Абдураҳмони Мушфиқӣ - Шеърҳо
АЗ ҚИТЪАОТ ВА ЛУҒЗИЁТ
Шабе бо суроҳ, ҳамегуфт шамъ.
Ки, эй мояи маҳфилорои дӯст, Туро бо чунин қадр пеши қадаҳ Суҷуде паёпай, бигӯ, аз чӣ рӯст?
Суроҳӣ ба ӯ гуфтӣ нашнидаӣ: «Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст».
Азизоне, ки чун гул сурхрӯянд, Намебинанд аз худ кам касеро.
Замин шуд сифла баҳри он ки ҳар дам Ба хор, паст месозад басеро.
Фалак рафъат аз он дорад, ки ҳаргиз Ба чашми кам намебинад касеро.
Аҷаб дорам, ки шайхонро муридон Зи ҳадди васфи инсон бигзаронанд.
Чунин гӯянд, к-ин мурғони қудсӣ, Напиндор, зи ҷинси дигаронанд.
Ба вақти ваҷд ҳай-ҳай метавон гуфт, Ки шайхонро муридон мепаронанд.
ЛУҒЗИ ФОНУС
Ки, бошад пираҳанчоке зи ушшоқ, Ба шабҳои ҷудо, нотавоне?
Чу Маҷнун меҳри Лайл, бар дили ӯст, Кашида пӯсте бар устухоне?
Ҳастанд ду пӯстпӯш дар шодиву ғам, Аз баҳри мусофират бурун монда қадам.
Дар роҳи вафо ба ғайри эшон набувад, Ду ёр, ки пойдор бошанд ба ҳам.
АЗ РУБОИЁТ
Ҳар гаҳ чамани кӯи туро ёд кунам, Сад оҳу фиғон аз дили ношод кунам.
Дур аз гули рӯи ту чунонам, ки дигар Булбул шаваму ҳазор фарёд кунам.
Сад бор агар ҷон диҳаму зинда шавам, Сар дар қадамат ниҳам, сарафганда шавам.
Гарданд ба гирди сарву озод шаванд, Ман гирди сари ту гардаму банда шавам.
Бошад маи нобу ранги чун лолаи ӯ, Моҳе, ки бувад даври қадах ҳолаи ӯ, Шиша манеҳ аз кафу мадеҳ чанг зи каф, Ҳам гиряи ин хуш асту ҳам нолаи ӯ.
Шуд маҷлиси зиндагӣ, тамом, эй соқӣ, Беҳуда гузашт субҳу шом, эй соқӣ.
Биншин нафасе ба қавли най, эй мутриб, Бархез даме ба даври ҷом, эй соқӣ!
Ғам пеши рухи ёр намебояд гуфт, Андӯҳи дили зор намебояд гуфт.
Гуфтам зи ғамат гиряи ман бисёр аст, Зад ханда, ки бисёр намебояд гуфт.
Шабҳо, ки зи шамъ гиряам беш шавад, В-он гоҳ давоту хома дар пеш шавад.
Азбаски нависам ғаму андӯхи фироқ, Монанди сари калам дилам реш шавад.
Хуш он ки ба гулрухе маи ноб занад, То субҳ зи чашми худ раҳи хоб занад, Соқӣ чу назар кунад, ки беҳуш афтад, Аз соғари май ба рӯи ӯ об занад.
Бо бешу ками мурод мебояд сохт, В-аз ҳар чӣ замона дод, мебояд сохт.
Аз даври фалак манзалате мехоҳӣ, Чун маҳ ба каму зиёд мебояд сохт.
ТАЪРИХҲО ТАЪРИХИ ГУНБАДИ ҚУЛБОБО КУКАЛДОШ
Килки хаёл бахри санои рафеи ӯ Таърихи сол кард рақам «Кохи дилкушой».
ТАЪРИХИ ЧАҲОРСӮИ ОҲАНИНИ БУХОРО
Мушфиқӣ баҳри соли таърихаш, Зад рақам «Чорсӯи хони ҷаҳон».
ТАЪРИХИ ПУЛИ МЕҲТАРҚОСИМ
Зи тахти ӯ гузарад мо, зи фавқи ӯ гузарем, Аз он сабаб шуда таърихи ӯ «гузаргаҳи мо».
АЗ ҲАҶВИЁТ ТАҚСИМИ МЕРОС
Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту, Сабр аз ману тараддуду ғавғо аз они ту.
Анбори пурзи ғаллаи бобо азони ман, Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.
Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман В-ои нағмаҳои тарнатаранно аз они ту.
В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман, Тасбеҳи пора-пораи бобо аз они ту.
Дасторӣ ҷома, фӯтаи бобо аз они ман, Бетоқатию нолаи шабҳо аз они ту.
Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман, Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.
Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман, Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.
Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман В-он нақшҳои мондаи бӯрё аз они ту.
Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман, Аз пушти бом то ба сурайё аз они ту.
АЗ МУТОИБОТ
То гардиши чархро мадор аст, Дорам суханон, ки ёдгор аст, Дар мадҳ расондаам суханро Ҷое, ки камоли иқтидор аст.
Дар ҳаҷв чунон ки ҳарчӣ гуфтам, Як-як ҳама шӯҳраи диёр аст.
Ҳарчанд ки ҳаҷв дар ҳақиқат Оинаи табъро ғубор аст, Маҳро, ки камоли нур дорад, Бе зулмати шаб чӣ эътибор аст?
Гулро, ки бувад шаҳи раёҳин, Шавқат ҳама аз синони хор аст.
Гар биҳиштист мавлави Сидқӣ, Ваъдаҳо чист кизбу афсона?
Қадри ангури тоиф, бар ӯ, Ҳаст миқдори лаъли як дона.
Боғи ту зи равзаи ҷинон аст магар?
Ангури ту умри ҷовидон аст магар?
Омад зи умед ҷони ширин ба лабам, Ин шираи ту шираи чон аст магар?
Дар кори ту Масъуд аҷал дер кунад, Вақтест, ки зӯр ораду зер кунад.
Аз симу зари ҷаҳон нашуд чашми ту сер, Чашмони туро хоки лаҳад сер кунад.
Нуктадоне аз баланду пасти олам бохабар, Гуфт: «Фатҳ аз хар чаро вақти савор, бартар аст?» Гуфтамаш: «Зеру забар шуд кори олам з-он сабаб, Фатҳ бар болои хар чун фатҳа болои хар аст».
Дониши мерафт бо ҷаҳли мураккаб сӯи шаҳр, Гуфт: «Меҳнат мекашам вақте ки гармо мешавад».
Гуфтамаш: «Гар маркабе набвад қадам дар роҳ неҳ, Чун ту рафт, маркабе дар роҳ пайдо мешавад».
Шаби ҳиҷрон чи табибест диламро, ки дар ӯ Нест уммед, ки ояд паи ғамхории дил.
Дил ба ҳар бор супурдан бувад аз бехабар, Хоҷа ёре, ки бувад бехабар аз ёрии дил.
АЗ «ГУЛЗОРИ ИРАМ»
Дар Мағриб шоҳе буд, ки Ақл ном дошт ва дар Юнон мезист. Ӯ дар подшоҳӣ, тадбиру корсозӣ ва ақлу камол ягонаи даврон буд. Рӯзе ӯро писаре ба дунё меояд, ки Дил номаш мегузорад. Чун чанд сол мегузарад, ӯро ба мактабхона мефиристанд. Дил дар таҳти назари донишмандони маъруфу машҳур касби камолу дониш мекунад. Падар доно ва сазовори тахти шоҳ будани писарашро дида, ӯро ба мулки Бадан волӣ таъин менамояд. Дил ба тахт нишаста, дар мулки худ қасрҳои боҳашамати олӣ месозад ва бо надимони хушгӯ базмҳои шоҳона меорояд. Рӯзе яке аз надимонаш ҳангоми базм арз менамояд, ки дар рӯи ҳамин чашмаест нопадид, ки оби ҳаёт ном дорад ва ҳар кӣ ба нӯшидани он мушарраф гардад, то абад зиндаю ҷовид мемонад. Дилро орзуи нӯшидани оби ҳаёт ба сар меафтад ва мехоҳад, ки ба ҷустуҷӯи он чашма барояд. Аммо яке аз роздорони мулкаш, ки Назар ном дошт, замини хидмат бӯсида, ҷустуҷӯи чашмаро ба зиммаи худ мегирад. Дил ба ӯ иҷозати сафар медиҳад. Назар баъди тайи манозили зиёд ба шаҳре мерасад, ки онро Кишвари Офият мегуфтанд. Мардумони он басо осуда ва бо фароғат мезистанд. Шоҳи ин диёри амну амон, Номус ном дошт. Назар ба хидмати ӯ расида, арзи матлаб менамояд. Номус мегӯяд, ки оби ҳаёт обрӯи инсонист. Ҳар кас ки ба ҷустуҷӯи ин об баромадааст, дар он ба ҷуз обрӯи худ чизи дигареро надидааст. Назар бо сад афсӯс аз хиттаи Номус бадар омада, роҳи худро давом медиҳад. Ӯ ба кӯҳи азиме мерасад. Он ҷоро Ақбаи зӯҳду риё мегуфтанд. Вай дар он ҷо бо роҳибе вомехӯрад, ки Зарқ ном дошт. Чун Зарқ аз матлаби Назар хабар меёбад, арз менамояд, ки оби ҳаёт ин чашмҳои гирён аст ва онро танҳо бо саъйи зиёд ва тазвир дарёфтан мумкин аст. Назар аз он кӯҳ ба тарафи дашт раҳсипор гашта, ба қалъаи осмонхароше мерасад, ки волии он Ҳиммат ном дошт. Ҳиммат аз ӯ мақсади сафарашро пурсон мегардад ва чун аз ҳақиқати ҳол огоҳ, меёбад, Назарро ба назди шоҳи Шарқ Ишқ, ки чашмаи ҳаёт дар он ҷо буд мефиристад. Ӯ монеаҳоеро низ, ки дар ин роҳ буданд, як-як баён намуда, илоҷи халос, ёфтанашонро низ мегӯяд. Баъд ба бародари худ Қомат, ки солори сипоҳи Ҷамол ва аламдори лашкари Ҳусн буд, мактубе навишта аз ӯ ба Назар ёрӣ доданро хоҳиш менамояд. Назар дар паи мақсуд ба душвориҳои зиёд ба шаҳре мерасад, ки онро шаҳри Сагсор мегуфтанд ва ҳомии он Рақиб буд. Рақиб ӯро боздошта, чикора буданашро пурсон мешавад. Назар мегӯяд, ки ӯ кимёгарест, ки метавонад аз санг сим ва аз хок тилло офарад. Азбаски ҳирси Рақиб ба симу зар зиёд буд, мехоҳад ӯро барои худ истифода барад. Аз ин ҷиҳат ҳунармандии ӯро имтиҳон кардан мехоҳад. Вале Назар набудани асбоби (материали) кориашро баҳона мекунад. Он гоҳ Рақиб мехоҳад Назарро дар роҳ ҳамроҳӣ кунад, то ки асбобҳои зарурияшро дарёфт намуда, ба манфиати ӯ кор кунад. Назар дар ҳимояти ғаразноки Рақиб аз диёри ҷодувон низ гузашта, ба манзили Қомат мерасад ва аз Рақиб пинҳон ба Қомат сабаби мусофираташро арз карда, мактуби бародарашро ба ӯ месупорад. Қомат фиристодаи бародарашро бо хушнуд, ва дили соф пазиро мекунад. Ҳамин вақт ногоҳ Рақибро хоб мебарад. Назар ин лаҳзаи мувофиқро истифода бурда, аз назари Рақиб нопадид мегардад. Қомат яке аз надимон ва ҳамроҳони қаринашро, ки Соқӣ ном дошт ва дар базму шодӣ соқии маҷлис буд, ба Назар ҳамроҳ мекунад, то ки дар тайи манозил то шаҳри Дидор ба ӯ ёр, расонад. Баъди чанде онҳо ба кӯҳ мерасанд, ки нур аз он резон. Назар ҳарчанд саъй намуда бошад ҳам, ба он илоҷи баромаданро намеёбад. Дар ҳамин вақт ӯ ба яке аз амирони Ҳусн, ки Зулф ном дошт ва дар либоси шабравон шаҳрро ҳимоят менамуд, вомехӯрад. Бо каманди Зулф кӯҳро боло мешавад, Зулф ба ӯ чанд торе аз мӯяш медиҳад, ки вақти мушкилот дуд кунад. Баъд Назар сафарашро давом дода ба лашкари морпоёни Зулф, ки аз кишвари Шом буданд, дучор омада, пас аз ранҷҳои зиёде халос меёбад. Назар ба шаҳри Дидор мерасад. Шаҳр чаҳор кӯе дошт, ки Ишва, Шева, Шамоил ва Ноз ном доштанд. Ӯ дар кӯю гулзорҳо гашта, аз мардумони занг, суол мекунад. Онҳо мегӯянд, ки ҳама ғуломони Холи Ҳусн мебошанд. Ҳангоми сайру гашти бӯстон чашми Назар ба Ғамза меафтад, ки бародари ӯ буд ва дар кӯдакӣ аз бадхӯӣ ба Ҳабаш ва Чин рафта, расми новакандозӣ пеша намуда, ҳоло дар хидмати Ҳусн буд. Ғамза аввал бародараш Назарро нашинохта, даст бар қатли ӯ дароз мекунад. Вале ҳардуи онҳо бозубандҳои якхелаи худро мебинанд ва аз бародар буданашон дарак меёбанд. Ғамза пеши Назар зонуи хидмат мезанад ва бародарашро бо икром ва иззати зиёда пазиро, менамояд. Ҳусн аз омадани бародари Ғамза хабар ёфта, онҳоро ба базми шоҳонааш металабад. Дар ин базм ӯ чикора ва чӣ ҳунар доштани Назарро мепурсад. Назар худро чун ҷавҳаршиноси баҳру бар мешиносонад. Баъд Ҳусн ӯро имтиҳон карда, муҷассамаеро нишон медиҳад ва кӣ будани онро мепурсад. Назар нигоҳ карда дар назди худ нақши писари шоҳи Мағриб Дилро мебинад. Баъд Назар аз зебоии Дил ҳикояте мекунад, ки Ҳусн мафтун шуда, висоли он нодидаёрро комхоҳ мегардад ва ба зуд яке аз нақшпардозони мониваши худро, ки Хаёл ном дошт, ба кишвари Дил мефиристад. Ақл онҳоро истиқбол менамояд. Назар аз зебоии Ҳусн сухан оғоз мекунад. Хаёл сурати Ҳуснро тавсифу тасвир месозад. Ақл хуши худро барбод дода, барои ба мулки Ҳусн рафтан омода мегардад. Аммо вазири Ваҳм ӯро аз роҳ боздошта насиҳат мекунад, ки агар Дил ба Ҳусн гирифтор шавад, мулки Бадан рӯ ба хароб меорад. Ва инчунин, лашкари Ишқу Ҳусн хеле пурзӯру номусулмонанд. Он гоҳ Ақл фармон медиҳад, ки Назару Хаёл ҳабс карда шаванд. Аммо Назар ҳангоми дар мулки Ҳусн буданаш хотамеро пинҳон, бар даҳон гузошта буд, ки метавонист касро чун париён аз чашмҳо нопадид гардонад. Хаёл он ҷо мемонад, аммо Назар ба воситаи хотам аз чашмҳо ғоиб гашта, боз ба тарафи кишвари Ҳусн раҳсипор мегардад. Бо дили осуда мехоҳад, ки дидаашро об диҳад. Ҳамин замон бар тарфи Гулшани Рухсор дар миёнаи гулзор чашмаеро мебинад. Мехоҳад аз он об нӯш кунад. Вале чун даҳонашро мекушояд, хотам аз даҳонаш ба чашма меафтад. Ӯ дар ҳолати ғамгин ва бечора, мемонад. Ҳамин дам Рақиб ба сарвақт расида, ӯро таънаю маломати зиёде карда ба хонааш оварда ҳабс мекунад. Ногоҳ пас аз чанде Назарро мӯи зулф ба хотир мерасад. Яке аз мӯйҳоро оташ зада Зулфро пеши худ мебинад. Бо ёрии каманди он аз банд раҳо ёфта ба кишвари Ҳусн мерасад. Ҳусн ин дафъа барои ба даст овардани Дил ва гумроҳ намудани Ақл бо ҳамроҳии Назар ва Ғамза гурӯҳи ҷодувонро мефиристад. Ақл пас аз нопадид шудани Назар фармон дода буд, ки ҳар кас, ки ӯро дучор шавад, дар банд на-муда ба наздаш биёрад. Зирқ низ роҳ мепоид, ки шояд Назар бори дигар ба қалъаи ӯ биёяд. Аз қазо рӯзе Назар, Ғамза ва лашкари ҷодувон барои истироҳат ва рафъи хастагии роҳ дар назди кӯҳи Зарқ манзил мегиранд. Яке аз посбонони Зарқ онҳоро мебинад, ки ба ҷуз Назар ҳама масту мадҳушанд. Тавба зуд сипоҳ ороста ба тарафи он гурӯҳ метозад, аммо Ғамзаю гурӯҳи ҷодувон бар ҳимояти Назар бархоста он қавмро шикаст медиҳанд. Зарқи рақиб ба хоки сияҳ яксон мегардад. Онҳо ба ҳиллату ҷоду Кишвари Офиятро забт намуда, Номусро қаландар мекунанд ва ба назди Ақл рафта ба ӯ мефаҳмонанд, ки забти Ҳусн осон нест. Ақл Дилро аз банд раҳо дода, бо лашкари азим ба сӯи диёри Ҳусн фиристодан, мешавад. Бар лашкари Дил Сабр сарвар мекард. Пас Ақл ин лашкарро то масофе гусел мекунад. Ин вақт ҷодувон худро дар сурати ғизолон меоранд. Дил аз паси онҳо мешавад. Ақл ҳам Дилро ҳамроҳ мекунад. Онҳо ба мулки Дил мерасанд. Ҳусн аз ин бохабар шуда, ба Ишқ мактубе менависад ва ёр мепурсад. Лашкари Ишқ: Афғон, Нола, Ашк паи ҳам расиданд. Лашкари Ҳусн бар чаҳор фавқ, ки аз Ноз, Ҳашм, Ситеза ва Бедод иборат буд, дар рикоби Зулф бар пой хост. Ақл инро дида ба ҳайрат афтод, вале чун сипаҳсолори ботамкин дар муқобил истод. Рӯзи дигар ҷанг оғоз ёфт, яке аз лашкариёни Ҳусн, ки Ҳоҷиб ном дошту дар тирандоз, ягона буд, тире аз ғамза ба сӯи Дил фиристод. Аз қазо тир ба Дил расид. Ӯро банд барбастанд. Зулф Ақлро низ дар банд намуд. Баъд ҳардуро бо амри Ишқ дар чоҳи Занахдон зиндон карданд. Ишқ ба кишвари Бадан тохта онро забт намуд. Дили дардманд сарозер дар чоҳ буд. Рӯзе Ҳусн духтари Меҳрро бо худ ҳамзону сохта фармуд, ки Дилро пинҳон, аз Рақиб тавассути Зулф ба қасри Висоли Боғи Дилкушо, ки дар он чашмаи зиндагист, бубаранд. Зулф амри Ҳуснро иҷро мекунад. Дил дар мақоми фароғат мехусбад. Ҳусн ӯро дида сар ба зону мегузорад ва ашк мерезад. Дил бедор шуда, аз ғояти ҷамоли Ҳусн мадҳуш мегардад ва ба хок меафтад. Ҳусну Нозу Вафо ӯро ҳамдам мекунанд. Дил дигар маҷоли фироқ надоштанашро арз намуда, бодаи бехабар мехоҳад. Ҳар ду дар мақоми висол бар айш мекӯшанд. Ғайр чанд рӯз Ҳуснро надида, аз ӯ малӯл мегардад. Чун ӯро поида аз ҳақиқати ҳол огоҳ, меёбад, худ низ фурсате меҷӯяд, ки ба коми Дил мушарраф гардад. Ӯ шаберо мувофиқ ва Дилро танҳо ёфта, худро ба ҷодуе дар сурати Ҳусн ба васли ӯ мерасонад. Пагоҳ, Ҳусн онҳоро дармеёбад. Дилро Рақиб дар вилояти Сагсор бар зиндони Ҳаҷр меандозад. Ғайр аз шармандагӣ, ба роҳи гурез меафтад ва ба Ҳусн хате навишта, бегуноҳии Дилро арз менамояд. Ҳусн низ аз фироқ месӯзад. Ҳиммат аз воқеа хабар ёфта ба шаҳри Ишқ меравад ва ба заҳмати зиёд дар боргоҳи Ишқ иззату икром меёбад. Рӯзе Ишқ дар танҳо, сабаби омадани ӯро ҷӯён мешавад ва чун аз асли ҳол бохабар мегардад, Ақлро дарёфта вазир таъин менамояд. Бо амри ӯ Дил озод гашта, Рақиб зиндон, мешавад. Ҳусну Дил ба васл мерасанд ва комёбу комрон мегарданд.
ШАҲЕ ДАР МУЛКИ МАҒРИБ БУД ТОҚ АЗ ҶУМЛАИ ШОҲОН, ДИЛАШ МЕХОСТ ФАРЗАНДИ ДИЛОВАР ДАР САФИ ҲАЙҶО.
Шаккарафшони достони куҳан Ин шакар рехт дар баёни сухан, Ки аз ин пеш буд дар офоқ Подшоҳе зи шаҳриёрон тоқ.
Мулки Мағрибзамин мақомаш буд, Дошт тадбиру Ақл номаш буд.
Ақли аввал камоли илму амал Карда касб аз камоли ӯ аввал.
Шарафи боргоҳи ӯ чу ҳарам Каъбаи мулку қиблаи олам.
Кишвари Мағрибаш ба зери нигин, Бар фалак нақши хотамаш парвин...
Моҳи тобон ба базми ӯ рафта, Хӯрда як ҷуръаву фурӯ рафта.
Риштаи рои ӯ ба ҳамми каманд, Карда пои муонидон дар банд.
Бар дилаш буд лек аз он банде, Ки ба олам надошт фарзанде.
Кирдигораш зи модари айём Писаре дод, Дил ниҳодаш ном.
Доя нофаш ба теғи ишқ бурид, Пок шусту ба пардааш печид.
Маҳдаш аз мушк шуд писандида, Мӯҳраи маҳд мардуми дида.
З-ин сухан чун гузашт айёме, Сад санавбарқаде, гуландоме Дод устоди нуктадон бимаш, Синаро кард лавҳи таълимаш.
Бар сари лавҳи ӯ кашид рақам, Абҷаде мунтахаб зи лавҳу қалам.
Дили доно чу шуд зи огоҳӣ, Лоиқи садру маснади шоҳӣ.
Хусрави Ақлро ҳисоре буд, Ки ҷаҳонро аз ӯ мадоре буд.
Ба диёри Бадан шуда машҳур, Дил аз ӯ шоду ҷон аз ӯ масрур.
Дасти Дилро зи ҳиммати олӣ Сохт бар кишвари Бадан волӣ Буд бар арки қалъа баҳри фароғ, Гунбаде номвар ба Қасри Димоғ.
Баҳри худ қасрро нишеман сохт, Равзаи беқусур маскан сохт.
Баъди чанде ки Дил қарор гирифт, Садри мулк аз вай эътибор гирифт.
Халқи олам шуданд хурраму шод, Оламеро ба адл кард обод.
Аз надимони базми ӯ рӯзе, Дар адои сухан дилафрӯзе, Гуфт: «Шоҳо, ҳадиси пинҳонӣ.
Бишнав аз ман, агар намедонӣ, Ки худой аз биҳишти ҷовидон, Чашмае баҳри халқ кард равон.
Номи ӯ Чашмаи Ҳаёт бувад, Ки зи ғам рӯҳро наҷот бувад.
Сӯи он чашма ҳар кӣ ёфт навид, Монд дар даҳр зиндаи ҷовид.
Дил шуниду ба ҷон шудаш толиб, Ташнагӣ бар мизоҷи ӯ ғолиб.
Гуфт: «Ёрон, касе бувад огоҳ, Ки тавонад ба чашма бурдан роҳ?
Чашмам аз гиря чашмаи хун шуд.
Моҳии чашма ашки гулгун шуд.
Баски бигрист чашми гирёнам, Сабза шуд гирди чашма мижгонам.
Наме аз чашма чун намеёбам, Чашм дорам, ки ҳамдаме ёбам.
Хизр агар раҳнамои ман нашавад, Кор бар муддаои ман нашавад».
Шуд бад-он гуна аз ҳаёт малул, Ки шуд аз шуғли салтанат маъзул Дар паси парда шуд зи ҳасрати хеш, Дид ҳар дам зиёда ҳайрати хеш.
Рӯзу шаб бо ҳама ҷигардорӣ, Буд кораш ҳама чигархорӣ.
Шоҳ дар мулк роздоре дошт, Ки ба ҷосусӣ иштиҳоре дошт.
Назараш ному манзараш некӯ, Дидбон буд дар вилояти ӯ.
Турфа пайке барои ӯ раҳбар, Дидаҳо зангу абрӯвон шаҳпар.
Рафта бар ҳафт торами воло.
Бо каманди шаҳоби шабноло.
Кишвари ғарб ҳалқа дар гӯшаш, Моҳи нав буд гарди побӯсаш.
Хилвате карду ҳоли Дил пурсид, Ҳар чи рози нуҳуфта буд, шунид.
Гуфт: «Шоҳо, чунин малӯл мабош, Махурӯшу дил азалам махрош!
Бош дар кори подшоҳии худ, То ман аз роҳи некхоҳии худ Пой дар раҳ ниҳам, ба раҳ пӯям Сӯи оби ҳаёт раҳ ҷӯям.
Бошад обе ба рӯи кор ояд, Гулшани умрро биорояд».
Муддате чун Назар сафарҳо кард, Ҳар тараф, ҳар тараф назарҳо кард.
Дар сулуки манозили бисёр Баъди қатъи мароҳили бисёр Сӯи шаҳре фитод чашми Назар, Ки назираш надида буд дигар: Мардуми шаҳр орамида дар ӯ, Мардумон мардумони дида дар ӯ.
Соҳату арсааш васеъ ҳама, Ғурфаву манзараш рафеъ ҳама.
Кохи ӯ рафта бар фалак густох, Дидбон Чашм бахт бар сари кох.
Ғайри аҳле, ки аз аҳолии ӯ, Пой нанҳода дар ҳаволии ӯ.
Сӯи ӯ чун каси дигар рафтӣ, Гар ба по омадӣ, ба сар рафтӣ.
Халқ дар вай зи фитнаҳо эмин, Ҳама дар кӯи офият сокин.
Назар аз номи шаҳр чун пурсид, «Кишвари Офият»—ҷавоб шунид.
Гашт зоҳир, ки волии кишвар Ҳаст Номус — шоҳи номовар.
Кард аз сар қадам сӯи Номус, Шуд мушарраф ба давлати побӯс.
Доман аз гарди роҳ чун афшонд, Сухан аз оби зиндагонӣ ронд, К-аз паи оби зиндагӣ маҳчур Ҳамчу об аз ватан фитодам дур.
Гуфт: «Агар қисса рост мешунавӣ, Ба фиреби касон зи раҳ наравӣ.
Ин ҳикоят зи рӯи тамсил аст, Хирадаш дар мақоми таъвил аст.
Дар ҷаҳон обурӯст оби ҳаёт, Ки ба ӯ зиндаанд аҳли наҷот.
Сӯи ин чашма ташнае, биштофт, Офият диду обурӯй биёфт.
Номҷӯе, ки оби рӯй надид, Обурӯ ғайри оби ҷуй надид.
Хонд афсонаю дамид афсун, Талаб аз хотираш нарафт бурун».
Назар охир ба ҳасрату афсӯс Бадар омад зи хиттаи Номус.
Соқиё, даври умри хеш гузарон, Чашми олам туию мо нигарон.
Нигарони туем, ҷоме деҳ, Дар маи лолагун паёме деҳ.
МУЛОҚОТИ НАЗАР БО ҲИММАТ ВА АЗ ВАЙ НИШОН ГУФТАН БА ШОҲИ ШАРҚ ҶАМШЕДЕ, КИ ДАРБОН ДОРАД АЗ ДОРО
Табъи дарёдиле гуҳар суфта, Назмро риштаи гуҳар гуфта.
Гуҳари ришта он ки Ҳиммати пок Чун Назарро фитода дид ба хок, Гуфт: «Дар мулки Шарқ ҷамшедест, Балки тобон ба фарқ хуршедест.
Номи ӯ Ишқу шоҳи маҳфилҳо, Ишқи номаш фитода дар дилҳо...
Карда саҳрои сина манзилгоҳ, Доғи сина нишонаи хиргоҳ.
Аламаш дар сипоҳи яғмоӣ, Ошиқони аламаш ба расвоӣ.
Мӯи ҷӯлида хаймаи ҷоҳаш В-аз гиребони чок даргоҳаш.
Одамию парӣ мусаххари ӯ, Ҳуру ризвон канизи духтари ӯ.
Лаби ӯ лаъли оташин гашта, Хотами ҳуснро нигин гашта.
Сари зулфайну ҳалқаи онҳо Шуда миқрози риштаи ҷонҳо.
Зулфи шабранги ӯ, ки доми дил аст, Сарнагун гашта ҳамчу ломи дил аст.
Аз ҷабин боз карда саҳифаи сим, Ғамзаро карда дилбарӣ таълим.
Баски таълими нозу кин карда, Абрӯяш пушт бар ҷабин карда.
Баданашро сафои чашмаи об, Норпистон бар он зулол ҳубоб.
Гесувонаш бунафша дода саро, Ҳарф ло гашта аз барои бало.
Қомату чоҳи ғабғабаш ба назар Оҳи ошиқ рақам намуда магар?!
Номи ӯ Ҳусну ҳусни ӯ шӯҳра, Муштарӣ гашта бар маҳаш Зӯҳра, Гашта дар роҳи он баҳори умед Чашми наргис зи интизор сафед.
Баҳри духтар зи нуқраи шаффоф, Карда тартиб қалъае дар Қоф.
Қалъае дар бинои хеш шигарф, Қофи ишқ аз саводи ӯ як ҳарф.
Қоф то қоф шӯҳра гардида, Манзили моҳу Зӯҳра гардида, Дар ҷинон турфа қалъае олӣ, Сохта боғе аз халал холӣ.
Номи он шаҳр Шӯҳраи Дидор, Лақаби боғ Гулшани Рухсор, Гули ораз ба ҷои лолаю гул, Зулфу холаш бунафшаю сунбул.
Наргиси ӯ ба хоби ноз шуда, Қоматаш сарви сарфароз шуда.
Бар сари он ду наргиси ҷоду Соябонҳо кашида аз абрӯ.
Дорад ин боғ турфа чашмаи об, Реги он чашма гашта дурри хушоб, Чашма Оби зиндагӣ номаш, Хизр муштоқи рашҳаи ҷомаш.
Лақабаш то Араб зи мулки Аҷам, Шуда Оби ҳаёту чашмаи ғам.
Ҳусн бар тарфи Гулшани Рухсор Бо надимони мӯҳтарам бисёр Дам ба дам оби зиндагӣ нӯшад, Дар сафои муоширон кӯшад.
Коми Дил дуру кори душвор аст, Ки дар он роҳ хавфи бисёр аст.
Ба ту гуфтам нишони Оби ҳаёт, Чун Сикандар дароӣ дар зулмот.
Аз хатарҳои раҳ, ки ҷонкоҳ аст, Шаҳри Сагсор бар сари роҳ аст.
Ҳокими он диёри бефарҷом, Золими нокасе Рақиб ба ном; Хусрави ишқро ба фармон аст, Шаҳри Дидорро нигаҳбон аст.
Чун гузаштӣ ба ҳиммати ёрон, Аз ҷафои Диёри Сагсорон, Бар сари роҳ ҷодувон ҳастанд, Ки зи саҳбои ноз сармастанд.
Соҳиронанд офарида зи нур, Сеҳрхонон ба анбару кофур.
Қадамат чун гузашт аз он манзил, Манзиле пеш оядат ҳоил.
Бар сари раҳ шаванд монеи меҳр, Ҳабашизодагони зангичеҳр.
Ҳама дар офтоб карда ватан, Гирд гашта чу нофаҳои хутан.
Назар афкан, ки зери тоқи ҷабин Ду камондор кардаанд камин.
Ҳар ду пайваста қасди камин доранд, Майли тороҷи ақлу дин доранд, Бехабар бигзарӣ, ки аз ду тараф Морпоён камандҳо бар каф, Дил рабоянду чашм зананд ба роҳ, Рӯзи равшан кунанд бар ту сиёҳ, Роҳ ин асту сад хатар бо ӯ, Хуни дил — тӯшаи сафар бо ӯ.
Дар биёбони ранҷ шебу фароз.
Як нишон гӯямат ба умри дароз.
Ба масал кист он бародари ман, Дар сафи ростон баробари ман.
Номи ӯ Қомат аст аз хубон, Сарфарози сипоҳи маҳбубон.
Бар сипоҳи Ҷамол солор аст, Лашкари Ҳуснро аламдор аст.
Хилъати дилбарӣ ба қомати ӯ, Сафшикан гашта истиқомати ӯ.
Ба бародар туро фиристодам, Шаҳри Дидорро нишон додам.
Номабар бош, номи ман бирасон, Эътизори саломи ман бирасон.
БА САЪЙИ ЗУЛФ ДИЛРО РАФТАН АЗ ЧОҲИ ЗАҚАН БЕРУН БА ТАРФИ ГУЛШАНИ РУХСОР, БЕХУД ГАШТАН АЗ САҲБО
Чӣ бувад ҳоли ошиқи зоре?!
Дар қафас булбули гирифторе.
Булбул аз қайди ҳаҷр раста шавад, Чун парад он қафас, шикаста шавад.
Дил, ки дар банд буду зиндон дид, Булбуле буд, боғу бӯстон дид.
Зери гулбун ниҳад сар ба фароғ, Ҳусн мегашт дар назораи боғ.
Назараш бар ҷамоли Дил афтод.
Сари Дил бар канори хеш ниҳод.
Гавҳари ашк рехт дар назараш, Гашт доман зи оби дида тараш.
Ба рухи Дил зи гиря об чакид, Мурғи хобаш зи ошёна рамид.
Чашм бикшоду дид ҷононро, Хост созад фидои ӯ ҷонро.
Бехудӣ кард, дар хурӯш омад, Наъра зад боз, чун ба ҳуш омад.
Ҳусн Дилро фитода дид зи пой, Ба Хаёлу Назар гузашт зи ҷой.
Роҳи қасри висол пеш гирифт, Талаби орзӯи хеш гирифт.
Аз чунон ҳолате Дили мадҳуш, Боз биншаст чун ба маснади хуш, Назар омад, Табассум аз паи ӯ, Нуқл аз ин хӯрду соғар аз маи ӯ.
Бар лаби чашма манзилаш карда, Ком аз он чашма ҳосилаш карда.
Шаб чу зад соябони нилуфарӣ, Ҳуснро шуд хаёли ҷилвагарӣ.
Бовафо Нозро зи ҷо талабид, Нозпарвар шуду Вафо талабид.
То саҳаргаҳ набуд шамъи Хаёл, Дошт маҷлис фарози қасри Висол.
Партави шамъ хуштар аз маҳтоб, Бар лаби чашмаю канораи об.
Аз Табассум Хаёл мӯнис дошт, Ба Назар Дил нишаст, маҷлис дошт.
Дил фиғон кард охир аз дурӣ, Ҳусн дар гиря шуд зи маҳҷурӣ.
Пеши Нозу Вафо сиришк фишонд, Дафтари орзу бар эшон хонд, Беш аз ин тоби иштиёқ намонд.
Ки маро тоқати фироқ намонд, Дар миёни ду ҳамдами дерин, Қуръаи иттифоқ гашт бар ин, Ки Табассум кунад вафокӯшӣ, Доруе оварад зи беҳушӣ, Афканад бехабар ба бодаи ноб, Дили ошиқ шавад зи бода хароб.
Бар лаби об чун равад ҳӯшаш, Зулфи мушкин кашад дар оғӯшаш.
Чун шавад боми қаср манзили ӯ, Баъд аз он Ҳусн донаду Дили ӯ.
Ҳуснро ин сухан қабул афтод, Ба Табассум нуҳуфта — дору дод.
Шаб чу дил бода хост бар лаби об, Шуд зи дорую бода масти хароб.
Бурд Дилро фарози қасри баланд Ҳусн, то рӯз тарҳи айш афканд.
Буд то чанд шаб бар ин минвол, Комронию айшу қасри висол.
Шамъи маҷлис зи бод огаҳ не, Балки парвонаро дар ӯ раҳ не, Буд гулгун зи бода дидаи ҷом, Чашми захме расид аз айём.
Духтаре Ғайр ном дошт Рақиб, Ҳусн дар вай чу ҳусни аҳд ғариб.
Будани ӯ ба Ҳусн лозим буд, Рӯзу шаб Ҳуснро мулозим буд.
Чун дар ин рӯзҳо ба гулшани боғ Маснад андохтӣ барои фароғ, Сӯи Ғайр илтифот кам кардӣ Омадию ба худ наёвардӣ.
Ғайр шуд аз ҷафои Ҳусн малул, Шуд ба таҳқиқи ҳоли ӯ машғул.
Шуд шабе бар қафои Ҳусн равон, Гашт дар гӯшаи чашмае ниҳон.
Огаҳӣ чун аз он ду ҳамдам ёфт, Ҳам дар он шаб ба ҷои хеш шитофт.
Пеш аз ин, гуфт: ҳамдамаш будам, Ҳар куҷо буд, маҳрамаш будам.
Ин замон ёр шуд чу бегона, Аз паи ӯ шавам дигар ё на?
Он бувад беҳ, ки ҳиллае созам, Дар миён тарҳи дигар андозам.
Ман ҳам аз чашми Ҳусн пинҳонӣ, Айш варзам ба ҳамдами ҷонӣ.
Лаззат аз дил ба коми худ ёбам, Маи ишрат ба ҷоми худ ёбам.
Мунтазир буд, фурсате мехост, Ҳама буданд, навбате мехост.
Соқиё, ин сипехри бӯқаламун, Ҳар дам орад ҳазор нақш бурун, То маро пур нагашта паймона, Гӯшае нест беҳ зи майхона.
БА СӮИ ҲУСН НОМАИ ҒАЙРИ ҶОДУРО ФИРИСТОДАН, КИ ДИЛ ОГАҲ НАБУДУ МАН ШУДАМ БОИС ДАР ОН ҒАВҒО
Моние дошт коргоҳи хаёл, Нақшперои боргоҳи хаёл.
Анбари фикр рехт аз қаламаш, Анбарин гашт сафҳа аз рақамаш.
Он тирозе, ки баст аз хома, Зоҳир аст аз саводи ин нома, Ки дар ин кор Ғайр ҳайрон шуд, Охир аз кори худ пушаймон шуд.
Буд роҳи умед пурхошок, Хост, то раҳ ба нома созад пок.
Нома аз барои Ҳусн навишт, Чун хати дилбарон абир сиришт.
Кардаш аз фикри хештан огоҳ, То ба Дил соф шуд дили он моҳ.
Ҳуснро сӯи Дил дар он озор Аз паи меҳр гарм шуд бозор.
Нома бинвишт, узрхоҳӣ кард.
Арзи изҳори бегуноҳӣ кард.
Ки гуноҳе дар он набуд туро, Ишқ, пиндорӣ, озмуд туро.
Ту зари холисию сад чандон, Бӯтаи имтиҳони ту зиндон.
Пираҳан бар тани ту зиндон шуд, Сари зиндон зеҳи гиребон шуд.
Як ҷафо бар ту аз Рақиб расид, Сад вафо хоҳад аз ҳабиб расид.
Мӯҳр бар номаи висол ниҳод, Номаро бо Хаёли шабрав дод.
Раҳ ба зиндони Ҳаҷр бинмудаш, Руқъаро Дил гирифт, бикшудаш.
Зери бори гарону меҳнату бим, Чун сабо тоза гашт ҷони насим.
Дили пурхун чу номахонӣ кард, Назар аз дида хунфишонӣ кард.
Хотири худ ба арзи нома гумошт, Зери зиндон давоту хома надошт.
Шуд давоташ зи дидаи гирён, Саҳфа аз чеҳра, хома аз мижгон.
Номаро дод ҳину сохт дуто, Кард зоҳир ба он дури якто.
Ки зи меҳнат шикастаҳол шудам, Зери бори фироқ дол шудам.
Ҷониби Ҳусн шуд Хаёл равон, Саъй мекард он қадар, ки тавон.
То ба хидмат расиду нома кушод, Шарҳи ғамҳои он парешон дод.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё