Ҳофизи Шерозӣ
Зиндагинома
Доир ба таърихи таваллуди Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (машҳур ба «Лисонулғайб») фикрҳо гуногунанд. Ӯ тахминан дар соли 726 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1324-1325 милодӣ дар шаҳри Шероз таваллуд шудааст. Падараш - Баҳоуддин дар айёми кӯдакии Ҳофиз аз олам даргузашт. Шамсуддин Муҳаммад, ки фарзанди кӯчаки оила буд, дар тарбияи модар монд. Модар ӯро ба яке аз аҳли маҳалла супурд, то мураббияи ҳоли ӯ шавад. Шамсуддин зуд аз ӯ канора гирифт ва ба шогирдии хамиргаре (нонвое) истод. Муаллифи «Тазкираи Майхона» мегӯяд: «Овардаанд, ки ҳаволии дӯкони эшон мактабхонае буд ва аксари атфоли арбоби ҳол дар он мактаб ба дарс хондан иштиғол доштанд ва убури (роҳи) Хоҷа ҳар рӯз бад-он самт воқеъ мешуд. Рӯзе ба хотираш расид, ки дарс хондан ва савод ба ҳам расондан мӯҷиби доноӣ мешавад: «Маро бояд, ки ба ин кор руҷӯъ кунам, шояд ки аз ин файз баҳрае бардорам», гуфт ва филҳол дар он кори хайр бе истиҳола шурӯъ намуд ва он чи аз касби ӯ ба ҳам мерасид, ба чаҳор бахш мекард: як бахш ба волида ва як ҳисса ба муаллим медод ва як қисмат ба фуқаро ва як рубъ сарфи худ мекард, то ба андак замоне ... ҳофизи Қуръон шуд...» Баъд аз ин Ҳофиз ба омӯзиш ва касби илму дониш аз сидқи дил шурӯъ намуд. Чун дар фанни шеър маҳорате баланд дошт, чунон шеърҳое мегуфт, ки ҳеч кас аз шоирон дар он замон ба ин хубӣ шеър нагуфта буданд ва дар андак замоне нодираи ҷаҳон ва ягонаи замон шуд. Ҳамчунин дар мадрасаи Шероз назди донишмандони машҳури замон чун Шамсуддин Абдуллоҳи Шерозӣ ва аллома Мирсаид Шарифи Ҷурҷонӣ дарс хонда аз илмҳои ҷорияи он рӯз, монанди фалсафа, илоҳиёт, мантиқ, тафсир, калом ва забону адабиёт ва ғ. баҳраи комил бардошт ва ба мартабаи баланди илмиву адабӣ ноил гардид. Зикри истилоҳоти фалсафӣ-илмӣ ва номбар шудани китобҳои машҳури илмӣ дар ашъори Ҳофиз, инчунин вайро «Хоҷа» номидани муосиронаш ба фазлу дониши баланди ӯ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин ишора мекунанд, ки Ҳофиз забони арабиро ба дараҷаи аъло медониста ва бо ин забон муламмаот ва асарҳои илмӣ низ навиштааст. Аз ин ҷумла ҳошияе ба китоби машҳури забони арабӣ «Ал-кашшоф фӣ тафсир-ил-Қуръон»-и аллома Ҷоруллоҳи Замахшарӣ, дар тафсири Қуръон ва наҳви арабӣ, ва шарҳе ба «Мифтоҳ-ул-улум»-и Саккокӣ навиштааст. Зиндагии Ҳофиз дар замоне сипарӣ шуд, ки Эрон дар байни силсилаҳои мухталифи бедодгар тақсим шуда буд. Ҳофиз дар айни мубориза ва шӯру ғавғоҳи он силсилаҳо, чун Илхониён, Музаффариҳо, хонадони Инҷу, мулуки Шабонкора, Атобакиёни лур ва ғайра шӯҳрат пайдо кард ва ҳатто дар ситоиши подшоҳони баъзе аз ин силсилаҳо се-чор қасида ва чанд ғазал ҳам суруд. Дар сӯҳбати чанде аз инҳо, чун Бӯисҳоқ ва Шоҳ Шуҷоъ иштирок карда бошад ҳам, вале ба табақаи ҳукмрони замони худ ба назари дилсардӣ нигоҳ кардааст. Дар гуфтани сухани ҳаққ ҷасур буд. Бархе аз ҳокимонро, масалан аз сарсилсилаи Музаффариҳо – Амир Муборизиддинро, ки хеле ҷоҳил ва золим буд, бебокона сарзаниш кард ва низ хунрезӣ ва харобкориҳои Темурро дар Хоразм ва Исфаҳон, сахт маҳкум намуда, ӯро «Рақиби девсират» ва «Аҳриман» номида буд. Бисёре аз ҳокимон хостаанд аз шӯҳрати Ҳофиз ба манфиати худ истифода кунанд, бинобар ин ӯро ба дарборашон даъват намуданд. Боре Султон Аҳмади Ҷалоир ӯро ба Бағдод ва писари Қутбиддини Таҳамтан ба ҷазираи Ҳурмуз хонданд. Ҳофиз дар ҷавоб ба Султон Аҳмади Ҷалоир гуфтааст:
Намедиҳад иҷозат маро ба сайру сафар,
Насими боди Мусаллову оби Рукнобод.
Муаллифи тазкираи «Оташкада» дар ин маънӣ гуфтааст: «...Султон Аҳмади Ҷалоир ба фарти ихлос муқаррар аз Бағдод хоҳиши идроки сӯҳбати Хоҷа карда ва аз ӯ илтимоси рафтан ба Бағдод карда, ва Хоҷа ба ҳиммати баланди дарвешӣ бар нони хушке ва пораи пашме қаноат карда, аз Шероз ҳаракат накарда...» Амир Муборизиддин ва баъдан писараш Шоҳ Шуҷоъ дар замони ҳукмрониашон барои фаъолияти гурӯҳҳои иртиҷоӣ - рӯҳониёни мутаассиб, роҳи васеъ кушоданд. Ин табақаи ҷоҳил озодӣ, адлу инсоф, ва ҳуррияти виҷдонро поймол карданд; фазлу ҳунар, илму ахлоқи ҳақиқиро аз байн бурданд; «киштии арбоби ҳунарро шикаста», аз пайи озору маломат ва такфири онҳо бархостанд; бо ҳазор фиребу найранг бозори таассуб, дурӯғу риёро беш аз пеш ривоҷ доданд. Ҳофиз дар ашъораш зиёд рафтору кирдорҳои бешармонаи ин табақаи иртиҷоиро, яъне, он касонеро, ки зоҳиран «Ҷилва дар меҳробу минбар карда», вале дар ҳақиқат «Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд», ба зери танқиди сахт гирифта, дурӯғу риёкориҳои онҳоро ошкор менамуд. Рӯҳониёни мутаассиб, аз ҷумла ду фақеҳи машҳур – Имоди Фақеҳ ва шайх Алии Кулоҳӣ байтеро аз як ғазали Ҳофиз дастак карда, номи ӯ назди Шоҳ Шуҷоъ сиёҳ карданд ва кофиру бедин хонданд. Он байт ин аст:
Гар мусулмонӣ аз он аст, ки Ҳофиз дорад,
Вой, агар аз паи имрӯз бувад фардое.
Ривоят мекунанд, ки бо овардани байте дигар пеш аз ин байти мақтаъ Хоҷа худро аз ин тӯҳмат наҷот дод:
Ин ҳадисам чи хуш омад, ки саҳаргаҳ мегуфт,
Бар дари майкадае бо дафу най тарсое:
Худи Хоҷа ҷое ба ин гуна тӯҳматбофиҳои рӯҳониёни мутаассиб ишорае дорад:
Моро ба риндӣ афсона карданд,
Пирони ҷоҳил, шайхони гумроҳ.
Гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҳеч гоҳ бо мардони озодандешу ошкорбаёне чун Ҳофиз сари созиш надоштаанд. Бинобар он пайваста бар сарашон борони тӯҳмату фитна меборид. Дили Хоҷа аз ин гуна тӯҳматпароканиву фитнаангезиҳо ба дард меомад:
...Хуни мо хӯрданд ин кофирдилон,
Эй мусулмонон, чи дармон, алғиёс!
Ё ҷои дигар мегӯяд:
Ҷаҳон пир асту бебунёд, аз ин Фарҳодкуш фарёд!
Ки кард афсуну найрангаш малул аз ҷони Ширинам.
Бо сабаби дастболо будани ҷаҳлу таассуби «кофирдилони хунхор» сухани Ҳофизро дар Шероз тақдир накарданд ва ӯ маҷбур шуд, ки рахт ба мулки дигар кашад:
Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.
Ва Хоҷа ба умеди рӯзи беҳ ба Язд, ба паноҳи Шоҳ Яҳё – бародарзодаи Шоҳ Шуҷоъ рафт ва ба Шоҳ Яҳё навишт:
Мо бад-ин дар на паи ҳашмату ҷоҳ омадаем,
Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем...
Вале умедҳояш барбод рафтанд. Ду сол он ҷо рӯи хуширо надид, ғарибу бенаво ва бекас монд:
Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,
Худ ғалат буд, он чи мо пиндоштем...
Соли 1379 аз Язд ба Шероз баргашт. Дар ин маврид чунон озурда буд, ки бо ҳеч кас сӯҳбат намедошт. Дар ин маврид мегӯяд:
Ба ман паём фиристод дӯсте рӯзе,
Ки эй натиҷаи килкат саводи биноӣ.
Пас аз ду сол, ки бахт ба хона боз овард,
Чаро зи хонаи хоҷа бурун намеоӣ?
Ҷавоб додаму гуфтам:
Бидор маъзурам,
Ки ин тариқа на худкомӣ асту худроӣ.
Вакили қозиям андар гузар камин кардаст,
Ба каф қиболаи даъвӣ чу мори савдоӣ.
Ки гар бурун ниҳам аз остони хоҷа қадам,
Муомилам сӯи зиндон барад ба расвоӣ...
Ҳамчунин ривоят аст, ки дар ин солҳо шоҳи Дакан Маҳмудшоҳи Баҳманӣ ва вазираш Мир Фазлуллоҳ Ҳофизро ба Ҳиндустон даъват карданд, вале Хоҷа ин даъватро напазируфт ва чун ҷавобия ин ғазалро фиристод:
Даме бо ғам ба сар бурдан, ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифрӯш далқи мо, к-аз ин беҳтар намеарзад...
Шукӯҳи тоҷу султонӣ, ки бими ҷон дар ӯ дарҷ аст,
Кулоҳи дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад...
Ба ҳамин тариқ «Он сарғазали девон... аз Шероз кам баромадаанд, магар ин ки як навбат аз он ҷо ба Язд ва аз Язд боз ба шаҳри мазкур омада ором гирифтаанд.» Хоҷа то охири умр дар Шероз зист ва соли 1389-90 вафот кард. Оромгоҳаш дар шаҳри Шероз аст ва имрӯз аз ҳама гӯшаи ҷаҳон дӯстдорони шеъри воло ба зиёраташ меоянд. (Бо истифода аз китоби Шарифҷон Ҳусейнзода «Гуфтор аз ганҷи сухан»)
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё