Зарбулмасалу мақолҳои афғонӣ
-
Аввал рафиқ в-он гаҳ тариқ.
-
Аввал фил пайдо кун, баъд филхона бисоз.
-
Агар беҳ мебудӣ, дар деҳ мебудӣ.
-
Агар гуноҳро бубахшанд ҳам, шармсорӣ боқист.
-
Агар дуои саг қабул мешуд, аз осмон устухон меборид.
-
Аз дасти гурусна чӣ хайр?
-
Аз макри зан ҳафт шутур бор шуда.
-
Аз нодида қарз бикуну дар тоқи баланд бимон.
-
Аз роҳи рост касе гум нашуда.
-
Аз сад хеш як ҳамсоя пеш.
-
Аз чилла чӣ гила.
-
Ба гап, ки нашавад, ба лат ҳам намешавад.
-
Ба гуфтаи худ кор кун, то ба гуфтаи ту кор кунанд.
-
Ба оҳу мега: «бидав!», ба тозӣ мега: «намон!».
-
Ба умеди ҳамсоя бешом1 нашину ба умеди ошиқ бешӯй.
-
Банда то пешпо нахӯрад, «бисмилло» намегӯяд.
-
Барои кӯр шабу рӯз баробар аст.
-
Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно мешуморад.
-
Бо гург дунба мехӯраду бо чӯпон гиря мекунад.
-
Боғбонро вақти мева чашмҳо кӯр мешаванд.
-
Вақте ки кор хатм шуд, муздур ҳаромзода шуд.
-
Гадоро, ки рӯй додӣ, мерос даъво мекунад.
-
Гузаштаро салавот, ояндаро эҳтиёт.
-
Деви озмуда беҳ аз мардуми ноозмуда.
-
Дузди ногирифта султон аст.
-
Дуриву дӯстӣ.
-
Ё сухан санҷида гӯй, эй марди доно, ё хамӯш.
-
Ё раб, мабод он, ки гадо муътабар шавад.
-
Заминро аз осмон нисор асту осмонро аз замин ғубор.
-
Зан агар дар хона набошад, фариштаи раҳмат ҳам пар намезанад.
-
Зан надорӣ, ғам надорӣ.
-
Зани хуб агар миёни лашкар равад, бар доманаш гарде нашинад.
-
Зану харбузаро расидааш хуб аст.
-
Зардорро душман бешумор аст.
-
Зарурат модари эҷод аст.
-
Зиёфатхӯр хушомадгӯй мебошад.
-
Зинати занон иффат асту зинати мардон ғайрат.
-
Зулми золим бар сари авлоди золим меравад.
-
Исо ҳам ба дини худу Мӯсо ҳам ба дини худ.
-
Ишкамба сари дег баромада гуфта, ки ман ҳам гӯшт ҳастам.
-
Ишқ чизест, ки девона кунад муллоро.
-
Калиди тиллоӣ ба ҳар қулф баробар меояд.
-
Кам бихӯр, ғам махӯр.
-
Кам хӯрдан – ганҷ, пур хӯрдан – ранҷ.
-
Кафандузд аз мурда натарсад.
-
Дар биёбон кафши кӯҳна неъмат аст.
-
Коркун мабош, кордон бош.
-
Моли мардум – заҳри каждум.
-
Муздур – аз худо дур.
-
Нододаро бидеҳ, ки шарманда шавад.
-
Обро майл ҷониби пастӣ бувад.
-
Оқил ба худ меболаду ҷоҳил ба дигарон.
-
Пойбӯсиҳои сел аз пой афканад деворро.
-
Пул ба ҳушмандон хидмат мекунаду ба бехирадон ҳукумат.
-
Ростӣ – растӣ.
-
Сад дояи меҳрубон ба бӯи модар нарасад.
-
Сад ҷон фидои он, ки дилаш бо забон як аст.
-
Сар кал, кулоҳ бахмал.
-
Себ халос шуд, рӯи боғбон сиёҳ шуд.
-
Тавбаи қиморбоз бепулӣ асту тавбаи гург – марг.
-
Тавсифи бисёр бадтар аз дашном аст.
-
Тадбир кунад банда, тақдир кунад ханда.
-
Тасбеҳ ба даст чашм ба моли мардум.
-
Тафриқа бияндозу ҳукумат кун.
-
Таъриф он аст, ки душман кунад.
-
Тиллои кам қадри зиёд дорад.
-
То набошад чизаке, мардум нагӯяд чизҳо.
-
Удро гар бӯй набошад, ҳезум аст.
-
Уштура чию абрешимбофӣ.
-
Уштурдуздию хам-хам.
-
Хар, ки ҷавро дид, коҳро фаромӯш мекунад.
-
Хор аз замин тез мебарояд.
-
Хор аз хурдиаш тез аст.
-
Худо бедастро даст надиҳаду калбузро шох.
-
Ҳар некӯие, ки ба наздикони худ мекунӣ, ба худ мекунӣ.
-
Ҳар чӣ хор ояд, рӯзе ба кор ояд.
-
Ҳар чиро бод оварад, бодаш барад.
-
Ҳар ҷо, ки рангу бӯе бувад, гуфтугӯе бувад.
-
Ҷавониро бо ҳиҷоб, сарватро бо орзу ва илмро бо дуо ҳосил натавон кард.
-
Ҷоҳил ҷоҳилро ситояду аз олим нафрат кунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё