Нам шуда аз ашки чашмам бистарам,
Зам шавад бар дарди ман ғамҳои нав.

Эй Худо, аз умр навмедам макун,
Аз балою душман эминам бикун.
Ман надорам ғайри ту фарёдрас,
Бар аз ин пастию бар зинам бикун.

БЕҚАРОРАМ

Эй муроди зиндагонӣ, эй умеду орзу.
Гоҳ-гоҳе ёди мо кун, ёди ёри ёратро бикун.

Бас, ки дурият гарон аст,

Нестӣ фарёдрас,

Менависам сӯзи дилро,

То шавам ман ёдрас.

Илтиҷо дорам расонӣ
Номаамро, хаткашон.
То хабар ёбад Нигорам,
Аз мани бехонумон.

Ман надорам нозанинам,

Тоқати ҳаҷри туро.

Беқарорам, беқарорам,

Ҷони ширинам, биё.

ПАДАРҶОН

Шабе бигзашт, ман бедор ҳастам,
Зи сӯзу мотамат бемор ҳастам.
Падардорӣ бувад давлат ба дунё,
Ту рафтиву кунун ман хор ҳастам.

Ҳар он гоҳе туро бар ёд орам,

Ҷаҳонам мешавад торикон дам.

Наметонам фаромӯшат намоям,

Ҷамолат пеши рӯям ояд ин дам.

Фақат бо ёди ту ман менавозам,
Суруданҳои ту ман зинда созам.
Чунон талх, эй падарҷон, бе ту будан,
Ба оби дида дунё ғарқ созам.

Падарҷонам, ҷавон рафтӣ зи олам,

Ҳамеша фикри ту, ёди ту дорам.

Зи ман танҳо расад бар ту дуое,

Дари ҷаннат ба рӯят боз хоҳам.

МОДАРАМ

Модарам ҳар дам, ки ёдат мекунам,
Ашки чашмам худ ба худ дарё шавад.
Нест дар олам касе, ки пеши ман,
Қадри ӯ аз қадри ту боло шавад.

Оҳ, модар, ман кунун донистаам,

Аз ту дур афтода дар зиндони танг.

Ғайри ту дигар надидам ҳамдаме,

Ки маро бар ёд орад бедиранг.

Ман, ки фарзанди нахустини туям,
Меҳри ман беш аст дар руъёи ту.
Ту Мунирам ном мондӣ бо умед,
То мунаввар бошад ин дунёи ту.

Ҳеҷ надорам тарс аз зиндони тор,

Аз ғаму аз ранҷҳои бешумор.

Ёди ту ҳар дам маро гирён кунад,

Рӯзи равшанро намояд шоми тор.

Як хато кардам, бубахшо, модаро,
Ин хато карда маро аз ту ҷудо.
Ман гунаҳгорам, вале гирёнӣ ту,
Кош Раб созад туро аз ғам раҳо.

Модарам, аз ман ту асло ғам махур,

Он чи мехурдӣ, аз он ҳеҷ кам махур.

Дар дилам ҳар лаҳза дар пеши туям,

Гарчи ин дам ҳастам аз назди ту дур.

Шукри он дорам, ки ҳастӣ, модарам,
Ганҷи ман бошӣ, ту дурру гавҳарам.
Гар Худо хоҳад, зи зиндон вораҳам,
Якарӯсе ҳадя бар ту оварам.

То бигардад баҳри ту ӯ дастёр,

Бар падар гардад ҷудухтар меҳрдор.

Аз ҳама ғамҳо раҳо созам туро,

Рӯзушаб дар хизматат гирам қарор.

ДОДИ ЗИНДАГӢ

Хуб мешуд гар ниҳоли бесамар мебудаме,
Аз азал дар ин ҷаҳон ман дар ба дар мебудаме.
Шуд хазон умрам ба фикри хонаву фарзандҳо,
Гар намебуд ин ҳама ман бехабар мебудаме.

Эй Худоё, аз чӣ ин ҷабру ситам бар ман раво,

Сол ба панҷо рафт, ҳоло ҳам шабу рӯзам сиё.

Бо кӣ гардам ҳамнафас, ӯ пешпоям медиҳад,

Бо кӣ ҳамроҳӣ кунам, месозадам ӯ бенаво.

Он қадар моле, ки сарф кардам ба ёру дӯстон,
Ман худамро мешумурдам Ҳотами Тойи замон.
Ҳар замон мегуфт манро завҷаам аз сӯзи дил,
Сарфи беҳуда надорад хосият инро бидон.

Буда ёронам шабурӯзона меҳмони дарам.

Ҳеҷ танҳоям намемонданд ҳамчун чокарам.

Васф мекарданду аммо хок бар чашмам заданд,

Нест аз онон касе имрӯз дар пешу барам.

Хонаву ҷоям ҳама рафтанд ногаҳ, бехабар,
Завҷаву дилҷӯву фарзандон бигаштанд дарбадар.
Худ ба кунҷи маҳбас афтодам, Худо, бечораам,
Якгуноҳе, ки накардам, гашта манро дардисар.

Гар намебуд завҷаву фарзанд, парвоям набуд,

Таркмекардам ҳаёту фикри дунёям набуд.

Бар худам ҳаргиз надонам ман раво ин зиндагӣ,
Хотири он рӯзгорам гар чӣ рӯзгоре набуд.

Ман ба ёди он зану фарзанд тоқат мекунам,
Пеши ту, Аллоҳ, фақат сӯзу надомат мекунам.
Гар Худо хоҳад, раҳо аз банди ин зиндон шуда,
Пешашон меоям, у садҳо муҳаббат мекунам.

ҲИСОРАМ

Аз ин ҷо то Ҳисор роҳи дароз аст,
Ба дидори ватан манро ниёз аст.
Худовандо, маро он ҷо расонӣ,
Ҷигарбандам ба роҳам интизор аст.

Ҳисори ман аҷоиб сарзаминӣ,

Ту меҳмондӯстӣ, одамқаринӣ.

Зи кӯҳҳоят равон оби зулол аст,

Ту чун як боғи фирдавси заминӣ.

Ҳазорон шаҳрҳоро тай намудам,
Ҷавониям адо дур аз диёрам.
Намехоҳам дигар бошам зи ту дур,
Ҳамеша ҳамраҳат бошам, Ҳисорам.

Равам ҷое, ки хуни нофи ман рехт,

Сари гӯри падар, модар нишинам.

Зи фарзанди шаҳидам ёд орам,

Равад аз дил гиреҳу ормонам.

ҚАФАС

Яке чашми ман афтоде ба равзан.
Ба фикр овора дар зиндони пурнам,
Дучуғзе байни худ бо баҳс саргарм.
Намуда сӯи ман наззора ҳар дам.

Яке мегуфт сӯи ҷуфташ ин сон:

"Аҷаб махлуқ бошад одамизод,

Ҳама ҳайвону парранда кунад банд,

Намемонад, ки мо бошем озод.

Қафасҳо сохта тилову зарранг,
Ҳамесозад ҷудо модар зи фарзанд.
Яке буд дар қафас дар гӯшаи бом,
Дигар буд пеши дар занҷир ба гардан.

Кунун мебинам ин иллат дар одам,

Фитода дар қафас ҳолаш шуда танг.

Намонда ҷонваре дар рӯи дунё,

Ки одам одамиро мекунад банд".

БА ТАҚДИР ТОҚАТ МЕКУНАМ

Ман ба ҳар амрат ҷаноби қозӣ бовар мекунам,
Ҳар кадом ҳукме раво бинӣ, итоат мекунам.
Кардаам содир гуноҳу пеши қисмат чора нест,
Аз азал дар қисматам будаст, тоқат мекунам.

Лек бовар кун, ҷаноб, арчи хато айби ман аст,

Ғурбату озори фарзанду зани манро нигар.

Ман ба маҳбас ҷой гашта, ҷои тинҷе ёфтам,

Кӯдакиман дарба даргардида хокашбарсараст.

Ман намесозам дигар такрор он саҳву хато,
Соли ман як ҷо расид, дигар намезебад маро.
Ними нон бо косаи об бас бувад манро дигар,
Пеши фарзандон будан беҳтар бувад аз дуриҳо.

ЁДИ ПАДАР

Падар, хобам барад, хоби ту бинам,
Ба бедорӣ ба ёди ту нишинам.
Намедонам чи сон созам, ки ёдат,
Бувад доим ягона ҳамнишинам.

Ҷавон рафтӣ, падар, аз байни ёрон,

Ба ёди ту бирезам ашки сӯзон.

Дар ин дунёи пур аз дарду мотам,

Маро танҳо бимондӣ, эй падарҷон.

Саҳаргоҳон равам ман бар мазорат,
Ба қабли хаста пеши ту зиёрат.
Намехоҳам туро ман мурда гӯям,
Бихоҳам зинда гӯям то қиёмат.

Падар хобам барад, хоби ту бинам,

Ба бедорӣ ба ёди ту нишинам.

Намедонам чи сон созам, ки ёдат,

Бувад доим ягона ҳамнишинам.

МОДАРИ ҶОН

Салому сад салом, эй модари ҷон,
Фиристам ман паём аз кунҷи зиндон.
Гирифторе шудам аз дасти тақдир,
Дилам садпора шуд, хотир парешон.

Нишаста назди ман ёру рафиқон,

Насиҳат мекунанд аз субҳ то шом.

Ки ин ҷо ҷои ғам хӯрдан набошад,

Зи по афтӣ, ту гардӣ бесаранҷом.

Вале модар чӣ сон бефикр бошам,
Ба кӣ лаб во кунам, ки бегуноҳам.
Ба ғайри ман туро не дастёре,
Ки бошад такягоҳи ту дар ин дам.

Ба чашмам гашта ҳалқа ашк, модар,

Надорам назди ту ёру бародар.

Худоё, ин чи рӯзе бар сари ман,

Ки як фарзандаму дур аз ту модар.

Вале модар ту бояд зиқ набошӣ,
Дуоят мекунам пурсабр бошӣ.
Ту ҳам дар ҳаққи фарзандат дуо кун,
Агарчанде ки аз ман қаҳр бошӣ.

Худо хоҳад, ба пешат мебароям,
Дари шодӣ ба рӯят мекушоям.
Чи озоре, ки дур аз ман кашидӣ,
Қасам бо ту, ки аз дил мебарорам.

НОМА БА АЗИЗИ ДИЛАМ

Ман бароят байт иншо мекунам,
Шиква аз сӯзи ҳиҷрон мекунам.
Тӯҳфаам ночиз бошад, қадр кун,
Аз он, ки тақдим аз дилу ҷон мекунам.

Ту, азизам, ҳастӣ бар дардам даво,

Ман ба ту як умр бошам мубтало.

Мову ту дучашми якрухсорем,

Дур нейему вале аз ҳам ҷудо.

Ман зи Оллоҳ шукр дорам ҳар нафас,
Риштаи умрам Худо бо ту бубаст.
Аз ту ҳосил меваи дунё шудам,
Рӯзу шаб дар дил маро шукрона аст.

Гарчи дурам аз ту, бо ёди туам,

Кунҷи маҳбас зори дидори туам.

Нест ғайри ту маро дар дил ҳавас,

Ман асиру ошиқи зори туам.

ДУБАЙТИҲО

Сари роҳат нишинам ҳар пагоҳӣ,
Ки шояд во кунӣ дарро, бароӣ.
Ду-се рӯз аст, рӯятро надидам,
Магар қаҳр кардаӣ, сӯям наоӣ.

Нигорам, ҳар даме ёди ту дорам,

Ба дил орзуи дидори ту дорам.

Чу оҳу меҳромӣ гӯшаи боғ,

Шавам сайёду дар домат дарорам.

Шаб аст у ман ситора мешуморам,
Ба моҳи чордаҳ назора дорам.
Зи баҳри ман гузаштӣ, махзани ишқ,
Туро ман бар Худоям месупорам.

Ҳаво абр аст, аммо нест борон,

Зи дурии гулам ҳастам парешон.

Мусулмонон, бубинед чораи ман,

Ба айби нокасе ҳастам ба зиндон.

Ало, эй моҳрӯи сарвпайкар,
Дуоят мекунам аз кӯча бигзар.
Таманнои дилам дидори рӯят,
Сари роҳат нишастам чун қаландар.

Зи шаҳри ман гузар кун абри пурнам,

Ту нам-нам бору тар кун манзили ман.

Саломамро расон бар маҳҷабинам,

Бигӯ: ёрат асирупой дар банд.

Ба сӯи боғ рафтам сайри гулҳо,
Бидидам нозанине шишта танҳо.
Парешон гесувонаш рӯи сина,
Ба зебоии худ дорад таманно.

Сабо овар(д) хабар аз кӯи ёрам,

Ки ман беҳуда ӯро интизорам.

Ба нокас ҳамнишин гашта азизам,

Мани сарсахт инҷо беқарорам.

Азизонам ба дунё дил набандед,
Шавед армони ву навмед гардед.
Ки дунё бар касе тавфиқ накардаст,
Расад навбат паноҳбар хокгардед.

Замин набвад ба одам мол, эй ҷон,

Фаромӯш соз ин фикри парешон.

Туто дорӣ рамақ дар рӯи онӣ,

Шави молаш чу аз тан меравад ҷон.

Зи Оллоҳ тӯҳфа бар одам ҳаёт аст,
Ки ӯро баҳри кас як бор додаст.
Накарди тӯҳфаашро қадр имрӯз,
Пушаймони туро фардо дучор аст.

Чаро бошам зи умри хеш хуррам,

Ҳамеша ҳамраҳи ман ғуссаву ғам.

Маро баҳри ситамҳо офариданд,

Ба дил дорам ҳамеша сӯзу мотам.

МОДАРАМ

Модарам, ҷону дилам, тоҷи сарам,
Муниси танҳоиву ғампарварам.
Менависам баҳри туин достон,
Васфи ту то осмонҳо мебарам.

Ту шарики шодиву ғамҳои ман,

Ҳамраҳи пастубаландиҳои ман.

Гар ман уфтодам, дили ту захм шуд,

Эй сипар андар ҳама дунёи ман.

Беҳ зи ҷонат дӯст манро доштӣ,
Ин қадар нози маро парвардаӣ.
Аз азоби зиндагӣ тарсат набуд,
Умри худро сарфи тифлон кардаӣ.

Гарчи аз назди ту дурам, модарам,

Нури ту равшан кунад кошонаам.

То даме, ки зиндаиву зиндаам,

Фикри ту, меҳри ту, ёди ту кунам.

ДАР ХАЁЛАМ

Намози бомдодон дар хаёлам,
Туро пеши назар ҷоно биёрам.
Намедонам ту хобӣ, ё ки бедор,
Маро ғам бурдааст, хобу қарорам.

Туро ҳар лаҳза пеши рӯям орам,

Зи ҳаҷри ту, азизам, дилфигорам.

Маро дурӣ зи ту дард аст, дард аст,

Шабурӯзон фақат фикри ту дорам.

Худо манро бароят офаридаст,
Туро бар ман ҳаме лоиқ бидидаст.
Вале тақдир моро дур гардонд,
Ту озодумаро зиндон расидаст.

Ту ҳам донам, ки бо ёди ман астӣ,
Ба қавли додаат истода астӣ.
Зи сахтиҳои умрат шукр гӯӣ,
Ту дур аз ман гули пажмурда астӣ.

Машав ғамгин, гули ман, шодмон бош,
Ба ишқи худ сазовору матин бош.
Худо моро ба пеши ҳам расонад,
Ба ёри худ, ба ёди ман қарин бош.

МОДАРИ ҶОН

Маро танҳо бимондӣ, модари ҷон,
Гузаштӣ аз ҷаҳон қалбат пурармон.
Надидӣ соати некии дунё,
Намудӣ сарф умри худ ба моён.

Намедонам чаро ҳар лаҳза, модар,

Маро танҳо бувад ёди ту бар сар.

Ҳамеша пеши рӯям менамоӣ,

Ба ҷуз фикрат надорам кори дигар.

Ғами худро намехӯрдӣ ту ҳеҷ гоҳ,
Ба дарди дигарон будӣ ту ҳамроҳ.
Азобу ранҷи худ бар кас нагуфтӣ,
Ҳамеша такя мекардӣ ба Оллоҳ.

Чи сон қадри туро модар надонам,

Ба сад уммед кардӣ хонадорам,

Надида роҳат аз дунё гузаштӣ,

Кунун ман дар фироқат нола дорам.

Нишаста кунҷи маҳбас ман пурармон,
Ба ёди ту бирезам ашки сӯзон.
Дуо гӯям, ки руҳат шод бошад,
Ба ҷаннат ҷой бошӣ, модари ҷон.

ОШИҚИ ЗОР

Фироқат карда ошиқро ҷигархун,
Куҷо созам дигар ин қалби пурхун?
Маро бе ту ҷаҳон рӯшан набошад,
Туро бинам даме, бошам дигаргун.

Чаҳоряк аср умрам бо ту бигзашт,

Тавонам рафт, пириям расида.

Чаро бошам кунун аз ту ҷудо ман,

Кадомин чашми бад моро расида.

Зи ҳаҷри ту нависам номаамро,
Ҳама розам, ҳама дарду аламро.
Анисам, гар ту дардамро надонӣ,
Ба кӣ гӯям табу сӯзи диламро?

Нишаста андаруни чор девор,

Набитвонам равам пешат ба дидор.

Паёмамро зи дурӣ қадр бинмо,

Манам он Шаҳриёри ошиқи зор.

ДУБАЙТИҲО

Зи ман дуру ба қалбам ҷой бошӣ,
Бароям ҳамдаму ҳамроз бошӣ.
Биё, ай нозанин, ҳолам хабар гир,
Ки дарди синаро дамсоз бошӣ.

Қади сарви ту бошад зеби бӯстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Қади сарви ту бошад зеби бӯстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Ба гулзорат дароям, гул бичинам,
Биё, ҷоно, дар оғӯшат бигирам.
Надорам тоқати рӯзи ҷудоӣ,
Бимон андар канори ту бимирам.

Ситора дар само шабёна дора,

Ҷилои чашми ту девона дора.

Насибам кун, Худо, дидори ёрам,

Ки қалби ман дигар тоқат надора.

Ҳамеша ёди ту дорам ба дил ҷо,
Маро ғайрат набошад фикри дунё.
Худам зиндониву ёди ту дорам,
Чаро ҳолам намепурсӣ, нигоро.

Ало, ҷоно, ба ҳоли ту асирам,

Ҳамеша бо хаёли ту бигирям.

Агар сад ёр пешам дошта бошам,

Ҳамехоҳам пеши пои ту бимирам.

Дар ин кую гузар меҳмонам, эй ҷон,
Зи дасти бахти бад сарсонам, эй ҷон.
Фитодам маҳбасу ҳолам табаҳшуд,
Кунун аз ҳаҷри ту ҳайронам, эй ҷон.

Туро холи лабат зебанда бошад,

Дучашмонат ҳаме рахшанда бошад.

Бимирам дар ғами ишқат нигоро,

Маро бе ту ҷаҳон равшан набошад.

ШАБИ ТОРИК

Шаби тор аст, ман бедорӣ дорам,
Зи равзан бар само наззора дорам.
Панаҳкар(д) пораи абр рӯи маҳро,
Ҷаҳон торик шуд, ғам гашт ёрам.

Ҳама он ёди ширин ёд дорам,

Ту буди сарвинозам дар канорам.

Ҳавои хонаам пур буд зи атрат,

Дигар манро набуд парвои олам.

Гузашт он рӯзҳои неки дунё,
Ҷудо карда кунун тақдир моро.
Нишаста бар само наззора дорам,
Ки боре ҳам бубинам рӯи моҳро.

Ба ҳар гармову сармо тоб дорам,

Ба зиндонам, вале парво надорам.

Маро як дард шуд ҳаҷри рухи ту,

Ба ёди дурии ту нола дорам.

БАРОДАР

Бародар, омадӣ чун меҳмоне,
Нишастӣ назди моён якзамоне.
Бихондӣ шеърҳоям гашта мамнун,
Маро шодӣ бидодӣ як ҷаҳоне.

Маро шеърам давои дард бошад,
Худо манро на шоир офаридаст.
Вале чун бишнавам сӯзи бародар,
Ба ӯ шеър офарам, фарзам ҳамин аст.

Ту ҳам бошӣ чу ман як дилшикаста,

Ба маҳбас ҳамраҳи ёрон нишаста.

Ту ҳам аз зиндагонӣ ҷабр дидӣ,

Раҳоият муаммоест баста.

Худо бошад туро доим нигаҳдор,

Ба раҳму шафқаташ бошӣ сазовор.

Ба ёру ҳамраҳон некӣ намудӣ,

Расад некӣ туро аз Офаридгор.

БА ЁД ОМАД

Зи қабристонгузар кардам, ҷавониям ба ёд омад,
Ҷамолат пеши чашм, он шаҳди гуфторат ба ёд омад.
Сафедиҳои мӯят барфи навборро шабеҳе дошт,
Ба рӯи ҷонамоз, ожанги рухсорат ба ёд омад.

Ту умре, модарам, дар фикри ободии ман будӣ,

Мани гумроҳро бингар, кунун ёди ту ёд омад.

Наметонам, ки бо ин нолаҳо умрам қафо орам,

Фақат модар, ғамударде туро додам ба ёд омад.

Ту ҳам будӣ замоне тозаву тар рӯи ин дунё,
Пайи хушбахтии мо кор мекардӣ ту субҳу шом.
Барои бахти мо аз бахту тахти худ гузар кардӣ,
Зи дунё даргузаштӣ, зери хок осуда ву ором.

Тавонӣ бахш бар ман модаро ҳар як хатоямро,

Ки умр аз нисф бигзашту маро пирӣ ба ёд омад.

Ба рӯҳат ман дуо созам, дуоямро қабул бинмо,

Ки фарзанди бамеҳратро кунун ёд аз дуо омад.

ИНТИЗОРӢ

Хомушам ман даруни сина холӣ,
Вале ашкам зи чашмам ҳаст ҷорӣ.
Диламро тавба додам, ки нагиряд,
Набошад умри кас бе ранҷу хорӣ.

Ба душвории дунё тоб дорам,

Надорам шиква аз дунё, надорам.

Зи тақдирам наменолам манулек,

Ғамам яктост - бе ту беқарорам.

Харобам карда ин дарди ҷудоӣ,
Диламро забт карда беқарорӣ.
Асирам ман ба зиндонам, чӣ созам,
Маро якчора мондаст: интизорӣ.

МОДАРАМ

Модарам, зода маро ғам дидаӣ,
Рӯзи хушро ин қадар кам дидаӣ.
Аз азал баҳри манат ғам буд фузун,
Ҳар замон андӯҳу мотам дидаӣ.

Тарбият додӣ, маро кардӣ калон,

Бо умедҳо кардиям мактаб равон.

Якҷавоне ман шудам қоматбаланд,

Фахри ту буд аз замин то осмон.

Тӯй дода, хонадорам кардаӣ,
Орзӯи бешуморам кардаӣ.
Ҳар гаҳе тобам нашуд, хобат гурехт,
Зориҳои бисёрам кардаӣ.

Ғам ҳамеша ҳамраҳи ту, модаро,

Кош дар дунё намезодӣ маро.

Бурда фарзанди ту маҳкам кардаанд,

Тарк карда хоб чашмони туро…

Модарам, умре азобат додаам,
Дарду ранҷи беҳисобат додаам.
Гар тавонӣ, бахш, иштибоҳи ман,
Хоб мебинам, ки обат додаам.

ИНТИЗОРАМ

Маро буд бо ту дунёям дигаргун,
Ҳаётам буд баҳори сабзу гулгун.
Даме, ки тӯҳфа фарзандам намудӣ,
Чун ман хушбахт кам буд ба гардун.

Кунун шодӣ ҳама поён расида,

Туро, ҷонам, ғаму савдо расида.

Ту, фарзандам, даме оғӯш созӣ,

Равон гардад зи чашмат оби дида.

Чи созам, ки чунин тақдир буда
Маро аз ҳамсари худ дур кардаст,
Даме ёдам расӣ, дудам барояд,
Саропоям ҳама андӯҳу дард аст.

Азизам, ман ба сахтӣ тоб орам,

Зи даргоҳи Худо умед дорам,

Ки рӯзе мерасад як ҷо шавем мо,

Фақат бо хотири ту интизорам.

БА МОДАРИ МУҲАММАДҶОН

Аё модар, бароям сӯхтӣ ту,
Ҳаме дида ба роҳам дӯхтӣ ту.
Ба умеди ҳақиқат сабр кардӣ,
Ба роҳам чашми дилро дӯхтӣ ту.

Надонистӣ ҳақиқат аз Худо аст,

Ба пеши ӯ ниҳонҳо ошкор аст.

Ба ноҳақ гар маро маҳбус карданд,

Пагоҳ қозиашон Парвардигор аст.

Махӯр ғам, модари ҷон, бегуноҳам,
Ба ғайри ту ғами дигар надорам.
Худо, бошӣ саломат бар сари ман,
Ба умеди ту дар дунё қарорам.

Туро, модар, чу ҷонам дӯст дорам,
Ҳамеша фикри ту, ёди ту дорам.
Бароям қиблаи умед ҳастӣ,
Сари таъзим пешат мегузорам.

ХАЙРИ АЛЛОҲ

Писарҷонам, ҷавон рафтӣ зи наздам,
Намегирям, зи ҳаҷр хомӯш ҳастам.
Намехоҳам бигӯям даргузаштӣ,
Бигӯям: бо ту ҳамоғӯш ҳастам.

Намедонӣ чи сонат дӯст дорам,

Ба рӯи қабри ту гул мегузорам.

Надидам гул, ки зебо аз ту бошад,

Аз ин гулдастаам худ шарм дорам.

Ҳамон китфу қадураҳгаштани ту,
Ба наздам шиштану хандидани ту.
Ба ёдам мерасад, дил мезанад гум,
Надидам дар чаҳон зеботар аз ту.

Дар ин дунё ба мисли меҳмонем,

Расад рӯзе, ба қабре сар бимонем.

Вале ҳоло ғами ту ҳамраҳи ман

Ба кӯйи ту расонад ин раҳи ман…

ЁДИ ТУ ДОРАМ

Аз ин ҷо то Хуҷанд сабза дамидаст,
Дар ин ҷо буданам аз сарнавишт аст.
Хаёлам нисфи умрам аз ту дурам,
Агар чи сол якакнун гузаштаст.

Дами субҳ аст у ман ёди ту дорам,

Даруни сина фарёди ту дорам,

Худамро пеши мардум мард гирам,

Валекин аз ғами ту дилфигорам.

Насим ҳар дам биёрад бӯи атрат,
Ҷудоӣ аз ту бар ман сӯзу дард аст.
Бигирям кунҷи дил аз чашм пинҳон,
Чи талхушӯр, ҷонам, ашки мард аст.

ДИЛАМ ФИДОИ ТУ БОД

Хуш омадӣ, ба кулбаам, дилам фидои ту бод,
Сари баланди ман имрӯз хоки пои ту бод.
Ба манзили ман омадиву назди ман ҳастӣ,
Тамоми нозу неъмати фалак барои ту бод.

Расид фасли баҳор, лолаву насрин бишукуфт,

Гулу себарга чу қолин ба пеши пои ту бод.

Канори соҳили дарё ба таманнои висол

Расам даме ба висол, ҷони ман фидои ту бод.

Маро ба ҷуз ту намондаст ҳавою ҳавасе,
Ҳама ашъори Шаҳриёр дар санои ту бод!

ҶАВОНӢ РАФТ

Ҷавон будам, ҷавониям зи дастам рафт,
Баҳори зиндагониям зи дастам рафт.
Гумон кардам ҷавонӣ ҷовидон бошад,
Ҳавасҳои ниҳониям зи дастам рафт.

Куҷо шуд он ҳама бе фикр гаштанҳо,

Зи баҳри лоларуён дил тапиданҳо,

Агар як лаҳза аз маъшуқа дур монем,

Ба худ печидану фарёд карданҳо.

Кунун бо фикри дунёи дигар бандам,
Зи олам ноламуду дил сард мегардам,
Намуда фикри даврони ҷавониро
Парешонам, пурармонам, пури дардам.

ГУЛИ МАН

Дилам оҳу фиғон дорад, гули ман,
Азоби бекарон дорад, гули ман.
Ба ёди ёри ширин саргарон аст,
Ки ғамҳои гарон дорад, гули ман.

Ҳумо астӣ, надонам хонаатро,

Куҷо кобам раҳи кошонаатро,

Ҳама бо ҷуфти худ парвоз дорад,

Ҷудо аз ту намоям нолаамро.

Даме бинишин ба паҳлуям, баҳорам,
Хабар меёбӣ аз аҳволи зорам.
"Туро баҳри муҳаббат офариданд",
Вафодорӣ намо бар ман, нигорам.

ҲАМРОЗ

Канори соҳили дарё нишаста яккаву танҳо,
Ба гӯши ман ҳамеояд садои мавҷи соҳилҳо.

Ту ҳамрози манӣ, дарё,

Ба ту гӯям ғами дилҳо.

Агарчанде ки хомӯшӣ
Зи ту гирам ҷавобамро.

Ту доим мекунӣ туғён,
Намефаҳмам туро осон.
Бигӯ рози дилат бар ман,
Чи сир дорӣ зи ман пинҳон?

Чу ман бо ту бувад дамсоз

Ҳазорон дилбари танноз,

Вале ҳоло зи ман бошӣ,

Ту бо ман гаштаӣ ҳамроз.

ОМАДӢ

Бирафт аз ман қарору сабру тоқат,
Ба наздам омадӣ ту бо дили сард.
Ту захми кӯҳнаамро боз кардӣ,
Зи нав қалбам бишуд лабрез аз дард.

Маро бар ту ниёзе, ёри ҷонам,

Зи ман дур астӣ, ин ҷо саргаронам.

Ҳар он дам, ки ба хотир рӯят ояд,

Дилам хун мешавад, эй меҳрубонам.

Туро беҳуда хорӣ менамудам,
Ҳама дам дилфигорӣ менамудам.
Чи коре мегузашт аз байни моён,
Зи рӯи дӯстдорӣ менамудам.

Бидонам, қадри ёрат хуб донӣ,
Ту оқил ҳастию ҳам меҳрубонӣ.
Махур ғам аз он, ки дур астам зи пешат,
То доим дар танам монанди ҷонӣ.

БА ЗИНДОНАМ

Ба зиндонам, ба зиндонам, ба зиндон,
Намедонам куҷост оғозу анҷом.
Гирифторам ба гирдоби фалокат,
Раҳоиям надорад ҳеҷ имкон.

Куҷо ёбам раҳоӣ ман зи маҳбас,

Надорам раҳнамову ёру пайванд,

Ғами беҳуда дорам, гиряам зӯр,

Нафас андар гулӯям монда дар банд.

Кунун бар ман ҷаҳон бегона бошад,
Маро як кунҷи маҳбас хона бошад.
Дилам аз интизорӣ хаста гашта,
Висоли ёр чун афсона бошад.

Худовандо, маро қувват ато кун,

Маро аз банди ин зиндон ҷудо кун.

Ба номи ту фақат ман зинда бошам

Ва ё ҷонам бигир, аз ғам раҳо кун.

БЕМОР МЕГАРДАМ

Ба ёди рӯи ту, ҷонам, кунун бемор мегардам,
Аз ин манзил ба он манзил қаландарвор мегардам.
Фироқатро намудам ҳамраҳам то зинда бошам ман,
Зи ишқат гаштаам девона, Маҷнунвор мегардам.

Назар бар суратат кардам, инонам рафт аз дастам,

Зи танҳоӣ ҳаме чун соя бар девор мегардам.

На аз ту, балки аз тақдири бад имрӯз нолонам,

Чу гул, эй гул, шукуфтӣ, лекин ман афгор мегардам.

Ҳаётам сӯхтӣ, ҷонам, маро партофтӣ, рафтӣ,
Ба назди ёру душман бо дили ғамдор мегардам.
Бароят бахт мехоҳам, ки бар хурсандӣ меарзӣ,
Туро хушбахт бинам, якнафас бисёр мегардам.

ПАДАРБЕЗОР

Вой бар ҳоли ту ҳокат ба сар,
Ки падарро ҷой кардӣ пушти дар.
Бо ҳазор умед кардастат калон,
Дар дами пирӣ туро шуд дарди сар?

Ту намедонӣ, туро дода ҳаёт

Ҳар чие, ки дошт, пеши ту гузошт,

Гар набуда давлаташ, айбаш набуд,

Чунки тақдираш Худо он ранг сохт.

Чун ту молик гаштӣ бар моли ҷаҳон,
Аз падар кардӣ ҳазар, ай бадзабон.
Он чӣ дар ҳаққи падар аз ту гузашт,
Сад карат бинӣ зи фарзандат, бидон.

ҲАҚҚИ ПАДАР

Чор додар, чор ёри меҳрубон
Бо ҳазор умед падар карда калон,
Ҳар яки мо ғам фузунаш додаем,
То шуда дар зиндагонӣ комрон.

Баҳри ризқи мо кашида ранҷҳо,

Луқмаи нони ҳалолаш шуд раво.

Заҳмати бисёр пираш кардааст,

Мондааст акнун умеди ӯ ба мо.

Пас биёед ин, ки мо фикре кунем,
Мо зи баҳри ӯ чӣ коре кардаем?
Гар ба пушт то Маккатуллояш барем,
Пеши як рӯз заҳмати ӯ камтарем.

Мо, бародарҳо, ба ҳам азме кунем,

Хизмати модар, падар иҷро кунем.

Бо дуои волидон гардем сабз,

Пас аз он бо меҳр сар боло кунем.

ПАДАР

Ба сӯи осмон наззора дорам,
Ба фикри ту, падарҷон, дилфигорам.
Намехоҳам туро озурда бинам,
Хато кардам, худам ҳам саргаронам.

Падарҷон, дар ҳаётат ранҷ дидӣ,

Вафою бевафоӣ чанд дидӣ,

Басе дидӣ хиёнатҳои дунё,

Зи пастиву баландиҳо раҳидӣ.

Ҳама рӯзони торат пушти сар шуд,
Ниҳоли киштаи ту пурсамар шуд.
Зи некиҳои умр шукронамон буд,
Фалокат сар зада, андӯҳ афзуд.

Намехоҳам туро маъзур бинам,

Зи кори кардаам ноҷӯр бинам.

Маро дар қисматам имрӯз будаст

Ба бист мондам қадам, маҳбас нишинам.

Фақат аз ту, падарҷон, узр хоҳам,
Дигар пеши касе сар хам наорам.
Ягона орзуи ман ҳамин аст,
Сарамро пеши ту бар саҷда орам.

ТӮҲФА

Ман ин шеърам зи хуни дил нависам,
Ба номардони дунё ҳадя орам.
Намехоҳам битарсонам касеро,
Фақат хоҳам каме ҳушдор созам.

Ту ҳоло мардро аз по фитонӣ,

Бисӯзӣ хонааш бе якгаронӣ,

Насозӣ раҳм баҳри кӯдаконаш,

Ту захме бар дили он мард монӣ.

Кунун тоқӣ ба пешат монда як дам,
Зи кори кардаат андешае кун,
Барои нафси худ охир чӣ кардӣ
Ҷавонеро ба маҳбас зору мазлум.

Машав, аблаҳ, зи кори хеш мамнун,
Ту ҷав кишта, лаин, мехоҳӣ гандум.
Накардӣ раҳм бар бечора акнун,
Худо хоҳад, шавӣ расвои мардум.

МЕКУШАД

Оҳ, торикии зиндон мекушад охир маро,
Нолаҳои сарди борон мекушад охир маро,
Даст кӯтоҳаст, гирам аз гиребони фалак,
Қатра-қатра заҳри ҳиҷрон мекушад охир маро.

Гарчи дурии висоли ёр дардам медиҳад,
Дидани ашкаш ба мижгон мекушад охир маро,
Пораи ноне, ки гирам аз гулӯям нағзарад,
Фикри ризқи кӯдаконам мекушад охир маро.

Ман намедонам чи сон сӯзи диламро рӯкунам,

Андарунам дарди пинҳон мекушад охир маро.

Гар зи ҳолам дӯстонам бехабар буд, фарқнест,

Огаҳии душманонам мекушад охир маро.

Пой дар банд. Шеър дар дил. Байтҳои ин замонам мекушад охир маро.

МЕРАСАД

Зиндагии мо ба поён мерасад,
Навниҳоле, мӯзимистон мерасад.
Буд аз мо пеш дар даҳр одамӣ,
Аз паси мо насли инсон мерасад.

Бехабар даври ҷавониҳо гузашт,

Майда-майда даври пирӣ мерасад,

Тансиҳат будем, бепарво будем,

Нотавониву ҳақирӣ мерасад.

Аз паси айшу тараб, нокомиҳо
Ҳар яке бо навбат ин дам мерасад.
Гар набудем меҳрубон бо волидон,
Пас зи фарзандон ба мо ҳам мерасад.

Рӯзу шаб дар фикри молу манзилӣ,

Шукр кун, ризқ аз Таоло мерасад.

Гар тавонӣ, тухми некиро бикор,

Бар ту ҳам некии дунё мерасад.

ДИЛАМ САРД АСТ

Маро ғам, ёру ғурбат ҷуфти ҷон аст,
Ҳамеша ашк чашмам равон аст.
Дилам сард аст аз ин сон зиндагонӣ,
Кунун ҷонам ба тан бори гарон аст.

Ба дил гирам ҳама дарди замона,

Зи дарди худ вале бошам канора.

Агарчи хастаам аз сӯзи ҳиҷрон,

Наорам пеши нокас якибора.

Агар ашкам ниҳон андар гулӯаст,
Наменолам, агарчи дард зӯр аст.
Намехоҳам шавам вирди забонҳо,
Нагӯяндам, ҳақиру носабур аст.

Маро талхаст танҳоӣ кашидан,

Ҳаме заҳри ҷудоиҳо чашидан.

Тараҳҳум кун, ки ман дигар натонам,

Дар ин олам нафас бе ту кашидан.

ҒАМ МАХУР

Ғам махур, дунё намеарзад ба ғам,
Мебарад ғам одамиро то куҷо.
Кас надонад омади фардои худ,
Аз куҷо ояд фалокат, то куҷо?

Ёд дорӣ аз гузашти зиндагӣ,

Ту куҷо будиву ин зиндон куҷо?

Банд будӣ дар паи дунёи худ,

Он ҳама беҳуда рафторат чаро?

Ин замон дур аз диёрат мондаӣ,
Ман намедонам, ки ёронат куҷо?
Ҳалқа гашта ашк дар чашмони ту,
Нола дорӣ, оҳу афғонат куҷо?

Якзамон андеша кун, эй Шаҳриёр,

Бар сарат омад фалокат аз куҷо?

Ҳеҷ кас дар ин ҷаҳон бе айб нест,

Пас худат донӣ, хатоят аз куҷо?

НИГАҲ ДОР

Худовандо, худат моро нигаҳдор,
Намон, ки аз душманон бинем озор.
Дар ин манзил ҳама бо ғам қаринанд,
Набошад ғайри ту мӯнису ғамхор.

Бигир моро худат андар паноҳат,

Набин лоиқ ба мо ҷабру надомат.

Дар ин дунё гуноҳи мо зиёд аст,

Ту бошӣ қозии рӯзи қиёмат.

Ба кунҷи маҳбаси торик ҳастем,
Валекин дар паноҳи ту нишастем.
Хато аз мо гузашт, авф аз ту бошад,
Ба уммеде сари таъзим ҳастем.

Нишаста гирди дастархон рафиқон

Ба ҳамдигар намоянд роз эшон.

Ҳама неъмат бувад ин ҷо муҳайё,

Ба ҷуз озодиву дидори хешон.

Худоҷонам ба мо сабре ато кун,
Зи қайду банди ғам моро раҳо кун.
Ба даргоҳат шабурӯзона нолем,
Дари озодиро бар мо ту во кун.

ТАВБА КАРДАМ

Дар паноҳи худ нигаҳдорам, Худо,
Худ сироти мустақиматро намо.
Дар ҳаётам бас хатоҳо кардаам,
Эй Худо, бахшо гунаҳҳои маро.

Ман мусулмонам, хатое кардаам,

Пайравии роҳи шайтон кардаам,

Баҳри нафсам, баҳри нону зиндагӣ

Ҷои худро кунҷи зиндон кардаам.

Оҳ, акнун мекашам озори хеш,
Мондаам танҳо ба ҳоли зори хеш.
Фикр бандам мекунад шомусаҳар,
Ман намеёбам илоҷи кори хеш.

Гар хато кардам, Худоё, дидаӣ,

Оҳи фарзандони ман бишнидаӣ,

Худ раҳоям кун аз ин банду бало,

Ту Раҳим астӣ, Худо, бахшандаӣ.

Пеши ту бошад ҳамин дам рози ман,
Нашнавад дигар касе овози ман.
Раҳми ман кун, раҳми фарзандам бикун,
Ғайри ту кӣ дар ҷаҳон ҳамрози ман?

РОЗИ ЗИНДОНӢ

Бишнав, эй ҷон, бар ту гӯям рӯзгори талхро,
Рози ин зиндониву уфтодаву сарсахтро.
Ман ҳамехоҳам зи ҳолам пеши ту лаб во кунам,
Баски дурӣ аз барам, дардам ба коғаз ҷо кунам.

Кас набошад рӯи олам бехато назди Худо,
Моҳи тобон айб дорад, ҷони ман, бовар намо.
Гар ба ҳар як айб инсонро ба маҳбас ҷо кунанд,
Пас намемонад дар озодӣ касе зери само.

Пеши Яздон бас гунаҳҳо кардаам, шармандаам,

Ман азобам мекашам то он даме, ки зиндаам.

Баъди мурдан рӯзи машҳар боз мебинам ҷазо,

Қозиям Парвардигор, пеши ӯ ман бандаам.

Нек бингар сӯи ман, монанди ту як одамам,
Гар хатое карда бошам, сар фуруд овардаам.
Дур кун теғи ҷаҳолат аз гулӯям як замон,
Бин, ки аз роҳи хатои зиндагӣ баргаштаам.

ДУХТАРАМ

Ба Худо шукр кунам, шоми сияҳ поён аст,
Фараҳи субҳ кунун дар баданам чун ҷон аст.
Дилам аз шавқ ба рақс омадаву шодам ман,
Ҷигарам, духтарам имрӯз маро меҳмон аст.

Ту гули боғи манӣ, моҳи шабистони манӣ,

Моҳ бо ин ҳама нур пеши рухат ҳайрон аст.

Чу ба лаҳни шакаринат сухан оғоз кунӣ,

Булбул аз шарм ба кунҷе зи назар пинҳон аст.

Гарчи аз ғам дили ман пора шуда, боке нест,

Хандаи лаъли лабат қалби маро дармон аст.

Набувад ҳадя маро беҳ зи ту рӯи олам,

Ба раҳи омаданат ҷони падар қурбон аст.

РУБОИЁТ

Рӯят, санамо, чу офтоби саҳарӣ,
Дил бурда зи ман сӯи дигар менигарӣ.
Раҳме ту бикун ба ҳоли ин сӯхтадил,
Аз мо чи шуда, ки ноаён мегузарӣ.

Дар рӯи замин шабнами тар мебинам,

Дар пеши шумо ёри дигар мебинам.

Ман содда будам, ки бар шумо дил додам,

Аз дасти шумо сӯзи ҷигар мебинам.

Аз ишқи ту бемору парешонам ман,
Аз дурии ту хароб у гирёнам ман.
Рӯзе бишавад, ту ро бигирам ба канор,
Дар гӯши ту садо рубоӣ мехонам ман.

Аз кӯчаи мо гузар макун, ғам дорам,

Аз дурии ту, аз ву мотам дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳ макун ҷониби ман,

Сӯзон ҷигару дидаи пурнам дорам.

ДУБАЙТИҲО

Нигоҳат мекунам дил пора-пора,
Садоят мекушад, аммо чи чора.
Агар ҷаллоди ҷони ман ту бошӣ,
Бимирам дар раҳат, боке надора.

Мусулмонон, дили ман нола дорад,

Ба даргоҳи Илоҳӣ зора дорад.

Бигӯям рози худ бо ту, Худоҷон,

Рақибам бар ғамам парво надорад.

Нигоҳи чашми ту мастона бошад,
Лабони нозукат паймона бошад.
Аз он паймонаат хоҳам бинӯшам,
Зи ту дурам, дилам девона бошад.

Мусулмонон, бубинед ёри манро,

Қашангунозанин дилдори манро.

Ба кӯи нокасе манзил гирифтаст,

Намепурсад дили ғамбори манро.

Ба ҷони ман ҷафо кардӣ, ситамгар,
Ба кӯи ту равонам чун қаландар.
Таги дар омадам дар во намеша,
Хаёлам ёфтӣ ту ёри дигар.

Аз ин ҷо то Ҳисор роҳи дароз аст,
Фироқи ту пур аз сӯзу гудоз аст.
Худовандам ба пеши ту расонад,
Ки васли ошиқон бас кори соз аст.

Ба кӯят меравам ман баҳри дидор,
Худам донам, намеёбам туро, ёр.
Сари роҳат нишинам субҳ то шом,
Намеоӣ, зи ман гаштӣ ту безор.

Ба боғат сайр кардам, гул бичидам,

Садои форами булбул шунидам.

Ба гӯшам гуфт булбул, ки дареғо,

Дар олам чун ту ошиқро надидам.

Рухат нозуктар аст аз барги гулҳо,
Дучашмат ҷодусон бурда дили мо.
Қадат чун навниҳоли боғи Фирдавс,
Ба хушрӯии худ дорӣ таманно.

Дилам хун шуд зи ғам, ёри ситамгар,

Надорам тоқати ҷабри ту дигар.

Гурезам аз ҷафоят гар бидонӣ,

Равам сӯи нигори аз ту беҳтар.

Фидоят мешавам, ёри ягона,
Намо камтар ба пеши ман баҳона.
Ман имшаб то саҳар бедор будам,
Намеоӣ, чаро боре ба хона?

Ба чашмонат намудам ман назора,

Наметонам назар созам дубора.

Нигоҳи ту, адои ту дурӯғ аст,

Диламро бо дурӯғат кардӣ пора.

Нигорам, дилнишину дилрабоӣ,
Ба парвозӣ чумурғони ҳавоӣ.
Агар оӣ ву дар наздам нишинӣ,
Намоям ҷони худ баҳрат, Худоӣ.

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо,

Наҷотам деҳ, наҷотам деҳ, Худоё,

Ба киштии муродат ҷой бинмо,

Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавҳо.

Туро, ишқи туро, бо ҷон харидам,
Зи сӯзи ту суруде офаридам.
Намедонам, ки донӣ ё надонӣ,
Дар олам чун ту зебое надидам.

Аз кӯчаи мо гузар макун, ғам дорам,

Беморам ман, фикри ту дар сар дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳ макун ҷониби ман,

Сӯзон ҷигару дидаи пурнам дорам.

Ба боғе дар қафас булбул нишаста,
Сарояд нағма бо овози хаста.
Биё, эй боғбон, ӯро раҳо кун,
Нахонад сози хуш қалби шикаста.

Ҳаво сард аст, чаро борон намеша,

Дилам ғам дорад, у гирён намеша.

На боронуна ашк аз чашм ҷорист,

Дили зиндониям хандон намеша.

МЕҲРНОМА

Хабар омад, ки фардо ёрам ояд, ба дидори дили беморам ояд,
Худоё, кай шавад имрӯз фардо, азизам, дилбару дилдорам ояд.
Дилам донад чӣ сон озор дидӣ, чӣ ранҷе аз барои ман кашидӣ,
Напӯшидӣ, нахӯрдиву нагашти илоҷи кори ман танҳо ту дидӣ.

Замоне буд фитодам ман ба бистар, ту ҳам аз сӯзи ман ноҷӯр будӣ,

Паи дармони ман гашта шабурӯз, намедидӣ, ки худ ранҷур будӣ.

Тасаллӣ дода манро, менамудӣ азобатро зи чашми кас ту пинҳон,

Наёбад душманон огаҳ зи ҳолат, наханданд то ба ҳоли ту рақибон.

Сиҳат гаштам, зи нав омад балое, шудам қарздор, наёфтам ман раҳое,

Фурӯхта хонаву мошину анҷом, бимондам дар ними роҳ чун гадое.

Дигар азми сафар кардам ба Маскав, гирифта ҳамраҳам фарзанди дилбанд,
Ният кардем зи нав ду кас як тан, илоҷи кори худ ёбем дубора.
Вале ҳайҳот, ният монд нимкора, шикаст манро фалак аз нав, дубора.
Бидодам ман зи даст фарзанди худро, сиёҳ шуд рӯзгори ман, чӣ чора.

Равон кардам тобути писарро, ҷигарбанду шаҳид гулгункафанро,

Худоё, ин чӣ шӯре бар сари ман, ки тобути писар бар дӯш - овора.

Ба хокмондӣ ҷигарбанд меҳрубонат, баромад бар фалакоҳуфиғонат,

Ба дилбардории ман ту шитофтӣ, накардӣ фикри хешу ақрабонат.

Ба Маскав раҳсипор гаштӣ, азизам, ба ҷонам ту даво гаштӣ азизам,
Ду кас мондем ду сол аз баҳри чора, пасон гаштем ватан аз нав дубора.
Кунун омад балои осмонӣ: намуданд шавҳаратро зиндонӣ,
Ту ҳам мард гаштаӣ ҳам зан, азизам, худат танҳо шудӣ дар зиндагонӣ.

Гаҳе фикри ман аст дар қалбу ҷонат, гаҳе фикри падар, гаҳ фикри фарзанд,
Миёни роҳ шудӣ, эй меҳрубонам, чӣ созам ман, илоҷе ҳам надорам.

ДАРЁИ СИР

Чӣ асрори ниҳон дорӣ, аё Сир,
Чиро дар мавҷ аён дорӣ, аё Сир?
Ту чандин асрҳоро пушти сар кардӣ,
Дили шӯху ҷавон дорӣ, аё Сир.

Садои дилхароши ошнои ту,

Хурӯши пурталотуми мавҷҳои ту.

Насими рӯҳфизои соҳилони ту,

Дили шӯридаи манро ба ваҷд орад.

Ту шоҳиди ҳазорон розҳо ҳастӣ,
Шарики дарду ғам бо одамон ҳастӣ.
Зи лаппишҳои ту кас рӯҳ мегирад,
Умеду орзуи ташнагон ҳастӣ.

ХОКИСТАРАМ МОНД

Дигар ҳаргиз намеоям ба сӯят,
Ба дил асло надорам орзуят.
Бирав бар кӯи дигар оташ афрӯз,
Ки ман хокистарам дар пеши кӯят.

Зи гулзорат нахоҳам гул бичинам,

Ба паҳлӯят намехоҳам, ки шинам.

Ту ҳам аз ёди худ созам фаромӯш,

Дигар дар кунҷи ғам танҳонишинам.

Ту бепаймон, фиребам додӣ осон,
Ба пеши душманам сарҳам ту кардӣ.
Зади ханҷар ба қалби беқарорам,
Ба доми худ гирифторам ту кардӣ.

Дигар ҳаргиз намеоям ба сӯят,

Ба дил асло надорам орзуят.

Бирав бар кӯи дигар оташ афрӯз,

Ки ман хокистарам дар пеши кӯят.

ДИЁРАМ

Ватан, пайванд бо ту ҷисму ҷонам,
Ту қувватбахш бар руҳу равонам.
Зи меҳри туст равшан хонаи дил,
Ба номи ту дар олам ҷовидонам.

Агарчанде ки дурам аз канорат,

Дилам гум мезанад ҳар дам ба ёдат.

Бароят ҷон диҳам, арзанда бошад,

Маро аз ганҷ беҳтар хоки будат.

Диёрам, чун ту зебо ман надидам,
Ба дил меҳрат зи хурдӣ парваридам.
Канори туст манро дурри дунё,
Зи ту воло дигар мулке надидам.

Маро фахр аст аз он, ки тоҷикам ман,

Ватан дорам, ба меҳан содиқам ман.

Ҳама шаҳрат зи нав обод гаштаст,

Ба кӯҳу водиҳоят ошиқам ман.

ТИФЛАКОНАМ

Ба як сӯ дур аз ёру рафиқон,
Фурӯрафтам ба фикре кунҷи зиндон.
Ба ёди ман расиданд ду ҷигарбанд,
Ду фарзанде, бароям беҳтар аз ҷон.

Шумо, эй дӯстрӯён, дур аз ман,

Куҷо донед чи бошад ёди фарзанд?

Ба шӯрубозии худ саргаронед,

Намедонед падар ин ҷост дар банд.

Қариб як сол, ки дур аз диёрам,
Ғами фарзанду зан кард дилфигорам.
Ба фикрат, Матлуба, ман банд ҳастам,
Ба ёди ту, Муҳаммад, беқарорам.

Расид бар ман хабар, ки мебиёянд

Зану фарзанд ин ҷо дидани ман,

Зи шодӣ хоб аз чашмам паридаст,

Раҳи фардо аз имрӯз интизорам…

Чи сахт аст, тифлаконам, интизорӣ,
Гузашта рӯзу шаб бо беқарорӣ.
Шавад фардо шуморо боз бинам,
Намонад дар дилам гарду ғуборе.

Ман аз ту, ҳамсарам, миннатпазирам,

Ки дорӣ рӯзгорамро ту сарҷамъ,

Ба фарзандон падар, ҳам модар астӣ,

Илоҳо, ғам набинӣ дар ду олам!

НИЛУФАРАМРО

Дилам хоҳад равам саҳро нишинам,
Ба рӯи махмали гулҳо нишинам.
Мануон моҳрӯтанҳо ба танҳо
Ба ҷуз рӯяш дигар касро набинам.

Бигирам дар канор раъно нигорам,

Бибӯям накҳати бӯи баҳорам,

Ба гӯшаш гӯям аз афсонаи ишқ,

Бифаҳмад, ки чи сонаш дӯст дорам.

Дар ин дунё надорам заррае ғам
Ба ҷуз бемеҳрии он ёри дилсанг.
Чаро бошад нигорам бемурувват?
Куҷо пинҳон шудаст он беадолат?

Агар дар бар бигирам дилбарамро,

Гули зебои дил Нилуфарамро,

Намесозам раҳо дигар зи дастам

Сипеҳри осмон, тоҷи сарамро.

МУҲАММАДҶОН

Муҳаммадҷон, чи хелӣ, ҷони бобо?
Куҷо ҳастӣ, куҷо дорӣ ту ғавғо?
Ба ёдам мерасӣ ҳар рӯзу соат,
Ту кӯдак ҳастӣ, ёдат нест аз мо?

Чу фарзандам калон гаштӣ, ту пешам,
Туро чу ҷони худ ман дӯст дорам,
Кунун аз ту ҷудо будан натонам,
Ба ёдат рӯзушабҳо беқарорам.

Надидам кӯдакеро чун ту зебо,
Ба хешгуфторият дорам таманно.
Ҳамон чашмони оҳувонаи ту
Набошад ҳеҷ касро рӯи дунё.

Ту аз ман ҳастӣ, ман аз ту, Муҳаммад,
Ғамамро дур созад номи некат.
Худо хоҳад, ба дидорат расам ман,
Чу шаҳзода бигирам дар канорат.

ШАВӢ ПУШАЙМОН

Ман дар ҳаваси ишқи ту мастам,
Дар кунҷи дилам меҳри ту бастам.
Сад шукр, туро Худо ба ман дод,
Ҳар лаҳза ба ёди ту нишастам.

Ҷонона, қашангу дилрабоӣ,

Чашмам ба раҳ аст, кай биёӣ?

Оҳ, омадани ту бас гарон аст,

Аз чашми касон панаҳ биёӣ.

Шаб омаду ахтарон намоён,
Дар кулбаи ман чароғ гирён.
Фандам кунӣ гар ту бори дигар,
Мирам зи ғамат, шавӣ пушаймон.

Чун ойӣ ба наздам, эй нигорам,

Шукре ба Худой мегузорам.

Дар роҳи расидани висолат

Сар гар равад, ормон надорам.

ҒАРҚИ ҒАМҲО

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо
Наҷотам деҳ, аё маҳбуби якто.
Ба киштии муродат ҷой бинмо,
Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавғо.

Каромат кун маро ёри гуландом,

Ҷамоли нозанинат кун намоён.

Нигорам, аз фироқат сӯхтам ман,

Маро манмо зи ишқи худ пушаймон.

Биё бар кулбаи торам ҳамин дам,
Намо равшан ба нурат манзили ман.
Зи ҷоми ошиқона нӯш бинмоӣ,
Бишав махмури дунёи дили ман.

Ба бӯи атри ту мастам, нигорам,

Нахоҳам дур бошӣ аз канорам.

Биё, як дам тасаллои дилам шав,

Ки беморам, таманнои ту дорам.

ДУНЁИ ҶАВОНӢ

Аҷаб дунёст, дунёи ҷавонӣ,
Фазои беғубору шодмонӣ.
Набошад лаҳзае оромии дил,
Ҳамеша дар талоши зиндагонӣ.

Вале ин лаҳзаҳо ҳам беамон аст,

Ҷавонӣ бигзарад, дунё ҳамон аст.

Ба ҳар як дам намо шукронаи умр,

Ки ҳар рӯзи ҷавонӣ ҳам як он аст.

Ҷавон астӣ, ҷавонӣ қадр бинмоӣ,
Наояд зиндагӣ аз нав ба такрор.
Ба роҳи рост рав, гар рост бошӣ,
Туро Аллоҳ бошад худ мададгор.

ТАНҲО МОНДААМ

Дар баҳори зиндагонӣ зор, ҳайрон мондаам,
Дар миёни чор деворам, ки танҳо мондаам.
Ҳам зи модар, ҳам зи додар, дур аз хешу табор,
Раҳм кун, Парвардигорам, кунҷи зиндон мондаам.

Ё гуноҳамро биёбед, ё ки худ авфам кунед,

Чун ки ин ҷо ноумеду даст танҳо мондаам.

Гар гунаҳкорам, ба ман ёбед шахси бегуноҳ,

Ё фақат ман дар замин зери гунаҳҳо мондаам?

Ман нагӯям дар ҳаётам нест манро якхато,
Гар хатои ман набошад, аз чӣ ин ҷо мондаам?
Модарамро ёд кардам, додаронам дури дур,
Бар кӣ гӯям рози дилро, ман зи дунё мондаам.

Гар мунаввар мекунад номам дили пурмеҳратон,

Ман дар ин торики дунё ғарқи ғамҳо мондаам.

Оҳ гӯям, дуд ояд аз даруни синаам,

Қатраи ашкам чу шабнам рӯи гулҳо мондаам.

БЕХАЗОН БОШӢ

Ба номи ту нависам ман сурудам, ҷони ширинам,
Туро пазмон бигаштам, беҳтаринам, Моҳу Парвинам.
Агарчи дурӣ аз ман, меҳри ту ҷо дар дилам бошад,
Ту бошӣ ғамбарори ман, ту ҳастӣ ёри деринам.

Зи нурат равшан ин қалбам, нигоро, аз куҷо донӣ,

Маро ишқи ту ҷони тоза мебахшад, намедонӣ.

Дилам мерақсад, ар тарҳи рӯят пеши чашм ояд,

Фироқат сӯзи ман бошад, азизи ман, намедонӣ.

Дуоят мекунам, ҷоно, ки умре гулфишон бошӣ,
Баҳори сабз бошиву ҳамеша бехазон бошӣ.
Намехоҳам, ки дар боғат каси бегонае бинам,
Фақат бо ёди ман бошӣ, аниси роздон бошӣ.

ДАР НИМАРОҲАМ

Худовандо, нигар бар ҳоли зорам,
Намоям илтиҷо, бишнав ту оҳам.
Ту бошӣ раҳнамои ҳар ду дунё,
Сафоям кун, ки ман дар нимароҳам.

Надонам бо кӣ гӯям рози дилро,

Надидам дар ҷаҳон гӯши шунво.

Зи дунё мондаам, зорам, асирам,

Ғамам болои ғам гашта, Худоё!

На ман қонуни маҳбас офаридам,
На ман танҳо фитодам андар ин банд.
Вале гар аз осмон як санг борад,
Ҳамон бояд биафтад бар сари ман.

Дилам сӯзад ба ёди тифлаконам,
Яке маҳтобу дигар офтобам.
Ғами дигар маро қонуни зиндон,
Намедонам куҷо ёбам ҳисобам?

Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам,

Намо равшан ба нурат шоми торам.

Намудам ман хато, бахшандаӣ ту,

Зи ту бас, рӯзи неке интизорам.

НАВМЕД МАБОШ

Ба зиндон сабр кардан кори мард аст,
Ситамро тоб меорад на ҳар кас.
Ба сахтиҳо ҳаме шукрона бинмоӣ,
Ки имрӯз аз бароят имтиҳон аст.

Нашав навмед аз гардиши айём,

Бидон шоми сияҳро бошад анҷом.

Бувад, ки шамси тобонат барояд,

Аз ин зиндон раҳо ёбӣ саранҷом.

Туро дар хона фарзанд интизор аст,
Азизонат ба роҳат чашми чор аст.
Куҷо бошӣ, Худоро ёд бинмо,
Ки танҳо ӯ туро ҳоҷатбарор аст.

Шавӣ озод агар, андешае кун,

Гузашти рӯзҳо пеши назар кун.

Кунун ҳам дӯстони ту ба бандаанд,

Зи пеши он бародарҳо гузар кун.

БЕВАФО ЁРАМ

Ба сар дорам ҳавои дидани номеҳрубон ёрам,
Чаро раҳме надорад, мегурезад, дода озорам?
Маро заҳри ҷудоӣ қатра-қатра ҷон ба лаб овард,
Давои дарди ман дур аст, кунун бе ҳуда афғонам.

Накардам бад, чаро аз ман гурезонӣ парипайкар,

Намо раҳме ба ҳоли ман, мадеҳ беҳуда озорам.

Нигар, ҷоно, даруни синаам холист ҷои ту,

Биё як лаҳза пешам шин, ки бошӣ рафъи хумморам.

Куҷо донӣ, ки аз дурии ту рангам хазон гаштаст,
Биё, бо ман бимон умре, ки ман инро сазоворам.
Шикорам кардаӣ, бар гарданам бастӣ каманди ишқ,
Гурезонӣ кунун, наздам намеойӣ камондорам.

Ҳама ранҷуазобам якназар пешам намемонад,

Ту гар ойӣ канорам, эй гули наврастаи боғам.

Шамими гесӯвонат дар машоми Шаҳриёрат монд,

Агарчӣ моҳҳо дурӣ зи пешам, бевафо ёрам.

РЕЗ БОРОН

Рез борон қатра-қатра бар ҳавои хонаам,
Ноаён кун ашки чашмонам бари рухсораам.
На, намегирям ба ёди ёри ноҳақ, ҳайф аст,
Ман зи тақдирам бинолам, пеши ӯ бечораам.

Офтобам бармаҳал пинҳонӣ пушти абр шуд,

Навҷавонӣ рафт, туғёни дили ман паст шуд.

Ҳар саҳар як рӯзи ман аз зиндагонӣ кам шавад,

Лек андӯҳу ғами дунёӣ асло кам нашуд.

Аз ҳаёт дилхаставу аз зиндагонӣ мондаам,
Як гули пажмудаам, ман аз гулистон мондаам.
Накҳати гесӯи ёрам бар машомам мерасад,
Кай ба дидораш расам, ман худ зи дунё мондаам.

То ба кай сӯзи диламро андарунам ҷо кунам,

Аз гиребони фалак бар гирам у ғавғо кунам.

То ки дар дастам қалам ҳаст, нури чашмам равшан аст,

Рӯи коғаз дардҳои синаамро ҷо кунам.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2