Зеҳн

Абдураҳмони Мушфиқӣ - Ғазалиёт

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 23 дақиқа хондан

АЗ ҒАЗАЛИЁТ

Фитод аз лола оташ тавбаи парҳезгоронро,
Ки оташбарг шуд қавсу қузаҳ абри баҳоронро.

Чи гуна чоки гул дӯзад сабо аз сӯзани сабза,
Ки дар ҳар ришта беш аз сад гираҳ афтода боронро.

Бақое нест бедоди гулу фарёди булбулро.

Басе гулҳо тамошо кардаму дидам ҳазоронро,
Саги ӯ дар вафо аз худ маро камтар намедонад,
Касе беҳтар намедонад зи ёрон қадри ёронро.

Рақибо, гар навиди лутфи он бадхӯ намеорад,
Ба дашноми дурӯғе шод кун уммедворонро.

Зи марҳам беҳ шавад ҳар ҷо ба дил доғе бувад,
лекин Беҳ аз доғи ту набвад ҳеҷ марҳам дилфигоронро.

Пас аз куштан чу аз хоки ту рӯяд, Мушфиқӣ, лола,
Ту хоҳ, сохтан равшан чароғи хоксоронро.


То ба боғ ояду тасвир намояд гулро,
Қалами мӯй зи минқор шавад булбулро.

Гар бунафша ба ту дорад сари нофармон.

Аз баногӯш аён соз сари кокулро.

Ин димоғе, ки ман аз накҳати зулфат дорам,
Дар гулистон чи кунам роиҳаи сунбулро.

Даври гул мешиканад тавбаи мардум, чи аҷаб,
Ки тааммул накунад зоҳиду гирад мулро.

Мушфиқ, меҳри туро дар дили ҳар зарра шинохт,
Назар он аст, ки дар ҷузв шиносад кулро.

Пора кардам пираҳан з-он сарви симинтан ҷудо,
Ман ҷудо нолидам аз ҳиҷрону пироҳан ҷудо.

Ҳамчу гул дастам ба хун олуда шуд, азбаски ман
Дар ғамат хори маломат кардам аз доман ҷудо.

Давлати дидор хуш бошад, агар рӯзи висол,
Остин бошад зи чашми хунфишони ман ҷудо.

Аз маҳи рӯят маро маҳрум месозад рақиб,
Золиме, ё раб, шавад аз дидаи равшан ҷудо.

Дар қиёмат ҳаҷри ағёр аст васли ошиқон,
Эй хуш он рӯзе, ки гардад дӯст аз душман ҷудо.

Бар асирон чун назар андозию тир афган,
Раҳм кун бар ман, нигоҳу новаке афган ҷудо.

Мушфиқ, дур аз сари кӯят дили хуррам надид,
Ғунча ҳаргиз нашкуфад, чун гардад аз гулбан ҷудо.


Аз дили рафта насими ту хабар кард маро,
Чун сабо дарбадару хок ба сар кард маро.

Кард ҷону дилам он ғамзаи мастона асир,
Ғорати дигару тороҷи дигар кард маро.

Даст дар домани ҳар аҳли дуое, ки задам,
Гуфт: «Девона ҷунуни ту асар кард маро».

Дар дилам буд, ки ҳаргиз ба касе дил надиҳам,
Ногаҳ аз сина хаданги ту гузар кард маро.

Омадам бар сари кӯят қадам аз сар карда,
Назбаи шавқ ба побӯси ту сар кард маро.

Бодаи ишрате аз даври фалак меҷустам,
Соғари дида пур аз хуни ҷигар кард маро.

Мушфиқ, бе назаре нестам аз сабзхатон,
Хизр гӯё, ки дар ин роҳ назар кард маро.


Ба дил гуфтам ғами он симтанро,
Бало гуфтам, нагуфтам ин суханро.

Маро дар ошиқӣ сарриштае ку,
Ки дӯзам чокҳои пираҳанро?

Зи дил хун мехӯрам, аз ман мапурсед,
Касе он беҳ, ки накшояд даҳанро.

Суман дар бӯстон бӯи ту дорад,
Ба бӯят дӯст медорам суманро.

Дили гумгаштаро рафтам, ки ёбам,
На дилро ёфтам, на хештанро.

Агар пеши ту дар хидмат намирам,
Ба умри худ нахоҳам зистанро.

Гуле аз ишқ беҳтарӣ Мушфиқӣ, нест,
Ҳазорон озмудам ин чаманро.

Ман кӣ бошам, моҳи ман, то меҳрубон бинам туро?

Толеъе бояд, ки бо худ ончунон бинам туро.

Чашми мардумро чӣ сон густоҳ бинам дар раҳат,
Ман, ки мехоҳам зи чашми худ ниҳон бинам туро?

Дар вафо сад бор агар пеши сагонат ҷон диҳам,
Боз бо худ дар мақоми имтиҳон бинам туро.

Гарчи аз як диданат расвои олам гаштаам,
Оламе бояд, ки оямӣ ҳар замон бинам туро.

Пеш аз он дам пур шавад паймонаи умрам, ки ман
Аз хумори базми хуб, саргарон бинам туро.

Гашт коми Мушфиқӣ талх аз ту, эй заҳри фироқ.

Дар ҷаҳонӣ ё раб, ба коми душманон бинам туро!


То зи ғам чок задам ҷайби шикебоиро
Ишқ бинмуд ба ман кӯчаи расвоиро.

Зери хокам зи мулоқоти рақибон хуштар,
Ба ҷаҳоне надиҳам гӯшаи танҳоиро.

Ҳар дам, эй шохи гули тоза, ба ранги дигар,
Аз кӣ омӯхта, ин ҳама раъноиро?

Қадам аз фарқ ба савдои висолат кардам,
Аз қадам фарқ накардам сари савдоиро.

Гар хаёли хати мушкини ту набвад, ки ниҳад,
Мушк дар зери нигин хотами биноиро?

Ғайри хунобаи ҳасрат кӣ кушояд зи дилам,
Аз гулистон чи кушояд мани савдоиро?!

Мушфиқӣ, аз қадами ёр марав ҷои дигар,
Ки қабуле набувад бандаи ҳарҷоиро.

Чун насими субҳ дарёбад маи гулфомро,
Чини мавҷи ӯ гули садбарг созад ҷомро.

Соғари майро даҳан аз ханда чун гул бозмонд,
То ба лаб рӯзе расид он сарви симандомро.

Гар нишоти умр хоҳ, бе маи гулгун мабош,
Ҳамчу даври гул ғанимат дар ин айёмро.

Соқиё, лутфе куну аз лаъли худ коме бидеҳ,
Ҳамдаме ку, то ба махмурон барад пайғомро?

Он ки дорад аз ҳарифони куҳан дилбастагӣ,
Нест ғайр аз лои бода ринди дурдошомро.

Мушфиқӣ, тоси фалакро нест имкони даранг,
Сарфи ҷоми бода гардон умри бефарҷомро
Агарам ба ҷуз ту бошад бути дигаре, худоро,
Напарастаму надонам ба ягонагӣ худоро.

Ҳамаро навиди лутфи ту ба доғ баст марҳам,
Зи миёни дардмандон ба кӣ вогузошт маро?

Манаму дуои умрат, ба шикастахонаи худ
Зи дили шикаста, оре, асаре бувад дуоро.

На манӣ, чӣ подшоҳӣ, ки зи хони хубии ту
Нарасад ба ғайри ҷое, ки ба лаб расад гадоро.

Ба ҳавои хоки пои ту зи сайри боғ гаштам,
Чӣ кунам зи гашти боғе, ки наёбам ин ҳаворо.

Зи баҳори васл бӯе ки ба Мушфиқӣ расонад,
Магар аз ту ҷониби ӯ гузаре фитад гадоро?

Орзу дорам ба домони ту рӯи хешро,
То ба кай пӯшам ба доман орзӯи хешро?

Гарчи гардад фитнае боз аз барои ҷони ман,
Боз кун аз хоб чашми фитнаҷӯи хешро.

Чун ба ёдат хона дар кӯи фаромӯшон кунам,
Ёд кун гоҳе фаромӯшони кӯи хешро.

Бар сари кӯи ту гирён рафтаму расво шудам,
Рафта-рафта ҳеҷ кардам обрӯи хешро,
Мегудозам ҳамчу шамъ аз риштаҳои ҷони худ,
Душмани худ ёфтам ҳар тори мӯи хешро.

Номаи қатли маро аз холи мушкин мӯҳр кун,
Ҳамчу Ҳотам то ба кай гирам гулӯи хешро?

Мушфиқ, аз бӯи гулзори рухат ҷон медиҳад,
Бо насими зулф ҳамраҳ соз бӯи хешро.

Маҷлис имшаб тираву чашми ту, эй мутриб, ба хоб,
Субҳ шуд, бархезу оташбарг соз аз гӯшабоб.

Гул шавад аз ғунча хандон, гарчи дар базми чаман
Ғунчаи лаъли ту хандон шуд зи гулҳои шароб.

То ба зулфи шабмисолаш нисбате пайдо кунад,
Хештанро бар маҳи рӯи ту мебандад ниқоб.

Пунбаи марҳам фитад пеши ту аз доғи дилам,
Баски дорад аз барои доғи дигар изтироб.

Бо хаёлат рӯзу шаб чашм аз ҷаҳон пӯшидаам,
Не ба рӯи моҳ бинам, на ба сӯи офтоб.

Мушфиқӣ, гар бандаи ишқӣ, зи меҳнат сар мапеч,
Меҳр меварзӣ ба хубон, аз маломат сар матоб.


Қадаҳ ки ҳамдами ӯ ашки лолагуни ман аст,
Даме ки лаъли ту бӯсад сиришқ хуни ман аст.

Ба ғайри оҳ надорам рафиқи дилсӯзе,
Ки шаб ба рафтани кӯи ту раҳнамуни ман аст.

Ба хоки пои рақибон баробарам кардӣ,
Камоли заъфи тану толеи забуни ман аст.

Ситамгаре, ки ба заҳри фироқ кушт маро,
Кунун ба ваъдаи васл аз паи фусуни ман аст.

Касе ба ман сухани он парӣ намегӯяд,
Ба худ, ки дар суханам, ғояти ҷунуни ман аст.

Ба базми ҳаҷри ту аз хуни дида дар аҷабам,
Ки бода ин ҳама дар соғари ҷунуни ман аст.

Магӯ, ки Мушфиқӣ аз оташи кӣ сӯхтаӣ,
Касе ки сӯхт маро, оташи даруни ман аст.

Ба дилу ҷони худ аз кӯи ту натвон шуду рафт,
Тарки дил гуфтаму ҷон додаму осон шуду рафт.

Сари зулфи гираҳе нола кушод аз дили ман,
Дили ҷамъе, ки маро буд, парешон шуду рафт.

Аҷал омад, ки халос, диҳад аз ҳаҷр маро,
Буд бетолеии ман, ки пушаймон шуду рафт.

Гуфтам аз кӯи ту гирам сару овора шавам,
Пеш аз он дам ки равам, он сару сомон шуду рафт.

Хоб дидам, ки биноҳои тараб сохтаам,
Ваҳ, ки то чашм кушодам ҳама вайрон шуду рафт.

Дар ғамат риштаи умре, ки ба каф буд маро,
Сарф дар дӯхтани чоки гиребон шуду рафт.

Мушфиқӣ дасттиҳ, рафт зи олам берун,
Ҳарчи будаш ҳама сарфи раҳи хубон шуду рафт.


Набарӣ гумон, ки ҷое равам аз ҳарими кӯят,
Ҳама ҷо асир бошад, на чунон ки ман ба рӯят.

Бикушой чашми раҳмат ба шикастабастаи ман,
Ки дили шикаста бастам ба каманди орзуят.

Ту зи хӯи бад насоз, ба касе, ки мубтало шуд,
Чӣ кунам, агар насозам мани мубтало зи кӯят?

Гул агар ҳазор ҷилва зи никоби ғунча дорад,
Ба шунидану ба дидан нарасад ба рангу бӯят.

Сару зар нисор кардам ба ду зулфи тобдорат,
Дилу ҷон зи даст додам ба ду чашми фитнаҷӯят.

Ба ҳавас гузашт умру нафасам ба охир омад,
Нафасе хамӯш ҳаргиз нашудам зи гуфтугӯят,
Зи ҷаҳон фитад иқомат дилу хоки Мушфиқро,
Наравад ҳанӯзаш аз дил ҳаваси рухи накӯят.

Гуфтамаш, сунбули тар зиннати барги суман аст,
Ба каҷӣ бурд суханро, ки сари зулфи ман аст.

Ҷони ҷонҳо ту, имрӯз ба нозукбаданӣ,
Бидиҳанд ҷону дигар ҷумлаи ҷонҳо бадан аст.

Меканад ҷону зи ёрони вафодор касе
Нест ҷуз теша, ки рӯяш тарафи
Кӯҳкан аст.

Нома аз раҳгузари шавқ рақам созаму боз
Мирам аз шавқ, ки ӯро ба ту роҳи сухан аст.

Ҳар куҷо дар сафи тоат ба худо орам рӯй,
Зулфи ту пурдилу чашми сияҳат сафшикан аст.

Мушфиқиро, ки ба кӯи ту бувад ғарқа ба хун,
Чашми ғамдида, аҷаб нест, гули ин чаман аст.


Он ки дуд аз ҷон барорад ҷуз навои чанг нест,
Оташи бедуд ғайр аз оби оташранг нест.

Шишаи номус бар санги маломат мезанам,
Мутриби ушшоқро хуштар аз ин оҳанг нест.

Ҳар нафас як манзил аз умр аст дар роҳи фироқ,
Умр рафту эътимоди қатъ, як фарсанг нест.

Гарчи дар ишқи ту кори ман ба расво, кашид,
Дорам аз худ нангу аз коре, ки дорам нанг нест.

Ғунча аз лаъли лабат дар тангнои ҳайрат аст,
Варна дар гулзор бар боди ҳаво дилтанг нест.

Баъди мурдан миннат аз санги мазорам гӯ, мабош,
Дасти ман аз ҳеҷ кас боре ба зери санг нест.

Рӯзи ҳиҷрон Мушфиқӣ мушту гиребон чок-чок,
Чист инҳо, гар ба бахти хештан дар ҷанг нест?


Наълу алиф ба сина роҳи балои ҷон аст,
Дорад тафовут, аммо ин тиру он камон аст.

То дар саводи чашмам хатти ту ҷо гирифта,
Ҳар қатраи сиришкам тифли саводхон аст.

Дасти умед шустам, з-он дам зи хоки поят,
Чун оби зиндагон, аз чашми ман ниҳон аст.

Ҳар устухон, ки ёбад аз ман сагат шикаста,
Печида дуди ҳасрат дар мағзи устухон аст.

Сад нома аз ғами дил дар нома шарҳ кардам,
Хоҳад баён намудан, чун нома нуктадон аст.

Шохи гуле зи дастам рафтасту з-оташи дил
Оҳи шарарфишонам чун дастаи хазон аст.

Чашми туро ниҳон, бо Мушфиқи нигохест,
Хурсандие, ки дорад дар ошиқӣ, ҳамон аст.


Дур аз саги ёрам, алами ман ҳама ин аст,
Касро ғами ман нест, ғами ман ҳама ин аст.

Ман ошиқу хӯи ту баду ҷаври рақибон
Дар кӯи ту бар худ, ситами ман ҳама ин аст.

Ҷон бар лабу хун бар мижа дорам зи ҷафоят,
Аз ту гилаи дам ба дами ман ҳама ин аст.

Беш аз ҳама ғам дораму кам аз ҳама сомон,
Сомони ману бешу ками ман ҳама ин аст.

Ҳарчанд ки нолам зи ҷафоҳои ту, гӯй,
Ман инаму лутфу карами ман ҳама ин аст.

Чун хору хасам, Мушфиқӣ, афтода ба кӯяш,
Гулзори биҳишту ирами ман ҳама ин аст.


Гул зи бӯи ту ба гулзор хабар ёфтааст,
Наргис аз чашми сиёҳи ту назар ёфтааст.

Лоласон ҳар кӣ ба дил доғи таманнои ту бурд,
Доманаш ранг ба хуноби ҷигар ёфтааст.

Гар ба кӯи ту наёбам гузаре, хоҳам шуд
Хоки пое, ки ба кӯи ту гузар ёфтааст.

Ҷунбиши меҳри ту аз силсилаи ашки ман аст,
Гӯиё риштаи ғаввос гуҳар ёфтааст.

Сина бутхона шуд аз сурати хубону дилам
Каъба бигзоштаю буткада дарёфтааст.

Мушфиқӣ дар раҳи ишқи ту хуш аст аз рухи зард,
Хоксори ту магар муфлиси зарёфтааст.


Баҳри девонагии ман санаме шуд боис,
Ҳар куҷо доғ ниҳодам, аламе шуд боис.

Гиря рӯ дод маро бе ту бар атрофи чаман,
Гашт гулзор пароканда, ғаме шуд боис.

Хонумони мани беҷой агар гашт хароб,
Золиме пеши ман омад, ситаме шуд боис.

Рафта будам, ки наёям ба сари кӯи ту боз,
Шавқи дидори туам дар қадаме шуд боис.

Чанд сӯзам зи ғамат, кош набуд, ин дил,
То бар ин оташи ҷонсӯз намешуд боис!

Кимиёи карам аз майкада мебояд ҷуст,
Ки бар он химати соҳибкараме шуд боис.

Мушфиқиро, ки тан аз нола чу нои қалам аст,
Орзуи хати мушкинрақаме шуд боис.


Соқиё, хез, ки омад ба тамошо гули сурх,
Боғ шуд базму қадаҳ лолаю саҳбо гули сурх.

Боз шуд оташи хокистари булбул равшан,
Ки барафрӯхта рухсораи зебо гули сурх;
Ба ҳавои гули рухсори ту созад ҳар субҳ
Тугмаи ғунча зи пироҳани худ во гули сурх.

Сӯзан аз ҷайб бароварда, магар мехоҳад
Дар ғамат хори маломат кашад аз по гули сурх?

Ашк аз чашми ману ҳай зи ҷабини ту чакад,
Рӯяд ин ҷо гули зарду дамад он ҷо гули сурх.

Мушфиқӣ доғи дилу дидаи пурхун дорад,
Накунад дар чамани даҳр таманно гули сурх.


Он шӯх, ки сад дилшуда девонаи ӯянд,
Шамъест, ки хубон ҳама парвонаи ӯянд.

Онҳо, ки ба як чашм задан дил бирабоянд,
Дар орзуи наргиси мастонаи ӯянд.

Қавме, ки тавон хок шудан дар раҳи хубон,
Аз хокнишинони дари хонаи ӯянд.

Хубони паричеҳра ба ҳар хона, ки бошанд,
Муштоқи тамошои парихонаи ӯянд,
Хуррам дили он ҷамъ, ки бо тафриқаи ҳаҷр
Шаб то ба саҳар маҳрами кошонаи ӯянд.

Ҳар ҷо ки сухан Мушфиқӣ аз лаъли ту гӯяд,
Соҳибназарон гӯш ба афсонаи ӯянд.


Эй, ки мехоҳ, баҳори умр хуррам бигзарад,
Чашм то барҳам зан, чун барқ олам бигзарад.

Ҳар дам аз шасти ҷафоят бар дили афгори ман
Новаки бедод сад биншаст, агар кам бигзарад.

Бар дилам дирӯз агар ханчар кашидӣ, он гузашт
Мекашӣ тири чафо имрӯз, ин хам бигзарад.

Дар миёни дардмандон номи ман ҳаргиз мабод,
Дар замири захм мангар, ёди марҳам бигзарад.

Гӯш мекардам, ки дигар нашнавам номи фирок.

Чашм медорам, ки рӯзи гиряву ғам бигзарад.

Мушфиқӣ то зинда бошад бо сагони кӯи дӯст,
Нокасе бошад, ки аз ёрони ҳамдам бигзарад.


Дурри дандону шакархандаи он лаб нигаред,
Дар гуҳар ҳуққаи ёқут лаболаб нигаред.

Шамъи фонус, ки сӯзад ба хаёлаш ҳама шаб,
Ҷонфишонию тиҳ, кардани қолаб нигаред.

Аз таби ман, шаби ғам, бистару болин ҳама сӯхт,
Рафта-рафта ба куҷо мерасад ин таб, нигаред.

Кард дурам зи дараш, оташи ман пинхон нест,
Мисли он оташи аз дур, ки дар шаб нигаред.

Ҳалқаи зулфи ту ҷое, ки шавад қибланамоӣ,
Нури тоат ба рухи анбари ашҳаб нигаред.

То фиребад дили мо дар назари ғамзаи ӯ,
Ба забон мижжаи сад сеҳри муҷарраб нигаред.

Мушфиқӣ дам назаду умр ба ҳасрат гузаронд,
Солҳо хуни ҷигар хӯрдани машраб нигаред.


Ид асту дорад ҳар касе коми диле аз ёри худ,
Ман ноумед аз кори дил, ҳам ноумед аз кори худ.

Дорам зи сарви наврасе чун лола доғи дил басе,
То кай ниҳон дорад касе доғи дили афгори худ?

Лаълат Масеҳу ман зи таб аз по фитода рӯзу шаб,
Баҳри худо, бикшой лаб дар пурсиши бемори худ.

Ҳам нозукӣ, ҳам нозанин, бархезу бар чашмам нишин,
Мапсанд маҳрумам чунин аз давлати дидори худ.

Эй боғбон, гул менигар, дорам ба раъное назар,
Ашки ману хуни ҷигар, чашми туву гулзори худ.

То Мушфиқиро сӯхт дил аз меҳри он паймонгусил,
Чун шамъ дорад по ба гил аз гиряи бисёри худ.


Ушшоқ агарчи рози дили худ нуҳуфтаанд,
Чизе намондааст, ки мардум нагуфтаанд.

Дар ишқ миру зинда шавӣ эй дил, ки зери хок
Осудаанд зиндадилоне, ки хуфтаанд.

Мо ҳам шукуфтаем зи гулҳои доғи дил
Дар мавсиме, ки лолазорон шукуфтаанд.

Ағёр шаб ба кӯи ту буданд то саҳар,
Дар хотири ман аст ғуборе, ки рӯфтаанд.

Ашки ниёз гавҳари ишқ аст, Мушфиқӣ,
То дидаем, беҳтар аз ин дур насуфтаанд.


Сӯзе, ки пинҳон доштам, ҳаҷри ту пайдо мекунад,
Табро ниҳон дорад касе, марг ошкоро мекунад.

Зулфи парешон чун ниҳад дар ҷилва сар бар пои ту,
Аз баҳри ҷони бедилон сад фитна барпо мекунад.

Гӯянд ишқу мушкро натвон нуҳуфтан дар ҳарам,
Ишқи ту кард афсонаам, зулфи ту расво мекунад.

Шодию роҳат аз дилам омад зи танг, бас бурун
Чандин ғам аз ҳар ҷонибе дар рӯи ҷон ҷо мекунад.

Ҳар нохуни булбул, агар хоре шавад дар пои ӯ,
Аз хор-хори ошиқӣ бо гул мадоро мекунад.

Рӯзи фироқ аз сӯзи дил теғи ту дорам орзу,
Лабташна дар оби равон мурдан таманно мекунад.

Шабҳо, ки дорад Мушфиқӣ андешаи моҳи рухат,
Бар ёди рӯят то саҳар маҳро тамошо мекунад.


Дил дар сари он наргиси мастона шуд охир,
Ҳушёр намуд аввалу девона шуд охир.

Хам шуд сари шамъ аз ҷиҳати бод ба маҷлис,
Ханҷар зи паи куштани парвона шуд охир.

Он шӯх, ки умрам ҳама шуд сарфи вафояш,
Аз ошиқи худ баҳри чӣ бегона шуд охир?

Афсӯс, ки дар ишқи ту дарди дили худро
Аз халқ ниҳон кардаму афсона шуд охир.

Он турфа ғизол аз мани девона рамидаст,
Хоҳам зи чунун сокини вайрона шуд охир.

Бо он ки дили Мушфиқӣ аз каъба нишон дошт,
Аз сурати зебои ту бутхона шуд охир.


Олами ҳуснат баҳори хурраме дорад ҳанӯз,
Нест хол, аз сафое оламе дорад ҳанӯз.

Ҳар камоле нест бе нуқсон, вале моҳи рухат
Хубии бисёру нуқсони каме дорад ҳанӯз.

Кишвари дилҳо парешон гашт дар мулки хилват,
Ҳалқаи ҳар мӯи мушкин хотаме дорад ҳанӯз
Давр бигзашту ҳарифон масти лояъқил шуданд,
Ҷуръае соқӣ ба майхорон намедорад ҳанӯз.

Баъди мурдан лола рӯяд гар зи хоки Мушфиқӣ,
Сар ба пеш афганда дар хотир ғаме дорад ҳанӯз.


Зи мастӣ дошт қасди куштани ман чашми шаҳлояш,
Қадам бархост баҳри узру зулф афтод дар пояш.

Ба суратхона ҳар сурат, ки дидам, маҳви он гаштам,
Чу дидам сурати он маҳӣ шудам маҳви тамошояш.

Зи хубон орзӯи дил таманно мекунад ҳар кас,
Маро ин орзу дар дил, ки мирам аз таманнояш.

Ту менолӣ ба тарфи бӯстон, эй қумрию ман ҳам,
Ту аз болои сарву ман ба ёди сарви болояш.

Зи гул домони худ чидам, гирифтам дида наргисро,
Чӣ гуна дида баргирад касе аз сарви болояш?!

Бар ин дар Мушфиқӣ умрест лофи бандагӣ дорад,
Гар аз баҳри сагонаш хидмате бошад, бифармояш.


Ҷафоҷӯе, ки шуд дарди мани бедил фаромӯшаш,
Равам ҷое, ки дигар нолаи ман бишнавад гӯшаш.

Буте дорам, ки гар ҷон медиҳам, ҳарфе намегӯяд,
Мусулмонон, балои ҷони ман сад лаъли хомӯшаш.

Рухаш ойинаю ман дар тамошои рухаш ҳайрон,
Лабаш майхораю ман аз маи наззора мадҳушаш.

Камон ҳар ҷо, ки аз худ меравад бар ёди абрӯят,
Ба сӯи хона мебояд кашидан бар сари дӯшаш.

Шаб аз рашки даҳонат ғунча мепечад ба худ чандон,
Ки пероҳан саҳар садчок мегардад дар оғӯшаш.

Ба ҳуши худ наёям то абад гар ҷуръае нӯшам
Аз он ҷое, ки бар шоир расад лаъли кадахнӯшаш.

Аз он шуд Мушфиқӣ девонаи зулфи парирӯён,
Ки занҷири ҷунун хуштар намуд аз миннати ҳушаш.


То зи наққоши хазон суратгаре дорад ба боғ,
Беди маннун сурати болу паре дорад ба боғ.

Озари саҳбо деҳӣ эй соқӣ, ки ҳар барги хазон
Ранги рухсори бутони озарӣ дорад ба боғ.

Сад гираҳ бар риштаи оби равон зад аз ҳубоб,
Абрӣ пиндорӣ, хаёли соҳирӣ дорад ба боғ.

Домани кӯҳу садои об агар набвад, равост,
Шишаи май хандаи кабки дарӣ дорад ба боғ.

Шуд ду ҳарфи зар қарини ҳам хазони барги бед.

Турфа бошад он к, ҳарфи безаре дорад ба боғ.

Ҷуръа бар рӯи зарин мекаш, ки дар базми сабӯҳ
Шӯълаҳои офтоби ховарӣ дорад ба боғ.

Мушфиқӣ ҷон аз лаби лаъли майолуди ту дид,
Гул надорад боғу гулбарги таре дорад ба боғ.


Кӯҳканро чу диҳад лола шароби гулранг,
Дар дили кӯҳ бувад лола кабоби дили санг.

Мардум аз дард биноланд, ман аз нола, ки ӯ
Дам ба дам аз таҳи дил сӯи ту дорад оҳанг.

Дастам аз кор шуду як гираҳ аз ғам накушод,
Ин ҳама нохуни ҳасрат, ки задам бар дили танг.

Чашми ту он чӣ ба ман кард зи мижгони сиёҳ,
Ҳеҷ кофар ба мусулмон накунад дар сафи ҷанг.

Дар мақоме, ки манам, ҷанг агар нест, бас аст
Чоки доман, ки дар ӯ хори маломат зада чанг.

Чун ба доғи дилу хуноби ҷигар хок шавам,
Лолаҳо рӯяду гулҳо шукуфад ранг ба ранг.

Мушфиқӣ гашт ба савдои ту расвошудае,
Боз расвошудаи ном бароварда ба нанг!


Манаму мотами ҳаҷру ҳама шаб зории дил,
Нест дар паҳлӯи кас ба вафодории дил.

Сари мову қадами сояи девори ту бод,
Ки фитодем ба ҳам рӯзи гирифтории дил.

Дили худ металабам, гар бикушо, хами зулф
Бедилонро чӣ кушояд зи талабгории дил?!...

Шаби ҳиҷрон чӣ табибест диламро, ки дар ӯ
Нест уммед, ки ояд паи ғамхории дил
Дил ба ҳар бор супурдан бувад аз бехабар,
Хоҷа ёре, ки бувад бехабар аз ёрии дил.

Мушфиқӣ ҷони ба лабомадае дораду бас,
Сар ба болини аҷал монда зи ҳамсории дил.


Шаб, ки бар ёди ту ҳамчун шамъ меафрӯхтам,
Мекашидам оҳу ҷон медодаму месӯхтам.

Бо сагат омӯхтам ҳарфи вафо, бегона шуд,
Кошкӣ ҳаргиз чунин ҳарфе намеомӯхтам!

Гар наяфтод, гираҳ дар риштаи уммеди ман,
Чокҳои синаи садпораро омӯхтам.

Сӯи ман ҳар санг, к-аз роҳи ҷафо андохтӣ,
Гавҳари мақсуди худ донистаму андӯхтам.

Гарчи муфлис гаштам аз савдои хубон, Мушфиқӣ,
Дарду доғи ишқро бо оламе нафрӯхтам.


Ҳар шаб чу шамъ гиряи ҷонсӯз мекунам,
Мурдан беҳ аз шаб аст, ки ман рӯз мекунам.

Фардо магар худой ба фарёди ман расад,
Ин нолаҳо, ки бе ту ман имрӯз мекунам.

Хӯи ту бад набуд бад-ин сон, ҳабиби ман,
Ин шиква аз рақиби бадомӯз мекунам.

Месӯзам аз ҳикояти бахти сиёҳи худ,
Шабҳо ба моҳи анҷуманафрӯз мекунам.

Ишқат кадом дил, ки ба тороҷи ғам надод,
Беҳуда фикри ҷони ғамандӯз мекунам.

Чоки дилам зи ханҷари ёр аст, Мушфиқӣ, з-ӯ илтимоси новаки дилдӯз мекунам.


Бе лаби лаълат намехоҳам маи нобе хӯрам,
Оташе дар ҷонам афтад, гар дами обе хӯрам.

Бо шароби лолагун мастон кабоби дил хӯранд,
Аз кабоби дил ман он мастам, ки хунобе хӯрам.

Наргиси мастонаат аз дин маро бегона кард,
Соқие хоҳам, ки май дар тоқи меҳробе хӯрам.

Ҳастии ман дар раҳи беэътибор, беш нест,
То ба кай ғам баҳри хуршеди ҷаҳонтобе хӯрам?!

Шарбате беҳ дар таби ҳиҷрон намесозад маро.

Аз ҳубоби ашки гулгун беҳ, ки уннобе хӯрам.

Аз лаби ӯ, Мушфиқӣ, ҳаргиз надидам коми дил,
Чанд хуни дил барои лаъли ноёбе хӯрам?!


Ба душман дӯст шуд, моҳи дилафрӯзе, ки ман дорам,
Набинад ҳеҷ кас, эй дӯстон, рӯзе, ки ман дорам!

Суруди ҳасрат аст, ин нолаи зоре, ки дил дорад,
Самуми меҳнат аст ин оҳи ҷонсӯзе, ки ман дорам.

Ба шоми бекасӣ мушкил, ки таскин ёбад аз гиря
Ба рӯи некӯвон ҳашми бадомӯзе, ки ман дорам.

Қиёмат бар сарам овард, аз ҳиҷрон наметарсӣ?

Зи фардое, ки хоҳад буд, имрӯзе, ки ман дорам.

Дилам садпора аз дасти рақибон аст, ҳар пора
Бувад пайкони тир он оҳи дилсӯзе, ки ман дорам.

Ба дасти хеш мебанд, хазон бар нахли тобутам,
Чӣ суд ар рашк хоҳад мурд, наврӯзе, ки ман дорам.

Кабуд аз санги бедоди бутон шуд рӯи зарди ман,
Кӣ дорад, Мушфиқӣ, ин бахти фирӯзе, ки ман дорам?!


Ҳар шабе аз оҳи худ кошонаро оташ занам,
Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.

То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,
Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.

Бо ҳама раъно, аз оҳи дилам андеша кун,
Хирмане сӯзад, агар як донаро оташ занам.

Ин ҳама оташ ба ҷони ман-зи дасти дил фитод,
Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам!

Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,
Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфиқӣ, дар дафтари айём мазмуни фаност,
Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.


Лаби ту барги гул асту шароби ноб бо ҳам,
Хӯю узори ту борону офтоб бо ҳам.

Фасонаи ғами ҳиҷрони худ чи сон гӯям
Ба наргиси ту, ки дорад хумору хоб ба ҳам.

Зи дурии ту маро оби чашму шӯълаи оҳ
Бувад муоина барги хазону об ба ҳам.

Ту меравию зи тоби рухи ту дуди дилам
Бувад чунон ки расад оташу кабоб ба ҳам.

Саҳар сабо, ки тавонад савори масти маро,
Инон гирифтану бӯсидани рикоб ба ҳам.

Зи зулми чашми ту ҷои Мушфиқӣ чи гуна барад,
Балои ҷон шуда нози туву итоб ба ҳам.


Бо рақибони ситамгар майли ҳамроҳ, макун,
Хоҳӣ, аз мо ин сухан бовар куну хоҳӣ, макун!

Чеҳраю соид намудӣ, оламе барҳам мазан,
Арзи асбоби ҷамол аз моҳ то моҳ, макун.

Ҳарчӣ бояд, сарви манӣ дор, зи идроки баланд,
Паҳлӯи ҳар нокасе маншину кӯтоҳ, макун.

Аз сафи хубон ба таъзими гадоён бармахез,
Рахна дар номуси ҳусну иззати шоҳ, макун.

Мутриби базми ту шабҳо нолаи дилҳо бас аст,
Гӯш бар фарёди мурғони саҳаргоҳ, макун.

Мушфиқӣ, маънии ишқ аз ҳастии худ бехудист.

Бехабар гар нестӣ, даъвои огоҳӣ макун.

Қасам ба каъбаву тавқи ҳарими хонаи ту,
Ки нест қиблаи мо ғайри остонаи ту.

Гузашт навбати хубон, замони хубӣ нест,
Ба хубии ту касе нест дар замонаи ту.

Шавам ба роҳи саманди ту хоку бархезам,
Ба номаи сияҳ аз захми тозиёнаи ту.

Касе ба давлати ҷовид дар ҷаҳон нарасад,
Магар ба давлати ғамҳои ҷовидонаи ту.

Мабош ранҷа, ки хуш нест, ба базми рақиб,
Куҷо шуд он ҳама бадхӯӣ, баҳонаи ту.

Ба ёдгори ту гар Мушфиқӣ намонд касе,
Бимонд номи ту аз шеъри ошиқонаи ту.


То кай ба сабр чораи ҳиҷрон кунад касе,
Аз ҳад гузашт дарду чӣ дармон кунад касе.

Нуре, ки равшан аст, ба он чашми ман ту,
Эй нури дида, аз ту чӣ пинҳон кунад касе?

Ҷоно, ба хубии ту надидам, чӣ дилбарӣ,
Дил мекашад, ки ҷои ту дар ҷон кунад касе,
Созад зи ҷону дил зи барои ту хонае,
Равзан зи чашму ҳуҷра зи мижгон кунад касе,
Ғамхонае куҷост, ки чун бе дар он мақом,
Ҳамдам шавад ба нолаву афғон кунад касе.

Ҳеҷ аст ғайр, ба фирқаи ишқ аст Мушфиқӣ,
Хотир чаро ба ҳеҷ парешон кунад касе.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2