Ҳофизи Шерозӣ - Ғазалҳо
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, маи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо.
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ.
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Агар зи кӯи ту бӯе ба ман расонад бод,
Ба мужда ҷони ҷаҳонро ба бод хоҳам дод.
Агарчи гард барангехтӣ зи ҳастии ман,
Ғуборе аз мани хокӣ ба доманат марасод!
Ту то ба рӯи ман, эй нури дида, дар бастӣ,
Дигар ҷаҳон дари шодӣ ба рӯи ман накушод.
Хаёли рӯи туам дида мекунад пурхун,
Ҳавои зулфи туам умр медиҳад бар бод.
На дар баробари чашмӣ, на ғоиб аз назарӣ,
На ёд мекунӣ аз мо, на меравӣ аз ёд.
Ба ҷои таъна, агар теғ мезанад душман,
Зи дӯст даст надорем, ҳар чӣ бодо бод!
Зи дасти ишқи ту Ҳофиз намебарад ҷонро,
Ки ҷон зи меҳнати Ширин намебарад Фарҳод.
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чи донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,
Яксар аз кӯи харобот барандат ба биҳишт.
Ба ҷоми васли ҷонон чашмаи Кавсар намеарзад,
Ки олам пеши сармастон ба як соғар намеарзад.
Зи баҳри чашмаи ҳайвон марав чандин ба торикӣ,
Бад-ин саргашта будан мулки Искандар намеарзад.
Ба ҷоми май гарав кун хирқаи пашминаи сӯфӣ,
К-аз он кас қалби рӯйандуд аз ин беҳтар намеарзад.
Магӯ ҳоли дили мастон ту бо ёрони суратбин,
Масал бошад, ки гӯши хар ба симу зар намеарзад.
Манеҳ ҷону дили худро хатар, эй раҳрави дарё,
Ки бо чандин зиён суди дуру гавҳар намеарзад.
Хуморафзо шароб аз соғари заррин макаш, Ҳофиз,
Ки як дам сархуши ӯ ба дарди сар намеарзад.
Бувад оё, ки дари майкадаҳо бикшоянд,
Гиреҳ аз кори фурӯбастаи мо бикшоянд?
Агар аз баҳри дили зоҳиди худбин бастанд,
Дил қавӣ дор, ки аз баҳри Худо бикшоянд.
Ба сафои дили риндони сабӯҳизадагон,
Бас дари баста ба мифтоҳи дуо бикшоянд.
Номаи таъзияти духтари раз бинвисед,
То ҳама муғбачагон зулфи дуто бикшоянд.
Гесуи чанг бибурред ба марги май ноб,
То ҳарифон ҳама хун аз мижаҳо бикшоянд.
Дари майхона бибастанд, Худоё, маписанд,
Ки дари хонаи тазвиру риё бикшоянд.
Ҳофиз, ин хирқа, ки дорӣ, ту бубинӣ фардо,
Ки чӣ зуннор зи зераш ба дағо бикшоянд.
Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.
Ҷилвае кард рухат, дид малак ишқ надошт,
Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар Одам зад.
Ақл мехост, к-аз он шӯъла чароғ афрӯзад,
Барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад.
Муддаӣ хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,
Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.
Дигарон қуръаи қисмат ҳама бар айш заданд,
Дили ғамдидаи мо буд, ки ҳам бар ғам зад.
Ҷони улвӣ ҳаваси чоҳи занахдони ту дошт,
Даст дар ҳалқаи он зулфи хам андар хам зад.
Ҳофиз он рӯз тарабномаи ишқи ту навишт,
Ки қалам бар сари асбоби дили хуррам зад.
Дар намозам хами абрӯи ту бо ёд омад,
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад.
Аз ман акнун тамаи сабру дилу ҳуш мадор,
К-он таҷаммул, ки ту дидӣ, ҳама бар бод омад.
Бода софӣ шуду мурғони чаман маст шуданд,
Мавсими ошиқиву кор ба бунёд омад.
Бӯи беҳбуд зи авзои ҷаҳон мешунавам,
Шодӣ овард гулу боди сабо шод омад.
Эй арӯси ҳунар, аз бахт шикоят манамой,
Ҳаҷлаи ҳусн биёрой, ки домод омад.
Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд,
Дилбари мост, ки бо ҳусни худодод омад.
Зери боранд дарахтон, ки тааллуқ доранд,
Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад.
Мутриб, аз гуфтаи Ҳофиз ғазале нағз бихон,
То бигӯям, ки зи аҳди тарабам ёд омад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё