Асадии Тӯсӣ
Асадии Тӯсӣ: зиндагӣ ва мероси илмию адабӣ
Ҳаким Абӯмансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тӯсӣ шоири маъруфи ҳамосасаро, олими луғатшинос ва хаттоти забардасти форсу тоҷик аст, ки дар асри XI зиндагӣ ва эҷод кардааст. Сарчашмаҳо Асадиро мансуб ба шоҳони Аҷам дониста, ҳамчунин ӯро дувумин тоҷдори иқлими сухани размӣ ба қайд овардаанд.
Асадӣ тақрибан соли 1005 дар Тӯс, воқеъ дар Эрон, ба дунё омадааст. Шоир таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, илмҳои маъмули замонаш — сарфу наҳв, луғат, хаттотӣ, адабиёт, таърих, забону адабиёти араб ва ғайраро аз худ намудааст.
Асадии Тӯсӣ бо баъзе сабабҳо ба дарбори Ғазнавиён нарафт, зеро ба мазҳаби шиа ва ҷараёни шуубия тамоюл доштааст. Солҳои 1035–1040 дар Хуросон қаҳтӣ рух дод ва зиндагии омма басо мушкилу ногувор гардид. Шояд аз ҳамин ҷиҳат шоири ҳаким ба самти ғарби Эрон — Озарбойҷон ва мулки Аррон — омада, ба дарбори ҳокими Нахҷувон, Абӯдулаф, роҳ ёфтааст.
Ӯ дар ин ҷо бо хоҳишу дастури Абӯдулаф «Гаршоспнома»-ро таълиф менамояд. Дар ин бора чунин мегӯяд:
Яке буд сардори дунёву дин,
Гаронмоя дастури шоҳи замин.
Ба ман гуфт: «Фирдавсии покмағз
Бидодаст доди суханҳои нағз.
Ба “Шаҳнома” гетӣ биёростаст,
В-аз он нома номи накӯ хостаст.
Ту ҳамшаҳрӣ ӯрову ҳампешаӣ,
Чу дар сухан чобукандешаӣ.
Аз он ҳамраҳон номаи бостон
Ба назм ор хуррам яке достон».
Асадии Тӯсӣ баробари аз худ намудани илмҳои расмии замонаш аз ҳунари хаттотӣ ҳам баҳраи комил доштааст. Тибқи шаҳодати сарчашмаҳо, ӯ соли 448-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1057-и милодӣ, китоби Абӯмансур Муваффақуддин Алии Ҳиравӣ — «Китоб-ул-абния ан ҳақоиқ-ил-адвия»-ро, ки дар илми тиб аст, нусхабардорӣ намудааст. Он қадимтарин нусхаи хаттии форсӣ-тоҷикист, ки маҳфуз мондааст.
Асадии Тӯсӣ дар Нахҷувон низ то поёни умр намонда, ба Онӣ меравад ва хизмати Шуҷоъуддавла Абӯшуҷоъ Манучеҳр ибни Шовури Шаддодиро, ки солҳои 1063–1100 ҳукмронӣ кардааст, ихтиёр менамояд. Шоир ба ҳокими мазкур қасидаи мунозиравии хеш — «Найза ва камон»-ро эҳдо кардааст.
Ба ҳамин тариқ, аз зиндагиномаи шоир бармеояд, ки ӯ дар чандин дарбор ба хизмат камар бастааст. Ин, эҳтимол, аз сабаби тангии маишӣ будааст. Поёни рӯзгори шоир дар ватанаш — шаҳри Тӯс — сипарӣ шудааст. Санаи вафоти Асадиро соли 465-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1073-и милодӣ, қайд кардаанд.
Мероси илмию адабии Асадии Тӯсӣ
Шоири ҳаким, олими луғатшинос ва хаттоти забардаст Асадии Тӯсӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Албатта, мероси адабию илмии ӯ шояд дар асл хеле зиёд бошад, вале аз дастбурди ҳаводис ва печидагиҳои таърих имрӯз осори зерин маҳфуз мондааст:
- Панҷ мунозира: «Габр ва мусулмон», «Арабу Аҷам», «Замину осмон», «Шаб ва рӯз», «Найза ва камон».
- Достони «Гаршоспнома».
- «Луғати фурс».
«Луғати фурс» аввалин луғати тафсирии маҳфузмондаи форсу тоҷик буда, асоси кори луғатнависони минбаъда гардидааст. Санаи таълифи луғати мазкур ба солҳои 1066–1067 рост меояд. Маводи шарҳталаби он дар заминаи эҷодиёти шоирони Мовароуннаҳру Хуросон гирд оварда шудааст.
Дар луғати Асадӣ наздик ба ду ҳазор калима шарҳ ёфта, аз ҳафтоду ҳафт шоир ба миқдори 1335 байт намуна оварда шудааст. Аз ҷумла, дар он аз ашъори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Мунҷик, Шаҳиди Балхӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Фирдавсӣ ва бисёр дигарон намунаҳои шеърӣ ҷой доранд.
Аз ин рӯ, «Луғати фурс» аз ду ҷиҳат арзишманд аст: аввал, қадимтарин луғати маҳфузмонда мебошад; дуюм, намунаҳои фаровоне аз ашъори шоирони қадими адабиёти форсу тоҷикро дар бар мегирад.
Арзиши адабии «Луғати фурс» аз он иборат аст, ки дар он барои шарҳи калимаҳо бештар аз ашъори шоирони давраи ташаккули адабиёти форсу тоҷик мисол оварда мешавад. Чунин намунаҳо аз асарҳои манзуми бузургҳаҷм — достонҳову маснавиҳо — низ зикр шудаанд. Аз ҷумла, аз «Калила ва Димна»-ву «Синбоднома»-и Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Офариннома»-и Абӯшакури Балхӣ, «Вомиқ ва Узро»-и Унсурӣ ва дигар осор намунаҳо омадаанд.
«Луғати фурс» барои дарёфти абёти шоирони бедевон низ кумаки фаровон мерасонад, зеро муаллиф дар баъзе мавридҳо исм ё тахаллуси шоирро зикр кардааст.
Барои нишон додани тарзи шарҳи вожаҳо ва тасдиқи корбурди онҳо чанд намуна аз луғати Асадӣ меорем.
Арванд
Арванд — номи кӯҳест дар назди Ҳамадон. Даҷларо низ Арванд хонанд. Фирдавсӣ гӯяд:
Агар паҳлавонӣ, надонӣ забон,
Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон.
Хурда
Хурда — тафсири аҷзои Позанд.
Девлох
Девлох — сардсер бошад, ба маънои сардистон; чунон ки гӯӣ: санглох, яъне сангистон. Унсурӣ гӯяд:
Чарида девлох, оганда паҳлӯ,
Тане фарбеҳ, миён чун мӯй лоғар.
Овард ва новард
Овард — ҷанг бошад. Новард — ҷанги ду кас ё ду лашкар бошад. Фирдавсӣ гӯяд:
Зи новарду оварди ӯ дар набард,
Расад то ба гардуни гарданда гард.
Ниё
Ниё — падари падар бошад. Фирдавсӣ гӯяд:
Набера, ки хашм оварад бар ниё,
Ҳам аз аблаҳӣ бошаду кимиё.
Моно
Моно — монанд бувад. Кисоӣ гӯяд:
Чандин ҳарир ҳулла, ки густурда бар дарам,
Моно, ки барзаданд ба қарқубу шӯштар.
Ошно
Ошно — шиногар бошад дар об. Бӯшакур гӯяд:
Касе, к-андар об асту об ошност,
Аз об ар чу з-оташ натарсад, сазост.
Ноб
Ноб — холис бошад. Фаррухӣ гӯяд:
Ноб аст ҳар он чиз, ки олуда набошад,
З-ин рӯй туро гӯям, к-озодаи нобӣ.
Шабтоб
Шабтоб — кирмакест, ки ба шаб бар гунаи оташ намояд. Рӯдакӣ гӯяд:
Шаб зимистон буд, каппӣ сард ёфт,
Кирмаке шабтоб ногоҳе битофт.
Каппиён оташ ҳаме пиндоштанд,
Пуштаи ҳезум бар ӯ бардоштанд.
Каппӣ — маймун.
Фарҳехта
Фарҳехта — адабгирифта бошад. Дақиқӣ гӯяд:
Эй дили ман, з-ӯ ба ҳар ҳадис маёзор,
К-он бут фарҳехта нест, ҳаст навомӯз.
Яхча
Яхча — тагарг, яъне жола. Рӯдакӣ гӯяд:
Яхча меборид аз абри сиёҳ
Чун ситора бар замин аз осмон.
Девча
Девча — кирмаке бошад, ки андар пашм афтаду онро табоҳ кунад. Мунҷик гӯяд:
Дил бипардоз замоневу манеҳ пушт бад-ӯ,
Ки ба пиндор шудат девча андар намадо.
Шах
Шах — замини сахт бошад, бар кӯҳ ва домани кӯҳ. Бӯшакур гӯяд:
Хиромидани кабк бинӣ ба шах,
Ту гӯӣ зи дебо фикандаст нах.
Қундуз
Қундуз — яъне кӯҳандиз. Диж бошад, яъне шаҳр. Рӯдакӣ гӯяд:
Гаҳ бар он қундузи баланд нишин,
Гаҳ дар ин бӯстону чашм кушой.
Бурз, гурз ва кӯпол
Бурз — баландӣ бувад. Гурз ва кӯпол — лахт бошад. Бӯшакур гӯяд:
Саре бетану паҳн гашта ба гурз,
Тане бесар афканда бар хоку бурз.
Марз
Марз — сарҳад бошад. Фирдавсӣ гӯяд:
Басанда кунад з-ин ҷаҳон марзи хеш,
Бидонад магар мояву арзи хеш.
Кос
Кос — мӯи хук бошад. Фаррухӣ гӯяд:
Чу кос мӯӣ гиёҳони ӯ бараҳна зи барг,
Чу шохи гов дарахтони ӯ тиҳӣ аз бор.
Ос
Ос — орди нарм бошад зери санг. Муиззӣ мегӯяд:
То дили ман ос шуд дар осиёи ишқи ӯ,
… пиндоре ғубори осиё бар сар маро.
Пӯзиш
Пӯзиш — узр бошад. Бӯшакур гӯяд:
В-ар эдун-к пӯзиш пазирӣ зи ман,
Ва гар низ ранҷӣ ояд аз хештан.
Ниёиш
Ниёиш — дуо ва офарин бошад. Фирдавсӣ мегӯяд:
Ба пирӯзӣ андар намоиш кунед,
Ҷаҳонoфаринро ниёиш кунед.
Аҳамияти «Луғати фурс»
Чунон ки маълум гашт, дар луғатномаи Асадии Тӯсӣ вазн ва ҳаракатҳои калимаҳо зикр намешаванд, ки ин кори хонандаро душвор месозад. Бо вуҷуди ин, дар он пораҳои фаровони шеърӣ, исми шоирон ва баъзан ному насабу тахаллуси онҳо оварда шудааст.
Умуман, луғати мазкур намунаҳои шеърии ҳафтоду ҳафт шоири асрҳои X–XI-ро фаро мегирад. Аксари калимаҳо куҳан буда, маҳз тавассути луғати Асадӣ аз нав ба забони зиндаи гуфтугӯӣ ворид шудаанд. Ин яке аз хизматҳои шоёни олими луғатшинос мебошад.
Имло ва сохтори матн ислоҳ шуд; маълумоти таърихӣ санҷида нашудааст. Чанд шоҳиди шеърӣ, махсусан байтҳои «Моно», «Кос», «Ос» ва «Пӯзиш», осеби рӯнависӣ доранд ва барои барқарор кардани матни дақиқ ба нусхаи асл ниёз доранд.
Мунозираҳои Асадии Тӯсӣ
Аз Абӯмансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тӯсӣ то ба имрӯз панҷ қасидаи мунозиравӣ мерос мондааст:
- «Арабу Аҷам».
- «Рӯз ва шаб».
- «Осмон ва замин».
- «Габр ва муслим».
- «Найза ва камон».
Унвони се мунозираи аввал — «Арабу Аҷам», «Шаб ва рӯз», «Осмону замин» — дар сарчашмаҳо асосан бетағйир омадааст. Ду мунозираи дигар бо номҳои «Мусулмону муғ», «Муғу муслим» ва «Тиру камон», «Қавсу румҳ» низ ба қайд гирифта шудаанд.
Ин навъи шеърӣ, ки дар адабиёти асри XI дучор мешавад, маҳсули танҳо ҳамин аср нест: анъанаи он ба адабиёти тоисломӣ мерасад. Хидмати шоирони асри XI, махсусан Асадии Тӯсӣ, дар эҳёи ин суннати адабӣ мебошад.
Асадии Тӯсӣ аввалин эҷодкори мунозира дар адабиёти форсу тоҷик пас аз истилои араб ба шумор меравад.
Мунозираи «Арабу Аҷам»
Аввалин мунозираи ӯ қасидаи «Арабу Аҷам» мебошад, ки аз 107 байт иборат аст. Дар он баҳси марди фарҳангии аҷамӣ бо араб дар як базм тасвир мешавад.
Мунозира дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод гардидааст. Аркони вазни он чунинанд:
Мафъӯлу мафоъилу мафоъилу фаъӯлун.
Ду ҳамсуҳбат сархуш шуда, ба баҳс медароянд. Аввал араб ба ҳаҷви аҷамӣ оғоз намуда, мегӯяд:
Ошуфт яке з-он ҳамаву гуфт: «Аҷам…»¹
Фахр аҳли арабро расад, эй аблақи нодон!
Ӯ шахсиятҳо ва дастовардҳоеро ном мебарад, ки мояи ифтихори арабанд: қабилаҳо, суханварони фасеҳ, шоирон, саховатмандон ва хирадмандон. Аз ҷумла, Ҷарир, Мутанаббӣ, Буҳтурӣ, Ахтал ва Ҳассонро ёд мекунад; аз саховатмандии Ҳотам ва хираду дониши Сотеҳ ва Нуъмон сухан мегӯяд.
Пеш аз ҳама, ӯ аз Паёмбари Ислом ва Қуръон ифтихор мекунад:
Ҳам аз сараи мост Муҳаммад, набии Ҳақ,
В-аз ҳамсухани мост ба халқ омада Қуръон.¹
Сипас араб аз аҷамӣ мепурсад, ки ӯ бо чӣ ва бо кӣ ифтихор карда метавонад:
Бурҳони ман афъоли араб чанд намудам,
Бинмой ту бурҳон аз афъоли Аҷам, ҳон!
Аҷамӣ ба мунозира оғоз мекунад:
Гуфтам-ш: «Чу девона басе гуфтиву акнун,
Посух шунав, эй буда чу девони биёбон!»
Ӯ аз шоҳони пешдодию каёнӣ, паҳлавонон, олимон ва шоирон муфассал сухан мегӯяд. Аз шоҳони эронӣ Каюмарс, Ҳушанг, Ҷамшед, Фаридун, Кайхусрав, Баҳром, Парвиз, Анӯшервон ва Ҳурмузро ном мебарад.
Аз паҳлавонони аҷамӣ Наримон, Сом, Гаршосп, Бежан, Гев ва Рустамро ёд мекунад. Ҳамчунин, аз донишу ҳикмати Ибни Закариё ва Ҷомоспи хирадманд, аз ашъори Рӯдакӣ, Унсурӣ, Асҷадӣ, Кисоӣ ва дигарон сухан мегӯяд. Чунончи:
Шоир чу гузин Рӯдакӣ, он к-аш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дару девон.
Дар идомаи баҳс муқовимати гурӯҳе аз арабҳо ҳангоми пайдоиши дини Ислом бар зидди Расули Акрам (с), инчунин саҳми аҷамиён дар садоқат ба Ислом ба тафсил баён мешавад.
Аҷамӣ таъкид мекунад, ки динро набояд воситаи фахрфурӯшии қавмӣ қарор дод, зеро шариат ҳамаи мусулмононро бародару баробар медонад. Ӯ ба ин маънӣ мегӯяд:
Пас фахр ба дин асту шумо гар ҳама чун мо
Гарвед ба Яздону набӣ в-ояти Фурқон,
Бар мову шумо з-Эзид фармони шариат
Якест, ки муъмин ҳама ҳастанд чу ихвон.
Дар ҳашр на амволу на асбобу на амлок
Ояд ба бар, илло амали некӯву имон.
Ба ҳамин тариқ, намояндаи Аҷам ба ҳар эроди араб панҷ то ҳафт далел меорад. Ӯ нишон медиҳад, ки аҷамиён мардуми бефарҳангу саҳроӣ нестанд, балки асилзода, мутамаддин, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд.
Асар аз ҷиҳати мантиқӣ бо пирӯзии намояндаи Аҷам ба анҷом мерасад.
2. Мунозираи «Рӯз ва шаб»
Миқдори абёти мунозираи мазкурро аз 27 то 35 байт гуфтаанд. Он дар баҳри рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо шудааст. Аркони вазни он чунинанд:
Фоъилотун / фаъилотун / фаъилотун / фаъилун.
Қасида зоҳиран ба раиси вузаро — Абӯнаср Халил ибни Аҳмад — эҳдо шудааст. Чунончи:
Ё писанд ор ба гуфтори шаҳи одили род,
Ё ризо деҳ ба раиси вузаро, кони карам.
Род Бӯнаср Халил Аҳмад, к-аз нусрат,¹
Афсари ҷоҳу ҷалол асту сари мулку наам.
Дар қасида баҳс миёни Шаб ва Рӯз сурат мегирад. Ҳар кадом худро ситоиш карда, рақибро мазаммат менамояд. Мунозира масъалаҳои марбут ба Холиқи мавҷудот — Худованд, Расули Акрам (с), фаъолияти инсон, ба ҷо овардани ибодатҳо ва дигар мавзӯъҳоро фаро мегирад.
Масалан, Шаб мегӯяд, ки дар назди Худо обидону саҷдакунандагони шаб бештар қадр доранд. Ӯ шабона ба муноҷот рафтани Мӯсои Калимуллоҳ бо қавмаш, аз бедоду ситам раҳо шудани Лут ва ба меъроҷ рафтани Муҳаммад (с)-ро далел меорад. Ҳамчунин, таъкид мекунад, ки ҳар моҳ сӣ рӯз дорад, вале шаби Қадр аз ҳазор моҳ афзалтар аст.
Шаб худро пӯшонандаи айбу гуноҳ ва роҳатбахшанда медонад. Ба гуфтаи ӯ, Рӯз нуқсонҳоро ошкор карда, дарду алами одамонро меафзояд:
Сатрпӯш аст шабу рӯз намояндаи айб,
Роҳатафзост шабу рӯз фазояндаи алам.
Рӯз низ ба сухан баромада, бештар дар рӯз анҷом ёфтани корҳои диниро ёдрас мекунад. Ӯ Шабро мояи ранҷи беморон ва пинҳонкунандаи дуздону ғоратгарон мешуморад. Дар муқобил, худро намоёнкунандаи осмони соф ва хуршеди оламоро медонад. Чунончи:
Моҳи ту аз рӯи хуршеди ман афзояд нур,
В-аз паи хидмати хуршед кунад пушт ба ҳам.
Меҳвари асосии ин мунозира муқоисаи судмандии Шаб ва Рӯз барои инсон аст: ҳар яке мекӯшад нишон диҳад, ки бештар нафъ мерасонад.
3. Мунозираи «Замин ва осмон»
Ин мунозира дорои 54 байт буда, дар баҳри музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст.
Усули таълифи он ба шакли мусоҳиба аст. Бар хилофи қасидаҳои дигар, баҳс танҳо аз суханрониҳои ҷудогонаву пайдарпайи ду тараф иборат нест. Дар ин мунозира қувваи сеюм — Замон — нақши оштидиҳандаро иҷро мекунад:
Чун ҷангашон дароз бибуд, ногаҳон Замон
Омад миёнашон дару гуфт: «Ин ҷадал чаро?»
Сулҳ оваред ҳар дуро бар сулҳ то абад,
Доим вафо кунед, маёзед зи ҷафо.¹
Осмон ифтихор мекунад, ки Худо аввал ӯро офаридааст ва баъд Заминро. Замин дар ҷавоб мегӯяд, ки инсон низ пас аз мавҷудоти дигари замин офарида шудааст, вале бо вуҷуди ин, мақоми шариф дорад. Бо ин далел ӯ нишон медиҳад, ки пештар офарида шудан худ аз худ нишонаи бартарӣ нест.
4. Мунозираи «Габр ва муслим»
Мунозираи «Габр ва муслим» дорои 53 байт буда, дар баҳри муҷтасси мусаммани махбуни аслами мусаббағ иншо шудааст. Аркони вазни он чунинанд:
Мафоъилун / фаъилотун / мафоъилун / фаълон.
Қасида ба вазир — Абӯнаср Аҳмад ибни Алӣ — эҳдо шудааст. Шоир аз забони муслим мегӯяд:
Зи ҷамъи фалсафиён бо муғе буда пайкор,
Нигар, ки монд зи пайкор дар сухан бекор.
Варо ба қиблаи Зардушт буд яксара майл,
Маро ба қиблаи фаррух Муҳаммади мухтор.
Дар нақши муслим худи шоир сухан мегӯяд. Аввал муғ ба баҳс оғоз карда, оташро бунёди ҳастӣ медонад. Сипас марди мусулмон ба андешаҳои ӯ посух дода, ҷаҳонбинии тоисломии вайро мавриди нақд қарор медиҳад. Дар натиҷа, муғ мағлубияти худро ҳис мекунад.
5. Мунозираи «Найза ва камон»
«Найза ва камон» охирин мунозираи Асадӣ буда, ба ҳокими замон — Шуҷоъуддавла Манучеҳр — эҳдо шудааст. Он аз 31 байт иборат аст ва дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур эҷод гардидааст. Аркони вазни он чунинанд:
Фоъилотун / фоъилотун / фоъилотун / фоъилун (фоъилон).
Чунончи:
Ҳар силоҳеро дигар захмест андар корзор,
Захми сахт он дон, к-аз он гардад адӯро кор зор.
Лек он, к-ӯ ҳам ба ҷои хеш захм оварду дур,
Румҳу қавс аст олати ҷанговарони кин гузор.
Найза сифатҳои хуби худро баён карда, Камонро паст мезанад. Сипас Камон низ бартариҳои худро баршумурда, Найзаро мазаммат мекунад. Шоир дар анҷом онҳоро ба созиш меорад ва нишон медиҳад, ки ҳар ду дар ҷанг вазифаи худро доранд ва якдигарро пурра мекунанд.
Ҳадафи мунозираҳо ҳимояи адолати иҷтимоӣ ва мазаммати кибру ғурур, худписандию такаббур аст. Дар онҳо аҳамияти ҳамкорӣ ва эҳтиёҷи тарафҳо ба якдигар низ таъкид мешавад.
Офаридани мунозира, хусусан мунозираи манзум, кори саҳл нест. Он дар баробари ҳунару истеъдод ва маҳорату малака, дониши ҳаматарафа ва ҷаҳонбинии васеъро талаб мекунад. Эҷодкор бояд аз илмҳои шаръӣ, табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва, албатта, улуми адабӣ огоҳ бошад, то ҷузъиёти мавзӯъро дуруст баён карда, дар баҳс ба ғалат роҳ надиҳад.
Асадии Тӯсӣ, эҳтимол, аз зумраи ҳамин гуна донишмандон будааст.
«Гаршоспнома»
«Гаршоспнома» яке аз асарҳои ҳамосӣ ва қаҳрамонии миллии аҷамиён буда, нахустин асарест, ки дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эҷод шудааст.
Гаршосп писари амаки Наримон ва ниёи Рустам буда, дар достон 733 сол умр мебинад. Баъзе лаҳзаҳои ҳаёти ӯ, ки ба фаъолияти Манучеҳр вобастаанд, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ омадаанд, вале саргузашти Гаршосп дар он ҳамчун достони ҷудогона баён нашудааст.
Қиссаи Гаршосп қисман дар «Шоҳнома»-и Абӯмансурӣ низ дучор мешавад. Аммо пас аз Ислом аввалин касе, ки дар ин мавзӯъ асари алоҳида офаридааст, Абулмуайяди Балхӣ мебошад. Асари насрии ӯ «Китоби Гаршосп» ном дорад.
Асадии Тӯсӣ ҳангоми дар Нахҷувон будан бо шоҳ Абӯдулаф наздикӣ пайдо карда, бо хоҳиши ӯ ба таълифи ин асар камар мебандад. Дар анҷоми ин кор маслиҳати вазири Абӯдулаф, ки бо Асадӣ дӯстии қавӣ дошт, низ нақш гузоштааст.
Асадии Тӯсӣ «Гаршоспнома»-ро 56 сол баъд аз Фирдавсӣ, яъне солҳои 1065–1066, таълиф кардааст. Достон дорои нӯҳ ҳазор байт будааст ва ҳоло 8850 байти он боқӣ мондааст.
«Гаршоспнома» ҳамвазни «Шоҳнома» буда, дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо шудааст. Аркони вазни он чунин хонда мешаванд:
Фаъӯлун / фаъӯлун / фаъӯлун / фаъал ё фаъӯл.
Достон аз муқаддима, 45 боб ва хотима иборат аст. Бобҳои I–IX суннати достонсароии аҷдодиро фаро мегиранд.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ дар сохтори он зоҳир мешавад. Агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маҷмӯи достонҳо бошад ва ҳар достон хати муайяни сужет дошта бошад, «Гаршоспнома» дорои сужети мустақилу ягона аст.
Сужети достон бо қисматҳои анъанавии он — муқаддима, гиреҳбандӣ, ҳаракат, авҷ ва гиреҳкушоӣ — ташаккул ёфтааст. Он аз таваллуди қаҳрамони марказӣ оғоз шуда, тифлию ҷавонӣ, камолот, фаъолияти паҳлавонӣ ва корнамоиҳои Гаршоспро то вопасин лаҳзаҳои рӯзгораш дар бар мегирад.
Дар баъзе лаҳзаҳои достон аҷдоди қаҳрамон низ ба ин ё он сабаб зуҳур карда, вазифаи худро дар ҷараёни воқеаҳо иҷро мекунанд ва дар арсаи тасвир боқӣ мемонанд.
Маъхазҳои «Гаршоспнома»
Маъхазҳои ин асари Асадии Тӯсӣ асосан эҷодиёти шифоҳии халқҳои эронинажод мебошанд. Қиссаи мазкурро нахустин бор Абулмуайяди Балхӣ таълиф намудааст. Асари ӯ бо номҳои «Китоби Гаршосп» ва «Гаршоспнома» машҳур будааст.
«Таърихи Систон» низ қисме аз ин қиссаи шифоҳии халқҳои аҷамитаборро дар бар гирифтааст. Дар адабиёти хаттӣ сарчашмаҳои достони Гаршоспро дар «Авасто» пайдо намудаанд. Ғайр аз ин, қиссаи мазкур дар «Бундаҳишн», ки ба забони порсии миёна ё паҳлавӣ навишта шудааст, низ дида мешавад.
Асадӣ дар баёни сабаби ба назм овардани китоб мегӯяд:
Зи кирдори Гаршосп андар ҷаҳон
Яке нома буд ёдгор аз меҳон.¹
Пур аз донишу панду омӯзгор,
Ҳам аз рози чарху ҳам аз рӯзгор.
Мазмуни мухтасари достон
Заҳҳок, писари Мардос, ба Эрон ҳамла мекунад. Ҷамшед, шоҳи Эрон, ки ҳафтсад сол ҳукмронӣ кардааст, шикаст хӯрда, ба Зобулистон фирор мекунад.
Шоҳи Зобулистон — Гуранг — духтаре дошт, ки ҳабдаҳсола буду зебоияш рашки аҳли олам. Духтар ба Ҷамшед ошиқ шуда, бо ӯ хонадор мешавад.
Гуранг аз ин воқеа хабардор шуда, Ҷамшедро ба каманд меорад ва мехоҳад ӯро ба Заҳҳок супорад. Аммо бо илтимоси духтараш аз гуноҳи Ҷамшед мегузарад. Чунончи:
Бадӣ гарчи кардан тавон бо касе,
Чу некӣ кунӣ, беҳтар ояд басе.
Гуранг илтимоси духтарашро пазируфта, Ҷамшедро пинҳон мекунад, вале ин асрор ошкор мешавад.
Духтари шоҳ писаре ба дунё меорад, ки ниҳоят зебост. Тифлро Тур ном мегузоранд. Тур то понздаҳсолагӣ ба ҷавони зебову таҳамтан табдил меёбад.
Дар ин муддат шоҳи Зобулистон аз тарси Заҳҳок ба Ҷамшед маслиҳат медиҳад, ки ба сарзамини Ҳиндустон рафта, дар он ҷо паноҳ ҷӯяд ва сипас ба Хитой биравад.
Ҷамшед чунин мекунад, вале, дареғо, аз ҷониби одамони Заҳҳок дастгир мешавад ва бо амри Тиран ӯро аз миён бо арра ду ним мекунанд.
Ҳамсари Ҷамшед хабари қатли ӯро аз ҷосусони Заҳҳок шунида, худкушӣ мекунад.
Дар ин муддат фарзанди Тур, яъне набераи Ҷамшед, ба дунё меояд, ки ӯро Шедасп ном мегузоранд. Сипас писари Шедасп — Тавург — ба майдон меояд. Ӯ низ чун падару бобои худ паҳлавон аст.
Ҳангоми лашкаркашии Шедасп ба Кобул Тавург мехоҳад падарашро ҳамроҳӣ кунад, вале падар хоҳиши ӯро рад менамояд:
Падар гуфт, к-ин рой пидром нест,
Ту хурдӣ, туро разм ҳангом нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё