Абулқосими Фирдавсӣ - Ғояи асосии «Шоҳнома»
Ғоя, яъне идея фикри муайянест, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳаёт, инсон ва ашё баёу мешавад.
Пас ғояи асосии «Шоҳнома» чист? Фирдавсӣ дар ин асари худ, асосан кадом ғоя — идеяро талқин кардааст? Адибони бузург ба воқеаю ҳодисаҳои замони худ бетараф буда наметавонанд. Онҳо ба он ҳодисаю воқеаҳо бодиққат назар намуда, тарафҳои неку бади он ҳодисаро дар асарҳояшон тасвир менамоянд. Ягона нигоҳ доштани обу хоки ватан ва муҳофизати давлат идеяи асосии «Шоҳнома» мебошад. Фирдавсӣ чун шоири пешқадами аср дар «Шоҳнома» дар пеши халқ ва амирон вазифаи нигоҳ доштани ягонагии обу замини мамлакатро гузошта, амирони саркашро, ки барои шаъну шарафи шахсии худ кӯшиш карда, мамлакат ва давлатро зери хатар мегузоштанд, сахт маҳкум намудааст. Ин гуна идеяи ҳақиқатау ватандӯстона дар он замон аҳамияти ниҳоят калоне дошт. Ин идея дар образи қаҳрамонҳо, тасвири воқеа ва пейзажҳо равшан гардидааст, дар айни замон, сохт ва забони асарро низ муайян кардааст. Вале мазмуни «Шоҳнома» бо ҳамин фикри асосӣ тамом намешавад. Мазмун ва мундариҷаи «Шоҳнома» боз ҳам васеътар ва мураккабтар аст.
Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар рафти баёни мавзӯи асосӣ боз мубориза барои озодӣ, илму ҳунар омӯхтан, далерӣ, садоқатмандӣ, тасвири меҳнати осоишта барин мавзӯъҳоро сурудааст.
Ғайр аз ин дар баъзе достонҳои «Шоҳнома» идеяи шоҳи одил низ ифода шудааст. Албатта, дар замони Фирдавсӣ тарғиби идеяи шоҳи одил аҳмияти калон дошт. Ақидаҳои зикршуда дар замони шоир ақидаҳои пешқадам ҳисоб меёфтанд.
Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки дар «Шоҳнома» манфиатҳои аъёну ашрофи феодалӣ ва орзую омоли онҳо низ ифода ёфтааст, Фирдавсӣ фарзанди замони худ буд. Ӯ мамлакатро бе шоҳ тасаввур карда наметавонист. Вале подшоҳ аз рӯи ақидаи ӯ, касест, ки на танҳо мамлакатро идора мекунад, балки ғамхори халқ ва ташкилкунандаи ободию серию пурист. Албатта, ин фикр ҳоло ба куллӣ аҳамияти худро гум накардааст. Ба ақидаи ӯ, подшоҳӣ ба баромади авлодӣ вобаста буда, шоҳи мамлакат танҳо ҳамон кас буда метавонад, ки шоҳзода бошад. Дар эҷодиёти Фирдавсӣ низ мисли аксарияти адибони пешқадами давраи феодалии тоҷик ду хусусият, ду тамоил дида мешавад: тамоили халқӣ ва тамоили ашрофона.
Тамоили халқӣ бо ғояҳои инсондӯстӣ ва озодфикрии шоир вобаста буда, он ҳангоми таърифи хирад, хирадмандӣ, инсондӯстӣ, халқпарварӣ бештар ифода меёбад.
Ҷиҳати асосӣ дар «Шоҳнома» майли халқии он мебошад. Ин дар муносибати шоир ба намояндагони халқи меҳнаткаш, аз ҷумла Коваи оҳангар, ки бар зидди шоҳи золим Заҳҳоки Морон шӯриш бардошта, ғолиб меояд, аз муҳаббати ӯ ба Маздак ва амсоли инҳо маълум мегардад.
Тамоили халқии «Шоҳнома» дар тасвири шӯришҳои деҳқонон ва мардумони ситамдида низ инъикос ёфта, ҷолиби диққат аст, ки қисми зиёди «Шоҳнома» на ба ситоиши шоҳон, балки ба тасвири корнамоиҳои қаҳармони халқ — Рустами Дастон бахшида шудааст.
Дигар ҳадафи Фирдавсӣ аз навиштани «Шоҳнома», дар он рӯзгоре, ки дасти андешасӯзи айём аз ҳар тараф ба сӯи фарҳанги куҳани кишвараш дароз мешуд, зинда доштани забон, расму ойин ва ҳамаи он дастовардҳои моддию маънавии ниёгонаш будааст. Он гуна, ки худ гуфта:
Басо ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё