Убайди Зоконӣ - "Муш ва Гурба"
Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш,
Биё, бишнав ҳадиси «Гурбаву Муш!»
Бихонам аз бароят достоне,
Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ.
Эй, хирадманди оқилу доно,
Қиссаи «Мушу гурба» бархоно!
Қиссаи «Мушу гурба»-и манзум,
Гӯш кун ҳамчу дури ғалтоно!296
Аз қазои фалак яке гурба,
Буд чун аждаҳо ба Кирмоно.
Шикамаш таблу синааш чу сипар,
Шердумму палангчангоно.
Аз ғиреваш ба вақти ғурридан,
Шери дарранда шуд ҳаросоно.
Сари ҳар суфра чун ниҳод, пой,
Шер аз вай шуд, гурезоно.
Рӯзе андар шаробхона шуд,
Аз барои шикори мушоно.
Дар паси хумми май намуд камин,
Ҳамчу дузде, ки дар биёбоно.
Ногаҳон мушаке зи деворе,
Ҷаст бар хуми май хурӯшоно.
Сар ба хум барниҳоду май нӯшид,
Маст шуд ҳамчу шери ғурроно.
Гуфт! «Ку гурба, то сараш биканам,
Пӯсташ пур кунам зи коҳоно!
Гурба дар пеши ман чӣ саг бошад,
Ки шавад рӯ ба рӯ ба майдоно?!»
Гурба инро шуниду дам назад,
Чангу дандон зад, ба сӯҳоно.
Ногаҳон ҷасту мушро бигрифт,
Чун паланге шикори кӯҳоно.
Муш гуфто, ки ман ғуломи туам,
Афв кун аз ман ин гуноҳоно.
Гурба гуфто: «Дурӯғ камтар гӯй,
Нахӯрам ман фиребу макроно»...
Гурба он мушро бикушту бихӯрд,
Сӯи масҷид шуд, хиромоно.
Дасту рӯро бишусту масҳ кашид,297
Вирд мехонд ҳамчу муллоно.
Бор илоҳо, ки тавба кардам ман,
Надарам мушро ба дандоно!
Баҳри ин хуни ноҳақ, эй, халлоқ,
Ман тасаддуқ диҳам ду ман ноно.
Он қадар лоба дарду зорӣ кард,
То ба ҳадде, ки гашт гирёно.
Мушаке буд дар паси минбар,
Зуд бурд ин хабар ба мушоно.
Муждагонӣ, ки гурба тоиб298 шуд,
Зоҳиду обиду мусулмоно!
Буд дар масҷид он ситудахисол,
Дар намозу ниёзу афғоно.
Ин хабар чун расид бар мушон,
Ҳама гаштанд шоду хандоно.
Ҳафт муши гузида барҷастанд,
Ҳар яке кадхудову деҳқоно.
Баргирифтанд баҳри гурба зи меҳр,
Ҳар яке тӯҳфаҳои алвоно.299
Он яке шишаи шароб ба каф
В-он дигар барраҳои бирёно,
Он яке таштаке пур аз кишмиш
В-он дигар як табақ зи хурмоно,
Он яке зарфе аз панир ба даст
В-он дигар мост бо караноно,300
Он яке хончаи палав бар сар,
Афшура 301 оби лиму уммоно,302
Назди гурба шуданд он мушон,
Бо салому дуруду эҳсоно.
Арз карданд бо ҳазор адаб,
К-эй фидои раҳат ҳама ҷоно!
Лоиқи хидмати ту пешкаше
Кардаем мо, қабул фармоно!
Гурба чун мушакон бидид, бихонд,
«Ризқакум фи-с-самои ҳаққоно».303
Ман гурусна басе ба сар бурдам,
Ризқам имрӯз шуд фаровоно.
Рӯза будам ба рӯзҳои дигар,
Аз барои ризои раҳмоно...
Баъд аз он гуфт: «Пеш фармоед,
Қадаме чанд эй, рафиқоно!»
Мушакон ҷумла пеш мерафтанд,
Танашон ҳамчу бед ларзоно.
Ногаҳон гурба ҷаст бар мушон,
Чун мубориз ба рӯзи майдоно.
Панҷ муши гузидаро бигрифт,
Ҳар яке кадхудову элхоно.304
Ду бад-ин чангу ду бад-он чангол,
Як ба дандон чу шери ғурроно.
Он ду муши дигар, ки ҷон бурданд,
Зуд бурданд хабар ба мушоно,
Ки чӣ биншастаед, эй мушон,
Хокатон бар сар, эй ҷавононо!
Панҷ муши раисро бидарид,
Гурба бо чангҳову дандоно.
Мушаконро аз ин мусибату ғам,
Шуд либоси ҳама сиёҳоно.
Хок бар саркунон ҳамегуфтанд:
«Эй, дареғо, раиси мушоно!»
Баъд аз он муттафиқ шуданд, ки мо
Меравем пойтахти султоно!
То ба шаҳ арзи ҳоли хеш кунем,
Аз ситамҳои хайли гурбоно,
Шоҳи мушон нишаста буд ба тахт,
Дид аз дур хайли мушоно.
Ҳама як бор карданаш таъзим,
К-эй, ту шоҳаншаҳ, ба давроно!
Гурба кардаст зулм бар моҳо,
Эй, шаҳаншаҳ, улӯм305 ба қурбоно.
Соле як дона мегирифт аз мо,
Ҳол ҳирсаш шуда фаровоно.
Ин замон панҷ-панҷ мегирад,
Чун шуда тоибу мусулмоно.
Дарди дил чун ба шоҳи худ гуфтанд,
Шоҳ фармуд, к-эй азизоно!
Ман талоф, 306 ба гурба хоҳам кард,
Ки шавад достон ба давроно.
Баъди як ҳафта лашкаре орост,
Сесаду сӣ ҳазор мушоно.
Ҳама бо найзаҳову тиру камон,
Ҳама бо сайфҳои 307 бурроно.
Фавҷҳои пиёда аз як сӯ,
Теғҳо дар миёна ҷавлоно.
Чунки ҷамъоварии лашкар шуд,
Аз Хуросону308 Рашту309 Ғлоно.310
Яккамуше вазири лашкар буд,
Ҳушманду далеру фаттоно.
Гуфт: «Бояд яке зи мо биравад,
Назди гурба ба шаҳри Кирмоно,311
Ё биё пойтахт дар хидмат,
Ё ки омода бош ҷангоно».
Мушаке буд элчӣ зи қадим,
Шуд равона ба шаҳри Кирмоно.
Нарм-нармак ба гурба ҳоле кард,
Ки манам элчӣ зи шоҳоно.
Хабар овардаам барои шумо,
Азми ҷанг карда шоҳи мушоно,
Ё бирав пойтахт дар хидмат,
Ё ки омода бош ҷангоно.
Гурба гуфто, ки муш гӯ... хӯрда,
Ман наёям бурун зи Кирмоно.
Лекин андар хафо 312 тадорук кард,313
Лашкари мӯъзаме 314 зи гурбоно.
Гурбаҳои бароқи315 шершикор,
Аз Сифоҳону316 Язду317 Кирмоно.
Лашкари гурба чун муҳайё шуд,
Дод фармон ба сӯи майдоно.
Лашкари мушҳо зи роҳи кавер,318
Лашкари гурба аз кӯҳистоно.
Дар биёбони Форс 319 ҳар ду сипоҳ,
Разм доданд чун далероно.
Нанги мағлуба шуд дар он водӣ
Ҳар тараф рустамона ҷангоно.
Он қадар мушу гурба кушта шуданд,
Ки наёяд ҳисоб осоно.
Ҳамлаи сахт кард гурба чу шер,
Баъд аз он зад ба қалби мушоно.
Мушаке асби гурбаро пай кард,
Гурба шуд сарнагун зи зиноно.
Аллаҳ-аллаҳ фитод дар мушон,
Ки бигиред паҳлавононо!
Мушакон табли шодиёна заданд,
Баҳри фатҳу зафар фаровоно.
Шоҳи мушон бишуд ба фил савор,
Лашкар аз пешу пас хурӯшоно.
Гурбаро ҳар ду даст баста баҳам,
Бо калофу320 танобу ресмоно.
Шоҳ гуфто: «Ба дор овезед,
Ин саги рӯсиёҳи нодоно!»
Гурба чун дид шоҳи мушонро,
Ғайраташ шуд чу дег ҷӯшоно.
Ҳамчу шере нишаст бар зону,
Канд он ресмон ба дандоно.
Мушаконро гирифту зад ба замин,
Ки шуданд, ба хок яксоно.
Лашкар аз як тараф фирор, шуд,
Шоҳ аз як ҷиҳат гурезоно.
Аз миён рафт филу филсавор,
Махзану тосу тахту айвоно.
Ҳаст ин қиссаи аибу ғариб,
Ёдгори Убайди Зоконо.
Ҷони ман, панд гир аз ин қисса,
Ки шав, дар замона шодоно.
Ғараз аз «Мушу Гурба» бархондан,
Муддао фаҳм кун, писарҷоно!
Луғат
296 Дурри ғалтон — дурри қиматбаҳо.
297 Масҳ кашидан — даст молидан.
298 Тоиб — тавбакунанда.
299 Алвон — ҷамъи лавн — рангҳо. Дар ин ҷо ба маънои рангоранг ва гуногун.
300 Каранон — як навъи нон. Кара дар луғат ба маънои маска меояд, аз ин рӯ мумкин нони равғанин бошад.
301 Ашура — оби мева, шарбат.
302 Уммон — номи давлатест дар чанубии Арабистон. Азбаски ин давлат дар соҳили баҳри Араб воқеъ гардидааст, аз ин рӯ он баҳрро Уммон низ мегуфтаанд. Дар ин ҷо Уммон маҷозан ба маънии аз ҳад зиёд ва бисёр омадааст.
303 Разқакум фи-с-самои уаққоно — ризқи шуморо худо аз осмон медиҳад.
304 Элхон — фармонфармо, фармонгузор, лақаби подшоҳонн муғулӣ дар Эрон.
305 Улӯм — мурам.
306 Талофӣ — сазо, мукофот.
307 Сайфҳо — шамшерҳо.
308 Хуросон — ниг. шарҳи 69.
309 Рашт—номи шаҳрест дар Эрон, ки дар шимолу ғарбии Теҳрон воқеъ гардидааст.
310 Ғелон — вилоятест дар шимоли Эрон.
311 Кирмон — шаҳрест дар ҷанубу шарқии Эрон.
312 Хафо — махфӣ, пинҳонӣ.
313 Тадорук кардаи — ҷамъ намудан.
314 Мӯъзам — қисми бисёр, қисми зиёд.
315 Барроқ — дурахшон, дурахшанда.
316 Сифоҳон — мухаффафи Исфаҳон — шаҳрест дар маркази Эрон, кидар ҷануби Теҳрон воқеъ гардидааст.
317 Язд — шаҳрест дар Эрон, ки дар чануби шарқии Исфаҳон воқеь гардидааст.
318 Кавер — замини ҳамвор.
319 Форс — вилоятест дар ҷанубу ғарбии Эрон.
320 Калоф — калоба, ресмон.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё