Зеҳн

Убайди Зоконӣ - Қитъаот

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Маро қарз ҳасту дигар ҳеҷ нест,
Фаровон маро харҷу зар ҳеҷ нест.
Ҷаҳон, гӯ ҳама айшу ишрат бигир,
Маро з-ин ҳикоят хабар ҳеҷ нест.
Ҳунар худ надонам в-агар низ ҳаст,
Чу толеъ набошад, ҳунар ҳеҷ нест.
Инони иродат чу аз даст рафт,
Ғаму фикри баргу дигар ҳеҷ нест.
Ба даргоҳи ӯ илтиҷо кун, Убайд,
Ки ин рафтани дар ба дар ҳеҷ нест.
Он, ки гардун фарошту анҷум кард,
Ақлу рӯҳ офариду мардум кард.
Риштаи коинот дарҳам баст,
Пас сари ришта дар миён гум кард


Мардум ба айш хушдилу ман дар балои қарз,

Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз.

Фарзи худову қарзи халоиқ ба гарданам,274

Оё адои фарз кунам ё адои қарз?

Харҷам фузун зи ғояту қарзам бурун зи ҳад,

Фикр аз барои харҷ кунам ё барои қарз?

Аз ҳеҷ хат натобам, ғайр аз сиҷили дин,

В-аз ҳеҷ кас нанолам, ғайр аз гувои қарз.

Дар шаҳр қарз дораму андар маҳалла қарз,

Дар кӯча қарз мекунаму дар сарой қарз.

Аз субҳ то ба шом дар андеша мондаам,

То худ куҷо биёбам ногаҳ раҷои275 қарз.

Мардум зи дасти қарз гурезону ман ба сидқ,

Хоҳам пас аз намозу дуо аз худой қарз.


Арзам чу обрӯи гадоён ба бод рафт,

Азбаски хостам зи дари ҳар гадой қарз.

Гар хоҷа тарбият накунад пеши подшоҳ,

Мискин Убайд чун кунад охир адои қарз.


Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам

Доиман ҳамнишину ҳамдами қарз.

Муддате гирди ҳар касе гаштам,

Бӯ,276* ки орам ба даст марҳами қарз.

Охируламр ҳеҷ кас накушод

Пои ҷонам зи банди маҳками қарз...


Зиҳӣ лаъли лабу нозук миёнат

Муроди дидаи борикбинон.

Ғами ишқат ба хушёриву мастӣ,

Муроди дидаи хилватнишинон.


Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро

Хурдае аз ҳар каноре омадӣ.

Дар висоқам 27в нони хушку таррае

Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ.

Гаҳ-гаҳе ҳам бода ҳозир мешудӣ,

Гар надиме, ё нигоре омадӣ.

Нест дар дастам кунун аз хушку тар,

3-он чӣ вақте дар каноре омадӣ.

Ғайри ман дар хонаам чизе намонд,

Ҳам намондӣ, гар ба коре омадӣ.


Эй, ақчаи 277 гирди рӯи конӣ!

Эй, бе ту ҳаром зиндагонӣ!

Эй, роҳати ҷону қуввати дил!

Эй, мояи айшу комронӣ!

То кай бошад Убайд бе ту,

Тан дода ба аҷзу нотавонӣ?!


Ҳар кас, ки сари зулфи ту овард ба даст,

Аз ғолия фориғ шуду аз мушк бираст.

Оқил накунад нисбати зулфат бо мушк,

Донад, ки миёни ину он фарқе ҳаст.

То меҳри туам дар дили шӯрида нишаст,

В-афтод маро чашм бад-он наргиси маст.

Ин ғам зи дилам намениҳад пой бурун,

В-ин ашк зи доманам намедорад даст.


Эй, мақсади хуршедпарастон — рӯят,

Меҳроби ҷаҳониён — хами абрӯят.

Сармояи айши тангдастон — даҳанат,

Сарриштаи дилҳои парешон — мӯят!


Гуфтам: ақлам! Гуфт, ки ҳайрони ман аст,

Гуфтам: ҷонам! Гуфт, ки қурбони одам аст.

Гуфтам, ки дилам! Гуфт, ки он девона

Дар силсилаи зулфи парешони ман аст!


Мекӯш, ки то з-аҳли назар хонандат,

В-аз олами роз бехабар хонандат.

Гар хайр кунӣ, фаришта хонанд туро,

В-ар майл ба шар(р) 278 кунӣ, башар хонандат.


Ҳарчанд, ки дарди дили ҳар хаста басест,

В-аз дасти фалак риштаи бугсиста басест.

Зинҳор зи кори баста дил танг мадор,

Дар номаи ғайб рози сарбаста басест.


Гул к-аз рухи ӯ хиҷил фурӯ мемонад,

Чизеш бад-он ғолиябӯ мемонад.

Моҳи шаби чордаҳ чу бармеояд,

Ӯ нест, вале нек бад-ӯ мемонад.


Ин шамъ, ки шаб дар анҷуман механдад,

Монад ба гуле, ки дар чаман механдад.

Ҳар шаб, ки ба болини ман ояд то рӯз,

Месӯзаду бар гиряи ман механдад.


Ҳарчанд биҳишт сад каромат дорад,

Мурғу маю ҳури сарвқомат дорад,

Соқӣ, бидеҳ ин бодаи гулранг ба нақд,

К-он насяи ӯ сар ба қиёмат дорад.


То ёр бирафт сабр аз ман бирамид,

В-аз ҳар мижаам ҳазор хуноба чакид.

Гӯй натавонам, ки бинам бозаш

То кӯр шавад ҳар он ки натвонад дид.


Эй, шӯълае аз партави рӯят хуршед!

Рӯям зи ғамат зард шуду мӯй сафед.

Аз васли ту ҳар ки буд дар ҷумла ҷаҳон,

Бардошт насибеву мани хаста умед.


Фикре, ки бар он табъи равон мегузарад,

Шарҳат зи маониву баён мегузарад.

Шеъри ту чаро нозуку ширин набувад,

Охир на бад-он лабу даҳон мегузарад.


Он зулф, ки бар гӯшаи ғалтоқ279 ниҳод,

Сад доғи ҷафо бар дили ушшоқ ниҳод.

Бар чеҳраи ӯ чу тоқи абрӯяш дид,

Маҳ хубии рӯи хеш бар тоқ ниҳод.


Дарвеш, ки май хӯрад, ба мирӣ бирасад,

В-ар рӯбаҳаке хӯрад, ба шерӣ бирасад.

Гар пир хӯрад, ҷавонӣ аз сар гирад,

В-ар з-он ки ҷавон хӯрад, ба пирӣ бирасад.


Ҷон қиссаи он моҳи сухангӯ гӯяд,

Дил коми равон з-он лаби дилҷӯ ҷӯяд.

Гар акси рухаш бар чаман афтад рӯзе,

Аз хок ҳама лолаи худрӯ рӯяд.


Ишқи ту маро чу хоки раҳ хоҳад кард,

Холи ту маро ҳол табаҳ хоҳад кард,

Зулфи ту маро ба бод бархоҳад дод,

Чашми ту маро хонасияҳ хоҳад кард.


То сохта шахси ману пардохтаанд,

Дар зери лагадкӯби ғам андохтаанд.

Гӯй мани зардрӯи дилсӯхтаро,

Чун шамъ барои сӯхтан сохтаанд.


Гар васли ту дасти мани шайдо гирад,

В-ин дарду фироқ роҳи саҳро гирад.

Ҳам ҳоли ман аз рӯи ту некӯ гардад,

Ҳам кори ман аз қадди ту боло гирад.


Аз шиддати тангдастиву меҳнати бард,т

Дар хаймаи мо на хоб ёбиву на х(в)ард.

Дар тобаву саҳну косаву кӯзаи мо,

На чарбу на ширину на гарм асту на сард.


3-ин гуна, ки ин шамъи равон месӯзад,

Гӯй зи фироқи дӯстон месӯзад.

Гар гиря кунем ҳар ду бо ҳам шояд,

К-ӯрову маро риштаи ҷон месӯзад.


Дил бо рухи дилбаре сафое дорад,

К-ӯ ҳар нафасе майл ба ҷое дорад.

Шарҳи шаби ҳиҷрону парешонии мо,

Чун зулфи бутон дарозное дорад.


Васфи лаби ӯ сухан чу оғоз кунад,

В-он ранги рухаш, ки бар суман ноз кунад.

Аз ғунча шунав чу ғунча лаб бикшояд,

В-аз гул биталаб чу гул даҳан боз кунад.


Ҳар лаҳза расад ба ман балое дигар,

Ояд ба дилам захм зи ҷое дигар.

Бар дарди саре, к-аз фалакам рост бувад,

Имрӯз фузуд дарди пое дигар.


Эй, дар сари ҳар кас аз ту савдои дигар,

Дар роҳи ту ҳар тоифаро рои дигар.

Чизе зи ту ҳар касе таманно дорад,

Мо ҷуз ту надорем таманнои дигар.


Аз шавқи туам ҳаст бар оташ хотир,

Бе васли туам намешавад х(в)аш хотир.

Дар ҳасрати абрӯву сари зулфи хушат,

Пайваста нишастаам мушаввашхотир.


Эй, лаъли лабат ба дилнавозӣ машҳур,

В-эй, рӯи хушат ба турктозӣ машҳур,

Бо зулфи ту қиссаест моро мушкил,

Ҳамчун шаби ялдо 281 ба дарозӣ машҳур.


Эй, дил, пас аз ин андӯҳи беҳуда махӯр,

3-ин беш ғами будаву нобуда махӯр.

Ҷон медеҳу доди тамаъу ҳирс мадеҳ,

Ғам мехӯру нони миннатолуда махӯр.


Эй, бар дили ҳар кас зи ту озори дигар,

Бар хотири ҳар касе зи ту бори дигар.

Рафтӣ ба сафар, азим некӯ кардӣ,

Он рӯз мабодо, ки ту як бори дигар.


Дил дар паи ишқи дилбарон аст ҳанӯз,

В-аз умри гузашта дар гумон аст ҳанӯз.

Гуфтем, ки мову ӯ ба ҳам пир шавем,

Мо пир шудему ӯ ҷавон аст ҳанӯз.


На ёр навозад ба карам як рӯзам,

На бахт, ки бар васл кунад пирӯзам.

Чун шамъ баробари рухаш гаҳ-гоҳе

Аз дур нигаҳ мекунаму месӯзам.


Бим аст, ки дар беҳуди афсона шавам,

В-ангуштнамои хешу бегона шавам.

Ин ақли фузул медиҳад заҳмати ман,

Ногоҳ зи дасти ақл девона шавам.


Дил сер шуд аз ғуссаи гардун хӯрдан,

В-аз дасти ситам силии ҳар дун хӯрдан.

То чанд чу ной ҳар нафас нола задан,

То кай чу пиёла дам ба дам хун хӯрдан?!


Гуфтам: «Санамо, шудам ба коми душман,

3-он ғамзаи шӯху турраи мардафкан!»

Гуфт: «Он чи зи чашму зулфи ман бар ту гузашт»

Эй, хонасияҳ! Чаро нагуфтӣ бо ман?!»


Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест,

Ҷуз бангеву пораи намад чизе нест.

Аз ҳар чӣ пазанд нест ғайр аз савдо,

В-аз ҳар чи хӯранд, ҷуз лагад чизе нест.


Табъам ба намозу рӯза чун моил шуд,

Гуфтам, ки наҷоти куллиям ҳосил шуд.

Афсӯс, ки он вузӯ ба чизе бишикаст,

В-он рӯза ба ним ҷуръа май ботил шуд.


То битвонӣ, маи мусаффо мехӯр!

Бо дӯст ба рағми 282 дили аъдо 283 мехӯр!

Мандеш, ки фардо рамазон аст, имрӯз

Май мехӯру фардо ғами фардо мехӯр!


Омад насиму накҳати гул дар ҷаҳон фиканд,

Булбул зи шавқ ғулғула дар бӯстон фиканд.

Ҳам боди навбаҳор дили ғунча баркушод,

Ҳам бед соя бар сари оби равон фиканд.

Шавқи фурӯғи талъати гул боз оташе

Дар ҷони зори булбули фарёдхон фиканд.

Сӯфисифат шукуфа бар овози андалеб,

Рақсе бикарду хирқа сӯи боғбон фиканд.

Ранги узори соқию тоби шиои май,

Он акс бин, ки бар гулу бар арғувон фиканд.

Ҳайрон бимонд савсани озоди даҳзабон,

То худ, ,ки (банди хомӯшияш бар забон фиканд?

То сарви сарфароз шамоил намуд боз,

Сарҳо ба завқ дар қадамаш метавон фиканд.

Бар сар ниҳод наргиси сармаст ҷоми зар,

Чун чашм боз карду назар бар ҷаҳон фиканд.

Боди баҳору мақдами наврӯзу бӯи гул,

Ошӯби айш дар дили пиру ҷавон фиканд...


Дамид боди диловезу бӯи ҷон овард,

Навиди кавкабаи гул ба гулситон овард.

Расид мавсими наврӯзу юмни мақдами 284 ӯ,

Ба сӯи ҳар диле аз хуррамӣ нишон овард.

Шукуфа боз бихандиду лутфи хандаи ӯ

Нишот бо дили маҳзуни ошиқон овард.

Насим хаста шуду нотавону меафтад,

Зи баски рахти285 раёҳин 286 ба бӯстон овард.

Ҳазордастон 287 дар васфи рӯи лолаву гул

Ҳазор нағмаву дастон 288 ба достон овард.

Ғуломи давлати онам, ки бар канори чаман,

Нишасту бо бути худ даст дар миён овард.

Сапедадам, ки сабо баҳри шоҳидони баҳор

Ба арсаи чаман аз абр соябон овард.

Чӣ зарра аст, ки бар турраи бунафша фишонд,

Чӣ оби лутф, ки бар рӯи арғувон овард.

Зи шавқ булбули шӯридадил ба гул мегуфт:

«Биё, биё, кӣ фироқат маро ба ҷон овард!»

Паём дорад ба боди саҳар шукуфа, ки хез,

Биё, ки бе ту нафас барнаметавон овард!..


Бинӯш бода, ки фасли баҳор меояд,

Навиди хуррамӣ аз рӯзгор меояд.

Зи абр қатраи оби ҳаёт меборад,

Зи бод нафҳаи 289 мушки татор меояд.

Барои равнақи базми муоширон ш лола

Гирифта ҷоми маи хушгувор меояд.

Миёни боғ ба сад лаб шукуфа механдад,

Ки сабза медамаду гул ба бор меояд.

Димоғи шефтагонро ба ҷӯш меорад,

Хурӯши мурғ, ки аз марғзор меояд.

Ҳазор пираҳан аз Шавқ мекунад пора,

Ба гӯши ғунча чу бонги ҳазор меояд.

Ба боғ гурба ба атрофи шох, пиндорӣ,

Кушода панҷа барои шикор меояд.

Ба ҳар куҷо, ки равад мурда зинда гардонад,

Насим к-аз тарафи ҷӯйбор меояд.

Кунун чу ғунчаву гул ҳар куҷо, ки зиндадилест,

Ба зери сояи беду чинор меояд.

Канори обу Канори бутон ғанимат дон,

Кунун, ки мавсими бӯсу канор меояд.

Ғуломи давлати онам, ки маст сӯи чаман

Гирифта дасти буте чун нигор меояд.


Насими боди сабо азми бӯстон дорад,

Дамиду боз дамаш кимиёи ҷон дорад.

Расид мужда, ки султони гул ба толеи саъд,

Азимати чаману рои гулситон дорад.

Ба ноз такя зада бар канори оби равон,

Зи бед мирваҳа 291 в-аз сарв соябон дорад.

Суман фасона зи рухсори ҳур мегӯяд,

Чаман таровати нузҳатгаҳи чинон 292 дорад.

Намеравад ҳама шаб чашми наргис андар хоб,

Зи баски булбули шӯридадил фиғон дорад.

Ҳанӯз лолаи навраста ношукуфта тамом,

Чӣ мӯҷибест, ки бо сабза сар гарон дорад.

Фурӯғи рӯи бутам дар қадаҳ бад-он монад,

Ки об ояду дар рӯй арғувон дорад.

Зи акси чеҳраи ӯ лоларо ба хуни ҷигар,

Ҳикоятест, ки бо ғунча дар миён дорад.

Ба сарв нисбати озодиву сарафрозӣ

Аз он кунанд, ки оини ростон дорад...


Боз гул ҷилвакунон руй ба саҳро дорад,

Навҷавон аст сари айшу тамошо дорад.

Хор дар паҳлӯю по дар гилу хуш механдад,

Лутф бин, к-ин гули наврастаи раъно дорад.

Об ҳар лаҳза чу Довуд зиреҳ месозад,293

Бод хосияти анфоси Масеҳо дорад.

Лола бар тарфи чаман рақскунон, пиндорӣ,

Наварӯсест, ки пироҳани воло дорад.

Қиссаи сарв дароз аст, намешояд гуфт,

К-он ҳадисест, ки он сар ба сурайё дорад.

Инчунин зор, ки булбул ба чаман менолад,

Нисбате бо мани дилдодаи шайдо дорад.

Бӯстонро ҳама асбоб муҳайёст, вале

Хуррам он, к-ӯ ҳама асбоб муҳайё дорад.

Нақди имрӯз ғанимат шумар,аз даст мадеҳ,

Кӯрбахт аст, ки андешаи фардо дорад.


Бути ман ҷилвакунон тар ба чаман даргузарад,

Бо рухаш сӯи гулу лола кӣ парво дорад?

Он чӣ ҳусн аст, ки он шаклу шамоилро ҳаст,

В-он чӣ лутф аст, ки он қомату боло дорад ?!

Гуфтамаш: «Зулфи ту дорад дили ман», аз сари танз

Гуфт, к-ин бесару по бин, ки чӣ савдо дорад?!

Қатраи ашки мани хастаҷигар дар ғами ӯ,

Ҳаст хуне, ки тааллуқ ба сувайдо дорад.

Оламе бандаи ӯ гаштаву ӯ аз сари сидқ,

Ҳаваси бандагии соҳиби доно дорад...


Боди сабо мекашад рахти раёҳин ба боғ,

Дасти ҳаво мекунад мушки таторӣ нисор.

Лолаи хушҷилваро анбари тар дар миён,

Ғунчаи хушхандаро хирмани гул дар канор.

Мошитаи294 навбаҳор боз чӣ хуш даргирифт,

Пои чаман дар ҳино, дасти суман дар нигор.

Наргиси махмурро раъша 295 бар аъзо фитод,

Баски ба вақти саҳар об хӯрад дар хумор.

Ваҳ, ки чӣ зебо бувад бар лаби оби равон,

Акси гулу арғувон, сояи беду чинор!
Золими нафси худ аст, ҳар ки дар ин рӯзгор,

Андӯҳи пинҳон хӯрад, май нахӯрад ошкор.

Ҳосили умре наёфт, мумсики дунёпараст,

Лаззати айше надид, зоҳиди парҳезгор.

ё раб, агар медиҳӣ нозу наъиме ба мо,

Умр ба охир расид, то кай аз ин интизор?!

Дар паи уммеди буд чанд тавон доштан,

Бар сари роҳи умед дидаи уммедвор?

Фурсати айше бидеҳ, то биситонем дод

Аз рухи рангини гул в-аз лаби ширини ёр.

Базми сабӯҳӣ хуш аст, хоса дар айёми гул,

Айши ҷавонӣ хуш аст, хоса дар ин рӯзгор...

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2