Зеҳн

Убайди Зоконӣ - Ғазалиёт Қисми 1

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Бикушт ғамзаи он шӯх бегуноҳ маро!
Фиканд себи занахдони ӯ ба чоҳ маро!
Ғуломи ҳиндуи холаш шудам, надонистам,
К-асири хеш кунад зангии сиёҳ маро.
Дилам ба ҷову димоғам салим буд, вале
Зи роҳи рафтани ӯ дил бишуд зи роҳ маро.
Ҳазор бор фитодам ба доми дидаву дил,
Ҳанӯз ҳеҷ намебошад интибоҳ214 маро.
Зи меҳри ӯ натавонам, ки рӯй бартобам,
Зи хоки гӯр агар бардамад гиёҳ маро.
Ба ҷаври ӯ чу бимирам, зи нав шавам зинда,
Агар ба чашми иноят кунад нигоҳ маро.
Убайд, аз карами ёр бармадор умед,
Ки лутфи шомили ӯ бас умедгоҳ маро.


Зи ҳад гузашт ҷудоӣ, зи ҳад гузашт ҷафо,
Биё, ки мавсими айш асту оштиву сафо!
Лабат ба хуни дили ошиқон хате дорад,
Ғубор чист дигар бора дар миёнаи мо?
Маро ду чашми ту андохт дар балои сиёҳ,
Вагарна ман киву мастиву ошиқӣ зи куҷо?
Куҷо касе, ки аз он чашми турки ӯ пурсад,
Ки ақлу ҳуши ҷаҳоне чаро кунӣ яғмо? 215
Зи зулфу холи ту дилро халос мумкин нест,
Ки зангиёни сиёҳаш намекунанд раҳо.
Дилам зи саъди216 ту савдоиву парешон аст,
Бале, ҳамеша парешон, оварад савдо!
Убайд васфи даҳону лаби ту мегӯяд,
Бубин, ки фикр чӣ борику нозук аст ӯро!


Сафо макун, ки сафо расми дилрабо, нест,
Ҷудо машав, ки маро тоқати ҷудоӣ нест,
Мудом оташи шавқи ту дар даруни ман аст,
Чунон ки як дам аз он оташам раҳоӣ нест.
Вафо намудану баргаштану ҷафо кардан,
Тариқи ёриву оини дилрабоӣ нест.
Зи акси чеҳраи худ чашми мо мунаввар кун,
Ки дидаро ҷуз аз он ваҷҳ равшаноӣ нест.
Ман аз ту бӯса таманно куҷо тавонам кард,
Чу гирди кӯи туам заҳраи гадоӣ нест.
Ба саъй давлати васлат намешавад ҳосил,
Муҳаққақ223 аст, ки давлат ба ҷуз атое нест.
Убайд, пеши касоне, ки ишқ меварзанд,
Шаби висол кам аз рӯзи подшоӣ нест.
Баҳри ғамро карона236 пайдо нест,
Хотири шодмона пайдо нест.
Ҳеҷ ҷо тоири 237 умедеро
Байза238 дар ошёна пайдо нест.
Ончунон мавҷи ғам гирифт вуҷуд,
Ки диле дар миёна пайдо нест.
Гӯиё худ куҷост осоиш,
К-андар ин корхона пайдо нест.
Амну роҳат маҷӯ, ки дар дунё
Ҳеҷ як з-ин ду хона пайдо нест!
Тамаъ аз нақди хушдилӣ бардор,
Ки калиди хизона пайдо нест.


Нақши рӯи туам аз пеши назар менаравад,
Хотир аз кӯи туам сои дигар менаравад.
То бидидам лаби ширини ту дигар з-он рӯз,
Бар забонам сухани шаҳду шакар менаравад.
Оразу зулфи дуто шефта карданд маро,
Ҳаргизам дил ба гулу сунбули тар менаравад.
Мастиву ошиқ, ар айб бувад, гӯ мебош!
«Дар ман ин айби қадим асту бадар менаравад».
Дӯстон аз маю маъшуқ надоредам боз,
«Ки маро бемаю маъшуқ ба сар менаравад».
Мефиристем саборо ба паёме гаҳ-гаҳ,
Менаёрад хабаре боз магар менаравад.
Ғами ишқаш зи дили хастаи бечора Убайд
Гӯшае дорад, аз он ҷо ба сафар менаравад.
Дардо, ки дарди ғам ба кароне намерасад,
Дилро зи ғусса хатти амоне намерасад.
3-ин мулк амну роҳату шодӣ чунон бирафт,

К-аз ҳеҷ ҷош ҳеҷ нишоне намерасад.

Аз баҳри қаҳту фитна қиронҳо 256 басе расил,

Аз баҳри амну айш қироне намерасад.

Халқе зи ҷаври даври фалак сӯхт в-ин аҷаб,

К-осеби ӯ ба ҳеҷ иноне намерасад...

Аҳли тамизро ба ҳаводис ба умру мол

Як дам намеравад, ки зиёне намерасад.

Бо сад ҳазор ғусса дар ин кӯҳна осиё,

Қурсе ҷавин ба ҳеҷ даҳоне намерасад.


Азми куҷо кардаӣ, боз, ки бархостӣ,

Мӯй ба шона зад,, рӯй биёрост,.

Моҳ чу рӯи ту дид, гуфт: «Зиҳӣ некӯӣ!»

Сарв, ки қадди ту дид, гуфт: «Зиҳӣ ростӣ!»

Оташи ғавғои ишқ чун бинишастӣ, нишаст,

Фитнаи охирзамон хост, чу бархостӣ.

Дӯш дар он сархуш, ҳуш зи мо мерабуд,

Коса, ки медоштӣ, узр, ки мехостӣ.

Пеши Убайд омадӣ, мурдадилаш зинда шуд,

Боз чу берун шудӣ, ҷону танаш костӣ.


Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ?

В-араш тарс аз худо будӣ, чӣ будӣ?

Даме хоҳам, ки бо ӯ хуш бароям,

Агар ӯро ризо будӣ, чӣ будӣ?

Диламро аз лабаш бӯсест ҳосат,

Гар ин ҳоҷат раво будӣ, чӣ будӣ?

Агар рӯзе ба лутф он подшоро,

Назар бо ин гадо будӣ, чӣ будӣ?

Хирад гар гирди ман гаштӣ, чӣ гаштӣ,

В-агар сабрам ба ҷо будӣ, чӣ будӣ?

Ба васлаш гар Убайди бенаворо

Саодат раҳнамо будӣ, чӣ будӣ?


Ғам ҳамнишини ман шуду ман ҳамнишини ғам,

То худ чиҳо расад зи чунин ҳамнишин маро?

3-ин сон ки оташи дили ман шӯъла мезанад,

То кай бисӯзад ин нафаси оташин маро?

Эй дӯстон, намедиҳад он зулфи беқарор,

То як замон қарор бувад бар замин маро!

Аз дур дидамаш, хирадам гуфт: «Дур аз ӯ!»

Девона мекунад хиради дурбин маро.

Гар соя бар сарам фиканад зулфи ӯ даме,

Хуршед банда гардаду маҳ хӯшачин маро.

То чун Убайд бар сари кӯяш муҷовирам,217

Ҳеҷ илтифот нест ба ҳулди барин 218 маро.


Дар мо ба ноз менигарад дилрабои мо,

Бегонавор мегузарад ошнои мо.

Бе ҷурм 219 дӯст пой зи мо даркашида боз,

То худ чӣ гуфт душмани мо дар қафои мо.

Бо ҳеҷ кас шикояти ҷавраш намекунам,

Тарсам ба гуфтугӯ чашад ин моҷарои мо.

Мо дил ба дарди ҳаҷри зарурӣ ниҳодаем,

Зеро, ки фориғ аст табиб аз давои мо.

Ҳар дам зи шавқи ҳалқаи занҷири зулфи ӯ,

Девона мешавад дили ошуфтарои мо.

Бар кӯҳ агар гузар кунад ин оҳи оташин,

Бешак бисӯзадаш дили сангин барои мо.

Шояд, ки хуни дида бирезӣ, Убайд, аз он-к

Ӯ мекунад ҳамеша харобӣ ба ҷои мо.


Мекунад силсилаи зулфи ту девона маро,

Мекашад наргиси масти ту ба майхона маро.

Муттаҳайир шудаам, то ғами ишқат ногоҳ

Аз куҷо ёфт дар ин гӯшаи вайрона маро.

Ҳаваси дурри баногӯши ту дорад дили ман,

Қатраи ашк аз он аст чу дурдона маро.

Давлате ёбам агар дар назари шамъи рухат,

Куштаву сӯхта ёбанд чу парвона маро.

Дарди сар медиҳад ин воизу мепиндорад,

К-илтифот аст бад-он беҳуда афсона маро.

Чора он аст, ки девонагие пеш орам,

То фаромӯш кунад воизи фарзона маро.

Аз маи меҳри ту то маст шудам, ҳамчу Убайд,

Нест дигар ҳаваси соғару паймона маро!


Мезанад ғамзаи мардафкани ӯ тир маро,

Дӯстон, чист дар ин воқеа тадбир маро?

Мани девона на онам, ки насиҳат шунавам,

Панди пирона мадеҳ, гӯ падари пир маро.

Манаму нолаи шабгир бад-ин сон ки манам,

Кай ба фарёд расад нолаи шабгир маро?

Санамо, ишқи ту бо ҷон бадар ояд ночор,

Чун фурӯ рафт ғами ишқи ту бо шир маро,

Гар на занҷири сари зулфи ту бошад як дам,

Натавон дошт дар ин шаҳр ба занҷир маро.

Ҳалқаи зулфи ту дар хоб намуданд ба ман,

Ҷуз парешонӣ аз он хоб чӣ таъбир маро?!


Кард фориғ гули рӯят зи гулистон моро,

Куфри зулфи ту баровард зи имон моро.

То хаёли қаду болои ту дар дил бигзашт,

Хотир озод шуд аз сарви хиромон моро.

Мо, ки дар ишқи ту ошуфтаву шӯрида шудем,

Мекунад ҳалқаи зулфи ту парешон моро.

То ба домони висолат нарасад дасти умед,

Даст кӯтаҳ накунад ашк зи домон моро.

Дар раҳи каъбаи васли ту зи по наншинем,

Гарчи дар по шиканад хори муғелон 220 моро.

Эй, Убайд, аз паи дил чанд тавон рафт?


Охир Кард савдои ту бас бесару сомон моро.

Дорам буте ба чеҳра сад моҳу офтоб,

Нозуктар аз гули тару хушбӯтар аз гулоб.

Раънотар аз шамоили насрин миёни боғ,

Нозандатар зи сарви сиҳӣ221 бар канори об.

Дар тоби ҳайрат аз рухи ӯ дар чаман суман,

Дар х(в) аи 222 хиҷлат аз лаби ӯ дар қадаҳ шароб.

Шаклеву сад малоҳату рӯеву сад ҷамол,

Чашмеву сад карашмаву лаълеву сад итоб.

Хуршед дар ниқоби хиҷолат ниҳон шавад,

Аз рӯи ҷонфизош агар барфитад ниқоб.

Дар ҳалқаҳои зулфаш ҷонҳои мо асир,

Аз чашмҳои масташ дилҳои мо хароб.

Фарёд аз он ду сунбули мушкини тобдор.

Зинҳор аз он ду наргиси ҷодуи нимхоб!

Ҳар гаҳ, ки зонуе занаду бодае диҳад,

Ман ҷон ба бод бардиҳам он лаҳза чун ҳубоб.

Рӯзе, ки бо ман аст, ман он рӯз чун Убайд,

Аз айш баҳрамандаму аз умр комёб.


Ҷафо макун, ки ҷафо расми дилрабои нест,

Ҷудо машав, ки маро тоқати ҷудоӣ нест.

Мудом оташи шавқи ту дар даруни ман аст,

Чунон ки як дам аз он оташам раҳоӣ нест.

Вафо намудану баргаштану ҷафо кардан,

Тариқи ёриву оини дилрабоӣ нест.

Зи акси чеҳраи худ чашми мо мунаввар кун,

Ки дидаро ҷуз аз он вачҳ равшаноӣ нест.

Ман аз ту бӯса таманно куҷо тавонам кард,

Чу гирди кӯи туам заҳраи гадоӣ нест.

Ба саъй давлати васлат намешавад ҳосил,

Муҳаққақ223 аст, ки давлат ба ҷуз атое нест.

Убайд, пеши касоне, ки ишқ меварзанд,

Шаби висол кам аз рӯзи подшоӣ нест.


Дилдодаро зи тири маломат газанд нест,

Девонаро тариқаи оқил писанд нест.

Аз дарди мо чӣ фикру зи аҳволи мо чӣ бок,

Ӯро, ки дил муқайяду224 по дар каманд нест.

Фарҳодро, ки бо лаби Ширин тааллуқ аст,

Рағбат ба нӯшдоруву ҳоҷат ба канд нест.

Ҳар ҷо, ки оташи ғами дилдор шӯъла зад,

Ҷон барфишон ба завқ, ки ҷои сипанд нест.

Мангар бад-он, ки бо қади шӯхе назар набохт,

К-ӯ пастҳимматест, ки бахташ баланд нест.

Чолокияст мояи риндиву ошиқӣ,

Ин шева кори муддаиёни лаванд нест.

Бас кун Убайд бо дили шӯрида доварӣ,

Бечораро насиҳати мо судманд нест.


Турки сармастам, ка соғар мегирифт,

Оламе дар шӯру дар шар мегирифт.

Акси хуршеди ҷамолаш дар ҷаҳон

Шӯъла мезад, ҳафт кишвар мегирифт.

Чун сабо бар чини зулфаш мегузашт,

Бӯстон дар мушку анбар мегирифт.

Ҳар даме аз оҳи дудосои ман,

Оташе дар уду миҷмар 225 мегирифт.

Бӯсае з-ӯ дил талаб мекард, лек

Ин сухан бо ӯ куҷо дармегирифт?

Қиссаи дардаш Убайд аз сӯзи дил,

Ҳар замон мегуфту аз сар мегирифт.


Рамид сабру дил аз ман чу дилнавоз бирафт,

Чӣ чора созам аз ин пас, чу чорасоз бирафт?

Савор гаштаву амдан226 гирифта боз ба даст,

Намуда рӯй ба бечорагону боз бирафт.

Ба гиря чашмаи чашмам бирехт чандон хун,

Ки кӯҳна хирқаи солусам 227 аз намоз бирафт.

Ҷуз аз хаёли қаду зулфи ёру қиссаи шавқ,

Дигар зи хотирам андешаи дароз бирафт.

Зи манъи халқ аз ин пеш мӯҳтариз228 будам,

Кунун ҳадиси ман аз ҳадди эҳтироз 229 бирафт.

Дареғу дард, ки дар ҳаҷри ёру ғуссаи даҳр,

Бирафт умру ҳақиқат, ки бар маҷоз бирафт.

Убайд чун ҷарасат230 нола суд менакунад,

Чу корвони ҷарас ҷумла бе ҷавоз 231 бирафт.


Сиёҳҷарда бутамро намак зи ҳад бигзашт,

Итоби ӯ чу ҷафои фалак зи ҳад бигзашт.

Латофати лабу дандону мастии чашмаш,

Чу майпарастии мо як ба як зи ҳад бигзашт.

Ба лоба232 гуфтам: «Аз ҳад гузашт ҷаври рақиб»,

Ба танз233 гуфт, ки бе ҳеҷ шак зи ҳад бигзашт.

Бинӯш бодаи софӣ зи дасти дилбари хеш,

Ки бевафоии чарху фалак зи ҳад бигзашт.

Убайдро дили сангинаш имтиҳон карданд,

Иёри234 дӯстиаш бар маҳак235 зи ҳад бигзашт.


Баҳри ғамро карона236 пайдо нест,

Хотири шодмона пайдо нест.

Ҳеҷ чо тоири 237 умедеро

Байза238 дар ошёна пайдо нест.

Ончунон мавҷи ғам гирифт вуҷуд,

Ки диле дар миёна пайдо нест.

Гӯиё худ куҷост осоиш,

К-андар ин корхона пайдо нест.

Амну роҳат маҷӯ, ки дар дунё

Ҳеч як з-ин ду хона пайдо нест!

Тамаъ аз нақди хушдилӣ бардор,

Ки калиди хизона пайдо нест.

Бахт бо мо ҳамеша дар ғазаб аст,

В-ин ғазабро баҳона пайдо нест.

Шуд ба навъе хароб хонаи фазл,

К-аш дару ошёна пайдо нест.

Ончунон ҷаҳл ёфт истило,

Ки камон аз камона23Э пайдо нест.

Инчунин аст, чора чист, Убайд?

Сару кори замона пайдо нест!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2