Зарбулмасалу мақолҳои бошқирдӣ
-
Аз ранҷонидани дӯст ва ба душман додани сиррҳо худдорӣ кун.
-
Беморӣ бо пудҳо меояду бо зарраҳо меравад.
-
Ба як дил ду ишқро ҷой дода намешавад.
-
Дар хурсандӣ ҳадди худро бидон ва дар бадбахтӣ имонатро гум макун.
-
Об ба назди ташна не, ташна ба сӯи об меравад.
-
Вақтро бо дастҳо дошта намешавад.
-
Ҷое, ки тири камон наегузарад, шамшер алвонҷ мадеҳ.
-
Дарёи чуқур бе садо меравад.
-
Кӯҳро санг зеб медиҳад, одамро калла.
-
Ба оқил маслиҳат диҳӣ, миннатдор мешавад; ба ҷоҳил маслиҳат диҳӣ, масхара мекунад.
-
Дар зерии як халта ду тарбуз ҷой намегиранд.
-
Дарахт бо баргҳояш зебо аст, одам бо либосҳояш.
-
Дӯст касро рӯҳбаланд мекунад.
-
Дигаронро гӯш деҳ, аммо кори худро кун.
-
Ду маротиба андеша куну як бор гӯй.
-
Бо «асал, асал» гуфтан даҳон ширин намешавад.
-
Хоҳӣ, ки роҳгум назанӣ, ба пеш нигоҳ кун.
-
Кори андакро ҳам ба мисли кори калон анҷом деҳ
-
Чи тавре ки фикр мекунӣ, ҳамон тавр мебинӣ.
-
Қаду қомат чи гуна, соя намуна.
-
Дил кушод бошад, хӯрданӣ ёфт мешавад.
-
Дарахти каҷ барфро дошта наметавонад, одами бад суханро.
-
Касе, ки ширро хӯрд – [гурехта] халос шуд; касе, ки табақро лесид ба даст афтод.
-
Касе, ки дурудароз интихоб мекунад, ба ӯ зани мӯйрехта мерасад.
-
Касеро, ки як бор аз имтиҳон гузаштааст, сад бори дигар азият мадеҳ.
-
Бо сухани ширин сангро шикастан мумкин аст.
-
Танбал як корро ду маротиба мекунад.
-
Баргҳоро шамол парешон мекунаду одамро сухан.
-
Модар ба ғами фарзандону бачаҳо ба сӯи дашт менигаранд.
-
Кам гӯю бисёр гӯш кун.
-
Ба як чарх роҳ рафта намешавад.
-
Дар ғурбат самти Ватан аз дороӣ беҳтар аст.
-
Марди воқеӣ ба мақсадаш мерасад.
-
Бо тарсончак ҳамсафар машав ва беовозро ба сурудхонӣ интихоб макун.
-
Аз намак шӯртару аз асал ширинтар машав.
-
Ба лабханди душман фирефта машав.
-
То ҷабин арақ накунад, дег намеҷӯшад.
-
Ба қувватат ғарра машав, ба ақлат такя кун.
-
То ба об наҷаҳӣ, шиновариро намеомӯзӣ.
-
Шахси дилнохоҳ ҳамеша зиёдатӣ аст.
-
Сухани ногуфта моли худат аст, сухани аз даҳон баромада моли ҷамъият.
-
Бо як ангушт пучида намешавад.
-
Кӯли бе қамиш нест, диле бе ғам.
-
Боқувват хатарнок нест, қасосгир хатарнок аст.
-
Сари морро бурӣ, думаш печутоб мехӯрад.
-
Ангушт бо ангушт, одам бо одам баробар нестанд.
-
Навиштаи рӯи сангро тоза карда намешавад.
-
Аспи бад соҳибашро зуд пир мекунад, зани бад – шавҳарашро.
-
Ба умеди чизи бисёр камро аз даст мадеҳ.
-
Ба умеди худо шишту гурусна монд.
-
Парранда хато кунад ба дом меафтад, мард иштибоҳ кунад аз озодӣ маҳрум мешавад.
-
Сухани самимӣ ба дил рафта мерасад.
-
Боқувват ба як нафар ғолиб меояд, доно ба ҳазорон нафар.
-
Ҷасорат – нисфи бахт.
-
Ҳам бо доно ва ҳам бо нодон машаварат кун.
-
Оҳиста рафтӣ – расидӣ, шитоб кардӣ – афтодӣ.
-
Ҳунармандро аз рӯяш, аблаҳро аз суханаш мешиносанд.
-
Саги ором намеҷакад, балки мегазад.
-
Ба доно ишорат бас аст, ба ҷоҳил хор халидан ҳам кам.
-
Ба доно магӯй, худаш мефаҳмад, сахиро мапурс, худаш медиҳад.
-
Сухани сард то ба дил расиданаш ҳамаро ях мегардонад.
-
Инсон аз инсон чун замин аз осмон дур аст.
-
Аз роҳ рафтан ба танҳоӣ, роҳгум задан бо ҷамъият беҳтар аст.
-
Сухане, ки аз сӣ дандон берун омад, то ба сӣ гӯш рафта мерасад.
-
Аз бойшавӣ ба меҳнати дигарон дида, дар нодорӣ зистан беҳтар аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё