Абулқосими Фирдавсӣ - Дар ситоиши хирад ва дониш
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой,
Аз ӯ шодмонию з-ӯ мардумист,
Аз ӯят фузунию з-ӯят камист.
Хирад тираву марди равшанравон
Набошад ҳаме шодмон як замон,
Чӣ гуфт он ҳунарманд марди хирад,
Ки доно зи гуфтори ӯ бар хӯрад,
Касе к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш,
Ҳушивор девона хонад варо,
Ҳамон хеш бегона донад варо.
Нахуст офариниш хирадро шинос,
Нигаҳбони ҷон асту ҳам он се пос,
Се поси ту: гӯш асту чашму забон,
К-аз ин се расад неку бад бегумон,
Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад-ӯ ҷонат аз носазо дур дор,
Ба гуфтори донандагон роҳ, ҷӯй,
Ба гетӣ бипӯю ба ҳар кас бигӯй!
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Нигаҳ кун, саранҷоми худро бубин,
Чу коре биёбӣ, беҳӣ баргузин,
Ба ранҷ-андар орӣ танатро — равост
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост,
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ.
Чу дидор ёбӣ ба шохи сухун,
Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун,
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё