Зеҳн

Виктор Гюго - Ҳофизи Шерозӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Виктор Гюго – адиби маъруфи Фаронса
ШОҲИ ФОРС (аз китоби «Савтҳои Машриқ»)

Подшоҳи форс дорад зиндагӣ бо тарсу бим,
Дар тамуз ояд ба Тифлис, фасли дай дар Исфаҳон..
Баҳри тоҷу тахт дорад тарс аз ёрони худ,
Бӯстонаш гулфишону посбон ҷанговарон,
Лек ӯ бедорхобу музтариб аз бими ҷон.
Як сабо бархӯрд андар роҳ бо пири шубон,
Кӯзапуште лек ҳамроҳаш ҷавони сарвқад.
Кистӣ,—пурсид аз ӯ. Гуфт: «Номи ман Карам, - (Як нафас наи шубониро гирифта аз лабон)
Ман шубонам, сайргоҳам даштҳои пурсукут,
Паҳлӯям фарзанди ман, меросам аз дори вуҷуд.
Месароям, менавозам бо наи пуршеванам
Ҳамчу Ҳофиз як замоне, ҳамчу Саъдӣ ин замон.
Аз саҳар то шом байни даштҳои бекарон»...
Он писар, фарзанди ӯ, бӯсид дастори варо,
Дасти пиреро, ки чун Саъдию Ҳофиз шеърхон,
«Дӯст медорад падарро ин писар,—мегуфт шоҳ—
Бояд ин сон буд моро низ бо ҳам меҳрубон»!

Тарҷумаи Лоиқ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2