Зеҳн

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор — Шеърҳо 2

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Чӣ дорӣ?

Эй хоҷа, ба ҷуз симу зар чӣ дорӣ?
Чун илм надорӣ, дигар чӣ дорӣ?

Зарру гуҳаратро агар ситонанд,
Эй хоҷаи вологуҳар, чӣ дорӣ?

Аз илм шавад хоки беҳунар зар,
Бингар, ки зи илму ҳунар чӣ дорӣ?..

Гӯӣ падарат дошт илму дониш,
Аз донишу илми падар чӣ дорӣ?

Гар зар зи ривоҷ афтад баногоҳ,
Ту баҳри хӯриш моҳазар чӣ дорӣ?

В-ар кор ба фикру амал гарояд,
Аз фикру амал баргу бар чӣ дорӣ?

В-ар аз ватан афтӣ ба шаҳри ғурбат,
Сармоя дар он буму бар чӣ дорӣ?

Ин зар, ки ба даст андар аст, зар нест,
З-он зар, ки бувад зери сар, чӣ дорӣ?

Зӯри тану иқдому азму мардӣ,
Завқу фану ҳушу фикар чӣ дорӣ?

Имрӯз туӣ миру корфармо,
Фардо, ки шудӣ коргар, чӣ дорӣ?

Аз санъати мардум барӣ таматтуъ,
Худ санъате, эй номвар, чӣ дорӣ?

З-он ҳирфаву пеша, ки ояд аз он
Нафъе зи барои башар, чӣ дорӣ?

Дорӣ гуҳари маъданӣ фаровон,
Аз маъдани дониш гуҳар чӣ дорӣ?

Дорӣ қутуби арзишӣ муқаррар,
З-он ҷумла яке хат зи бар чӣ дорӣ?

Бе илм башар шохаест бебар,
Эй шохаи бебар, асар чӣ дорӣ?

Бе завқ раҷул гулбунест бегул,
Эй гулбуни бегул, самар чӣ дорӣ?

Бар фарқи ту ҳаст ин кулоҳи зебо,
Дар зери кулоҳ остар чӣ дорӣ?

В-он ҷомаву рахти ту сахт нағз аст,
Бинмой, к-аз он нағзтар чӣ дорӣ?

Эй хоҷа, зи илму ҳунар гузаштем,
Аз дину мурувват, нигар, чӣ дорӣ?

Аз ҷуду сахо як ба як чӣ донӣ?
В-аз меҳру вафо сар ба сар чӣ дорӣ?

Ҷуз ҳилаву макру дағал чӣ хондӣ?
Ҷуз нахвату уҷбу батар чӣ дорӣ?

Эй зан!

Ҷавонбахту ҷаҳонорой, эй зан!
Ҷамолу зинати дунёӣ, эй зан!

Садаф хонасту соҳибхона ғаввос,
Ту дар вай гавҳари яктоӣ, эй зан!

Ту якто гавҳарӣ дар дурҷи хона
В-аз он беҳтар, ки гавҳарзоӣ, эй зан!

Ту дар айни латофат зӯрмандӣ,
Ту ҳам гавҳар, ту ҳам дарёӣ, эй зан!

Чу мағз андар сару чун ҳуш дар мағз,
Баҷову лоиқу шоёӣ, эй зан!

Ту нури дидаи равшандилонӣ,
Аз иро дархӯру дарбоӣ, эй зан!

Табиат худ чу коне пур зи лафз аст,
Ту он алфозро маъноӣ, эй зан!

Таолаллоҳ, ки дар боғи накӯӣ
Чу гул покизаву зебоӣ, эй зан!

Хато гуфтам, зи гул некӯтарӣ ту,
Ки ҳам зебову ҳам доноӣ, эй зан!

Туро ҳоҷат ба ороиш набошад,
Ки худ по то ба сар ороӣ, эй зан!

Наими зиндагиро бо ту бинам,
Ҳамоно нури чашми моӣ, эй зан!

Муаммои ҷаҳон ҳал кардию боз
Ту худ асли муаммоҳоӣ, эй зан!

Набудӣ зиндагӣ гар зан набудӣ,
Вуҷуди халқро мабдоӣ, эй зан!

Бинои некбахтиро ба гетӣ
Ту ҳам меъмору ҳам банноӣ, эй зан!

Кавокиб ҷумла тан гӯшанд, чун ту
Шабонгаҳ гарми ло-лолоӣ, эй зан!

Биғалтад ашки анҷум чун бари тифл
Ту чашм аз хоби хуш бикшой, эй зан!

Табиат ҷазбаи ишқ аз ту омӯхт,
Ки ту худ ишқро мабноӣ, эй зан!

Табоеъ гоҳ лутфу гоҳ қаҳранд,
Ту лутф аз фарқи сар то поӣ, эй зан!

Биҳишти воқеӣ ҷоест, к-аз меҳр
Ту бо фарзандгон он ҷоӣ, эй зан!..

Дареғо, гар ту бо ин ҳушу идрок
Ба ҷаҳл аз ин фузунтар поӣ, эй зан!

Дареғо, к-аз ҳисоби худ ватанро
Ба ниматан фалаҷ фармоӣ, эй зан!..

Зинати мард

Зинати мардум ба ақл асту ҳунар,
Не ба пӯшоку ҷалолу фарраҳӣ.

Дидаам донишвароне бохирад
Дар либоси жанда чун абду раҳӣ.

Низ дидам сифлагоне бекамол,
Карда бар тан ҷомаи шоҳаншаҳӣ.

Пӯшиши олӣ нишони ақл нест,
Фарқ бошад аз варам то фарбеҳӣ!

Бебаҳо бошад либосе, к-андар ӯ
Нест ғайр аз аҳмақию аблаҳӣ.

Кисаи карбос бошад пурбаҳо,
Чун дар ӯ резанд зарри даҳдаҳӣ.

Ҷоҳил андар ҷомаи фохир бувад
Кисаи абрешимин, аммо тиҳӣ.

Шер бош, на каждум!

Тундӣ макун, ки риштаи чилсола дӯстӣ
Дарҳол бигсилад, чу шавад тунд одамӣ.

Ҳамвору нарм бош, ки шери дарандаро
Зери қилода бурд тавон бо мулоимӣ!

Марди ирода бош, ки девори оҳанин
Чун ним ҷав ирода набошад ба маҳкамӣ.

Рамз аст ҳар чӣ ҳасту ҳақиқат ҷуз ин ду нест,
Эй нури чашм, ин ду бувад айни мардумӣ:

Ё роҳи хайри халқ сипардан ба ҳусни хулқ,
Ё роҳи хайри хеш сипардан ба хуррамӣ.

В-ар з-он, ки ҳиммати ту ба озори мардум аст,
Шерӣ ба ҳар тариқ накӯтар зи каждумӣ!

Аз бадӣ бипарҳез!

Гузашта гузаштасту оянда нест,
Миёни ду нобуд поянда чист?

Гузашта агар хуб, агар бад гузашт,
В-аз оянда кас низ воқиф нагашт.

Гузашта ба чанги ту н-ояд дигар,
В-аз ояндаат низ набвад хабар.

Даме, к-андар он даъвии ҳасти туст,
Ҳамон аст, к-ин лаҳза дар дасти туст.

Чу дар дасти туст, эй бародар, замон,
Замонро ба андӯҳу ғафлат мамон!

Дар ин як дам ар бад кунӣ ё ки зишт,
Замона ба номи ту хоҳад навишт.

Мабодо дар ин як замон бад кунӣ,
Ки гар бад кунӣ, дар ҳақи худ кунӣ.

Бипарҳез аз озурдани некмард,
Ки бо некмардон касе бад накард!

Чашма ва санг

Ҷудо шуд яке чашма аз кӯҳсор,
Ба раҳ гашт ногаҳ ба санге дучор.

Ба нармӣ чунин гуфт бо санги сахт:
«Карам карда роҳе деҳ, эй некбахт!»

Гаронсанги тирадилу сахтсар
Задаш силию гуфт: «Дур, эй писар!

Наҷунбидам аз сели зӯрозмой,
Кӣӣ ту, ки пеши ту ҷунбам зи ҷой?!»

Нашуд чашма аз посухи санг сард,
Ба кандан даристоду ибром кард.

Басе канду ковиду кӯшиш намуд,
К-аз он санги хоро раҳе баркушуд.

Зи кӯшиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид,
Ба ҳар чиз хоҳӣ, камоҳӣ расид.

Бирав, коргар бошу уммедвор,
Ки аз яъс ҷуз марг н-ояд ба кор!

Гарат пойдорист дар корҳо,
Шавад саҳл пеши ту душворҳо.

Меҳри модар

Буд дар Басра ҷавоне з-аъроб,
Шуда аз ишқи буте масту хароб.

Духтаре: офати дил, ғорати дин,
Ғамзааш дар раҳи ҷонҳо ба камин.

Чашми ҷодуш ба куфр оғишта,
Сафи мижгон зи Худо баргашта.

Ишвааш хуни ҷавонон хӯрда,
Дили сад пиру ҷавон озурда.

Нозпарвар санаме, сангдиле,
Бевафо шоҳиди паймонгусале.

Басра аз ғамзаи ӯ гашта хароб,
Ронда Шаттул-араб аз чашм пуроб.

Басраро з-он хами зулфи шабранг
Дода бим аз хатари лашкари Занг.

Дили мардони араб хастаи ӯ,
Шуд дили марди ҷавон бастаи ӯ.

Он ҷавон дошт яке модари пир,
Ба ҳаводории фарзанд асир.

Модаре — баста ба фарзанд умед,
Мӯй дар тарбияташ карда сафед.

Гуфт бо модари худ рози нуҳуфт,
Модар аз рӯи вафо қисса шунуфт.


Хостгор омаду бо ранҷи дароз
Хонда шуд хутбаву шуд ақд фароз.

Хайма гашт аз гули рӯяш гулшан,
Ноқа куштанду шуд оташ равшан.

З-он арӯсию аз он домодӣ
Пиразан кард фаровон шодӣ.

Лек аз оғоз арӯси бадхӯй
Сар гарон дошт бар он модаршӯй.

Зол хандон ба тамошои арӯс,
В-он ҷафопеша рух аз қаҳр абӯс.

Зол бо хандаву қурбон, садақа,
Духтар аз чашми фурӯзон ҳадақа.

Зол агар рафтию шир овардӣ,
Духтар аз қаҳр бар он туф кардӣ.

Зол агар об кашидӣ зи ғадир,
Духтар он об фишондӣ ба кавир.

Зол нон пухтию хон бинҳодӣ,
Духтар он нон ба сутурон додӣ.

Писар овардӣ агар сайд зи роҳ,
Мутааффин шудӣ андар хиргоҳ.

З-он, ки гар зол задӣ даст бар ӯ,
Духтар он луқма набурдӣ ба гулӯ.

Пиразан сабр намуда ба ҷафош,
Бо кас он роз намекардӣ фош.

Лек он духтари бераҳми палид
Кард бо шӯй шабе роз падид.

Гуфт: «Моми ту маро кушт зи ғам,
Баски бо ман кунад аз кина ситам.

Мо насозем ба як ҷой мақар,
Ё маро дор ба бар, ё модар!

Зан чу бо марди ҷавон омезад,
Зол бояд зи миён бархезад.

Ману ӯ ҷамъ наёем ба ҳам,
Андар ин хайма напоем ба ҳам.

Меравам ман сӯи қавм аз бари ту,
Баъд аз ин, ин туву он модари ту!»


Писар ин қисса чу аз зан бишунид,
Аз сари қаҳр гиребон бидарид.

Аз дари хайма бурун шуд ба шитоб,
Рафту бо модари худ кард итоб.

Зол аз меҳри ҷигаргӯшаи хеш
Сар ба андеша фиканд андар пеш.

Дил надодаш, ки бигӯяд он роз,
Ки мабодо шавад он кор дароз:

Духтар аз пеши писар дур шавад,
Писараш волеҳу ранҷур шавад.

Ҳар чӣ гуфт он санами кофаркеш,
Зол кард он ҳама дар гардани хеш.

То ҷудоӣ набувад байни ду ёр,
Бегуноҳе ба гунаҳ кард иқрор.

Гуфт: «Оре, рухи бахтам сияҳ аст,
Ман гунаҳгораму ӯ бегунаҳ аст.

Рост мегӯяду бетақсир аст,
Гунаҳ аз модари бетадбир аст».

Марди бечора чу бишнид сухан,
Рафту бӯсид сару сурати зан,

К-эй санам, бахш ба ҳоли табаҳаш,
Бигузар баҳри Худо аз гунаҳаш!

Ҷои шармандагӣ аз он чӣ шунид,
Тезтар шуд зани бешарми палид.

Гуфт: «Хоҳӣ, ки шавам аз ту ризо,
Дур кун модари худро з-ин ҷо!

Ман дар ин хона нашинам бо ӯ,
Ман дар ин хона нишинам ё ӯ!»

Марди нодон зи сари кинаву дард,
Бин, ки бо модари бечора чӣ кард!

Бешае буд дар он наздикӣ,
Шуҳра дар мувҳишию торикӣ.

Буд машҳур ба водии сибоъ,
В-андар он аз даду аз дом анвоъ.

Водии ҳавлу хатарноку нахуф,
Ҳамчу дӯзах ба махофат маъруф.

Об дар зеру найистон ба забар,
Баршуда хорбунон як ба дигар.

Он найистон, ки дар ӯ марг чу най
Раставу баста камар дар раҳи вай.

Кардӣ ар ғӯл дар он беша гузор,
Гум шудӣ дар хаму печи найзор.

Девлохе, ки дар он варта зи ҳавл
Дев бар хеш дамидӣ «лоҳавл».

Боғи ваҳше на, ки мулке зи вуҳуш,
Ҳар тараф ваҳшие афканда хурӯш.

Ҷангале пиртар аз даҳри сипанҷ,
Чин ба рухсорааш аз мори шиканҷ.

Чун фалак домани паҳновари ӯ,
Дидаи гург ба шаб ахтари ӯ.

Ҳар тараф шери наре наъразанон,
Наърааш заҳрадари пилтанон.

Маҳзари қатли ҷавонони далер,
Ҷои муҳраш асари панҷаи шер.

Фарши роҳаш стухонҳои куҳан,
Дандаву ҷумҷумаву соқу лаган.

Карда бар хори раҳаш чӯҷа ғуроб,
Ошён баста ба талҳош уқоб.

Марзаш аз садмати дандони гуроз
Ҳар қадам карда даҳони гила боз.

Рӯи ҳар санг даде садрнишин,
Пушти ҳар бутта паланге ба камин.

Аз ҳар ишкафтию сумҷе пайдо
Аждаре ҳоилу море шайдо.

Шоҳмораш аз сари шохи баланд
Шуда бар гардани заррофа каманд…

Бабр бишкаста гавазнон ба шикор,
Мезбон гашта ба юзу кафтор.

Ҳар тараф ҷонваре дар такутоз,
Карда гардан зи паи туъма дароз.

Рӯз ҳар як ба каноре рафта,
Ҳар даде бар буни ғоре хуфта.

Шаб бурун омада аз баҳри шикор,
Баста бар роҳравон роҳи гузор.


Шуд савори шутур он кӯҳна ҳариф,
Модари хеш гирифта ба радиф.

Ронда ҷаммозаву он моми нажанд
Андар он водии торик афканд.

Нону обе биниҳодаш ба канор,
Боз гардид ба наздики нигор.

Гуфт: «Золе, ки дилатро хун сохт,
Рафт ҷое, ки араб най андохт».


Шаб шуду наъраи шерон бархост,
Баршуд овои дадон аз чапу рост.

Даст бигирифт зан аз ҳавл ба чеҳр,
Модарона ба лабаш хандаи меҳр.

Зери лаб замзамае соз намуд,
Аз ҷудоӣ гила оғоз намуд.

Шермарде зи саворони далер,
Ки будӣ пешаи ӯ куштани шер,

Падар андар падараш гурду савор,
Ҳама деҳқонманишу шершикор,

Ҷаъба пуртиру ба зеҳ карда камон,
Ба камар ханҷару дар мушт синон,

Гом бардошт дар он беша хамӯш,
К-омадаш замзамаи нарм ба гӯш.

Рӯй бинҳод бад-он савти хафиф,
Ногаҳон пирзане дид наҳиф.

Рӯй оварда ба даргоҳи Худо,
Кунад аз меҳр ба фарзанд дуо.

Гуфт: «Золо, ба чӣ кор омадаӣ?
Андар ин беша магар гум шудаӣ?

Ман бад-ин найзаву ин тиру камон
Андар ин беша набошам ба амон.

Аз куҷоӣ, зи куҷо омадаӣ?
Шаб дар ин беша чаро омадаӣ?

К-андар ин беша ба ғайр аз ману шер
Шаб касе по наниҳодаст далер».

Пирзан қиссаи худ боз намуд,
Шиква аз бахти бад оғоз намуд.

Паҳлавон гуфт ба он пири аҷуз:
«Ту бо ин ҳама озор ҳанӯз

Мекунӣ боз ба даргоҳи Худо
Ба чунон золими ғаддор дуо?»

Пиразан гуфт бад-ӯ: «Эй сарамард,
Гирди кори ману фарзанд магард!

Гар миёни ману ӯ шуд шакароб,
Ту мазан дасту машӯрон дигар об!

Ки ҷавон асту ҷавон нодон аст,
Ранҷи ӯ бар дили ман осон аст.

Толиби шодии ӯ будам ман,
Паи домодии ӯ будам ман.

Чунки домод шуду ёр гирифт,
Чӣ зиён, гар зи ман озор гирифт?

Ба хатое, ки набудаст ба чиз,
Накашам даст зи фарзанди азиз.

Гарчи дорам ҷигар аз ҷавраш реш,
Бад нахоҳам ба ҷигаргӯшаи хеш.

Ҳар чӣ нохун занам андар дили санг,
Ба ҷуз ин парда надорад оҳанг».

Паҳлавон гуфт ба хеш аз сари дард:
«Лофи мардӣ чӣ занӣ? Инак мард!

Шермардон зи ту буданд фигор,
Инакат пиразане кард шикор.

Наррашер аст ва ё пирзан аст?
Пирзан нест, магар шерзан аст!

Бо чунин қалбу чунин лутфу гузашт
Метавон бар ду ҷаҳон султон гашт».

Ҳотифе гуфт, ки ибром бинеҳ,
Модар аст ин, дилаш озор мадеҳ!

Инчунин дил набувад дар бари кас,
Ин дили модаракон бошаду бас.

Гар бувад ҳеҷ диле арши Худо,
Бувад он дил дили модар танҳо.

Эй писар, модари худро м-озор!
Беш аз ӯ ҳеҷ киро дӯст мадор!

Ту чӣ донӣ, ки чиҳо дар дили ӯст?
Ӯ туро то ба куҷо дорад дӯст?

Нест аз ишқ фузунтар меҳре,
Он ки бастаст ба мӯю чеҳре.

Ишқ аз васл бикоҳад боре,
Кам шавад аз ғамею озоре.

Лекин он меҳр, ки модар дорад,
Соя кай аз сари мо бардорад?

Меҳри модар чу бувад бунёдӣ,
Нашавад кам зи азо ё шодӣ.

Кӯру кар гардию бемору пареш,
Пиру фартуту фақиру дарвеш,

Момро бо ту ҳамон меҳр баҷост,
Нест ин меҳр, ки ин меҳри Худост!

Гар набудӣ дили модар ба ҷаҳон,
Одамият шудӣ аз чашм ниҳон.

Маънии ишқ дар обу гили ӯст,
Ишқ агар шакл пазирад, дили ӯст.

Ҳаст фирдавси барин чеҳраи мом,
Чеҳраи мом биҳишт аст тамом.

В-оби Кавсар, ки равон афзояд,
З-он ду пистони муборак зояд.

Шохи тӯбист қаду болояш,
Хезу сар неҳ ба муборак пояш!..

Вой, агар хандаи густох кунӣ!
Оҳ, агар бар рухи ӯ оҳ кунӣ!

Баста модар дили дарвой ба ту,
Гар кунӣ вой бад-ӯ, вой ба ту!

Дили ӯ ҷӯй гарат ақлу закост,
К-он калиди ҳама хушбахтиҳост!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2