Сурудҳо
Мактаби мо
Эй мактаби маҳбуби мо,
Озодаву матлуби мо,
Ҳоло зи таътил омадем,
Аз нав ба таҳсил омадем.
Мо дар деҳи хуррам будем,
Бо дӯстон ҳамдам будем,
Бо ҷӯраҳо дар кӯҳу дашт,
Кардем агарчи сайругашт.
Ту дар хаёли мо будӣ,
Зебову дилоро будӣ,
Оғӯши худ бар мо кушо,
Дорем хеле тӯҳфаҳо.
Ҳарфе, ки мо мехонем
Ҳарфе, ки мо мехонем,
Ҳарфе, ки мо медонем.
Ҳамеша орад ба ёд
Як нишоне аз ҳаёт.
Ҳарфе, ки мо мехонем,
Ҳарфе, ки мо медонем,
Агар ҳарфҳоро донем,
Ҳама дунёро донем.
Ҳарфи О мисли кулча,
Ҳарфе Б ранги дулча,
Ҳарфи С чун дастпона,
Ҳарфи Ш мисли шона,
Ҳарфи В ранги айнак
Ҳарфи Ж чун тортанак.
Муаллим
Номи ту бошад,
Вирди забонҳо,
Зи ту гирад илм,
Ҳар фарди дунё.
Бе ту надорад,
Ҳеҷ ранге рӯзгор.
Раҳомӯзи мо,
Ҳасти омӯзгор.
Илму адабро,
Аз ту андӯзем.
Одамгариро,
Аз ту омӯзем.
Бе ту надорад
Нуре дабистон.
Номи ту бошад,
Баробари ҷон.
Модар
Азизу меҳрубонам кист? Модар!
Фурӯғи дидагонам кист? Модар!
Забони модарӣ омӯхт бар ман,
Ҳамеша дар забонам кист? Модар!
Сафои рӯи олам офтоб аст,
Сафои хонадонам кист? Модар!
Маро беҳтар зи ҷон донист умре,
Гиромитар зи ҷонам кист? Модар!
Наврӯз
Наврӯзи диёр омад,
Пайғоми баҳор омад,
Дар мавсими кор омад.
Наврӯз муборак бод!
Нақарот: Наврӯз, Наврӯз, Наврӯз муборак бод!
Ҳам зеби чаман - Наврӯз,
Ҳам зеби Ватан - Наврӯз,
Дар дашту даман - Наврӯз,
Наврӯз муборак бод!
Нақарот: Наврӯз, Наврӯз, Наврӯз муборак бод!
Боронак
Чак-чак борон меборад,
Моро шодон медорад.
Оби борон роҳатбахш,
Савти борон мефорад.
Нақарот: Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.
Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.
Тоза шӯяд гулҳоро,
Боғу дашту саҳроро.
Борон равшан гардонад,
Табъу дилҳои моро.
Нақарот: Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.
Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.
Борад, то гулҳо рӯянд,
То духтарҳо сар шӯянд.
То бачаҳо гул чинанд,
То модарҳо гул бӯянд.
Нақарот: Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.
Чак-чак, чак-чак, чак-чак, чак.
Чӯҷаҳо
Ту-ту-ту-ту ба ин ҷо,
Биёед эй чӯҷаҳо.
Шуморо дон медиҳам,
Резаи нон медиҳам.
Натарсед аз ман шумо,
Наларзед аз ман шумо,
Шуморо дон медиҳам,
Резаи нон медиҳам.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё