БА ВУҶУД ОМАДАН (ҲАСТӢ)
Худованд ё қудрати офаринанда на сабаби аввал аст ва на сабаби охир. Ӯ дар ҳар марҳилаи офариниши ҳастӣ ягона сабаб ва ягона офаринандаву таъсиргузор аст.
Ба вуҷуд омадан розест, ки аз тавоноии баёни калимаҳо бисёр фаротар аст. Ҳамаи таъбирҳое, ки барои шарҳи пайдоиши ҳастӣ пешниҳод шудаанд, нокифояанд. Зеро ба вуҷуд омадан — офариниш аст, амалест ғайримоддӣ. Ба вуҷуд омадан ҳамон шакл гирифтан, ташаккул ёфтан ва маъно пайдо кардани модда мебошад.
Ба вуҷуд омадан — ба ҳастӣ расидан аст, яъне аз нестӣ ё нобудӣ раҳоӣ ёфтан. Ба вуҷуд омадан ҳамон фармони «Бош!»-и Офаридгор, офариниши Ӯ ва идома бахшидани Ӯ ба ҳастӣ мебошад.
Замоне ки ҳанӯз ҳеҷ моддае ва ҳеҷ нишоне аз ҳастии мо вуҷуд надошт, «Ӯ» вуҷуд дошт. Ӯ ҳастибахш, Офаридгор ва ҳамеша тавонои офаридани чизҳои нав буд.
Ӯ аз он ҷиҳат, ки Офаридгор аст, ҳама чизро ба вуҷуд овард ва офарид. Ҳамаро, чӣ дар доираи замон ва чӣ берун аз он, Ӯ офаридааст. Ҳеҷ чиз аз доираи илми бепоён ва қудрати беинтиҳои Ӯ берун нест.
Пас, ба вуҷуд омадан натиҷаи ирода ва офариниши Худованд аст. Ин як мӯъҷиза мебошад, амалест, ки сарчашмаи илоҳӣ дорад.
Калимаҳои мо наметавонанд онро аз тамоми ҷиҳатҳояш баён кунанд ва ақли мо қодир нест онро бо тамоми паҳлуҳояш дарк намояд.
Ба вуҷуд омадан — зуҳури фаъолияти он Ҳастии фаротар аз ҷаҳони мо ва бепоён дар ин олам аст. Ҳастии мо натиҷаи иродаи Ӯст.
Ҳадафи ба вуҷуд омадани мо низ шинохтани Ӯ ва имон овардан ба Ӯ мебошад.
Барои фаҳмидан ва маъно бахшидан ба офариниш, зеҳни инсон мехоҳад аз занҷираи сабабҳо истифода кунад. Яъне чунин тасаввур мекунад, ки ҳар чиз сабаби пайдоиши чизи дигар аст. Ин силсила дар ниҳоят ба андешае мерасад, ки ҳамаи чизҳо бояд як сабаби аввал дошта бошанд.
Аммо мантиқ дар ин маврид боз чунин саволро ба миён мегузорад: агар ҳама чиз сабабе дошта бошад, пас сабаби аввал низ бояд сабабе дошта бошад. Ҳамин тавр, андеша ба бунбаст мерасад.
Ин тарзи андешидан ду хатогиро дар бар мегирад.
Хатои аввал — нисбат додани қудрати офаринандагӣ ба сабабҳо мебошад.
Масалан, барои сабзидани як тухм ё ба вуҷуд омадани растанӣ об, хок, офтоб ва худи тухм ҳар кадом як сабаб ба ҳисоб мераванд.
Аммо дар ҳақиқат, ин ҳодисаи офариниш бевосита бо илм, ирода ва қудрати Худованд ба амал меояд. Офтоб, об, хок ва барномаи ирсии дар тухм мавҷудбуда танҳо сабабу воситаҳо мебошанд.
Бо вуҷуди ин, иштибоҳан ба ин сабабҳо ҳамчун офаринанда нигоҳ мекунанд. Он гоҳ гуфта мешавад, ки фалон чизро ин сабаб ба вуҷуд овард, чизи дигарро сабаби дигар ва дар ниҳоят сабаби охиринро Худованд офаридааст.
Хатои дувум — чунин пиндоштан аст, ки агар силсилаи сабабҳо дар офариниш нақш дошта бошад, пас дигар зарурате нест, ки сабаби аввал низ офарида шуда бошад.
Дар ин сурат метавон иддао кард, ки сабаби аввал қудрати офаринандагиро дар худ дорад.
Масалан, қатораеро тасаввур мекунем. Вагони охиринро вагони пеш аз он мекашад, онро вагони дигар ва дар ниҳоят ҳамаи вагонҳоро локомотиве мекашад, ки қувваи ҳаракатдиҳанда дар худи он ҷойгир аст.
Аммо дар чунин мисолҳо ва мисолҳои ба ин монанд як хатои муҳим вуҷуд дорад: локомотив ё қувваи таъсиргузор танҳо ҳамчун неруе тасаввур мешавад, ки вазифааш кашидан ё тела додан аст ва гӯё фаъолияти он ба ҳамин амал маҳдуд мебошад.
Чунон ки мебинем, вақте ҳодисаи офариниш ҷудо аз паёми илоҳӣ баррасӣ мешавад, ақли инсон барои шарҳ додани пайдоиши модда аз занҷираи сабабҳо истифода мекунад.
Дар натиҷа, мувофиқи андешаи детерминизм (сабабият), инсон ба як сабаби аввал мерасад, вале худи он сабаби аввалро шарҳ дода наметавонад.
Сипас, ба ҳамин сабаби шарҳнопазир номи «Худо» ё «Қудрати офаринанда» дода мешавад.
Аммо паёми асосии ваҳй дар он аст, ки ҳар лаҳза ва ҳар ҳодиса бевосита бо офариниши Худованд ба амал меояд.
Сабабҳо низ танҳо восита мебошанд.
Сабабҳое, ки дар офариниши ҳар мавҷуд истифода мешаванд, худ офаринанда нестанд, балки танҳо ва танҳо восита ба ҳисоб мераванд.
Тартиб ёфтани сабабҳо ва ба вуҷуд омадани як мавҷуди нав бевосита аз осори қудрати Худованд аст.
Сабзидани як тухм ё ба вуҷуд омадани растанӣ бевосита бо илм, ирода ва қудрати Худованд сурат мегирад.
Об, хок, офтоб ва мағзи тухм танҳо сабабу воситаҳои ин офариниш мебошанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё