Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми (охир) 7
Садриддини Айнӣ рӯзгоре ба сар бурд, ки пур аз талош ва шиддат буд ва фоҷиаҳое дошт. Аз он гоҳ ки қадам ба арсаи фаъолияти иҷтимоъӣ гузошт ва соли 1908 дар Бухоро омӯзгори мактаби усули нав шуд, ҳаёти ӯ ҳамеша дар зери хавф буд. Дар ҳар даҳ сол хавфи нобудӣ ба сари ӯ меомад. Нахустин бор соли 1917 хавфи нестӣ ба сараш омад, ки аз ҷаллодони амири Бухоро ҳафтоду панҷ дарра хӯрд ва ба таври мӯъҷизасо аз чанголи аҷал ҷон ба саломат бурд.
Бори дувум дар замони шӯравӣ чун китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» чоп шуд, соли 1927 аз Тошканд ва Маскав айби «шоҳпарастии аксулинқилобӣ» ба гардани ӯ гузоштанд ва лозим буд, ки ҷазои сахте бинад, вале толеъаш баландӣ карду халос шуд. Шояд васфи инқилоб дар шеъру мақолаҳо ва романи «Дохунда», ки таълифаш соли 1929 поён ёфт, сабаби наҷоти ӯ шудабошад.
Бори савум соли 1937, ки террори болшевикӣ ба нуқтаи олӣ расид, боз Айнӣ хадафи тири бало қарор гирифт; ӯро низ «душмани халқ» номиданд. Яке аз мақолаҳои зидди ӯ, ки дар рӯзномаҳо, аз ҷумла дар рӯзномаи ӯзбекии «Бухоро ҳақиқатӣ» ба забони форсии тоҷикӣ дарҷ шуд, «Ниқобпӯшии Айнӣ» ном дошт, ки гӯё Айнӣ дар даврони шӯравӣ ҳамеша душмани ниқобдор будааст. Китобҳои ӯро аз китобхонаву дӯконҳо гирифта сӯзонданд. Ҳар шабе гӯш ба дар дошт, ки меоянд ва ӯро мебаранд. Чанд моҳ аз хона берун нашуд ва назарбанд буд. Дар ин муддат ба номи «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ» фарҳанге тартиб дод, ки ёздаҳ ҳазор вожаро дар бар мегирад ва ними ин луғатҳо «аз забони зиндаи халқи тоҷик гирифта шудаанд» (12–19) ва ин шаклу маънӣ дар дигар фарҳангҳо дида намешаванд. Ва ба болоҳо чанд арзаву тақозо нома навишт. Ниҳоят Абулқосими Лоҳутӣ, ки дар Маскав зиндагӣ мекард, котиби Иттиҳодияи нависандагони шӯравӣ буд ва суханаш эътибор дошт, ба тавассути Вячеслав Молотов, ки шахси дувум дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ба Сталин муроҷиат кард. Ба сабаби кафолати Лоҳутӣ ё ба сабаби дигаре Сталин фармоиш дод, ки Айниро озор надиҳанд. Айнӣ халос шуд.
Чун соли ҳафтуми ҳар даҳа балое ба сари Айнӣ меомад, баъзеҳо аз наздик расидани соли 1947 шояд тарсе доштанд. Дар ҳақиқат пас аз пирӯзӣ дар ҷанги Олмон, яъне баъди соли 1945 сар то сари кишвари шӯравӣ чанд мавҷи таъқибот омад ва бисёре аз равшанфикрон ҷазо диданд. Дар Тоҷикистон низ чанд соли баъди ҷанг «мубориза бо миллатгароии буржуазӣ» авҷ гирифт ва мекӯшиданд, ки зиёиёнро саркӯб бидоранд, вале нафаре аз онҳо зиндонӣ нашуд. Ва ҳол он ки дар дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ нависандагон ва донишмандон гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳабс меафтоданд. Сабаби ин, ки таъқиботи он солҳо дар Тоҷикистон бидуни зиндонӣ шудани зиёиён анҷом ёфт, он буд, ки аз соли 1946 то 1956 котиби якуми ҳизби коммунистӣ ва шахси аввали ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуров буд ва ба ӯ муяссар шуд, ки террорро пешгирӣ кунад. Вай зиёиёнро сарпарастӣ кард. Аз ҷумла эҳтироми устод Айниро чунонки лозим аст, ба ҷо овард ва соли 1947 устод вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҷашни ҳафтодумин зодрӯзи устод соли 1948 бо шукӯҳи тамом баргузор гардид. Чун соли 1951 дар Тоҷикистон Фарҳангистони улум таъсис ёфт, бо пешниҳоди Ғафуров Айнӣ раиси он интихоб шуд ва бо пофишориҳои Ғафуров, Айнӣ аз Самарқанд ба Душанбе кӯчид. Соли 1950 ӯро боз ҳам бо тавсияи Ғафуров вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ интихоб карданд.
Эътибори устод Айнӣ дар байни мардуми тоҷик аз аввал ба ғоят баланд буд. Пеш аз инқилоби соли 1917 асосан дар ҳудуди Бухоро, пас аз он, ба хусус аз нимаи даҳаи бистум, ки муборизаи собитқадамонаи ӯ дар роҳи устувор кардани ҳуқуқи миллати тоҷик шурӯъ шуда, «Намунаи адабиёти тоҷик», қиссаи «Одина» ва дигар осори адабию илмии ӯ паи ҳам чоп шуданд, дар чашми тамоми миллат эҳтироми азим пайдо кард.
Аз аввалҳои даҳаи сиюм то охирҳои даҳаи шастум дар Тоҷикистон фақат се нафарро бо унвони «устод» ном мебурданд, ки яке устод Рӯдакӣ, дигаре устод Айнӣ ва сеюмӣ устод Лоҳутӣ буд. Ин олитарин дарҷаи бузургдошт дар даврони ташаккули худшиносии таърихӣ ва худогоҳии миллии тоҷикони Осиёи Миёна аст. Рӯдакӣ чун бунёдгузори адабиёти ҷаҳоншумули форсӣ аз аҳди оли Сомон сазовори ин унвон шуда буд. Садриддин Айнӣ аз ҳамзамонон бо он ҳама дониши беҳад ва ҷонбозиҳо, ки дар роҳи миллат кард, ва Абулқосими Лоҳутӣ ба сабаби он маҳбубияти ҳамагонӣ, ки дошт ва шеърашро дар дурдасттарин гӯшаҳои Осиёи Миёна — ҳар ҷо тоҷике бошад, мехонданд ва месуруданд, дар назари мардум ба дараҷаи устоди миллат расида буданд.
Садриддини Айнӣ дар як муддати тӯлонӣ — дар ҳудуди 20–25 сол сипосгузории миллатро ба чашми худ дид. Дар назари инсонпарваре аз ин зиёдтар саодат нест. Чун соли 1991 Тоҷикистон ба истиқлол расид ва унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» таъсис шуд, нахустин ду нафар, ки соли 1997 соҳиби ин унвон гардиданд, Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров буданд. Умед аст, ки минбаъд на танҳо тоҷикони Осиёи Миёна, балки ҳама тоҷикони Хуросони Бузург, тамоми мардуми эронинажод онҳоро қадршиносӣ хоҳанд кард.
Дар ин мақола 28 нафар аз адибон, донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷики қарни нуздаҳ ва бист номбар гардидаанд, ки чор нафари онҳо аз дасти ҷаллодони амири Бухоро ва даҳ нафарашон ба дасти шӯравиён кушта шудаанд ва ҳашт нафари дигар аз амир ё аз шӯравӣ ҷазои сахт дидаанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё