Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор — Шеърҳо 3
ВАРЗИШ
Тани зинда воло ба варзандагист,
Ки варзандагӣ мояи зиндагист.
Ба варзиш гарою сарафроз бош,
Ки фарҷоми сустӣ сарафкандагист.
Ба сахтӣ диҳад марди озода тан,
Ки поёни танпарварӣ бандагист.
Диле боядат равшану тан дуруст,
Агар ҷонат ҷӯёи фархундагист.
Касе, ки ӯ тавоно шуду тандуруст,
Хирадро ба мағзаш фурӯзандагист.
Ҳунар ҷӯй, то ком ёбиву ноз,
Ки ҷӯяндагӣ роҳи ёбандагист!
Зи варзиш маёсою кӯшанда бош,
Ки бунёди гетӣ ба кӯшандагист.
Дурахшидани ин баланд офтоб
Зи бисёркӯшию гардандагист.
Ниёгонро варзиш он мояро дод,
Ки «Шаҳнома» з-эшон ба тобандагист.
Ту низ аз ниёгон биёмӯз кор,
Агар дар сарат шӯри сарзиндагист.
АМОН АЗ МАНУ ТУ
(Намунае аз шеърҳои ҳаҷвии Баҳор)
Ҳеҷ донӣ, ки чӣ кардем ба модар, ману ту?
Ё чӣ кардем ба ҳам, ҷони бародар ману ту?
Саъй кардем ба вайронии кишвар, ману ту,
Рав, ки уф бар туву ман бошаду туф бар ману ту!
Ҳар думон мояи нангем, амон аз ману ту,
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Аз ҳамон аввал мову ту ба ҳам ранг задем,
Ва аз сари ҷаҳл ба ҳам ҳилаву найранг задем,
Санг бардошта бар каллаи ҳамсанг задем,
Гоҳ тарёк кашидему гаҳе банг задем.
Ману ту баски дабангем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Мустабид гаштаму ту боз мусовот шудӣ,
Ё ки ман соҳиби сарват шуда, ту лот шудӣ.
Эътидолӣ шуда мухлис, ту демокрот шудӣ,
Алғараз, ман чу ту лоту ту чу ман мот шудӣ,
Боз ҳам бар сари ҷангем, амон аз ману ту,
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Ҳар чи ту нақш задӣ, банда задам ворӯяш,
Ҳар чи мақсуди ту шуд, банда давидам рӯяш,
Ту рухи моми ватан кандию ман гесӯяш,
Чашми ӯ беҳ нашуда, гашт хароб абрӯяш,
Хуб наққоши зарангем¹, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Ман ба унвони ваколат, ту ба унвони дигар,
Ҷалб кардем басе фоида з-ин мардуми хар,
Нашуд аз мову ту ҳосил ба касе ғайри зарар,
Балки гашт Эрон аз рӯзи нахустин бадтар,
Мо ҳам афтодаву лангем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Эй бародар, ту харӣ, ман зи ту хартар, биллаҳ!
Беҳтар аз мову ту донӣ, чӣ бувад? — Хар, биллаҳ.
Хар ба чола наниҳад пой мукаррар, биллаҳ,
З-ин хариятҳо вайрон шуда кишвар, биллаҳ!
Мо ба фикри хари лангем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Ҳаракат додем оғоз думу гардану гӯш,
«Қола-қола» бификандему намудем хурӯш,
Чунки ғайре ба миён омад, гаштем хамӯш,
Пеши бегона ҳақирему залилем чу муш,
Бо худӣ ҳамчу палангем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Аз паи моми ватан хуб арӯсӣ кардем,
Баҳри ин мурғаки худ хуб хурӯсӣ кардем,
Бо мусулмонон оҳанги маҷусӣ кардем,
Алғараз, пур хунукӣ кардаву лус кардем,
Лоиқи силию сангем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Ҳолати мову ту имрӯз чунин аст, Баҳор!
Рӯҳи машрута зи мову ту ғамин аст, Баҳор!
Эй басо фитна, ки моро ба камин аст, Баҳор!
Равишу сирату кирдор гар ин аст, Баҳор;
То абад возу валангем⁶, амон аз ману ту,
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
АЗ ҒАЗАЛИЁТ ВА СУРУДҲО
Хомушӣ ҷустам, ки ҳосид мурда пиндор маро,
Ва аз сари рашку ҳасад камтар биёзорад маро.
Зинда дар гӯри сукутам ман, магар з-ин бештар,
Рӯзгори мурдапарвар хор нашморад маро.
Мардумон аз чашми бад тарсанду ман аз чашми хуб,
Ҳақ зи чашми хуби маҳрӯён нигаҳ дорад маро!
Марги шоир зиндагибахши хаёли ӯст, кош,
Ин хамӯшӣ дар шумори мурдагон орад маро!
Синаам з-оҳи паёпай чок шуд, кӯ он табиб,
Ки аз ташаффӣ марҳаме бар сина бигзорад маро?
То магар таъсир бахшад нолаҳои зори ман,
Орзӯи марг ҳоле басталаб дорад маро.
Шуд умед аз шаш ҷиҳат мақтӯъ, навмедӣ расид,
Бу, ки навмедӣ ба дасти марг бисипорад маро!
Бисӯхтем зи бедоди чарх, хоҳад сӯхт,
Касе, ки илм фаромӯш кард, ҷаҳл омӯхт.
Бигӯ, ба сояи девори дигарон хусбад,
Касе, ки хонаи худро ба дигарон бифурӯхт!
Ватан зи кайди аҷониб¹ даруни оташу мо
Ба сар занему бинолем аз ин, ки Омул сӯхт.
Шикофтему даридему сӯхтем зи ҷаҳл,
Ба зеби пайкари мо гар ҷаҳон қабое дӯхт.
Бувад зи хуни фақир он, ки шарбате нӯшид,
Бувад зи моли ятим он, ки сарвате андӯхт.
Дар ин миёна, Баҳоро, насиби ранҷбар аст,
Ба ҳар куҷо, ки зи бедод оташе афрӯхт.
Ба кишваре, ки дар он заррае маориф нест,
Агар ки марг биборад, касе мухолиф¹ нест.
Бигӯ, ба Маҷлиси шӯро¹, чаро маорифро
Ҳанӯз манзилати камтарин масориф нест?
Вакили беҳунар аз муши мурда метарсад,
Вале зи мурдани абнои навъ хоиф² нест.
Кунад қабилаи дигар ҳуқуқи ӯ помол,
Ҳар он қабила, ки бар ҳаққи хеш воқиф нест.
Нишоти маҳфили Ноҳиду нағмаи Довуд,
Тамом яксара ҷамъ асту, ҳайф, Ориф³ нест!
Баҳор, отифа аз нокасон мадор тамаъ,
Ки¹ дар қулуби касон заррае авотиф* нест.
Ҳашмати мӯҳташамон мояи марги фуқарост,
Дод аз ин расми фурӯмоя, ки дар шаҳри шумост!
Ё раб, ин шаҳр чӣ шаҳр асту чи халқанд ин халқ,
Ки ба ҳар раҳгузаре наъши¹ ғарибе пайдост?
Мешунидам саҳаре тифли ятиме мегуфт:
«Ҳар балое, ки ба мо мерасад, аз ин вузарост!»
Хонаи Мӯҳташам² обод, ки аз ҳиммати ӯ
Шеваиу ғулғула дар хонаи мискину гадост.
Аз худояш ба ҳақиқат нарасад барги мурод,
Он ки фориғ зи ғаму меҳнати махлуқи худост.
Нӯшдоруи насиҳат чӣ диҳад, суд, Баҳор,
Ба маризе, ки ба ҳар қоида маҳкуми фаност?
Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед!¹
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон, баҳри Худо,
Бинишинед ба боғеву маро ёд кунед!
Андалебон, гули саврӣ ба чаман кард вуруд,
Баҳри шобоши² қудумаш ҳама фарёд кунед!
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ҳар ки дорад зи шумо мурғи асире ба қафас,
Бурда дар боғу ба ёди манаш озод кунед!
Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ бок,
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед!
Шамъ агар кушта шуд аз бод, мадоред аҷаб,
Ёди парвонаи ҳастишуда барбод кунед.
Бесутун бар сари роҳ¹ аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарҳод кунед.
Ҷавру бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,
Эй бузургони ватан, баҳри Худо, дод кунед!
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мӯре вайрон,
Хонаи хеш маҳол аст, ки обод кунед.
Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳми Баҳор,
Шукри озодию он ганҷи худодод кунед!
МУРҒИ САҲАР
(Суруд)
Мурғи саҳар, нола сар кун! Доғи маро тозатар кун!
Зи оҳи шарарбор ин қафасро баршикану зеру забар кун!
Булбули парбаста, зи кунҷи қафас даро!
Нағмаи озодии навъи башар саро!
Ва аз нафасе арсаи ин хоктӯдаро
Пуршарар кун!
Зулми золим, ҷаври сайёд, ошёнам дода барбод,
Эй Худо, эй фалак, эй табиат,
Шоми торики моро саҳар кун!
Навбаҳор аст, гул ба бораст,
Абри чашмам ҷолабор аст;
Ин қафас чун дилам тангу тор аст.
Шӯълафикан дар қафас, эй оҳи оташин!
Дасти табиат гули умри маро мачин!
Ҷониби ошиқ нигаҳ, эй тозагул, аз ин
Бештар кун!
Мурғи бедил, шарҳи ҳиҷрон
Мухтасар, мухтасар, мухтасар кун!
Умри ҳақиқат ба сар шуд,
Аҳду вафо бесамар шуд,
Нолаи ошиқ, нози маъшуқ
Ҳар ду дурӯғу беасар шуд.
Ростию меҳру муҳаббат фасона шуд,
Қавлу шарофат — ҳамагӣ аз миёна шуд:
Аз паи дуздӣ ватану дин баҳона шуд,
Дида тар шуд.
Зулми молик, ҷавр арбоб,
Зореъ аз ғам гашта бетоб,
Соғари ағниё пур маи ноб,
Ҷоми мо пур зи хуни ҷигар шуд.
Эй дили танг, нола сар кун,
Аз қавидастон ҳазар кун!
Аз мусовот сарфи назар кун!
Соқии гулчеҳра, бидеҳ оби оташин!
Пардаи дилкаш бизан, эй тори дилнишин!
Нола барор, аз қафас, эй булбули ҳазин,
Ки аз ғами ту синаи ман пуршарар шуд!
Ки аз ғами ту синаи ман пуршарар, пуршарар, пуршарар шуд!
ХАБАР НАДОРАД
(Суруд)
Зи ман нигорам хабар надорад,
Ба ҳоли зорам назар надорад.
Хабар надорам ман аз дили худ,
Дили ман аз ман хабар надорад.
Куҷо равад дил, ки дилбараш нест?
Куҷо парад мурғ, ки пар надорад?
Амон аз ин ишқ, фиғон аз ин ишқ,
Ки ғайри хуни ҷигар надорад.
Ҳама сиёҳӣ, ҳама табоҳӣ,
Магар шаби мо саҳар надорад.
Баҳори музтар, манол дигар,
Ки оҳу зорӣ асар надорад.
Ҷуз интизору ҷуз истиқомат¹
Ватан илоҷи дигар надорад.
Зи ҳар ду сар бар сараш бикӯбанд
Касе, ки теғи дусар надорад.
АЗ РУБОИЁТ ВА ДУБАЙТИҲО
Афсӯс, ки соҳибнафасе пайдо нест,
Фарёд, ки фарёдрасе пайдо нест,
Бас лоба намудему кас овоз надод,
Пайдост, ки дар хона касе пайдо нест…
Дар зулфи ту ошуби заман мебинам,
Бегона набинад он чи ман мебинам.
Ӯ печу хаму тобу гиреҳ менигарад,
Ман бахти сиёҳи хештан мебинам.
Мо бодаи иззату ҷалолат нӯшем,
Дар роҳи шараф аз дилу аз ҷон кӯшем,
Гар дар сафи разм ҷома аз хун пӯшем,
Озодиро ба бандагӣ нафрӯшем!
Бар даргаҳи худ паланг дарбон кардан,
Бар галлаи хеш гург чӯпон кардан,
Саг дар бағалу мор ба домон кардан,
Беҳтар, ки ҷаве ба сифла эҳсон кардан!
Эй эронӣ, хуфтию бигузашт басе,
Бархезу ба кори хеш бингар, нафасе!
Ва гар кушташавӣ ҷуз ин мабодат ҳавасе,
Ки ин хона аз они туст, не, з-они касе!
Ман барги гулам, боғ шабистони ман аст,
Ва он булбули хушлаҳҷа ғазалхони ман аст.
Навбаҳои шаб, ки шабнамаш мехонанд
Ҳар субҳ ба ним бӯса меҳмони ман аст.
Озодии мост асли ободии мо,
Ин аст натиҷаи худододии мо.
Озод бизӣ, вале нигар то нашавад,
Озодии ту раҳзани озодии мо!
Эй кош, дилам ба дӯст мафтун нашудӣ,
Чун мафтун шуд, зи ҳаҷр маҷнун нашудӣ,
Чун маҷнун шуд, зи ранҷ пурхун нашудӣ,
Чун пурхун шуд, зи дида берун нашудӣ.
Мо дарси садоқату сафо мехонем,
Оини муҳаббату вафо медонем.
З-ин беҳунарони сифла, эй дил, махурӯш,
Ки онҳо ҳама мераванду мо мемонем.
Гар мондаву нотавону гар хаставу зор,
Мо, ва аз талабаш даст кашидан зинҳор!
Афтон-хезон расем то манзили Дӯст,
Пурсон-пурсон равем то хаймаи ёр!
Имшаб зи фироқи туст, хобам набарад,
Ҳам дил ба сӯи шамъу китобам набарад,
Азбаски ду дида оби ҳасрат борад,
Бедор нишастаам, ки обам набарад.
Саҳаргоҳ ба роҳе яке пир дидам,
Сӯи хок хам гашта аз нотавонӣ.
Бигуфтам: «Чӣ гум кардаӣ андар ин роҳ?»
Бигуфто: «Ҷавонӣ, ҷавонӣ, ҷавонӣ!»
Махлуқи ҷаҳон ба гург монанд дуруст,
Бо қодир оҷизанду бар оҷиз чуст.
Сустанд ба гиру дор, чун бошӣ сахт,
Сахтанд ба корзор, чун бошӣ суст.
Пофишорию истиқомати меҳнат,
Сазад, ар ибрати башар гардад.
Бар сараш ҳар чи бештар кӯбанд,
Пофишореш бештар гардад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё