Зеҳн

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 3

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Ғазалҳо

Афтод бозам дар сар ҳавое,
Дил боз дорад майле ба ҷое.

Ӯ шаҳриёре, ман хоксоре,
Ӯ подшоҳе, ман бенавое.

Болобаланде, гесӯкаманде,
Султони ҳусне, фармонравое.

Абрӯкамоне, нозукмиёне,
Номеҳрубоне, шанге, дағое.

З-ин дилнавозӣ, з-ин сарфарозӣ,
З-ин ҷавфурӯшӣ, гандумнамоӣ.

Бе ӯ набахшад хуршед нуре,
Бе ӯ надорад олам сафое.

Ҳар ҷо ки лаълаш дар ханда ояд,
Шаккар надорад он ҷо баҳое.

Ҳар лаҳза дорад дил бо хаёлаш
Хуш гуфтугӯе, хуш моҷарое.

Гӯӣ биёбам ҷое табибе,
Бошад, ки созам дилро давое.

Дорад шикоят ҳар кас зи душман,
Моро шикоят аз ошное.

Чашми Убайд ар сераш бубинад,
Дигар набинад чашмаш балое!


Дорад ба сӯи ёре мискин дилам ҳавое,
З-ин шӯхи дилфиребе, з-ин шанги ҷонфизое.

З-ин сарви хушхироме, гул пеши ӯ ғуломе,
Маҳ пеши ӯ асире, шаҳ пеши ӯ гадое.

Ҳар ғамзааш синоне, ҳар абрӯяш камоне,
Гесӯи ӯ каманде, болои ӯ балое.

Моро зи ишқи рӯяш ҳар лаҳзае футӯҳе,
Моро зи хоки кӯяш ҳар соате сафое.

Бигрифта ишқ моро мулки вуҷуду он гаҳ
Ақл омада, ки мо низ ҳастем кадхудое.

Ҷон мефизояд, алҳақ, боди сабо саҳаргаҳ,
Моно, ки ҳаст бо ӯ бӯе зи ошное.

Гуфтам: «Убайд», гуфто: «Номаш мабар, ки бошад
Ринде, қиморбозе, дузде, гурезпое!»


Зулфат ба парешонӣ дил бурд ба пешонӣ,
Дил бурд ба пешонӣ зулфат ба парешонӣ.

Гар зулф бияфшонӣ, сад ҷон зи ӯ фурӯ резад,
Сад ҷон зи ӯ фурӯ резад, гар зулф бияфшонӣ.

Як лаҳза ба пинҳонӣ гар васли ту дарёбам,
Гар васли ту дарёбам як лаҳза ба пинҳонӣ.

Сад бӯса ба осонӣ аз лаъли ту бирбоям,
Аз лаъли ту бирбоям сад бӯса ба осонӣ.

Охир, на мусулмонӣ?! Раҳм ор ба ин мискин!
Раҳм ор ба ин мискин! Охир, на мусулмонӣ?!

Мебиниву медонӣ аҳволи Убайд, охир,
Аҳволи Убайд, охир, мебиниву медонӣ!


Азми куҷо кардаӣ боз, ки бархостӣ?
Мӯй ба шона задӣ, рӯй биёростӣ.

Моҳ чу рӯи ту дид, гуфт: «Зиҳӣ некӯӣ!»
Сарв, ки қадди ту дид, гуфт: «Зиҳӣ ростӣ!»

Оташи ғавғои ишқ чун бинишастӣ, нишаст,
Фитнаи охирзамон хост, чу бархостӣ.

Дӯш дар он сархушӣ ҳуш зи мо мерабуд
Коса, ки медоштӣ, узр, ки мехостӣ.

Пеши Убайд омадӣ, мурдадилаш зинда шуд,
Боз чу берун шудӣ, ҷону танаш костӣ.


Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ?
В-араш тарс аз Худо будӣ, чӣ будӣ?

Даме хоҳам, ки бо ӯ хуш бароям,
Агар ӯро ризо будӣ, чӣ будӣ?

Диламро аз лабаш бӯсест ҳоҷат,
Гар ин ҳоҷат раво будӣ, чӣ будӣ?

Агар рӯзе ба лутф он подшоро
Назар бо ин гадо будӣ, чӣ будӣ?

Хирад гар гирди ман гаштӣ, чӣ гаштӣ?
В-агар сабрам ба ҷо будӣ, чӣ будӣ?

Ба васлаш гар Убайди бенаворо
Саодат раҳнамо будӣ, чӣ будӣ?

Луғат

  1. Васоё — васиятҳо.
  2. Наам — бале, оре.
  3. Ло — не.
  4. Ҳазар — ҳузур, ҳозир будан; муқобили сафар.
  5. Изғос ва аҳлом — хобҳои парешон.
  6. Хизона — хазина.
  7. Молик — дарбони дӯзах.
  8. Музояқа — хасисӣ, танггирӣ.
  9. Муҳаққар — паст, ночиз.
  10. Фассод — рагзан.
  11. Манут — вобаста, алоқаманд.
  12. Тақсир — сустӣ, кӯтоҳӣ.
  13. Хозин — хазиначӣ, нигаҳбони хазина.
  14. Хадам ва ҳашам — чокарон, хидматгорон, ғуломон.
  15. Хирқа — ҷомаи кӯҳна.
  16. Тоинон — таъназанандаҳо.
  17. Самъ — гӯш.
  18. Исор — садақа, бахшиш, ҳадя.
  19. Тасҳиф — ғалат, хато.
  20. Музаъфар — заъфаронӣ, бо заъфарон.
  21. Музмаҳил — несту нобуд ва маҳвшаванда.
  22. Эминӣ — бехавфӣ, бедаҳшатӣ, оромӣ.
  23. Дуруд — дуо, салом.
  24. Фараҳ — хурсандӣ, шодӣ.
  25. Висоқ — хона.
  26. Ҳоҷиб — пардадор, дарбон.
  27. Дағо — ҳилагарӣ.
  28. Муқомир — қиморбоз.
  29. Заллабанд — ҷамъкунандаи таоми боқимонда.
  30. Арбада — бадхӯӣ, ҷангҷӯӣ.
  31. Кингиразанон — навозандагони кингира. Кингира асбоби мусиқиест, ки дорои ду тор будааст.
  32. Қуланҷ — дарди шикам.
  33. Амроз — ҷамъи «мараз»: беморӣ, касалӣ.
  34. Тақозо — талаб кардан, хостан.
  35. Ҳаззолон — ҳазлкунандагон, масхарабозон.
  36. Мофиҳо — он чӣ дар вай аст.
  37. Мултафит — таваҷҷуҳкунанда, ба тарафи чизе нигоҳкунанда.
  38. Инфиол — шарманда шудан, хафа шудан.
  39. Риё — дурӯягӣ, мунофиқӣ.
  40. Ҷавод — бисёр саховатманд.
  41. Барот — навиштае, ки ба воситаи он пул ё чизи дигарро дарёфт кунанд; хати таъинотӣ.
  42. Парвона — фармон.
  43. Илтифот — таваҷҷуҳ, лутфу меҳрубонӣ.
  44. Мутааллиқот — чизҳои вобаста ва пайваста.
  45. Вакил — ҳоким, ҷонишин, намоянда.
  46. Ботил — беасос, бекор.
  47. Байт-ул-нор — оташхона.
  48. Дор-ул-қазо — қозихона.
  49. Саъид — хушбахт.
  50. Томеъ — тамаъкунанда, тамаъкор.
  51. Моятааллуқ — чизҳои алоқаманд.
  52. Саҳш — курраи хар ва асп.¹
  53. Талбис — макру фиреб.
  54. Муҳмалот — чизҳои бекор ё фурӯгузошташуда.
  55. Ҳазён — суханҳои беҳуда.
  56. Шаётин — ҷамъи «шайтон».
  57. Атбоъ — пайравон.
  58. Арбоби пеша ва асҳоби маносиб — аҳли ҳунар ва мансаб.
  59. Баззоз — ҷомафурӯш.
  60. Каззоб — дурӯғгӯ.
  61. Кадхудо — соҳиби хона.
  62. Мулҳақот — чизҳои вобаста ва пайваста.
  63. Шақӣ — бадбахт.
  64. Зулқарнайн — соҳиби ду шох.
  65. Залил — хор, хору зор.
  66. Вомдор — қарздор.
  67. Мавт — марг, вафот, фавт.
  68. Заҳр — пушт.
  69. Ҷабал-ул-Уҳуд — кӯҳи Уҳуд, ки дар наздикии Мадина воқеъ гардидааст; маҷозан, бори вазнин.
  70. Интибоҳ — танбеҳ, огоҳӣ.
  71. Яғмо — ғорат, тороҷ.
  72. Ҷаъд — мӯи ҷингила, зулф.
  73. Муҷовир — ҳамсоя.
  74. Хулди барин — биҳишти беҳтар.
  75. Ҷурм — гуноҳ.
  76. Муғелон — дарахти хордор.
  77. Сарви сиҳӣ — сарви ростқомат.
  78. Х(в)ай — арақ.
  79. Муҳаққақ — таҳқиқшуда.
  80. Муқайяд — побанд, бандшуда, дар қайду банд.
  81. Уд — чӯби хушбӯй. Миҷмар — зарфе, ки дар он уд месӯзонанд.
  82. Амдан — қасдан.
  83. Солус — фиреб, фиребанда.
  84. Муҳтариз — парҳезкунанда, худро нигоҳдоранда.
  85. Эҳтироз — парҳез.
  86. Ҷарас — зангӯла.
  87. Ҷавоз — иҷозат, рухсат; беихтиёр.²
  88. Лоба — хушомад, тамаллуқ, фиреб.
  89. Танз — ноз, таъна.
  90. Иёр — санҷидан, санҷиш.
  91. Маҳак — санги сиёҳест, ки бо он тиллоро меозмоянд ва ҳақиқатан тилло будан ё набудани онро муайян мекунанд.
  92. Карона — канора, охир.
  93. Тоир — парранда.
  94. Байза — тухм.
  95. Камона — камони дуредгарон, ки ба воситаи он пармаро ба гардиш меоранд.
  96. Сувайдо — нуқтаи сиёҳе, ки дар дил бошад.
  97. Ҳаволӣ — гирдогирди чизе.
  98. Зулол — оби соф ва ширин.
  99. Даро — ҷарас, зангӯла.
  100. Ҳирмон — ноумедӣ, бенасибӣ.
  101. Сало — таклиф кардан барои таомхӯрӣ ё барои додани чизе.
  102. Мусалло ва Рукнобод — Мусалло номи ҷоест дар Шероз; Рукнобод рӯдхонаест дар наздикии Шероз, ки оби мусаффо дорад.
  103. Хуҷастамақом — ҷои хубу хуш.
  104. Хитта — шаҳри калон.

248*. Мисраъҳои дар нохунак гирифташударо Убайди Зоконӣ аз Саъдии Шероз моҳирона тазмин кардааст.

  1. Табарро — безорӣ.
  2. Мисраъҳои дар нохунак бударо Убайд аз Саъдӣ тазмин намудааст.
  3. Ҷайҳун — дарёи Ому.
  4. Шахс — тан, бадан.
  5. Ҳомун — даште, ки заминаш ҳамвор бошад.
  6. Ғаш — беҳуш шудан, ғам, андӯҳ, азоб, нохушӣ.
  7. Мушавваш — парешон, парешонкардашуда.
  8. Қирон — қарин шудан, ба ҳам расидан.
  9. Муҳобо — мурувват.
  10. Қазия — матлуб.
  11. Нағмаи Довуд — ишора ба чангнавозии Довуд, пайғамбари Банӣ Исроил.
  12. Ҳарза — беҳуда.
  13. Сулаймон — писари Довуд.
  14. Сарир — тахт.
  15. Қубод — яке аз қаҳрамонҳои «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ (асри XI).
  16. Сиёвуш — писари Кайковус, яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.
  17. Кайқубод — яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки Рустам ӯро ба тахт нишонда буд.
  18. Лоҷарам — ногузир, ноилоҷ.
  19. Фирдавсу ризвон — номи боғҳои биҳишт.

Эзоҳи ситорадор: Сипардан — тай кардан.

  1. Гаронҷонӣ — сахтҷонӣ, сустӣ, коҳилӣ.
  2. Ҳадаф — нишон, нишона.
  3. Новак — тир.
  4. Мубтанӣ — асоснок, пухта.
  5. Шанг — шӯх, зариф.
  6. Дағо — дурӯғгӯй, ҳилагар.

273*. Футӯҳ — кушоиш; шодӣ, хурсандӣ.

  1. Сиҷил — ҳукм ва фатвои қозӣ.
  2. Раҷо — умедворӣ, умед доштан, умедвор будан.

275*. Бӯ — шояд, кошкӣ, бошад.

  1. Висоқ — хона.
  2. Ақча — нигаред ба шарҳи 80.
  3. Шар(р) — бадӣ, фасод.
  4. Ғалтоқ — мухаффафи «қалтоқ», ки маънояш камон буда, дар ин ҷо киноя аз абрӯст.
  5. Бард — сармо, сардӣ, хунукӣ.
  6. Шаби ялдо — шаби дарозтарини сол.
  7. Рағм — хорӣ, нописандӣ; коре бар хилофи хоҳиши касе кардан.
  8. Аъдо — ҷамъи «адӯ»: душманон.
  9. Юмни мақдам — баракат ва муборакии қадам ниҳодан.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2