Зеҳн

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 2

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 17 дақиқа хондан

Маро зи васли ту ҳосил ба ҷуз таманно нест,
Хаёли зулфи ту бастан хилофи савдо нест.
Вафо зи аҳди ту меҷуст дӯш хотири ман,
Ҷавоб дод, ки худ ин матоъ бо мо нест!
Басе бигуфтамат, эй, дӯст, ҳаст раъи манат?
Даҳон зи шарм фурӯ бастаӣ, ҳамоно нест.
Ҳазор бӯса зи лаб ваъда кардаиву яке
Намедиҳиву маро заҳраи тақозо нест.
Чу давр даври рухи туст, хотире дарёб,
Ки кори булаҷабиҳои даҳр пайдо нест.
Зи меҳмони хаёлат чу шармсорам аз он-к
Ҷуз оби чашму кабоби ҷигар муҳайё нест.
Ба таъна гуфтӣ, к-аз мо дареғ дорӣ ҷон,
Магӯ! Магӯй, худоро! Убайд аз онҳо нест!


Дигар бурун шуданам з-ин диёр мумкин нест,

Дигар ғарибиям аз кӯи ёр мумкин нест.

Маро аз он лаби ширину зулфу орази ӯ

Шикебу тоқату сабру қарор мумкин нест.

Дило, бикӯш, магар доманаш ба даст орӣ,

Ки васл беталабу интизор мумкин нест!

Агарчи ишқ дар ин давр суд менакунад,

В-агарчи айш дар ин рӯзгор мумкин нест,

Ман ин ки ишқ наварзам, маро ба сар наравад,

Ман ин, ки май нахӯрам дар баҳор мумкин нест.

Дар он диёр, ки моем, ҳолиё он ҷо,

Мусофирони саборо гузор мумкин нест.

Убайд, ҳам ғазале гоҳ-гоҳ агар битвон,

Бигӯ, ки хуштар аз ин ёдгор мумкин нест!


Ҷоно, биё, ки бе ту диламро қарор нест,

Бешам маҷоли сабру сари интизор нест!

Девона инчунин, ки манам дар балои ишқ,

Дил офият нахоҳаду ақлам ба кор нест.

Гар хонданат мурод ва гар рондан орзӯст,

Он кун, ки раъи туст, маро ихтиёр нест.

Моро ҳамин бас аст, ки дорем дарди ишқ,

Мақсуди мо зи васли ту бӯсу канор нест.

Эй, дил, ҳамеша ошиқу ҳамвора маст бош!

К-он кас, ки масти ишқ нашуд, ҳушёр нест.

Бо ишқ ҳамнишин шаву аз ақл баршикан,

К-ӯро ба пеши аҳли назар эътибор нест.

Ҳар қавмро тариқеву роҳеву қиблаест,

Пеши Убайд қибла ба ҷуз кӯи ёр нест!


Ҳаргиз дилам зи кӯи ту ҷои дигар нарафт,

Як дам хаёли рӯи туам аз назар нарафт.

Ҷон рафту иштиёқи ту аз ҷон бадар нашуд,

Сар рафту орзӯи ту аз сар бадар нарафт.

Ҳар к-ӯ қатили ишқ нашуд, чун ба хок рафт,

Ҳам бехабар биёмаду ҳам бехабар нарафт.

Дар кӯи ишқ бе сару пое нишон кӣ дод,

К-ӯ хастадил наёмаду хунинҷигар нарафт?

Умрам бирафт дар талаби васлу оқибат,

Коме наёфт хотиру коре ба сар нарафт.

Шӯре фитод аз ту дар офоқу кас намонд,

К-ӯ чун Убайд дар сари ин шӯру шар нарафт.


Дӯшам ғами ту мулки сувайдо 240 гирифта буд,

Дудам зи сина роҳи сурайё гирифта буд.

Ҷонро зи рӯи лаъли ту дар танг омада,

Дилро зи шавқи зулфи ту савдо гирифта буд.

Медид шамъ дар ману месӯхт то ба рӯз,

3-он оташе, ки дар мани шайдо гирифта буд.

Аз дидаам хаёли ту маҳрум гашт боз,

К-атрофи хонааш ҳама дарё гирифта буд.

Мехост хуррамӣ, ки кунад дар дилам ватан,

То ӯ расид, лашкари ғам ҷо гирифта буд.

Сабр аз барам рамиду маро беқарор кард,

Гӯй магар, ки хотираш аз мо гирифта буд.

Мискин Убайдро ғами ишқат бикушт аз он-к

Ӯро ғариб дидаву танҳо гирифта буд.


Зи ман мапурс, ки бар ман чӣ ҳол мегузарад,

Чу рӯзи васли туам дар хаёл мегузарад.

Ҷаҳон баробари чашмам сиёҳ мегардад,

Чу дар замири ман он зулфу хол мегузарад.

Агар ҳалоки худам орзӯст манъ макун,

Маро, ки умр чунин дар малол мегузарад.

Хаёли меҳри ту дар чашми ҳар сиҳисарвест,

Ки дар ҳаволияш 241 оби зулол 242 мегузарад.

Зи бӯи зулфи туам рӯҳ тоза мегардад,

Сапедадам, ки насими шамол мегузарад.

Ману висоли ту, он фикру орзу, ҳайҳот,

Ки бар димоғ чӣ фикри маҳол мегузарад?!

Ғулому чокари рӯи чу моҳи туст Убайд,

В-аз ин ҳадис басе моҳу сол мегузарад.


Дардо, ки дарди мо ба давое намерасад,

В-ин кори мо ба баргу навое намерасад.

Дар корвони ғам ҷарас нола мекунем,

Дар гӯши мо чу бонги дарое243 намерасад.

Роҳе, ки меравем ба поён намебарем,

Ҷаҳде, ки мекунем ба ҷое намерасад.

Ин пои хаста ҷуз раҳи ҳирмон 244 намеравад,

В-ин дасти баста ҷуз ба дуое намерасад.

Бар мо зи ишқи қомату болош як нафас,

Мумкин намешавад, ки балое намерасад.

Ҳаргиз даме ба гӯши гадоёни кӯи ишқ,

Аз хони подшоҳ салое245 намерасад,

Гуфтам: «Гадои кӯи туам». Гуфт, к-эй, Убайд,

Султоне инчунин ба гадое намерасад!


Насими боди Мусаллову оби Рукнобод,246

Ғарибро ватани хеш мебарад аз ёд.

Зиҳӣ хуҷастамақомеву247 ҷонфизо мулке,

Ки бод хиттаи 248 олиш то абад обод!

Ба ҳар тараф ки равӣ, нағма мекунад булбул,

Ба ҳар чаман ки расӣ, ҷилва мекунад шамшод.

Ба ҳар кӣ дарнигарӣ, шоҳидест чун Ширин,

Ба ҳар кӣ даргузарӣ, ошиқест чун Фарҳод.

Дар ин диёр дилам шаҳрбанди дилдорест,

Ки ҷон ба талъати ӯ хуррам асту хотир шод.

Сарам ҳавои ватан мепазад, валек дилам

Зи банди зулфи сиёҳаш намешавад озод.

Зи ҷаври сунбули кофармизоҷи ӯ афғон,

Зи дасти наргиси ҷодуфиреби ӯ фарёд!

Ғанимат аст, ғанимат шумор фурсати айш,

Ки тан заифниҳодасту умр бебунёд.

Бигир домани ёреву ҳар чӣ хоҳӣ кун,

Бинӯш бодаи софеву ҳар чӣ бодо бод!

Ба сӯи бодаву най майл кун, чу мегӯянд:

«Ҷаҳон бар об ниҳодасту одамӣ бар бод».

Хуш аст нозу наими ҷаҳон, вале чу Убайд

«Ғуломи ҳиммати онам, ки дил бар ӯ нанҳод».248*


Дилам зи ишқ табарро 249 наметавонад кард,

Сабурӣ аз рухи зебо наметавонад кард.

Ғам аз даруни дили ман бурун намеояд,

Ки тарки маскану маъво наметавонад кард.

Ба рӯи хуб маро дида равшан аст, вале

Ба ҳеҷ ваҷҳ муҳайё наметавонад кард.

Бирафт дӯш хаёлаш зи чашми ман, чӣ кунад?

Мақом бар лаби дарё наметавонад кард.

Ба сабр ком тавон ёфтан, валек чӣ суд,

Чу сабр дар дили мо ҷо наметавонад кард?

Убайд гаҳ-гаҳе аз баҳри маслиҳат мегуфт,

Ки тавба мекунам, аммо наметавонад кард.


Нақши рӯи туам аз пеши назар менаравад,

Хотир аз кӯи туам ҷои дигар менаравад.

То бидидам лаби ширини ту дигар з-он рӯз,

Бар забонам сухани шаҳду шакар менаравад.

Оразу зулфи дуто шефта карданд маро,

Ҳаргизам дил ба гулу сунбули тар менаравад.

Мастиву ошиқӣ ар айб бувад, гӯ мебош!

«Дар ман ин айби қадим асту бадар менаравад»:

Дӯстон аз маю маъшуқ надоредам боз,

«Ки маро бемаю маъшуқ ба сар менаравад».

Мефиристем саборо ба паёме гаҳ-гоҳ,

Менаёрад хабаре боз магар менаравад.

Ғами ишқаш зи дили хастаи бечора Убайд

Гӯшае дорад, аз он ҷо ба сафар менаравад.


Дӯш ашкам сар ба Ҷайҳун 251 мекашид,

Дил бад-он зулфайни шабгун мекашид.

Нотавон шахси 252 заифам ҳар замон

Ашкрезон ноларо чун мекашид?

Гоҳ ашкаш сӯи саҳро медавонд,

Гоҳ оҳаш сӯи гардун мекашид.

Ногаҳон хайли хаёлаш бар сарам,

Лашкар аз баҳри шабехун мекашид.

Дид он чашми балобин дам ба дам,

То гиребон ҷома дар хун мекашид.

Остин барзад хаёлаш то ба рӯз,

Рахт аз он дарё ба ҳомун 253 мекашид,

Ғамзааш тире, ки мезад бар Убайд,

Лаъли ӯ пайконш берун мекашид.


Ҳаргиз касе ба хубӣ чун ёри мо набошад,

Маҳро назири рӯяш гуфтан раво набошад.

Мӯе чунон хамида, чашме чунон кашида,

Дар Чин ба даст н-ояд в-андар Хито набошад.

Бо ӯ ҳамеша моро ҷуз лоба дарнагирад,

Бо мо ҳамеша ӯро ҷуз моҷаро набошад.

Гар ҳоли ман напурсад, айбаш макун, ки ҳаргиз

Савдои подшоҳӣ ҳадди гадо набошад.

Мо куштагони ишқем, ҳамчун Убайд, моро

Ақле салим набвад, сабре ба ҷо набошад.


Дӯш лаълат нафасе хотири мо х(в)аш мекард,

Дида медид ҷамоли туву дил ғаш 254 мекард.

Рӯи зебои ту бо моҳ якояк мезад,

Сари гесӯи ту бо бод кашокаш мекард.

Сунбули зулфи ту ҳар лаҳза парешон мешуд,

Хотири хастаи ушшоқ мушавваш 255 мекард.

3-ӯ ҳар он ҳалқа, ки бар гӯшаи маҳ меафтод,

Дили мискини маро наъл дар оташ мекард.

Тир бар синаам он ғамзаи фаттон мезад,

Қасди хуни дилам он орази маҳваш мекард.

Аз хату холу баногӯшу лабу чашму рухат,

Ҳар кӣ як бӯса тамаъ кард, ғалат шаш мекард.

Пеши нақши рухи ту дидаи хунрези Убайд,

Сафҳаи чеҳра ба хуноба мунаққаш мекард.


Мурдему ёр ҳеҷ риоят намекунад,

Воҳасрато, ки бахт иноят намекунад!

Дар пеши чашми ӯ лаби ӯ мекушад маро,

В-он шӯхчашм бин, ки ҳимоят намекунад.

Чандон ки арзи ҳол бар ӯ арза мекунам,

Дар вай ба ҳеҷ гуна сироят намекунад.

Пеши касе зи шукру шикоят чӣ дам занам,

К-андеша ӯ зи шукру шикоят намекунад.

Дар ҳаққи бандагон назари лутф гоҳ-гоҳ

Ҳам мекунад, валек бағоят намекунад.

То гуфтаам даҳони ту ҳеҷ аст, аз он замон

Бо мо зи хашм ҳеҷ ҳикоят намекунад.

Булбулсифат Убайд ба ҳар ҷо, ки мерасад,

Ғайр аз ҳадиси ишқ ривоят намекунад.


Дардо, ки дарди ғам ба кароне намерасад,

Дилро зи ғусса хатти амоне намерасад.

3-ин мулк амну роҳату шодӣ чунон бирафт,

К-аз ҳеҷ ҷош ҳеҷ нишоне намерасад.

Аз баҳри қаҳту фитна қиронҳо 256 басе расид,

Аз баҳри амну айш қироне намерасад.

Халқе зи ҷаври даври фалак сӯхт в-ин аҷаб,

К-осеби ӯ ба ҳеҷ иноне намерасад...

Аҳли тамизро ба ҳаводис ба умру мол

Як дам намеравад, ки зиёне намерасад.

Бо сад ҳазор ғусса дар ин кӯҳна осиё,

Қурсе ҷавин ба ҳеҷ даҳоне намерасад.

Меҳнат ҳамин бас аст, ки дар пеши ҳар хасе,

Ҳар кас, ки обрӯ нарехт ба ноне намерасад.

Ҳар кас, ки ҳаст даст ба чизеш мерасад,

Дасти Убайд ҷуз ба фиғоне намерасад.


Чархи ситезакор муҳобо257 намекунад,

Ҳеҷ аз ҷафо намонд, ки бо мо намекунад.

Шаб нест, то даруни парешони ман зи ғам,

Садбора аз ҳаёт табарро намекунад.

Рӯзе намеравад, ки маро баҳри фарзу қарз,

Ҳар дам худову халқ тақозо намекунад.

Осоишеву хушдилие дар ҷаҳон чу нест,

Хотир худ ин қазия 258 таманно намекунад.

ё раб, чӣ мӯҷибест, ки давлат ба ҳеҷ ҳол,

Майле ба сӯи мардуми доно намекунад?

Мардиву ақлу ҳилаву кӯшиш чӣ фоида

Ӯро, ки бахт кор муҳайё намекунад?

Гуфтам даре занам ба дуо, боз гуфт ақл:

«Заҳмат макаш, Убайд, ки дар во намекунад.»


Лаъли нӯшинаш чу хандон мешавад,

Дар ҷаҳон ширинӣ арзон мешавад.

Қадди ӯ ҳар гаҳ, ки ҷавлон мекунад,

Гӯиё сарве хиромон мешавад,

Партави рӯяш чу бартобад зи дур,

Офтоб аз шарм пинҳон мешавад.

Қиссаи зулфаш намегӯям ба кас,

3-он ки хотирҳо парешон мешавад,

Ман на танҳо мешавам ҳайрони ӯ,

Ҳар ки ӯро дид, ҳайрон мешавад.

Гарчи мегӯяд, ки бинвозам туро,

То нигоҳ кардӣ, пушаймон мешавад.

Бо Убайд ар нарм мегардад дилаш,

Корҳои сахташ осон мешавад...


Боди сабо ҷайби суман баркушод,

Ғулғули булбул ба чаман дарфитод.

Зинда кунад мурдаи садсоларо,

Бод чу бар гул гузарад бомдод.

Замзамаи мурғи саҳархон шунав,

То накунӣ нағмаи Довуд259 ёд.

Мавсими айш аст, ғанимат шумор,

Ҳарза260 мадеҳ умру ҷавонӣ ба бод!

Вақт ба афсӯс нашояд гузошт,

Ҷоми май аз даст набояд ниҳод.

То битавон хотири худ шод дор,

Нест бад-ин якду нафас эътимод.

Хок ҳамон аст, ки бар бод дод,

Тахти Сулаймону261 сарири262 Қубод.263

Чарх ҳамон аст, ки бар хок рехт,

Хуни Сиёвушу264 сари Кайқубод.265

Андӯҳи дунё бигузор, эй Убайд,

То битавон зист яке лаҳза шод!


Видои каъбаи ҷон чун тавон кард,

Фироқаш бар дил осон чун тавон кард?

Табибам меравад, ман дарди худро

Намедонам, ки дармон чун тавон кард?

Маро аҳдест, к-андар пош мирам,

Хилофи аҳду паймон чун тавон кард?

Ба куфри зулфаш имон ҳар кӣ овард,

Дигар бораш мусулмон чун тавон кард?

Маро гӯянд: «Пинҳон дор розаш!»

Ғами ишқ аст, пинҳон чун тавон кард?

Гирифтам, рози дил битвон нуҳуфтан,

Давои чашми гирён чун тавон кард?

Убайд аз ишқ агар девона гардад,

Бад-ин ҷурмаш ба зиндон чун тавон кард?


Ери паймоншиканам бо сари паймон омад,

Дили пурдарди маро навбати дармон омад.

Ин чӣ моҳест, ки кошонаи мо равшан кард,

В-ин чӣ шамъест, ки бозам ба шабистон омад.

Бахт боз омаду толеъ дари давлат бикушод,

Муддаӣ рафту маро кор ба сомон омад.

Май биёред, ки айёми тараб рӯй намуд,

Гул бирезед, ки он сарви хиромон омад!

Аз сари лутф бибахшуд бар аҳволи Убайд,

Магараш раҳм бад-ин дидаи гирён омад?


Боз тарки аҳду паймон карда буд,

Куштани мо бар дил осон карда буд.

Душманонам бад ҳамегуфтанду ӯ

Гӯш бо гуфтори эшон карда буд.

Зулфи мушкинаш парешон гашта буд,

Баски хотирҳо парешон карда буд.

То шунидам оташе дар ман фитод,

Он, ки бе мо азми бӯстон карда буд.

Нолаи дилсӯзи мо чун гӯш кард,

Раҳмате дар кори ёрон карда буд.

Гуфт: «Бо бечорагон сулҳе кунем»,

Бахти мо бозаш пушаймон карда буд.

Хотираш ногаҳ биранҷид аз Убайд,

Бегунохе, к-он мусулмон карда буд.


Чаман дил бурдан оин мекунад боз,

Ҷаҳонро лола рангин мекунад боз.

Насими хушнафас бо ғунча ҳар дам,

Ҳадиси нофаи Чин мекунад боз.

Шукуфа ҳар заре, к-овард бар даст,

Нисори пои насрин мекунад боз.

Кушода чашми хоболуд наргис,

Тамошои раёҳин мекунад боз.

Замин аз абр эҳсон мепазирад,

Ҳаворо сабза таҳсин мекунад боз.

Убайд аз давлати хусрав дар ин фасл,

Бинои айши ширин мекунад боз.

Бо мо накард он бути саркаш вафо ҳанӯз,

Охир нашуд миёнаи мо моҷаро ҳанӯз.

Мо хастагон дар оташи шавқаш бисӯхтем,

В-он шӯхдида сер нагашт аз ҷафо ҳанӯз.

Баъд аз ҳазор дард, ки бар ҷони мо ниҳод,

Раҳмат накард бар дили мискини мо ҳанӯз.

Аз кӯи дӯст бехуду саргашта меравем,

Дил хаста бозмондаву чашм аз қафо ҳанӯз.

Бӯсест хунбаҳои ману лаъли ӯ маро

Сад бор кушту менадиҳад хунбаҳо ҳанӯз..

Дил дар шиканҷи турраи пурпечу тоби ӯ

Мондаст дар кашокаши доми бало ҳанӯз.

Мискин Убайд дар ғами ишқаш зи ҷону дил

Бегона гашту боз нашуд ошно ҳанӯз.

Бе ёр дилшикаставу дур аз диёри хеш,

Дармондаем оҷизу ҳайрон ба кори хеш.

Аз рӯзгор ҳеҷ муроде наёфтем,

Озурдаем лоҷарам266 аз рӯзгори хеш.

На кори дил ба кому на дилдор созгор,

Хунин дилам зи толеи носозгори хеш.

Бигзор, то ғамам бикушад! Ҳақ ба дасти ӯст,

То худ чаро ҷудо шавам аз ғамгусори хеш?

Як дам қарор нест диламро зи тоби ишқ,

Дар оташам зи дасти дили беқарори хеш.

Аз баҳри он ки мезанад обе бар оташам,

Миннатпазирам аз мижаи селбори хеш.

Девона дил ба ишқ супорад Убайдвор,

Оқил ба дасти дил надиҳад ихтиёри хеш!


На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк,

На бар ҳар миру султон мебарам рашк.

Надорам чашм бар ганҷуру дастур,

На бар ганҷи фаровон мебарам рашк.

Намеандешам аз дӯзах ба як ҷав,

На бар фирдавсу ризвон 2й7 мебарам рашк.

На бар ҳар боғу бӯстон мениҳам дил,

На бар ҳар қасру айвон мебарам рашк.

Зи ман чархи куҳан бистад ҷавонӣ,

Бар он к-ӯ медиҳад ҷон, мебарам рашк.

Чу ранҷи дигарам бар пирӣ афзуд,

Ба ҳоли ҳар касе з-он мебарам рашк.

Чу дардам мешавад афзун дар он ҳол,

Бар он к-ӯ медиҳад ҷон, мебарам рашк.

Убайд аз дард менолад шабу рӯз,

Бар он, к-ӯ ёфт дармон, мебарам рашк.


Қасди он зулфайни саркаш кардаам,

Хотир аз савдо мушавваш кардаам.

Дар раҳи ишқаш миёни чашму дил,

Манзил андар обу оташ кардаам.

Аз висолат, то тамаъ бубридаам,

Бо хаёлат вақти худ х(в)аш кардаам.

Аз насими гулситон то шаммае

Бӯи ӯ бишнидаам, ғаш кардаам.

Қеши ӯ бигрифта қурбон гаштаам,

То напиндорӣ, ки таркаш кардаам-

Аз ду лаълу аз ду абрӯ в-аз ду зулф

Гар амон ҷӯям, ғалат шаш кардаам.

Дил талаб кардам зи зулфаш бонг зад,

К-эй Убайд, он ҷо фурӯкаш кардаам!


Мо, гадоён, баъд аз ин аз кору бор осудаем,

Чун ба рӯзӣ қонеем, аз рӯзгор осудаем.

Ҳар касе бар қадри ҳиммат эътиборе кардаанд,

Мо таваккул кардаем, аз эътибор осудаем.

Дигарон дар баҳри ҳирс ар дасту пое мезананд,

Мо қаноат кардаему бар канор осудаем.

Дар паи мастӣ хуморе буд моро в-ин замон

Тарки мастӣ чун гирифтем, аз хумор осудаем.

Аҳли дунё фахри худ ҷӯянду ори дигарон,

Ҳолиё мо чун Убайд аз фахру ор осудаем!


Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,

Ваҳ, к-аз ин рафтани ночор, чӣ хунинҷигарам!

Меравам дастзанон бар сару пой андар гил,

3-ин сафар то чӣ шавад ҳолу чӣ ояд ба сарам?!

Гоҳ чун булбули шӯрида дароям ба хурӯш,

Гоҳ чун ғунчаи дилтанг гиребон бидарам.

Ман аз ин шаҳр агар баршиканам, даршиканам,

Ман аз ин кӯй агар баргузарам, даргузарам.

Хабари раҳ мапурседу маро бар сари роҳ,

Эй, рафиқон, магузоред, ки ман бехабарам.

Бехуду бедилу беёр бурун аз Шероз,

Меравам в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам.

Қуввати даст надорам чу инон мегирам,

Хабар аз пой надорам, ки замин месипарам.267*

Инчунин зор, ки имрӯз манам дар ғами ишқ,

Қавли носеҳ накунад чораву панди падарам.

Эй, Убайд, ин сафаре нест, ки ман мехоҳам,

Мекашад даҳр ба занҷири қазову қадарам.


Беш аз ин бадаҳду паймонӣ макун,

Бо сабукрӯҳон гаронҷонӣ 268 макун!

Зулфи кофаркешро барҳам мазан,

Қасди бунёди мусулмонӣ макун!

Ғамзаро гӯ, хуни муштоқон марез,

Мулк аз они туст, вайронӣ макун!

Бо заифон ҳар чӣ дарғунҷад, магӯ,

Бо асирон ҳар чӣ битвонӣ, макун!

Беш аз ин ҷавру ҷафову саркашӣ

Ҳоли мискинон, чу медонӣ, макун!

Гар кунӣ бо дигарон ҷавру ҷафо,

Бо Убайдуллоҳи Зоконӣ макун!

Аз висолат чун ба бӯсе қонеъ аст,

Бӯса пеш ору пушаймонӣ макун!


Дило, боз ошуфтакорӣ макун,

Чу девонагон беқарорӣ макун!

Гарат нест дарде, ғанимат шумор,

В-арат ҳаст, фарёду зорӣ макун.

Чу корат зи ишқ асту борат зи ишқ,

Шикоят зи бекоруборӣ макун!

Нигоро, нигоро, ҷудоӣ зи мо,

Худоро агар дӯст дорӣ, макун!

Агар чашми сармасти ӯ дидаӣ,

Дигар даъвии ҳушёрӣ макун!

Зи ҷавру ҷафо ҳар чӣ мумкин бувад,

Бикун, тарки паймону ёрӣ макун!

Убайд, ар сари ишқ дорӣ, биё,

Дар ин роҳ ҷуз ҷонсупорӣ макун!


Дар худ намебинам, ки ман бе ӯ тавонам сохтан,

Бо дил тавонам як замон аз кори ӯ пардохтан.

Ман кӯи ӯро бандаам, к-ӯро муяссар мешавад,

Бар хок ғалтидан саре дар пои ӯ андохтан.

Чун шамъи ҳиҷрондидае, бояд ки то ӯро расад,

Бо ханда гирён зистан, ё сӯхтан, ё сохтан.

Ҳаргиз наёяд хоби хуш дар чашми ман, то ногаҳон

Хайли хаёлаш сафзанон н-орад ба рӯяш тохтан.

Дар ҳасратам, то як замон бошад, ки рӯзӣ гардадам,

К-аз дур чандон бинамаш, к-ӯро тавон бишнохтан.

Ҳар дам Убайд аз хӯи ӯ бояд шикоят кам кунад,

Одат надорад ёри мо бечорагон бинвохтан.


Мангар ба ҳадиси хирқапӯшон,

Он сахтдилону сусткӯшон!

Овехта субҳашон ба гардан,

Ҳамчун ҷарас аз дарозгӯшон.

Аз дур чу куштагон бубинӣ,

Аз роҳ бигарду рӯ бипӯшон!

Аз банди риёву зарқ бархез,

Бо бода нишину боданӯшон!

Мафрӯш ба мулки ҳарду олам,

Хоки сари кӯи майфурӯшон!

Дар боғ чӣ хуш бувад саҳаргоҳ!

Мо сархушу булбулон хурӯшон.

Мутриб, ғазали Убайд бархон,

Дил бурда зи дасти тезҳӯшон.

Маро дилест раҳи офият раҳо карда,

Вуҷуди худ ҳадафи 26Э новаки 27° бало карда.

Зи ҷаври чарх ситам дидаву ризо дода,

Зи хӯи ёр ҷафо дидаву вафо карда.

Ба кори хеш фурӯ рафта мубтанӣ271 гашта,

Ба дарди ишқ маро низ мубтало карда.

Ҳар он чи дошта аз ақлу ҳушу донишу дин,

Зи даст додаву сар дар сари ҳаво карда.

Гаҳе зи бехиради обрӯи худ бурда,

Гаҳе зи бехабарӣ қасди ҷони мо карда.

Ба қавлу аҳди бутон ғарра гашт в-аз сари ҷаҳл

Хаёли ботилу андешаи хато карда.

Убайдро ба ғарибӣ фиканда аз маскан,

Зи дӯстону азизони худ ҷудо карда.


Хуш бувад, гар ту ёри мо бошӣ,

Мӯниси рӯзгори мо бошӣ.

Рӯзаке ҳамнишини мо гардӣ,

Шабаке дар канори мо бошӣ.

Мо ҳама бандагони ҳалқа ба гӯш,

Ту худованди кори мо бошӣ...

Ғам нагардад ба гирди хотири мо,

Гар даме ғамгусори мо бошӣ.

То дили беқарори мо бошад,

Дар дили беқарори мо бошӣ.

То манам, бандаи туам чу Убайд,

То туӣ, шаҳриёри мо бошӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2