Зеҳн

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 6

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Айнӣ дар тасвири замони шӯравӣ асли асосии худро риоя накардааст. На танҳо дар «Ғуломон», ҳатто дар «Одина»-ву «Дохунда» ҳам тасвири ҳаёти то инқилоб асоси воқеъӣ дорад. Дар ин ду асар асоси воқеъӣ гоҳ кам ва гоҳ зиёд, вале ҳамеша мавҷуд аст. Асоси воқеъӣ дар «Марги судхӯр» боз бештар аст. Аммо дар «Ятим» хеле кам, шояд ба дараҷаи нестӣ бошад. Чунки дар «Ятим» бештар замони шӯравӣ тасвир шудааст ва ба тамом ошкор аст, ки асоси сужет бофтаву сохта ва гоҳ мисли охирҳои «Ғуломон» ғайритабиъист. Сужети бофтаи дур аз воқеъияти зиндагӣ хилофи марому маслаки адабии устод Айнист. Замоне, ки аз ҳаққоният тарс дорад, боис шуд, ки нависанда аз умдатарин асли эҷодгарии худ даст бикашад.

Лекин дар ин сурат ҳам аз тасвирҳои Айнӣ айбҳои замон ошкор шуд. Дар романи «Ғуломон» бофтаҳои тасвири замони шӯравӣ муболиғаи зиёд доранд, рӯйдодҳо аз мӯътамадӣ дуранд, кирдору гуфтори мардум гоҳ аз маъниву мантиқ маҳрум аст ва он ҳама дигаргуниҳои даврони шӯравӣ таассуроти ногуворе боқӣ мегузоранд, бемаънигиҳои «муборизаи синфӣ»-ро намудор меоваранд. Гоҳ нигориши нависанда ранге ба худ мегирад, ки «зоҳиран мадҳу моҳиятан ҳаҷв» аст.

Ҳамин аст як пайомади кӯшишҳои ҳукуматдорон барои тобеъ кардани адабиёту санъат ба сиёсати рӯз, пайоварди таассуби идеологии онҳо, ки гоҳ натиҷаи акс медод.

Қиссаи «Одина», романи «Дохунда» ва «Ғуломон» дар адабиёти тоҷикии садаи бист аз чанд ҷиҳат аҳамияти вежа дорад.

Инҳо дар адабиёти тоҷикӣ нахустин асарҳоянд, ки усули реалистии тасвирро устувор карданд. Иҷтимоъиятгарони дурушт ва синфиятҷӯии маҳз имконоти нависандаро маҳдуд карда бошад ҳам, ба ӯ муяссар шуд, ки дар тасвири зиндагонии пеш аз инқилоб усули тадқиқи бадеъӣ — бо вуқӯънигории дақиқ нишон додани манзараҳои ҳаёт ва кушодани моҳияти рӯйдодҳоро дар адабиёти тоҷикӣ ҷорӣ намояд.

Унсурҳои тасвиркории реалистӣ ба шаклҳои худвежа дар адабиёти форсӣ пеш аз ин ҳам вуҷуд дошт. Чунончи Айнӣ гуфтааст, ки «Саъдӣ реалист аст» (11–1–123) ва пажӯҳишгарон аз насри Аҳмади Дониш лаҳзаҳоеро нишон медиҳанд, ки реалистона нигориш ёфтаанд. Аммо фаро гирифтани имконоти романнависии аврупоӣ нахустин бор дар асарҳои Айнӣ, дурусттар он ки дар романҳои «Дохунда» ва «Ғуломон» даст дод. Айнӣ «мактаби вуқӯъ» ва тамоюлоти реалистии адабиёти миллиро аз Саъдӣ то Аҳмади Дониш ва Абдуррауфи Фитрат, инчунин баъзе анъанаҳои пурсамари ғайриреалистии ин адабиётро бо дастовардҳои реализми русӣ, аз ҷумла Максим Горкӣ созвор оварда, умдатарин хусусиятҳои насри навини тоҷикро, ки поя бар вуқӯънигорӣ дорад, муайян кард. Дар реализми Айнӣ баъзе хусусиятҳои биниши шарқӣ ва биниши ғарбӣ ба ҳам омадааст.

Ин реализм ба адабиёти мо бо қаҳрамоне омад, ки аз заҳматкашони одист. Чашм дӯхтан ба ҳоли мазлумтарин ва бенавотарин мардумон боиси ин шуд, ки беадолатиҳои сохтори иҷтимоъии ҷомеа дар замони гузашта ҳақиқатнигорона бозгӯй гардад. Қаҳрамони қиссаи «Одина» як ҷавони ноком аст, аз бачагӣ дар замони истибдоди амирӣ аз худсариҳои сарватмандон ва кордорони як вилояти дурдасти кӯҳистони тоҷик бисёр ҷафо дидааст. Вай ҷавони хоксор ва беиддаое буд, ки ба ҳар ҷавру ситам тоқат меовард ва ҳангоме, ки қоил ба устухон расид, роҳи гурезро ягона чораи наҷот донист. Айнӣ ҳоли ҳамин ранҷбари хору забунро (ки синфи ҳоким ба қатори гову хар медид) (9–341) ба худи ӯ нишон дода ва қадру қимати инсонии ӯро падид оварда, ӯро дар роҳи ҳифзи шаъни инсонии худ ба мубориза даъват кард.

Нависанда дар романи «Дохунда» боз сарнавишти як хонаводаи фақирони кӯҳистони тоҷикро аз назар гузаронид ва тағйироти шуури иҷтимоъии як ҷавонро, ки аз қайди нотавониву нофаъолӣ берун ҷаста, ба талошу мубориза қадам гузоштааст, нишон дод. Аммо дар романи фарохдомани «Ғуломон» на саргузашти як нафар ё чанд тане, балки анбӯҳи халқ ва гурӯҳ-гурӯҳ мазлумон дар пеши назари нависандаанд. Аксари ин мардум ғуломоне мебошанд, ки сардорони як қабилаи туркманҳо бо ғуломтозиҳо аз Хуросон оварда, дар Бухоро фурӯхтаанд. Ин ғуломҳо ва дигар бечорагон, ки низ бардавор зиндагӣ доранд, оқибат ба туфайли ҷидду ҷаҳди адолатҷӯӣ ба инқилоб расиданд ва ба сифати нерӯи дигаркунандаи таърих амал карданд.

Ба ин маънӣ мавзӯи асосии ин асарҳои сегонаи Айнӣ худшиносии иҷтимоъии заҳматкашон аст: дар қиссаи «Одина» зери фишори зулм нобуд шудани заҳматкаше, ки аз аввал зарурати фаъолият ва муборизаро нафаҳмида буд, дар романи «Дохунда» бедории шуури иҷтимоъӣ заҳматкашро ба муборизон ҳамроҳ кард, дар романи «Ғуломон» натиҷаи иҷтимоъии ин мубориза, ки ба тӯдаҳои мардум қуввае барои дигар кардани рафти таърих дод, дар маркази диққати нависанда аст.

Шубҳае нест, ки аз шаъни инсонии заҳматкаши хору забун сухан сар кардан айни инсонпарварист. Башардӯстии маорифпарваронаи Айнӣ пеш аз инқилоб ба ин дараҷа нарасида буд. Инқилоби иҷтимоъӣ барои дидани ҳоли табоҳи инсон ва моҳияти истисмор ба чашми Айнӣ биноӣ бахшид. Дифоъ аз ҳуқуқи поймолшудаи одамизод, даъват ба ин, ки заҳматкаши одӣ хории худро бидонад ва шаъни одамии худро баланд бидорад, аз пешрафти Айнӣ дар такомули ақидаи инсондӯстии ӯ гувоҳӣ медод. Лекин ба чорчӯбаи синфиятгароӣ дохил шудани масъалаи худшиносии иҷтимоъӣ ба ин башарпарварӣ маҳдудият овард, масъалаи азалии растагориро, ки аввал мафҳуми маънавӣ буд (ва масалан ба гуфти Ибни Сино «растагории мардум ба покии ҷон аст»), ранги табақотӣ бахш намуд. Албатта ҷанбаи иҷтимоъӣ пайдо кардани масъалаи растагорӣ рӯйдоди мусбат буд, зеро мазмуну мундариҷаи онро густариш дод ва як андоза ғанӣ кард, вале ҷанбаи синфиву табақотӣ боз маънои онро маҳдуд намуда, ба сӯи ситезаандешӣ кашид.

Худшиносии иҷтимоъии синфӣ бештар нерӯи ҷисмонӣ ва харобкори инсонро ба ҷунбиш оварда ва фаъол карда, гурӯҳҳову табақаҳои ҷомеаро ба ҳам зид мегузорад, ваҳдати ҷомеа ва ягонагии миллатро суст карда, рӯҳияи кинаҷӯӣ ва пархошҷӯиро қувват медиҳад ва арзишҳои олии башариро зери хавф мегузорад.

Он ҷустуҷӯҳои зеҳниву фалсафӣ, ки вобаста ба худшиносии миллӣ ва растагории миллат буд, пояи маънавии маорифпарварии Айниро халале наовард, моҳияти башардӯстонаи онро маҳдуд накард, балки ба тақозои шароити таърихӣ онро мазмуну мӯҳтавои нав ва ғанӣ бахшид. Дар сурате ки худшиносии синфӣ камтар ҷанбаи созандагӣ дошта ва нерӯҳои созандаи инсонро маҳдудият андохта, ба яксӯнигарии гурӯҳе тобеъ месозад, худогоҳии миллӣ маҳдудияти шуури синфиро барҳам медиҳад, қуввае дорад, ки мардумро муттаҳид карда, ҷомеаро ба бунёдкории ҳақиқӣ, ба созандагии маънавиасос сафарбар намояд. Чунонки дар боло дидем, худшиносии миллӣ дар фаъолияти Айнӣ поя бар худҷӯиву худрасии чандҷониба, ба худшиносии таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ дошт, ҷустуҷӯи фалсафиро ба сӯи шинохти арзишҳои волои башарӣ бурда буд. Худшиносии иҷтимоъии синфӣ, ки бунёди тадқиқи бадеъии Айниро дар асарҳои сегонаи ӯ қиссаи «Одина», романҳои «Дохунда» ва «Ғуломон» ташкил намуд, ба чунин густариш ва амиқрафти диди Айнӣ, ба чунин бозҷусти арзишҳои маънавӣ монеъ омад.

Дар солҳои ҷанг бо Олмони фашистӣ (1941–1945) таҳқиқи илмӣ ва адабии бадеъии Айнӣ бештар дар сари таърихи муборизаҳои озодихоҳии миллии мардуми тоҷик, муборизаҳои зидди истилогарону ғосибон марказият ёфт. Дар ҳама мақолаҳову ҳикояҳо, дар китоби «Исёни Муқаннаъ» (1944), ки бештар ба таҳқиқи илмӣ наздик аст, ва китоби «Қаҳрамони халқи тоҷик: «Темурмалик»» (1944), ки асари бадеист ва аз ҷанги зидди истилогарони муғул ҳикоят мекунад, рӯҳи саркаши миллат, ки ба қайду банд, ба мутеъӣ ва фармонбардорӣ ҳаргиз тан надода, дар роҳи озодӣ ва муҳофизати ватан мардумро ба ҷонбозиҳо водоштааст, тараннум мешавад. Ба ин асарҳои устод Айнӣ ёди таърихии миллат ғанитар шуд, беш аз пеш фаъолиятмандӣ пайдо кард ва бар зидди бегонагони ғосиб равона гардид, бештар аз он ки дар даҳаи бисту сӣ дида будем, як омили озодиҷӯӣ шуд. Дар даҳаи бисту сӣ ёди фарҳанг — таърихи забон, адабиёт, маънавият — чунин нақше дар шуури миллӣ ва муборизаи озодибахш дошт, дар замони ҷанги зидди фашизм бештар таърихи иҷтимоъиву сиёсии чандин аср, ки гоҳ-гоҳ таърихи фарҳанг ва фолклорро низ фаро мегирифт, барои муайян шудани рӯҳияи имрӯзии миллат ва ба муборизаи озодихоҳӣ сафарбар намудани вай ба хидмат кашида шуд. Дар солҳои ҷанги Олмон ҷанбаи синфиятгароии ҷаҳонбинии Айнӣ суст шуда, ҷанбаи миллии он нисбат ба даҳаи сӣ хеле тақвият ёфт ва асоси маънавии онро қувват дод. Акнун аз асрҳои гузашта на танҳо, масалан сардори шӯриши халқ, балки марде чун Темурмалик, ки ҳокими вилоят ва лашкаркаш буд, низ қаҳрамони мусбати асари ҳунарӣ, «қаҳрамони халқи тоҷик» дониста шуд. Ва ҳол он ки пеш аз ҷанги Олмон чунин шахсе ба фаҳмиши марксистӣ сарвари табақаи феодалҳо шумурда мешуд ва мумкин набуд, ки қаҳрамони халқ шинохта шавад. Ҷанги зидди фашизм ба чунин фаҳмишҳо ислоҳ даровард ва ҷаҳонбинии синфиро андаке маҳдуд ва шинохти милливу маънавиро қавитар намуд.

Пас аз ҷанги Олмон равияи Айнӣ дар осори адабии бадеӣ (ҳунарӣ) ба куллӣ дигар шуд.

Вай дар навиштаҳои адабии бадеъӣ низ он равияро, ки дар фаъолияти маорифпарварӣ дошт, пеш гирифт ва дар таҳқиқи воқеъияти иҷтимоъии пеш аз инқилоб синфиятгароиро ба ҳадди ақал расонида, асосан ба роҳи маънавиятҷӯӣ даромад. Ба ин тарз дигар шудани дидгоҳи адабӣ эҷодиёти ӯро моҳиятан тағйир дод.

Шояд бо мурури замон кам-кам аз даврони инқилоб дур рафтани ҷомеаи шӯравӣ боиси суст шудани биниши синфӣ гардида бошад, шояд даҳшатҳои террори сталинии даҳаи сиюм ва ҷанги хонумонсӯзи Олмон барои дидани ин ҳақиқат бештар имкон дода бошад, ки диди синфӣ, манфиатҷӯии гурӯҳӣ, томравоӣ, кӯшиши як шахс ва як тоифа барои расидан ба ҳокимияти мутлақ ба сари мардум фоҷиаҳо меорад. Дар солҳои ҷанги Олмон сохти шӯравӣ маҷбур шуд, ки ҳисси ватандӯстӣ ва нақши мусбати таърихии лашкаркашоне чун Александр Невский, Суворов, Кутузов ва монанди инҳоро, ки намояндагони «синфҳои истисморгар» буданд, эътироф намояд, ҳатто ба фаъолияти рӯҳониён андаке иҷозат диҳад ва ҳоказо. Ба ҳар ҳол агарчи дастгоҳи идеологии шӯравӣ аз назарияи синфият даст накашида буд, ба устод Айнӣ муяссар гардид, ки дар охирин асари бузургаш, ки бо номи «Ёддоштҳо» дар чор ҷилд солҳои 1948–1954 чоп шуд, дар бисёре аз мавридҳои асосӣ худро аз зобитаҳои синфиятгароӣ бираҳонад.

Дар китоби «Ёддоштҳо» воқеаҳои Бухорои бист соли охири қарни нуздаҳ, он чи аз сари худи Айнӣ гузашта буд, хеле батафсил тасвир шудааст. Айнӣ дар солҳои ҷавонӣ дар Бухоро дар маркази бисёр рӯйдодҳои муҳим қарор ёфта буд ва саргузашти ӯ чунон ғунҷоиш пайдо кард, ки барои тадқиқи густурдаи воқеияти як давраи муҳимми таърихи миллат имкон фароҳам овард. Муҳаққиқон «Ёддоштҳо»-и Айниро энсиклопедия (донишнома)-и Бухорои охири қарни нуздаҳ номидаанд. Алҳақ дуруст гуфтаанд. Чашмандози фарохи амиқрав аз он сабаб муяссар шуд, ки нигоранда тавонист худро аз побанди бисёр омилҳои маҳдудиятандоз раҳоӣ бахшад.

Аввалан бояд гуфт, ки Айнӣ ба масъалаи халқ ва таърих дар «Ёддоштҳо» нисбат ба он ки дар «Ғуломон» дида будем, тамоман ба тарзи дигаре наздик шудааст.

Дар қиссаи «Одина», романҳои «Дохунда» ва «Ғуломон» танҳо деҳқони хокпош ба унвони намояндаи халқ нишон дода шуда буд (ва ин ҷо мафкураи роҳбарияти шӯравӣ, ки танҳо деҳқони бенаворо муттафиқи коргару пролетар медонистанд, бетаъсир нест). Аммо дар «Ёддоштҳо» мафҳуми «халқ» хеле густариш ёфта, мазмунан такомул дидааст. Дар «Ёддоштҳо» на танҳо деҳқони заҳматкаш, балки сартарош, пешаварони гуногун, аз қабили кафшдӯз, аробакаш ва олуфтаҳо (ҷавонмардон)-и Бухоро низ аз ҷумлаи халқанд. Акнун ҳайъати халқ мукаммалтар ва бо табақаҳои гуногунаш ба тасвир омадааст, тимсолу чеҳраи халқ дар «Ёддоштҳо» мураккабӣ ва гуногуниву рангорангии зиндагии заҳматкашонро мукаммалтар падид меорад.

Сониян, аз масъалаи бузурги «халқ ва таърих» дар «Ёддоштҳо» масъалаи «халқ ва таърих» бештар аҳамият пайдо кардааст. Дар романи «Ғуломон» назари нависанда асосан ба тӯдаҳои мардум, ба анбӯҳи халқ ва гурӯҳҳои калон — гӯё ба тамоми як синф нигаронида шуда буд, шахсони алоҳида кам ва тира ба назар мерасиданд. Дар «Ёддоштҳо» на фақат тӯдаҳо, балки шахсияти ҷудогона низ дар мадди назари нависанда аст. Акнун симои халқ бештар ба воситаи сарнавишти дурахшони шахсони ҷудогона, ба воситаи шунавонидани садои нозуки тапиши дили ҳар кадоме аз онҳо зоҳир гардидааст.

Фардияту шахсияти инсонро дар маркази диққат гузоштани нависанда имкон фароҳам кард, ки сифатҳои асосии симои маънавии миллат амиқтар падид ояд, на фақат мазлумӣ ва хориву зории халқ, на танҳо адолатҷӯии вай, балки ҳама гуногунрангии зиндагии мардум, хусусиятҳои маънавияти тоҷикон, ақлу хирад ва дили шоиронаи онҳо нишон дода шавад.

Чун нависанда ба шахсияти инсон бештар чашм дӯхт, на танҳо мазлумони одиву нотавон (ки дар «Одина», «Дохунда» ва «Ғуломон» зиёд ба нигориш омадаанд), балки мардумони зӯрманд, шахсоне, ки ҷисман ва рӯҳан қавию муқтадиранд, низ ба мадди назар қарор ёфтанд. Айнӣ нахустин бор ба тасвири «паҳлавонони фавқулъода» пардохт, на танҳо қувваи бозу, балки «дили одамият» ва сифатҳои маънавии онҳоро нишон дод, бо саргузашти ибратомӯзи онҳо дар сари масъалаи мардиву номардӣ, одамияту ноодамӣ ба андеша рафт.

Агар то ин вақт дар асарҳои бадеъии Айнӣ муллоҳо танҳо персонажи манфӣ буданд, дар «Ёддоштҳо» на танҳо муллоҳои ҷоҳил ва иртиҷоъпараст, балки равшанфикрони зиёдеро чун Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Ҳайрат, мулло Амон ва дигарон мебинем, ки дар шахсияти барҷастаи онҳо ҷилои ақлу заковати миллат ба ҷилва омадааст. Ҳама равшанфикрон дорои қувваи азими ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ буда, ба рафти таърих фаъолона ширкат доранд, онро пеш мебаранд.

Акнун шахс якҷузъи фаъоли миллат ва таърих аст. Аз «Ёддоштҳо»-и Айнӣ ҳар заҳматкаши одӣ худро як ҷузъи миллат ва бунёдкори таърих дид, ки на фақат ҳамаи халқ, балки ҳар шахсе нерӯи ҷисмониву рӯҳонии худро эҳсос намуд ва ҳусни зоҳириву ботинии худро мушоҳида кард.

Дар асарҳои пештараи Айнӣ — дар «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр» ва ғайра зиндагии мардуми пеш аз инқилоб азоби зиёд дошт, як ҳаёти тираву тор буд, ки равшание ба он кам роҳ меёфт, балки ҳеҷ роҳ намеёфт. Дар «Ёддоштҳо» зиндагии мардуми одӣ бештар равшание дорад, дар ин зиндагӣ чизҳое ҳастанд, ки ҳар лаҳза дурахше медиҳанд ва шаби тори мазлумонро низ мунаввар менамоянд. Манбаи асосии ин зиёву равшанӣ ҳаёти маънавии халқ аст, нерӯи эҷодкорӣ ва дили шоиронаи заҳматкаши одӣ, наҷобати симои маънавии равшанфикрони замон аст. Акнун Айнӣ замони пеш аз инқилобро фақат тираву тор ва нур аз даҳшату ваҳшат намебинад, балки чашми ҳамабини нозукрав дорад, ки шодиву андӯҳ ва талху ширини зиндагиро баробар ба мушоҳида мегирад, қувваю тавоноии инсон ва дили наҷобатманди ӯро низ намудор меорад. Чеҳраи нуронии халқ ва фарзандони барҷастаи вай, он устодони номдор ва беному нишон, ки ҳунарҳои гуногуни мардумӣ — кандакорӣ, мусиқӣ, афсонаву қиссаҳои фолклор, адабиёти навишта — ҳама фарҳанги миллатро эҷод менамуданд, маҳфуз медоштанд, пайваста такмил медоданд, ҷолиби диққати нависанда омадаанд.

Дар адабиёти тоҷикӣ якумин бор буд, ки ҳастии халқ ба ин мукаммалӣ ва ҳарҷонибагӣ чун нерӯи асосии таърих намоён шуд.

Дар романи «Ғуломон» халқ қуввае дошт, ки қобили дигар кардани рафти таърих аст, замонро ба коми худ мегардонад. Дар «Ёддоштҳо» халқ қувваи таърихсоз аст. Таърихсозии халқ ин ҷо на дар инқилобангезӣ ва харобкории инқилобӣ, балки дар ин ифода ёфтааст, ки дороиҳои моддӣ ва арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ба вуҷуд меорад. Асли таърих ҳамон фаъолияти олии маънавист, ки арзишҳои мондагору поянда эҷод менамояд ва бо бозофаринии муттасили онҳо пайванди замонҳо ва рушду такомули аҳли башарро таъмин мекунад. Дар «Ёддоштҳо» халқ чунин нерӯи эҷодкор аст ва ҳалли масъала «халқ ва таърих» асоси маънавӣ дорад.

Дар асарҳои бадеъие, ки Айнӣ пеш аз «Ёддоштҳо» навишта буд, «халқ» маънои иҷтимоъии синфӣ дошт, танҳо мазмуни иҷтимоъии синфии ҳастии халқ падид омада буду бас. Дар «Ёддоштҳо» халқ маънои этникӣ гирифт, ки моҳияти иҷтимоъӣ ва маънавӣ дорад.

Дар «Ёддоштҳо» низ нишонаҳои синфиятгароӣ кам нест, вале ба ҳар ҳол ба Айнӣ муяссар шуд, ки аз маҳдудияти синфиятгароӣ раҳоӣ ёфта, асосан аз бинишгоҳи инсониятҷӯӣ ба ниҳонхонаҳои дили мардум нигарад ва ҳастии миллатро бо ҳама неку бадаш намоён созад. Китоби «Ёддоштҳо» нуқтаи олии реализми Айнист, ки ҳар чиро ки миллат дар як давраи муҳими таърих дошт, мукаммалан фаро гирифт, онро бо диди ибратомӯзи таърихӣ амиқан санҷид ва худогоҳии миллиро як дараҷа боло бурд, то ки раҳнамои фардои таърихӣ бошад.

Айнӣ гуфта буд: «Таърих онгоҳ маъние хоҳад дошт, ки ба дасти мардумон силоҳе дар муборизаи роҳи фардо бошад.»

Айнӣ худ таърихи зинда буд, аз онҳое буд, ки таърихи миллатро дар як марҳала ба вуҷуд овардаанд, дар таъйини сарнавишти таърихии миллат ширкат варзидаанд. Шояд аз ҳамин сабаб ба ӯ муяссар шуд, ки на танҳо дар муборизаи озодихоҳӣ ва истиқлолталабии миллӣ, дар осори илмӣ, дар «Намунаи адабиёти тоҷик», рисолаҳое, ки дар бораи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Навоӣ, Восифӣ, Бедил навишта буд, балки охируламр дар асари адабии бадеъӣ низ асли маънавии инсон ва асли маънавии таърихро падид оварад. Маънавиятҷӯӣ ва синфиятгароӣ аз даҳаи бистум дар фаъолияти халлоқаи Айнӣ баробар ва гӯё паҳлӯ ба паҳлӯ — яке дар осори илмӣ ва дигаре дар осори адабии бадеъӣ идома дошт ва дар охири умри ӯ, дар «Ёддоштҳо» маънавиятҷӯӣ пирӯзӣ ёфт. Агарчи дар «Ёддоштҳо» низ ҳанӯз синфиятгароӣ ҳаст (ва дар замони шӯравӣ гурез аз он ҳеҷ имкон надошт), метавон гуфт, ки маънавиятҷӯӣ бартарии куллӣ дорад.

Оре, Айнӣ марди таърих ва равшанфикри равшанбине буд, ки маҳдудиятҳои идеологияи ҳукмрони сахтгирро бартараф намуда, мехост миллатро ба асли ҳастии инсон, ҳастии миллӣ ва таърихӣ бирасонад. Чунин шинохти хештан ба миллат имкон медиҳад, ки бо огоҳӣ ва устуворӣ рӯ ба сӯи фардо оварад.

Тоҷикони Мовароуннаҳр дар таърихи худ мардони бузургро кам надидаанд, вале ба гумони мо дар асри навин дар садаи нуздаҳуму бистум ду марди бузурги таърихсоз ба майдон овардаанд, ки дар роҳи худшиносии таърихиву маънавӣ, дар ҷустуҷӯи роҳи эҳёи миллӣ сарварӣ намудаанд. Яке аз инҳо Аҳмади Дониш ва дигаре Садриддини Айнист.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2