Зарбулмасалу мақолҳои ветнамӣ
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲОИ ВЕТНАМӢ
-
Тарбузро зоғ нӯл заду аммо лаклакро ҷазо доданд.
-
Аспро дар сафари дур меозмоянд.
-
Одами зиштрӯ кӯшиш мекунад, зебо намояд; аблаҳ кӯшиш мекунад, ки суханҳои оқилона гӯяд.
-
Шахси сарватманд кар асту шахси машҳур – кӯр.
-
Ба киштии калон – мавҷҳои калон.
-
Дар вақти хашм рост каҷ менамояду дар муҳаббат каҷ рост метобад.
-
Дар хона ҳоло маълум нест, аммо дар кӯча ҳама медонанд.
-
Агар пурсида олу гирифтӣ, ба ивазаш шафтолу баргардон.
-
Шароб ба дарун медарояд – суханҳо ба берун мебароянд.
-
Шароб мисли паланге, ки ба беша медарояд, ба дил ворид мешавад.
-
Ҳамаи ғамҳо фаромӯш мешаванд, ҳамаи бадбахтиҳо мегузаранд.
-
Ҳама кор дар аввал мушкил аст.
-
Аз дарвозаи бошукӯҳ қабул карду ба дари пинҳонӣ гусел кард.
-
Ба партофтан – афсӯс, ба гузоштан халал мерасонад.
-
Чароғи баланд дурро ҳам равшан мекунад.
-
Ҷое, ки ақл ба охир мерасад, ҷаҳолат сар мешавад.
-
Ҷое, ки об лой аст, он ҷо лаклакҳои фарбеҳ ҳастанд.
-
Ҷое, ки гул ҳаст, он ҷо шапалакҳо ҳам ҳастанд.
-
Ҷаҳолат дар як дақиқа меҳнати сесолаи хирадмандро барбод медиҳад.
-
Роҳе, ки боре дар он як коса биринҷи хуб дода буданд, фаромӯш намешавад.
-
Агар бисёр хӯрӣ, таъмро гум мекунӣ, агар бисёр ҳарф занӣ, суханҳои оқилонаро гум мекунӣ.
-
Агар оби сарчашма лой бошад, оби дарё ҳам тира аст.
-
Агар ба сафар баромадӣ, аз ними роҳ барнагард.
-
Агар парранда аз қафас парида рафта бошад, умед макун, ки бармегардад.
-
Зану шавҳар – ду чӯбчаи хӯрокхӯрӣ.
-
Агар медонӣ, бигӯй, агар намедонӣ, гӯш кун.
-
Дар ҷангал ҳам пайраҳа ҳаст.
-
Чун дар зери бодбон меравӣ, ба самти бод аҳамият деҳ.
-
Аз тӯр гурехта ба чангак афтод.
-
Эҳтироми барзиёд ба тарс мубаддал мешавад.
-
Баъзан мӯрчаҳо моҳиро мехӯранд, гоҳе моҳӣ мӯрчаҳоро.
-
Бахшидани гуноҳҳо қаҳрамонӣ аст.
-
Қулф чи гуна, калид намуна.
-
Вақте ки бемор шавӣ, ба худ афсӯс мехӯрӣ, аммо вақте ки шифо ёфтӣ, ба пули сарфшуда афсӯс мехӯрӣ.
-
Вақте ки хурсандӣ, мехоҳӣ, ки умри дароз бинӣ, аммо вақте ки ғамгинӣ, пагоҳ мурдан мехоҳӣ.
-
Вақте ки мева хӯрдӣ, аз дарахтшинон ёд кун.
-
Вақте ки ба мор хуш аст, ба қурбоққа бад аст.
-
Вақте ки асал ҳамроҳ кунӣ, ҳама чиз ширин мешавад.
-
То вақте ки ин ҷоӣ, туро носазо мегӯянд, аммо ҳамин ки рафтӣ, афсӯси туро мехӯранд.
-
Агар зиндагии бовиҷдонона кунӣ, ҳар гуна бадбахтӣ мегузарад.
-
Зебоии ботин беҳтар аз зебогии рӯй аст.
-
Касе, ки баланд хандад, ӯ баланд гиря хоҳад кард.
-
Касе, ки шабҳо дер хобаш мебарад, қадри шабҳои дарозро медонад.
-
Аз дониши сарсарӣ доштана, нодон будан беҳтар аст.
-
Аз хӯҷаини ҷоҳил будана, хизматгори доно будан беҳтар аст.
-
Бо ҷамъият мурдан беҳтар аст аз танҳо зистан.
-
Решаи бисёр – барги бисёр.
-
Аз беморӣ халос шудан мумкин асту аз тақдир не.
-
Ақли ҷавон мисли абрчаест, ки шамол мебарад.
-
Дар як асп ду зин намегузоранд.
-
Аз хонаи танг не, аз дили танг битарс.
-
Агар бадбахтӣ намебуд, қаҳрамон пайдо намешуд.
-
Хатогӣ касро донотар мекунад.
-
Роҳи бозгашт ҳамеша кӯтоҳ менамояд.
-
Дарахти ростро сояаш ҳам рост аст.
-
Раққоси беҳунар заминро ноҳамвор мегӯяд.
-
Каду кошта, шафтолуро интизор машав.
-
Сухани ҳақ монанди дору аст, ки аксаран талханд, аммо шифобахш.
-
Пеш сухан гуфтан ҳафт маротиба забонро рӯгардон кун.
-
Дар ишқи калон азият бисёр аст.
-
Одами зӯр қувватро ба кор мебараду камзӯр – ҳиларо.
-
Садҳо маслиҳат ду дасти ботаҷрибаро иваз карда наметавонанд.
-
Дарахти хуб буриду ба ҷояш дарахти хушкро шинонд.
-
Ғарқшуда ба ҳубобчаҳо низ даст мезанад.
-
Се занак – чор ғайбатчӣ.
-
Одами доно зуд пир мешавад.
-
Алафи бегонаро меканӣ, беҳтараш аз решааш бикан.
-
Моҳии аздастрафта ҳамеша калон менамояд.
-
Заҳри одам ба заҳри даҳ мор баробар аст.
-
Хурсандии барзиёд ғаму кулфатро ба вуҷуд меорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё