Зеҳн

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 5

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 14 дақиқа хондан

Дар замони шӯравӣ як фаҳмиши норавои содагии забон пайдо шуда буд: барои ин ки забон халқӣ шавад, барои ин ки навиштаҳо ба оммаи мардум мафҳум бошад, бисёр сода навиштанро талаб мекарданд ва байни содагиву одигӣ тафовут намедиданд, содагиро ба дараҷаи одигии авомона мерасониданд ва нишонаҳои пасттабъӣ зиёд шудан гирифт. Аз забони гуфтории бенизом хасу хошоки зиёд ба забони адабӣ дохил шуд ва фасоҳатӣ забони адабиро коҳиш дод. Афсӯс ки устод Айнӣ ҳам гоҳ ин равия, ин содагии нораворо пайравӣ кардааст. Дар асарҳои ӯ, масалан, калимасозиҳоеро аз ин қабил мебинем, ки ҳар кадоме аз ин таркибҳои чандҷузъа гӯё як калимаро ташкил медиҳад: одамбисёркушӣ, азпасрафтаназораткунӣ, баҳампайвастшавӣ, баҳамнисбатдорӣ, рӯбарӯистодабин, таъсиркунӣ (ва ҳол он ки худи «таъсир» асар кардан аст, яъне маънои феъли «кардан»-ро дар худ дорад ва дигар зарурате нест, ки решаи феъли «кардан»-ро, яъне «кунӣ»-ро ба он илова намоем). Вале сухани одии авомона дар осори Айнӣ бисёр нест. Хусусиятҳои асосии забони Айнӣ дар тадқиқоти донишмандони тоҷик нишон дода шудааст.

Сухани Айнӣ ба ғоят иқтидорманд аст ва гӯё фикре, ҳиссе, ҳолате нест, ки қалами ӯ ба ниҳояти дақиқӣ ва мӯҷазӣ натавонад ифода созад.

Падид овардани ҳусни сухан ва иқтидори забони миллӣ низ хидмати бузурге барои устувор кардани пояҳои ҳастии миллат аст.

Забон нишонаи асосии миллат ва қудрату ҳусни забон умдатарин падидаи тавоноии миллат мебошад. Аз оғози даҳаи бистуми қарни мо, ки мавҷудияти забони форсии тоҷикӣ ва миллати тоҷик дар Мовароуннаҳр ҳамеша зери хавф буд — онро аз ҷониби пантуркизм ва панславизми истеъморгарон хавфи нестӣ таҳдид менамуд ва ҳанӯз таҳдид мекунад — дар ин шароит фаъол доштани ҳама имконияту қобилияти забон ва қудрату тавони он аз он ҷиҳат аҳамияти бузурги таърихӣ дошт, ки ҷону тани миллатро қувват мебахшид, пояндагии умри ӯро таъмин мекард ва ин худ як навъи дафъи хатар аз сари миллат буд.

Азбаски забони русӣ дар ҳама ҷумҳуриҳои шӯравӣ забони расмии ҳукмрон буд, аз ҷумла дар Тоҷикистон доираи амали форсии тоҷикӣ торафт танг шуда, дар чор девори хона ва мактаб маҳдуд монд ва пояҳои ҳастии он то рафт суст шудан дошт, фаъолияти устоди забардасте чун Айнӣ ин пояҳои ларзонро то андозае устуворӣ мебахшид. Аз таъсири харобкори замони пастмаънавиятӣ дар навиштаҳои тоҷикӣ нуқсонҳои фасоҳатшикани калом, заъфи таълиф, гиреҳҳои лафзиву маънавӣ зиёд шуд²⁴ ва чандин мақолае, ки Айнӣ дар ин бора навишт, барои пешгирии он таъсирот зиёда муфид омад.

Ин аст, ки фаъолияти Айнӣ дар майдони забони форсии тоҷикӣ низ аз талошу пархош иборат буд, ки натиҷаи онро ба ин тарз метавон хулоса кард.

Айнӣ дар натиҷаи истифодаи устодонаи имконоти фаровони забони гуфтугӯии мардуми Мовароуннаҳри қарни бист ба забони адабӣ дигаргуниҳои куллӣ ворид овард, доираҳои забони адабиро афзун кард, ба забони адабӣ ранги имрӯзӣ дод, онро барои посух гуфтан ба хосту ниёзи имрӯз омода сохт. Дар ин кор баъзе нависандагон ва донишмандони дигар низ ширкат варзидаанд, вале қисми асосии корро Айнӣ анҷом дод, умдатарин усули демократизми забонро ӯ муайян кард ва дигарон аз ӯ намуна гирифтанд.

Айнӣ дар забон ончунон иқтидор дорад, ки ӯро яке аз бузургтарин устодони навангез дар таърихи забони форсӣ метавон донист.

Комёбиҳои Айнӣ дар эҷодгарӣ барои муайян шудани сарнавишти таърихии тоҷикони Осиёи Миёна ва роҳҳои рушди забони миллии онҳо, барои ташаккули худшиносии миллӣ аҳамияти умда дошт, нерӯҳои эҷодкори миллатро ба ҷунбиш оварда, барои бартараф намудани монеъаҳои такомул сафарбар мекард.

Чунонки дидем, инқилоби иҷтимоъӣ аз моҳияти маънавии маорифпарварӣ коста, ҷанбаи иҷтимоиву сиёсии онро қувват дод. Зиёда аз ин маънои мутлақ додан ба назарияи марксистии синфият, ки ҳастии инсон, моҳияти аслии таърих ва таҳаввули онро фақат аз тақсимоти синфи (табақотӣ)-и ҷомеа, аз зиддиятҳои синфӣ ва муборизаи синфҳо меҷустанд, моҳияти ҳастии шахс, моҳияти ҳаёт ва ҳар рӯйдоди онро танҳо аз ҷанбаи иҷтимоиву синфии он дарёфтан мехостанд, чунин натиҷа дод, ки инқилоб дар амал аҳамияти арзишҳои маънавии башариро инкор кард ва ҷанбаи иҷтимоии синфиро асоси ҳастӣ донист. Идеологияи шӯравӣ ба ҳамин назария такя дошт ва онро дастурамали умда қарор дод, то ҷаҳонбинии ҳама аҳли ҷомеа танҳо аз ҳамин дидгоҳ сурат бигирад.

Инро ҳам дида будем, ки ба устод Айнӣ муяссар шуд дар даҳаҳои бистуму сиюм на синфият, балки одамият ва миллатро асоси иҷтимоии ҷаҳонбинии худ қарор бидиҳад. Ба сарпанҷаи истеъмор ва худсарии истеъморгарон гирифтор омадани тоҷикон, хусусан муборизаи миллии озодихоҳии тоҷикон бар зидди таҷовузи туркӣ Айниро бар он водошт, ки манфиатҳои миллиро бартар аз манфиатҳои синфӣ донад. Воқеъияти таърихии он рӯз онро тақозо менамуд ва Айнӣ «аз рӯи фармудаи таърих» амал кард.

Аммо дар асарҳои адабӣ — дар қиссаву романҳо ба Айнӣ лозим омад, ки ҷанбаи иҷтимоъии синфиро ба унвони меъёри аслӣ корбаст оварад. Назари иҷтимоъии синфиятҷӯӣ ба хусус дар қиссаи «Одина» (1924), романи «Дохунда» (1930) ва романи «Ғуломон» (1934) бештар зоҳир шудааст. Айнӣ дар ин асарҳо арзиши инсонро пеш аз ҳама аз рӯи мансубияти синфии ӯ муайян мекунад: ҳама беанвоёни заҳматкаш одамони хубанд, аммо аз «истисморгарон» фақат онҳоеро ба тасвир гирифтааст, ки хислатҳои бад доштаанд. Аз ин ҷост, ки давлатмандон, мансабдорон, муллоён персонажҳои манфианд. Ҳама рафтору гуфтори мардум дар ин асарҳо фақат ба тақозаи сифатҳои синфӣ сурат мебандад.

Шак нест, ки чунин синфиятгароӣ чашмандозро танг мекард, имкони тасвири ҳаққонӣ ва ҳамаҷониба, имкони падид овардани ҳама мураккабиву печидагиҳои ҳастии инсонро аз байн мебурд.

Диди иҷтимоъӣ — ба инсон танҳо аз рӯи савияи фаҳмиши иҷтимоъии ӯ баҳо додан ва хислатҳои ӯро аз ҳамин бинишгоҳ аз назар гузаронидан асарҳои номбурдаи Айниро ба адабиёти маорифпарварии оғози садаи бист чунончи ба осори Абдуррауфи Фитрат «Мунозара» (1911) ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» (1912) андак наздик бурдааст. Танқидгари рус Владимир Дорофеев боре гуфта буд, ки романи Айнӣ «Дохунда» романи маорифпарварист. Он гоҳ ин гуфтаи ӯро касе аз ҳозирони маҷлис ба ҷиддӣ нагирифт. Дар ҳаққи асаре чун «Дохунда», ки намунаи реализми сотсиалистӣ донистаем, гумон бурдан, ки шояд ба реализми маорифпарварӣ нисбате дошта бошад, бадгумонӣ ва бозгӯӣ нияти нораво ба шумор меомад ва аз ҷумлаи мамнуот буд. Шояд ба ҳамин ваҷҳ ҳозирон он рӯз ба сари гуфтаи В. Дорофеев фикр кардан нахостанд. Ва ҳол он ки ба пиндори камина андешаи он мунаққид сазовори ин буд, ки мавриди баҳс қарор бигирад.

Дар навиштаҳои бадеъии Фитрат бартарӣ ёфтани назари иҷтимоъӣ аз он сабаб рӯй додааст, ки он гоҳ реализми тасвир ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ ва ҳанӯз амиқ нарафта буд, мақсади нависанда на таҳқиқи амиқи ҳаматарафаи инсон, балки ифодаи ғояи маорифпарварӣ буда, нависанда на аз таҳқиқи бадеъӣ ба сари ғояе, балки аз ғоя ба таҳқиқ омадааст, бештар на худи шахс, балки муносибати ӯро ба як масъалаи иҷтимоъӣ нишон додааст. Дар асарҳои Айнӣ, ки пас аз 10–15 соли осори Фитрат навишта шудаанд, тадқиқи бадеъии реалистӣ ва санъати тасвир хеле қувват гирифт, дар ҳикояпардозӣ нигориш бештар аз нақли воқеа мавқеъ пайдо кард, тасвир бештар аз баён аст, вале ба ҳар ҳол нигоҳи ғоявӣ бар нигоҳи тасвирӣ бартарӣ дошт.

Дар асарҳои номбурдаи Айнӣ гоҳ худдорӣ аз падидоварии ҳамаҷонибаи саҷияи шахс ба дид меояд. Аз ҷумла дар «Дохунда» нигориши батааннии реалистӣ хеле густариш ёфта бошад ҳам, дар баъзе мавридҳо нақл ҷои нигоришро гирифтааст ва нависанда ба ҷои ин ки воқеъияти зиндагиро бо санъати тасвир манзара ба манзара аз пеши чашми хонанда гузаронад, воқиаҳоро бо шитоб нақл мекунаду нақли урён дар ин роман, ба вежа дар нишон додани рӯйдодҳои баъди инқилоб ва овони ҷанги дохилӣ бештар аст. Гоҳ ҷои нигоришу тасвирро шарҳу эзоҳ гирифта аст, нависанда худи ҳодисаро бо ҷузъиёту тафсилоте ба қалами нигориш наоварда, ба маънидоди он пардохтааст.

Пайоварди чунин нуфузи ҷанбаи публисистии рӯзноманигорӣ ва лавҳаҳои репортажмонанд он аст, ки бавежа дар қиссаи «Одина» ва нимаи дуюми романи «Дохунда» ва охирҳои романи «Ғуломон» он тарзи тасвир, ки дар адабиётшиносии русӣ реализми маорифпарварӣ меноманд, гоҳ хеле мавқеъ дорад. Ин хусусиятҳои реализми маорифпарварӣ одатан аз афзалият ёфтани ҷанбаи таблиғиву ташвиқӣ ва равшангарӣ сар мезанад. Камина бар инам, ки дар «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва баъзе асарҳои дигари Айнӣ хеле нуфуз пайдо кардани хусусиятҳои насри маорифпарварӣ на аз он аст, ки нависанда аз тасвири мукаммал оҷиз омадааст ва қаламаш ҳанӯз нотавон аст. Аз баъзе навиштаҳои пештараи Айнӣ, аз баъзе қисмҳои қиссаи «Ҷаллодони Бухоро» (1922), аз баъзе порчаҳои парокандаи ӯ (чунончи як тасвири соли 1920 дар Куллиёт, ҷ.9, саҳ. 64) бовар ҳосил мешавад, ки қалами ӯ пеш аз таълифи «Одина» (1924) хеле иқтидор пайдо карда ва ба тасвирҳои нозук, ба нигоришҳои рӯҳиву равонӣ қобил буд. Қудрати қалами ӯ аз худи «Одина», «Дохунда» ва «Ғуломон», хусусан аз аввалҳои ин се асар, аз он қисмҳо, ки тасвири замони пеш аз инқилоб омадааст, низ ба хубӣ дида мешавад. Пас чӣ шуд, ки Айнӣ дар қисмҳои дигар, дар тасвири замони шӯравӣ аз корбурди дастовардҳои ҳунарӣ худдорӣ кард? Чаро тасвири замони шӯравӣ сусттар аз тасвири замони пеш аз инқилоб аст?

Ба пиндори камина устод Айнӣ огоҳона ва қасдан ҷанбаи таблиғиву ташвиқӣ ва оҳанги бадеъии худро қувват дод. Вай мехост, ки замони худро, бавежа замони пас аз инқилобро бештар шарҳу баён кунад, на тасвир. Дар маънидоди моҳияти замон, дар шарҳу баёни воқеаҳои инқилоб аз рӯи дастурҳои дастгоҳи идеологӣ амал кардан лозим буд, на аз рӯи воқеъияти ҳол. Айниро, ки замони гузашта, замони амирӣ сахт рад карда буд, ӯ дигар набояд коре мекард, ки замони нав, замони Инқилоби шӯравӣ низ ӯро рад кунад. Барои ин ки Айнӣ дар як замони бӯҳронии сарнавиштсӯз битавонад хидмати миллатро адо бикунад, лозим буд, ки дар баъзе мавридҳо ҳар чи бигӯянд бигӯ, бигӯяд, ҳар чи бигӯянд нагӯ, нагӯяд.

Устод Айнӣ пеш аз инқилоб, дар замони амир ба муоина дида буд, ки

Мил бар дида гузоранду бигӯянд: «Хомӯш!»
Тир бар сина халонанду бигӯянд: «Манол!»
(8-224)

Вай пас аз инқилоб дид, ки ҳанӯз аҳвол ҳамон аст, ки буд, ҳанӯз садои «хомӯш!» ва «манол!» аз ҳар сӯ баланд мешавад, вале акнун бештар ба забони русӣ ва ӯзбекӣ. Дар ин шароит беҳтар он буд, ки гоҳ ба худ бигӯяд: Гар замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз!

Албатта инҳо тахмини камина аст, тахминест, ки ба пиндори камина асоси ҷиддӣ дорад. Мумкин аст, ки дар ҳақиқат чунин набошад. Шояд дар воқеъ устод Айнӣ то охири умр сидқан ва виҷдонан ба таблиғи инқилобӣ миён баста ва шиорҳои онро айни ҳақиқат дониста, биниши иҷтимоъии синфиятҷӯиро ба асоси ҷаҳонбинии худ гузошта бошад, зеро синфиятгароӣ зоҳиран ҳимояи манфиатҳои заҳматкашони мазлумро дар назар дошт. Оре, шояд дар ҳақиқат чунин бошад. Агар чунин бошад, он гоҳ байни ин маҳдудназарии синфиятҷӯӣ ва он маънавиятгароиву миллатпарастӣ чандон зиддият нест. Дар боло дидем, ки Айнӣ на муборизаи синфӣ, балки ҷунбишҳои озодихоҳии миллиро дар Мовароуннаҳр омили асосии таърихӣ ҳисобида буд ва ҳама фаъолияти маорифпарварии ӯ дар замони шӯравӣ дар роҳи пажӯҳиши илмии таърихиву адабӣ пеш рафта, ба ташаккули худогоҳии маънавию миллии тоҷикон мусоидат кард. Азбаски миллати тоҷик миллати ҷафокаши мазлум аст ва як мақсад аз синфиятгароӣ низ ифодаи манфиатҳои бенавоёни ситамдида мебошад, метавон гуфт, ки дар фаъолияти Айнӣ миёни ду равия — миёни маънавиятҷӯии маорифпарварӣ ва синфиятгароии болшевикӣ на зиддият, балки созгорие вуҷуд дорад.

Ба ин маънӣ диди иҷтимоъии синфӣ ва диди иҷтимоъии маънавӣ дар ҷаҳонбинии Айнӣ чандон хилофи ҳамдигар набуд ва шароити таърихӣ миёни онҳоро риштаи пайванд кашид, ин ду диди хилофи якдигарро ба ҳам созиш дод. Бо вуҷуди ин, ба гумони камина созише, ки миёни равияи синфӣ ва равияи маънавӣ сурат гирифта, ба ҳар ҳол то андозае созвории зоҳирӣ буд. Агар созвории амиқраве мебуд, бояд нерӯи бузурги биниши маънавӣ маҳдудиятҳои биниши синфиро бартараф мекард, лоақал қисман аз байн мебурд, лекин аз байн бурда натавонист. Одина дар қиссаи «Одина», Ёдгор дар романи «Дохунда» ва бечорагони сершумори романи «Ғуломон» фақат ҷафокаши ситамдида ва хору зоранд, аз ҳиссиёту андешаҳои мураккаб, ки моҳияти инсонии одамизодро падид овард, ҳанӯз дуранд. Нависанда ба онҳо танҳо баъзе сифатҳои синфиву табақотӣ нисбат медиҳаду бас, шахсият онҳоро аз ин зиёдтар санҷидан ва ба мо нишон додан намехоҳад. Бинобар ин аз як ҳолат ба ҳолати дигар, аз як марҳилаи рушди шуури иҷтимоъӣ ба марҳилаи дигар расидани онҳо бо таҳқиқи тадриҷӣ як-як нишон дода нашудааст. Масалан, аз нофаъолӣ бо фаъолиятмандии иҷтимоъӣ ва инқилобкорӣ гузаштани онҳо якбора рӯй медиҳад, ҷузъиёту тафсилот ва сабабҳои мушаххаси он номаълум мемонад. Чунин нофаҳмиҳо ва норасоиҳо дар асар аз он ҷо роҳ ёфтааст, ки на шахсияти инсон ба мукаммалӣ, балки танҳо сифатҳои иҷтимоъист, ӯ дар мадди назар аст ва бас, инсонро на ботинан, балки зоҳиран нишон медиҳад, нависанда аз маънавиятҷӯӣ худдорӣ кардааст.

Он асари сегонаи Айнӣ дар адабиёти тоҷикӣ аз дигар ҷиҳат дорои аҳамияти бузургест. Дар ин асарҳои Айнӣ на тасвири барҷастаи шахсияти инсон, балки тасвири умумии ҳаёти миллат мақсади эҷоди халлоқият қарор ёфта буд ва натиҷаҳои ҷиддӣ дод. Зиндагонии мардуми тоҷик дар замони пеш аз инқилоб дар ин се асар хеле барҷаста ва пургустариш омадааст. Устод Айнӣ зиндагонии тоҷикон — чи мардуми Бухоро ва чи кӯҳсорони Тоҷикистони куниниро, ки дар он асарҳо мавриди тасвир қарор ёфтааст, ба дараҷаи аъло медонад ва бисёр махсусияту вежагиҳо ва рангомезиҳояш, тарзи зисту маъишат, расму таъомул, манзараҳои табиат ва ғайраро пеши чашми мо ба ҷилва меорад.

Қудрати қалами Айнӣ дар тасвири нозукбинонаи зиндагии миллат падид омадааст ва ин ҳам ба шарофати ҳамон равияи эҷодиёти ӯ, ки маънавиятҷӯии миллатпарварона буд, даст додааст.

Қалами Айнӣ дар тасвири зиндагонии ҷомеа ва синфу табақаҳои гуногуни он, дар тасвири рӯзгорони пеш аз инқилоб аз қиссаи «Одина» то романи «Дохунда» ва аз он то «Ғуломон» торафт қувват ёфта, аз як сӯ нигоришҳо пурғунҷоиш ва барҷастатар шудааст ва аз сӯи дигар фарогирии зиндагонӣ густариш ёфта, ба вежа дар «Ғуломон» бисёр гӯшаҳои ҷомеаро дар бар гирифтааст. «Ғуломон»-ро аз он сабаб романи эпопея номидаанд, ки давраҳои гуногуни инкишофи таърихӣ дар муддати зиёдтар аз сад сол — аз соли 1825 то 1934 ба доираи тасвирҳои он даромадаанд, дар воқиаҳои пуршӯри он бештар аз 400 нафар иштирок доранд. Аксари ин шахсҳо ва воқиаҳои пеш аз инқилоб, ки дар романи «Ғуломон» нигориш ёфтаанд, воқеъиянд. Он шахсҳо дар ҳақиқат вуҷуд доштаанд ва он воқеаҳо дар ҳақиқат рӯй додаанд. Асоси воқеъии ҳикояпардозиро дар тасвири замони шӯравӣ низ як андоза мебинем, чунончи дар бахши чорум, ки рӯйдодҳои солҳои 1920–1923-ро дар бар мегирад, ба дасти душманони инқилоб кушта шудани дигар бародари Айнӣ — Муҳиддинхоҷа низ зикр шудааст.

Айнӣ таъкид карда буд, ки ҳама осори адабии ӯ асоси воқеъӣ дорад, аз рӯи дидаву шунидаҳои худи ӯ, аз рӯи санадҳои мӯътабар навишта шудааст ва номи шахсҳо аксаран бидуни тағйир зикр гардидааст. Вай гуфта буд: «Ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиям ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд» (6–7). Асоси воқеъии тадқиқи бадеъии ҳаёт дар романи «Ғуломон» бештар аз дигар асарҳое, ки Айнӣ дар даҳаи бист ва то нимаи даҳаи сӣ эҷод кард, падид омада, то он ҷо, ки замони пеш аз инқилоб тасвир шудааст, дар такомули усули реалистии насри ӯ ба унвони омили муҳимме нақш гузошт.

Мутаассифона, нигориши рӯйдодҳои зиндагӣ дар бахшҳои чоруму панҷуми романи «Ғуломон», ки давраи инқилоби Бухоро ва солҳои пас аз онро дар бар гирифтаанд, гоҳ-гоҳ чандон мӯътамад нест, воқиаҳо ғайритабиӣ ва сохта менамоянд. Гумон меравад, ки ин нигоришҳои ғайритабиӣ ва сатҳӣ на аз он ҷо сар задаанд, ки қалами Айнӣ аз тасвири эътимодбахш оҷиз омад, балки шояд натиҷаи он бошанд, ки нависанда аз тасвири ҳаққонӣ худдорӣ кардааст, воқеъияти зиндагониро он тавр ки буд, нишон додан нахостааст. Агар нависанда ҳақиқати воқеъиро падид меовард, масалан, агар воқиаҳои давраи инқилоб ва ё колхозиро он тавр ки рӯй дода буданд, ба қалам мегирифт, бешак даҳшату қабоҳати баъзе аз онҳо ошкор мегардид. Бинобар ин онҳоро айнан тасвир накардааст. Аз тасвири онҳо даст кашидан ҳам мумкин набуд, зеро яке аз талабҳои идеологияи шӯравӣ ин буд, ки нависандагон ҳатман замони инқилоб ва сохтмони ҷомеаи сотсиалистиро бояд тасвир бикунанд. Ин аст, ки Айнӣ ба роҳи сохтакорӣ қадам гузошт ва воқиаҳое аз худ бофт, ки агарчи ба ҳақиқат чандон наздикӣ надоранд, ба дархосту тақозои дастгоҳи идеологӣ мувофиқ меоянд. Аз эҳтимол дур нест, ки Айнӣ чунин «ҳилаи шаръӣ» пеш гирифта бошад. Акнун касе наметавонист даъво бикунад, ки Айнӣ замони шӯравӣ ва муваффақиятҳои онро тасвир накардааст. Дар айни ҳол ба ӯ муяссар шуд, ки аз тасвири ҳаққонӣ худдорӣ бикунад ва ба ҷазо гирифтор нашавад. «Ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёрам наранҷид».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2