Зарбулмасалу мақолҳои гурҷӣ
-
Гуреза ҳам худо мегӯяду таъқибкунанда ҳам..
-
Серҷоғ аз муомила бо гунг хаста шуд.
-
Дарди ангуштро дил ҳис мекунад, аммо дарди дилро ҳеҷ кас.
-
Дарахти калон шамоли сахтро дӯст медорад.
-
Гургро гургона қабул куну рӯбоҳро рӯбоҳона.
-
Душмане, ки аз пеш истодааст, беҳтар аст аз дӯсте, ки аз ақиб истодааст.
-
Агар зан интихоб кунӣ, ба гӯшҳои худат эътимод кун, на ба чашмон.
-
Ҳар ҷое, ки гӯш намекунанд, он ҷо ҳақиқат гум мешавад.
-
Ҷое, ки муҳаббат нест, хурсандӣ нест.
-
Сухани ширин дарвозаи оҳанинро мекушояд.
-
Бисёр дудила шавӣ, тарс ҳуҷум мекунад.
-
Дӯстӣ ва душманӣ – хоҳарони якдигар.
-
Агар ба ҳамаи чоҳҳо туф кунем, пас аз куҷо об мегирем?
-
Агар чизи нолозимро харӣ, ба зудӣ ягон чизи даркориро мефурӯшӣ.
-
Агар тақдир афтидан аст, беҳтар аст аз болои асп афтӣ, на аз болои хар.
-
Агар дар қаиқ нишастӣ, бо қаиқрон баҳс накун.
-
Оҳан дар оташ обутоб меёбад, одам дар мӯҳтоҷӣ.
-
Офтоби ғурубкунанда ба моҳтоби тулӯъкунанда каҷ-каҷ менигарад.
-
Он касе, ки танҳо барои худаш нек аст, низ одами бад ҳисоб мешавад.
-
Шукӯҳи якумрӣ ҳам ба дили одам мезанад.
-
Попи сер аз гурги гурусна ҳам бадтар аст.
-
Шахси пешрав пулест барои одамони аз қафо оянда.
-
Бо доштани риши дароз буз худро поп пиндоштааст.
-
Санг дар ҷояш вазнин аст, ҷумбондӣ – сабук мешавад.
-
Вақте ки гуруснагӣ меояд, шарм меравад.
-
Қалъаро аз дарун фатҳ мекунанд.
-
Касе, ки ба офтоб ифлосӣ мепартояд, он ба сари худаш меояд.
-
Касе, ки ба умеди ҳамсоя мешинад, бе хӯроки шом мемонад.
-
Касе, ки роҳи корро намедонад, барои ӯ кор тамомшавӣ надорад.
-
Касе, ки сирри худро нигоҳ дошта наметавонад, аз вай ҳоким намебарояд.
-
Касе, ки сабр мекунад, ба мақсадаш мерасад.
-
Касе, ки ба бахти дигарон ҳасад мебарад, бахти худро намеёбад.
-
Доруро аз касе пурс, ки бемориро аз сар гузарондааст.
-
Беҳтараш дар бенавоӣ зистану одам буда, аз ин ки доро ва хук будан.
-
Тақлид кардан беҳтар аст аз ҳасадхӯрӣ.
-
Бо доно ҷангидан беҳтар аст аз нишастан бо аблаҳ дар базм.
-
Дар ҷое, ки асал мечакад, магасҳо гирд меоянд.
-
Банди тарангкашида зудтар меканад.
-
Ваъдаи турнаи осмонро макун, гунҷишки нақдро деҳ.
-
Ғами тоза ғами пешинаро фаромӯш мекунонад.
-
Дари худро боз кун, дари дигарон кушода меёбӣ.
-
То вақте ки инсон намирад, корҳояш намоён нест.
-
Сухани ҳақ хуш намеояд, сухане хуш меояд, ки он ҳақиқат нест.
-
Ҳафт шайтон он қадар зиён намекунанд, ки одам ба худаш мекунад.
-
Зӯро омад, ҳақиқат аз дар берун шуд. Касеро, ки хӯҷаин гуфтӣ, вай туро ғулом меҳисобад.
-
Миёни хӯҷаин дард мекунад, аммо деҳқон мегиряд.
-
Ба об афтӣ, хушк намебароӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё