Ёддоштҳо-Қисми 4
Дар соли таҳсили 1894—95 Ғафур-маҳдум, ки қории ҷамоаи мо буд, дусола дарсро якбора партофта «пешқадам шуд» (барои зудтар хатм карда қозӣ шудан). Дар ҷамоаи мо дигар махдуми намоёне набуд. Бинобар ин Мулло Иброҳим ном яке аз бойбачагони Бухоро қорӣ шуд, Иброҳим саводи форсӣ-тоҷикӣ дошт, дӯстдори адабиёт буд, ҳатто худаш шеър ҳам машқ мекард. Аммо саводи арабӣ надошт. Бинобар ин ӯ маро барои худ дарстайёркунанда кард. Ман ҳар рӯз иборати дарсро ба ӯ дуруст ёд медодам, ки ба пеши домулло ва шарикон шарманда нашавад. Иброҳим бепадару модар буд, бо мероси аз падар мондааш зиндагӣ мекард. Додараш савдогар буд. Ғафур-махдум ба ҳавлии дарун ва Иброҳим ба болохонаи берун меистоданд. Пухтупазу ҷомашӯиаш дар ҳавлии додараш мешуд. Иброҳим шеър машқ мекард ва Осим тахаллус дошт42. Мулло Холӣ ном як шоири Уротеппагӣ дар шеър ба ӯ муаллимӣ мекард. Аммо дараҷаи устод ва шогирд қариб баробар буд. Ман ҳам он вақтҳо гоҳ-гоҳ шеър менавиштам. Аммо ба касе нишон намедодам. Ҳар шеъри навиштаамро борҳо хонда медидам. Баъд аз понздаҳ рӯз ё як моҳ бемаънӣ буданӣ вай ба худам маълум мешуд ва пеш аз он ки касе дида бошад, сӯхта нест мекардам. Он сол хӯрок ва пӯшоки ман аз хонаи Иброҳим шуд. Хонаи ӯ мисли хонаи Шарифҷон-махдум набошад ҳам, аз адабиёт холӣ набуд. Азбаски бойбачча буд, дастархони кушодае дошт, баъзе шоирон ва мусиқанавозон ба он ҷо омада мерафтанд. Дар сари тобистони соли 1895 Иброҳим Осим ба мақсади саёҳат ба ҳаҷ рафт (зикри Осим дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳаст) ва дар вақти рафтанаш ба ман як девони чопии Ҷомиро ёдгорӣ дод, ки ҳанӯз дар дасти ман ҳаст. Дар он тобистон ман дар мадрасаи Бадалбек будам, ошпазӣ ва ҷомашӯии ҳар касро мекардам. Аммо дар миёнаҳои тобистон дар мадраса касе намонд ва ҷое набуд, ки ман ошпазӣ ва ҷомашӯӣ карда шиками худро сер кунам. Як рӯз тамоман чизе нахӯрдам. Рӯзи дуввум саллаи муллобачагиро партофта ва ба қиёфаи мардикорбачагон даромада, ба бозори мардикор рафтам ва дар қатори мардикорони харидорталаб нишастам. Ҳар кас-ҳар касро савдо карда мебурд ва ба ман (шояд аз ҷиҳати хурдсолиам бошад) харидоре муроҷиат намекард. Дар ҳамин вақт як харидор ба бозори мардикор омад, ки ӯро ман мешинохтам. Ӯ дар мадрасаи мо— дар мадрасаи Бадалбек истиқомат мекард. Ба ӯ ҳар кас «Махдуми ҳазорагӣ» гуфта хитоб мекард. Ин одам маро дар ин ҷо дида:
– Барои кӣ мардикор мебарӣ? — гуфта пурсид.
– Ман ба ин ҷо барои мардикор бурдан наёмадаам, — гуфта ба ӯ ҷавоб додам.
– Магар худат ба мардикори рафтан мехоҳӣ?.. Ин кор барои муллобача айб аст!
– Барои муллобача магар аз гуруснагӣ мурдан ё ин ки гадоӣ кардан айб нест?
Ӯ ба ин гапи ман ҷавоб гуфта натавонист, хиҷолат кашид, сурх шуд ва шармгинона гуфт: — Хуб, ин тавр бошад, ҳамин ҷо ист, ман ду мардикор мегирам ва туро ҳам дар қатори онҳо ба иморати як ошнои худ мебарам. Хӯҷаин одами хубест қадри мулло ва муллобачаро медонад. Ба ҷои бегона нарав! Зотан барои ман ягон харидори бегонае набаромада буд. Ночор ӯро нигарон шуда нишастам. Ӯ баъд аз савдо ва талоши бисёре ду мардикорро ҳар кадом дутангагӣ (30 тинӣ) савдо карда овард ва моро гирифта ба гузари Лаби ҳавзи Чӯббози Бухоро бурда ба ҳавлие даровард. Дар он ҷо устову мардикорон чою нон хӯрда менишастанд, мо ҳам дар қатори онҳо нишастем. Усто маро аз назар гузаронида ва ба Махдуми ҳазорагӣ нигоҳ карда:
– Ин бача ба бом лой кашида наметавонад, — гуфт.
– Ба бом лой кашида натавонад, аз лойхона пеши бом ва аз лаби бом пеши шумо лой бурда метавонад-ку, — гуфт. Маҳдуми ҳазорагӣ ва худаш аз пеши мо ғоиб шуд.
Баъд аз чанд дақиқа Махдуми ҳазорагӣ маро аз пеши мардикорон имо карда хезонд ва ба роҳрави ҳавлӣ бурда ба болохонае баровард. Дар болохона як одами нимбемор мехобид, ӯ баъд аз салому алек аз ман пурсид:
– Хат доред?
– Кам-кам.
– Бисёр хуб, шумо имрӯз дар қатори мардикорон кор накунед, ман ба шумо як кори муносиби худатон мефармоям.
Махдуми ҳазорагӣ рафт ва хӯҷаин аз токчаи болохона як дафтарро гирифта пеши ман гузошт ва гуфт: — Шумо ин дафтарро кушода аз яксар хонед, ман шунавам. Ман дафтарро кушодам: рӯйхати бетартиб навишташудаи хӯҷаин буд. Ӯ аз кӣ чӣ харидааст ва ба кӣ чӣ фурӯхтааст — дар ин дафтар буд. Аммо бештарини онҳоро хондан мумкин набуд. Ман баъзеҳояшро мехондам ва баъзеҳояшро тамом хонда натавониста, аз ҳар ҷо баъзе калимаҳояшро мехондам ва ба ёди хӯ-ҷаин чӣ будани он рӯйхат омада ба ман гуфта медод. Баъд аз як-ду саҳифа хондан, ӯ:
– Бас кунед акнун. Ин дафтарро тоза кардан даркор аст, — гуфт.
– Магар ин дафтарро Махдуми ҳазорагӣ навиштаанд? — гуфта ман пурсидам.
– Он кас хат надоранд. Мактабдори гузар навишта буд, маълум шуд, ки ӯ ҳам бадхат будааст, дафтари маро вайрон кардааст, — гуфт ва аз токча дафтари дигареро, ки ҳанӯз дар вай чизе навиштагӣ набуд, гирифта ба ман дод ва гуфт:
— Рӯйхати дар он дафтар бударо ба ин дафтар хоно карда гузаронед. Ман ба кор сар кардам. Аз рӯйхати чизҳо маълум шуд, ки хӯҷаин чарчинфурӯш ва хӯрдафурӯш будааст, ки дар байни чизҳо пошна, мехчаи чӯбин, мехчаи оҳанин, ширеш, лок ва елим барин чизҳо дида мешуд. Ман дар ин ҷо се рӯз кор карда ошу нон хӯрдам ва дутангагӣ шаш танга (90 тин) музди кор ҳам гирифтам. Баъд аз тамом шудани ин кор хӯҷаин бо ман як муоҳидаи даҳонакӣ баст: Ман ҳар рӯз бегоҳонӣ ба ҳавлии ӯ меоям. Ӯ хариду фурӯши ҳамон рӯз кардаашро ба ман менависонад ва ман ошро хӯрда ба ҳуҷраи худ меравам: — Дар рӯйхати ҳаррӯза фақат як соат вақтатон сарф мешавад. Дар муқобили ин хизмат ошро бо мо мехӯред ва музди дигар тамаъ накунед, — гуфт. Ман розӣ шудам ва дар вақти рафта истоданам ӯ: — Ман гумон мекунам, ки то се рӯзи дигар қуввати ба дӯкон рафтан пайдо мекунам. Аз ҳамон рӯз кори шумо сар мешавад. То сар шудани кор ҳам ҳар рӯз бегоҳонӣ ба хонаи мо омада ошатонро дар ҳамин ҷо хӯред, ~ гуфт. Ман «хуб» гуфта рафтам. Аммо то сар шудани кор барои ошхӯрӣ наёмадам. Шаш танга пул доштам. Барои хӯроки ман ҳар рӯз даҳ тин кифоя буд. Баъд аз он хӯҷаин ба дӯконаш мерафтагӣ шуд, Махдуми ҳазорагӣ ба ман хабар дод ва ман ба кори рӯзе яксоатӣ даромадам ва ошро аз он ҷо хӯрдам. Он тобистон бештарин ман ба адабиёт шуғл кардам. Девони Соиб ва Ҷомиро такрор ба такрор мехондам. Як девони кӯтоҳ кардашудаи Навоӣ ҳам, ки падарам навишта будааст, дар даст доштам, вайро ҳам хонда ба ёд гирифтани забон ва шеъри туркӣ кӯшиш мекардам. Дар мадрасаи Бадалбек Мулло Рӯзӣ ном як муллои пешқадам буд, ки адабиётдӯст буд. Худаш аз деҳаи Қӯлбаи Карамкорони Бухоро буда, падараш дар пеши мадраса лаблабуфурӯшӣ мекард. Ӯ хеле қашшоқ буд, бо вуҷуди адабиётдӯстиаш ғайр аз як девони чопаи Ҳофиз дигар китоби адабиёт надошт. Ӯ Ҳофизро қариб тамоман ёд медонист ва ба ман хонда медод. Ҷойҳоеро, ки ман нафаҳмам, эзоҳ медод. Ман хуҷраи ӯро рӯфта за либосҳояшро бемузду миннат шуста медодам. Ӯ дар бадали ин гуна хизматҳои дусолаам, ҳамон девони Ҳофизро ба ман ёдгорӣ дод: — Ман Ҳофизро ёд медонам, ба ман даркор нест, дар ту бошад, — гуфт (он девони Ҳофиз ҳанӯз дар дасти ман ҳаст). Он тобистон, ғайр аз адабиёт, ман ба базмгардӣ ҳам шуғл кардам. Дар Бухоро дар мавридҳои тӯй ё ягон мавриди дигар базми дойрагӣ мекарданд. Ба он базмҳо ғайр аз меҳмонони хусусии соҳиби тӯй рафтани ҳар кас ҳам мумкин буд, ки ин гуна одамҳоро «дойрахабар» мегуфтанд. Мулло Рӯзӣ ба ин гуна базмҳо бисёр мерафт ва маро ҳам ҳамроҳи худ мебурд. Мо дар он гуна базмҳо рақс тамошо мекардем ва ҳофизӣ мешунидем. Баъзан дойрадастони забардаст вомехӯрданд, ки хуб менавохтанд ва нағз мехонданд. Муллоча ном дойрадасти саводнок буд, ки шеърҳои классикиро рост ва хуб мехонд. Ду байти Бедилро аз вай шунидам, ки ҳанӯз аз дили ман таъсири онвақтааш нарафтааст:
Яке:
Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман!
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман!
Дигаре:
...Чашми шӯхаш айни ноз, абрӯи мушкин нози маҳз
Ин чӣ тӯфон аст, ё раб, ноз бар болои ноз!.. Ба ҳамин тариқа, одати базмгардӣ пайдо шуд ва ин одат то вақте ки дар Бухоро будам ва базми дойрагӣ буд, дар ман монд (базми дойрахабариро дар боби 12-уми қисми дуввуми романи «Дохунда» тасвир кардаам).
Дар соли таҳсили солҳои 1895 — 96 корҳои дарсхонӣ ва адабии ман хеле боло рафт. Дар он сол дар пеши домулло Икром ба ҷамоаи мо писари бародари Шарифҷон-махдум — Абдухалил-махдум ном ҷавоне қорӣ шуд, ки бо ман ҳамсол буд. Ӯ ҳам адабиётдӯст ва ҳам адабиётфаҳм буд. Дар китобхонаи ӯ қариб ҳамаи девонҳои классикҳо ва аз шеърҳои шоирони замони охирин баёзҳои гуногун буд, ки ман аз онҳо бемалол фоида мебурдам. Абдухалил-махдум дар забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ маълумоти хубе дошта бошад ҳам, дар дарсҳои арабӣ беқувват буд. Ӯ ҳам мисли дигар қориҳои ҷамоа бо ман дарс тайёр мекард. Лекин дарстайёркунии ӯ танҳо расмӣ ва барои омӯхтани иборати дарс набуда, кӯшиш мекард, ки дарсро ҳақиқатан омӯзад. Бинобар ин ӯ бо ман бисёр машғулӣ мекард. Ӯ ба ман дар хусуси пули ифтитоҳ (ҳаққи таҳсил) ёрмандӣ мекард. Китобҳои дарсиро ба ман орият (барои муваққат фоида бурдан) медод. Хӯроки пешинии ман ҳам гоҳо дар ҳуҷраи ӯ мешуд ва ба ман бо либос ҳам ёрмандӣ мекард. Дар мадраса ҳам кори ҷомашӯӣ ва ошпазӣ ёфт мешуд. Бинобар ин ман бо сар шудани таҳсил дафтарнависии чарчинфурӯшро тарк кардам.
Дар он сол баъзе аз шарик ва ҳамсояҳуҷраҳоям шеър навиштани маро фаҳмиданд. Яке аз ҳамсояҳуҷраҳоям, ки аз ман пасқадамтар буд ва дарсашро пеши ман тайёр мекард, шеър навиштани маро фаҳмида гуфт, ки: — Ман порсол дар мадрасаи Муҳаммадалӣ-ҳоҷӣ меистодам, дар он ҷо як муллобача буд, ки уро Махдуми Ҳайрат мегуфтанд ва ӯ ҳам мисли шумо аз дилаш ғазал мебаровард. — Агар ту бо ӯ шинос бошӣ, ягон рӯз гирифта биёр! —гуфтам ман ба он муллобача. Дар рӯзи таътили ҳамон ҳафта ӯ Ҳайратро гирифта омад. Ҳайрат як ҷавони қадпасти гарданкӯтоҳи лоғарбадани сиёҳчеҳра буд. Кам гап мезад ва чунон ки маънии тахаллусаш ифода мекунад, ҳамеша дар ҳайрат буд ва ба ҳар чиз бо ҳайрат нигоҳ карда меистод. Ӯ аз ман шеър талаб кард ва ман аз ӯ. Аввал ӯ як шеъри худашро хонд. Аз шеъраш бӯи шеърҳои классикҳо меомад. Ман дар дили худ аввал бовар накардам, ки ин шеър аз они худи ӯ бошад, баъд аз мусоҳибаи дуру дароз ва шеърхонии бисёр маълум шуд, ки ӯ иқтидори бисёр комиле доштааст ва қариб ҳамаи шеърҳои машҳурро аз ёд медонист, аз санъати шеърӣ, аз техникаи шеър, ва аз қоидаи вазну қофия тамоман хабардор буд. Ман ҳам ба ӯ як шеъри худро, ки бо тахаллуси «Айнӣ» ҳамон сол тобистон навишта будам, хонда додам. Писандид ва камбудиҳояшро ба ман гуфт, ки бо маслиҳати ӯ ислоҳ кардам. Баъд аз он мо бо Ҳайрат дӯсти бисёр наздик шудем. Чунон ки ман дар «Намунаи адабиёти тоҷик» гуфтаам43, дар шеър ҳамеша ӯ ба ман устодӣ мекард ва ман аз ӯ бисёр фоида бурдаам. Номи ӯ Муҳаммадсиддиқ буд, бо ман ҳамсол ва ҳамдарс буд. Фақат домуллоҳомо дигар-дигар буданд. Гуфтан мумкин аст, баъд аз алоқа пайдо карданам бо Ҳайрат, метавонам худро шоири расмӣ шуморам. Ман дар ин ҷо бояд дар бораи тахаллуси (лақабю адабии) худ эзоҳ диҳам. Дар солҳои аввале, ки ман дар Бухоро будам, мардум, хусусан муллоҳо, ба ман ба назари бисёр паст менигаристанд. Ба ин муносибат ман аввал барои худ калимаи «Сифлӣ»-ро тахаллус қарор додам. Рафта-рафта ин тахаллус маъқул нашуд: «мардум маро паст мешумаридаанд, аммо худам чаро худамро паст шуморам, не, ман паст нестам. Фарқи ман аз дигароне, ки маро паст мешуморанд, дар ин аст — ман қашшоқаму онҳо бой ва ман ба онҳо мӯҳтоҷам» ва ба ҳамин мулоҳиза ман «Сифлӣ»-ро партофта, барои худ калимаи «Мӯҳтоҷӣ»-ро тахаллус кардам. Рафта-рафта ин калима ҳам маъқул нашуд: «дуруст аст, ки ман мӯҳтоҷам, чаро мӯҳтоҷии худро ба одамҳо эълон кунам» — гуфтам ва «Мӯҳтоҷӣ»-ро ҳам партофтам. Баъзе одамҳо ҳаракатҳои ҷудогонаи ғайри оддии маро дида маро «қадаре девонагӣ дорад» мегуфтанд. Ман ҳам ба ин фикри онҳо тобеъ шуда, ба худ калимаи «Ҷунунӣ»-ро тахаллус кардам, рафта-рафта ин ҳам маъқул нашуд: «охир ман девона нестам», гуфтам дар дили худ ва дар фикри тахаллуси дигар афтодам. Баъзе муллобачагони саводнок ҳавас мекарданд, ки шеър машқ кунанд (ҳатто бесаводҳо ҳам) ва пеш аз он ки шеъре ба вуҷуд оранд, барои худ тахаллусе қарор медодаид ва ҳар гоҳ, ки яке аз ин гуна «шоирон» ба дигаре мисли худ вомехӯрд, аз ӯ тахаллуси ӯ, маънии он тахаллусро мепурсид. Вақте ки фаҳмиданд ман ҳам шеър менависам,аз ман тахаллусам ва маънии тахаллусамро мепурсиданд. Ман аз ин гуна пурсишҳо ба ҷон омада, дар паи ёфтани тахаллусе афтодам, ки маъниҳои бисёре дошта бошад. Ба ин мақсад китоби луғатро варақ зада медидам, ки ба назарам калимаи «айн» вохӯрд. Дар луғатҳо ба ин калима 48 маънӣ дода шудааст ва машҳуртари ин маъниҳо:1 1)чашм, 2) чашма, 3) оф-тоб ва чанди дигар аст, ки хеле муносиб аст. Ман ҳам худро ба ин калима, дар маънии чашм ва чашмаи он, нисбат дода тахаллуси худро «Айнӣ» қарор додам. Баъд аз он ҳар кас, ки аз ман маънии тахаллуси маро мепурсид, мегуфтам: 48 маънӣ дорад, луғатҳоро кофта худатон ёбед». Дар он вақтҳо ин ҷавоби ман як ҷавоби хеле аҳмақхомӯшкуни ҳайратовар буд. Аз шеърҳое, ки бо тахаллуси Сифлӣ, Мӯҳтоҷӣ ва Ҷунунӣ навиштаам, чизе дар миён нест. Ҳамаашро дар ҳамон вақтҳо бинобар беманъӣ буданашон худам сӯхтаам. Фақат тахаллуси Ҷунуниам дар як шеъри Ҳайрат, ки Бар Ҷунунӣ мекушодӣ гоҳ тумори итоб, Гаҳ хитоби ҳарфи ширин бар Камолӣ доштӣ мегӯяд, мондааст (Камолӣ ҳам тахаллуси яке аз шоирчаҳои ҳамон замон).
Дар соли 1896 дар шаҳри Бухоро дар гузари Сари пули Равғангарон Ҳоҷӣ Зоҳид ном як бой як мадраса сохт ва дар тақсими ҳуҷраҳои он мадраса ба муллобачагони беҳуҷраи қашшоқ як ҳуҷра ба акаи ман ҳам расид (бо ёрии Шарифҷон-махдум): Дар ҳамон сол Абдухалил-махдум аз мадрасаи Кӯкалоташ (барои вақфаш) як ҳуҷра харида истиқоматашро ба ман дод. Азбаски акаам пешқадам буд ва дарсгӯӣ ҳам дошт, ман ҳуҷраи Кӯкалтошро ба ӯ дода ба ҳуҷраи мадрасаи нав, ки ба номи ӯ буд, худам рафтанӣ шудам. Аз рӯи қуръа ҳуҷраи болои дарвозаи он мадраса ба ман расид. Ман дар сари таҳсили соли 1896—1897 ба он ҷо кӯчида рафтам. Дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид ихтилоти ман бо мардуми оммаи Бухоро хеле бисёр шуд. Дар наздикии он мадраса дар гузари Лаби ҳавзи Арбоб Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ном як шарики мо меистод, ки ӯ ҳам аз шоирчаҳои ҳамон замон буд ва дар соли 1918 ӯро амир кушт. Ман бо ӯ рафтуомад кардам. Дар ҳамон гузар Мирзо Ашраф ном сандуқсоз буд, ки падару модар ва ҳавлӣ надошт ва дар ҳавлии язнааш менишаст. Ӯ дар он ҷо танг шуда яке аз ҳуҷраҳои вайронаи пеши масҷиди Лаби ҳавзи Арбобро таъмир карда ба он ҷо кӯчид. Дар ҳуҷраҳои дигари он масҷид ҳам мисли ӯ одамони беҷой менишастанд, ки мулло набуданд ва касби муайяне надоштанд. Ҳуҷраи Мирзо Ашраф дар шабҳои таътили мо ба мо вазифаи клубро адо мекард. Дар он ҷо одамони гуногун аз табақаҳои гуногун ва аз ҳар гуна косибон ё бекорони сар-саригард ғун мешуданд, ки ман ҳам ба он ҷо мерафтам (барои тафсилот китоби алоҳида даркор аст.44 Фақат ҳамин қадарро мегӯям, ки барои омӯхтани зиндагонии он замон он сӯҳбатҳо ба ман фоидаи калон дод). Дар соли 1896 Шарифҷон-махдум хатм карда ба тумани Ҷондор (райони ҳозираи Свердлов) қозӣ шуда рафт. Ман бо Мирзо Абдулвоҳид ба пеши хӯҷаини собиқамон меҳмон шуда рафтем. Мирзо Абдулвоҳид мирзо шуда дар он ҷо монд, ман баъд аз меҳмонии понздаҳрӯза боз гашта ба Бухоро омадам. Баъд аз он ҳар сол тобистон Мирзо Абдулвоҳид пеши он қозӣ рафта мирзоӣ мекард ва дар зимистон Бухоро омада бо мо дарс мехонд. Азбаски ӯ ҳам дар дарсҳои расмӣ беқувват буд, бо ман дарс тайёр мекард ва мисли Абдухалил-махдум ӯ ҳам бо ман муовинат мекард. Дар он солҳо, хоҳ дар шеър бошад ва хоҳ дар дарс, ман хеле ном баровардам. Ранги дарстайёркунии ман ранги дарсгӯиро гирифт. Ҳатто шариконам ба ман «мударрис» лақаб доданд. Ман акнун ба ҷомашӯии одамон мӯҳтоҷ намешудам. Ошпазӣ кунам ҳам, ин ба тарзи хизматгорӣ набуда, ба тарзи ошноӣ буд, ки дар миёнаи коллективи шарикон ва ошноёни худам ҳамеша ман ошпаз будам. Акнун доираи дарстайёркунии ман аз доираи қориҳои ҷамоа ва шиносҳои худам баромада, ҳар гуна аз шариконам ва муллобачагон ба ман муроҷиат мекарданд. Дар мадрасаи Мири Араб Мулло Комил ном як муллобачаи ғиҷдувонӣ буд, ки бо мо шарикдарс буд. Зеҳни ӯ хеле паст, аммо ҳавас дошт, ки ҳар чизро ёд гирад. Лекин ба зудӣ ёд гирифта наметавонист. Ӯ ҳам ба ман муроҷиат кард, ки дар пеши ман дарс тайёр кунад. Барои ман дарси ӯро тайёр карда додан бисёр душвор буд. Лекин азбаски қашшоқ буд, агар қабул намекардам, дилаш шикаста мешуд. Ман қабул кардам ва қарор додам, ки ҳафтае ду шаб бо ӯ дарс тайёр кунам. Байни ҳуҷраи ман ва ӯ қариб як километр роҳ буд. Шаб баъд аз тайёр кардани дарс барои ӯ ба ҳуҷраи худ баргашта рафтан хеле душвор буд. Аммо ман дар ҳуҷраи худ фақат як кӯрпа доштам, ки барои худам буд. Ӯ ҳам дар ҳуҷраи худ танҳо як кӯрпа дошт, ки вайро оварда барои ҷои хоби худаш дар ҳуҷраи ман доимӣ монда наметавонист. Ночор дар шабҳое, ки ӯ бо ман дарс тайёр мекард, кӯрпаашро ба пушташ бардошта пеши ман меомад ва баъд аз кор дар кӯрпаи худ печида пеши ман мехобид ва саҳар кӯрпаашро бардошта ба ҳуҷраи худ бурда мемонд ва баъд аз он ба дарси дарсхона мерафт. Ман то соли 1898 (1316) дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид будам. Дар он сол акаам хатм карда ва хонадор шуда ба саҳро кӯчид ва ман ба ҷои ӯ ба мадрасаи Кӯкалтош кӯчида дар ҳуҷраи Абдухалил-махдум истиқомат кардам. Дар соли 1900 коре шуд, ки ба ман ва баъзе шариконам инқилоби фикрӣ рӯй дод. Дар он сол Шарифҷон-махдум аз қозигӣ маъзул шуда буд, ки дар Бухоро меистод. Ӯ «Наводирулвақоеъ» ном китоби Аҳмади Калларо ба даст дароварда барои нусхабардорӣ ба Мирзо Абдулвоҳид супурдааст.45 Мирзо Абдулвоҳид ҳамон вақтҳо дар мадрасаи Мулло Муҳаммадшариф—дар гузари Ғозиён меистод. Ману Ҳайрат гоҳе пеши ӯ мерафтем ва парча-парча аз ҳар ҷои он китоб мехондем. Дар он китоб дар зимни ҳикоя ва му- соҳибаҳо чизҳое тасвир меёфт, ки мо онҳоро дар зиндагонии ҳаррӯза медидем ва намеписандидем. Муаллиф ана ҳамон чизҳоро тасвир карда танқид мекард. Баъд аз тамом шудани китобат, Шарифҷон-махдум аз ман хоҳиш кард, ки нусхаи навишташударо бо нусхаи аслӣ—дастхати муаллиф бо Мирзо Абдулвоҳид татбиқ намоем. Дар вақти татбиқ мо сартосари он китобро хонда баромадем. Агарчи як қисми он китоб ба масъалаҳои нуҷуми қадим, масъалаҳои хилқати олам назар ба фалсафаҳои хурофӣ, бахшида шуда бошад ҳам, қисми куллиаш оид ба зиндагонии онрӯза буд. Муаллиф усули идораи амир, муомилаи маъмусони ӯ ба мардум, қозиҳо, раисҳо ва дигарҳоро танқид мекард, Мадрасаҳо, мударрисҳо ва усули дарсгӯии онҳоро, ҳам чизҳоеро, ки дар он вақтҳо дар он мадрасаҳо мехонданд, танқид мекард. Касбҳо, пешаҳо, заношӯӣ, муомилаи оилагӣ, тартиби зангирӣ, занталоқкунӣ ва дигарҳоро ягон-ягон танқид мекард. Ин китоб ба мо чунон таъсир кард, ки назари мо ба амир, вазир, ба муллоҳо ва ба зиндагонии онрӯза қариб тамоман дигар шуд. Муаллиф чор сол пеш аз дидани мо китоби ӯро (дар соли 1896—1314 ҳиҷрӣ) мурда бошад ҳам, Ҳайрат ба ҷӯш омад ва барои ӯ ду марсияи таърихдор навишт46. Ҳайрат гоҳ-гоҳ «Ҳабл-ул-матин»47 ном газетаи форсиро, ки дар Ҳиндустон чоп мешуд, аз куҷо буд, ёфта меовард, гоҳо «Чеҳранамо»48 ном газетаи форсиро, ки дар Миср чоп мешуд, меовард. Мо ба воситаи ин газетаҳо як дараҷа ба аҳволи дунё вофиқ мешудем. Дар ҳамон вақт Абдуқодир-махдум ном як шарикдарс доштем, ки ӯ аз куҷо буд газетаи «Тарҷумон»49 меовард. «Тарҷумон» дар Боғчасарой нашр шуда, нимааш тоторӣ ва нимааш русӣ буд. Дар он вақтҳо ҳукумати ҷорӣ ба тоторҳо дар нашр кардани газета ба забони худҳошон рухсат намедодааст. Ношири газетаи «Тарҷумон» бо шарти ба забони русӣ тарҷума карда баровардани чизҳое, ки ба забони тоторӣ нашр мекунад, рухсат гирифта будааст ва бинобар ин номи газетаи худро «Тарҷумон» монда будааст. Ҳеҷ кадоми мо забони тоторӣ намефаҳмидем. Аз калимаҳои байналмилалӣ ва русӣ, ки дар он газетаҳо бисёр вомехӯрд, тамоман бехабар будем. Абдулқодир-маҳдум даъво мекард, ки ӯ ҳамаашро об барин медонад ва ҷоҳоеро, ки мо намефаҳмидем, ӯ ба мо «эзоҳ» медод. Калимаи парламентро чунон эзоҳ дод, ки ҳоло ҳам ба хотирам ояд, хандаам меояд:1 — Парламент чист?—ман аз ӯ пурсидам. — Дар миёнаҷои рӯи замин, — гуфт ӯ, — шаҳре ҳаст, вайро Пориж меноманд ва дар миёнаҷои шаҳри Пориж биное ҳаст, ки вайро парламент меноманд. Дар парламент одамони доно ва пурзӯр нишастаанд ва ба ҳар масъалаи сиёсӣ ки аз он ҷо пурсида шавад, онҳо ҷавоби рост ва дурустро мегӯянд... Дар он вақтҳо амири Бухоро—Абдулаҳад50 ба шаҳр намедаромад ва бештарин дар Кармина меистод ва мардум мегуфтанд, ки ҳукумати рус амирро аз даромадан ба пойтахташ манъ кардааст. «Муаллими забони тотории мо» ана ҳамин ҳодисаро мисол гирифта гуфт, ки:1 – Агар, масалан, ягон машкоби Бухоро ба телеграфхона равад ва ба парламент телеграмма карда пурсад, ки «амири Бухоро чаро ба пойтахти худ намедарояд»—парламент ба ӯ ҷавоби дуруст медиҳад.
– Модом ки телеграф дар дасти ҳукумати рус аст, машкоби Бухоро чӣ гуна метавонад, ки ба парламент телеграмма диҳад, ё аз вай ҷавоби парламентро гирад—гуфта ман шубҳаи худро баён кардам.
«Муаллим» гуфт: — Парламент чунон зӯр аст, ки агар номи ӯро гиранд, ҳукуматҳои тамоми рӯи дунё гап зада наметавонанд ва аз тарс ба ларза меафтанд. Ин эзоҳ ба мо маъқул нашуда бошад ҳам, азбаски худамон маънии парламентро намедонистем, ночор дам шудем. Лекин баъдҳо фаҳмидем, ки «муаллими» мо чизеро намедонистааст, на танҳо калимаҳои байналмилалӣ ва русиро, ҳатто1 маънии калимаҳои тоторӣ ва туркиро ҳам намедонистааст, ӯ ҳам аз монанди худаш як нодон ин гуна эзоҳҳоро шунида; бовар карда омада ба мо мегуфтааст. Дар соли 1902 (соли 1320 ҳиҷрӣ) дар коллективи мо як талафи бисёр калон воқеъ шуда, як мусибати бисёр зӯре рӯй дод: Ҳайрат баъд аз дусола бемории силӣ дар тобистони ҳамон сол вафот кард! Ман дар вафоти ӯ чунон дар андӯҳ афтодам, ки дар марги падару модари худ ин қадар ғам накашида будам. Ман, ки дар мурдаи падару модари худ он қадар нагириста будам, дар вафоти ӯ бо ҳой-ҳой гиристам. То чанд сол ҳар гоҳ дунё ба дилам зада дилтанг шавам, ба сар қабри Ҳайрат баромада гириста дили худро холӣ мекардам51.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё