Зеҳн

Ёддоштҳо-Қисми (охир) 9

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 15 дақиқа хондан

УСУЛИ НАВИ ОДАМКУШӢ

Мувофиқи таърифе, ки дар боло нишон дода шуд, шогирдпешагони қушбегӣ, амалдорони хурд, муллобачагон, ғазоталабон ҳар рӯз садҳо одамони бегуноҳро дастгир карда, зада, чашмони онҳоро бароварда, сарҳошонро кафонда, дасту поҳошонро шикаста, аммо бинобар мухолифат накардан ба фармони охирии амир, онҳоро накушта, ба арк оварда ба дасти дарбориён месупориданд. Дарбориён бошанд, он бандиёнро ба муллоҳое, ки дар айвони ҷомеи арк маҳкама барпо карда нишаста буданд, манзур карда фатвои даҳонакии бо хурсандӣ «лозимулқатл»117 гуфтани онҳоро мегирифтанд, вақте ки амир ба амал овардани ин фатворо бо ишорати бурути худ тасдиқ кард, он бандиёнро барои куштаи ба дасти ҷаллодон месупурданд.... Дар рӯзҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми март бандӣ чунон бисёр шуд, ки ғайр аз обхонаҳо, канахонаҳо118, ҳавличаҳо, ки ҳабсхонаҳои маълуми даруни арканд, дар таҳхонаҳои даруни арк ҳам ҷои холӣ намонд. Ҳар рӯз қариб сад нафар ҷаллод аз пагоҳӣ то бегоҳӣ ба одамкушӣ машғул бошанд ҳам, барои бандиёни наве, ки беҳадду ҳисоб оварда мешуданд, ҷой холӣ карда наметавонистанд. Кам ва дер холӣ шудани ҷой барои бандиёни нав сабаби дигар ҳам дошт. Ин сабаб усули нави одамкушӣ буд, ки аз тарафи қозикалон Бурҳониддин, Низомиддинхӯҷаи урганчӣ ва Абдурауф-корвонбошӣ ихтироъ ёфта, аз тарафи амир тасдиқ шуда буд. Ба амал татбиқ кардани ин «усул» ба кори дар вақти кам бисёр одам кушта, барои бандиёни нав ҷо холӣ кардан як дараҷа сакта овард. Мувофиқи ин «усул» барои куштани як нафар бандӣ 2-3 нафар ҷаллод 45 дақиқа ё 1 соат вақт сарф карданашон лозим буд. Бинобар ин ба болои бандиёни кӯҳна бандиёнӣ наве, ки пай дар пай оварда мешуданд, зам шуда соат ба соат шумораи дар навбати қатл истода интизории марги худро кашандагон зиёд гардида, торафт ҷой тангӣ мекард. Мо пеш аз он ки «усули» нави одамкуширо тасвир намоем, лозим аст, ки «усули» кӯҳнаи онро кӯтоҳ карда баён намоем. Дар рӯзҳои аввали март дар даруни ҳар кадоми ҳавличаҳо як хандақеро, ки ҳафт газ қад, ду газ бар ва шаш газ чуқурӣ дошт, канда буданд. Дасту пои кушташавандагонро бо чилбур баста дар ду тарафи он хандақ сари онҳоро ба лаби хандақ карда қатор мехобонданд ва ҷаллодон кордҳои дудамаи нешборики нав тезкардаи худро ба гулӯгоҳи он бандиёне, ки дар лаби хандақ барои куштан хобонда шуда буданд, 1 бор — 1 бор халонда кашида рафтан мегирифтанд. Шогирдони ҷаллодон аз пои кушташудагон гирифта, кашола карда мурдаи онҳоро ба канортар бурда партофта, ба ҷои онҳо бандиёни дигареро, ки навбати қатлашон расидааст, баста хобонда, барои корди ҷаллод тайр карда мемонданд... Маълум аст, ки бо ин «усул» як ҷаллод дар як соат чанд нафар бандиро) ба қатл расонад ҳам, монда намешуд ва барои бандиёни наве, ки фардо оварда шуданӣ буданд, ба қадри даркорӣ ҷой ҳам холӣ мегардид. Лекин рафта - рафта дар роҳи давом кунонидани ин «усул» баъзе монеъҳо пайдо шуд. Муҳимтарини он монеъҳо инҳо буданд:

  1. Дар муддати 2-3 рӯз хандақҳо пур аз хуни одам шуда бӯй гирифтанд ва арки амирро бӯи бади хун фаро гирифта, онро ба дараҷае расонд, ки дар он ҷо зиндагонӣ кардан қариб буд, ки мумкин нашавад.

  2. Ҷаллодон дар байни бандиён бисёрии ноҳақкушташавандагонро ҳис карда, баъзе бандиҳоро нишон дода: «мо инро кушта наметавонем, ин одам бегуноҳ менамояд, хуни ноҳақ рехташавандаи ин аҷаб нест, ки моро ҳам бигирад...» гӯён ҷанҷол баровардан гирифтанд.

  3. Муҳимтарини монеъҳо ин буд: кушташавандае, ки гулгӯгоҳаш бо корд бурида мешавад, бо 15—20 дақиқа печу тоб хӯрда талвоса кардан ҷон дода осуда мегардид, ва ҳол он ки амир ва дарбориёни ӯ ба ин қаноат намекарданд, ташнагии онҳо бо ин хуне, ки ба ин осонӣ рехта мегардид, намешикаст; дили онҳо бо он шавқ ва ҳавасе, ки дили майзадагони хуморӣ шароб мехоҳад, камаш ягон соат азобу уқубат кашида ҷон додани бандиёнро мехост.

Инак барои ҳаминҳо дар рӯзҳои охир «усули нави» одамкушӣ ёфта бароварда шуд. Мақсади асосии «усули нави» одамкушӣ, кушташавандаро ба қадри имкон бештар азоб дода, хуни ӯро нарехта куштан буд. Барои ба даст даровардани ин мақсад хунҳои бӯйгирифтаи хандақҳои дар боло тасвир кардашударо бо хок хушконида гӯрониданд ва ба даҳони он хандақҳо тахта баста ба болои он дор барпо намуданд. Дор аз се чӯб дуруст карда шуд: ду чӯбро ба фосилаи 4 газ дар рӯ ба рӯи ҳам мисли симчӯб як тарафашро ба замин гӯронида, рост карданд; чӯби дигарро ба болои он чӯбҳо бастанд. Дар миёнаҷои ҷӯби кӯндаланг як ғарғараи оҳанин парчин карда, як нӯги арғамчини канабиро, ки ба вай собун зада суфта карда буданд, аз он ғарғара гузарониданд. Бандии кушташавандаро ба зери дор оварда, як нӯги он арғамчинро ҳалқадавак карда ба гардани ӯ меандохтанд ва нӯги дигари арғамчинро, ки аз ғарғара гузаронада шуда буд, 2—3 нафар ҷаллод гирифта бо қуввате, ки доштанд, мекашиданд. Бандие, ки ба ҳамин тариқа ба дор кашида мешуд, гарданаш рафта ба ғарғара мечаспид, танааш ба поён овезон гардида мисли ҷасади бачагоне, ки алвонҷ мепаранд, чарх зада ба ҳар тараф алвонҷ мехӯрд; дар ду—се сония чашмонаш аз косахонааш мебаромад, аз биниаш фаррос зада хун меомад, рангаш ба ранги сипурз сиёҳ мегардид... Он бандӣ то вақти қариб ба охир расидани асари ҳаёташ ба ҳамон вазъият нигоҳ дошта мешуд, аммо пеш аз он ки ҷонаш тамоман барояд, арғамчинро суст карда сар медоданд. Бандӣ ба замин афтода дар печу тоб ва талвоса медаромад... Баъд аз чанд дақиқа чашмашро кушода боз асари ҳаёт нишон медод, сари синааш боло-поён дамида, фуромада роҳи нафасаш кушода мегардид... кам-кам ором мегирифт. Вақте ки банди тамоман ором гирифт, боз арғамчинро мекашиданд, боз гардан рафта ба ғарғара мечаспид, боз тана алвонҷ мехӯрд, боз чашмон аз косахона мебаромаданд, боз аз бинӣ хун ҷорӣ мегардид, боз ранг сиёҳи сипурзӣ мешуд, боз марги пуразобу уқубати бодаҳшат ва ваҳшонияте, ки дида ва шунида нашудааст, дидан ва шунидани он мумкин ҳам нест, ба пеши чашм намоён мегардид... Ба ҳамин тариқа ҳар як бандиро чанд бор овехта, буғ карда, сар дода, ғалтонида, баъд аз қадре шикастани хумори амир ва дарбориёни ӯ, ки ба хун ташна буданд, тамоман мекуштанд. Табиӣ, ин усули одамкушӣ, чунон ки дар кори тез куштан ва дар фурсати кам бисёр одам куштан сакта меовард, ҷаллодонро ҳам бағоят монда мекард; ин ҳол, ки аз субҳ то шом давом менамуд, ҳар гуна ҷаллодро, ҳар чӣ қадар фаъол ва сангиндил бошад ҳам, аз кор мебаровард ва аз ҷонаш безор мекард.

РЕГХОНА

9-уми март обхонаҳо, канахонаҳо, ҳавличаҳо ва таҳхонаҳо бо бандиён пур шуда ва барои ба зудӣ кушта тамом кардани бандиёни кӯҳна ва ҷо холӣ кардан ба бандиёни нав фармони қатъии «ҳумоюн» содир шуда буд. Барои иҷро кардани ин фармон ғайр аз дорҳое, ки дар ҳавличаҳо барпо карда шуда буданд, лозим омад, ки дар регхона ҳам доре кашанд. Доре, ки дар регхона баста шуд, аз дорҳое, ки дар боби боло тасвир ёфтанд, дигаргунатар буд. Мо пеш аз он, ки чӣ гуна барпо карда шудани дори регхонаро тасвир намоем, лозим аст ки хонандагонамонро бо худи регхона шинос кунем: Вақте ки шумо аз тахтапули Регистони Бухоро боло рафта ба дарвозаи арк дароед, дар дасти чапатон дар долони болопӯшида як қатор ҳуҷрачаҳоро мебинед, ки онҳо «обхона» ном ҳабсхонаҳои амир буданд. Дар охири ин қаторҳуҷраҳо, дар ҷое, ки ба ҳавличаи тӯпчибошӣ, (сардори дарвозабонони арк) мепайвандад, як ҳуҷрача мебарояд. Ин ҳуҷрача монанди обхонаҳои дигар сангин, якдара ва торик бошад ҳам, аз онҳо қадре васеътар аст. Ин ҳуҷрача низ монанди обхонаҳои дигар дар вақти сохта шуданаш ба мақсади ҳабсхона кардан сохта шуда бошад ҳам, дар замонҳои пеш аз он ба ин мақсад истифода накардаанд. Зеро ин ҳуҷрача, ки нисбат ба обхонаҳои дигар қадре васеъ буд, маҳбусони дар он ҷо хобондашуда ба дарачае, ки дили ҳокимон мехост, азоб намекашиданд. Азбаски дар он ҳуҷрача барои дар рӯзҳои боришгарӣ ба долон ва роҳҳои арк пошидан рег анбор карда мемонданд, он бо номи «регхона» номида шуда буд. Аммо дар 9-уми март ин ҳуҷра — регхона ҳам барои одамкушӣ кор фармуда шуд. Аз болои даричаи танги он аз ҷои ба шифт часпидаистодаи девор як сӯрохи равзанворе кушода, дар он ҷо як ғарғараи оҳанинро шинонданд. Чунон ки дар дорҳои ҳавличаҳо карда буданд, як нӯги арғамчини собунмолидаро аз он ғарғара гузаронида ба даруни ҳуҷра партофтанд ва нӯги дигарашро дар беруни ҳуҷра овезон карда монданд. Ин шуд дори хонагии регхонагӣ. Як қисми бандиёни кушташавандаро дар ҳамин «регхона», ба қадре ки ҷо ғунҷоиш медод, андохтанд. Як ҷаллод ба даруни ҳуҷра даромада ба гардани бандиён ба навбат як нӯги ресмони канабро ҳалқадавак карда меандохт, нӯги дар берун овезони ресмонро ду-се нафар ҷаллоди дар берун буда мекашиданд ва чунон ки дар баёни дори ҳавличагӣ гуфта шуд, бандиро чанд бор овехта, ғалтонда, буғ карда, сар дода мекуштанд. Дар кушишхонаи «регхона» бештарин ҷаллодони ноӯҳдабарои заифқалбтарро кор мефармуданд. Зеро дар воқеаи моҳи марти соли 1918, азбаски дар арки Бухоро аз ҳад зиёд одам куштан лозим омад, ҷаллодоне, ки пешаашон ҷаллодӣ буда, ба ин кор тахассус доштанд, камӣ карданд, бинобар ин лозим омад, ки аз дуздон ва ҷинояткорони оддӣ ҳам якчанд нафар ҷаллод расонанд. Табиӣ, дар даруни ин гуна ҷаллодони навкор сустқалбҳо ҳам буданд; инҳо дар майдони кушода ба чашмони кушташавандагони худашон, ки аз хонааш баромада ба чашмашон теғ карда назар меандохтанд, нигоҳ карда истода наметавонистанд. Инак, ҳамин гуна ҷаллодонро дар «регхона» кор мефармуданд. Аз ҷаллодони дар «регхона» буда кор-кунандае, ки дар даруни «регхона» меистод, бинобар торикии он ҷо ба чашми худаш дӯхта шуда истодани чашми қурбонии худро намедид ва инчунин онҳое ҳам, ки дар беруни «регхона» истода арғамчинро мекашиданд, дар пушти девор, дар даруни хона чӣ навъ ҷон канда истодани мақтули худро намедиданд ва бинобар ин дар вақти «кор» дасту дилашон намеларзид. Дар 9-уми март дар «регхона» ҳам хеле одамро овехтанд, аз он ҷумла он одамоне, ки мо ном ва лақаби онҳоро медонем ва бо мо шиносоӣ доштанд, инҳо буданд: Ҳоҷӣ Сироҷ, Мирзо Файёз, Мирзо Аҳмад, Ҳомидхӯҷаи Меҳрӣ, Ҳоҷӣ Абдусаттор, Аъзамҷон Авазбек, Иброҳим Юнуси яҳудӣ ва писари он Яъқуб... Дар 9-уми март дар даруни он касоне, ки дар «регхона» овехта шуданд, Боқӣ ва Маҳмуд ном писарони Мулло Низом Собитови тотор низ буданд. Боқӣ ва Маҳмудро, ки яке 16-сола ва дигаре 14-сола буд, ҳеҷ, як ҷаллод розӣ нашуд, ки дар майдони кушода ба дор овезад, бинобар ин онҳо ҳам ба кушишхонаи «регхона» дода шуданд. Гуноҳи ин бачагони хурдсол ин буд, ки падари инҳо Мулло Низом тарафдори мактаби нав буд ва дар хонаи худ мактаб кушода бачагони худро дар он ҷо хононда буд, инчунин бо Мулло Қамари тотор, ки дар Бухоро яке аз сарварони гурӯҳҳои сиёҳ ба шумор мерафт, дар масъалаҳои мактаб мубоҳиса карда буд. Ғайр аз ин, вақте ки дар Бухоро бо фармони амир ва вакили сиёсии императорӣ мактаби тоторон баста шуд, Мулло Низом ин бачагонро (Боқӣ ва Маҳмудро) ба Самарқанд фиристода хононда буд. Бинобар ҳаминҳо ӯ яке аз гунаҳгорони калон ба шумор рафта, дар рӯзи якшанбе 3-уми марти соли 1918 хонааш аз тарафи одамони ҳукумат ва муллоҳо тороҷ ёфт, худаш, занаш, хоҳарарӯсаш, Сафӣ ном як писари хурдсолаш ва як духтарчаи ҳанӯз аз шир ҷудонашудааш дар як сурати ваҳшиёна кушта шуданд. Боқӣ ва Маҳмуд, ки қадре ҳушашон ба сарашон буд, бо сар шудани фоҷиа тавонистанд, ки аз он ҷо саломат гурезанд ва дар яке аз сағонаҳои кӯҳнаи мазор, ки дар наздикии ҳавлиашон буд, даромада зинда дар гӯр шуда, аз назари ҷаллодон пинҳон шаванд... Лекин пас аз ду рӯзе, ки дар он гӯри кӯҳна хобиданд, ба ташнагӣ ва гушнагӣ тоб оварда натавониста аз он ҷо баромаданд. Аммо аз он ҷо баромадан замон ба дасти одамони амир гирифтор омада дар обхона маҳбус гардиданд ва дар 9-уми март қурбони дори «регхона» шуданд...

АРКИ АМИР ДАР ШАБИ 9-уми МАРТ

Шаби 9-уми март азбаски ба 26-уми моҳи ҷимо-диюлаввал рост омада буд, моҳ намебаромад, ба болои ин рӯи ҳаворо абри сиёҳ фурӯ гирифта буд, ки ҳама ҷо сиёҳ, ҳама ҷо торик ва чун дили муллоёни Бухоро қасоватомез буд. Даруни арки Бухоро холӣ ва осуда буд, лекин ин холигӣ ва осудагӣ мисли холигӣ ва осудагии мазор ғамангез буд; ин кушишхона, ки дар зери пардаи ғафси торикии шаб пинҳон монда буд, дар ҳақиқат ҳам мазор буд, аммо мазори мурдагоне буд, ки ҷасади онҳоро ба ҷои хоки сиёҳ шаби сиёҳ аз назар пинҳон карда буд; ин бинои хароби кӯҳнаи зулмобод, ки сарои подшоҳӣ меномидандаш, дар ҳақиқат як ваҳшатсарои даҳшатафзо буд. Ғазоталабон, элнавкарон119, муллоён ва сарбозон, ки рӯзона боиси гармии бозори ин ваҳшатсаро буданд, шабона ба бошишгоҳи худҳо, ба хонаи худҳо, ба ҳуҷра ва мадрасаи худҳо ва ба казармаи худҳо рафта, ин ваҳшатсароро ба ихтиёри амир, вазир ва посбонони наздики онҳо холӣ гузошта буданд. Амалдорон, маҳрамони амир, шогирдпешагони қушбегӣ, умуман посбонони онҳо ва дарвозабонони арк мисли мурда хобида буданд. Такудав ва тохтутози чандрӯза, хусусан «бигир, бубанд, бикуши» имрӯза ҳамаро чунон монда карда буд, ки дар ҳақиқат аз мурда фарқашон намонда буд. Гӯё имшаб дар арк ғайр аз амир ва қушбегӣ каси бедоре набуд, аммо бедории онҳо ҳам ба осудагии мазормонанди арк халал намерасонид. Амир ба ишратхонаи худ сар фурӯ кашида буд, гӯё ки дар дунё, махсусан дар даруни арки Бухоро, ҳеҷ, воқеае рӯй надода бошад, ё ин ки ҳамаи воқеаҳои рӯй додаистода барои мустаҳкам кардани тахти ӯ бошанд, аз осудагии шаб фоида бурда, ӯ ба кайфу сафои худ машғул буд. Дар он рӯзҳо, хусусан дар он рӯз хунҳое, ки рехта буданд, сарҳое, ки бурида шуда буданд, шикамҳое, ки чок гардида буданд ва чашмҳое, ки кофта шуда буданд, ба осудагии қалбии ӯ ҳеҷ халал намерасониданд. Зеро, чунон ки ӯ аз падару бобои худ шунида омада буд ва муллоҳо ҳам аз номи шариат таъкид мекарданд, ӯ сояи Худо буд, ҳамаи чизҳои ҷондор ва беҷони мамлакатро ӯ аз они худ медонист ва барои худаш офаридашуда мепиндошт. Бинобар ин дар пеши ӯ тӯдаи сарҳои буридаи раияҳои худаш, аз харбузаи пеши деҳқоне, ки аз замини худаш кандааст, фарқ надошт. Дуруст аст, ки ҷинояткорони инсонӣ, ҳар чӣ қадар ки хунхор ва сангдил бошанд бошанд, табиист, ки дар паси ҳар ҷиноят ба азоби виҷдонӣ дучор омада мутаассир мешуданд. Аммо амири Бухоро Сайид Олимхон як ҳайвони даррандаи бевиҷдон ва беҳис буд, ки аз ин сифат ҳам, ки онро ҳатто табақаи ҷинояткори инсон доро буд, маҳрум монда буд. Ташбеҳ кардани мо ӯро ба ҳайвоноти дарранда ҳам он қадар ташбеҳи том нест ва дар ҳаққи ҳайвоноти дарранда як дараҷа беҳурматӣ ва бӯҳтон ҳам мешавад, зеро ҳайвоноти даррандаро бевиҷдон гуфтан дуруст ояд ҳам, беҳис гуфтан дуруст нест. Бинобар ин мо мехостем, ки амири Бухороро дар беҳиссӣ ба ҷамодот — ба сангу кулӯх ташбеҳ намоем. Лекин айшу нӯшҳое, ки амир дар он шабҳо гузаронида истода буд, афсӯс ки ба ин ташбеҳи мо ҳам роҳ намедод... Аммо қушбегӣ Усмонбег тамоман дар олами дигар буда, бедории ӯ ҳам ба осудагии арк халал намерасонид: ӯ дар дарёи фикру андешаҳои ғамовари бепоёне ғӯтавар буд. Ӯ дар фикри чӣ гуна пойдор кардани мансаби қушбегигӣ буд, ки дувоздаҳ рӯз пеш аз он ба он мансаб расида буд. Ӯ андеша мекард: дар он мансаб, ки аз ҷонаш ҳам азизтар аст, оё якчанд сол истода метавониста бошад, ё ин ки ягон ҳаракаташ ба амир ё ба ягон мулло нафорида ба зудӣ маъзул мешуда бошад. Агар маъзул шавад, оё монанди Остонақул қушбегӣ ҳамаи молу мулкаш мусодира гардида, худаш аз шаҳр бадарға мешуда бошад ё ин ки монанди Насрулло қушбегӣ бо зану бачагонаш ва одамони наздикаш бо як сурати ваҳшиёна кушта мешуда бошад?.. Усмонбег қушбегӣ ба ин пурсишҳое, ки худаш ба худаш медод, ҷавоб ёфта наметавонист ва рӯзҳои ояндааш ба назараш торик ва маҷҳул менамуданд... Қушбегӣ дар байни ин фикру андешаҳо дар роҳи таъмини истиқболи мансаби худ нақшаҳо мекашид ва барои худ хатти ҳаракат таъин мекард. Табиӣ, қисми якуми ин гуна нақшаҳоро моддаҳои аз худ хушнуд кардани амир ва муллоён ташкил мекард. Бинобар ин барои расидан ба ин мақсад барои худ такрибан ин гуна хатти ҳаракат таъин мекард: Аз ҳар ҷо, ки ба даст дарояд, бачагони амрад ва духтарони зеборо ёфта ба амир пешкаш кардан; барои пур кардани хазинаи амир фуқароро, бо кадом роҳ ки бошад, тороҷ, кардан ва тороҷ кунондан; агар муллоҳо касеро «ҷадид аст» ё ин ки «болшевик аст, инро куштан даркор аст» гӯянд «ҳо, тақсир, инро худам ҳам мешиносам, рост истода шошидани инро ба чашми худ дидаам, ин мутлақо кофир аст, бо куштани муқаррарии ин дил сард ва тасаллоёб намешавад, балки инро пора-пора карда, ё ин ки ба дор овехта даҳҳо бор буғ карда—сар дода куштан даркор аст» гуфтан; аз дарбори амир ба муллоён мансабҳои калон гирифта додан ва онҳоро ҳам бар болои фуқаро ва барои тороҷ кардани онҳо бо амалдорони амир баробарҳуқуқ карда мондан... Қушбегӣ ана бо ҳамин хаёлот ба олами худ гирифтор буд. Оре, ҳама ҷои арк ҳамин гуна осуда буд, аммо танҳо дар ҳавличае, ки дар пушти ҷомеи арки Бухоро дар тарафи шимолии он воқеъ шуда буд, чақ-чақ ва суҳбатҳои гарм мерафт. Ин ҳавлича барои қурбон кардани «гунаҳгороне», ки ба даст меафтанд, яке аз кушишхонаҳо ба шумор мерафт.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2