Зеҳн

Саволҳои математика - синфи 4

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан
  1. х - 230 = 200

  2. а • 80 = 560

  3. с : 25 = 5

  4. (2314•23)•(234+565):0 = ?

  5. 32032 : 4 - 130 • 3 = ?

  6. Коваи оҳангар дар як рӯз 6 то ва писараш 3 то табар месозанд. Онҳо 54 табарро дар чанд рӯз месозанд?

7)Исфандиёр адади якрақамдореро панҷ бор навишта, дар байни ададҳо аломатеро гузошта, амалҳои мувофиқро иҷро карда, адади 15-ро ҳосил намуд. Исфандиёр кадом ададро панҷ бор навишт?

  1. Як дақиқаи алоқаи мобилӣ 20 дирам арзиш дорад. Агар дар ҳисоби муштарӣ 5 сомонӣ бошад, ӯ бо телефон чанд дақиқа гап зада метавонад?

  2. Агар суръати заврақ 3 600 м/соат бошад, он масофаи 900 метрро дар чанд дақиқа мегузарад?

  3. Дарозии майдони футбол 110 метр ва бари он 75 метр аст. Масоҳати майдонро чанд м2?

  4. Калонтарин тақсимкунандаи умумии ададҳои 120 ва 180-ро ёбед.

  5. Дар се раф 240 китоб буд. Рафи дуюм нисбат ба рафи сеюм 5 маротиба зиёд, аммо нисбат ба рафи якум 2 маротиба камтар китоб дорад. Рафи дуюм чанд китоб дорад?

  6. 8204 - 3657 = ?

  7. (96 - 72) : 6 = ?

  8. 96:6 – 72:6 = ?

  9. 3600 см2 = ? дм2

  10. Ронанда дар чанд соат 120 км-ро тай мекунад, агар ӯ дар 1 соат 40 км-ро тай карда бошад?

  11. (х-12)+8=24

  12. Масоҳати майдон 32 м2 аст. Дарозии майдон 1/4 ҳиссаи адади масоҳати майдонро ташкил медиҳад. Дарозии майдонро ёбед.

  13. Синну соли Шокир ба 2/7 ҳиссаи синну соли падараш баробар аст. Шокир 12—сола аст. Падари Шокир чандсола аст?

  14. 19 + ( 2х –4 ) • 6 = 79

  15. Мағозаро соати 19 маҳкам карданд. Мағоза 9 соат кор кард. Мағозаро соати чанд кушоданд?

  16. Хонанда 9 мисолро дар 30 дақиқа ҳал кард. Барои ҳалли ҳар як мисол чанд дақиқа вақт сарф кард?

  17. Ба ҷои нуқтаҳо воҳиди ченкунии мувофиқро гузоред: 3000 ... = 3 т, 8000 ... = 8 кг, 24 м = 240 ...

  18. Духтарча якчанд тангаи 10 дирама ва ҳамон қадар тангаи 5 дирама дошт. Духтарча ҳамагӣ 60 дирам дошт. Духтарча ҳамагӣ чанд дона танга дошт?

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2