Зеҳн

Ёддоштҳо-Қисми 6

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 21 дақиқа хондан

IV

Заводи пахтатозакунии Қизилтеппа аз они як бои бухорӣ буд, дар он ҷо ҳам пахтаҳои худи хӯҷаини завод ва ҳам пахтаҳои чистачӣ (пахтаҷаллоб)-ҳои дигар тоза карда мешуд. Дар он завод аз русҳо, маҳаллиҳо, барбариҳо ва пирсиёнҳо тахминан 150 кас кор мекард. Дар ин миён тоҷикони кӯҳистонӣ қаротегинӣ ҳам бисёр буданд. Бинобар зиёд шудани пахта дар соли 1915–1916 ва дар ҳавои кушода монда мағор карда сӯхтани пахта, хӯҷаин маҷбур шуд, ки дар баҳорони соли 1916 боз 50 коргари қаротегиниро аз Фарғона биёрад. Коргарони ин ҷоро ғайр аз хӯҷаини завод, боз пудратчиҳое ҳам, ки гӯё аз миёнаи «худи онҳо» баромада буданд, низ истисмор мекарданд. Коргарони рус бештарини қисми як хел тахассусдорро ташкил мекарданд, ки онҳо дар зери дасти пудратчӣ набуданд. Аммо коргарони тоҷики кӯҳистонӣ, барбариҳо ва пирсиёнҳо ҳамагӣ дар зери дасти як-як пудратчӣ буданд. Ман дар Бухоро дар шӯъбаи пунбадонаи (чигити) хӯҷаини завод кор мекардам, вазифаи ман пунбадона-ҳои хӯҷаинро, ки коргарони мошинхона бароварда дар зери айвони завод мерехтанд, мефурӯхтам. Харидори пунбадона ду хел буд: хели якум ҷувозронони районҳои атрофи завод буданд, ки ҳар кадоми онҳо аз ду пут то ҳашт пут пунбадона мегирифтанд, дигаре яклухтхарандагон буданд, ки онҳо аз сад пут то 500 пут мегирифтанд ва онҳо ҷаллоб буданд. Пунбадона ҳам чор хел буда, ҳар кадоми онҳо нархи алоҳида дошт. Ман маҷбур будам, ки ана ҳамин чор хел пунбадонаро ба чор хел харидорони майда ду пут—чор пут фурӯхта пулашро гирам ва ҳар харидорро бо номаш, бо миқдори моли харидааш, бо нархаш ва маблағи аз он мол гирифташударо дар дафтар нависам. Дар саҳву хато, дар камомади пунбадона, ки аз завод бо тахмини «виходи пахта» бебаркаш бароварда мерехтанд, ҷавобгар будам. Дар пеши ман танҳо як коргар кор мекард, баркаши пунбадона вазифаи ӯ буд. Дар рӯзҳое, ки харидор камтар бошад, он коргарро ҳам мудири завод ба корҳои дигар кор мефармуд, ки баркашро ҳам худам мекардам. Музди хизмати ман аз майдафурӯшӣ дар ҳар як ман (8 пут) 10 тин буда, аз яклухтфурӯшӣ дар ҳар як ман 5 тин буд. Дар охири мавсими пахтатозакунӣ кори маро ҳисоб карда диданд, аз рӯи тахмини хӯҷаин ба ман хеле товон меафтод, ки қариб нимаи музди хизмати ман мерафт. Аммо яке аз писарҳои хӯҷаин, ки бо ман ошнои дерина буд, падарашро аз ин талаб боздошт. Лекин аз хизматгорони кӯҳнаи он завод шунидам, ки соли гузашта дар ҳамин завод ба ҷои ман каси дигаре кор карда будааст, ки ҳисобии ман дар тахмини пунбадона аз рӯи баркаш, нисбат ба ҳисобии ӯ хеле зиёд будааст. (Ман таассуротеро, ки дар он завод аз зиндагонии коргарон гирифтам, дар эпизоди заводи «Одина» ном повести худ додаам, Қурбоналӣ ном пудратчии коргарон, ки дар он эпизод ёд мекунам, номи реалии яке аз пудратчиёни коргарон аст62). Ман дар он завод аз сари сентябри соли 1915 то охирҳои апрели соли 1916 кор кардам. Ман дар муддати ин кори худ ҳафтае як рӯз истироҳат доштам. Як рӯз пеш аз истироҳат баъд аз кор бо поезд ба шаҳр мерафтам, шабона дӯстони худро ягон-ягон дида, аз онҳо хабарҳои навро мефаҳмидам. Рӯзона мехобидам ва шабона боз ба Қизилтеппа бармегаштам. Таъқиботи полисияи подшоҳӣ дар зимистон дар шаҳр давом кард, одамони бисёре ҳабс ва кофтуков карда шуданд. Коркунони ҷавобгари гумоштаи сиёсии ҳукумати подшоҳӣ дар Бухоро аз он аҳвол ба фоидаи шахсии худ ҳам истифода бурданд. Котиби якуми агентии сиёсӣ — Шулка63, одамонеро, ки иқтидори пора додан доштанд «шубҳанок» гуфта ба тариқи махфӣ ба худи он одам мефаҳмонд ва баъд аз як маблағ пора додан, он кас аз «шубҳа» мебаромад. Шулка ҳатто ба қозикалони он замон, ки бандаи бедирамхаридаи амир ва Николаи II буд, хат навишта, чанд хешовандони ӯро «шубҳанок» нишон дод. Баъд аз он ки қозикалон ба воситаи котиби Шулка ба ӯ пора фиристод, ӯ дуввумбора хати ризомандӣ навишта, ба он касоне, ки дар мактуби аввал худи онҳоро «шубҳанок» нишон дода буд, дар ин хат ба воситаи қозикалон ба онҳо «саломи дӯстона» гуфт. (Яке аз наздикони қозикалон, ки ба ман дӯсти наздик ва дар пеши қозикалон барои фаҳмидани хабарҳои махфӣ аз тарафи ҷамъият маъмур буд, ин воқеаро ба ман хабар дод: қозикалон он хатҳоро ба ӯ додааст, ки сӯзад. Аммо ӯ он хатҳоро барои нишон додан ба ман нигоҳ доштааст. Ман он хатҳоро, ки тоҷикӣ буд, бо чашмони худ хонда дидам ва ба ӯ таъин кардам, ки он хатҳоро нигоҳ дорад, ки рӯзе ба кор меояд. Он хатҳо баъд аз Революсияи феврал64 ба совдепи63 Когон супурда шуд, ки совдеп ба асоси он хат ба ҳабси Шулка қарор баровард, аммо Шулка аз Когон гурехта ба Петроград рафт ва аз он ҳабс халос шуд). Ман тобистони соли 1916-ро бештарин ба саёҳат гузаронидам. Районҳо ва қишлоқҳои Бухороро ягон-ягон гаштам. Ба Самарқанд, Хуҷанд ва тарафҳои Фарғона рафтам. Дар ин тобистон дар Бухоро таъқибот аз солҳои пеш бештар ва шиддатноктар шуд. Хусусан баъд аз шӯриши деҳқонон ва меҳнаткашони Туркистон ба муносибати мардикоргирӣ ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ66, гирифтугири амир ва полисияи подшоҳӣ боз ҳам зиёдтар гардид. Амир дар ҳар район ва қишлоқҳои калон агентҳои махсус монда, мардумро аз гуфтугузор кардан дар бораи шӯриши Туркистон манъи қатъӣ кард. Бойҳои калони Бухоро бо аризаи коллективонаи худ ба агентии сиёсии давлати Россия дар Бухоро, ба муносибати шӯриши Туркистон, садоқати худро ба подшоҳи Россия маълум карданд. Аммо оммаи мардум ба шӯриш ба назари хайрхоҳона нигоҳ мекарданд, ғалабаи шӯришро «аз Худо» металабиданд ва баъд аз торумор шудани шӯриш, гурезагони шӯришро дар хонаҳои худ пинҳон мекарданд ва барои гурехта рафтани онҳо ба ҷоҳои дуртар ёрӣ медоданд. Ман дар моҳи октябри соли 1916 барои саёҳат ба Қаршӣ рафтам, ки дар он ҷо хӯҷаини собиқи ман Шарифҷон-маҳдум қозӣ буд ва дар он ҷо қариб як моҳ мондам ва қишлоқҳои Қарширо саёҳат кардам, аҳволи деҳқонон ва косибонро омӯхтам. Дар Қаршӣ касби бофандагӣ хеле ривоҷ дошт, корхонаҳои дасткории бофандагӣ бисёр буданд, ки дар ҳар кадоми онҳо то сад нафар халифа, шогирд ва бофанда кор мекард. Дар охирҳои октябр аз Бухоро, аз яке наздикони қозикалон телеграмма гирифтам. Мазмуни телеграмма ин буд: «Ба зудӣ ба Бухоро биёед, шуморо ба мадрасаи Хиёбон мударрис карданд».Ман аз ин телеграмма хеле дар тааҷҷуб мондам. Тааҷҷуби аввалини ман дар ин буд, ки маро бе ҳеҷ талаб мударрис кардаанд, ва ҳол он ки дар шароити он замон барои мударрис шудан солҳои дароз дар таки дари қозикалон ва қушбегӣ хорӣ кашидан ва ба муллоҳои калон, ҳатто бойҳои калон зорӣ ва илтиҷо карда, онҳоро «барои ҳулуси матлаб» восита намудан даркор буд. Аммо маро, ки ҳеҷ изҳори талаб накардам ва ба болои ин дар таҳти таъқиби сиёсӣ ҳастам, мударрис кардаанд; аҷобати дигарам дар ин буд, ки маро дар мадрасаи Хиёбон мударрис кардаанд, ва ҳол он ки барои мударрис шудан дар як мадрасаи калони монанди мадрасаи Хиёбон камаш даҳ сол дар мадрасаҳои хурд мударрисӣ кардан ва дараҷа ба дараҷа бо се-чор интиқол ба он мадраса расидан даркор буд. Аммо маро якбора, бо он ки аз доираи муллоӣ қариб баромада рафта ва хизматгори завод шуда будам, дар ин мадрасаи калон мударрис кардаанд. Лекин бо чунин муҳокима худ ба зудӣ аз ин тааҷҷуб баромадам: 1) ҳукумати амир намехост, ки ман аз доираи муллоҳо баромада равам, зеро аз доираи муллоҳо баромада рафтани ман аз дасти ӯ тамоман баромада рафтан буд. Сар кардани ман касбҳои ғайри муллоиро, муқаддимаи аз доираи муллоҳо баромада рафтани ман буд. Ғайр аз ин хост, ки маро якбора дар мадрасаи калон мударрис карда, на танҳо ҷисман, ҳатто қалбан ҳам дар дасти худ нигоҳ дорад. Ба иборати дигар, ӯ мехост, ки маро харида гирад, чунки дар миёнаи омма нуфузи калон пайдо карда будам; 2) ҳар чанд ман ба ҳаракатҳои коргарӣ алоқа надоштам, ҳатто дар маънии сиёсӣ ва револютсионӣ чӣ будани ин ҳаракатро намефаҳмидам, полисияи махфии подшоҳӣ ва агентии давлати мутлақаи рус ба ман, чунон ки ҳастам, нигоҳ намекарданд. Онҳо, ки аз сояи худ метарсиданд ва дар шубҳа буданд, дар завод дар байни коргарон будани маро барои худ «хатар» мешумурданд (ман ин маъниро баъд аз револютсия фаҳмидам). Бо ин мулоҳиза аҷаб нест, ки онҳо (яъне полисияи махфӣ ва агентии сиёсии подшоҳ) ба ҳукумати амир ишора карда бошанд, ки маро дар доираи муллоҳо нигоҳ дорад ва амир ҳам дар ҳаққи ман ин тадбирро карда бошад. Хулоса, бо кадом сабабе, ки бошад, ман мударрис шуда будам. Бухоро омадам, ярлиқ фармони ҳукуматро дар бораи мударрисии худ гирифтам. Ба мадрасае, ки мударрис шуда будам, рафтам. Дар он ҷо сад танга харҷ карда як зиёфати сергӯшту равған ташкил кардам, калонон ва оммаи аҳолии он мадрасаро зиёфат кардам ва дар охири зиёфат ба калонони мадраса гуфтам: — Ҳар чанд «ҷаноби олӣ» маро дар ин мадраса мударрис кардаанд, аммо ман аз ӯҳдаи ин кор намебароям. Ман одами «савдоимизоҷ» мебошам ва «хафақон» дорам, аз ӯҳдаи дарсгӯӣ намебароям. Лекин рад кардани ин «марҳамат» як навъ беодобӣ барин мешуд. Бинобар ин то кӯҳна шудани ин «марҳамат» ман ба ном дар мадрасаи шумо мударрис мебошам ва ҳар пуле, ки дар саҳми мударрисӣ ояд, ба шумоён ва ба аҳолии ин ҷо харҷ мекунам. Шумоҳо маро аз ин кор бахшетон. Баъд аз чанд гоҳ диданд, ки ман лоиқи ин мансаб нестам, дар ҷои ман ягон каси муносибро хоҳанд насб кард. Ба калонон ин илтимоси ман бисёр маъқул шуд, чунки онҳо то таъин шудани одами дигар дар ҷои ман, ҳаққи мударрисиро тамоман мехӯрданд. Ман бошам, дар ҳуҷраи худ дар мадрасаи Кӯкалтош нишаста дар корҳои оддии худ машғул шудам. Аз моҳи январи соли 1917 сар карда газетаҳои рус ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ кушоду равшан навиштан гирифтанд. Ҳатто «Новое время»67 барин газетаҳои сиёҳ ҳам ҳукумати подшоҳиро танқид мекарданд. Дар Думаи давлатӣ68 на танҳо фраксияҳои оппозиционӣ, ҳатто Гучков69 барин чёрносотҳо70 ҳам ба қобили зиндагӣ набудани ҳукумати мутлақаи Николаи II иқрор мекарданд. Бо ҳамаи ин дар Бухоро рӯйрост газета хондан ва аз рафти кори ҳукумати мутлақа гап задан мамнӯъ буд. Дер накашид, ки феврал ҳам расида гузашт, дар Россия революсия шуд, аҳолии Бухоро ҳанӯз бехабар буданд. Агар касе, аз куҷо бошад, ин хабарро шунид ба касе мегуфт, албатта пичир-пичир ва гӯшакӣ мекард. Танҳо дар 4-ум маротибае баъд аз омадани газетаҳое, ки аз сарнагун шудани ҳукумати мутлақа ва худи подшоҳ хабар медоданд, агентии сиёсӣ расман хабар дод, ки подшоҳ аз тахт «ба ихтиёри худ» фуромад. Яке аз коркуноаи масъули агентӣ ба як ошнои худ гуфта буд, ки «мартабаи мо пештар паст буд, мо агенти сиёсӣ будем, акнун мартабаи мо баланд шуд мо резидент71 шудем». Вақте ки сарнагун шудани ҳукумати мутлақа расман эълон шуд, дар Когон ва дар таҳти дарвозаи шаҳри Бухоро намоишҳо, митингҳо шудан гирифт. Танҳо аҳолии Бухоро аз иштирок кардан ба ин гуна митинг ва намоишҳо маҳрум буданд. Дар Когон ва дар таҳти дарвозаи шаҳр (дар вокзалча) доимо агентҳо ва одамони қушбегӣ мегаштанд, агар яке ё чанд кас аз аҳолии Бухоро ба митинг ва намоиш наздик мешуданд, онҳоро дур мекарданд. Агар ягон одами маълум ва босавод ба манъи онҳо гӯш накунад ва ба митинг ё намоиш иштирок кунад, номи ӯро навишта гирифта, ба қушбегӣ ва қозикалон медоданд. Инҳо он одамро ҷеғ зада бурда меогоҳониданд, ки ба ин гуна корҳо иштирок накунад. Дар байни аҳолии Бухоро як навъ ҳаракат сар шуд, аммо талаби ин ҳаракат бисёр хурд буд ки як ислоҳоти дарбори амир ва ба ягон тартиб андохтани режими амирӣ буд, ислоҳи мактабҳо, ислоҳи мадрасаҳо, ислоҳи андозҳои заминӣ ва монанди инҳо буд. Ин талабҳо талабҳои нав набуда, масъалаи ислоҳот ҳам, масъалаи нав набуд. Масъалаи ислоҳотро пештар — пеш аз ҷанги ҷаҳон ҳам, дар ҳар сари чанд гоҳ матбуоти Россия мебардоштанд. Агентии сиёсии ҳукумати подшоҳӣ ба ин ислоҳот «раҳбарӣ» карданӣ мешуд. Ҳамин ки амир онҳоро аз пора сер кард, боз ин масъала мехобид. Баъд аз Революсияи Феврал дар сари ҳаракати ислоҳотталабӣ, мисли Фитрат ва Усмонхӯҷа ҷадидоне гузаштанд, ки онҳо дар Туркия хонда омада, ташвиқоти Пантуркистӣ мекарданд. Онҳо на танҳо дар байни худ, балки ба мардуми шаҳри Бухоро ҳам, ки бештарини онҳо забони ӯзбекиро намедонистанд, бо забони туркии усмонӣ гап мезаданд. Бо эълон шудани Революсияи Феврал онҳо дар талаби ислоҳот афтоданд. Аммо дар ин талаб ягон такягоҳе надоштанд, чунки онҳо дар хусуси ислоҳот на дар байни аҳолии қишлоқ ва на дар байни аҳолии шаҳр ҳеҷ, ташвиқот набурда буданд ва баъд аз Революсияи Феврал ҳам дар паи ин гуна ташвиқот нашуданд, ҳатто дар ин хусус ягон программаи навиштае ҳам надоштанд ва нанавиштанд ҳам. Танҳо каси бисёреро дар атрофи худ ғун карда, «мо ислоҳот талаб мекунем» мегуфтанд. Номи ин тӯдаро «Ҷамъияти махфӣ» номида буданд ва ҳол он ки дар он тӯда на танҳо тамошобинон, балки қисми куллиро одамон ва агентҳои рӯйрости ҳукумати амир ва фарзандони калонони дарбори амир ташкил мекарданд, ки ҳар гуна ислоҳот ба манфиати онҳо зарар дошт. Ҷадидон ислоҳотталабон ба Ҳукумати Муваққата ба Петроград ариза фиристоданд, ки амирро фармояд, то ки ӯ барои онҳо ислоҳот карда диҳад ва ҳамчунин як ариза ба губернатори Туркистон — Куропаткин72 ҳам фиристоданд. Фитрат ва Усмонхӯҷаро ба Оренбург фиристоданд, ки аз қазоқони пантуркист ёрмандӣ талаб кунанд. Кори амалии якӯми ҷадидони ислоҳотталаб иборат аз ҳамин буд. Амир ҷамъияти махфии мо чӣ кор кард? Бо афсӯс иқрор кардан даркор аст, ки ӯ ҳам ҳеҷ, кор карда натавонист. Баъд аз эълон шудани Революсияи Феврал ҷамъияти мо се бор ғун шуд. Ин се бор ҳам тамоман бо ҷанҷол гузашт. Ман таклиф кардам, ки ҷамъият дар ҳолати махфигӣ истад. Аммо мувофиқи талаби ҳозира программае сохта дар бисёр кардани аъзо кӯшиш кардан, лекин мисли пеш боз ҳам аъзоҳоро санҷида гирифтан даркор аст. Аъзоёни ҷамъият бояд дар ҳамаи ҳаракатҳои рӯйрост ва нимрӯйрост иштирок кунанд. Аммо хаттӣ ҳаракати худро аз ҷамъият гиранд ва дар гузаронидани ин фикр ва хатти ҳаракат ба дигарон, кӯшиш кунанд. Дигарон дигар ранг таклиф мекарданд: модом ки дар Россия революсия шуд, ҷамъияти махфӣ ҳеҷ даркорӣ надорад, мо ҷамъияти худро барҳам дода, аз паи онҳое, ки хонда омадаанд, меравем. Дар тарафи ман танҳо додарам Сироҷиддин (дар соли 1918 аз тарафи амир кушта шуд73), Ҳомидхӯҷаи Меҳрӣ (ин ҳам дар соли 1918 аз тарафи амир кушта шуд) ва Мирзо Назрулло74 (ин дар соли 1917 дар қатори ман дастгир шуда, дар як хона бо ман ҳабс гардид ва бо ман дар як ҷо 75 чӯб зада шуда ва дар рӯзи саввум бо зарбаи ин чӯбҳо дар беморхона мурда монданд). Баъд аз серӯза ҷанҷол оқибат ман маҷбур шудам, ки таклифи худро дигар кунам ҷамъият баста нашавад, фақат муваққатан аз кор бозистад, аъзоёни ҷамъият аз пушти ҳар кас раванд, ихтиёр доранд, валекин ҳар гоҳ, ки ба ҳаракати рӯйрост ё нимрӯйрост роҳ намонад, ҷамъият бо ҳайати кӯҳнааш ба кор медарояд ва ба шароит нигоҳ карда, программае қабул намуда ба кор медарояд ва ҳар касеро, ки муносиб бинад, ба ҷамъият ҷалб мекунад». Ин таклиф қабул шуд, бе он ки аъзо ва корҳои то он вақт кардаи ҷамъият эълон карда шавад, вай аз кор бозистод. Ғайр аз ман, Ҳомидхӯҷа, Мирзо Назрулло ва додарам, ҳамагӣ аз паси Фитрат ва ёрони ӯ рафтанд. Ман бошам, бо онҳо алоқаи ғайрирасмӣ мекардам ва кӯшиш мекардам, ки онҳоро ягон-ягон дида ба роҳи дурусти самарадоре андозам, ҳеҷ набошад, ба онҳо фаҳмонам, ки агентҳои амир ва ҳукумат ва дигар провокаторҳоро дар пеши худ роҳ надиҳанд, аммо фоидае набахшид. Чунки худи ин «роҳбарон» провокатор буданд ва одамони кӯчагиро саргардон мекарданд. Ман масъалаи дар байни деҳқонон ташвиқот бурданро дар пеши онҳо мондам ва «модом ки як қисми ислоҳот ислоҳоти андози замин аст, дар ин бора деҳқононро тайёр кардан даркор аст», гуфтам. — Мо ба воситаи Ҳукумати Муваққата амирро маҷбур мекунем, ки ӯ ба мо ислоҳот диҳад. Вақте ки ислоҳот дод, деҳқон, ки ин ислоҳот барои ӯ фоида дорад, албатта «не» нахоҳад гуфт, — гуфта ба ман ҷавоб доданд. Шахсан худам як бор барои аҳволфаҳмӣ ба қишлоқ баромадам ва то Вобканд, ки аз шаҳр 24 километр аст, рафтам ва дар дили деҳқонони гуногун, дар қишлоқҳои гуногун ҷанг андохта дидам. Аммо он деҳқонон он деҳқононе набуданд, ки ман дар байни онҳо дар соли 1916 ва пештар аз он будам ва дар бораи зулми амир бо онҳо сӯҳбат мекардам. Онҳо ба суханҳои ман аз зиндагонии худ мисолҳо оварда гиря мекарданд. Акнун он деҳқонҳо нест шуда буданд, дар ҷои онҳо деҳқонони мутаассиб пайдо шуда буданд, ки ҳар кори амирро мувофиқи шарт ва ислоҳотталабонро кофир медонистанд. Чунки бо сар шудани Революсияи Феврал ҳукумати амир ва тарафдарони ӯ ба воситаи муллоҳо деҳқонони бесаводро аз номи дину шариат ба муқобили ҳар гуна ислоҳот ва ислоҳотталабон тайёр карда буданд. Деҳқонони бой, арбоб ва оқсаққолон, ки чӣ будани ислоҳотро мефаҳмиданд, ба худашон зарар доштани ислоҳотро ҳам мефаҳмиданд ва онҳо ба худии худ тарафдори ҳаракати худсаронаи амир, муқобили ҳар гуна ислоҳот ва ислоҳотталабон буданд ва онҳо ҳам кӯшиши мекарданд, ки оммаи деҳқонро ба мукобили ислоҳот хезонанд. Ман ин саёҳати худро бефоида ёфта аз Вобканд боз ба шаҳр баргаштам. Ман дар он вақтҳо аз ҳаракати коргарии Россия ба маънои сиёсиаш ҳеҷ хабар надоштам. Худам маълумоти сиёсии револютсионӣ надоштам, аз тарафи ягон ташкилоти револютсионӣ, лоақал аз ягон шахси револютсионер, тарбия ва роҳбарӣ нагирифта будам. Бинобар ин чӣ кор карданамро надониста, як дараҷа ҳайрон ва саргардон будам. Аризаи ба Ҳукумати Муваққата фиристодаи ислоҳотталабон «бенатиҷа» нарафт. Рӯзе ба номи агентии сиёсии давлати Россия ва ба номи амир як телеграмма омад. Мазмуни телеграмма тахминан ин тавр буд: «Аҳолии Бухоро ислоҳот талаб мекардаанд. Талабашон дар доираи «Ризои ҷаноби олӣ» қаноат кунонда шавад» (ман мазмуни ин телеграммаро аз касе, ки ҳам бо қушбегӣ ва ҳам консулхона алоқа дошт, шунида будам). Баъд аз омадани ин телеграмма дар миёнаи мардум миш-миш овоза шуд, ки амир ислоҳот мекардааст. Аммо касе намедонист, ки амир дар чӣ доира ва чӣ андоза ислоҳот мекунад. Аммо ҳамин қадар маълум буд, ки рафту омади коркунони масъули агентӣ ва худи агенти сиёсӣ Миллер ба пеши амир бисёртар шуд. Ҳатто онҳо баъзе шаб тамоман дар шаҳр монда, дар яке аз ҳавлиҳои амир мехобиданд. Ба касоне, ки ба «роҳбарон»-и ислоҳотталабоне, ки ба Петроград ба Ҳукумати Муваққата дар бораи ислоҳот ариза фиристода буданд, на қушбегӣ ва на агенти сиёсӣ, на расмӣ ва на ғайрирасмӣ чизе дар бораи ислоҳот намегуфтанд. Танҳо як бор, раиси агентии сиёсӣ Миллер ду-се нафар роҳбарони ислоҳотталабонро ба ҳузури худ даъват кард (ман дар он миён набудам) ва аз онҳо талабҳояшонро пурсид. Онҳо аз ислоҳоти мактаб ва мадраса сар карда, то ислоҳоти дигар ягон-ягон гуфта доданд. Миллер дар ҷавоб «барои ислоҳоти мактаб ва мадраса ҳанӯз барвақт аст, муллоҳои калон муқобиланд, дигар корҳо бошад, бо марҳамати ҷаноби олӣ хуб хоҳад шуд», гуфт. Дар паси ҳамин мусоҳиба, Миллер ба мухбирони матбуот хабар дод: «Ҷаноби олӣ—амири Бухоро ислоҳоти васее мекунанд». Лоиҳаи фармони ислоҳот аз тарафи агентӣ дар тайёр шудан буд. Мазмуни он фармон даҳонакӣ ба кӯчаҳо паҳн мешуд. Ҳама умедвори ислоҳот буданд. Таҳияе, ки ҳукумати амир дар ин бора дид, қозикалон ва раиси Бухороро, ки дар ислоҳот рӯйрост муқобил буданд, аз кор баровард, дар ҷои онҳо қозӣ Шарифҷонро қозикалон ва Абдусамадхӯҷаро раис кард, ки инҳо ба ислоҳот як дараҷа тарафдор буданд. Қушбегӣ дар вақти ба инҳо фармони мансабро супурдан гуфт, ки «ба ҷаноби олӣ пешкаши шукрона фиристодан ва ба калонҳо «муборакбодӣ» додан барин одатҳои кӯҳна тарк карда шавад. Чунки ин корҳо бо фармони ислоҳоти ҷаноби олӣ манъ карда шудааст» (ҳоло фармон эълон нашуда буд). Баъд аз якчанд рӯз боз ҳамин қушбегӣ ба ҳамин қозикалон хат кард, ки «пешкаши шукрона ба ҷаноби олӣ фиристода шавад. Бо ислоҳотталабон наздикӣ накунед, раисро ҳам фаҳмонед, ки худро аз ин гуна корҳо нигоҳдорӣ кунад» (ин мактубро ман дар хонаи Шарифҷон-маҳдум, ки хӯҷаини собиқи ман буд, бо чашмони худ хондам). Ин мактуб бо равшанӣ ва ошкороӣ нишон медод, ки ҳукумати амир аз нияти ислоҳот баргаштааст. Ман дар ин бора боз ба такудав афтодам. Дар натиҷа фаҳмидам, ки қушбегӣ ба касе, ки ӯ наздик ва дар боби ислоҳот машваратчии ӯ будааст, гуфтааст: «Акнун фармони ислоҳотро нашр накунем ҳам мешавад, чунки ба воситаи консулхона (агентии сиёсӣ) дар Петроград се миллион сӯм харҷ кардем. Дар натиҷа аз Клемм75 телеграмма гирифтем, ки Ҳукумати Муваққата ислоҳот кардан ё накарданро тамоман ба ихтиёри ҷаноби олӣ вогузоштааст» (Клемм касе буд, ки дар вақти ҳукумати мутлақа корҳои Осиёи Миёнаро идора мекард ва дар вақти Ҳукумати Муваққата ҳам айнан дар ҳамон мансаби худ буд). Ин воқеаро ман ба роҳбарони ислоҳотталабон калонони ҷадидон хабар додам ва ба овозаи ислоҳоти амир, ҳатто агар фармон барорад ҳам, ба он гуна фармони провокаторӣ бовар накарданро ва барои ба даст даровардани мақсад чораҳои ҷиддитар диданро, ташкилотро махфӣ карда, аҳолиро барои талаби ислоҳот ҳозир карданро талаб кардам. Аммо онҳо ин маслиҳатҳоро нашуниданд ва шунидан ҳам намехостанд, онҳо фақат барои дар рӯзи эълони фармони ислоҳот ба намоиши шодиёна кардан ва ба амир арзи ташаккур намудан тайёрӣ медиданд. Барои ин кор байрақҳои бахмал тайёр карда ва дар онҳо бо калоботӯн (бо риштаҳои тиллоӣ) «зинда бод амири ҳурриятпарвар амир Олимхон» ва монанди ин гуна шиорҳоро менавиштанд. Ин буд «тайёрии муҳимми» онҳо дар бобати ислоҳот. Охири рӯз эълони фармони ислоҳот даррасид, 6-ӯми апрели соли 1917 (бо ҳисоби кӯҳна) рӯзи паҷ-шанбе одамони қушбегӣ ба қозикалон, раиси Бухоро, ба саркардаҳои калон, ба муллоҳои калон ва ба чил нафар аз бойҳои калон хабар доданд, ки рӯзи ҷумъа 7-уми апрел соати даҳ дар «арки олӣ» ҳозир шаванд. Ин таклиф даҳонакӣ буда, сабаби даъват ҳам маълум карда намешуд. Аммо мардум мегуфтанд, ки «фармони ислоҳот эълон карда мешавад». Даъватшудагон дар соати муайян дар арк ғун шуданд. Амир ҳам дар он маҷлис иштирок кард. Бо ишорати қушбегӣ қозикалон фармонро хонд. Дигар ҳеҷ нутқе ва гапе нашуд. Бо ҳамин маросими эълони фармон тамом шуд. Одамони амир чанд нусхаи он фармонро ба Регистон бароварда дар байни одамони ғуншуда ҳаво доданд. Фармонро хондем «мурда кирои гиристан намекард». Фармон бо ҳарфи арабӣ дар забони тоҷикӣ дар матбааи сангии дастӣ чоп карда шудагӣ буд. Хулосаи мазмуни ои ин буд, ки амир дарбори худро ислоҳ мекунад, барои коркунони ҳукумат моҳона таъин мекунад. Ҳукуматдорон ҳаракати худсарона намекунанд. Закот, хироҷ ва дигар андозҳо ба тартиби муайян андохта мешавад. Инъом, эҳсон ва пешкашҳои дарборӣ барҳам дода мешавад. Дар Бухоро як матбаа кушода мешавад. Аз мардуми «доно ва соҳиби дониши» Бухоро дар пеши ҳукумат як маҷлиси машваратӣ таъин карда мешавад. Хазинаи ҳукуматӣ муайян карда, харҷу дахл ба ҳисоб гирифта мешавад. Вассалом. Ин мазмун дар як саҳифаи калон, бо иборатҳои каснофаҳм навишта шуда буд ва дар чанд ҷои ин фармон такрор мешуд. «...ислоҳот ва табаддулоти идораҳои ҳукуматии мо бар вафқи76 шаръи шариф шуда...» Худи ҳамин қайд нишон медод, ки ҳеҷ кор нахоҳад шуд ва ҳар талабе, ки ислоҳотхоҳон ба майдон андозанд, ба баҳонаи ин, ки «мувофиқи шаръи шариф нест» рад хоҳад шуд, аммо оммаи ислоҳотхоҳон ин нуқтаро намефаҳмиданд ва роҳбарони онҳо — ҷадидон бошанд, ин «бахшиши амир»-ро хуш қабул карда, бо роҳи провокасия, барои арзи ташаккур ба амир тайёрӣ медиданд. Зотан, байрақҳоеро, ки дар онҳо шиорҳои «зинда бод амири ҳурриятпарвар амир Олимхон!», «зинда бод амири озодихоҳ!» навиштагӣ буд, пештар тайёр карда монда буданд. Дар рӯзи нашри фармон — 7 апрел (ба ҳисоби кӯҳна), рӯзи ҷумъаи соли 1917, роҳбарони ҷадидон дар кӯчаҳо митинг ташкил карда, фармонро шарҳ дода дар ҳар сухан ба амир изҳори ташаккур карданд. Аммо бо ин қаноат накарда, дар рӯзи шанбе, 8-уми апрел намоиши шодиёна ва шукрона ташкил карданӣ шуданд. Барои тайёрӣ ба ин кор соати 5 рӯзи ҳафтум — бегоҳӣ дар як ҳавлӣ ғун шуданд

– Тахмини «виходи» пунбадона ҳамин аст, ки агар 8 пут ғӯза ду пут пахтаи тоза дода бошад, бояд аз вай 4 пут пунбадона барояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2