Убайди Зоконӣ - Аз рисолаи "Сад панд"
Агар шарбате боядат судманд, Зи лой шунав нӯшдоруи панд. Зи парвезани(ғарбел) маърифат бехта, Ба шаҳди зарофат баромехта.
-
Эй азизон, умр ғанимат шумаред!
-
Вақт аз даст мадиҳед!
-
Айши имрӯз ба фардо маяндозед.
-
Рӯзи нек ба рӯзи бад мадиҳед.
-
Подшоҳиро неъмат ва ғанимат ва тандурустӣ ва эминӣ 166 донед.
-
Ҳозири вақт бошед, ки умри дубора нахоҳад буд.
-
Ҳар кас, ки поя ва нисбати худро фаромӯш кунад, ба ёдаш маёред.
-
Бар худписандон салом мадиҳед!
-
Замони нохуширо ба ҳисоби умр машмаред!
-
Мардуми хушбош ва сабукрӯҳ ва каримниҳод ва қаландармизосро аз мо дуруд167 диҳед!
-
Тамаъ аз хайри касон бибурред, то ба риши ҷаҳониён тавонед хандид.
-
Гирди дари подшоҳон магардед ва атои эшон ба лиқои дарбонони эшон бахшед!
-
Ҷон фидои ёрони мувофиқ кунед!
-
Баракати умр ва рӯшноии чашм ва фараҳи 168 дил дар мушоҳидаи некӯвон донед!
-
Абрӯ дарҳамкашидагон ва гиреҳ дар пешони оварандагон ва суханҳои ба ҷидгӯён ва туршрӯён ва касмизоҷон ва бахилон ва дурӯғгӯён ва бададабонро лаънат кунед!
-
Хоҷагон ва бузургони бомурувватро ба риш тизед!
-
То тавонед, сухани ҳақ магӯед, то бар дилҳо гарон машавед ва мардум бесабаб аз шумо наранҷанд.
-
Сухани шайхон бовар макунед, то гумроҳ нашавед ва ба дӯзах наравед!
-
Дасти иродат дар домани риндони покбоз занед, то растагор шавед.
-
Аз ҳамсоягии зоҳидон дурӣ ҷӯед, то ба коми дили худ хоҳед зист.
-
Дар кӯчае, ки манора наздик бошад, висоқ169 магиред, то аз дарди сари муаззинони бадовоз эмин бошед.
-
Мастонро даст гиред!
-
Чандон ки ҳаёт боқист, аз ҳисоби меросхорагон худро хуш доред!
-
Муҷаррадӣ ва қаландариро мояи шодмонӣ ва асли зиндагонӣ донед!
-
Худро аз банди ному нанг бираҳонед, то озод тавонед зист.
-
Дар хонаи марде, ки ду зан дорад, осоиш ва хушдилӣ ва баракат маталабед!
-
Ҳокиме одил ва қозие, ки ришват наситонад ва зоҳиде, ки сухан ба риё нагӯяд ва ҳоҷибе,170 ки бодиёнат бошад... дар ин рӯзгор маталабед!
-
Ҳар дағо,171 ки битвонед дар нард ва қимор бикунед, то муқомири 172 тамом гуфта шавед ва агар ҳариф сахт шавад, савганди сеталоқ бихӯред, ки савганд дар қимор шаръ, нест.
-
Мардуми бисёргӯй ва суханчин ва сифла ва маст ва мутрибони нохушовози заллабанд,173 ки таронаҳои муқаррар гӯянд, дар маҷлис магузоред!
-
Аз маҷлиси арбада 174 бигрезед!
-
Бар лаби ҷӯй ва канори ҳавз маст наравед, то магар дар ҳавз наяфтед.
-
Бо шайхон ва навмолон ва фолгирон ва мурдашӯён ва кингиразанон 175 ва шатранҷбозон ва давлатхӯрдагон ва бозмондагони хонадонҳои қадим ва дигар фалакзадагон сӯҳбат мадоред!
-
Ростӣ ва инсоф ва мусулмонӣ аз бозориён маталабед!
-
Аз фарзанде, ки фармон набарад ва зани носозгор ва хизматгори ҳуҷҷатгир ва чорпои пир ва коҳил ва дӯсти беманфиат бархурдорӣ тамаъ мадоред!
-
Ҷавонӣ беҳ аз пирӣ, сиҳат беҳ аз беморӣ, тавонгарӣ беҳ аз дарвешӣ, ғаррӣ беҳ аз қалтабонӣ, мастӣ беҳ аз махмурӣ, ҳушёрӣ беҳ аз девонагӣ донед!
-
Ҳаҷ макунед, то ҳирс бар мизоҷи шумо ғалаба накунад ва беимон ва бемурувват нагардед.
-
Аз дайюс, ор мадоред, то рӯз беғам ва шаб бефикр тавонед зист!
-
Дар моҳи рамазон шароб дар баробари мардум махӯред, то мункири шумо нашаванд.
-
Дар ростӣ ва вафодорӣ муболиға макунед, то ба қуланҷ176 ва дигар амроз 177 мубтало нашавед.
-
Аз миннати хешон ва суфраи хасисон ва гиреҳи пешонии хидматгорон ва носозгирии аҳли хона ва тақозои 178 қарзхоҳон гурезон бошед!
-
Ба ҳар ҳол аз марг бипарҳезед, ки аз қадим маргро макрӯҳ доштаанд.
-
Худро то зарурат набошад, дар чоҳ маяфканед, то сару пой маҷрӯҳ нашавад.
-
Калимоти шайхон ва бангиён дар гӯш магиред...!
-
Ҳазл хор мадоред ва ҳаззолонро 179 ба чашми ҳақорат мангаред!
45…… 100. Зинҳор, ки ин калимот ба самъи ризо дар гӯш гиред, ки каломи бузургон аст ва бад-он кор бандед! Ин аст, он чи мо донистаем аз устодон ва бузургон ба мо расида ва дар китобҳо хонда ва аз сирати бузургон ба чашми хеш мушоида кардаем, дар ин мухтасар ёд кардем, то (ки) мустаидон аз он баравар гарданд.
БАЙТ
Насиҳат некбахтон ёд гиранд, Бузургон панди дарвешон пазиранд…
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё