Зеҳн

Садриддин Айнӣ-Мухамас бар ғазали Соиб

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Рафтам ба ҷустуҷӯяш дар кӯчаҳо давида,
Ҳам ҷома чок карда, ҳам пираҳан дарида,
Дар кӯи ӯ фитодам дар хоку хун тапида,
«Он маҳлиқо баромад аз хона май кашида,
Моил ба уфтодан чун меваи расида».

Гесӯи мушкбӯро тоби каманд дода,
Анворбахш рӯро хуршедсон кушода,
Дар ошиқ орзӯро карда басе зиёда,
«Нози баҳонаҷӯро дар як тараф ниҳода,
Шарми ситезахӯро дар хоку хун кашида».

Рӯи чу маҳ гирифта андар паноҳи соид,
Бар маҳ фурӯғ дода аз тоби моҳи соид,
Бар қатли ишқбозон бикшода роҳи соид,
«Молида остинро то бӯсагоҳи соид,
То ноф пираҳанро чун субҳдам дарида».

Бурқаъ зи рӯ кушода боғи Ирам намуда,
Пайваста абрӯвонро теғи дудам намуда,
Дилҳо ба дом баста зулфон чу хам намуда,
«Барқе зи абр ҷаста ҳар ҷо карам намуда,
Сарве зи хок раста ҳар ҷо, ки орамида».

Қад — нахлаи назокат, тан — пайкари латофат,
Лаб — чашмаи ҳаловат, рӯ — матлаи саодат,
Айнӣ чу дида он маҳ боре ба ин қиёфат
«Дигар надида худро то домани қиёмат,
Соиб касе, ки ӯро масту хароб дида».


Гӯ набошад шамъ бар хок ин ба хун оғуштаро,
Нур меборад зи симо ин чароғи куштаро.

Соддалавҳони ҷунун аз бими маҳшар фориғанд,
Бими расвоӣ набошад номаи нанвиштаро.

Нест дар дил хоксоронро тамошое, ки ҳаст,
Осмон дар зери по афтодааст ин куштаро.

Тору пуди олами имкон бувад мавҷи сароб,
Ҳамчу сӯзан ҷо ба чашми худ мадеҳ ин риштаро.

Бар сари реги равон бошад асоси зиндагӣ,
Меканад мавҷи сароб ин хонаи якхиштаро.

Ноумедӣ аз ғами олам дили моро харид,
Аз ғубор андеша набвад чашми бар ҳам бастаро.

Ташна бармегашт аз сарчашмаи оби ҳаёт,
Хизр агар медид он теғи ба хун оғуштаро.

Накардан хешро дар айни пирӣ мушкил аст,
Пеши раҳ натвон гирифтан лашкари баргаштаро.

Нест ҷуз ашки надомат хӯшае дар остин
Донаи дар раҳгузори корвоне киштаро.


Сӯҳбати афсурдаро нодидан аз дидан беҳ аст,
Шиква аз доман набошад шамъи мотамкуштаро.

Ҳосили паҳлӯи чарби ин хасисон коҳиш аст,
Мехӯрад гавҳар ба чашми танг охир риштаро.

Нест бе хуни шафақ нони фалак чун офтоб,
Хок хӯр, Соиб, махӯр ин қурси хуноғуштаро.

Мешаванд аз сардмеҳри дӯстон аз ҳам ҷудо,
Баргҳоро мекунад боди хазон аз ҳам ҷудо.

Қатра шуд селобу восил шуд ба баҳр аз иҷтимоъ,
То ба кай бошанд ин беҳосилон аз ҳам ҷудо.

Гар ду бенисбат ба ҳам бошанд сад сол ошно,
Мекунад бенисбатӣ дар як замон аз ҳам ҷудо.

Дар хамӯшӣ ҳарфҳои мухталиф як нуқтаанд,
Мекунад ин ҷамъро теғи забон аз ҳам ҷудо.

Мепазирад чун гулоб аз кӯза ранги иттиҳод,
Гарчи бошад барг-барги гулситон аз ҳам ҷудо.

То туро аз дур дидам, рафт ақлу ҳуши ман,
Мешавад наздики манзил корвон аз ҳам ҷудо.

Пеши арбоби басират гуфтугӯи ишқу ақл
Ҳаст чун бедориву хоби гарон аз ҳам ҷудо.

Гарчи дар сӯҳбат қасамҳо бар сари ҳам мехӯранд,
Хуни ҳамро мехӯранд ин дӯстон аз ҳам ҷудо.

То чу занбӯри асал дар чашми ҳам ширин шаванд»
Беҳ, ки бошад хонаҳои дӯстон аз ҳам ҷудо.

Нест мумкин ошноёнро зи ҳам кардан ҷудо,
Мекунад бегонагонро осмон аз ҳам ҷудо.

Лафзу маъниро ба теғ аз якдигар натвон бурид,
Кист, Соиб, то кунад ҷонону ҷон аз ҳам ҷудо.


Оҳи оламсӯзро дар сина дуздидан чаро,
Барқро пероҳани фонус пӯшидан чаро?

Дар миёни рафтаву оянда дорӣ як нафас,
Ин қадар ҳангома бар як дам фурӯ чидан чаро?

Сомае к-аз тан нарӯяд, ризқи миқрози қабост,
Бар либоси орият чун хор хусбидан чаро?

Оби ҳайвон дар ақиқи сабр пинҳон кардаанд,
Инчунин оби гуворое нанӯшидан чаро?

Кӯрро аз раҳбари бино буридан, ғофилист,
Бесабаб аз айббини хеш ранҷидан чаро?

Сангро бар медиҳад шавқи азизони ватан,
Эй кам аз санги нишон, аз ҷо наҷунбидан чаро?

Дар чунин вақте ки хони файз густурдаст субҳ,
Чун гаронҷонон зи ҷои худ наҷунбидан чаро?

Аз ҳубобу мавҷ, дарё медиҳад тоҷу камар,
Бар сари ин хирқаи садпора ларзидан чаро?

Дасти афсӯсест ҳар барге ки мерӯяд зи шох,
Дар чунин мотамсарое ҳарза хандидан чаро?

Ин гулистон оқибат чун бод мебояд гузашт,
Бар дарахте ҳар замон чун ток печида чаро?

Дархури талхист, Соиб, ҳар даворо хосият,
Аз сари рағбат ҳадиси талх нашнидан чаро?


Дил дар назари мардуми фарзона бузург аст,
Тифлон чӣ шиносанд, ки девона бузург аст.

Чун ашк фикандан зи назар ҳар ду ҷаҳонро,
Саҳл аст, агар ҳиммати мардона бузург аст.

Бо вусъати машраб чӣ кунад кӯҳи ғами ишқ,
Дар ҳавсалаи танги ту ин дона бузург аст.

Дорад садаф аз синаи ҳар қатра дили танг,
Ҳарчанд ки он гавҳари якдона бузург аст.

Дар зарра ба ҳашмат нигарад дидаи ориф,
Ҳар хурд дар ин гӯшаи майхона бузург аст.

Хун дархури паймона диҳад соқии даврон,
Мағрур нагардӣ, ки туро хона бузург аст.

Дар пояи худ ҳеҷ, касе хурд набошад,
То чуғз бувад сокини вайрона, бузург аст.

Бар пушти фалакҳои парешон сафре ҳаст,
Худро чи кунӣ ҷамъ ту, ин хона бузург аст.

Дар Каъбаву бутхона зи гуфтори диловез
Ҳар ҷо, ки равад, Соиби фарзона бузург аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2