Ёддоштҳо-Қисми 7
Дар он маҷлис ман ҳам иштирок кардам. Дар он ҷо тамошобинҳо ва агентҳои махфии амир ҳам хеле буданд. Масъалаи намоиши шодиёна ва шукрона ба маҷлис гузошта шуд. Ман ба ин кор сахт муқобил истодам ва гуфтам: аввал он ки ин фармон ба ташаккур намеарзад, дуввум ин ки намоиши шуморо баҳона кар-да, ҳукумат аксулҳаракат мехезонад ва фармонро аз миён бардошта, масъулияти иҷро нашудани онро ба гардани намоишчиён бор мекунад (дар бораи ин плани амир ва ҳукумати ӯ дар ман маълумот буд). Аммо ин фиқри ман аз тарафи роҳбарони ҷадидон рад шуд ва дар тарафи ман се ё чор нафар монданд. Роҳбарони ҷадидон қарор доданд, ки ба Миллер агенти сиёсӣ ба Ҳукумати Муваққата вакил фиристода, барои намоиш аз ӯ рухсат гиранд ва ҳам ба воситаи ӯ аз ҳукумати амир дастаи музикачиёни ҳарбии давлатии амирро талабида гирифта, намоиши шодиёна ва шукронаро боз ҳам тантананок гузаронанд. Ман шабона якчанд дӯстони гапфаҳми худамро, ки онҳо ба роҳбарони намоишчиён наздик буданд, ғун карда, дар бораи манъи намоиши шукрона ташвиқот кардам ва плани амир, муллоён ва ҳукуматро аз рӯи маълумоти дурусте, ки ба ман расида буд, фаҳмондам. Онҳо розӣ шуданд, ки ба намоиш роҳ надиҳанд. Пагоҳи рӯзи шанбе 8-уми апрел дар пассажи Бухоро77 дар пеши магазини ширкати ҷадидон, ки ҷои ғуншавии онҳо буд, рафтам. Одам бисёр буд, ҳама бо шавқу завқ ба намоиш тайёрӣ медиданд ва байроқҳои бахмалии шиори «ташаккур» бо ҳарфи тиллоӣ навишташуда дар даруни магазин буд, аммо роҳбарон набуданд. Ман ба ҳуҷраи худ баргашта омадам ва ба як касе, ки бо ман дӯст буда, ба раҳбари намоишчиён наздик буд, хат навишта таклифи қатъӣ кардам, ки ба намоиш набароянд, вагарна онҳо ҷавобгар хоҳанд шуд. Ин хатро ба дасти яке аз шогирдони худ дода ба маркази намоишчиён фиристодам ва ба ӯ таъин кардам, ки намоиш сар шавад, ба ман хабар диҳад. Мақсади ман аз ин таъин бо сар шудани намоиш аз шаҳр баромада дар ҷое пинҳон шудан буд. Зеро ман медонистам, ки аксулҳаракат хезонда маро дастгир хоҳанд кард. Аммо ин «қосиди» ман баргашта наёмад ва баъд аз як соат дар кӯча овози по бисёр шуд. Аз тиреза нигоҳ кардам — муллоҳо бо калтак ва теша ба ҳар сӯ медавиданд. Одамони ҳукумат мусаллаҳона асп медавонданд. Аз даруни мадраса фарёд баромад. Гӯш додам муллоҳо «во шариато!» гӯён фарёд мекарданд. Баъд аз як соати дигар «қосиди» ман аз тарафи кӯча тирезаро кӯфта ба ман хабар дод, ки намоиш сар шудааст, аксулҳаракат хестааст, дӯконҳоро бастаанд, одамони амир баъзе ба намоиш иштирок кардагонро дастгир карда ҳабс карда истодаанд. Раҳбарони намоишчиён пароканда шуда гурехтаанд ва аз онҳо касе ба даст наяфтодааст, илло се нафар, ки онҳоро раҳбарон барои талаб карда гирифта овардани музикаи ҳарбӣ ба дарбори амир фиристода будаанд. Аммо барои ман роҳи гурез баста буд. Кӯча ва рӯи мадраса аз аксулҳаракатчиён пур буд. Овози «во шариато!» торафт баланд мешуд. Агар маро медиданд, онҳо бо ҳуҷум омада зада мекуштанд. Шаб шуд. Ман дар торикӣ аз мадраса баромада ба хонаи яке аз дӯстонам, ки писарони ӯ ба ман шогирд буданд, рафтам ва аз ӯ аҳвол пурсидам, ӯ гуфт: «Ман ба муллоҳо ҳамроҳ шуда ба арк баромадам, барои дастгир карда ҷазо додан як рӯйхат карданд. Дар аввали он рӯйхат номи шумо ҳаст, ман писарон ва додарони худамро, ки ба шумо шогирданд, дар ҷое пинҳон кардам ва агар хоста бошед, шуморо ҳам пинҳон мекунам». Аммо ман қабул накарда, ба ҳуҷраи худ омадам ва дар дили худ гуфтам, ки «ҳар чи шавам, дар ҳуҷраи худ шавам ва барои ман хонаҳои мардум зери по шуда тороҷ, набинанд». Шабро бо интизори дастгиршавӣ гузаронидам. Пеш аз равшан шудани рӯз шустушӯ карда дари ҳуҷраро аз дарун бастам. Ҳанӯз офтоб набаромада буд, ки аз даруни мадраса овози поҳои мӯзадор шунида шуд. Ояндагон ба дари ҳуҷраи ман расида дарро сахт кӯфтанд. Ман садо набаровардам. Аммо ҳамсояи ҳуҷраи ман, ки як муллои намангонӣ буд ва ҳоҷӣ ҳам буд, аз ҳуҷрааш баромада ба онҳо хабар дод, ки ман дар ҳуҷраам ҳастам ва «шаби дароз маҷлис карда ба муқобили ҷаноби олӣ қарорҳо доданд» гуфта як иловаи дурӯғ ҳам кард, ва ҳол он ки имшаб ба ҳуҷраи ман касе наёмада буд. Ояндагон ба дари ҳуҷра қаровул монда, аз тарафи кӯча ба пеши тиреза омада, тирезаро шикаста маро кашола карда ба кӯча фуроварданд. Тиреза аз кӯча ба қадри як қади одам баланд буд, ки аз он ҷо ба зер афтодам. Ман дар умри худ яроқ набардошта будам, яроқ ҳам надоштам ва яроқ корфармоиро ҳам намедонистам. Дар он вақт аз ин кори худ пушаймон хӯрдам. Агар ман яроқ медоштам, чанде аз он сагонро кушта, баъд аз он ба даст меафтодам. Дар кӯча, дар ҷое, ки ғалтида будам, маро бо мӯзаҳошон заданд ва баъд аз он ба фойтун бор карданд. Дар рӯ ба рӯи ман як одами қушбегӣ ва дар паҳлӯям ҳам яке аз онҳо менишаст. Онҳо дар дасти худ таппонча доштанд ва бо дасти бетаппончаашон ба сару рӯи ман мушткорӣ карда мезаданд. Як мушти яке аз онҳо ба биниам хӯрда хун омад ва ба ҷомаҳои шоҳии онҳо пош хӯрда доғдор кард. Онҳо «чаро ҷомаи моро хунолуд кардӣ?» гӯён маро боз ҳам сахттар задан гирифтанд. Маро ба Регистон оварда аз фойтун фуроварданд. Дар Регистон сарбозони пиёдаи амир дутарафа саф кашида меистоданд. Муллоҳо «хамиртуруши фасодро оварданд» гӯён фарёд мекашиданд. Маро аз байни сафи сарбозон гузаронда ба арк бароварданд. Дар роҳрави арк то пеши масҷиди ҷомеъ амалдорони амир бо либосҳои расмӣ саф кашида меистоданд. Дар вақти маро аз пеши онҳо гузарондан, бештарини онҳо ба ман наздик омада ба сарам якмуштӣ мезаданд. Ман тамоман беҳол шуда будам. Аммо одамони қушбегӣ, гӯё ки ҷуволро кашола карда мебурда бошанд, маро мебурданд. Аз саисхонаи амир Султон ном зинбардори амир баромада, бар сарам чунон як мушти сахт зад, ки дигар худро надонистам ва як вақт чашмамро кушодам, ки маро дар рӯ ба рӯи қушбегӣ шинондаанд ва вакилони муллоён ҳам дар он ҷо ҳозиранд. Қушбегӣ чизе напурсида маро ба ҳабс фармон дод. Маро аз пеши ӯ бароварда такрор ба тарафи роҳрави арк, ки «обхона» ном ҳабсхона дар он ҷо буд, бурдан гирифтанд. Дар пеши ҳавлии қушбегӣ аз пеши мо Тӯрақул-удайчӣ (вазири ташрифот) баромад ва ба одамони қушбегӣ «зада-зада баретон» гуфт. Зотан, одамони кушбегӣ дар задани ман ҳеҷ як кӯтоҳӣ намекарданд. Баъд аз ин фармон боз ҳам сахттар задан гирифтанд. Маро ба дари «обхона» расонданд. Зиндонбон дарро кушод ва дар вақте ки маро ба он ҷо медароварданд, дар он ҷо як одами қушбегӣ як бачаи 4—5 солаи ӯро бардошта меистод, худаш маро як мушт зад ва он бача ҳам бо мушти нозуки худ маро зад, Лекин аз ҳамаи муштҳо ин мушти як бачаи чорсола ба ман зиёдтар таъсир кард. Зеро ин нишон медод, ки на танҳо калонони арбоби ҳукумат, ҳатто бачагони хурдсоли онҳо ҳам, дар маҳв кардани мо миён бастаанд...
Маро дар обхона ҳаво доданд. Вусъати обхона аз чор оршини мураббаъ зиёд набуд. Аммо дар он ҷо одамони маҳбус чунон бисёр буданд, ки қариб болои ҳам менишастанд. Як қисми онҳо ҳафт сол боз дар он ҷо монда буданд (як маҳбуси ҳафтсола буд, ки ду сол боз чашмаш аз дидан бозмонда будааст): Дар он хона ҷои рӯшноидароӣ набуд. Дари даромадаш як оршинӣ буда, вай ҳам аз таки долони то-рики арк кушода мешуд ва ҳамеша қуфл буд. Дар як гӯшаи ин хонача як роҳравчаи пешбаста буд ва маҳбусон аз зери шифти он ба тарафи Регистон як сурохча кушодаанд, ки аз он ҷо Регистонро «тамошо» мекарданд. (Ман тафсилоти «обхона» ном ҳабсхонаи амир ва ҳаёти маҳбусони он ҷоро дар «Дохунда» ном романи худ тасвир кардаам78.) Дар обхона ғайр аз куртаву лозимӣ тамоми либосҳои маро кашиданд, ки дар он хонаи сангини торики ҳеҷ офтобнадида, баъд аз он ҳама шаттаю шаллоқи ваҳшиёна баданам, чунон ки дар яхоб ғӯтонда шуда бошад, меларзид... Баъд аз ягон соат аз рафиқони ман Мирзо Назрулло номеро оварда ба обхона андохтанд. Ӯро чунон зада буданд, ки маҷоли ҷунбидан надошт. Аз паси ӯ як ҷавони 14—15 соларо оварданд. Ин ҷавонро ҳам зада буданд, бар болои ин ба як гӯшаш як мехи оҳанин халондаанд, ки аз он ҷо хун мерафт... Як вақт ман ва Мирзо Назруллоро тани ба курта аз ҳабсхона бароварданд. Аз долони арк то дарвоза ва рӯи тахтапул бо амалдорони амир ва муллоёни калон пур буд. Қушбегӣ—Мирзо Насрулло бо либосҳои расмӣ бар болои остонаи дарвозаи арк рост меистод ва дар дасташ як хат буд. Ӯ бо дидани ман ба хат як чашм андохт ва ба амалдорон нигоҳ карда:
– Айнӣ ҳамин аст?—гуфта пурсид.
– Айнӣ ҳамин аст!—гӯён ҳамаи амалдорон ва муллоён фарёд бароварданд.
Аммо аз қатори одамон як овоз баромад, соҳиби овоз мегуфт: — Ин Айнӣ нест! Ман ба тарафи овоздиҳанда нигоҳ кардам. Ин яке аз дуторнавозони Бухоро буда, бо ман шинос буд ва дар вақтҳои охир ба доми амир афтода буд ва дар қатори ходимони дарбор рост меистод. Ӯ гиря мекард. Хайрият ки ягон амалдор ин сухани ӯро фарқ накард, вагарна ӯ ҳам дар қатори ман ҷазо медид. Дар рӯи тахтапул маро ба пушти як одами кӯтоҳқади ғалча доданд. Ӯ маро бар пушти худ бардошта, хам шуда истод. Ду дасти маро аз гардани ӯ фуроварда як одам маҳкам нигоҳ дошт ва ду поямро аз байни ду пои ӯ гузаронида як одами дигар нигоҳ дошт. Куртаи маро печонда ба сарам оварданд. Дар он ҷо 50—60 дона чӯби илғаа якуниморшинӣ меистод, ки ҳар кадоми онҳо ба қадри пушти по ғафсӣ дошт. Бо як ишорати қушбегӣ ду мириғазаб79 аз он чӯбҳо ду донаро ба даст гирифтанд ва ба ду тарафи ман гузаштанд. Чашми ман ба чашми қушбегӣ афтод, ки ба ӯ теғ кашида нигоҳ кардам. Ӯ ба ин нигоҳи ман тоб наёварда чашмашро ба дигар тараф андохт. Мириғазабон аз ду тараф «як—ду» гӯён задан гирифтанд, онҳо мисли оҳангарон, ки ба навбат як оҳанро бо хоиск мекӯбанд, яке чӯбашро мебардошт ва дигаре ба ҷои ӯ мезад. Ба ҳамин тариқа, аз буни гардан то поини миёнам чӯбкорӣ мекарданд. Аз баданам хун пош, мехӯрд, парчаҳои гӯшт ва пӯст ба ҳар тараф мепариданд. Дард тоқатфарсо буд. Аммо ба ман дар он вақт чунон қувват ва тоқате рӯй дод, ки аз вой гуфтан ва гиря кардан ба пеши он золимони ваҳшии палид ор мекардам ва мардонавор ба амалдорон нигоҳ мекардам. Дар вақте ки маро чӯб мезаданд, муллоён ва амалдорон ҳам, ки ба ман наздик истода буданд, ба сару рӯям бо мушташон мезаданд. Як вақт садои «75» гуфтани яке аз мириғазабон шунида шуд. Ин ададе буд, ки дараҷаи болои ҷазои чӯбии амуфуъа ин адад мерасид. Бо ишорати қушбегӣ мириғазабон аз чӯбзанӣ боз истоданд (ман тартиби 75 чӯбзании амирро дар қисми аввали романи «Ғуломон»-и худ тасвир кардаам80). Маро аз пушти он кас фуроварданд. Ба ман қуввати рост истодан ва пой мондан набуд. Зиндонбонон аз бағалам гирифта маро бозгашт ба «обхона» бурданд ва дар он ҷо ҳаво доданд. Маҳбусони кӯҳна як бӯрёеро, ки бар рӯи ӯ ме-нишастанд, холӣ карда маро ба рӯи вай пуштнокӣ хобонданд ва дар зери сарам ду хишти пухтаро ба ҷои болишт гузоштанд. Аз баданам хун мерафт. Даруну беруни баданам мисли ин, ки дар вай мехи тафсонро мекӯфта бошанд, хала зада месӯхт. Дар аснои ин сӯзиши пурозор, чунон ки маро дар зери ях хобонда бошанд, меларзидам ва дандонҳоям ба ҳам хӯрда садои шақаррос мебароварданд. (Бурёе, ки маро бар рӯи вай хобонда буданд, ба ақидаи маҳбусони кӯҳнаи «таҷрибакор», ягона давои 75 чӯб задашудагон буд. Агар ҷои ҷароҳатшудаи маҷрӯҳро ба бурё зер накунонанд, фасод карда мекуштааст. Аммо он бурё, азбаски пушти маҷрӯҳи даҳҳо 75 чӯбхӯрдагонро дидааст, мисли тахтаи қассобӣ пур аз парчаҳои хун ва гӯшти хушкида буд.) Маҳбусон ларзидани маро дида, ҳамаи либосҳои худро бар болои ман пӯшонданд ва таъин карданд, ки агар ногоҳ бандибон ояд, он либосҳоро аз болоям ҳаво диҳам, вагарна онҳо ҷазо медидаанд. Он либосҳо чунон пуршабушк буданд, ки бар рӯи ҷароҳати тоза монанди кирми гӯшти тандида медавиданд... Нафасам танг шуд, дар ҳолати ҷонканӣ афтодам. Дар он вақт ба хотирам расид, ки ба маҷрӯҳони сахт молиши дасту по (массаж) нофеъ аст. Аз маҳбусони кӯҳна илтимос кардам, ки дасту поямро сахт фишоранд. Чор маҳбуси тануманд ду дасту ду пои маро гирифта бо қуввати тамом молиш додан гирифтанд. Баъд аз ним соати ин амалиёт нафасам кушода шуд ва тавонистам, ки бар рӯи хона назар андозам. Дар наздикии ман бар рӯи як бурёчаи дигар Мирзо Назрулло чун мурғи нимкушта ҷастухез карда дасту по мезад. Аҳволи ӯ ба аҳволи ҷонкании падарам монанд буд (ӯро баъд аз ман 75 чӯб зада оварда партофта буданд). Ман аз маҳбусон хоҳиш кардам, ки маро ба ҳо-ли худ гузошта дасту пои ӯро молиш диҳанд. Баъд аз чанде ин амалиётро ба кор бурдан нафаси ӯ ҳам кушода шуда қадаре ором гирифт. Аммо ҳуш надошт (азбаски ӯ аз ҷумлаи мардумони сояпарварди офтоб камдидаи Бухоро ва сустмизоҷтар буд, чӯб ба ӯ аз ман бадтар таъсир кардааст)...
Соатҳои чори бегоҳӣ буд, як туркмане, ки панҷ сол боз дар он ҷо маҳбус будааст, аз сӯрохии зерисақфии роҳрави пешбастаи обхона ба Регистон нигоҳ мекард, якбора ӯ бо оҳанги шодӣ фарёд бароварда гуфт: —Солдатҳо омаданд ва моро халос мекунанд! Ҳар чанд ғайр аз туркман, ки ба пеши сӯрох рост истода буд, аз тангии ҷо касе аз он сӯрох Регистонро дида наметавонист, ҳамаи маҳбусон (ғайри ман, Мирзо Назрулло ва Абдурасули маҷрӯҳ) ба он тараф ҳуҷум оварданд. Бисёр дер накашид, аз пеши дари ҳабсхона овози поҳои мӯзадор баланд шуд ва қуфли дар музтарибона шиқир-шиқир мекард. Дар кушода шуд, як солдати рус, ки дар даст милтиқ дошт, сари худро аз дар дарун карда аввал бо забони русӣ ва баъд аз он бо забони ӯзбекии русӣ омехта: — Буроетон, шумоёнро револютсияи Россия озод кард! —гуфт. Ҳама, бе он ки чизу чораҳошонро ғундошта гиранд, аз даричаи ҳабсхона баромадан гирифтанд. Ба ман ва Мирзо Назрулло, ки қуввати аз ҷо ҷунбидан надошт, бо шунидани ин мужда рӯҳи тоза пайдо шуд ва худ ба худ рост хеста ба пои худ аз ҳабсхона баромадем. Дар роҳрави арк солдатон мегаштанд ва обхонаҳои дигарро ҳам, ки дар қатори ҳабсхонаи мо буд, кушода аз он ҷо маҳбусонро мебароварданд. Амалдорон дар зери деворҳо рост истода ба ин аҳвол бо тааҷҷуби ғазаболуд менигаристанд... Солдатон маҳбусонро аз арк фуроварда ҳамаро ба ихтиёри худ сар доданд ва аз он миён мо маҷрӯҳонро ва ҳам касонеро, ки худро револютсионер мешумориданд, ба фойтунҳо ва аспҳо савор карда аз шаҳр бароварданд. Дар беруни дарвозаи Қаволаи шаҳри Бухоро дар майдони стансияи поездча (кукушка) солдатони бисёре саф кашида меистоданд. Дар он ҷо митинг шуд, Солдатон яке аз паси дигаре баромада гап зада ваъда медоданд, ки интиқоми моро аз амир гиранд. Байрақи сурх ҷилва мекард, ман дар зери байрақ, дар ҳолате ки солдате аз таки бағалам медошт, рост истода будам. Ман, ки бо хӯрдани 75 чӯби амир гиря кардан он тараф истад, «воҳ» нагуфта мардонавор истода будам, дар ин ҷо аз гиря худдорӣ карда натавонистам ин гиряи шодӣ буд, ки дар адабиёт хонда будам, аммо имрӯз дар ҳоли худ ва ба чашми худ медидам... Мо халос шудем. Воқеа ин тарз шуда будааст: 8-уми апрел вақте ки дар Бухоро контрреволютсия сар шудааст, совдепи Когон ва ҷавонони инқилобии Бухоро ин ҳолро ба Тошканд, Самарқанд ва Каркӣ хабар дода ёрмандӣ талаб кардаанд. Намояндагони Ҳукумати Муваққата ба ин кор аҳамият надода бошанд ҳам, совдепҳои шаҳрҳои мазкур, аскарони рӯҳи револютсиядорро ба Бухоро фиристодаанд. Аммо намояндагони Ҳукумати Муваққата аз Тошканд ба агенти сиёсии дар Когон будаи Россия таълимот додаанд, ки аскаронро роҳ надиҳанд, ки барои ҳимояти револютсионерони Бухоро ба шаҳр дароянд. Агент ҳам роҳ надодааст, аммо аскарон дар пеши дарвозаи шаҳр омада ӯрду задаанд. 9-уми апрел вақте ки совдепи Когон ва аскарон мешунаванд, ки амир маҳбусонро 75-чӯбӣ зада истода-аст, ҳаракат кардаанд, ки бо ҷанг ба шаҳр даромада маҳбусонро халос кунанд. Чун агент мебинад, ки ҷанг мешавад, маҷбур мешавад, ки озод кардани маҳбусонро аз амир талаб кунад. Амир ваъда медиҳад. Аммо аскарон ин ваъдаро бовар намекунанд ва мегӯянд, ки «мо рафта ба дасти худ маҳбусонро халос мекунем». Ночор, амир ба ин кор розӣ мешавад. Агент 50 нафар аз аскарон намоянда интихоб кунонда, ба шаҳр медарорад ва онҳо бо дасти худ моро халос мекунанд. Аскарон дар пеши дарвозаи шаҳр аз ман пурсиданд, ки «боз дар куҷо амир ҳабсхона дорад», ман зиндон ва ҳавличаҳоро дарак додам. Онҳо дубора рафта маҳбусони дар он ҷо будагиро ҳам халос карданд Мо, маҷрӯҳонро, ба Когон, ба беморхонаи шаҳрӣ бурданд. Дараҷаи ҳарорати ман дар миёнаи 39—40 буд. Аммо ҳарорати Мирзо Назрулло ҳамеша аз 40 баланд буд... Рӯзи чоршанбе, 12-уми апрел (ба ҳисоби кӯҳна), Мирзо Назрулло вафот кард. Ҳам ҳамон рӯз расми мурдаи ӯ ва расми мо дар беморхона гирифта шуд. (Дар асли нусхаи расмҳо ман бар болои сурати ҳар кас ном ва фамилияи ӯ ва дар пушти расм рӯзи ҳабс, зарб ва расмгириро бо хати худ навишта мондам)... Роҳбарони ҷадидон, ки намоиши шукронаи провокасиониро ташкил карда буданд, баъд аз авҷ гирифтани контрреволюсия хостанд, ки бо амир оштӣ шаванд. Агенти сиёсии Россия бандаи содиқи подшоҳ Николаи II, дар ин кор воситачигӣ мекард. Ин аҳволро дар беморхона ба ман хабар доданд. Ман сахт эътироз кардам ва «бо амир оштӣ шудан мумкин нест» гуфтам. Аммо онҳо барои иҷрои ин қарори худ бо 12 нафар вакил ба арки амир рафтанд. Аъзоҳои агентӣ бо онҳо буданд. Амир хост, ки онҳоро дастгир карда, аз байни онҳо касонеро, ки дар оянда аз онҳо эҳтимоли зарар ҳаст, нест кунад. Аммо бо кӯшиши сахт ва ҳарбиёнаи совдеп ва аскарони револютсионии Россия онҳо аз доми амир халос карда шуданд. Дар байни амир ва роҳбарони ҷадидон оштии расмӣ ба вуқӯъ наёмада бошад ҳам, оштии амалӣ рӯй дод. Онҳо баъд аз чанд гоҳе дар Когон истодан ба Бухоро даромада ба корҳои савдогарии худ машғул шуда рафтанд... Ман баъд аз 52 рӯз дар беморхона хобида 25 бор амалиёти ҷарроҳӣ дидан, қадре беҳтар шудам. Доктор рухсат дод, ки ман аз беморхона бароям. Ман аз он ҷо ба Самарқанд кӯчидам. Дар рӯзи саввуми вурудам ба Самарқанд сахт бемор шуда, дар клуб афтодам. Яке аз самарқандиён, кӣ ман ӯро шахсан намешинохтам, аммо ӯ ба ман назари хуб доштааст, маро ба фойтун бор карда ба хонаи худ бурд81 ва дар он ҷо ду моҳ бемор хобидам ва баъд аз он қуввате пайдо кардам, ки асозанон ба кӯча баро-мада тавонам. Вақте ки муллоёни Самарқанд маро диданд, дар зери раҳбарияти қозӣ Исохон бар зарари ман ривояте карданд. Мазмуни он ривоят ин будааст: «Касе, ки ба подшоҳи ислом теғ кашида, аз он ҷо ронда шудааст, дар шаҳри мусулмонон истиқомат кардани он аз рӯи шариат ҷоиз нест». (Ман ин ҳодисаро ба воситаи яке аз дӯстони худ фаҳмида дар паи мудофиаи худ афтодам. Ҳар чанд ин гуна ривоят натиҷаи амалии расмӣ надошта бошад ҳам, сабаби ягон фоҷиаи ғайрирасмӣ шуданаш мумкин буд ва мумкин буд, ки одамони он муллоён ба он ривоят такя карда, дар кӯча бо издиҳом ба ман ҳуҷум намуда талаф кунанд. Ман ба совдепи Самарқанд рафта ин ҳолро хабар додам. Совдеп калонони муллоҳоро ҷеғ зада бурда, аз забони онҳо хат гирифт, ки агар ба фалонӣ зараре расад, онҳо (калонони муллоҳо) ҷавобгаранд. Баъд аз он муллоҳо рӯйрост ба ман ҳуҷум накарданд, аммо таъқиби махфиёнаи онҳо давом мекард. Ман барои мудофиаи худ ҳар шаб ҷои худро дигар мекардам... Револютсияи Октябр ба зудӣ дар Самарқанд ҳам ғалаба кард, дар раҳбарияти ҳукумати маҳаллӣ болшевикон аксариятро гирифтанд ва ман аз таъқиби муллоён хеле осуда шудам... Баъд аз Октябр ҷабру зулми амир аз аввала ҳам зиёд шуд, ӯ мехост, ки дар қаламрави худ ба ҳаракати болшевикӣ роҳ надиҳад ва агар имкон ёбад, бо контрреволютсионерҳои Туркистон як шуда, дар Туркистон ҳам ба Ҳокимияти Советӣ халал расонад. Ӯ ба ин мақсад дар дохили мамлакати худ сахтгирӣ мекард. Ҳабс ва қатлҳо ташкил медод. Қувваи ҳарбии худро зиёд мекард. Аз аскарони сафеди гурезаи Россия аз казакон яроқ харида мусаллаҳ мешуд ва бо босмачиёни Фар-ғона алоқа мебаст ва ба воситаи Афғонистон бо давлатҳои хориҷӣ Англия ҳам рафтуомад мекард. Хулоса, Бухоро як маркази контрреволютсионии Осиёи Миёна шуда монда буд. Ҳукумати советии Туркистон, ки аз дохили Россия алоқааш кандагӣ буд, аз ин ҳаракатҳои амир дар андеша буд. Яке аз раҳбарони ҷадидони Бухоро, ки то он вақт дар Москва магазини пӯсти қарокӯлифурӯшӣ дошта, баъд аз мустаҳкам шудани Октябр дар он ҷо дар аввали соли 1918 магазинаш баста шуда буд, хост, ки аз ин фурсат фоида бурда, ба ҳукумати амирӣ шарик шавад. Ӯ аз як тараф, тайёрии ҳақиқии амирро аз назари ҳукумати советии Туркистон пинҳон медошт ва аз тарафи дигар, раиси Совети комиссарони Туркистон — Колесовро бовар мекунонд, ки ӯ дар дохили Бухоро «30 ҳазор нафар одамони мусаллаҳи пинҳонӣ дорад» ва агар Колесов андак ҳаракат кунад, амир таслим мешавад. Мақсади ӯ аз ин кор амирро тарсонда, дар ҳолате ки амир дар тахти худ барқарор бошад, ҳукумати ӯро ба дасти худ гирифтан буд. Оқибат Колесов бо андак қувват ва бо чанд нафар гурезагони беяроқи Бухоро ба Когон рафта, аз номи он ҷадид ба амир нота дод. Роҳбари ҷадидони Бухоро, аз як тараф Колесовро ба Когон бурда, аз тарафи дигар, бо наздикони амир алоқа баста, хост, ки бо ӯ оштӣ шавад. Дар натиҷаи ин ҳаракатҳои провокасионӣ, амир «ба сулҳ розӣ шуд». Колесов ҳам аз русҳо ва аз партизанҳои сурхи Самарқанд, Кавказ ва тоторҳо 21 нафар вакил интихоб карда ба пеши амир фиристод. Амир вакилонро бо як сурати ваҳшиёна кушт, яке аз онҳо гурехта омада аҳволро ба Колесов фаҳмонд. Аммо кор аз кор гузашта буд: дар фурсати гуфтугӯҳои сулҳ амир роҳҳои оҳанро аз Кӯюкмазор то Зирабулоғ ва аз Мурғак то Чорҷӯй ва аз Амиробод то Шаҳрисабз ва Тирмиз вайрон карда, алоқаи Колесовро аз ҳар тараф канда буд. Колесов дар муҳосира монд ва маҷбур шуд, ки роҳи оҳанро сохта-сохта ба тарафи Самарқанд гурезад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё