Зеҳн

Оилаи кукноргулҳо

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ба оилаи кукноргулҳо, тақрибан 600 хели растаниҳо таалуқ доранд. Онҳо гиёҳҳои яксола, бисёрсолаи алафӣ, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони на он қадар калон мебошанд. Пояашон сершоха буда, аз берун бо меякчаҳои дурушт пешида гардидаанд. Ҷойгиршавии баргашон дар поя навбатӣ буда, паҳнаки барг пармонанди ба ҳиссаҳо ҷудо шуда мебошад.

Гули кукноргулҳо калонандозаи рангин буда, тоқа-тоқа ё дар хушагул ҷойгиранд. Гулпеши гул дучанд аст. Дуто косабарг доранд, ки барвақт меафтанд. Тоҷбаргҳо аз чор гулбарги рангаш сурх, зард ё ширчоймонанд иборатанд. Миқдори гардбаргҳо хеле зиёд буда, тухмдон аз 1-2 ё ин ки аз мевабаргҳои бисёр таркиб ёфтааст.

Ғура яклонагӣ ё қалбак бисёрлонагӣ мебошад. Меваашон ғӯзамонанди сертухм аст. Дар таркиби тухмашон миқдори равған ва сафеда хеле зиёд аст.

Аксарияти намояндагони оилаи кукноргулҳо растаниҳои заҳрнок ба ҳисоб мераванд. Лекин як қисми муайяни онҳо ба сифати растаниҳои давоӣ, хӯрокӣ (истеъмолӣ) ва ороишӣ мавриди истифодаанд. Баъзе хелҳои он чун алафи бегона дар киштзорҳои кишоварзӣ васеъ паҳн гардидаанд.

Лолаарусак дар минтақаҳои марғузор, бешазори паҳнбарг, нимбиёбон ва дар боғҳо нашъунамо карда, қариб 110 хели растаниҳоро дар бар мегирад. Аксари онҳо худрӯянд. Хусусан, лолаарусак дар байни кишти зироатҳои хешадору лебиё чун алафи бегона бо авҷ гул карда майдони киштзорро чун қолини сурх гулпеш мегардонад. Пояи онҳо шохронда буда, бо меякчаҳо пешида мебошад. Гули онҳо калони лоламонанд аст (беҳуда нест, ки дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳуриямон онро чун “гули лола” низ ном мебаранд) ва рангҳои гуногун доранд. Тухмдон аз миқдори зиёди мевабаргҳо иборат аст. Гардгирак бошад бевосита дар болои ғера нишастааст (яъне тухмдон сутунча надорад). Мевағезааш сертухми байзашакл аст.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки аксари ин растаниҳо давраи решду нумӯяшон ниҳоят кӯтоҳ мебошад. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ гул карда, тухму мева ҳосил мекунанд. Сипас аз сабзиш боз монда хушк мешаванд. Дар баҳори оянд бошад, аз тухми базамин афтодаи онҳо лолаарусакҳои зиёде сабзида мебароянд.

Лолаарусак гиёҳи заҳрнок аст. Дар таркиби решаю поя, баргу гул ва ғезаи он алкалоидҳои гуногун мавҷуд аст. Агар дар давраи гулшукуфташ онро чорво истеъмол кунад, заҳролуд мешавад. Инчунин, ба ин оила чунин гиёҳҳои заҳрнок аз қабили кукноргиёҳ, лолақазак ва ғайраҳо дохил мешаванд. Кукноргиёҳ растаниҳои як ду ё бисёрсоларо дар бар гирифта поя ва баргашон кабуду-сабз мебошад. Гулҳои кукноргиёҳ зарди баланд ё зарду сурх буда, дар нӯги навдаҳо пайдо мешаванд. Миқдори гардбаргҳо бисёр буда, тухмдон аз ду мевабарг таркиб ёфтааст. Мевааш ғилофаки хадвалмонанди рост ё камоншакл аст. Ҳангоми кушодашавӣ аз боло ба поён, ё аз поён ба боло ба ду пала тақсим мешавад.

Кукноргиёҳ дар пастхамиҳои кӯҳсор, соҳили дарё, хариҳои зардхок, заминҳои бекорхобида, дар арчазори пароканда ва дар байни зироатҳо мерӯяд. Кукноргиёҳ низ растании заҳрнок буда, дар узвҳои нашвӣ ва мевааш алкалоидҳои гуногун дорад.

Дар байни растаниҳои оилаи кукноргулҳо фақат хели кукнори хобовар ё хошхош ҳамчун растании мазреъ парвариш карда мешавад (дар майдони махсус ҷудо карда шуда ва зери назорати кормандони ҳукуматӣ қарордошта барои ба даст овардани доруҳои табобатӣ).

Одамоне, ки ба парвариши ғайриқонунии (барои ба даст овардани маводи нашъамандӣ) машғуланд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Кукнор растании камшохронда буда, баландии пояаш то 150 см мерасад. Гулаш калон-калон аст. Ранги гулбаргҳояш бунафш, гулобӣ, сурх ва сафед мешавад. Мевағезааш калони сефта буда, бо меякчаҳо пешида нашудааст. Тухмаш майда ва гуногунранг (сафед, хокистарранг, сиёҳтоб, хигарӣ, зардча ва кабудтоб) аст. Дар таркиби тухми кукнор 55% равған мавҷуд аст, ки онро дар саноати қаннодӣ, нонпазӣ, консервбарорӣ, истеҳсоли рангу лак ва ғайраҳо истифода мебаранд.

Дар узвҳои реизаминии кукнор ширраи сафеди ширмонанд (ки хосияти нашъаоварӣ дорад) дида мешавад, ки он аз алкалоидҳо (қариб 20 хел) иборат аст. Аз ширра ва алкалоидҳои кукнор доруҳои гуногуни табобати истеҳсол мекунанд ва дар таҳти назорати қатъии духтурон барои табобати касалиҳо истифода мебаранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2